Бухориев Олим,

дабири масъули маҷаллаи илмии

«Суханшиносӣ»-и Институти забон

ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Таърихчаи ошноии нигорандаи ин сатрҳо бо шеъри «Висол»-и шоир ва муҳаққиқи шинохта Аскар Ҳаким як рӯйдоди ғайриодие буд, ки дар зеҳни ман таъсири амиқе ба ҷой гузошт. Итифоқан, шоир рӯзе дар ҳошияи суҳбате шояд барои як назарсанҷии шоирона ҷиҳати дарёфти огоҳии бештар аз завқу салиқаи шеършиносии хонанди имрӯз матни шеъреро барои хондан ва роҷеъ ба мазмуну моҳияти он изҳори назар кардан ба мо пешниҳод кард. Содагӣ ва рӯзмаррагии забони калимаҳо дар зеҳни ба зарқу барқи калом одаткардаи мо таҳарруке ба вуҷуд наовард. Шоири дилогоҳ дар нигоҳи гунгу бешарари мо дурахши эҳсос, андеша ё отифаеро нахонд ва бо лабханди танзгунае лаҳзае сукут кард. Ин сукути пурасрор собиқаи деринаи ҳолати малолатбореро ба ёд меовард, ки Хоҷа Ҳофиз дар замони худ аз камбуди «оина»[1] (6, 415) (надоштани мухотаб, хонандаи огоҳе, ки ба дарку фаҳми шеъри ӯ бирасад) «оҳ» мекашид.

Мутаассифона, ҷараёни шиносоӣ, он гуна ки шоир интизор дошт, сурат нагирифт. Зеро тафоҳуми пурра ва ҳамаҷонибаи ҳунарманд ва ҳунарпазир дар робита ба дарки як падидаи ҳунарӣ (ҳар навъи осори адабӣ) замоне имконпазир мешавад, ки онҳо дар як фазои ошнову мусоиди фарҳангӣ ва сатҳи нисбатан мутаносиби зеҳнӣ қарор дошта бошанд. Амалӣ шудани ин амр муҳол ба назар мерасад, зеро шуури иҷтимоӣ дар раванди тағйиру таҳаввулоти тӯлонӣ дар ҳофизаи хеш маҷмӯи дастуру қонуну қолабу қоидаҳои зиёди илмиву ахлоқиро ҷамъ овардааст, ки ҳар кадоми онҳо: дидгоҳе, дине, мазҳабе, фирқае, вобаста ба хислату хусусиятҳои ғоявии худ зеҳни одатпарасти инсоро ҷалб мекунанд. Азбаски аксари инсонҳо қобилияту ҷуръати аз  қолабу меъёрҳои расмӣ раҳиданро надоранд, ба ҳар гуна навъи одатпазирӣ ва вобасташавиҳои даркору нодаркор зуд моил мешаванд. Аммо ҳангоми фаъолияти эҷодӣ тафаккури ҳунарманд таҳти таъсири тахайюли халлоқ дар сатҳи дигари муносибату робитаҳо қарор мегирад ва дар интихобу риояти меъёрҳои назариву амалӣ ихтиёру озодиҳои бештар дорад. Ба таъбири дигар, тахайюли халлоқ ба ҳунарманд пару парвози дигар мебахшад. Ҳунарманд дар ин ҷаҳони шинохта, зебо ва пур аз ҳарорату ҳаракате, ки моликони зеҳни гунгу карахту одатпазир имкони бо он иртиботи мустақим доштанро аз даст додаанд, зиндагӣ мекунад ва дар заминаи имконоти фикрӣ ва маҳоратҳои касбии хеш тавассути падидаи ҳунарӣ дунёи ҷолибу зеботаре меофарад. Аз нигоҳи муҳаққиқони адабиёт, «Ҳунар он ҷо оғоз мешавад, ки мо аз ҷаҳони ошно ва маъмулӣ, ки бад-он одат кардаем, ҷудо шавем» (1, 38). Азбаски аксари хонандагон ба падидаи ҳунарӣ аз дидгоҳи маҳдуд ва ба меъёрҳои шинохти куҳна менигаранд, ҳар лаҳза ҳузури гарми зебоиҳои зиндагӣ (тулӯъ ва ғуруби хуршед, сарсабзӣ ва атромезии як дарахти пуршукуфа, нафаси гарми боди баҳорӣ ва ғайра)-ро эҳсос намекунанд. Ин маънӣ дар гуфтори В. Б. Шкловский чунин хулоса шудааст: «соҳилнишинон садои дарёро намешунаванд» (1, 38).

Шоирона зистан маънои лабрези отифа, саршори ишқу орзу будан ва ҳамеша муштоқи нав шудану нав диданро дорад. Қобили зикр аст, ки Мавлавии Балхӣ низ зиндагиро ҳамчун маҷрои рӯйдодҳои наву тоза пазируфтааст: «Ҳар замон нав мешавад дунёву мо / Бехабар аз нав шудан андар бақо» (4, 45)

Дар фароянди падидаи ҳунарӣ, яъне дар қаламрави шеър сарнавишти шоир ва шеър ба ҳам мепайвандад. Шоири шинохта Нодири Нодирпур шеърро маҳсули заҳматҳои фаровони зеҳнӣ («ашку хун»)-и шоир медонад:

 

Шумо ҳам, эй ҳаводорони шеъри ман,

Агар дар донаҳои нозуки лафзам

Ва ё дар хӯшаҳои равшани шеърам

Шаробу шаҳд мебинед, ғайри ашку хунам нест (3, 72)

 

Инчунин, метавон гуфт, ки шеър танҳо маҳсули фаъолияти пурзаҳмати эҷодии шоир набуда, балки саҳнаи зуҳуроти гуногунҷанбаи ҳаёти ӯ низ ҳаст. Қаламрави шеър барои шоир ватан аст, зеро ӯ дар ин ҷаҳони офаридаи худ бо тамоми ангезаҳои ҳаётӣ (интизорӣ, нигаронӣ, умеду орзӯ, иштиёқи васлат ва дигар эҳсосу отифаҳо)-яш ба зиндагӣ идома мебахшад. Ҷаҳони офаридаи шоир, ки дар таносуб бо воқеиятҳои зиндагӣ эҷод мешавад, аз ҳарорату ҳаракату рӯшноӣ саршор аст. Калима дар ин ҷаҳон танҳо аз будани чизҳо ҳикоят намекунад, балки саҳнаи мавҷудияти падидаҳоро дар тамоми силсиламаротиби ҳастӣ бо шукӯҳу саршорӣ ба намоиш мегузорад. Чунончи дар шеъри «Висол» ҷанбаи намоишгарии калимаи «навбаҳорон» аз хусусияти иттилоърасонии он бештар аён мешавад. Барои намояндагони адабиёти куҳанбунёди тоҷик баҳор дар ҳар замон пурмаънотарин падидаи табиат ба шумор меравад. Чунки ангезаи «баҳорандешӣ», ки яке аз бунмояҳои меҳварии падидаҳои ҳунарии адабу фарҳанги мо ба шумор меравад ва дар тӯли ҳазорсолаҳо рӯйи оинаи осори адабӣ ба суратҳои гуногун таҷаллӣ меёбад, фарорасии баҳорро ба як ҷашни бошукӯҳи миллӣ (Ҷашни Наврӯз) табдил додааст. Бинобар ин, баҳор бо ҷилваҳои пурасрори худ аз оғӯши калимаи «навбаҳорон» сар мекашад. Шахси шоир (шахсияти ғиноӣ) дар ин базми ишқу суруру зебоӣ ошиқона, яъне бо дили муштоқу саршор аз ҳоҳиши дидор ҳузур пайдо мекунад:

 

Навбаҳорон буд,

Рӯзи борон буд.

Ин дили муштоқро то соати дидор

Сабр андак буду ранҷи дуриат бисёр.

 

Содагӣ ва самимияте, ки дар муколамаи персонажҳо (ошиқу маъшуқ)-и асар дида мешавад, забони шеърро бо забони гуфтугӯии замони шоир наздиктар кардааст. Ҷараёни шаклгирии муколама ва воситаҳое, ки дар пайрезии муносибатҳо мусоидат кардаанд, ба гунае рӯҳияи замон (озодӣ ва ихтиёроти бештар дар интихобу амалисохтани ишқу ормонҳо)-ро таҷассум менамояд.

 

Дер шуд...

зангат задам,

гуфтам, к-интизорат ман,

Дар ҳамон ҷо, дар гузаргоҳи бари барзан.

    Гуфтӣ: “– Охир, кӯча борон аст,

сармо мехӯрам, ё на?!

    Беҳтараш... шояд... биёӣ ту... ба хона...

    Як пиёла чой... қаҳва... “Шашмақом”...

“ – Ооо, манат қурбон ...бубахшо ...ин мани хом...

 

  Муждаи васлат дар вуҷуди ошиқ туғёни иштиқёро бармеангезад. Ошиқ аз фарти шавқ бар фарози абру борон пар мекушояд. Воқеан ишқ ҳамчун як неруи бунёдӣ, созанда ва фарогири фитрӣ, ки ба таври ошкору ниҳон дар фароянди фаъолиятҳои гуногунҷанбаи инсон таъсиргузор мебошад, ба зиндагии шахси ошиқ ангеза, моҳият ва ғоят мебахшад. Бинобар ин, ошиқ таҳти таъсири ин неруи саркаши табиӣ дар роҳи комёбӣ ва расидан ба васлати дилдор аз монеаҳои заминиву замонӣ ҳаросе надорад. Сабукбории шеваи рафтори ошиқон дар адабиёт собиқа дошта, дар каломи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чунин баён шудааст:

 

Ишқро понсад пар асту ҳар паре

Аз фарози арш то таҳтуссарӣ.

Зоҳиди ботарс метозад ба по,

Ошиқон парронтар аз барқу ҳаво (4, 501).

 

Дар адабиёти ҷаҳонӣ шеваҳои гуногуни тасвиру тавсифи суннати ишқварзӣ ба ҳукми анъана даромадаанд. Аммо шеваи таҷрибаҳои ошиқонаи шоирони воқеъгаро дар ин росто аз суннатҳои адибони ормонгаро фарқ мекунад. Аксари шоирони ормонгаро, ба хусус шоирони ориф, барои расидан ба орзуву ормонҳои хеш дар олами тахайюлот танҳо ба хаёлпардозӣ машғул мешаванд. Шоири тавоно В. Маяковский зимни як баҳс бо Б. Пастернак масъалаи тафовути дидгоҳҳоро чунин баён мекунад: «Дар ҳақиқат, мо аз ҳамдигар фарқ дорем. Шумо дурахши барқро дар осмон дӯст медоред, вале ман онро дар дарзмоли барқӣ меписандам» (2, 31). Яъне шоири воқеъгаро бештар ба масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар робита бо завқу салиқа ва кӯшишу талоши пай дар пайи хеш ишқу хостаҳояшро аз матни зиндагӣ интихоб мекунад ва баҳри амалӣ сохтани онҳо мекӯшад. Чунончи дар падидаи ҳунарии мавриди назар заминаҳои заминии таҷрибаҳои ошиқона ва вижагиҳои шеваи баёни шоир ҳамчун зуҳуроти воқеъгарона мушоҳида мешаванд:  

        

 Пар кушудам...

зери болам обшорон буд,

    Омадам саршори борон, дар кушодӣ зуд.

Чатрро назди тиреза боз кардам, то бихушкад.

 

Ҳарорату шавқу шӯри саҳнаи висол, ки фазои шоду фараҳафзову рангинеро пеши назар ҷилвагар менамояд, дар ин падидаи ҳунарӣ хушбинона тасвир шудааст. Даъват ба хуш зистан ва аз зебоиҳои зиндагӣ лаззат бурдан бунмояи ҷовидонаи адабӣ ба шумор меравад. Устоди шоирон – Абӯабдулло Рӯдакӣ низ ба ин маънӣ ишора кардаанд:

 

 

Шод зӣ бо сияҳчашмон, шод,

Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.

З-омада шодмона бояд буд,

В-аз гузашта накард бояд ёд (5, 30).

 

Бунмояи хушбинӣ таъсирбахшии шеърро меафзояд ва камбуди он зебоӣ ва ҷаззобияти асарро коҳиш медиҳад. Чунончи ин ҳолат дар шеъри Ҳушанги Ибтиҳоҷ (Соя) мушоҳида мешавад.

 

Бистарам

садафи холии як танҳоист

Ва ту чун марворид

гардановези касони дигарӣ (7).

 

Вале ин тасвири зебову ҷаззоб чун як нақши рангини дар қоби ташбеҳот мунҳасиршуда сарду беҳаракату ҳузнангез ба назар мерасад ва тамошояш яъсу навмедӣ ба бор меоварад.

Бинобар ин, дар падидаи ҳунарӣ саҳнаи зиндагӣ зебову лабрези шодиву нишот ва ба таъбири дигар, саршортар аз он чӣ ҳаст, бояд ҷилвагар шавад. Чунончи дар шеъри мавриди назар тасвири лаҳзаи висол бо ҳама содагии созу барги айшу нишот базми кайҳоние мемонад, ки тамоми хушиву зебоии ҳастиро дар худ ғунҷонидааст:  

 

    Як пиёла чой... қаҳва... “Шашмақом”-у шоколад...

    ...Як замон дидам аён, аз зери рахти хоб,

Чатри худ дар тоб,

К-аз фарози гумбади нилии он,

Рангрезӣ мекунад рангинкамон!

 

Ба ақидаи файласуфи олмонӣ Ф. Нитше ҳадафи ҳунар танҳо аз инъикоси воқеятҳои зиндагӣ иборат нест, балки «зиндагиро шоистаи зист» (1, 18) кардан муҳимтарин вазифаҳои он ба шумор меравад. Зиндагие, ки берун аз мо дар муносибатҳои гуногунҷанбаи иҷтимоӣ ба шаклҳои мутафовит аёният ёфтааст, маҳсули эҳсос, афкору отифаҳои мо ба шумор меравад. Ба таъбири дигар, дар муносибатҳои иҷтимоӣ моҳият ва муҳтавои инсон (ё ҷомеа) ошкор мегардад, ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар. Тамоми рӯйдодҳои хушу нохуше, ки дар қаламрави ҳаёти иҷтимоӣ худро менамоёнанд, аз зеҳни тавоно ё нотавони инсон маҷро мегиранд. Метавон гуфт, амвоҷи эҳсос, андеша, ишқу отифа ва майлу хостаҳои ботинии инсон дар зиндагии рӯзмарраи он таҷаллӣ меёбанд. Пас, андешаи солим метавонад кафили зиндагии шоиста – муносибатҳои самимонаи иҷтимоӣ бошад. Падидаи ҳунарие, ки дар ҷаҳони худ муносибатҳои неку самимонаи инсонҳоро нишон медиҳад, дар тағйиру таҳаввули зеҳнии ҷомеа таъсир мегузорад ва ба ин восита зиндагиро шоистаи зист мегардонад.

Воқеан, дар оғӯши шеъри асил  як лаҳзаи хушу дурахшон ва саршор аз арзишҳои зиндагии инсон шукуфо мешавад ва ин лаҳзаи шукуфон дар сарсабзии ҳаёти инсон асар мегузорад. Чӣ беҳтар аз ин, ки ҳаёти инсон аз лаҳзаҳои сарсабзу дурахшон иборат бошад. Ин матлаб дар каломи файласуфи олмонӣ М. Ҳайдегер чунин баён шудааст: «Шеър чизе ҷуз имтиёзи як лаҳза нест, ки ба саросари зиндагӣ маъно медиҳад» (1, 538).

АДАБИЁТ

  1. Аҳмадӣ Б. Ҳақиқат ва зебоӣ.– Теҳрон: Нашри Марказ, 1387. – 600 с. [Бо алифбои арабиасос].
  2. Михайлов Ал. “Я знаю силу слов...” (Традиции Маяковского – вчера и сегодня). – М.: Худож. лит., 1983. – 174 с.
  3. Нодирпур. Н. Мурғи офтоб. – Душанбе: Адиб, 1995. – 224 с.
  4. Румӣ (Балхӣ) Ҷалолуддин. Маснавии маънавӣ. – Теҳрон: Замон, 2001. – 730 с.
  5. Рӯдакӣ А. Девон. Таҳия тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. – Олмотӣ, 2007. – 256 с.
  6. Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. – Душанбе: Ирфон. 1983. – 672 с.
  7. goodreads.com/topic/show. Манбаи интернетӣ.

12.01.2021

 

 

[1] Ниг.: Њофиз арўси табъи маро љилва орзуст, / Оинае надорам, аз он оњ мекашам.