Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Абдушукури Абдусаттор,
доктори илмҳои филологӣ
НАЗАРИ ТОЗА БА ШЕЪРИ ҒИНОИИ ТОҶИКӢ
(Мулоҳизаҳо перомуни монографияи шоир ва адабиётшиноси тавоно Аскар Ҳаким таҳти унвони “Анвои шеъри ғиноӣ (нимаи дувуми садаи бист”).
Таҳқиқи ҷинсҳо, навъҳо ва қолабҳои шеъри ғиноии тоҷикӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мураккаб ва нисбатан кам омӯхташудаи адабиётшиносии муосир маҳсуб мегардад, зеро то имрӯз ағлаби мушкилоти марбут ба таъсири байниҳамдигарӣ ва робитаҳои миёни навъҳо ва қолабҳои шеъри ғиноӣ, қонуниятҳои ташаккули хусусиятҳои навъии онҳо ҳанӯз ҳалнашуда боқӣ мондаанд. Дар адабиётшиносии муосири тоҷик таҳқиқот доир ба вазъи жанрӣ-мавзӯии назми ғиноӣ ва дар бештари мавридҳо дар мисоли эҷодиёти шоирони алоҳидаи тоҷик анҷом дода шудааст, вале то имрӯз асаре, ки масъалаҳои назарӣ ва амалии хусусиятҳои навъии шеъри ғиноии тоҷикро дар шакли ҷомеъ ва монографияи илмӣ фаро гирифта бошад, мушоҳида нашудааст.
Аз ин хотир, китоби тозанашри шоир ва адабиётшиноси тавонои тоҷик Аскар Ҳаким “Анвои шеъри ғиноӣ (нимаи дувуми садаи бист)”, ки дар он тақсимбандии анвои шеъри тоҷикӣ аз дидгоҳи тоза мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, падидаи муҳим дар адабиётшиносии замони Истиқлоли Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Ҳарчанд ки мавзӯи асосии баҳси муаллифи китоб таҳқиқи вазъи анвои шеъри ғиноии тоҷикӣ дар фосилаи замонии муайян, яъне дар нимаи дувуми қарни бистум аст, вале дар он шеъри ғиноии замони Истиқлол низ аз назари муҳаққиқ дур намондааст. Зеро дар китоб анвои шеъри ғиноӣ дар мисоли эҷодиёти Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Фарзона ва дигар чеҳраҳои мондагори адабиёти муосири тоҷик таҳлилу баррасӣ гардидааст. Чунонки маълум аст, аксари шоирони мазкур, аз Муъмин Қаноат то Лоиқ Шераливу Бозор Собир дар тӯли се даҳсолаи замони истиқлол низ дар қайди ҳаёт ва авҷи эҷодиёт будаанд ва Фарзонаи Хуҷандӣ ҳоло дар камоли умру эҷод аст. Аз ин ҷост, ки анвои ашъори ғиноии дар замони истиқлол эҷод кардаи ин шоирон низ дар мадди назари таҳқиқи Аскар Ҳаким қарор гирифтаанд.
Аҳаммият ва арзиши илмии китоби “Анвои шеъри ғиноӣ” дар он зоҳир мегардад, ки бидуни ҳалли масъалаҳои марбут ба хусусиятҳои навъии шеъри ғиноии тоҷикӣ муайян кардани моҳияти ҷустуҷӯҳои навоварона дар марҳалаҳои имрӯзу ояндаи таҳаввули назми ғиноӣ имконнопазир мебошад. Ҳамчунин, аҳаммияти чунин таҳқиқ дар ҳамин зоҳир мешавад, ки шеъри ғиноӣ чун ҷинси муҳимми адабӣ дар ҷараёни таҳаввули худ барои тасвири бадеии мазмун имкониятҳои нав ба навро касб мекунад ва дар таҷрибаи бадеии худ, сифатҳои заруриеро, ки қонуниятҳои ташаккули хусусиятҳои навъии онро муайян месозанд, соҳиб мегардад.
Китоби “Анвои шеъри ғиноӣ” дар асоси таҳлилу ҷамъбаст ва баррасии теъдоди хеле зиёди асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва маводи фаровони адабӣ аз эҷодиёти шоирони муосири тоҷик навишта шудааст. Новобаста ба истифодаи теъдоди хеле зиёди маводи илмӣ-таҳқиқотӣ ва адабӣ ва вусъати доираи гузориши масъалаҳои назарӣ ва таърихӣ дар асари мавриди баҳси мо ягонагии дохилӣ ва ҷомеъияти сохтории фаслу бобҳои алоҳида таъмин гардидааст. Аз тарзи ба миён гузоштани масъалаҳои таҳқиқ ва усулҳои ҳаллу фасли онҳо хонанда дармеёбад, ки муаллифи китоб шахсияте дорои таҷрибаи тӯлонии адабиётшиносӣ ва шоире соҳиби истеъдоди хос мебошад.
Муаллифи китоб масъалаҳои асосии таҳқиқи худро дар панҷ боби марбут ба шинохти назариявӣ, таърихӣ-адабӣ ва ғоявӣ-эстетикии хусусиятҳои навъии шеъри ғиноии тоҷикӣ дар нимаи дуюми қарни бистум таҳлилу баррасӣ намудааст. Муҳаққиқи соҳибтаҷриба дар нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ Аскар Ҳаким ба масъалаҳои таҳқиқи худ аз мавқеи ягонаи илмӣ ба таҳлили назариявӣ, таърихӣ-адабӣ, ғоявӣ-эстетикӣ ва хронологиву контекстуалӣ муносибат намуда, бори нахуст дар адабиётшиносии муосир хусусиятҳои навъии шеъри ғиноии тоҷикиро на танҳо аз лиҳози назариявӣ, балки аз дидгоҳи таърихӣ-адабӣ ва бо истифода аз маводи зиёди адабии марбут бо шеъри ғиноии нимаи дуюми асри бистум ва ду даҳсолаи аввали қарни бисту якум мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор додааст.
Дар боби якуми китоб, ки “Шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ” унвонгузорӣ шудааст, воситаҳои гуногуни баёни эҳсосу андешаҳои субъективӣ дар шеъри ғиноӣ мавриди баҳси илмӣ қарор гирифтааст. Ба таъбири дигар, “шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ” ҳамон “лирикаи медитативӣ аст, ки дар китоби мавриди баҳси мо навъи якуми шеъри ғиноӣ дониста мешавад. Бино ба андешаи муаллифи китоб, намунаҳои шеъри ғиноии отифӣ дар адабиёти классикии мо ва бештар дар шакли ғазал зиёд мушоҳида мешавад. Вале дар худи шӯравӣ вобаста ба сиёсати ҳукмрони давр дар ин навъи шеър тағйироти ҷиддӣ падид омад. Мувофиқи тақозои сиёсати адабии замони шӯравӣ бояд дар адабиёт ва аз он ҷумла, дар шеър бояд инсони замон чун бунёдкори ҷомеаи нав тасвир мегардид, ки дар ниҳоди ӯ ғолибияти мафкуравӣ бар ҳама ақидаҳои дигар пешдастӣ дошт. Аз ин ҷо “шеър ҳам гӯё шеъри фаъолият мешавад, на андешаҳои отифии шахсиву эҳсосот. Вале азбаски он фаъолият ҳам на бо тааммуқ ва нишон додани мураккабиву мушкилот, балки рӯякӣ ва қолабӣ ифода мешуд, бештар шиороҳанг ба гӯш мерасид. Шахсияти шоир ҳам гӯё дар вуҷуди иҷтимоъ маҳлул шуда буд ва агар ҳам гоҳ-гоҳ рух менамуд, танҳо ба сурати шахсе, ки бунёдкори ҷомеаи нав асту саропо тавоноист ва агар ҷаҳони ботин дошта бошад, дар он фақат шодию сурур ҳаст ва агар нафрате ҳаст, фақат ба душманони сохти нав” (“Анвои шеъри ғиноӣ”, с. 39).
Дар асоси таҳлилу баррасии ашъори ғиноии отифии М. Турсунзода, А. Шукӯҳӣ, Ғ. Мирзо, М. Қаноат муаллифи китоб ба натиҷае мерасад, ки аз нимаи дуюми қарни бистум андешаву эҳсосот ва чеҳраи шахсияти ғиноӣ тадриҷан фардитар мегардад. Вале то солҳои шастуму ҳафтодум кайфияти “шодмонии фармуда” доштани шахсияти шеъри ғиноӣ, ки аз маҳдудаи мафкуравии замони Шӯравӣ бармеояд, дар ашъори аксари шоирони давр, аз М. Турсунзода то Лоиқ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, чун далели фикр аз ашъори шоирон М. Турсунзода, А. Шукӯҳӣ, Ғ. Мирзо, Қ. Киром, М. Қаноат оварда мешавад ва муҳаққиқ мунсифона ва беғаразона ёдовар мешавад, ки зикри шоҳидҳои шеърӣ аз осори шоирони мазкур ба нияти хурдагирӣ нест, зеро ин “оҳанг аз марому мақсади зиндагии онон бармеомад, ки ба тасвири ҳақиқати зиндагӣ камтар майл намуда, имрӯз ва фардоро аз рӯи ормони (идеали) худ, ки чи тавр бояд бошад, бештар ситоиш мекарданд” (“Анвои шеъри ғиноӣ”, с. 47-48).
Муаллифи китоби “Анвои шеъри ғиноӣ”, ҳамчунин, ба масъалаи таъйини усулҳои тасвири ҷаҳонбинии шахсияти ғиноӣ дар шеъри ғиноии отифӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид мекунад, ки ҷаҳонбинии шахсияти ғиноӣ вобаста ба тамоили эҷодии шоир бо ду тарз, яъне абстрактӣ (муҷаррад) ва предметӣ-ҳиссӣ ифода меёбад. Агар тарзи абстрактӣ дар тасвир бартарӣ пайдо кунад, дар он сурат дар шеър танҳо баъзе ҷузъиёти ҳаёти моддӣ-маишии шоир зуҳур менамояд ва агар тарзи ҳиссӣ-предметӣ тафаввуқ дошта бошад (чун дар ашъори А. Шукӯҳӣ) дар он ҳол инъикоси ҷузъиёти ҳаёти моддӣ мақоми бештар муҳим пайдо мекунад.
Боби дуюми китоби “Анвои шеъри ғиноӣ” ба таҳқиқи навъи дигари шеъри ғиноии тоҷикӣ-шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ бахшида шуда, муаллифи китоб тасдиқ мекунад, ки дар шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ шахсияти ғиноӣ муҳтавои олами ботинӣ ва андешаҳои ҳиссии худро инъикос намуда, ҳамзамон бо мақсади қиёси он бо тасвири ҳиссӣ бештар ба воқеият руҷӯъ менамояд. Ҳар чизи ба василаи диди образноки шоир даркшуда ва аз дарки ҳиссиву ҷаҳонбинии фардии ӯ гузашта шакл ва обу ранги нав пайдо менамояд ва аз ҳудуди мафҳуми сирф моддии худ берун омада, ба худ оҳанги наву образнок ва бадеӣ мегирад ва имкони барангехтани эҳсосоти ҳамфикрӣ ва ҳамдардиро пайдо мекунад. Чунин андешаҳои муаллифи китоб бо иқтибоси шоҳидҳои шеърҳо аз ашъори ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ аз эҷодиёти шуарои маъруфи муосири тоҷик тақвият дода мешавад. Аз ҷумла, зимни таҳлили ашъори ғиноии Лоиқ чун “Баҳорон буду як шомеву борон”, “Хонаҳои баланду шаҳроро”, “Сабзаи сӯхтаи манзараҳо”, “Баччагиям бекасу танҳо гузашт”, муаллифи китоб ёдовар мешавад, ки дар чунин шеърҳо аз ҷумла дар шеъри “Баччагиям бекасу танҳо гузашт”, “андешаҳои отифӣ ҳамроҳ бо тасвири собит ва ё сайёр ташреҳу тасвир, ташреҳу ҷондорангорӣ, муроҷиати шахс ба шайъ ва монанди инҳо фаровон истифода гаштаанд” (“Анвои шеъри ғиноӣ”, с. 179). Барои тақвияти фикр аз шеъри мазкур якчанд иқтибос оварда мешавад, ки яке аз онҳо ин аст:
Баччагиам бекасу танҳо гузашт,
Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт.
Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт.
Дар сари санге ҳама рӯз интизор,
Мешумурдам турнаҳоро ҳар баҳор,
Баччагиам бо қатори турнаҳо якҷо гузашт.
Шаст меандохтам бар рӯди маст,
То бияфтад моҳии тилло ба шаст,
Баччагиям бо умеди моҳии тилло гузашт.
Ҳамчунин, зимни таҳлили ашъори ғиноии андешаҳои отифии тасвирии М. Қаноат муаллифи китоб таъкид менамояд, ки ин навъ шеърҳои М. Қаноат бо он фарқ мекунанд, ки дар онҳо маҳорати шоир дар омезиши баёни андешаҳои ҳиссӣ ва тасвири предметӣ мушоҳида мешавад. Ба хотири тақвияти фикр порае аз шеъри ба Малика Собирова бахшидаи М. Қаноат иқтибос мегардад:
Навоҳо об мегардад,
Ҳаме бар саҳна мерезад.
Садо аз мавҷҳои реза мехезад,
Ба нарми қуи зебое
Ба рӯи мавҷ обӣ шуд,
Ба пояш зарраҳо ҳавзи гулобӣ шуд...
Навъи сеюми шеъри ғиноии тоҷикӣ-шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ дар боби сеюми китоби Аскар Ҳаким “Анвои шеъри ғиноӣ” мавриди баҳси алоҳидаи илмӣ қарор дода шудааст. Ин навъи шеъри ғиноӣ чунин муаррифӣ мегардад, ки “дар шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ аносири олами ашё, манзараҳои табиат, воқеияти мавҷуда нисбат ба дигар анвои шеъри ғиноӣ мақоми муҳим доранд, ки мавзӯву муҳтавои шеър қарор гирифта, ин ва ё он рӯҳия ва андешаеро ифода менамоянд” (“Анвои шеъри ғиноӣ”, с. 228). Натиҷаҳои таҳқиқи муаллифи китоб гувоҳӣ медиҳад, ки намунаҳои олии ин навъ шеъри ғиноӣ ҳанӯз аз асри Х ба баъд дар осори Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон мавҷуд буда, василаи муҳимми шинохти на фақат мабҳаси тасвир, балки воситаи беҳтарини шинохти инсон ва якпорчагии ӯ бо олами атроф мебошад.
Тибқи андешаи муаллифи китоб “дар ин гуна шеър шоир манзараеро ба тасвир гирифта, онро мисраъ ба мисраъ, тадриҷан ба пеши назар муҷассам месозад ва бо ин гӯё инсонро дар ҷараёни халлоқият шарик қарор дода, завқи зебоишинохтии ӯро ба сӯи манзара, ки як навъи шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ мебошад, таҷаллиёти беҳтарини ҳунари шоир аст, ки бо писандидатарин ваҷҳ аз пайванди инсону табиат сухан мегӯяд” (“Анвои шеъри ғиноӣ”, с. 233).
Дар ҳамин боби китоб дар мисоли ашъори ғиноии Ғ. Мирзо, Б. Собир, Л. Шералӣ, Фарзона ва дигар шоирони тоҷик тамоми ҷанбаҳои мухталифи шеъри ғиноии тасвирию тавсифӣ баррасӣ гардида, хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи онҳо дар эҷодиёти шоирони алоҳида муайян карда мешавад.
Яке аз навъҳои хоси шеъри ғиноӣ, ки шеъри ғиноии шахсиятӣ ё персонажӣ маҳсуб мегардад, мавзӯи баҳси боби чаҳоруми китоби “Анвои шеъри ғиноӣ” мебошад. Дар таърифи муаллифи китоб “ба анвои мухталиф ҷудо шудани шеъри ғиноӣ ба чигунагии мақоми андеша, эҳсосоту таассуроти отифӣ, тасвиру тавсифу ташреҳ, нақлу ривоят дар он вобаста мебошад. Як навъе, ки каму беш дорои ин сифатҳо буда, ба замми онҳо боз хусусияти шохистари дигаре дорад, ба истилоҳ шеъри ғиноии персонажӣ унвон мешавад” (“Анвои шеъри ғиноӣ”, с. 355). Ба хотири он ки вожаи фаронсавии “персонаж” маънои шахсият, шахси иҷрокунандаи нақш, ё қаҳрамони асари бадеӣ мебошад, муаллифи китоб ин навъи шеъри ғиноиро “шеъри ғиноии шахсиятӣ” унвонгузорӣ кардааст. Бино ба тасдиқи ситоиш ё накӯҳиши шахсиятҳои давлатӣ, динӣ, фарҳангӣ ва ғайра бахшида шудаанд, ба навъи шеъри ғиноии шахсиятӣ мансубанд ва шеърҳои ба амир Нӯҳи Сомонӣ, ба шоирон Абулҳасани Муродӣ, Шаҳиди Балхӣ бахшидаи Рӯдакӣ, шеърҳои Хоҷа Ҳофиз дар мадҳи Қавомиддин Ҳасани Тамғоҷӣ, Шайх Абуисҳоқи Инҷу намунаҳои қадими ин навъ шеъри ғиноии тоҷикӣ ҳисоб меёбанд.
Дар натиҷаи таҳлили хусусиятҳои навъии шеъри ғиноии шахсиятӣ дар асари М. Турсунзода, А. Шукӯҳӣ, Ғ. Мирзо, М. Қаноат, Қ. Киром, Б. Собир ва дигарон муаллифи китоб Аскар Ҳаким чунин натиҷагирӣ мекунад, ки агар дар нимаи аввали асри ХХ дар ашъори ғиноии шахсиятии ин шоирон шахсиятҳои давлативу сиёсии замон васф карда шуда бошад, дар назми нимаи дуюми ин аср васфи шахсиятҳои фарҳангӣ, қаҳрамонҳои ҷанг низ мавқеъ пайдо мекунанд. Дар даҳсолаҳои ахири қарни бистум дар шеъри ғиноии шахсиятӣ рӯҳи худшиносии миллии шоироне чун Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром қувват гирифта, дар руҷӯъ ба шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили Борбад, Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ ва амсоли онҳо эҳсоси худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ баён карда мешавад. Алалхусус, Абулқосим Фирдавсӣ рамзи рӯҳи худшиносии миллӣ буд ва қаҳрамонони “Шоҳнома”-и безаволи ӯ муҷассамаи ҷовидонаи ормонҳои миллӣ буданд. Чунончи, Лоиқ ҷаҳонпаҳлавони “Шоҳнома” – Рустамро чун рамзи посдории сарзамини Эронвиҷ ва суннатҳои ниёкони ориёнӣ медонад ва ин маъниро аз забони худи Рустам чунин баён медорад:
Ман гардани адовати шайтон шикастаам,
Ман муҳраи сиёсати шоҳон шикастаам.
Бо гурзи тобдори худ фирӯз будаам,
Бо мушти обдори худ сандон шикастаам.
Бозор Собир дар бораи мақому мартабаи шоириву ватандӯстии Фирдавсӣ дар шеъри “Ҳайкали Фирдавсӣ” чунин изҳор мекунад:
Осмонро мехарошад номи Фирдавсӣ,
Чун ливои ковиёнӣ,
Чун шиори ориёнӣ.
Номи ӯ фотеҳаи майдон –
Номи ӯ омину бисмиллоҳи користон,
Номи ӯ номи худои паҳлавию паҳлавонӣ.
Муаллифи китоби “Анвои шеъри ғиноӣ”, инчунин, дар бораи хусусиятҳои дигари шеъри ғиноии шахсиятӣ дар осори шоирон А. Шукӯҳӣ, Ғ. Мирзо, М. Қаноат, Қ. Киром, Фарзона ва дигарон муфассал таваққуф намуда, хулосаву андешаҳои муътамад баён мекунад.
Навъи панҷуми шеъри ғиноии тоҷикӣ, ки мутаносибан дар боби панҷуми китоби Аскар Ҳаким арзёбӣ мешавад, шеъри ғиноии ҳикоятӣ номгузорӣ шуда, мувофиқи таърифи муаллифи китоб чунин навъи шеъри ғиноист, ки “дар байни анвои дигари шеъри ғиноӣ истифодаи густардае дорад. Муҳимтарин хусусияте, ки шеъри ғиноии ҳикоятиро аз анвои дигар мутамоиз мекунад, он аст, ки дар маркази ин навъ шеър шайъу шахсияти алоҳида дар ҳолати асосан сокин ё ҳаракати мухтасар ва дар маҳдудаи як замони муайян нишон дода нашуда, аз он фаро меравад. Дар он шайъ, шахсият ҳодисот ва куллан, воқеияти ғиноӣ, дар дарозаи мухталифи замон дар таҳаррук, тағйиру дигаршавӣ мабҳаси андешаву эҳсосоти отифии шахсияти шеър қарор мегирад” (“Анвои шеъри ғиноӣ”, с. 447).
Тибқи андешаи Аскар Ҳаким намунаҳои классикии шеъри ғиноии ҳикоятӣ дар “Гулистон”-и Саъдӣ, ҳикоёти тамсилии “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ ва дигар осори ахлоқиву ирфонии адабиёти гузаштаи мо мушоҳида мешавад ва яке аз намунаҳо аз “Гулистон”, ки муаллифи “Анвои шеъри ғиноӣ” чун шоҳиди шеъри ғиноии ҳикоятӣ иқтибос кардааст, ин аст:
Он шунидӣ, ки лоғаре доно,
Гуфт боре ба аблаҳе фарбеҳ:
“Аспи тозӣ агар заиф бувад,
Ҳамчунон аз тавилае хар беҳ”.
Муаллифи китоб дар асоси таҳлилу баррасии ашъори М. Турсунзода чун “Ҳалқаи заррин”, “Савганд”, “Се нозанини шарқ”, “Дар бозори китоб”, шеърҳои “Ҷавонӣ ва сафар”, “Шаб”, “Арғувон”, “Сел”, “Боди сармаст”-и А. Шукӯҳӣ, “Рӯи сурх, рӯи сиёҳ”, “Ҷаҳли мураккаб”, “Қиссаи деҳқон ва хоҳари ӯ баҳор”, “Ғижжак”-и Ғ. Мирзо ва намунаҳои зиёде аз осори М. Қаноат, Қ. Киром, Лоиқ, Бозор Собир ва Фарзона ба натиҷа мерасад, ки навъи шеъри ғиноии ҳикоятӣ дар замони шӯравӣ аз ҷумлаи анвои роиҷи шеъри ғиноии тоҷикӣ буда, шоирони мо аз он фаровон истифода бурдаанд.
Аз ҷумлаи шеърҳои ғиноии ҳикоятӣ, муаллифи китоб онро оварандаи насими тоза дар шеъри ошиқонаи тоҷик меҳисобад, шеъри “Маро танҳо ту бинмудӣ фаромӯш”-и А. Шукӯҳӣ мебошад. Дар ин шеър ҳиссиёти ошиқонаи шоир дар муҳит, макон ва фазои муайян баён мегардад:
Парешаб ман аз роҳе, ки ҳар ду –
Ҳамерафтем, як вақте, гузаштам.
Ба зери он дарахту он лаби ҷӯ,
Туро бар ёд оварда нишастам.
... Ба ёдат ҳаст оё як шаб он ҷо,
Чиҳо гуфтем мо ҳар ду нишаста.
Ба рӯям мезадӣ ҳар гоҳ, ҷоно,
Ба шӯхӣ шохи райҳонро шикаста.
Чунин шеърҳоро, ки дар матни ашъори ғиноии он солҳо ғайричашмдошт ба назар менамуданд, муаллифи китоби “Анвои шеъри ғиноӣ” чун равияи тозаи вуқуъгароёнаи ашъори ошиқона медонад, ки шоири тоҷик А. Шукӯҳӣ дар натиҷаи ниёзи рӯҳии худ ва омӯзиши таҷрибаи эҷодии шоирони рус А.С. Пушкин ва М. Лермонтов ба даст овардааст.
Ҳамчунин, муаллифи китоб дар асоси таҳлили “Ситораҳои бурҷи Кремл”, “Хоби қаҳрамон”, “Гули бодом”, “Қатли Восеъ” ва дигар шеърҳои Муъмин Қаноат ҳунари шоирии ӯро дар офариниши шеърҳои ғиноии ҳикоятӣ ба тасвиб мерасонад.
Аз ҷумлаи ин навъ ашъори М. Қаноат шеъри “Қатли Восеъ” “дар навъи худ ба эътибори мӯҷазӣ, шакли амудии инкишофи сужаи ғиноӣ, бадеият ва динамикии шеър” (“Анвои шеъри ғиноӣ”, с. 466) аз беҳтаринҳо маҳсуб дониста мешавад. Дар шеъри мазкур ҳанӯз аз оғози шеър ҷои айшу ишрат ва қатлгоҳи мардуми бегуноҳ будани қасри беки Балҷувон маълум мегардад:
Қаср,
Ишратгоҳи тобистони шоҳ,
Ҷои қатли “осиёни бегуноҳ”.
Дар байтҳои минбаъда бузургӣ ва шаҳомати Восеъ, шуҷоат ва кӯҳосо устувории ӯ дар назди дори омодашуда барои қатли вай таҷаллӣ мекунад:
Хокро бӯсид, сарро аз замин
Кард боло, хӯрд бар чархи барин.
Кӯҳ ин фурсат ба ӯ ҳамроҳ шуд,
Дори шоҳон назди ӯ кӯтоҳ шуд...
Ниҳоят аз лаҳзаҳои вопасини ҳаёти қаҳрамони шеъри ғиноии ҳикоятӣ – Восеъ, ки дар байти зерин ифода ёфтааст, камоли шаҳомат ва озодагию ҷовидонагии Восеъ падидор мегардад:
Кунда аз зери ду пояш дур шуд,
Шаҳчиноре бо чиноре ҷӯр шуд.
Хулосаи мантиқие, ки аз шеъри ғиноии ҳикоятии “Қатли Восеъ” бармеояд, чунин аст: марги Восеъ маънои роҳ ба нестӣ ва нобудиро надорад, ҳамтану ҳамқисмат гардидани Восеъ ба шаҳчинор пайвастани ӯ ба ҳаёти абадӣ ва ҷовидонагист.
Чунонки аз муҳтавои китоби “Анвои шеъри ғиноӣ” бармеояд, дар он бори нахуст дар нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик панҷ навъи шеъри ғиноӣ: шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ, шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ, шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ, шеъри ғиноии шахсиятӣ, шеъри ғиноии ҳикоятӣ дар мисоли эҷодиёти ҳашт нафар шоири тоҷик – Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Фарзонаи Хуҷандӣ таҳлилу баррасӣ гардидааст. Ин тарзи таҳқиқ, яъне аз рӯи муҳтаво муайян кардани вижагиҳои навъии шеъри ғиноӣ дар адабиётшиносии муосир падидаи тоза буда, доир ба масъалаҳои марбут ба шеъри ғиноии тоҷикӣ ва таърихи таҳаввули он дар нимаи дуюми қарни бистум барои нақди адабӣ ва адабиётшиносии замони истиқлол маводи муфид дода метавонад.
Албатта, шеъри ғиноии тоҷикӣ бо эҷодиёти ҳашт нафар шоире, ки дар китоби “Анвои шеъри ғиноӣ”-и Аскар Ҳаким баррасӣ шудааст, маҳдуд нест ва дар нимаи дуюми қарни бистум то имрӯз шоироне чун Ашур Сафар, Абдулло Қодирӣ, Ҳақназар Ғоиб, Мастон Шералӣ, Гулназар, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Рустами Ваҳҳобзода ба майдон омадаанд, ки ҳоло аксари кулли онҳо дар айни ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ буда, дар анвои панҷгонаи шеъри ғиноӣ намунаҳои хуб офаридаанд.
Бояд гуфт, ки таҳлилу баррасии намунаҳои ашъори ғиноии аксари кулли шоирони тоҷик дар як китоб ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад. Хидмати Аскар Ҳаким барои адабиётшиносии муосири тоҷик нишон додан ва исбот намудани вуҷуди панҷ навъи шеъри ғиноӣ дар назми нимаи дуюми қарни бистум ва таъйини вижагиҳои навъии онҳо буд, ки ӯ бо сарбаландӣ аз ӯҳдаи он баромад ва барои таҳқиқоти минбаъда дар ин самт барои дигарон роҳ ҳамвор намуд.
Чунонки худи муаллифи китоб тасдиқ мекунад, “анвои шеъри ғиноӣ бо ҳамин навъҳое, ки таҳқиқ шуд, маҳдуд намешавад, онро боз ба навъҳои дигар ҷудо кардан мумкин аст. Ашъори ғиноии ҳамосӣ яке аз ҷумлаи онҳост. Ин навъ шеърҳо маъмулан аз шеърҳои мухтасари ғиноӣ аз ҷиҳати ҳаҷм фарқ дошта, муфассаланд ва дар адабиётшиносӣ ба онҳо бештар номи манзума ё достони ғиноию ҳамосӣ дода мешавад” (“Анвои шеъри ғиноӣ”, с. 529). Андешаи мазкури А. Ҳаким дар бораи бо панҷ навъи таҳқиқшуда маҳдуд набудани анвои шеъри ғиноии тоҷикӣ андешаи раҳнамо буда, тақозо менамояд, ки ба достонҳои лиро-эпикии “Лайливу Маҷнун”, “Хусраву Ширин”, “Варқа ва Гулшоҳ”, “Вис ва Ромин” маснавиҳои “Ҳадиқат-ул-ҳақиқат”, “Махзан-ул-асрор”, “Матлаъ-ул-анвор”, “Маснавии маънавӣ”, “Силсилат-уз-заҳаб” ва достонҳои аҳди шӯравӣ, аз қабили “Ҷони ширин” ва “Чароғи адабӣ”-и М. Турсунзода, “Сурӯши Сталинград”, “Гаҳвораи Сино”-и М. Қаноат ва дигар манзумаву маснавиҳои таълифшуда дар нимаи дуюми қарни бистум ва ду даҳсолаи аввали асри бисту якум чун ба анвои шеъри ғиноӣ бознигарӣ шавад.
Маълум аст, ки тағйироти сиёсиву иҷтимоии падидомада дар марҳалаи муайяни таърихи ҳар як миллат дар шаклу муҳтавои осори адабии он миллат таъсири худро мегузорад. Аз ин ҷо тағйироти муҳимме, ки дар охири қарни бистум ва ду даҳсолаи қарни бисту якум, яъне дар замони истиқлоли Тоҷикистон падид омаданд, дар мавзӯъ ва муҳтавои адабиёти тоҷик дар ин давра ва аз ҷумла дар муҳтавои шеъри ғиноӣ низ таҳаввулоте ҷиддӣ ворид намуданд. Дар бораи баъзе тағйироти муҳтавоӣ дар шеъри замони истиқлол муаллифи китоби “Анвои шеъри ғиноӣ” зимни таҳлили ашъори дар се даҳсолаи охир эҷодкардаи М. Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир ва Фарзона изҳори мулоҳиза намудааст ва ин мулоҳизоти ӯ барои таҳқиқи анвои шеъри ғиноӣ дар замони истиқлол ва дар эҷодиёти намояндагони алоҳидаи он, чун Гулназар, Гулрухсор, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Сайдалӣ Маъмур, Низом Қосим, Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон чун дастури раҳнамо хидмат карда метавонад.
Муаллифи китоби “Анвои шеъри ғиноӣ” Аскар Ҳаким фаъолияти худро пас аз хатми факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1967 ва баъди таҳсил дар аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти советии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар соли 1974 ба ҳайси адабиётшинос ва мунаққид оғоз намуда, то имрӯз ду самти эҷод-нақду адабиётшиносӣ ва шоириро идома медиҳад. Баъди дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Ворисияти таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона” (1974) маҷмӯаҳои мақолоти ӯ бо номҳои “Шеър ва замон” (1978), “Дар қаламрави сухан” (1982), “ Творцы созвучий” (1988), “Испытание поэзией” (1992) ва ғайра ба табъ расида, ӯро чун мунаққид ва адабиётшиноси дақиқназар муаррифӣ намуданд. Вале минбаъд, алалхусус, дар тӯли се даҳсолаи ахир ӯ чун Аскар Ҳакими шоир бештар шуҳрат пайдо карда, осори нақду адабиётшиносии ӯ камтар ба табъ расидаанд. Китоби “Анвои шеъри ғиноӣ” (нимаи дувуми садаи бист), ки ба тозагӣ ба нашр расид, бори дигар исбот намуд, ки Аскар Ҳаким имрӯз ҳам дар баробари мақому мартабаи шоирӣ дар нақду адабиётшиносӣ низ ҷойгоҳи сазовору устувори худро нигоҳ доштааст.