Бенуру хира метофт шабҳо ситораи ман,

То чун ситора кардӣ боре назораи ман.

Аз шуълаи нигоҳат барқе ба ҷони ман зад,

Сад Каҳкашон шукуфо  шуд ҳар канораи ман.

Чашмат чӣ муъҷизе дошт, ин хок осмон шуд,

Сӯйи ту рафт боло дил – моҳвораи ман.

Роҳе дигар набурдам ҷуз роҳи ишқ з-он шаб,

Бечорагии ин раҳ буд чизу чораи ман.

Умри дубораам дод ишқат, вале аҷаб буд,

Якбора шуд фидоят умри дубораи ман.

Ҳаргиз касе надонист, аз кай камол меёфт,

Тифли муҳаббати ту – ин ширхораи ман.

Гӯянд, чун маро баст бар гоҳвора момо,

Бӯйи муҳаббат омад аз гоҳвораи ман.