Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Дуктур Шамсулҳақи Ориёнфар,
Афғонистон
(Ин нукот ба таърихи 16-уми саври 1390 дар толори донишгоҳи адабиёти Донишгоҳи миллии давлатии Тоҷикистон хитоб ба устодон, донишҷӯён ва шахси Аскар Ҳаким, ки меҳмони барномаи хирадмандони донишгоҳ буд, ироа гардид.)
Аскар Ҳаким сароишгарест, ки дар шеър ба забони фохир ва меъёру баёни расо даст ёфтааст. Шеъри Аскар Ҳаким аз авомзадагӣ мубаррост. Ӯ эҳсос ва ёфтаҳояшро бо забони меъёрӣ ва барин рақам мезанад. Ба гунаи ниёкон ва бар хилофи расми маъмули даврони шӯравӣ, дар вожагузинӣ васвос дорад ва дар қаламрави адаб вожаҳои кӯчаро, ки вежаи гуфту шунуди омиёна аст, роҳ намедиҳад. Аскар Ҳаким адиб аст, шоир аст ва дар сурудаҳояш намодгароӣ, мазмунёбӣ, масоили иҷтимоӣ ва фалсафию интиқодӣ ва андешаву тафаккур мавҷ мезанад.
Забони фохир ва меъёрӣ: Забони баёни Аскар Ҳаким, забони пироставу шуставу рӯфта аст. На танҳо аз ҳашву завоид мубаррост, ки аз инсиҷом ва таркибу сохтори устуворе бархӯрдор аст. Аз ин нигоҳ офаридаҳои Аскар Ҳаким метавонад, китоби омӯзишии хубе барои шогирдони мактабҳои Тоҷикистон, дар омӯзиши шеъру забон бошад:
Ту будиву ману ин обшорон,
Суруди навбаҳору резаборон,
Насими раҳгузар шӯху парешон,
Парафшон мегузашт аз шохсорон.
Аскар Ҳаким дар офаридаҳои нимоӣ низ ин тавоноиро бурӯз додааст:
Хаёлам бол афшонад,
Ки аз дунёи пурташвиши бесомон фаро оям,
Дарунӣ сӯзаму берун кунам равшан,
Ба зарфи худ нагунҷам ман, ки бар сӯи само оям.
Ва ё дар шеъри «Дури дилхоҳ»:
Раҳнаварде роҳ мепӯяд тани танҳо,
То расад як рӯз ё як шаб ба он манзил,
Ки сӯяш гом мебардорад ӯ беист.
Ёфтҳои нав: Аскар Ҳаким дар талоши он нест, ки мафоҳими такрориро, ба гунаи дигарон баён намояд. Ӯ ҷустуҷӯ дорад дар миёни аносир ва ашё иртиботҳои наве дарёбад ва мафоҳим ва ёфтҳои наверо ироа диҳад. Навгароӣ ва нуктаёбӣ ва мазмунофаринӣ аз пешинаҳои дур дар шумори вазоиф ва рисолати шоирон унвон гардидааст. Ҳаким дар ин замина яди тавоное дорад. Ба чанд намуна таваҷҷуҳ намоед:
Бегаҳ.
Шукуфта сад чамани лола дар уфуқ,
Хуршедро ба дил набувад хоҳиши сафар.
Шоҳи сипеҳр гар наравад дар канори шом,
Оё шавад арӯси шаб обистани саҳар.
Ҳар кас дар бораи масхарабоз шояд сухане дошта бошад, сухани Аскар Ҳаким дар шеъри «Масхарабоз» аз нигоҳи дигар ва ёфти дигар аст...
Замоне ки мардонагӣ ва иззати нафсро баён меорад, нигоҳи наве ба шамъ дорад. Шамъи ӯ гирён нест, дар анҷуман хандон аст..., «ба рӯи марги худ хандида мирад».
Баёни нав: Аскар Ҳаким, ҳамчунонки дар мазмунёбӣ ва мафҳумофаринӣ, навгароӣ дорад, дар баёни нав ва навгароӣ дар сохтор ва фурми шеър низ дақиқ аст. Ӯ дар шеъри нимоӣ ва хурӯҷ аз доираи баёни классик, тавонмандона табъозмоӣ мекунад. Офаридаҳое, ки мавзун аст, аммо тасовии тӯлии мисраъҳо, дигар яксон нест. Аскар Ҳаким дар ин гунаи баён воқеан тавоност ва баёнаш метавонад намунаи олии сароиши нимоӣ дар Тоҷикистон бошад:
Чӣ сон хонам туро бар осмони орзуҳои гулобиранг,
Ки он ҷо кам нагардад партави уммеду армон
дар дили инсон,
Вале дар Хонаи пирони зори
рафта аз ёди писарҳошон
умеде нест,
Ба ҷуз уммеди осон гаштани мушкил –
Умеди мурдани осон.
«Чӣ эҳсоне?!»
Ману ин осмони тозарӯ ҳамрангу ҳамсонем,
Гаҳе абриву гаҳ беабру ниливу дурахшонем,
Ки аз меҳри ту хандонем,
Ки аз ҳаҷри ту гирёнем.
«Ману ин осмони тозарӯ...»
Дарё, маро бибахш,
Дарё, маро бибахш, агар модарам туйӣ,
В-ар на бигӯй, модари ман аз табори кист?
Ман мавҷи рондаам, ки зи ту дур мондаам,
Дарё, маро бигир,
Дарё, маро бибар,
Ин шоири ғариб писарандари ту нест.
«Дарё, маро бигир...»
Розҳо дорам ба ту,
Бо туи ҳозир, ки шаб аз чашмҳо пинҳон
Бо мани танҳо сухан мегӯию
бо панҷаҳоям хома меронӣ,
То маро аз ман раҳо карда,
ба ҷойи ман ту мемонӣ.
«Пиндор»
Посдори забон ва фарҳанг: Шоирон дар ҳақиқат посдорони забон ва фарҳанганд. Аз он ҷое ки забон афзори кори шоир ва ҷонмояи фарҳанг аст, шоирон дар посдорӣ аз он тамоми ҳаму ами худро мутаваҷҷеҳ сохтаанд. Нигариш бар сурудаҳои Аскар Ҳаким низ ин аслро ба равшанӣ барметобад. Ӯ медонад, ки дар набуди забон, фарҳанг ва дарики (сиккаи тилло) сухан, миллатҳо нест мешаванд. Аз ин ҷост, ки мегӯяд:
Ман зи таърихи башар дарёфтам ин нуктаро,
Гар забони халқ мирад, зинда мирад хосу ом...
«Забони тоҷикӣ»
Андеша ва озодӣ: Аскар Ҳаким шоири андешаварз ва озодигарост. Ӯ дар ҳама ҳол дар сурудаҳояш озодӣ ва раҳоиро наҷво мезанад. Бори озодиро дар масоил ва падидаҳо бозёбӣ мекунад ва аз ҳар заминае дар ростои баён ва асолати озодӣ сухан мегӯяд. Вақте ҳатто аз банд сухан мегӯяд, аз озодӣ гуфтааст:
...Ғуссаи дилро физояд аспи кишанбанд,
К-асп натозад, шавад хари бекоре.
Домани ин дашт пойгоҳи умед аст,
Банд аст аспу куҷост шоҳсаворе?!
«Аспи кишанбанд»
Интиқоди иҷтимоӣ: Шеъри Аскар Ҳаким аз ин дидгоҳ шояд истисноӣ бошад. Дар низоми шӯравӣ ҷое барои интиқод вуҷуд надоштааст, бахусус низоми иҷтимоӣ ва муровадоти иҷтимоӣ, ки ҳама бояд зебову хубу нек таборуз дода мешуд. Шоир ва нависанда ва инсони шӯравӣ бояд комилан розӣ мебуд ва ҳама чизро мутобиқи дилхоҳ тамсил мекард. Аммо Аскар Ҳаким гап дорад. Нишоне аз эътироз ва исён дар суханонаш, масалан, дар шеърҳои «Шохоб», «Масхарабоз», равшан дида мешавад:
Ту ба соле ду карат мешудӣ аз хеш бадар,
Шуста дар соҳили худ боғу чаманзорон беш.
Гарчи будам ҳама дам собиту сокит ба назар,
Бештар аз ту бадар рафтаам аз соҳили хеш.
«Шохоб»
«– Аҷабо, давраи каҷ дору марез,
Ин ҳама ростталаб каҷнигаҳанд.
Каҷдилу каҷраву каҷшин, каҷхез
Ҳар куҷо бинӣ агар, каҷкулаҳанд».
«Масхарабоз»
Аскар Ҳаким бар занон ва озодии зан дар ҷомеаи шӯравӣ низ нигоҳи мутафовит дорад. Ӯ ҷомеаи он рӯзро биҳишти занон намедонад ва ба гунаи дигаре ба он назар дорад. Нигоҳе, ки дигар шоир ва андешаманд аз он дарича, ҳаргиз ба зан, дар он ҷомеа нигоҳ накардааст. Шеъри «Хазони умр» мисоли ин аст.
Пирзан бо қомати хамгашта мерӯбад хазон
Аз азоне то азон.
Кӯчаҳоро мекунад аммо пур аз барги хазон
Боз ҳам боди вазон...
Аскар Ҳаким дарди худро аз масоили иҷтимоӣ, пайваста баён медорад (шеъри «Чӣ кунам?!»).
Андешаҳои фалсафӣ: Аскар Ҳаким дар сурудаҳояш, дидгоҳҳо ва андешаҳои фалсафиву жарфро низ унвон намудааст. Намуде аз онро ба гунаи намуна, ки шеъри «Тифлаке афтону хезон мегузорад по» ном дорад, зикр мекунам ва хонандагонро ирҷоъ медиҳам ба матни сурудаҳои Аскар Ҳаким дар маҷмӯаҳои шоир ба хатти сирилик ва форсии дарӣ.