Муҳриддин Сабурӣ

 

 «Оё нависанда (шоир) садои асри худ мебошад ё оҷизона ба гузашта нигоҳ мекунад?» Ин суолест, ки мунаққид ва адабиётшиноси тавоно Зоя Усмонова пешорӯи мо гузошта буд. Посух ба ин суол, албатта, барои дастандаркорони каломи бадеъ дар боздиди таҳаввулу таҷаммули шеъри ҳар давра сангинтар меуфтад. Ба ин маънӣ, ки дар хати пажӯҳиши як мунаққид, муҳаққиқ ва адабиётшинос чӣ осоре ҷо уфтодаву чӣ шоире қарор дорад. Агар шоире тавонову қудратманд аст, метавонад набзи куҳантарин мазомини вожаҳоро аз шеъри мутақаддимин ба  даст бигирад ва онҳоро аз пӯсти худ берун бикашад ва бо ташбеҳоти тоза ба кор барад.

Мо ба ин боварем, ки шоири тавонои имрӯз соянишини девори баланди касе нест. Ҳамеша талош мекунад дар ҳар марҳилаи гузариши шеър садои асри худ бошад, на муқаллиде, ки оҷизона  ба гузашта нигарад. Ба ин маънӣ Аскар Ҳакимро дар манзумаи «Санги ман − алмос» дарёфтам, ки бешак бо нафаси тоза садо дармедиҳад.

То замоне ки Аскар Ҳаким дар эҷоди ин манзума дастёб гашт, марҳилаҳоеро пушти сар гузошта буд. Ӯ дар миёни шоирони тоҷик аз зумраи касонест, ки аз роҳи нақду баррасии ашъори ҳамзамонон ба гуфтани шеър пардохт. Ҳарчанд баъзе аз донишмандон ба ин назаранд, ки шеъри Аскар Ҳаким ҳамрангие ба шеъри Эрону Афғонистон дорад, аммо ӯ дар оғоз размандаи  ҳамон сангаре буд, ки шоирони дигари тоҷик буданд ва дар марҳилаҳои баъд тавонист бо диди тоза ба шеър назар афканад ва падидаҳои ҳунарии тозатареро аз қабили забону баён ва шеваи сурудан ба шеър биёрад. Албатта, ӯ, ки худ як пажӯҳишгар ва мунтақиди шеър буд, аз чигунагии шеъри дирӯзу имрӯз ба таври комил огоҳӣ дошт ва барои гуфтани шеъри нав ҷиддитар талош намуд.

Мо агар ба шеъри солҳои 60-70 ва сонитар ба шеъри солҳои 80 назар афканем, дар ин раванд як забон ва услуби мушаххасеро мушоҳида менамоем, ки аз ашъори Мирзо Турсунзода шурӯъ гардида, дар наслҳои пасин густариши бештар меёбад. Ин ҳамон шеваи нигориши хуросонист, ки акнун бо забони зиндаи имрӯз омехта мешавад ва дар идома дар як самт, дар як хати амудӣ дар адабиёти муосири тоҷик ҳаракат мекунад. Бузургтарин хидмати Мирзо Турсунзода дар ин раванд пайванд додани шеъри муосир бо шеъри суннатӣ буд, ки пеш аз ҳама бо роҳи сабк (манзур сабки хуросонист) сурат гирифт.

Албатта, масъалаи ворид шудани каламоти соҳавӣ дар шеър, тасвири  шоирона, диди тоза ба мавзӯъ, ки аз ҷустуҷӯҳои ҳунарӣ дар шеър шинохта мешаванд, манзур нест, балки забон ва шеваи нигориши шеър аст, ки якнавохтии он эҳсос мегардад. Дар ҷустуҷӯҳои ҳунарӣ ҳар шоире мақому манзалати худро дорад, ки баҳси алоҳида аст.

Шеъри зерини Аскар Ҳаким ҳам аз ҳамин даст аст. Аз лиҳози забон ва шеваи баён идомаи ҳамон ашъорест, ки дар солҳои 60-70 суруда мешуд ва то кунун дар ашъори бештари шоирон идома дорад:

 

Асри бист,

Эй асри пуртӯфони ман,

Бигзарӣ тунд аз фарози Муштарӣ.

Ваҳ, мабодо дар шитоби хештан

Аз сари дунёю одам бигзарӣ!..

 

Аммо ин шеваи нигориш дар «Санги ман алмос»-и шоир тағйир мехӯрад ва услуби нигориши мутафовитеро ба бор меорад. Дар шеъри мо тағйири услуби нигориш таҳқиқи бештареро тақозо мекунад ва дар ин рада ҳастанд шоироне, ки забони шеърро ба таври густурда аз шеъри пешин мутафовит кардаанд. Мо хуб медонем, ки дар авохири солҳои 80-уми қарни бист ва баъд аз он дар шеъри тоҷик насими тозае аз шеъри форсӣ вазидааст, ки бешак ба ҳамон услуби нигориш ва забони он бастагӣ дорад. Масалан, забони шеъри Искандари Хатлонӣ ва Муҳаммадалии Аҷамӣ ва боз чанде дигар дар миёни ин насли шоирон фарқкунанда ба назар мерасад. Шеваи нигориш дар шеъри мо қабл аз ин бо дастбакор шудани Гулназар шурӯъ гардид ва дар ин роҳ шоирони зиёде тавфиқ ёфтанд, ки дар навъи шеъри сафед Доро Наҷот аз пешдастон аст. Аскар Ҳаким ҳам пеш аз он ки манзумаи «Санги ман-алмос»-ро гуфт, кӯшишу талошҳое дар нав кардани услуби нигориш ва забони шеър дошт, ки мо инро дар маҷмӯаҳои пешини ӯ мушоҳида мекунем.

Намуна:

Ту маро ҳеҷ мапурс,

Чу бубинӣ ба таҳи шохаи анбуҳи дарахт,

Дур аз чашми чароғ,

Як нафар лаб ба лаб асту дигар ангушт ба лаб,

Як нафар дар бари ёру дигаре бо ғами ёр

Хилвате ёфта дар хилвати шаб.

Ту маро ҳеҷ мапурс. («Тарозуи офтоб», 1983)

 

 

Бубинед, ин ҷо забони маъмулии шеър тағйир меёбад. Дар забони пешини шеър,  калимаи «истода» дар идомаи мисраи «дур аз чашми чароғ» ҳамчун таъйидкунандаи феъл ба кор мерафт, вале ин ҷо сарфи назар мешавад ва «Дур аз чашми чароғ» бидуни хабар забони шеърро нав мекунад. Ва ҳамин мушаххасоти забонӣ дар манзараи умумии шеър ҳам эҳсос мешавад.

Дар пораи зерин аз шеъри дигари шоир мо тарзи то ҳадде дигаргунаи тасвирофариниро мушоҳида менамоем, ки ба шеъри солҳои қаблӣ чандон монандӣ надорад:

 

Ту маро мешунавӣ?

Саҳар ойӣ сари сарчашма ба об,

Нигарӣ ҳалқавари мавҷи маҳин,

Шунавӣ гӯшакии обу алаф,

Даме эҳсос кунӣ набзи замин,

Дар миёни ҳама ин муъҷизаи арзу само

Ту маро мешунавӣ?

(«Рӯзи умед», 1987)

 

Хусусан таъбирҳои шоиронаи «гӯшакии обу алаф», «ҳалқавари мавҷи маҳин»  махсуси шеъри имрӯзанд ва дар тарзи ифода таровати бештари забонӣ доранд.

Дар маҷмӯаи «Шаҳри меҳолуд», ки фарогири ашъори дар солҳои 1990-1993 эҷоднамудаи шоир аст, мо имконияти бештареро дар нав шудани шеъри Аскар Ҳаким мебинем, ки ағлаб тозагие дар забону баён ва корбасти ифодаҳои мутафовит аз шеъри пешинро доранд. Ҳамон гуна, ки «мурғакон ба рӯйи шохаҳо» дар шеъри «Баргпайванд»-и ин маҷмӯа «зангӯлаи субҳ» мешаванд:

 

Ба рӯйи шохаҳоят мурғакон зангӯлаи субҳанд.

 

Ибораи «мурғакон зангӯлаи субҳанд», ки бозёфти тозаву шоирона аст, дар коргоҳи эҷодии шоир нигориши тозатареро касб мекунад ва аз воқеияти тасвир ба сурати ҳисомезии нарму мулоим ба сафҳаи хаёлоти рангин кӯч мебандад.

Аз ин маҷмӯа мехоҳем пораеро ба ихтиёратон гузорем, ки мутафовит аз шеъри пешин аст ва шумо бештар ба забону баёни он зеҳн монед ва баъд аз ин маҷмӯа ҳар маҷмӯаи дигари шоирро, ки мехонед, эҳсос хоҳед кард, ки дар шеърҳои баъдии ӯ як шеваи мушаххасе падид меояд ва услуби шоир дар сурудани шеъри нав аз шеъри дигарон фосила мегирад ва мо ин шеваи сароишро ба унвони услуби хосаи Аскар Ҳаким унвон мекунем, ки реша дар мушаххасоти баён ва тасовири дарунгароёнаи ашё дорад ва тобишҳое аз ҳикмату фалсафаро дар худ гунҷондааст:

 

Бод мешӯрад,

Барф мепечад,

Дар замин мехобад анвои дарахти ҷангалу беша,

Ё нагун мегардад аз реша.

Дар забони буттаҳо лоҳавли ҷон аст,

Сахт бӯрон аст.

 

Аз ин шеър қасд он нест, ки таркибу ибороти шоирона биҷӯем, бал ҳамон манзараи иҷтимоист, ки ба сурати шоирона тасвир мешавад ва ҳар ашёи он бозгӯи фалсафаи зиндагии инсонҳост, ки ба сурати рамз инъикос меёбад. Муҳимтар аз ҳама услуби баёни он аст, ки дар қатори чанд намунаи болозикр, заминаи мушаххасеро барои сурудани манзумаи «Санги ман-алмос» фароҳам меорад. Ҳамин шева ва тарзи баёнро бо зеботарин ибороти шоирона ва нигоҳи мутафовит ба мавзӯъ ва манзаранигорӣ дар шеъри «Пиндор», «Ду шодӣ», «Пурсиш», «Достак», «Ин кадомин боғ меояд?» ва ғайраи шоир ба таври густурдатар мушоҳида менамоем, ки дар миёни солҳои гуногун суруда шудаанд ва дар миёни аҳли завқ ҳаводорони зиёд доранд. 

Шеъри «Ду шодӣ»-ро мехонем:

 

Ду нафар

Раҳ ба як чашмаи равшан овард,

Як нафар

Акси худ дид дар он, бол заду шодӣ кард.

В-он дигар

Туф бар он чашмаи равшан андохт,

Низ болидаву шод,

Ки туфаш рост ба чашми тари он чашма фитод.

 

Муҳимтарин вижагии ин шеър аз лиҳози дарунӣ таҷассуми ботини инсонҳост, ки ба зиндагӣ чӣ гуна муносибат мекунанд. Ин чашма ҳамон намоди ҳаёт аст, ки яке дар он худро мебинаду мешиносад ва дигаре аз он бебаҳра меравад. Ӯ касест, ки ба ҳастӣ эҳтиром намегузорад, яъне дили дарёӣ надорад. Хулосаи амиқи ин масъала дар манзумаи «Санги ман-алмос» барои хонанда возеҳтар шарҳ меёбад:

 

…Ва касеро, ки дили дарёист,

Туф ба дарё накунад.

Об дар мазҳаби мо

Равшанӣ буду сафо…

 

Аммо манзури мо тарзи ифода ва забону баёни он аст, ки ба сурати кулл як манзаранигорие бо истифода аз унсурҳои наср дар шеърро дорост. Ба эътирофи пажӯҳишгарони соҳибназар, судҷӯйӣ аз имконоти наср дар тафовут бо шеъри классикӣ, албатта, агар бо риояи эъдидол сурат гирад, яке аз махсусиятҳои шеъри нав маҳсуб мешавад. Поягузори шеъри нави форсӣ Нимо Юшиҷ дар мақолае овардааст, ки яке аз ҳадафҳои ман дар навсозии шеър ворид намудани "табиияти наср" ба шеър аст. Ин равиш дар шеърҳои худи Нимо, Аҳмади Шомлу, Суҳроби Сипеҳрӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Маҳдӣ Ахавони Солис, Қайсари Аминпур, Муҳаммадалии Баҳманӣ ва дигарон равшан дида мешавад. Ин хусусиятро дар «Санги ман-алмос»-и Аскар Ҳаким равшантар мушоҳида мекунем.

Манзумаи «Санги ман-алмос» ғайри он ки дар шеваи нигориш ва забону баён  тозагиҳои чашмрас дорад, аз лиҳози мавзӯъ ва фарогирии ҷузъиёти муҳими зиндагии воқеии инсон омехта бо табиат, дорои бадеияти баланди ҳунарист. Ҳарчанд шоир дар сурудани ин манзума вазни дар манзумаи «Садои пои об»-и Суҳроби Сипеҳрӣ ба кор рафтаро интихоб мекунад, вале дарунмоя ва табиати он инъикоскунандаи мафҳуму мазмун ва манзараҳоест, ки бешак тоҷикияти онро ҳифз мекунад ва андешаи онҳоеро, ки манзумаи «Санги ман-алмос»-ро мушобеҳи «Садои пои об» медонанд, ботил мекунад. Албатта, дар ин вазн манзумаҳои зиёде манзур шудаанд, ки мо наметавонем онро махсуси эҷодиёти як нафар донем. Чун маҳбубияти Суҳроб дар манзумаи «Садои пои об» бештар аст, ағлаб ҳар манзумаи иншошуда дар вазни онро мушобеҳ ба он медонанд, ки ин андеша ғалат аст:

 

Кӯдаконе будем,

К-аз ҳавои дили худ

тоқии худро ба ҳаво дода ҳаво,

Медавидем, ки дар тоқиамон шабпаре дармонад.

Ман, ки андохтам аз шавқ кулоҳам боре,

Рафту дар хӯшаи Парвин овехт.

З-он шабам худ ба замину кулаҳ аз моҳ бувад болотар…

 

Дар ин навишта ба сурати шоирона як кӯдаки шавқманди тоҷик тасвир мешавад, ки тоқиии худро ба осмон мепартояд ва умеди онро дорад, ки шабпарае дар тоқиааш дармемонад ва ӯ бешак аз ин кор шавқ мебарад.

Аскар Ҳаким дар ин манзума аз хаёлпардозӣ ва ҳисомезиҳои беҳудуд худдорӣ мекунад ва кӯшиш мекунад муҳимтарин ҷузъиёти зиндагиро бо орояву перояҳои шоирона тобиши фалсафӣ диҳад ва аз ҳар манзараи инъикосёфта ҳикматеро берун бикашад:

 

Духтарам, к-аввали бурҷи моҳӣ ба ҷаҳон омадааст,

Рӯзе омад тозон,

(Он замон кӯдак буд)

Гуфт: Бобо, амакеро дидам дар кӯча,

Ба сараш лонаи кафтар мерафт

Ва ба оҳубара мегуфт сухан чун бо мо…

 

Аз хондани ин пора равшан мегардад, ки ин марди бар сар лонаи паранда доштаву ҳамсуҳбати оҳу кист. Ҳар кас аз ҳадиси ишқи Маҷнун огоҳ аст, медонад, ки манзур чист. Аммо манзур фақат хотиррасон кардани қиссаи Маҷнун нест, балки шоир чизи дигаре мехоҳад бигӯяд. Ӯ мехоҳад барои хонанда ба сурати шоирона собит созад, ки инсону табиат бо ҳам пайванди мустақим доранд ва ин пайванд бо ҳузури як дарахти себ дар шеър таҷаллӣ мекунад, ки аз шунидани ҳарфҳои минуии кӯдак шох меафшонад, меларзаду мешукуфад:

 

Ногаҳон себи ҷавоне, ки ба зераш будам,

З-ин суханҳои шигифти кӯдак

Шох афшондаву ларзиду шукуфт…

 

Боиси ин ҳама ларзиданҳову шукуфтанҳо фақат номи Маҷнуну қиссаи ошиқии ӯ нест, балки шоир мехоҳад аз бисоти ин мавҷудот пайванди ягонаеро миёни инсону табиату Худо бозгушоӣ кунад, ки ҳамон ишқи маҷозист. Ҳамон ишқе, ки дар рагҳои инсону табиат ҷараён дорад. Таъкиди ягонаи шоир маҳз бозгӯи он ишқ аст, ки дар зеҳни хонанда бо шевотарин мазомин ва тасвирҳои ноби шоирона фалсафаи пайванди инсонро бо олами мавҷудоту Худо бозгӯ мекунад:

 

Зиҳӣ, он ишқи Худованди ҷаҳонҳои ҷаҳонсоз, зиҳӣ,

Ки саросар ба ҳама соҳати даҳр,

Ба ҳар оҳанги сабо,

Ларзаи барги дарахт,

Сари ҳар мавҷи равон,

Балки дар ҳар нафаси туғи биёбони ҳаҷир

Накҳати ишқи маҷозиву намозӣ ҷорист

Ва ба ҳар нахли шукуфта чамани орзуи Лайлоест

Ва ба ҳар пайки навозишгари бод

Мавҷи дарёе,

таби саҳрои дили Маҷнунест.

 

Аз ин дидгоҳ манзумаи «Санги ман-алмос» саршор аз мазомини фалсафиву иҷтимоиву ҳикмат аст, ки дар ҳаҷми як мақола намешавад онро ба таври густурда баррасӣ кард. Донишмандони зиёде аз Тоҷикистону Русияву Эрону Афғонистон дар мавриди ин манзума андешаҳои худро баён доштаанд, аммо ҳанӯз барои назари тоза ироа кардан дар хусуси ҳунари нигорандагӣ ва дарунмояи он ҷой боқист, ки мо онро ба вақти дигар мегузорем. Чун манзури мо шинохти сабку услуби нигориши Аскар Ҳаким дар иншои шеър буд, ба қадри тавон бо чанд мисоли кӯтоҳ онро барои хонандаи шеър бознигарӣ кардем. Ва умедворем, ки ин навишта нақши Аскар Ҳакимро дар таҳаввули минбаъдаи шеъри тоҷик дар қатори дигар шоиронамон барои аҳли назар равшантар мегардонад. Бо итминон гуфта метавонам, ки ин шеваи нигориш ва равиши услубиву забониро, ки бешак дар таҳаввули минбаъдаи шеъри мо нақш мегузорад, дар анвои мухталифи шеъри Аскар Ҳаким, бавижа дар ғазал мешавад ташхис дод.