Ҳафиз Раҳмон,

устоди ДМТ, адабиётшинос

 

Устод Аскар Ҳаким шоири номвар ва шеъраш дар ҳар маҳфиле бологузар аст. Шояд сабаби барори шеъри ӯ он бошад, ки шоири олим аст ва олими шоир. Саводи адабӣ ва ё донишмандии суханро бузургони пешин дар соҳаи шоирӣ чизи лозим ва ҳатмӣ эътироф кардаанд. Масалан, Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар ин маврид мегӯяд: «Маънии шоир олим бувад, яъне доно, ки маъонии дақиқиро идрок кунад ва маънии дақиқ он ки фикрати ӯ дар зери пардаи замири хаёл бозиҳои латиф намояд...»[1]

Ҳампешаи бузурги ӯ Расул Ҳамзатов навию тозагии шеъри Аскар Ҳакимро чунин шарҳ додааст: «Аскар Ҳаким шеърро ҳамсони ниёиш меофарад. Азбаски ҳар гуна ниёиш кори муқаддасест, ки рӯҳро мусаффову баландпарвоз мекунад, шеър ҳам ба ақидаи ӯ, ба тозагӣ ва фарозрафтанҳои рӯҳ бояд мададгор бошад. Бисёре аз навиштаҳои Аскар Ҳаким маҳз барои амалӣ гаштани ҳамин гуна талаботи олӣ хидмат мекунанд…» [2]

 Дар тасвири шоир ҳар чизе аз олами муқаррарии ашё гӯиё зинда тасаввур мешавад, кӯҳ, об, мавҷ, гул, бод, шабнам, ҳама чиз… Ӯ тавре мебинад, ки дигарон гӯё дар тамошояшон душворӣ мекашанд. Ҳикмати Антон Чехов ҳамин маъниро ёдрас мекунад: «Адиби ҳақиқӣ  пайғамбарони қадимро мемонад: вай аз одамони муқаррарӣ жарфтар мебинаду дарк мекунад» [3]

Муҳаққиқи эронӣ Қазва бурди эҷодии Аскар Ҳакимро дар ғазал дидааст, ба эътибори он ки аз истеҳкоми лафзию маъноии хубе бархӯрдоранд. Аммо ба андешаи мо, Аскар Ҳаким дар шеъри нимоӣ ё шеъри нав муваффақтар аст, чунки майдоне фарохтар ва чаҳорчӯбае мувофиқтар барои ифодаи мазмунҳои фарогир дармеёбад. Дар ин навъи шеър гоҳо муфассалтар аз дигар ҳампешагон маънипардозӣ мекунад ва гоҳо чунон мухтасар, ки онро метавон хеле густарда баён кард, масалан, дар шеъри «Арӯсии хуршед», ки диалектикаи умри одамӣ ва зиндагиро дар мисоли як лаҳзае аз манзараи ғуруби хуршед ба тасвири хеле муассир кашидааст:

 

Бегаҳ.

Шукуфта сад чамани лола дар уфуқ.

Хуршедро ба дил набувад хоҳиши сафар.

Гар шоҳи осмон наравад дар канори шом,

Оё шавад арӯси шаб обистани саҳар? [4]

 

Шоир аз як лаҳзаи муқаррарии ҳаёти биологӣ – рафтани хуршед ва фаро расидани шаб қонуни фалсафии сабабу натиҷаро ба мазраи тафаккур меорад: дар олами ашё ҳар натиҷаро ибтидо сабабест. Аммо дар зеҳни шоир ин як қоидаи одии ҳастӣ тавассути нақши парвардаи хаёл манзараи зебоеро ба намоиш мегузорад: аз издивоҷи хуршеду арӯси шаб рӯзи нав тавлид мегардад. Ин ҷо яксон тасаввур кардани инсон ва табиат, ҷузъи таркибии табиат будани одамӣ эҳсос  мешавад. 

Шеъри «Ҳамоғӯш» низ аз зумраи силсилаашъори хурди шоир аст ва ҳикматаш ҳамин аст, ки дар олами ашё неку бад ва ҳусну қубҳ ҳамрадифанд ва бе дарки яке наметавон ба қадри дигаре расид. Кулли олам аз тақобулҳое, аз қабили неку бад, донишу ҷаҳолат, таассубу фарзонагӣ ва ғайраву ҳоказо иборат аст. Фаразан, бадӣ агар набошад, чӣ гуна метавон ба қадри некӣ расид? Ҳамин талхии фироқ аст, ки лаззати висол арзише пайдо мекунад:

 

Гул ҳамоғӯш ба хоре рустаст,

Аҳд гӯё, ки ба ёре бастаст.

Гарчи хораш тани гул озорад,

Ҳар нафас ранҷи наваш бозорад.

Лек бар решаи он теша занӣ,

Ҳосил он аст, ки гулро биканӣ... [5]

 

Ногузир будани рақобати гулу хор, мисли ҳабибу рақиб ва ё висолу фироқ ва ҳусну зишт ва шебу фарози зиндагонии одамӣ як маънии маъмулест, ки дар шеъри классикии мо собиқаи вофире дорад, масалан, дар ин байт:

 

Ҳар ҷо, ки ҳабибест, ба паҳлуш рақибест,

Дар тарфи чаман як гули бехор набошад...

 

Идеали эстетикии шоир одамият аст ва ҷусторҳо дар роҳи дарёфти он шоирро ба пурсишу посухҳои беохир мебарад. Шеъри «Пурсиш» аз ҳамин навъ шеъри масалмонанди хурдҳаҷм аст, ҳамагӣ ҳашт мисраъ:

 

Пурсише ҳаст маро,

ки чаро:

             Гов агар хуб бувад ё набувад,

Гов хонанд варо.

Ва ҳамин сон ба масал,

Гӯсфанду бузу хар,

Гӯсфанду бузу хар бошаду

                                      на чизи дигар.

Ва чаро Одам ҳайвон бувад,

                                      ар зишт аст,

Ва агар нек, фаришта-ст?! [6]

 

Одами баду зиштро ба ҳайвон нисбат медиҳанд в-агар нек бошад, мегӯянд фаришта аст. Ин тасаввур ҷанбаи асотирию фолклории маънавӣ дорад, бад-он маънӣ, ки агар инсон раҳи саодатро интихоб кунад, мисли фаришта накусиришт мешавад, агар хислатҳои фаҳшу аъмоли зишт дар вуҷуди ӯ пирӯзӣ ёбанд, аз ҳаявон камӣ нахоҳад дошт. Чун инсон тибқи ривоёти маълум, нимаҳайвону нимафаришта аст. Ин ба ихтиёри одам аст, ки кадом нимаеро фузунӣ мебахшад, кадом паллаи тарозу - бадӣ ва ё некиро пурбортар мегардонад. Аммо ҳадафи шоир, бегумон шарҳи ин маънои маъмул нест, балки тасдиқи он ҳақиқат аст, ки одам бояд одамият дошта бошад, зеро миёнаҷойи тиллоие миёни ҳаявону фариштагон барои инсон муқаррар аст - инсонвор зистан ва одамият доштан.

Умуман дар шеъри хурд Аскар Ҳаким дасти қавитаре дорад ва имкону тавони маъниофариниаш бештар зуҳур мекунад. Ӯ дар пораҳои хурди шеър имкони ҷо кардани лиризми боҳароратеро дорад, масалан, дар ин панҷ мисраъ:

 

Гарчи дар кишвари мо

Ҳамчу дар Қутби шимол,

Нест шабҳои сафед.

Шаби ман бо ту сафед,

Рӯзи ман бе ту сиёҳ.

 

Дар жанри суннатии рубоӣ низ Аскар Ҳаким тозагӯиҳо дорад, масалан, дар рубоии зер ҳасрати одамӣ аз сер нашудан аз наамоти дунёи фонӣ хеле содаву самимӣ ифода шудааст:

 

Қадде, ки камон гашт, зи нав тир нашуд,

Шуд навъи башар пир, ҳавас пир нашуд.

З-он ризқи худодода, ки хӯрдем ба даҳр,

Дандон ҳама рехт, чашмамон сер нашуд...[7]

 

Аксар рубоиҳое, ки дар маҷмӯаи “Санги ман − алмос”-и шоир гирд омадаанд, аз розу ниёзи одамӣ ва неку бади зиндагӣ чун хулосаи шоири донишманд садо медиҳанд. Инсони дасту дилаш пок ва озодаву вораста, агарчи шабзиндадор бошад ҳам, хотири осуда дорад, чун пасту баландашро ҳамвор кардааст:

 

Дар поси шаб ар нахуфтае бисёр аст,

Бедор ҳамонест, ки дилбедор аст.

Гар пасту баланди хеш ҳамвор кунӣ

Дунё ҳама пас барои ту ҳамвор аст... [8]

 

Одати шоирони тавоност, ки дар пасманзари инъикоси хӯю хислат ва рафтору кирдори баъзе аз ҳаявону намунаҳое аз олами наботот тинату ниҳоди одамиро ба ҳадаф  мегиранд. Дар тасаввуру пиндорҳои асотирӣ, масалан, саг ҷонвари ниҳоят содиқу вафодор барои соҳибаш арзи ҳол мекунад, ба андозае, ки саги хонаро аз бонуи бевафо бартар медонанд. Дар насри бадеӣ дар ин мавзӯъ намунаҳое дилписанд аз осори Кафка (“Таҳқиқи як саг”), адиби номвари тоҷик Ф. Муҳаммадиев (“Ҷага”) ва ғайра дорем. Дар шеъри пешини мо низ ин мавзӯъ фаровон корхӯрда шуда ва аксаран бо ҳушдори сабақ гирифтан аз меҳру вафои саг пешниҳод шудааст.

Аскар Ҳаким низ дар ин мавзӯи гӯиё ба ҳама маъмулу маълум шеъре дорад бо номи “Имони саг”, ки унвони шеър дар як вақт ғояи шеърро ба тамому камол ифода мекунад. Дар шеър бархӯрди имони бақуввати саг ва беимониву хиёнати марде, ки бино ба пириву нотавонии саг онро маҳкуми марг мегардонад, тавир шудааст.

Агар ҷавҳари шеър андеша бошад, пас ин шеър андешае дорад, ки қобилияти такон додани мағзҳои хуфтаву карахтро дорад: зоҳиран, аз зумраи ҳайвонот, фаразан, гову аспу бузу гӯсфандро, ки нотавону пир ва ё касал шуданд, ба куштан медиҳанд, ки як амри табиист. Аммо нисбат ба саг ин навъ рафтор комилан мухолифи маънавияти одамист. Ба садоқат бо садоқат ва ба вафодорӣ бо вафодорӣ посух медиҳанд, ки айни эътидоли ахлоқ аст.

Дар шеъри мазкур акси ҳамин эътидоли ахлоқӣ мунъакис шудааст: сайёд саги пирашро, ки дигар барои шикор корношоям аст, бо дасти хеш мепаронад ва саг дар ҳоли хунчакон бовар намекунад, ки ин амали ваҳшиёнаи соҳибаш аст ва бо он андеша ҷон месупорад, ки тири соҳибаш шояд хато хӯрд ва аз қазо ба ӯ расид...

Ба қавли Иқбол “шеърро мақсуд агар одамгарӣ” бошад, пас ин яке аз беҳтарин ва муассиртарин шеърҳоест, ки касони ноодамро ба кӯи одамгарӣ ҳидоят мекунад. Шеъре, ки агар қолаби адабиашро сарфи назар мекарда бошем, трожедии якпардагиро мемонад, фоҷеаи фатароти фитрати одамӣ:

 

Дошт сайёде саги тозии пир,

Нотавону хастаҷону гӯшагир.

Як сабад ҷойе гирифта хоб буд,

Қудрати сайдаш набуд, нотоб буд.

Кард шукри соҳибашро, ҳар чӣ дод,

Аз насиби худ ба юндӣ буд шод.

Соҳибаш гуфто, ки нодаркор ӯст,

Чун надорад хидмате, сарбор ӯст.

Кард фарёду бибурдаш сӯйи дашт,

Саг аз ин рафтори соҳиб шод гашт.

То тавонад охирин хидмат барад,

Назди соҳиб нони беминнат хӯрад.

Гӯшҳояш сих сӯи бонги тир,

Рост шуд омодаи дав - сайдгир,

То ки орад зуд сайди соҳибаш,

То ки бошад боз соҳиб толибаш.

Шуд баланд овози тиру он ҷаҳид,

Гуфт: « - Оваҳ, сайди сайёдам раҳид.

Тири соҳиб хӯрд дар ман аз хато,

Ӯ маро аз пой афканд аз қазо…»

Хунчакон омад ба пеши пойи ӯ,

То ба пойи ӯ бимолад чашму рӯ.

Дар ҳамин имони худ ҷон дод саг,

Соҳибаш бар марги ӯ овард шак.

Бори дигар тир зад бар синааш,

Тир зад бар дӯсти деринааш.

Монд дашту монд имону шаке,

Монд тиру монд инсону саге... [9]

 

Аскар Ҳаким шеъре дорад бо унвони “Арзадошт”, ки аз нигоҳи мазмун ва оҳанги баён онро манифест ё барномаи шоирии мавсуф метавон эътироф кард. Шоир дар ҳар маҳфиле намеғунҷад, чун иқрор аст, ки “саҳнаи эҷоди шоир саҳнаи дунёст”. Ва поинтар мехонем:

 

Эътиқоди ман бувад танҳо ҳунар,

К-он диҳад бар осмонҳои баландат болу пар... [10]

 

Маҷмӯаҳои шоир ва билхоса ҳафтҷилдаи ӯ бо номи “Маҷмӯаи осор” гувоҳи он аст, ки эътиқоди Аскар Ҳаким ба ҳунари шеър воқеан самимиву воқеист. Ва ҳамин эътиқоди дар амал татбиқшудаву санҷида шеъри ӯро мондагор кардааст, ки ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа надорад.

 

[1] Шарифов Х. Шоир ва шеър /Маљмўаи маќолањо. – Душанбе: Адиб, 1998. – 218 с. – С. 104.

[2] Аскар Њаким. Санги ман – алмос. / Маљмўаи ашъор. – Душанбе: Адиб, 2006. – 332 с. – С. 105.

[3] В мире мудрых мыслей. / Сост.: С.Х. Карин. – М.: Знание, 1962. – 363 с. – С. 67.

 

[4] Аскар Њаким. Санги ман – алмос. / Маљмўаи ашъор. – Душанбе: Адиб, 2006. – 332 с. – С. 136.

[5] Аскар Њаким. Њамон маљмўа, с.105.

[6] Аскар Њаким. Маљмўаи зикршуда, с. 91.

[7] Аскар Њаким. Њамон маљмўа, с. 223.

[8] Њамон љо, с. 207.

[9] Маљмўаи зикршуда, с. 68-69.

[10] Њамон љо, с.14.