Шаҳрияи Адҳамзод,

шоир

 Чун достони устод Аскар Ҳаким «Санги ман – алмос»-ро мутолиа намудам, эҳсоси хушҳолӣ доштам, ки садои нағмарези шеър гӯшҳоямро навозиш медод ва рӯҳи шеърпарастамро қуввату илҳом. Бемуҳобот ба гӯшам садои мусиқии дилрабои ишқофаринро меовард ва ман ба асолати шеър ва муъҷизаи ӯ бештар бовар мекардам:

 

Ман киям? Одаме ангори дарахт,

Решаам рафта дар оби дили деҳ.

Шохаам сабз шуда дар тани шаҳр,

Ки бад ин ҳол на шаҳрӣ, на деҳотӣ бошам,

Кандам аз хеш, чӣ сон бо дигаре пайвандам?

 

Ин ҷо шоир худро ба дарахте мушобеҳ мекунад, ки решааш дар деҳа дар хоки бобоӣ мондаву шохаҳояш дар шаҳр сабз шуда ва ҳамзамон эҳсоси нигаронӣ дорад, ки миёни обу оташ монда ва имрӯз на ба шаҳрӣ буданаш бовар дораду на ба рустоӣ. Вале ҳар бор бо парастуе, ки пайғоми баҳор меорад, шоир боз ба рустои кӯдакияш бармегардад:

 

Ташнаи меҳри канори модар

Ҳамчу бо хоҳаракам ҳарф занам бо чашма,

Ба сафедори сарафрохта гӯям, ки: Салом, эй додар!

Гарм оғӯш кашам момаи пири тутам,

Сар ба санги сари сахти бачагиям ниҳаму хоб равам.

 

Хонанда аз ин пораи шеър дармеёбад, ки шоир дар айёми хуҷастаи кӯдакӣ ба ғуссаву ғамҳо бархӯрд карда, ки то ҳол аз ёдҳо нарафта вагарна намегуфт: «Сар ба санги сари сахти бачагиям ниҳаму хоб равам…». Вале сарфи назар аз кулли ин дардҳои кӯдакӣ ӯ боз дилбаставу лабрези даврони зебои бачагист, дунболи шабпарае медавад, кулоҳашро дар хӯшаи Парвин меовезад:

 

Ман, ки андохтам аз шавқ кулоҳам шоме,

Рафту дар хӯшаи Парвин овехт!

 

Устод Аскар Ҳаким хонандаро лаҳзае ба қаламраве, ки «Осмонаш пури шабпар мешуд» ва тифлакон «тоқии худ»-ро ба само ҳаво медоданд, мебарад ва аз он даврони бебозгашт дар зеҳнҳо «Мани дусола паси панҷара ҳайрон будам, // Модарамро, ки сари дӯш сабук мебурданд» мемонад.

Чун айёми кӯдакӣ ба ҳамешагӣ меравад, зиндагии пур аз шӯру шар, дарду ҳасрат, комёбиву нокомӣ, барору нобарорӣ оғоз мегардад. Ва боз чун мутаваҷҷеҳи достон шудам, бештар эҳсоси зебопарастӣ маро шодоб кард ва мутмаин шудам, ки Сӯҳроби Сипеҳрӣ беҳуда нагуфта: «Шоирон вориси обу хиради рӯшаниянд!»

Аскар Ҳаким низ дар мадори шеър ошиқона ба сар мебарад, дунёро бо чашми дигар ва дарку маънои васеътар эҳсос карда, ба умқ фурӯтар меравад, ба гулу занбӯри асал ишқу муҳаббат ва шахсияти инсонӣ мебахшад:

 

Дӯст дорам фаварони гули шафтолуро,

Ишқи занбӯри асалро ба арӯси гули себ,

Ки ба як бӯсаи ширин кунадаш обистан,

Ва ман обистани гулро ба қалам об диҳам.

То ки дар дафтари ман шохаи себ орад бор!

 

Гуфтаанд: Шоир анҷоми корҳои бузург ва кӯчакро дар олам боис шуда, зеро рисолаташ барангехтани тахайюл аст, то бад-ин гуна чизҳои бузургро кӯчак ва кӯчакро бузург ҷилва диҳад. Ва воқеан дар ҳама давру замонҳо ашъори шоирон ба масоили иҷтимоъ бархӯрд мекард ва шоирон ҳамеша мекӯшиданд, ки ҷонҳоро ба нури маърифат рӯшанӣ бубахшанд, зеро шеър василаест барои сохтани инсони комил ва барои он ки инсонҳо фикр карданро ёд бигиранд.

Дар ин қитъааш шоир эҳсоси нигаронӣ мекунад:

 

Чашми бад дур,

Агар арбоби сиёсат як субҳ

Дар паи рафъи хумори абабӣ лаб на ба ҷом,

Лаб ба сарчашмаи дониш ниҳаду ҳушёрӣ…

 

Ҷои дигар мегӯяд:

 

Дили ман мехоҳад,

Бонги мурғони чаман шӯъла кашад дар гулшан,

Сахт ношодам агар шохаи гул

Хушк аз ғунчаи овоз шавад.

 

Маънои бадеъе, ки дар пораи зайл омада, аз андешаву эҳсоси дақиқу хонданӣ фароҳам шуда ва шоир дар ҳамин арса ҳунари шоирӣ ва хаёлпардозии худро хело зебо қаламдод мекунад. Ӯ дар ин қитъа тавонистааст ба шохаи гулу ғунча забони гӯё эҳдо кунад.

Аслан достони «Санги ман – алмос» лабрези таманниёту ниёшҳои ширину шевои башарист. Ва манзури шоир танҳо ба мақсади нек расидан ва зиндагии осудаҳолонаи мардумист. Ӯ орзу дорад ба ҷое биравад, ки эҳтироми ҳамдигар бошад, инсонҳо ҳамдигарро дӯст доранд, шаҳре бошад, ки пур аз меҳрубониву вафодорӣ…

 

Хоса, шаҳре, ки ба вақти дидор,

Рӯи ду дасти дароз

Гул кунад шохаи гулҳои гулобии «Салом»,

Ва касеро набувад санг дар зери бағал.

 

Воқеан, устод Аскар Ҳаким дар достонаш, ба пиндори ман, ончунон бо шеър омехта шуда, ки кулли уқдаҳои дарунияшро берун кашида, эҳсоси рӯҳпайвандӣ ва зебопарастиро дар дили хонанда бедор намуда ва муҳити зиндагонии имрӯзаашро бо дарду шодиҳояш бо масоили иҷтимоӣ пайванд зада:

 

Лек гоҳе аҷаб аст,

Як кунад дил ба дами тафсонаш

Ё зи бедодии дардаш сӯзад,

То яке зумраи бекора саворанд дӯши инсоф

Ҳамчу бар пушти харе,

Харсаворон ҳама якбора шуда «Ҷип» савор.

Пои инсоф, ки ланг аст имрӯз,

Ланги инсоф нишинад бар «Ҷип»…

 

Билохира, шоир хуб дарёфта, ки гавҳари аслии шеър ишқ аст, ишқе ки инсонро то ҳаққонияти зиндагӣ мебарад, ишқе ки инсонро комил карда, ӯро то ба осмонҳо мерасонад ва ба фариштагон наздик мекунад. Ба ин пораи шеър муттваҷеҳ мешавам:

 

Дили ман мехоҳад,

Чор ҳангоми табиат, ки замони ишқ аст,

Ҳама ошиқ бошем,

Ҳама дар кӯи муҳаббат мирем.

Ҳама дар шаҳри муҳаббат абадӣ зинда шавем!

 

Чӣ таманнои хуҷистае!

Соли 2001