Салимшо Ҳалимшо,

шоир

 Шоир Аскар Ҳаким дониши андӯхтаи худро дар об шустан мехоҳад. Об, ё худ дарё, нахустан хона ва нахустин ватани инсон аст. Ва инсон бар об аз Моҳпоя омада. Дар забони санскритӣ Моҳпояро модархудои Сома низ гӯянд, ки тухмаи инсонро ва нӯшдоруи ҷовидониро нигаҳбон аст. Дар Ведоҳо омадааст, ки эзидон дергоҳе дар замин иқомат доштанд, нерӯи кайҳонии худро аз даст доданд. Барои боз нерӯи яздонӣ пайдо кардан онҳо ба роҳи ҷағ дегкашӣ аз оби Сагара (Яшикӯл) нӯшдоруи Амритаро ба даст оварданд. Аз ин ҷост, ки Аскар Ҳаким нигоштааст:

 

Як замон хаймаи маҳ буд нахустин ватанам,

Ва ба он пайраҳаи нур,

                        ки дар байни маҳу дарёҳост,

Як шаб аз зодгаҳи маҳтобам

Омадам бар ватани дарёям.

 

Ба мо аз «Матса Пуран» ва «Нараяна» маълум аст, ки обҳои муқаддас нишемангоҳи Вишну Нараян мебошанд. Офаридгор ва нигаҳдори олам Вишну бар рӯи оби муқаддас хоб аст. Аз ӯ нури ҷовидонӣ бар рӯи Марканде меборад. Ва ин манзара ва мазмуни достони ҷовидонӣ дар рӯи девори Панҷакенти қадим тасвир ёфтааст. Нахустин пайғамбари башар Зардушт аз соҳили Яшаи Ванкӯҳи Доитиё (Яшикӯл) – оби Ситоишгоҳ, оби ниёшгоҳ ва оби парастишгоҳ) бо зуҳури худ хитоб кард: «Дуруд ба мардони покдини Саразм». Саразм шаҳри панҷҳазорсолаест, дар шафати Панҷакенти қадима.

Дар «Авесто» омадааст, ки ҷаҳонро аз дурӯғ, аз хашм, аз ноҳақӣ зодагони обҳои муқаддас, Ушидар, Ушидармоҳ ва Сушёнас наҷот медиҳанд. Бар соҳили оби Кансав ё Парздон духтаре фурӯд ояд ва тани худ шӯяд ва обистан шавад ва ӯ Ушидар, ки ба мардум бедардӣ ва бемаргӣ мебахшад ва Сушёнас, ки ду абзори мусиқӣ: рубоб ва говдум ба даст дорад, барои эҳёи олами яздонӣ бармехезад. Акси Сушёнас бо ду асбоби мусиқии эҳёкунанда дар кӯҳи Рубабони Лангари Ишкошими Бадахшон канда шудааст. Нақшаҳои рӯи сангӣ ё худ китобҳои сангӣ ба мо достонҳои зодагони обҳои муқаддасро ҳикоят мекунанд.

Зодагони обҳои муқаддас суханони муқаддасро бо асбоби мусиқии муқаддас месуруданд. Ҳамаи халқҳои Шарқ, хоҳ ҳиндӣ ва хоҳ эронӣ, хоҳ чинӣ ва хоҳ муғулӣ ва туркӣ, худро зодагони обҳои муқаддас медонанд. Шоирро дар забони ведоӣ риши гӯянд, ки беҳтарин сароянда ва навозанда ҳам аст. Вожаи пир барои тоҷикон муқаддас аст. Пир ва ё паирӣ нахустшоири кишвари обҳои муқаддас аст, ки бо мадади фариштаи обҳо Аноҳито нахусткайҳонаварди Ҳафт кишвар мешавад. Ва бо бахшоиши ӯ ба соҳили оби Рангаҳ (Рангкӯл) фуруд омадааст.

Аскар Ҳаким хонандаро бар аввалин хонаи башарият, бар соҳили обҳои эҳёкунанда мебарад. Бояд гӯям, ки достонҳо ва сурудҳои зодагони обҳои муқаддасро кӯҳҳо, деворҳо, обҳо ва асбоби мусиқии ҳалқҳои Шарқ ҳаргиз фаромӯш накардаанд. Мо суруди ӯро бар даргоҳи падарбузургони ӯ, ба даргоҳи Ӯшинасҳо, Сушёнасҳо ва Зардуштҳо ва Ришҳо ва Пирҳо мебарем, то онҳо ба дуруди набераи худ гӯш диҳанд. Ӯ худаш дафтари дониши худро дар ин оби муқаддас шустан мехоҳад.

Ва Аскар Ҳаким зодаи шаҳри бостонии мо, Хуҷанд аст. Вожаи Хуҷанд решаи худро аз вожаи санскритии аҷна мегирад ва маънои санскритии он парастишгоҳ ва ситоишгоҳ мебошад. Ва вожаи Аскар (яъне Аскара) асли худро аз номи қадими оби Сагара мегирад, ки зодаи оби муқаддасро маъно медиҳад. Мо дар шаҳри Кӯлоб оби муқаддасе дорем, ки Имом Аскара ном дорад. Ду маънои Аскараро, ки яке эҳёкунанда ва дигаре наврӯзро дорад, хотирнишон мекунем. Дар «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ омадааст, ки аз пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) пурсиданд: Аскара чист? Фармуд: «Аскара ҳазорон ҳастанд, ки бо борони лутф зинда шуданд ва аз ин рӯ аст, ки пошидани он аз он рӯз расм шуда».

Яъне Аскар маънои Наврӯзро ҳам дорад, ки пайғамбар гуфт: «Кош, ҳар рӯзи мо Наврӯз бошад». Аз ҳамин ҷост, ки таърихнависони Юнони қадим зодагони кишвари моро Сакоӣ, яъне зодагони обҳои муқаддас гуфтаанд.

Шоир Аскар Ҳаким достони худ «Санги ман – алмос»-ро бо ситоиши бародари худ, яъне дарахти сарбаланде, ки решааш аз оби муқаддас сабз аст, оғоз мекунад. Шоир мегӯяд:

 

Ҳамчу бо хоҳаракам ҳарф занам бо чашма,

Ба сафедори сарафрохта гӯям, ки:

 Салом, эй додар!

Гарм оғӯш кашам момаи пири тутам,

Сар ба санги сари сахти бачагиям ниҳаму

 хоб равам,

Хезам,

 атроф маро фарши гули зардолуст

Ва парасту созад лона ба шифти хона.

 

Як замон бому дари хонаи мо

Боми кафтарҳо буд.

Бом пар мезаду кур-кур мекард.

Бом мехонд

 ва бом

Боми оҳангу наво буд ба қонуни саҳар…

Ҳамин тавр, шоир агар дар банди аввал бо чашма, ҳамчун бо хоҳараки худ, бо фаришта ва модархудои об дар гуфтугӯ меояд ва дар мисраи оянда дарахти тутро ҳамчун модарбузурги худ мепазирад ва дар сояи меҳру шафқаташ ба хоби ширини тифлона меравад, ки кӯдакии сангинашро рӯ ба рӯ меояд. Ва чун сар аз санги сахти кӯдакӣ бармедорад, ҷаҳонро ғарқи гули зардолу ва бому дари хонаҳоро бо лонаи парастуҳо дармеёбад.

Ва ин манзара, яъне бому дари хонаи шоир замоне боми кафтарҳо буд, ин манзараи зебо ва эҳсосоти шоирона, бо тасвирҳои сода, вале фалсафавӣ дар пеши назарамон кишвари ҷовидонӣ, Гирутумони паҳлавӣ ва Гирудемони (Авестоӣ), яъне хонаи рақсу суруд ё худ биҳишти забаринро ҷилвагар месозад. Кафтарҳо, дақиқтараш кабӯтарони сафед, ки бар боми хонаи давраи бачагияш ошёна доранд, ҳамон кабӯтаронро, ки роҳнамои равонҳои пок ва накӯкорон ба сӯи олами кабир ҳастанд, ба хотир меоваранд. Кафтарҳои рӯи бом моро ба биҳишти аҷдодиямон мебаранд. Рӯҳи нахустаҷдодонамонро кабӯтарҳо дар боли худ ба хонаи рақсу суруд мерасониданд. Аз «Авесто» ва адабиёти паҳлавӣ воқиф ҳастем, ки касе навозанда, созанда ва гӯянда, яъне сухансаро бошад, кубӯтарҳо равонашро бар боли худ рост ба боғи ҷовидона мерасонанд. Ва шоир Аскар Ҳаким дар рӯ ба рӯ бо олами аҷдоди худ ва ҷаҳоншиносӣ ва худшиносии онҳо вазифаи инсонии худ ва худи худро чунин дармеёбад ва мебинаду менигорад:

 

Дӯстдори суханам,

Лона дорад ба кафам парри қалам.

Баски ҳам ишқ ба шудгори хазонӣ дорам

Ва дар ин дам, ки маро нест замину испор,

Рӯи марзи варақи тоза қалам меронам,

Ки баногаҳ гияҳе сабз шавад,

 гандум ё ҷав рӯяд

Ва аз он қитъаи шудгори қалам

                                  ҳадди ақал

Мӯр бар хонаи худ дона кашад…

 

Лек, афсӯс, маро дар дафтар

Гоҳ-гоҳе на асал ҳасту на занбӯру на себ,

Фақат авроқи гули пажмурда-ст.

 

Хушам ояд,

Гар зулоли шабнам –

Ташнаи чашмаи нӯши хуршед –

Миннати барги гулеро накашад.

 

Хушам ояд,

Қатра донад, ки ба он ҳар дарёе дарёст,

Низ дарё, ки вай аз қатра бувад дарёе.

 

Чун шудам зода ба соли сагу бурҷи мизон,

Аз сагам меҳру вафо мерос аст

В-аз тарозуям дод асту адолатмандӣ.

 

Санги ман – алмос аст.

 

Оре, дарё аз қатра дарёст. Асрори дарёро қатра медонад ва он ҳеҷ завол напазирад. Аскар Ҳаким нигошта, ки дар соли саг ва дар бурҷи мизон ба дунё омада, ки аз саг меҳру вафо ва аз бурҷи тарозуяш адолат ва дод мерос гирифтааст. Соли саг рамзи фариштаи Сарам аст. Сарам фариштаи сол аст ва нигаҳдории кишвари ҷовидонӣ дар назди офаридгор вазифаи ӯст. Фариштаи сол дар ҷаҳони гетуён дар сурати саг зоҳир мешавад. Ва боз Сарам исми авестоии писари Фаридун, ки дар забони форсӣ дар шакли Салм маъруф аст. Фаридун ду кишварро: Ворубараштӣ (Панҷакат) ва Воруҷараштӣ (Воруху Рӯмони Фарғонаро) ба писараш Сарам бахшид ва номи ин ду кишвар дар таърих ба номи Саразм шӯҳрат ёфт. Бостоншиносон таърихи Саразмро панҷҳазорсола донистаанд. Аз ҳамин ҷиҳат, соли мавлуди шоир ба ибтидо ё худ ба зодрӯзи миллат ва давлати бостони ӯ реша дорад. Ва бурҷашро шоир мизон мегӯяд. Ва маънии мизон фақат тарозуро надорад. Маънии дигари он санҷанда ва тақдиркунанда аст ва он бурҷи ҳафтум аз дувоздаҳ бурҷи фалак аст. Бурҷи Мизон ва Ҷавзо ва Давл ба бурҷи бодӣ тааллуқ доранд. Ва бодро дар забони авестоӣ Ром гӯянд. Фариштаи Ром, ки бахшандаи ҳаёт аст, бо номи шаҳри бостонии мо Ҳарумон (Рӯмон) иртибот дорад. Ва шоир зодаи шаҳри фариштаи бодҳои ҳаётбахшанда, Ром аст, ки дар забони мо вожаи Ромон имрӯз Рӯмон шудааст. Дар лаҳҷаи мардуми Хуҷанд ва дар забони мардуми Шуғнон ҳарфи садоноки «о»-ро пеш аз ҳамсадои «м» ва «н» «ӯ» талаффуз кардан одати маъмулист. Масалан, шуғнониён бомро бӯм, нонро нӯн, хомро хӯм гӯянд.

«Санги ман – алмос» чунин ном ниҳодааст шоир достонашро ва алмос, аввалан, санги қимматбаҳост. Баъдан, алмос маъниҳои шамшер, раъду барқ, оби дидаро низ дорад. Ва алмоси фикрат маънии тезии фикр, бурроии ҷавҳари ақлро соҳиб аст. Ва санги фикрати шоир, истеъдоди шоир ва андешаи ӯ эҳсоси худшиносӣ ва ҷаҳоншиносии фарзанди кӯчакашро ба назарамон чунин ҷилвагар сохтааст:

 

Ман набудам агар аз аҳли башар,

Бегумон

    моҳии дарё будам.

Моҳӣ,

    оё хабарат ҳаст, ки ояд аз моҳ.

Моҳӣ – аз Маҳ, яъне.

 

Духтарам, к-аввали бурҷи моҳӣ

                                  ба ҷаҳон омадааст,

Рӯзе омад тозон,

(Он замон кӯдак буд)

Гуфт: «Додо, амакеро дидам дар кӯча,

Ба сараш лонаи кафтар мерафт

Ва ба оҳубара мегуфт сухан чун ба мо,

Моҳӣ аз рӯд ба ҳар як суханаш пар мезад».

 

Манзара ва тасвири ниҳоят зебои шоирона, сатрҳои дар болооварда аз эҳсоси решаи худшиносӣ ва ҷаҳоншиносии шоир шаҳодат медиҳад. Дар забони ведоӣ фариштаи Моҳро Сом гӯянд. Гуфтем, ки дар соҳили Яшикӯл кӯҳи ҳафтранги Сом ва Упайрӣ воқеъ аст, ки шабона мисли Ҳафтранг ё худ камони Рустам ва ё камони Сом дурахшандагӣ дорад. Дар соҳили ғарбии оби Яшикӯл ду кӯҳе дорем бо номи Мац ва Шалмац. Дар забонҳои авестоӣ ва ведӣ ҳарфи «ц» вуҷуд надорад. Ва Маҳро дар забони санскритӣ Маст ва дар забони шуғнӣ Мест ва дар забони русӣ Месяц гӯянд. Дар забони авестоӣ ва хусусан дар забони Готҳо Мас маънои бузургро дорад. Дар «Авесто» Мас ё худ Маҳ ва кӯҳи Мас нигаҳбони дудаи инсон ва ҷавҳари инсон мебошад. Моҳии муқаддаси Кара нигаҳбони обҳои муқаддас аст. Ва оби Каракӯл, кӯҳҳои Каракир, Карадир, Карокум, Қаротегин, Қаратоғ, Карадурум, ки гирдогирди Боми ҷаҳонро печонидаанд, аз нахустин зодгоҳи Сомониён, аз кӯҳи Сом ва фариштаи Сом шоҳиданд ва биниши духтарак аз дидани моҳӣ дар об аз эҳсоси решаи аҷдодӣ моро воқиф мегардонад.

Дар достони «Санги ман – алмос» лаҳзаи фоҷиаангези асри мо бо биниш ва дониши тоза ба қалам омадааст:

 

Падарам зинда зи ҷанги ватанӣ бозомад,

Модарам шуд вале аз айби қаровул шабе

                                            ин ҷой шаҳид,

Ки ба cap дошт хумори бода

Ва ба каф дасти туфанг.

 

Баъд

    дар маҳкама

              мегуфт ҳамон:

Чӣ кунам - айби арақ,

Чӣ кунам - ҷурми туфанг.

 

Ва шоир заволи адолат ва ахлоқи рӯзҳои моро ба сабки саҳли мумтанеъ чунин ба тасвир оварда:

 

Лек гоҳе аҷаб аст,

Ях кунад дил ба дами тафсонаш,

Ё зи бедодии сардаш сӯзад,

То яке зумраи нокора саворанд ба дӯши

                                                      инсоф,

Ҳамчу бар пушти харе.

Харсаворон ҳама якбора шуда «Ҷип»-савор.

Пои инсоф, ки ланг аст имрӯз,

Ланги инсоф нишинад бар «Ҷип».

 

Модар сарчашмаи ҳаёти музаффар аст. Марги фоҷиавии модарро шоир бо рӯҳи эҳёкунанда, бо рамзи боридани барфи аз бомҳо баландтар ба риштаи тасвир кашидааст. Боридани борон ва барфҳо бар гӯри мурдагон рамзи эҳёшавии рӯҳи поки онҳо дар назди офаридгор аст. Манзараи эҳёшавии рӯҳи модар дар замин ва дар само бо андешаи аҷдодӣ чунин ба қалам омадааст:

 

Модарамро, ки ба гӯристон

                        бурданд чу бод,

Барфи ғам меборид,

Ончунон авҷкунон, печзанон меборид,

Ки дарахтону хиёбонҳоро

                        сару бар мепечид.

Оламеро ҳама бо печиши худ мепечонд

Ва таҳи бистари худ мепӯшид.

Барфи поиндарӣ аз бом баландӣ мекард,

Барфи бом аз гардун.

В-аз замин то ба само буд кафанпӯш ҷаҳон...

 

Баъд аз он аст, ки мепиндорам,

Маргро роҳи сафеде ба ҷаҳони барфӣ.

 

Табиат эҳёгар аст. Ин рӯҳи эҳёии онро мо дар маҳорати шоир эҳсос мекунем. Гуфтем, ки дар тахтасанги Лангари Бадахшон нақши эҳёкунандаи ҷаҳон Сушиёнас рӯ ба рӯи тулӯи офтоб бо ду абзори мусиқӣ: карнай ё сурнай ва рубоб ҷило медиҳад. Ва ин нақш фақат ёдгори санги кӯҳ нест.

Дар Хуҷанди мо ҳанӯз ҳар ҷашнро бо абзори эҳёкунандаи сурнай ва карнай истиқбол мегиранд. Ман дар навои сурнай ва карнай шеъри рӯҳбахшанда ва эҳёшавандаи шоирони тоҷикро мебинам. Аскар Ҳаким яке аз навозандагони ин суруди безавол гардидааст. Санги ӯ алмос аст, шамшер аст, вале ҷилобахшанда, раъду барқ аст, вале эҳёкунанда.