Ниҳоли умри ту хоҳам, ки дар амал бошад,

Камоли бахти ту хоҳам, ки бебадал бошад.

Шавад насиби касе гар бағал гирифтани ту,

Тамоми давлати дунёш дар бағал бошад.

Ҷамеи кори ҷаҳон соату маҳал дорад,

Ягона ишқи ту ҳар лаҳза дармаҳал бошад.

Ба рӯзҳои зимистон баҳори рӯйи туро

Шукуфта бинаму гӯям, магар ҳамал бошад.

Ба умри тозаарӯсон маҳе маҳи асал аст,

Худо кунад, ҳама умрат маҳи асал бошад.

Ба ҷуз санои муҳаббат сухан нахоҳам ҳеҷ,

Ки ҷумла ҳарфи дигар қиссаву масал бошад.

Зи рози дилшудагон ҷуз ғазал чӣ хоҳам гуфт,

Ки шеъри нобтарини ҷаҳон ғазал бошад.