Ҷумъақул Ҳамроев,

доктори илмҳои

филологӣ, Самарқанд

АСКАР ҲАКИМ

 Аскар Ҳаким шоир ва мунаққиди шинохтаи тоҷик аст, ки охири солҳои шастуми асри гузашта ба арсаи адабиёт қадам ниҳод ва дар муддати кӯтоҳе миёни хонандагон шӯҳрат пайдо кард... То нашри нахустин маҷмӯааш «Раҳнавард» (1984) хонандагон ӯро «чун яке аз беҳтарин мунаққидони адабиёти муосир мешинохтанд, ки на фақат ҳусну қубҳи шеърро нозук дарк мекард ва сари вақт дилсӯзона вале берӯю риё нишон медод, балки оид ба роли шеър, умуман адабиёт, мавқеи иҷтимоии шоир, санъаткор дар ҷамъият, дар ҳаёти маънавии инсон изҳори ақида менамуд» (Д. Бақозода. Нависанда ва идеали замон.-Душанбе: «Адиб», 1987, с. 123-124).

Фаъолияти адабиётшиносӣ ва мунаққидии Аскар Ҳаким ба тадқиқи масъалаҳои назми муосири тоҷик, анъана ва навоварӣ ва таҳқиқи ҳунари шоирии шоирони ҷудогона рабт мегирад. Дар ин замина ӯ соли 1978 рисолаи «Шеър ва замон»-ро нашр кард ва дар он масъалаи ворисияти таърихиро дар партави мушкилоти хусусиятҳои замон ва тарзу усулҳои тасвири инсон ва эҳсосоти вай ба андеша гирифта, навоварии таркиби сухан ва образ, услубу жанрҳо ва поэтикаи шеъри муосирро дар мисоли эҷодиёти М. Турсунзода, М. Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, А. Шукӯҳӣ, М. Қаноат, Кутбӣ Киром, Лоиқ ва дигарон нишон медиҳад. Ин рисолаи ӯ дар боби вазъи шеъри муосири тоҷик сухани тоза ва пурарзиш буд. Баъдтар маҷмӯаи дуюми мақолаҳои ӯ бо номи «Дар қаламрави сухан» (1982) ба чоп расид, ки як силсила мақолаҳои муаллифро доир ба вазъи адабиёти муосири тоҷик, аз ҷумла равандҳои инкишофи шеър, нақди адабӣ ва эҷодиёти шоиру нависандагони ҷудогона, аз ҷумла Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир дар бар мегирифт.

Мақолаҳои танқидӣ ва чеҳраҳои адабӣ, ки Аскар Ҳаким чоп кардааст, бо вусъати чашмандоз ва амиқтар шудани назари танқидӣ фарқ доранд. Мақолаҳое, ки ин мунаққид дар бораи шеъри муосир навиштааст, танҳо бо баёни мазмун ва ғояи ин осор маҳдуд намешаванд. Вай кӯшидааст, ки ба олами ботинии асари шеърӣ, ба олами фикру ҳиссиёти шоир, ба масъалаи хусусиятҳои хоси зоҳиршавии шахсияти шоир cap фурӯ барад. Дар ин замина мақолаҳои ӯ «Обшори шеър» - доир ба эҷодиёти Мӯъмин Қаноат, «Даҳ сол ва чаҳор нигоҳ» - дар атрофи маҷмӯаҳои Лоиқ «Нӯшбод», «Хоки Ватан», «Марди роҳ» ва «Бӯи гули хор», ки шеъри Бозор Собирро арзёбӣ кардаанд, дар нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик ҳарфи бавазн ва арзишманд ҳастанд.

Аскар Ҳаким ҳарчанд то имрӯз аз навиштани мақолаҳои илмии адабиётшиносӣ ва танқидӣ даст накашида бошад ҳам, шеър ҷузъи аслии фаъолияти адабии ӯ қарор гирифтааст. Маҷмӯаи нахустини шеърҳояш ва истиқболи гарми нақди адабӣ аз он далолат мекард, ки Аскар Ҳаким аз рӯи ҳавас ба шеъргӯӣ оғоз накардааст. Назари воқеъбин ва шоирона ба зиндагӣ ӯро ба гуфтани шеър водоштааст. Аз ин ҷиҳат тасодуф ҳам набуд, ки шеърҳои маҷмӯаи аввалинаш дар матни воқеияти даври муаллиф гуфта шуда, бештар моҳияти иҷтимоӣ доштанд. Ба ифодаи дигар, шеърҳои дар ин давра гуфтаи Аскар дар васфи инсон ва сифатҳои неку ҳамидаи он буд. Муаллиф бештар ба моҳияти зиндагии инсон таваҷҷуҳ кардааст.

Ба ифодаи Ҷ. Бақозода, «Аскар Ҳаким бо мавзӯъ ва сабки хоси хеш ба адабиёт дохил шуд» (Ҷ. Бақозода. Нависанда ва идеали замон, с. 129) ва дар ин роҳ ҷиддан меҳнат карда, имрӯз ҷойгоҳашро ҳамчун шоир низ муайян намуд. Маҷмӯаҳои минбаъд нашр кардаи ӯ, аз ҷумла «Тарозуи офтоб», «Рӯзи умед», «Шаҳри меҳолуд», «Баргпайванд», «Илтиҷо аз уқоб», «...Боз мерасад хуршед», «Санги ман – алмос», «Мунтахаби ашъор», «Замини сабзи боварҳо», «Ба саломи шукуфаҳо» баёнгари заҳмати бардавом ва босамари ӯ дар ҷодаи шеъру шоирӣ мебошанд.

Садоқати ӯ ба суннатҳои неки адабиёти форсии тоҷикӣ ва шуҷоати навпардозиҳояш хатти сабзест дар лавҳаи навбаҳорони шеъри тоҷик. Ин хусусияти ҳунари шоирии ӯро мушоҳида карда, донишманди афғонистонӣ Ғулом Сахии Ғайрат навиштааст: «Ман мехоҳам аҳсант гӯям ба шоире, ки суннати шеъри бузурги форсиро, ки дар он сухан на танҳо сухани олист, балки гӯё сухани илоҳист ва хидмат ба рӯҳу равони одамӣ мекунад, идома медиҳад. Аз ин нуқтаи назар достони Аскар Ҳаким (манзур «Санги ман − алмос») достони хеле олист ва суханони он қудсӣ ва дар айни замон сурурбахшанд. Дар он ҳаёт бо тамоми пуррагию паҳновариаш ҷӯш мезанад» (Маҷаллаи «Помир», №1-6, 2000, с. 129).

Аскар Ҳаким шеърашро дар қолаби ғазал, маснавӣ, қитъа, чаҳорпора, дубайтӣ ва рубоӣ мегӯяд. Дар ин миён бо шеърҳое вомехӯрем, ки ба тарзи нимоӣ ё худ «шеъри озод» низ сурудааст. Шеъри ӯ аз ҷиҳати мундариҷа ва шакл хусусиятҳои хосе дошта, чеҳраи шоириашро муайян мекунад.

Дар фарогирӣ ва баёни мазмуну муҳтаво Аскар Ҳаким равиши хоси эҷодӣ дорад. Ин равишро тамоюл ва пойбандии ӯ ба мавзуъҳои иҷтимоӣ мушаххас месозад. Аз ин ҷиҳат агар ба шеъри шоир назар андозем, мебинем, ки вай дар баробари мазмунҳои иҷтимоиву ошиқона ашъоре дар ситоишу ҳурмат ва бузургдошти ватану миллат ва шукӯҳу шарофати мардуми тоҷику Тоҷикистон низ сурудааст. Вай дар ситоишу аҳаммияти Наврӯз васфи баҳор, русуму оинҳои бостонӣ, рисолати шоир дар ҷомеаи инсонӣ, озодагӣ ва ворастагӣ, хушбахтӣ ва сарафрозӣ, нафрат аз ҷанг, душманӣ, хашму кин, дурӯғу дурӯягӣ, масоили инсондӯстӣ, ситоиши зан ва ғайра низ шеърҳои зиёде эҷод кардааст.

Дар ин гуна шеърҳо бо ироаи тасвирҳои табиӣ аз унсурҳои табиат, ба таъбирҳову тафсирҳо ва натиҷагириҳои иҷтимоӣ, ишқӣ, ахлоқӣ ва хулосаҳои хоси зеҳнии худ мепардозад.

 

Эй башар, ман раҳини фардоят,

К-ин чӣ бахтеву ин чӣ иқболест.

Гарчи хокӣ туӣ вале ҷоят

Дар миёни ситорагон холист.

 

Андешаҳои шоир дар ин шеър пойбанди маънавияти умумибашарӣ ва инсон аст. Маънавиятест, ки бо тарзҳои гуногун дар дигар шеърҳои шоир низ ба назар мерасад. Рамзи авҷу камоли ҳар амреву ҳар чизеву ҳар касе, ситораву Каҳкашону осмон, аршу фалак ва самову чарх аст. Ин маъниҳоро дар пораи зерини шеъри «Авҷи ишқ» ҳунармандона хулоса кардааст.

 

Ман баландат зи арш биншонам

Каҳкашонро ба пойи ту резам…

Бишнавӣ набзи дашти ҳомунро,

Ки фалаксайру ишқоҳанг аст.

 

Аскар Ҳаким шеъре дорад бо номи «Замини сабзи боварҳо» ва унвони яке аз маҷмӯаҳояш низ бо ин шеър ҳамном аст. Ин шеърро шоир дар ситоиши ватанаш гуфтааст. Дар нигоҳи шоир на фақат шоирону бузургони ин сарзамин, балки худи ин диёр низ ба воситаи вуҷуди уламову удабо, бузургони гузаштаву муосир осмонест ва ин ватани кӯчак бо маънавияте, ки дорад, фарохиҳои бузурги маънавӣ ва қудсиро ба вуҷуд овардааст.

Вай дар бораи сарзамини модариаш бо муҳаббат ва самимият менависад:

 

Ҳарф мехоҳам занам аз сарзамини хеш,

Ҳар чӣ мегӯям, вале з-ин хок ҳарфи осмон ояд.

Баски ин марзи гаронмоя, ки мояш пой мемонем,

Дигаронро Каҳкашон ояд.

Шоиронаш ҳам бад-ин ваҷҳ осмониянд,

Гарчи рӯи ин ҷаҳон худруй месабзанд,

Онҷаҳониянд.

 

Дар гуфтани ин шеър шоир ҳунар менамояд ва кишварро мухотаб қарор дода, ормони дили пурмуҳаббаташро бо Ватан ҳамроҳ мебинад.

Шоир дар баъзе шеърҳояш фоҷеаро ба тасвир мекашад, назар ва хулосаашро наменависад. Баҳо дар худи воқеа нуҳуфтааст ва хонанда аз он натиҷа мегирад. Дар манзумаи «Имони саг»:

 

Хунчакон омад ба пеши пойи ӯ,

То ба пойи ӯ бимолад чашму рӯ,

Дар ҳамин имони худ ҷон дод саг,

Соҳибаш бар марги ӯ овард шак.

Бори дигар тир зад бар синааш,

Тир зад бар дӯсти деринааш.

Монд дашту монд имону шаке,

Монд тиру монд инсону саге.

 

 Тасвири ин фоҷеа ҳикмати дерумри «ҷавоби некӣ бадист»-ро ба ранги дигар зинда мекунад. Донишманди эронӣ Алиасғари Шеърдӯст ин шеърро аз ҷумлаи беҳтарин шеърҳои муосир медонад ва таъкид мекунад, ки шоир бо ҳунари офаридани ҳолати фоҷеавӣ, нишон додани хулқу хӯ ва бе ҳеҷ сухане маҳкум кардани ахлоқи ношоиста, ки ҳосили манфиатҷӯист, шеъри худро дар радифи ашъори мондагори классикӣ қарор медиҳад. Алиасғари Шеърдӯст меафзояд: «Ва гоҳо саъдивор каломи хешро дар хидмати танбеҳу огоҳии инсон мегирад ва вайро аз лағзишҳову бемеҳриҳову номардиҳову номуродиҳо огоҳӣ медиҳад ва ҳақ ин аст, ки ин бахш аз ашъори Аскар Ҳаким дар зумраи беҳтарин сурудаҳои вай ба шумор мераванд. Намунаи ин гуна ашъор манзумаи «Имони саг» аст, ки бо ниҳояти зебоӣ ва устодӣ суруда шуда...» (Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким. Интишороти байналмиллалии «Алҳудо», 1373 (1994). Алиасғари Шеърдӯст. Муқаддимаи ношир, с. «дол»).

Назари ҳикматшиносии Аскар Ҳаким дар «Достони Нону Имон» низ равшан зоҳир шуда буд. Ин достон аз ёздаҳ боб иборат буда, бар воқеияти ахлоқие асос ёфтааст, ки поядори зиндагӣ ва ҳастии ҷисмонӣ ва маънавии инсон аст. Чанд байти даромади достонро ба сарнавишти наслҳое талмеҳ мезанад, ки «суфраи модар»-ро надидаанд, бе модар дар канори дигарон парвариш ёфтаанд. Шоир бо ҳасрат менависад:

 

Суфраи момо маро чун кард бе модар калон,

Доштам чун суфраи модар гиромияш ба ҷон.

Лек мехоҳам ба ҷону дил, ки ҳар тифли ҳабиб

Ҳеҷ гаҳ аз суфраи модар намонад бенасиб.

 

Достон қиссаи манзуми пурдардест дар боби қадри нон, фоҷиаҳое, ки аз дасти балои гушнагӣ ба сари инсоният омадааст. Хулосаи достон дар ин байт ба сароҳат баён шудааст:

 

 

Нон набудаст аз азал танҳо ғизои одамӣ,

Нон чу имон будаасту ҷонфизои одамӣ…

 

Ба қавле «саросари осори Аскар Ҳакимро мисраъҳои ифодагари муҳаббати муқаддас ва олӣ фаро гирифтаанд, ки он муҳаббати фарзандию падарӣ, зану мард, муҳаббат ба халқи хеш ва ба инсоният, ба тамоми ҳастӣ ва ба Офаридгори оламҳо мебошад».

Рисолати шоирро Аскар Ҳаким дар он дидааст, ки вай ба василаи шеър барои сафо ва улвияти рӯҳи инсон мадад кунад. Ҳамин ҳадаф ҷанбаи башардӯстии ашъори ӯро тақвият бахшида, диққати ӯро бештар ба ҳастии таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон ҷалб кардааст.

Мавзӯи Ватан, ҳувийяти миллӣ ва аносири муҳимми фарҳанги миллат ҷавҳари андешаи шоиронаи ӯро ташкил медиҳад. Дар ин замина шоир шеърҳои зиёде гуфтааст. А. Ҳаким Ватанашро поядори ҳастии миллат медонад ва забони тоҷикиро ҳамчун намоди ҳувийяти миллӣ тавсиф мекунад. Дар шеъри «Тоҷикистон» мо чунин сатрҳоро мехонем:

 

Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст,

Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм.

Ман қадам чун мениҳам, дар зери поям хоки туст,

Гарди хокатро табаррук мениҳам болои чашм.

Гар касе як гарди ту дар баҳру бар гум мекунад,

Ӯ на гарди хоки покат, балки cap гум мекунад.

 

Дар шеъри «Забони тоҷикӣ» сарнавишти забонро ба ҳастии таърихӣ ва фархангии халқ пайваста, ба чунин хулосаи муҳимм меояд:

 

Ман зи таърихи башар дарёфтам ин нуктаро,

Гар забони халқ мирад, зинда мирад хосу ом.

Бо забонаш cap шавад таърихи авлоди башар,

Бо заволи вожааш таърихи ӯ гардад тамом.

 

Вале вақту замон ҳодисаҳоеро ба роҳ мемонад, ки боз ҳам тарҳи тозаи шеъри Ватанро дар тасаввури ӯ меандозад ва рӯйи қоғаз меояд. Ба ифодаи дигар, «ёд кардан аз фоҷеаҳое, ки ба сари кишвари ӯ овардаанд, ҳар қадар дарднок, оид ба шароити носозгори вазъи имрӯзаи иҷтимоӣ андешидан ҳар қадар душвор бошад ҳам, ӯ тавонистааст аз манфиатҳои маҳдуди сиёсӣ ва даъвоҳои шахсӣ фаротар равад». Дар ин матн ӯ дар бораи манфиати инсон ва башарият меандешад. Дарди ӯ шахсӣ нест, ғамаш ғами инсон аст. Дар ин замина метавон шеърҳои «Чӣ эҳсоне?!», «Шаҳри меҳолуд», «Имон», «Мерос», «Хазони умр», «Чароғи дур», «Аспи кишанбанд», «Камарбанди куҳистон», «Шеъри хундори ман гиряд», «Сарви сабзу тути хушк», «Чӣ кунам?!»-ро ном бурд, ки шоир дар онҳо аз дард суҳбат мекунад.

Муҳаммадалии Аҷамӣ дар бораи яке аз ин шеърҳо – «Чӣ кунам?!» навишта буд, ки «ин шеър аз сарнавишти миллат, аз таърихи миллат, ранҷҳои миллат бар мо мегӯяд... Шеър аз аввал то охир як ҳуҷҷат аст, ки тоҷик дар масири таърих чӣ гуна зистааст, чӣ гуна аз нобудӣ худро ҳам ҳифз кунад ва ҳам бисозад» (М. Аҷамӣ. Нигоҳе кӯтоҳ ба қомати баланди шеър //«Адабиёт ва санъат», 16-уми июли соли 2009, с. 14). Дарди дигаронро дарди худ шинохтан аз афзалияти дигари маънавии ин шеър аст. Ин шеърро дар маҷмӯъ метавон марсияе дар сари турбати орзуҳои мурдаи башарият донист, ки хеле пуртаъсир ифшо шудааст:

 

Мо гиристем,

Вале бар ами мо хандиданд,

Уфтодем,

Вале бар сари мо по монданд.

Мо ба онон ҳама аз хонаи худ ҷо додем,

Мардуми хонагадо хонахудоро ронданд.

Лек моро ба дари хонаи худ

Ҳеҷ кас роҳ надод....

 

Мавзӯи дарди миллат дар шеъри Аскар Ҳаким маҳдуд намешавад. Назари ӯ дар ин равиш амиқ ва пурвусъат аст. Масалан, дар шеъри «Мерос» шоир ба он дардҳо ва захмҳои миллат таваҷҷуҳ кардааст, ки дар даҳсолаи аввали асри гузашта миллатгудоз будаанд. Шоир фоҷеаи ҷисмонӣ ва маънавии ба сари миллат омадаро ба таври воқеӣ ва мушаххас дар мисраъҳои зер таҷассум кардааст, ки таъсиргузоранд:

 

Деҳаи мо сабз буд дар пойи кӯҳ,

То варо созанд дигар,

Аввалаш карданд хокистар.

Боз он тире, ки бояд бар тани бобом мерафт,

Аз хато бархӯрд бар кӯҳ,

Пай бишуд дар санг пайдо.

 

Дар ин шеър ва бисёр шеърҳои дигари Аскар Ҳаким масъалаи маргу зиндагӣ пайванд бо сарнавишти миллат ва фарзандони он арзёбӣ шудааст. Дар ин замина аз шеъри «Ниёиш бар сари турбати Лоиқ» метавон ёд кард, ки дар фаҳмиши шоир марги ҳунарманд ҳамчун идомаи ҳаёти ӯ ва меросбарии маънавии наслҳои баъд маънидод шудааст. Дар ин шеър номҳову истилоҳоту унвонҳо фақат номбардори Лоиқ нестанд, балки ба ин маънӣ таъкид доранд, ки Лоиқ дар замини холие наруст ва дигарон низ аз ӯ баҳра бурдаву хоҳанд бурд. Шоир тавонистааст, ки зиндагии маънавии Лоиқро ҳунармандона тасвир кунад.

Масъалаи маргу зиндагӣ дар бисёре аз шеърҳои шоир, аз ҷумла «Зиндагӣ бозтоби тақдир аст», «Чӣ эҳсоне?!», «Дарё, маро бигир!», «Интихоб», «Умеди паси девор» як силсила рубоиву дубайтиҳо, достонҳои «Достони Нону Имон» ва «Санги ман − алмос» бо дидгоҳҳои гуногун арзёбӣ шудааст. Шоир бо он эҳсоси тунду тез ва хунгармие, ки дар сиришташ аст, мушоҳиди бетарафи воқеияти зиндагӣ нест, балки майдони зиндагӣ барои ӯ ҷойи санҷидани қудрат, фаъолият ва мубориза барои пирӯзии инсон бар ҳама мушкилот ба хотири пирӯзии некӣ бар бадист, нур бар зулмат ва адолат бар разолат аст. Рубоии зерин ифодагари андешаи ҷомеи ӯ дар ин замина мебошад:

 

Умрат ба масал агар чу дастовез аст,

Некаш нигарӣ, ба роҳи Ҳақ маҳмез аст.

Ҳоло накунӣ ба роҳи Ҳақ растохез,

Ҳар рӯзи пас аз марги ту растохез аст.

 

Зиндагӣ барои қаҳрамони лирикии шоир ба ҳадафҳои волояш арзиши ҷовидона дорад. Дар ин равиш шоир чигунагии маргро бо мақсуди зиндагӣ вобаста медонад. Агар муборизаи инсон барои адолат нест, пас худфидоӣ арзише надорад. Аз ин назар дар шеъри «Интихоб», ки оғозаш ба афсона шабоҳат дорад, ровӣ ними умри сипардаашро ёд карда, дар дуроҳае қарор мегирад ва зеҳнияташ пойбанди андешаҳои зер аст:

 

«Равию боз гардӣ, лек бемақсуд»,

«Равию барнагардӣ, нек бомақсуд».

Ду хат сӯйи ду роҳи саъб ишорат дошт бепарво.

 

Ин гуна шеьрҳо арзиши ахлоқӣ дошта, хонандаро барои сазовор зистан ҳушдор медиҳанд. Шоир дар тулӯъ ва ғуруби зиндагии инсон маъно ва моҳият меҷӯяд. Аз ин назар шеъри «Зиндагӣ бозтоби тақдир аст» ҷолиб мебошад. Дар ин шеър ҳарчанд шоир нақши тақдир, яъне қазову қадарро дар зиндагии инсон инкор намекунад, аммо дар ӯ на итоату коҳилӣ, барьакс иродаи талошу мубориза ва фаъолиятро бедор ва қавӣ месозад, то ҷое, ки ҳарфҳояш қатъият касб мекунанд: туро агар зиндагӣ бо ҳазор макру фиребаш асир карданӣ бошад, ту бояд аз он раҳоӣ ёбӣ ва роҳеро, ки барои номҷӯӣ, яъне осори нек аз худ гузоштан интихоб кардаӣ, бояд идома диҳӣ, зеро:

Пой дар банд, роҳ беохир,

Тӯли раҳро нигоҳ медонад.

Раҳраверо зи роҳ бардоранд,

Ғам махӯр, тарҳи роҳ мемонад.

 

«Тарҳи роҳ» дар тафаккури бадеии Аскар Ҳаким идомаи бонатиҷаи зиндагист. Нақше, ки инсон аз худ боқӣ мегузорад. Ба ифодаи дигар, шоир зиндагиро майдони фаъолияти огоҳона ва мондагор медонад.

Аскар Ҳаким ба зиндагӣ ва ҳаводиси он назари шоирона дорад. Барои ӯ дар зиндагӣ чизе нест, ки ангезаи шеърӣ надошта бошад. Ба ифодаи дигар, ҳатто касифтарин зуҳуроти ҳастӣ метавонад ба тақозои мазмуну муҳтаво ба шеър кашида шавад ва ҳатто мутавои шеър бошад. Ӯ дар шеър ба зоҳири зебоиҳо таваҷҷуҳ надорад. Зебоиро аз воқеият, ашё ва ҳодисаҳо меҷӯяд. Шоир дар чаҳорпораи тамсилии «Дарахти арчаи кӯҳам...» инсони ормониро ба дарахти побарҷои коҷе ташбеҳ мекунад, ки ҷои рӯиши ӯ на дар саҳни дарбор, балки баландии кӯҳ аст. Ин дарахт аз ҳаводиси ба сараш меомада наметарсад ва шохаҳояш дар баробари ҳар насиме cap ҳам намекунад, балки такягоҳу дастгири касонест, ки роҳ ба қуллаҳои баланд меҷӯянд ва решаҳои ин дарахти рамзӣ барои устувории замини сабзи диёраш бо сахтӣ ба хок панҷа задааст. Чунончи:

 

Дарахти арчаи кӯҳам, на сарв дар лаби ҷӯй,

Маро ба қомати маъшуқагон шабоҳат нест…

Маҳалли рӯиши ман нест саҳни дарборе,

Ки оварам ба насиме ба сӯйи он таъзим...

Ба решаҳои амиқам ба хок панҷа занам,

Ки устувор бидорам замини сабзи диёр.

 

Дар тавзеҳи фалсафаи ин шеър файласуф Мӯсо Диноршоев навиштааст: «шеърест, ки масъалаи мақоми инсонро дар ҷомеа бо отифитарин шакл ва сурату забони муносиб ба маърази андеша мегузорад, ки дар назари аввал гӯё ба фалсафа ҳеҷ иртиботе надорад, аммо дар он ба ғайр аз масъалае, ки қайд кардам, боз масъалаи пайванди инсону табиат бисёр моҳирона ба воситаи ташхисонидани арча ё дақиқтараш, ба арча табдил ёфта, аз номи он сухан гуфтани шоир таҷассуми бадеии худро ёфтааст» (М. Диноршоев. Бозтоби фалсафа дар шеъри Аскар Ҳаким. -Душанбе: Дониш, 2012, с. 3).

Тавсифи робитаҳои инсону табиат ва ашё дар бисёр шеърҳои Аскар Ҳаким ҷойгоҳи хос дорад. Ин хусусияти шеъри ӯро Алиасғари Шеърдӯст чунин тавзеҳ додааст: «Гоҳ хешро бо аносир ва ашёву падидаҳои табиӣ ҳамзабон месозад ва бо онҳо дармеомезад ва ин гиреҳхурдагӣ чунон бо устодӣ ва маҳорат сурат мегирад, ки хонанда амиқан аз он мутаассир мешавад. Шеъри «Дарё, маро бигир...» дар зумраи ин гуна офаринишҳои шоир ба шумор меравад» (Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким. Интишороти байналмилалии «Алҳудо», 1373, с. «дол»).

Мо дар боло аз «Достони Нону Имон» мухтасаран сухан кардем. Аскар Ҳаким бо номи «Оинаву қайроқу шона» низ манзумае дорад. Шоир дар ин асари рамзӣ аз мардуме ёддошт медиҳад, ки дар «даҳри кажоинон» расму оини ҷавонмардиву родиро фаромӯш кардаву дар хоби ғафлату нодонӣ фурӯ рафтаанд ва мебояд онҳоро аз ин хоби бехабарӣ бедор кард, то битавонанд фарзандонашонро ҷиҳати ояндае рушан раҳнамо ва раҳкушо бошанд.

Тарҳу фазойи ин манзумаи тамсилӣ чунин аст, ки чобуксавори ҷавону диловар (зохиран инсони ормонӣ) тухми дарахти нуру биноӣ (рамзи басират ва бедорӣ)-ро аз зери болини деви хоб (намоди бехабарӣ ва ғафлат) барои дармони чашмони нобинои падараш (сарвари хонавода) мерабояд. Деви хоб ҷиҳати асир кардани ӯ се бор каманд меафканад ва шаҳсавор дар ҳар мартаба оинаву қайроқу шонае ба тарафи дев партоб мекунад, то оина дарёи пуртуфон ва қайроқ кӯҳи сарбафалаккашида ва шона ҷангали махуф гардида, садди роҳи дев шаванд. Вале дев ҳар бор фотеҳона аз дарёву кӯҳу ҷангал мегузарад:

 

Меравад чобуксаворе тундтар аз бод,

Мепарад мавҷи шарор аз наъли сумҳои саманди ӯ...

Мебарад дар ҷайби худ тухми дарахту нуру бинойӣ,

К-аз таҳи болини деви хоби бадҳайбат рабудаст он,

То падарро чашми нобино кунад дармон.

 

Ривояти охирини манзума нишон медиҳад, ки деви зиштию хоб тухми дарахти нуру биноиро аз онон дуздидааст, куллан барбод рафтааст:

 

Худ вале он дев

 деви ҷангали анбӯҳи зулмонист,

Ки тавонад з-он биёяд дарзамон берун.

Лек ҳайфо,

З-ин агар чобуксавори род огаҳ нест…

 

Дигар аз достонҳои Аскар Ҳаким «Санги ман – алмос» мебошад, ки аз ҷониби муҳаққиқон ва алоқамандони адабиёт баҳои баланд гирифтааст. Мӯсо Диноршоев ин достонро дар боби дарки фалсафии зиндагӣ намунаи болотарини шеъри муосир донистааст. (М. Диноршоев. Ҳамон асар, с. 8). Темур Зулфиқоров онро «достоне шаффофу булӯрин, тозаву тар» тавсиф карда, меафзояд: «Бешубҳа, достони нави Аскар Ҳаким на танҳо сухани тару тозае дар шеъри тоҷик, балки умуман дар шеър мебошад». Шоира ва мунаққиди рус Искра Денисова менависад, ки «шояд, хусусияти ба худ хоси достон аз он иборат бошад, ки ҳар мисраи он аз ақоиди пантеистӣ-ягонагии Худованду табиат саршор аст, ки эҳтимол аз таълимоти Зардушт, аз Суғди бостон сарчашма мегирад. Ин пантеизм заминаи асосӣ, пойдеворест, ки дар болои он бинои ҷустуҷӯҳои маънавии шоир бунёд мешавад. Доираи ҷустуҷӯҳои маънавии шоир хеле фарох аст ва он ҳамаи дину мазҳабҳоро фаро мегирад. Ва дар айни ҳол тафаккури ӯ аз ҳамаи ин дину мазҳабҳо мағзи онҳо − адолат, инсоф, пиндори нек ва албатта, муҳаббат ба ҳамаи мавҷудият ва пеш аз ҳама муҳаббат ба инсонро ба оне, ки ба китфони то хуншоршавӣ хурдашудаи хеш осиёсанги зиндагиашро мекашад, интихоб карда мегирад. Ба назари ман, чунин менамояд, ки ин гуна ифодаи фавқулоддаи зебоӣ, тавоноӣ, қудрати маънавии олӣ, фарҳанги олӣ аз решаҳои асили бостонӣ, бутпарастӣ, зардуштӣ, ҷавҳари табиӣ ва модарзодӣ ба вуҷуд омадааст» (Маҷаллаи «Помир», 2000, № 1-6 с. 126).

Арзёбие, ки аз ин достон шудааст, ҳам ба муҳтавои он дахл дорад, ҳам ба ҳунари шоирии соҳибаш, яъне ин асар дар муҳити адабӣ «ҳамчун як падидаи мутлақо нав» (Станислав Золотсев) пазируфта шудааст.

Аскар Ҳаким дар ин асар масъалаҳои робитаи фарду ҷомеа, маргу зиндагӣ, имрӯзу фардо ва ғайраро ба муҳокима кашидааст. Воқеияти достон бо ёрии тахайюл ва рамзу маҷоз ба таври дилчасп баён гардидааст.

Дар оғози достон шоир ба моҳияти ҳастии инсон диққат ҷалб мекунад, вуҷуди ӯро бо табиат тавъам ва ҷудонопазир таъбир мекунад. «Санги ман – алмос» бо фаро гирифтани масъалаҳое, аз қабили инсону табиат, инсону инсоният, адолату разолат, ишқу муҳаббат ва нафрату адоват, озодию асорат достонест, ки барои ҳамеша бо афкор ва андешаи тоза диққатангез хоҳад монд, зеро бо гузашти замон масъалаҳои зикршуда кӯҳна намешаванд ва хонанда барои эҳтиёҷи маънавии худ аз он раҳнамоиҳо хоҳад дид.

Ин достонро воқеан ҳам метавон ба унвони симфонияи зебои зиндагӣ пазируфт, зеро дар он зуҳуроти гуногуни ҳаёт бо суханони самимӣ ва хаёлангез тасвир шудааст. Тасвир шоирона, тоза ва пурмаънист. Байтҳои зер намунаи волои тарзи нигориши Аскар Ҳаким мебошад:

 

Дӯст дорам фаварони гули шафтолуро,

Ишқи занбӯри асалро ба арӯси гули себ,

Ки ба як бӯсаи ширин кунадаш обистан

Ва ман обистани гулро

                        ба қалам об диҳам,

То ки дар дафтари ман шохаи себ орад бор.

 

Ин тасвири шоиронаи зуҳуроти ҳаёт аст, ки сарчашмаи ҳамаи зебоиҳо будани онро таъкид мекунад. Ишқ низ дар андешаи шоир зуҳуроти бемонанди зиндагист. Шоир дар достон ишқро ҳамчун навъи эҳсоси поки инсонӣ тафсиру таъбир мекунад, ки тарзи бархӯрди ӯ тоза ва бесобиқа аст.

Масъалаи дигаре, ки шоир дар достон баён кардааст, тарзу тариқи дарки озодӣ мебошад. Дар ин замина шоир тамсили се мурғро меоварад, ки яке дар қафас асту обу донаш таъмин аст, дигаре озод асту барои дарёфтани обу дона ҷонаш ҳар лаҳза дар хатар аст, ниҳоят савумӣ чунон аз талошҳо хаставу дилзада шудааст, ки ҳатто дигар озодиву парвозро аз ёд бурдааст. Шоир ба суоли «Чист дар ҳасрати он мурғи қафас?» посух намедиҳад ва андар ин боб андешиданро ба ихтиёри хонанда вомегузорад. Вале як талмеҳе ба беболии шутурмурғ маъниро ошкор мекунад, ки талмеҳ ба озодӣ аст.

Аскар Ҳаким дар шеъри муосири тоҷик симои хоси худро дорад. Вай дар шаклҳои дигари шеърӣ, аз ҷумла ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ низ мавзӯю масъалаҳои муҳимми зиндагиро бо камоли ҳунармандӣ тасвир ва баён кардааст, ки арзиши бузурги маънавӣ ва зебошинохтӣ дошта, саҳифаҳои рангини таърихи адабиёти навини тоҷикиро зеб медиҳанд.