Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Тоҷибой Келдиёров
номзади илмҳои филологӣ
Шеър – чун махсусият
Устод Аскар Ҳаким яке аз рӯшантарин чеҳраҳои адабиёти муосир ба ҳисоб меравад. Ӯ шоирест, ки фалсафаи зиндагиро дар рамзҳои шигарфу зебо, ҳарфҳои воло дар хидмати шеър овардааст. Дарди меҳану миллат, ишқу ормон ва ирфон дар андешаи ӯ зиндагии шоирона дорад. Шоирест, ки «ман»-аш бо шеъраш пайванди ногустанӣ дорад. Аскар Ҳаким ҳамонест, ки дар оинаи шеър дилашро чун офтоб овардааст. Ва ин оина абадӣ дили офтобияшро бо ҷило ва нур ба хидмати халқ равон хоҳад кард. Ҷои тардид нест, ки Аскар Ҳаким дар адабиёти муқаддаси мо мақоми муҷаллои хешро дарёфт кардааст. Аскар Ҳаким ҷуз шеър гуфтан, мунаққиди тавоною варзида аст. Аз ин рӯ шеъри санҷида ва мондагор дар абадияти адабиёт мегӯяд. Ӯ сухангӯест, ки офтобу гулу гиёҳро, баҳори рӯҳро рӯи дафтари хеш овард ва онро ба хидмати замонҳо вогузошт. Шинохти ин офтобу гулу гиёҳ нигоҳу завқи солим мехоҳад.
Дӯст доштани обу хоки диёр, эҳтирому азиз ҳисобидани ҳар гулу хори кишвар ва шукргузорӣ ба Ватани маҳбуб аз муҳиммтарин ҷанбаҳои шеъри устод Аскар Ҳаким мебошад. Шоир дар шеърҳои ба Ватан ва муқаддасоти он бахшидаи худ вуҷуди худро узви Ватан ҳисоб мекунад;
Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст,
Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм.
Ман қадам чун мениҳам, дар зери поям хоки туст,
Гарди хокатро табаррук мениҳам болои чашм.
Гар касе як гарди ту дар баҳру бар гум мекунад,
Ӯ на танҳо гарди хокат, балки сар гум мекунад.
Қаҳрамони лирикии шеърҳои ватандӯстонаи устод Аскар инсонест, ки гилашро аз обу хоки Ватан сириштаанд:
Хоки одамро, ки шӯриданд бо хоки Ватан,
То абад аз ӯ намегардад ҷудо хоки Ватан.
Пур шавад рӯзаш, кашад сӯяш варо хоки Ватан,
Баски ҳаст ӯ з-обу хоку оташу боди Ватан.
Аз ин рӯ, ғаму шодии Ватан ғаму шодии шоир буда, дар ободии дунё саодати худро дармеёбад ва хидмати Ватанро қарзи фарзандии хеш медонад.
Қироати чунин шеърҳо барои бедор намудани ҳисси ифтихору садоқати ҳар фард ба кишвар ҷои тардид надорад, зеро шоир бо қалами равон ва нерӯи сухани сеҳрофарини хеш қалби моро ба шӯр меоварад, вуҷудамонро саршор аз муҳаббати Ватан мегардонад. Дар шеърҳои устод Аскар тасвири ватандӯстӣ бисёрпаҳлу буда, шоир гоҳо барои ифодаи мафҳуми «Ватан» мафоҳими дигарро низ ба таври маҷоз ба кор даровардааст. Чунончи, дар шеъри «Дарё, маро бигир...» вожаи зебои «дарё» барои ифодаи мафҳуми «Ватан» омадааст:
Дарё шитоб дораду амвоҷ дар бараш
Ҳамрозу ҳамдам аст.
3-ин умри даргузар ба ман оне, ки мерасад,
Танҳо даму ғам аст.
Дарёи дардам аз бари сарҷӯи осмон.
Оғоз мешавад.
Чун мерасам ба саргаҳи ғамҳои худ, маро
Дамсоз мешавад.
Ҳоло агарчи хонаи дарё зи ман ҷудост,
Дарёям ибтидост,
Дарёям интиҳост.
Дар ин маврид мардум ба манзалаи «амвоҷ» тасвир ёфта, ки аз табори дарёст. Таносуби маонии ин мафоҳимро шоир бар он поя устувор кардааст, ки «дарё» дар гӯиши адаби форсӣ тимсоли покиву софӣ будааст ва он аз нигоҳи ниёгони мо муқаддас ҳисобида мешавад.
Дарё моро бибахш,
Дарё моро бибахш, агар модарам туӣ,
В-арна, бигӯй, модари ман аз табори кист?
Ман мавҷи рондаам, ки зи ту дур мондаам,
Дарё, маро бигир,
Дарё, маро бибар,
Ин шоири ғариб писарандари ту нест.
Масоили ваҳдату худшиносӣ низ ҷабҳаи ашъори ватандӯстонаи устод Аскар Ҳакимро ташкил медиҳад. Чунончи, дар шеъри «Чӣ кунам?!» шоир таърихи пурфоҷиаи халқи тоҷикро дардолудона ёдоварӣ намуда мегӯяд:
Мекашиданд якеро чу ба дор,
Дигаре чӯбу расан овардем.
Амр шуд: Гӯр канед
Ва дар он гӯр бимиред ҳама!
Гӯр кандему ҳамоно мурдем.
Ба сари мурдаи мо ҳеҷ касе гиря накард,
Баски ҳар кас ба сари мурдаи худ мегиряд...
Дар ин як пора шеъри кӯчак сӯзу сози гарони шоиронае нуҳуфтааст, ки ношӣ аз таҳаммули бори ғами миллат аст, гуфтори андакест, ки бори гарони маонӣ мекашад. Эҳсосоти хонандаро ба таҳрик меоварад, мунтаҳо хонандаро сари дуроҳаи андешаҳо қарор медиҳад:
Чӣ кунам?
Боз ба домони сиришк овезам,
Ё дигар наъразанон бархезам?!
Ва мисраи сонӣ, ки роҳи интихобнамудаи хонанда ҳам ҳаст, мақсади шоирро низ ифода намудааст. Он хонандаро на ба тахрибкориву ҷудоандозӣ, балки ба ягонагиву хештаншиносӣ, ҳамияту ҷавонмардӣ ва ифтихору дигар хисолати писандидаи инсонӣ даъват менамояд. Ин мароми шоир ва қаҳрамони лирикӣ аз «наъразанон бархестан» дар рубоии зер равшан ифода ёфтааст.
Хуш ҳоли диле, ки сӯи дил дар сафар аст,
Дил ҷуставу дар мулки Худо дар ба дар аст.
Девор задан миёни дилҳо чӣ ҳунар,
Девор шикаста, дар кушодан ҳунар аст.
Шеъри Аскар Ҳаким бо тасвири малеҳу зебо ва дилнишини худ махсусиятеро касб кардааст. Нигоҳи шоир ба ашёву ҳодисоти олам некбинона аст. Дар ашъори ошиқонаи шоир самимияти саршори шоирона ва тасвирҳои шигарф, ки танҳо махсуси эҷодиёти устод Аскар Ҳаким мебошад, ба назар мерасанд. Дар чунин шеърҳо дар баробари фаро гирифтани мазомини нозуки шоирона самимият мақоми аввалро ишғол намудааст. Чунончи, дар шеъри «Шаҳри меҳолуд» мехонем.
Ба шаҳрак мефурояд меҳ...
Ту гӯӣ бар сари бому дару кӯча
Дар ин дам садҳазорон даст дӯшад гови гардунро,
Ки дар як он
Шавад шаҳрак ба сони хурмаи шире,
Ки нашносӣ дигар аз ҳам ту дашту кӯҳу ҳомунро.
Дар баробари ташбеҳоти дилангез ва таносуби қавии калом дар шеъри мазкур фиқраи ба такрор омада, ифодагари самимияти шеър ва ҳусни баёни равон шудааст. Мукаррар омадани таркиби мазкур дар ҳар банди шеър ҳомили маънии навест; дар як маврид ҳамчун хабар, дар мавриди дигар чун таъкид омада, ба ҳукми силсилаест, ки аҷзои шеърро ба ҳам мепайвандад.
Бояд гуфт, ки ин ҷанбаи ашъори устод А.Ҳаким ва бахусус, тасвирсозиву маъниофариниҳои ӯ дар ашъори ошиқона хостори баррасиҳои муфассал аст.
Устод Аскар шоирест, ки ба замон ва офаридаҳои табиат нигоҳи некбинона дорад. Қаҳрамони лирикии ашъори ошиқонаи шоир инсони ошиқест, аз қисмат ризо, ки дар осмони гулобиранг ва даштҳои сабзи махмалпӯши орзуҳо шукргузори ғами ширини ишқ аст. Шоир мегӯяд:
Ончунонам бисиришт Эзиди ин ҷону ҷаҳон,
Ки ба ҳар зарраи ман оламе аз ишқи ту аст,
Ғайри ширинии дарди ту чӣ орам ба забон,
Ки шаби бозпасин
Ман ба шукри ғами ишқи ту забон хоҳам баст.
Фалсафаи зиндагӣ, минҷумла, ҳаёту мамот дар ашъори устод Аскар ҷилваи дигаре дорад. Шоир ба ҳар офаридаи зебо бо диди шоирона ва ба ҳар зуҳуроти номатлуби ҷомеа бо чашми таассуф менигарад, зеро дардҳои ҷомеа нахуст аз дили шоир мегузаранд. Чунончи, дар шеъри «Чӣ эҳсоне», ки ба масъалаи фалсафаи ҳастии инсон бахшида шудааст, шоир ба «чашми кӯдакони гушна» ва «ҷисми ларзони кӯдакони лухт дар таги борон» нигариста, ба фарёд меояд, эҳсони табиат дар сурати барфи сафед, ки тамоми роҳу пайраҳаҳо ва бому кулбаҳои кӯҳистонро сафедпӯш менамояд, аз нигоҳи шоир сиёҳист, ки оламро ба торикӣ мекашад. Шоир рисолати хешро дар сабук намудани бори дилҳо, заҳмати боғбони пир, умеду ормони пирони навмеде, ки аз ёди фарзандони нохалаф рафтаанду ҷуз умеди мурдани осон чизе надоранд, мебинаду ба тасвир мекашад, зеро ин заҳмату машаққатҳои башарӣ дар оинаи дили шоир рӯнамо гаштаанд. Шоир дар таҳайюр аст ва дард мекашад, аз сарнавишти инсон:
Ки дар подоши он ранҷу машаққатҳо,
ки аз дунё кашад инсон
Нахоҳад ҳеҷ чизе аз ҷаҳон ҷуз марги осоне.
Биноан, мисраъҳои охири шеъри мазкур, ки ба тариқи суолу хитоб омадааст, ҳайрати инсонро дар баробари дунёи пурасрор ифода намудааст:
Чӣ инсоне?!
Чӣ эҳсоне?!
Ва ин калимот маъонии зиёдеро дар худ фаро гирифта; ҳам нидои таҳайюр аст дар баробари сабру таҳаммули инсон, ҳам ифтихор аст, дар баробари рисолати ӯ ва билохира заҳрхандест ба сифлатабъиву дунии чархи гардун, ки дар баробари ранҷу машаққати инсон ба ӯ ақаллан марги осоне эҳсон намекунад. Зимни мафҳуми инсон дунёи пурасрори башар дар назар аст, ки «олами сағир»-аш хондаанд ва аз мафҳуми «эҳсон» ин ҷо мурод олами кабир аст, ки «ҳарфи муаммоест».
Бояд афзуд, ки дар шеъри мазкур мавзӯи ишқу муҳаббат бо фалсафаи зиндагӣ ва ҷавҳари одамият омезиш ёфта, ки он ифодагари тазодҳои ҳаёт мебошад. Дар ибтидо шоир мехоҳад сухан аз зебоӣ, парниёну дуру марҷон гӯяд ва фасонаи ширини ишқ хонад вале қисмати инсон – олами сағир ӯро таи таъсири хеш қарор медиҳад ва ба табйини матолиби ормонӣ раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки устод Аскар дар шеъри «Чӣ эҳсоне?!» фалсафаи ишқро бо фалсафаи ҳастӣ ба канори ҳам овардааст ва дар ин ҷода куллан муваффақ шудааст.
Баррасии ҳамаи сувари хаёл дар шеъри устод Аскар Ҳаким дар ҳавсалаи як мақолаи кӯчак имкон надорад, бавижа, корбурди саноеи бадеӣ ва тасвирсозиҳои ӯ дар қолабҳои шеъри нимоӣ таҳқиқоти муфассалеро ниёзманд аст валлоҳу аълам биссавоб.