Эй кош, агар шеърам дарёи сухан бошад,

Чун моҳии дарёям дар шеър ватан бошад.

Лаб мезанад ин дарё гар силсиламӯйи ман

Бо силсилаҷунбонӣ лаб бар лаби ман бошад.

Мавҷу шикани зулфаш дилро шиканад ҳар дам,

Он зулфшикан ёрам сахт аҳдшикан бошад.

Дарё биравад бехуд, дил ҳам биравад лобуд,

То бехудие бо ту қасди дил ман бошад.

Дар пойи ту афтам ман, то дарнафитам аз по,

К-ин латмаи соҳилҳо бас мардфикан бошад.

Ёғуи сафедандом бо мавҷ кунад бозӣ,

Ин мавҷсавориҳо кай бахши заған бошад.

Аз ғуссаи деринат сад шеъри наве гӯям,

Дармон бишавад оё дарде, ки куҳан бошад?!