Бо туям танҳо ба танҳо маҳфил аст,

Бе туям бо ҳар ду дунё мушкил аст.

Гар ту хандонӣ ба рӯёрӯйи ман,

Зиндагонӣ хандарӯю муқбил аст.

Ишқ моро вобарад то осмон,

Войи оне, к-ӯ зи гардун нозил аст.

Дил тавонад бурд ноогаҳдиле,

Дил диҳад лек он, ки огоҳи дил аст.

Ҳоли моро бевуқуф осон магир,

Худ вуқуфи ту аз ин ҷо мушкил аст.

Дар заминат нест гар тухми азал,

Обдорӣ кӯшиши беҳосил аст.