Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Парда Ҳабиб,
шоир
Алоқамандони сухан медонанд, ки чӣ тавр бо гузашти замон заминаи шеъри тоҷик нав гардид ва аз лиҳози услуби нигориш шоирони тоҷик тозакориҳо карданд. Баъди Инқилоби соли 1917 устодони давр дар истифодаи шаклҳои шеърӣ ва мавзӯъҳо иқдоми муҳимм пеш гузоштанд. Мавзӯъҳои анъанавӣ бештар ба мавзӯъҳои мушаххаси замон, аз қабили инқилоб ва бедории синфӣ, навсозиҳои ҳаёти иҷтимоӣ иваз шуданд.
Пас аз ин ғазалу рубоӣ, қасидаю қитъа ва достон рисолати нав касб карданд. Шакли навтарини ин давра чаҳорпора буд, ки гоҳ дар намуди маснавӣ ва гоҳ қитъа қофияпардозиаш мекарданд ва он дар адабиёти рус собиқаи дерина дошт. Чаҳорпораҳои навини адабиёти тоҷик дар назми классикӣ дар шакли қасидаҳои тавсифию манзаравие, ки шуарои қадим дар сифати ин ё он мавзеъ ё шаҳру вилоятҳо мегуфтанд, низ пешгузаштаи худро доштанд вале дар намуди пораҳои чормисраъ хоси замони нав маҳсуб мешаванд. Навсозиҳои шаклии Пайрав аз Маяковский маншаъ мегирифт ва пурра ҷанбаи иҷтимоию сиёсӣ дошт. Сатрҳои зинадори Ҳабиб Юсуфӣ аз ҷустуҷӯҳои эҷодиаш дарак медоданд. Бояд таъкид намуд, ки на ҳама аз пайи чунин ҷустуҷӯҳою навоварӣ буданд. Иддаи зиёде аз суханварон ба шеъри суннатӣ садоқат нишон медоданд.
Аммо ҷиҳати фарқкунандаи ҳамаашон он буд, ки саводи баланди касбӣ доштанд, забони адабиро басо хуб омӯхта, дар истифодаи луғати забон маҳорати комил нишон медоданд. То солҳои 60-ум, ки фасли нави шеъри тоҷик аз он оғоз меёбад, ин устодони пешин ҳунару санъати суханварӣ, маҳорати эҷодӣ ва анъанаҳои шеъриро пос доштанд ва дар ҳамин замина ҷустуҷӯҳо ва навовариҳои шогирдони эшон шурӯъ гардид. Аз ҷумла Аминҷон Шукӯҳӣ дар лирика роҳи хоси худро пайдо кард ва андешаҳои нозуки қаҳрамони лирикиаш аз ҳадди маъмул берунтар по ниҳод ва қолабҳои маъмули адабиро пос дошту дар баробари ин қолабҳои рӯҳию тасаввурро шикаст. Ошиқ дар шеъри Шукӯҳӣ озод аст, ишқи ӯ сунъӣ ва сохтаю бофта набуда, ба таври бесобиқа табиист.
Шукӯҳиро барои дӯстдорони сухан шоир ва мунаққиди тоҷик Аскар Ҳаким дигарбора кашф кард ва дар мақолаҳои хеш хусусиятҳои қалами ин адибро нишон дод. Ҳамзамон шеъри нави тоҷикро, дар баробари донишмандони дигар, Аскар Ҳаким дар сатҳи хеле баланд ва борикбинона нақд кард. Ва имрӯз чун давраи нави шеъри тоҷик-ро бо ҳама он тозагию тароват пеши назар меоварем, дар баробари мунаққидони дигар аз устод Аскар Ҳаким миннатдор мешавем, ки дар баррасии масъалаҳои маҳорати адабию эҷодӣ ва навпардозиҳои шоирон зиёда заҳмат кашидааст. Зеро ӯ зимни таҳқиқ, моварои қаламрави имрӯзаро низ дар мадди назар дошта, пояи шеъри тоҷикро дар қиёси шеъри ҳамзабононамон муайян карда, ҳамзамон дар давоми марҳилаи тозаи адабиёт, тайи солҳои зиёд, Аскар Ҳаким ашъори наву рангини хешро эҷод намудаву дар рушди шеъри муосир хидмат мекунад. Барои аҳли касб шеъри шоир ҳанӯз аз овони донишҷӯияш ошно буда, минбаъд эҷоди сухани мавзун барояш рисолати асосию аслии ҳаёт гардида. Ва дар ин ҷода то ба дарёфти унвони Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор шудааст. Чанд даҳсола аст, ки номаш дар баробари суханварони пешбар ва варзидаи тоҷик мақом дораду китобҳояшро дар Эрону Афғонистон ва доираҳои гуногуни форсизабонони олам мутолиа менамоянд.
Муқаддимаи ин навишта ба он хотир аст, ки иртиботи шеъри устод Аскар Ҳаким бо решаҳои амиқи адабиёти миллӣ пеши назар ояд.
Ба андешаи мо, яке аз ҷиҳатҳои муҳимми шеъри Аскар Ҳаким, яъне дар баробари шинохти сухан мавзӯъ ва истифодаи санъатҳо, ин рӯҳияи инсонпарварона ва ҳақиқатхоҳии он аст: қаҳрамони лирикиаш барои ҳақиқате, ки худ бар он комилан бовар дорад, талошҳо меварзад, бо ҷуръати том барои эҳёи асолати миллат, фарҳанг ва забону анъанаҳояш, барои ишқ ва меҳри бекаронаи одамӣ кӯшидааст ва ба иқдоми хеш бо неруи тоза идома медиҳад. Ашъори ба мавзӯи забони тоҷикӣ бахшидаи Аскар Ҳаким дар миёни суханшиносон баҳои сазовор гирифтааст.
Шоир аз нахустин қадамҳояш ҷанбаҳои дигаргунаи фалсафаи зиндагӣ ва инсон, ишқу одамият ва пайванди замонҳоро ба шеър оварда ва достонҳояш, хоса «Санги ман - алмос», ки тафаккури инсони созанда ва ҷӯяндаро дар рангубори бадеӣ ифода менамояд, пора-пора рӯзгор ва қисмати инсону халқро таҷассум менамоянд.
Ҳини базми шеъри Аскар Ҳаким, ки дар толори Хонаи адибони ба номи устод Мирзо Турсунзода 8 октябри соли равон баргузор шуд ва он ҳамқаламону ихлосмандони каломи ин шоири машҳурро бори дигар гирд овард, парвозҳои баланди эҷодиаш боиси фараҳмандии ҳозирин гардид.
Соате хаёлҳо дар фазои шеъри вусъатнок ва фарогири вақту замонҳо бол бикшоданд, дигарбора эҳсос намудем, ки сухан идома дорад, идомае рӯшан ва саҳеҳ…