Нақши ишқат менишинад дар дилу авзои ман,

Бӯйи ту меояд аз ҳар зарраву аъзои ман.

То шабе аз хештан лабрези ишқам мекунӣ,

Мерасад савдои ишқи ту ба ду дунёи ман.

Ҳамчу дарё мекушоӣ ту маро тангии дил,

Метапад дар тангно бе ту дили дарёи ман.

Бе ту шомам кӯрмаҳтобу шабам беахтар аст,

Хӯшаи Парвинию маҳтоб дар шабҳои ман.

Ёди лабҳоят зи ёдам мебарад ёди сухан,

Бо лабони худ сухан омӯз бар лабҳои ман.

Дар миёни ошиқонат гар якам аз сад ҳазор,

Дар миёни сад ҳазорӣ гавҳари яктои ман.

Ман ба дунё ҳамқаринам, гар қарини ман туӣ,

Беҳтарин пайдои ман, яктои ман, зебои ман…