Умар Сафар

доктори илмҳои филологӣ

 

ДАР ҚАЛАМРАВИ ШЕЪРИ ҶОДУЙӢ

 

Ҷомеаи адабии мо дар соле, ки гузашт, шоҳиди падидаҳои тозаву шоистаи пуршуморе буд, ки намунааш интишори «Маҷмӯаи осор»-и шоири арҷманд Аскар Ҳаким дар ҳафт ҷилд маҳсуб мешавад. Нашри осор бо сифати аъло тавассути нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифтааст. Ҳафт ҷилд замоне манзури ҳамватанони гиромӣ гардид, ки холиқи он аз сарҳади хушоянди ҳафтодсолагӣ гузаштаанд. Маҷмӯъаро бо иқрори худи шоир шояд тавонист, мунтахаби осор номид, чун ҳама сурудаҳову офаридаҳои эшонро фарогир нест. Вале дар ҳар сурат аз синаи ин марз метавон ба масири офаринандагии як ҳунарманд назари муҳаққиқона афканд. Зиндагии як шоир, ҳунарвар мардум зиндагии хусусӣ, фардӣ нест, балки омезае аз воқеияти асру ҷомеаи ӯст. Вуруд ба ҳарими эҷодии як ҳунарманд дидор бо шебу фарози таъриху фарҳанги як қавм аст, шинохти дарду ранҷҳо, бурду бохтҳо, омолу орзуҳои мардуме аст, ки шоир ҳамдӯшу ҳамканори онҳо ба сар бурда, шодиву ғам, шикасту боландагии хешро бо онҳо қисмат намудааст.

Маҳзи хотири ин тамошои дидаҳову андӯхтаҳо ва офаридаҳои устод Аскар Ҳаким дар кохи баланди ин «Маҷмӯа…» амрест хостаниву судманд. Ба касе пӯшида нест, ки ҷойгоҳи Аскар Ҳаким дар адабиёти муосири тоҷик ниҳоят боризу барҷаста аст. Мавсуф беш аз чаҳор даҳсола аст, ки бори сангини суханро ба дӯш дорад. Эшон дар радифи суханофарин будан, сухансанҷу муҳаққиқи мумтози ҷомеаи муосири мост. Адабиёти имрӯзи мо шоирони зиёдеро дар оғӯш парваронида, вале шоирони муҳаққиқу пажӯҳандаи мо ангуштшуморанд. Ноқидони шеъри муосири тоҷик низ кам нестанд. Вале ба андешаи инҷониб ҳеҷ яке ба андозаи Аскар Ҳаким дар шинохти таҳаввулу дигаргуниҳое, ки дар домани замон дар бистари шеъри имрӯз ба вуҷуд омада, пажӯҳишу ғавр накардааст. Нақши ӯ дар маърифати ҷараёнҳои тозаи шеър, баррасии сурудаҳои шоирони таъсиргузор, заминаҳои таҳаввулу навовариҳо дар адабиёт ниҳоят чашмгир аст. Дар атрофи бархе аз вижагиҳои фаъолияти таҳқиқии мазкур баъдан сухан хоҳем гуфт. Аммо нахуст муносиб аст, чанд нукта перомуни низоми тадвини «Маҷмӯа…» зикр гардад.

Ҷилди аввалу дувуми он фарогири сурудаҳои шоир дар имтидоди замон аст. Дар ҷилди нахуст аз даҳ дафтари пешин, ки солҳои мухталиф ба табъ расидаанд, ашъори баргузида манзур гардидааст.

Ҳарчанд таърихи иншои шеърҳо равшан нест, вале матни ҳар сурудае баёнгари ҳолу ҳавои хеш, вазъи хоси рӯҳиву равонӣ ва ба гунае ойинаи замони худ аст. Зиндагие саршору моломол аз шӯру такопӯ, умеду орзу, нишоту хурсандӣ, меҳру дӯстдорӣ, имону эътиқод ба фардоҳо дар саҳифоти ин дафтар ҷараён дорад.

Дарунмояҳои ашъор гуногунанд. Дарунмояҳое, ки зуҳурашон бастагӣ ба мазоҳиру саҳнаҳои конуни ҳастӣ доранд. Ҳастӣ зоёи ҷовидон аст. Вале раванди ин зояндагӣ бо зеҳни халлоқу ҳамабини як ҳунарманд шаклу сурат мепазирад, чаҳорчӯби маъноӣ пайдо мекунад ва аз вуҷуди хеш мужда мерасонад. Бахше аз шеърҳо ҷанбаи ишқӣ, ғинойӣ доранд. Гурӯҳи дигар дорои заминаи нерӯманди отифию фалсафианд.

Гоҳо андешаи шоир дар марзи мавзӯъҳои ҷовидонии адабиёт давр мезанад ва замоне зеҳни ӯро шигифтиҳои муҳити перомун, падидаҳои рангини ҳаёт ба худ мекашад. Садҳо суолу пурсиши ғайрииродӣ дар ҳушу руҳаш пайдо мешавад, ба дигар сухан ӯро вориди майдони ҳайрату тааҷҷуб месозад, ба посух ёфтану тасмим гирифтан вомедорад. Манзур нақду арзёбии ашъори пешини адиби арҷманд нест, вале натиҷаи ҷомеъ он аст, ки ағлаби шеърҳо тарғибгари ин мавзӯи ҷовидонии башарианд, ки ҷаҳон ва пойдории ҳастӣ ишқу муҳаббат аст.

Аз дидгоҳи шоир ин ҳама рахшандагӣ, нуру зиё, ки дар домани ахтарони осмон ба шӯр меояд, нишони ишқи бепоён ба замин аст. Ҳама мавҷудоти ҷаҳон толиби ҳамин мақулаанд. Аз ҷониби дигар ҳастӣ бар пояи ҳамин ишқ устувор аст.

 

Нест беҳ аз ишқу вафо матлабе,

Бандаи ишқ аст саросар ҷаҳон.

Дар ҳаваси ишқи замин ҳар шабе,

Тоза шукуфад чамани осмон.

 

Самимияту хулус, бовару итминон вижагии тамоми ашъори ҷилди аввали «Маҷмӯаи осор»-анд, ки мо ба намунаи болоӣ иктифо мекунем.

Ашъори тозаву номатбуъи шоир, ки ағлаб аз дубайтиву рубоиёт, шеърҳои озод ва ғазалу манзумаҳо иборатанд, дар ҷилди дувум гирд омадаанд.

Ин дафтар бо шеъри хуби «Эъҷози парвоз» оғоз мегардад. Аслан Аскар Ҳаким шоири ҳолатҳост. Ҳар ҳолате дар чаҳордевори ҳастӣ мурғи зеҳни ӯро ба таҳарруку ҷунбиш, ба парвозҳои баланди зиндагиофарин бармеангезад. Ӯ ситоишгари инсону ҷаҳони пуртазоди ӯст. Шоир бар ин назар аст, ки зиндагиро бояд зист, зебову шоиста зист, зиндагӣ истоиву сукунро намепазирад. Ҷунбишу пӯёист, ки ба инсон нерӯи зист мебахшад, шодиву нишот меофаринад ва дарду ранҷҳоро канор мезанад. Маҳзи хотири ин ба қавли шоир:

 

Ҷоми ғамро зад бояст ба санг,

Ҷоми шодӣ бардошт…

Шодӣ асли ба зуҳур омадани эъҷоз аст,

Ҳастии сабзи замин

                        тазмини парвоз аст…

 

Иқтизои раванди зистан худ ҳаракату равандагии ҳадафманду созанда аст. Таваққуфу истоӣ кушандаи ҳаёт аст. Дар ҷунбишу равандагист, ки зиндагӣ маъно мегирад, доман боз мекунад. Шабеҳи он ки осмон муштоқи парвозҳост:

 

Осмон бошаду

                   парвозе  на,

Осмон бемаъност.

Маънии будани мо

               низ ҳамин парвоз аст…

 

Дар шеъри «Шод бояд буд», ки аз сурудаҳои муваффақу аз нигоҳи сохтор нимоии шоир аст, таҳлиле равонӣ дар атрофи ҳастӣ сурат гирифтааст. Фазои шеър саршор аз аносири ҳастигароёна аст ва андешаи шоир зиндагиро бо тамоми абъодаш дунбол мекунад. Ҳар сӯ, ки чашм медӯзад, ҳузури зиндагиву шодиву нишотро дар марзу буми буду боши ашё, синаи мурғон, махлуқоту мавҷудот, бешазорону кӯҳсорон, дарёву рӯдхонаҳо, эҳсос мекунад. Ранги симгунаи бомдодӣ, шафақи лолагуни замони ғуруб, гӯё бо забони хеш мо инсонҳоро ба дил бастан, домани шодӣ гирифтан, ҳидоят мекунанд:

 

Нуқравори бом

Лолавори шом,

Бо забони ранг мегӯяд,

          ки дил бар шодмонӣ банд…

 

Дар банди ниҳоӣ зиндагӣ бо сози мусиқӣ ташбеҳ мегардад. Созе, ки тору пудаш печида бо ҳазор савту оҳанг аст. Ин сози муъҷизаосоро   бояд муғаннивор навохт, нукоти зарифу латифи онро дарку эҳсос кард, то рӯди нишоту хушояндӣ ҳамеша равон бошад:

 

Зиндагӣ шанг аст,

Зиндагӣ ранг аст,

Зиндагӣ нути ҳазорон савту оҳанг аст,

Чун муғаннӣ боядаш бинвохт,

Шод бояд буд,

Шод бояд сохт.

 

Мурури ашъори китоби дувум чунин натиҷаеро ба зеҳн мерасонад, ки дарунмояҳои шеърӣ аксар хотираҳову бардоштҳои гуна – гуна аз матни зиндагии дури муаллифанд, ки бозгашти нигарониву ғайриинтизорашон вуҷудашро мунқалиб сохтаву бозтоби сувариро тақозо намудаанд. Дар чунин мавридҳо шоир ағлаб аз қолабҳои гуногуни шеъри мудерн, шеъри сафед ва гоҳо шеърҳои кӯтоҳ, ки дар адабиёти имрӯзи мо ба гунаи шоиста шинохтаву пазируфта нашудааст, кор мегирад. Вижагии дигари ин дафтар корбурди рамзу тамсилҳост, ки албатта мавзӯи тозае нест, вале Аскар Ҳаким дар чунин мавридҳое ҳамеша талош варзида,  то гоме фаротар аз марзҳои шинохта бигзорад. Гоҳо зеҳни шоирро сарзамини тай намудаи шоирони пешин ва  сувару  асбоби ашъори эшон ба худ ҷазб месозад. Касрати баҳрагирӣ ва ҷовидонагии бархе аз сувар мисли  «шамъу парвона» ӯро ба тааммул во медорад. Мазҳари зиндагии ин ду ба ишқ пайванди дерсолу ногусастанӣ дорад, вале суоли матраҳ барои ҳунарманд ҷанбаи омӯзандагӣ ва ибрат аст,ки равшан нест дар кадоме аз ин ду сувар боризтару равшантар аст:

 

Дар ишқ

Шамъ об мешаваду

Парвона месӯзад,

Аммо кӣ мегӯяд,

Кадоме аз инҳо

Ишқ аз дигаре бояд биомӯзад?

 

Кор  гирифтан аз сохтори забонии шеър ва табиати забон, тағйири ҷойгоҳи вожагон дар ҷумла ва сохтани саҳнаҳову фазоҳои  шигифту андешабарангез дар шеърҳои кӯтоҳу мансур яке аз хусусиятҳои дигари шеваи офаринандагии Аскар Ҳаким аст.

Дар чунин ашъоре шоир нахуст аз замони вуқӯи падидае хабар медиҳад. Фароҳамсози падидаи мавриди назар маълум нест ва аз он исм бурда нашудааст. Шояд барои он ниёзе ҳам нест. Таваҷҷуҳи шоир ба асари ин падида ё пайи қадамаш аст. Дар ваҳлаи аввал тағйире, ки бо баракати зуҳури касе ё чизе сурат мегирад, мунаъкис мешавад.

Фасли омаданат

Фасли ошиқии гулҳо буд.

Дунё чӣ қадар зебо буд.

 

Пас аз таваққуфи кутоҳи зеҳнӣ масири андеша бо як чархише мақулаи «зебоӣ»-ро бар маснади ростини худ менишонад. Ба ин маънӣ, ки унсури аслӣ, пояи бунёдини дунёсоз зебоист. Воқеияти ин андеша қаҳрамони ғиноиро ба оянда дилгарм месозад, умед мебахшад. Бидуни шак чунин таркибсозӣ ва ҷойгузинсозии калимот агар ба таври лозиму шоиста дар зеҳни шоир шакл бигирад, дар ташаккулу камоли сохтори шеър ва имконоти сабти он дар зеҳнияти хонандагон нақши калидӣ бозӣ мекунад. Дар банди поёнии шеъри фавқ бо зикри вуҷуди бовар ба «зебоии дунё» ба ин андеша ҷанбаи ҳамагонӣ медиҳад ва шеър зода мешавад:

 

Ва ҳоло дилам

                          мутасалло хоҳад шуд,

ки шояд касе ҳаст, ки барояш

Дунё зебоист.

Вагарна

                      ин дунё

                               дунё

Ва зиндагӣ

                   зиндагӣ набуд.

 

Адабиётшиноси фозил Комёр Обидӣ менависад, ки «зебоӣ вақте ки ба тарокум бирасад, ё дарвоқеъ дар чашмони мо мутарокум шавад, ба ишқ меанҷомад». Ин ҷанбаро мо дар сурудаҳои Аскар Ҳаким нерӯманд мебинем. Вале масъалаи ҷолиб шинохти ин амр аст, ки миёни шеъру ишқ чӣ пайванде дар зеҳни шоир меояд? Дар шеъри зер сухан аз ҷаҳони пурранҷу мармузи шеъру шеърофаринӣ дар миён аст. Таъкиди шоиронаи вижагии ғаризаи инсонӣ, ки ҳамеша роҳи осонро ҷустуҷӯ мекунад, вале бар хилофи ирода зиндагӣ дар маҷрои хеш равон аст:

 

Дилам бисёр мехоҳад,

Ки шеър аз дил чу оби ҷӯ шавад ҷорӣ.

Накарда дар сари ҳар вожааш дилхун.

Вале бинам,

ки то чун об ҷорӣ гаштани як шеър

Маро худ об бояд шуд

Ва ман дар ҳайратам акнун,

Ки беҳтар бошадам дил об гардад,

Ё ки гардад хун.

 

Шоир дар ҷилди дувум намунаи ғазалиёташро бо шумори 29 адад ҷойгузин сохта, ки бозтоби андешаву дағдағаҳои рангини ӯ дар ҳолоти гуногунанд. Ғазалиёт ҷанбаи нерӯманди отифиву ҳиссӣ доранд.

Ситоишу такрими ишқу дӯстдорӣ, лаҳазоти ширину нотакрори ҳаёт, умеду эътиқод, хушбинӣ, дарунмояи аксари ғазалвораҳои шоиранд. Вале гоҳо муҳити перомун мушкилоти ғайинтизор, ки бастагӣ ба ҷомеа дорад, қаҳрамони ғиноиро таҳти фишор қарор медиҳад. Ин аст, ки дар бархе аз сурудаҳо норизояту афсурдагии равонӣ, як навъ лаҳни навмедона эҳсос мешавад. Ин мазмунро дар ғазале бо матлаи зер равшан мебинем:

 

Дигар сухан  на ба кор ояду суханвар ҳам,

Ки гашта кори ҷаҳон соф дарҳаму барҳам.

 

Бар хилофи мисоли мазкур дар баъзе аз ғазалҳо, ки ҳолу ҳавои шодиангез доранд, ҳузури як таркибу ибораи тоза низ бо сари худ коргару таъсиргузор меафтад.

 

Агар дил баҳра гирад аз саводи чашми ҷодуят,

Китоби ишқ во бигзораду мактаб шавад бо ту.

Ман аз тадриси чашмонат фақат як дарс мехоҳам,

Ки омӯзад шаби ман рӯзу рӯзам шаб шавад бо ту.

 

Пас аз ғазалиёт дар китоб бахши бузургеро дубайтиҳову рубоиёти шоир ташкил медиҳанд. Маҳз дар домани ин жанрҳои шеърӣ аст, ки мо ба гӯшаҳои сабзу тамошоии дунёи андешаву афкор, ҷаҳоннигарии шоири гаронмоя ошно мешавем, бо ҳунарманде дидор мекунем, ки назорагари тамомии аҷрому аҷсом, саҳнаҳои ҳазорранги ҳаёт аст. Гоҳо рафтору кирдори инсонҳо, ки хулосаи ҳастиянд, ӯро ба тааҷҷуб меандозад. Перомуни фалсафаи зиндагии онҳо андеша мекунад. Вижагии дубайтиву рубоиёт дар он зоҳир мегардад, ки дар матни онҳо як мавзӯи мушаххас, ки исмаш дар унвон мазкур аст тавсифу тарсим мегардад. Инак намунае аз рубоиёт:

 

Дашту қатра 

Гар дона ба хирман надиҳӣ, хору хасӣ,

Гар лона ба мурғе надиҳӣ, худ қафасӣ.

Дар дашт, ки қатраро бувад қиммати ҷон,

З-он қатра гузаштан натавонӣ, чӣ касӣ?!

 

Ҷилди дуюм ҳамзамон фарогири манзумаҳои адиб аст. Ба андешаи мо аз миёни ҳамаи манзумаҳову достонҳое, ки дар чанд даҳсолаи охир офарида шудаанд, барҷастатаринаш манзумаи «Санги ман – алмос» аст. Манзумаи мазкур аз осори даврони истиқлол аст. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки адабиёти муосири мо достоне ба ин умқу домана, касрати мавзӯот ва нигаришу биниши ҳунарӣ надошт.

Шоир дар домани он зиндагиро гӯё дубора мезияд. Зеҳнан ба кӯдакӣ боз мегардад. Таҷдиди хотироту ёдвораҳо, масири камолу боландагӣ, шаклгирии зеҳният дар перомуни муҳити буду бош, моҳияту сиришти мақулаи зистан, рози ҳастӣ, намунаи абзоре ҳастанд, ки шоир бо онҳо манзума месозад, дунёро ба тамошо менишинад. Пардаҳои садранг, саҳнаҳои дилфиреб, мазоҳири пурпечу пуртазоди ҷаҳони зист пойи ӯро ба қаламрави шигифтиву тааҷҷуб, посухёбӣ ба пурсиши ҷовидонии «чаро чунин?» мекашад. Гоҳо дидани пайванду иртиботи олами ашё, мавҷудоти табиат, шеваи зисту амали онҳо ниҳоди ӯро саршори шодиву нишот, лабрези умед мекунад ва гоҳо чашми зеҳнашро зиндагии паррандагону хазандагони ҳамҷавор ба худ мекашад. Албатта миёни манзумаи «Санги ман – алмос» ва манзумаҳои адабиёти муосири форсӣ махсусан манзумаҳои Сиёвуши Касроӣ «Ораши камонгир», «Садои пойи об»-и Сипеҳрӣ шабоҳату  ҳамсониҳое дида мешавад, вале дар маҷмӯъ манзумаи Аскар Ҳаким дар зоти худ ягона аст. Бо зикри порае аз он иктифо мекунем:

 

…Дӯстдори суханам,

Сабз гардад ба кафам шохи қалам,

Баски ҳам ишқ ба шудгори хазонӣ дорам

Ва дар ин дам ки маро нест замину испор

Рӯйи марзи варақи тоза қалам меронам,

Ки баногаҳ гияҳе сабз шавад,

гандум ё ҷав рӯяд

Ва аз он қитъаи шудгори қалам, дасти кам,

Мӯр бар хонаи худ дона кашад…

 

«Вижагиҳои анвои шеъри ғиноӣ» унвони китоби таҳқиқии устод Аскар Ҳаким аст, ки дар ҷилди сеюми «Маҷмӯа…» ҷойгузин шудааст.

Қобили зикр аст, ҳарчанд дар атрофи шеъри ғиноии муосири тоҷик ва навъҳои он аз ҷониби донишмандони адабиёт ва муҳаққиқон осори зиёде таълиф шудааст, вале дар адабиётшиносии имрӯз асари алоҳидаву комиле дар ин замина мавҷуд нест. Муҳаққиқи фозил талош варзида, бар мабнои таҳқиқу ҷусторҳои анҷомшуда дар заминаи шеъри муосири тоҷик таҳлилу арзёбии донишҳои назарӣ, дидгоҳҳои олимону назарияпардозони дохилу хориҷ, як асари ҷомеъу фарогири ҳама ҷанбаҳои назарӣ таълиф намояд.

Равшан аст, ки ҳар халқу миллатеро адабиёти хоси ғиноист. Ҳарчанд дар гурӯҳбандии шеъри ғиноӣ ба навъҳо дар адабиётшиносии милали ҷаҳон монандиву мушобиҳатҳое мавҷуд аст, вале мувофиқати комилу сад дар сад наметавонад бошад. Шеъри ғиноии ҳар қавмеро  хусусиятҳои ҷудогона аст. Аз ин рӯ шинохту маърифати вижагиҳои навъҳои шеъри ғиноӣ яке аз печидатарин мавзӯъҳои адабиётшиносӣ маҳсуб мегардад.

Мавсуф қабл аз вуруд ба масъалаи аслӣ бо диди муҳаққиқона ҷанбаҳои назарӣ ва истилоҳии масъаларо бо иттико ба дидгоҳҳои назарияпардозони пешину муосир, мавриди таҳлили амиқу густарда қарор дода, зимнан ба мушкилоти умда дар ин замина таъкид меварзад. Зуҳури мушкилот ба ақидаи мазкур қабл аз ҳама ба гузашти замон, пешрафти адабиётшиносӣ дар риштаи шинохту нақди шеър ва ақибафтодагии мо бастагӣ дорад. Адабиётшиносии муосири мо дар қиёс бо адабиётшиносии ҷаҳон ва миллатҳои алоҳида махсусан дар бахши назарияи шеър, шеваҳову тарзҳои нақду таҳлили шеър, рушду камоли қобили мулоҳизае надоштааст. Гузашта аз ин аз тадқиқоти назариявии дастрас бо иллати ин ки бо забони ғайр таълиф шуда, ба гунаи шоиста баҳрабардорӣ нашудааст. Такяи ноқидону пажӯҳандагон солҳои мутамодӣ рӯйи мазмуну муҳтаво буда. Дар ҳоле ки шеърро метавон аз зовияҳои мухталиф таҳлилу баррасӣ намуд.

Мушкили дигар касрати истилоҳот аст, ки он ҳам натиҷаи густариши донишу шинохти башарӣ дар заминаи перомуни нақду  таҳлили шеър аст. Дар адабиётшиносии тоҷик замони тӯлонӣ танҳо аз истилоҳи «қаҳрамони лирикӣ ё ғиноӣ» истифода мекарданд, ки он ҳам бар асари тарҷума аз адабиётшиносии рус аст. Вале мурури осори назарӣ, дидгоҳҳои муҳаққиқони назарияпардози машҳури ҷаҳон гувоҳ бар ин аст, ки дар матни як шеъри ғиноӣ бозигарони зиёде ҳузур доранд, ки шинохти шахсияти онҳо, эҳсоси нафасу дидани нақши онҳо дар таҳлилу баррасии асар ниҳоят корсозанд.

Муаллифи арҷманд истилоҳоти роиҷ дар адабиётшиносиро дар иртибот бо шеъри ғиноӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст. Пушти ин истилоҳот ашхосе қарор доранд, ки дар пайванди муштарак ба шеъри ғиноӣ шаклу сурат медиҳанд, ҷанбаҳои ҷамолшиносона, маъноӣ, равонии шеърро фароҳам месозанд. Албатта вобаста ба мавқеияту ҷойгоҳи хеш онҳо аз ҳам тафовут доранд.

Ниҳоят мушкили сеюм ба ҳам омезиш ёфтани жанрҳои шеърӣ мебошанд. Чунин омезише эҷодгари сифоту шохисҳои тоза мегардад, ки маърифати онҳо ниёзи илми имрӯз аст.

Боби нахустини рисола «Шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ» номгузорӣ шуда, фарогири мисолу шавоҳиди фаровонест, ки аз осори шоирони насли аввалу дувуму сеюм баргузида шудаанд. Дар оғози фасл ишораҳои кӯтоҳе ба шохисҳову барҷастагиҳои шеъри ғиноӣ, шеваҳову масири шаклгирии он ва тафовутҳои боризаш аз дигар анвои шеърӣ сурат мегирад. Муҳаққиқ дуруст хотирнишон месозад, ки шеъри ғиноӣ ҳарчанд инъикосгари андешаву эҳсосоти фардист, вале дар чаҳорчӯби хеш дар инзиво намемонад, балки бо муҳити иҷтимоӣ по мегузорад. Ба дигар сухан бозтобдиҳандаи огоҳии иҷтимоист.

Мавзӯи дигаре, дар ибтидо рӯйи он таъкид шуда, беранг шудану аз назар афтодани ин жанри шеърӣ дар тӯли замон аст ва иллати аслиаш сиёсатҳои адабии давр аст. Ба ақидаи мавсуф воқеияту иқтизои давр, сиёсати ҳоким ин буд, ки «шеър ҳам гӯё тамом шеъри фаъолият буд, на андешаҳои отифии шахсиву эҳсосот». Шахсияти шоир ҳам гӯё дар вуҷуди иҷтимоъ маҳлул шуда буд ва агар ҳам гоҳ-гоҳ рух менамуд, танҳо ба сурати шахсе, ки бунёдкори ҷомеаи нав асту саропо тавоноист ва агар ҷаҳони ботин дошта бошад ҳам дар он фақат шодиву сурур ҳаст ва агар нафрате ҳам ҳаст, фақат ба душманони сохти нав».

Бад-ин тариқ бар асари сиёсатҳои ҳокими давр, шеър маҷрои мавҷуди худро тағйир дод ва ба шеъри мавзӯӣ табдил гардид, ки табиату рӯҳаш бо таври шоиста барои аҳли адаб ошно набуд. Марҷаи тақлиду пайравӣ барои шоири тоҷик шеъри мавзӯии русӣ буд, ки русҳо низ бештар пайраву обишхӯри адабиёти ғайр буданд. Ин ҳолат шеърро аз заминаҳои худӣ, аз масирҳои тайшуда комилан ба инҳироф кашид ва чеҳраи фарди ғиноӣ гӯё дар «гарду ғубори ин масир» ранг бохту ношинохта шуд.

Таҳаввули маҳсус дар ин амр ба андешаи пажӯҳанда аз нимаи дуюми солҳои панҷоҳум оғоз гардид. Шахсияти ғиноӣ, ё фардӣ ғиноӣ ба хезишу рӯйиши тоза нахуст дар сурудаҳои устод М. Турсунзода, Ғаффор Мирзо, А. Шукуҳӣ баъдан дар ашъори М. Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ, Бозор Собир ва Фарзона чеҳра боз намуд. Ҷузъиёти матлаб дар навиштаҳои шоирони мазбур ба таври густарда таҳқиқ шудааст.

Ба қавли муҳаққиқ шахсияти ғиноӣ дар навиштаҳои М. Турсунзода ба андозаи кофӣ дорои тафаккури худнигаронаву дарунгароёна нест ва иллаташ дар он аст, ки «андешаҳои отифии худтаҳлилӣ асосан реша дар тазвиҷи ирфон ва шеър доштанд ва азбаски ғояи бунёди инсони нав ба мероси маънавии гузашта созгор набуд, шоироне, ки шеърашонро ба хидмати сохтани ин гуна инсон гузошта буданд, аз истифодаи он таҷриба эҳтироз мекарданд».

Равшан аст, ки шахсияти ғиноӣ мунъакискунандаи огоҳии фардист, ки дар бистари шеъри ғиноӣ таҳқиқ мепазирад. Вале шеваи талаққиву тарзи бархурди шоирон метавонад мутафовит буда, шомили вижагиҳои дугона бошанд. Устод бар ин назар аст, шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ метавонад ақлгароёна ё ҳисгароёна бошад. Дар робита бо ин ба навиштаи Аскар Ҳаким ашъори шодравон А. Шукуҳӣ ҷанбаи нерӯманди ҳисгароёна дорад. Дар матн мисолҳои ҷолибе аз эҷодиёти мазкур нақл шудаанд.

Мавзӯи шахсияти ғиноӣ дар ашъори Ғаффор Мирзо ва Муъмин Қаноат аз ҷониби пажӯҳанда амиқу ҳамаҷониба бо нақли назару дидгоҳҳои ноқидони замон мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Диди муҳаққиқ дар таъйину шинохти шахсияти ғиноӣ дар шеъри муосир ниҳоят фароху доманадор аст. Дар рисола саъй шуда ҳеҷ гӯшае аз он пинҳон намонад. Масалан зимни таҳлили ҷойгоҳи он дар сурудаҳои Ғ. Мирзо ба аносири забонии шахсияти ғиноӣ ишорат намуда, чунин изҳор медорад: «ин шахсияти ғиноӣ, ки худро забони адолати мардум медонад, табиист, ки бештар ба забони мардум суҳбат мекунад «дар баъзе маврид забон ва шеваи баёни ӯ ба ширинӣ ва шевоии забони мардум мерасад».

Шахсияти ғиноӣ дар шеъри М. Қаноат бар хилофи Ғ. Мирзо вижагиҳои дигаре дорад. Такяи шоир дар шеърҳои ғиноӣ бештар бар ҷаҳони перомуну ашёст. Рӯ овардан ба дунёи даруну андешаҳои худнигарона сурати камрангтаре дорад, вале ин ҳолат дар тӯли зиндагии эҷодии шоир яксону бетағйир намемонад. Бо гузашти замон, камолу боландагии адабиёту шеъру шоир шахсияти ғиноӣ низ ба қаламрави тозатаре ворид мегардад, ки мисолаш дар ашъори М. Қаноат зиёд аст.

Барҷастагӣ, шукуҳу шаҳомати шахсияти ғиноӣ аслан бастагӣ ба истеъдоду нубуғ, андозаи ҷаҳоншинохтиву биниши як адиб, як шоир бастагӣ дорад. Зеро ин хасисаҳо ба як ҳунарманд мустақилияти андеша, шеваи хоси баён тарзи талаққӣ медиҳад, ки дар маҷмӯъ боиси зуҳури чеҳраҳои мухталифи шахсияти ғиноӣ мегардад.

Ба ин маънӣ муаллифи рисола дар поёни боби аввал ишорат намудааст. Донишмандони адабиёт дар шинохти шеъри ғиноии отифӣ нақши тасвир ва аносири онро ниҳоят корсоз донистаанд. То ҳадде ки зимни гурӯҳбандии анвои шеъри ғиноӣ барои он навъи алоҳидаро шинохтаанд.

Маълум аст, ки дар баёну инъикоси андешаҳои отифии шахсияти ғиноӣ дар радифи созу абзори забонӣ аркони дигаре саҳиманд, ки муҳимтарини онҳо тасвир аст. Зеҳни инсон бо муҳити перомун, ҷаҳони ашё, аҷрому аҷсом, робитаву пайванди доимӣ дорад. Ин пайванд, ки бо нерӯи мушоҳидаву муроқибат, тарассуду назорагарӣ ҳамроҳ аст, қиёсу татбиқ, шабеҳсозиву шабеҳдониро ба хотири бозтоби андешаҳои отифӣ тақозо мекунад. Маҳз дар ҳамин раванд аст, ки коргоҳи дарку тасаввури инсонӣ ба кор меафтад ва тасвирҳо зода мешаванд. Ин тасвирҳо, ки баргирифта аз ҷаҳону воқеияти айнианд, андешаи отифии фарди ғиноиро маҳсусу диданӣ, ҷозибу кашанда месозанд.

Бо назардошти андешаҳои мазкур дар боби дувуми рисола масоили марбут ба шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ баррасӣ гардидааст. Қобили зикр аст, ки ҳар бахше аз рисола иборат аз ду ҷанба аст. Ҷанбаи назарӣ ва амалӣ. Дар баёну шарҳи вижагиҳо, шохисҳо ва тафовутҳои мавзӯъҳои матруҳа такяи муаллиф бештар рӯйи дидгоҳҳои муҳаққиқону назарияпардозони хориҷ аст. Вале аз хилоли онҳо мо ба назаргоҳҳои мустақилу вижаи муаллифи рисола рӯ ба рӯ мегардем. Гоҳо ёфтаҳову натиҷаҳои фардӣ нерӯмандтар аз нақли қавлҳост.

Ин хасиса барои як навиштаи пажӯҳишӣ ниҳоят муҳим аст. Таҳқиқу ҷустуҷӯ муаллифро ба ин натиҷаи ҷомеъ расонида, ки «дар шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ фарди ғиноӣ на фақат эҳсосот ва андешаҳои отифии худро баён медорад, балки ба олами хориҷ рӯй оварда, аз он ашё ҷузъиётеро интихоб намуда, барои ифодаи маҳсусу малмуси он эҳсосоту андеша ба кор мебарад. Ин ашё ва ҷузъиёт заминаи воқеии шеърро муҳайё намуда, тарҳи олами ҳастиеро, ки дар он фарди ғиноӣ эҳсосу андешаву зиндагӣ мекунад, ба вуҷуд меорад».

Шебу фарози мавзӯи мазкур дар осори шоирон М. Турсунзода, А. Шукуҳӣ, Ғ. Мирзо, М. Қаноат, Б. Собир, Лоиқ ва Фарзона таҳлилу арзёбӣ гардидаанд.

Шеваи зуҳуру шаклёбӣ, камоли шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ дар коргоҳи эҷодӣ, дақиқтараш дар зеҳну ҳуши ҳар шоире вижагиҳои хос дорад, ки дар рисола ба таври густарда таҳлилу таҷзия гардиданд. Ногуфта намонад, ки ҳар андешае заминаи эҳсосӣ дорад, ки ҳунарманд дар раванди халлоқият миёни онҳову ашё пайванду робита барқарор месозад, барои малмусу маҳсус кардани онҳо аз тасвирҳо кор мегирад ва шояд онҳоро ба гунае меозмояд, то вориди қаламрави ҳунар гарданд.

Номуносиб нест агар андешаи Л. Н. Толстой инҷо нақл шавад, ки дар маҷмӯъ ба мавзӯи мавриди баҳс пайвандҳои пинҳону ошкор дорад. Мавсуф менависад: «Бояд эҳсоси таҷрубашуда, озмударо дар хеш бедор сохт. Тавассути ҳаракату хутути мавҷуд, рангҳову садоҳо, суваре, ки бо вожагон бозтоб гардиданд, бояд худро барангехт ва ин эҳсосотро ба гунае арза дошт, ки дигарон низ онро таҷруба кунанд».

Таҳқиқу таҳлили шеъри ғиноии тавсифиву тасвирӣ мавзӯи бахши сеюми рисолаи мазкур аст, ки дар ниҳояти диққату мушикофона таълиф шудааст.

Ҳастӣ бо тамоми абъодаш, мазоҳиру саҳнаҳои мутафовиташ ниёз ба камолу боландагӣ дорад. Ин раванд дар зеҳни халлоқи як шоир, як ҳунарманд сурат мегирад. Ба ин маънӣ, ки шинохти олами перомун тавассути дарку тасаввури ҳунарманд ҳосил мегардад. Як навъ суратгарӣ, суратбардорӣ, ки аз завқу лутф, ҳунару истеъдод орӣ нест, дар зеҳни шоир ба зуҳур мерасад.

Ҳадаф ин аст, ки дар шеъри ғиноӣ тавсифу тасвири аносири ҷаҳони перомун, воқеияти айнӣ, мақому ҷойгоҳи бартаре пайдо мекунанд. Дар чунин ашъоре ҳузури фарди шеър замоне эҳсос мешавад, ки мо ба тавсифу тасвирҳои мавҷуд дар матни шеър сару кор мегирем.

Ба андешаи муаллифи рисола сарчашмаи чигунагии дарку тасаввури  шахсияти шеър аз конуни ҳастӣ бастагӣ ба он дорад, ки «чи аносиру зуҳуроте аз воқеияти мавҷуд» рӯ ба рӯи ӯ қарор доранд.

Аслан масъалаи тасвир дар шеър яке аз мавзӯъҳои доманадоре аст, ки адабиёти классики мо дар ин замина маводи фаровон дар ихтиёр дорад. Мавзӯъ фарогири ҷузъиёти зиёди фанниву зебошинохтӣ аст, ки перомунаш пажӯҳишҳои қобили мулоҳизае сурат гирифтааст. Муҳаққиқи арҷманд саъй намуда, дар ин маврид ба тадқиқоти анҷомшуда ва шохисҳои мавзӯъ ишорати кӯтоҳ намояд. Гузашта аз ин кӯшише ба харҷ рафта, то мизони таҳаввулу дигаргуниҳоеро, ки мабҳаси тасвир ва шеваҳои коргарӣ аз он дар тӯли забон ба вуҷуд омада, баён гардад. Гап дар ин аст, ки таҳаввулоте, ки дар синаи дунё дар ҷомеаҳои инсонӣ мегузарад ва симои дунёро тағйир медиҳад, хоставу нохоста дарку тасаввури инсонро аз ҷаҳони перомун, олами мавҷуд дигар месозад. Иқтизои ҳамешагии ҷаҳон шинохту маърифати дурусту тозаи падидаҳову тозагиҳои он аст. Ин шинохт, гуфтем, ниёзи замон аст. Бояд сурат бигирад. Вале на бо чашму ҳуши пешиниён. Адабиёти мо саршор аз сувару асбобест, ки бо нерӯи онҳо падидаҳои замонӣ, манозири табиат бозтоби бадеӣ ёфтааст. Вале мусаллам аст, ки шоири имрӯз табиатро бар асоси завқу салиқа ва биниши хоси худ тарсим мекунад. Дигар дар таҷассуми муҳити перомуни имрӯзӣ сувару асбоби пешиниён корсоз нест. Муҳаққиқ бо назардошти ин бо нақли шавоҳиди пуршумор вазъи имрӯзии шеъри ғиноиро аз нигоҳи корбурди тавсифу тасвир ба риштаи таҳқиқ кашида, густаришу такомули онро дар бистари шеъри муосир ҳамаҷониба таҳлилу арзёбӣ намудааст. Шохистарин вижагии ин навъи шеъри ғиноӣ ба ақидаи пажӯҳанда вусъати ашъорест, ки ба зиндагии шаҳрӣ, намои шаҳрӣ бастагӣ дорад. Ин мавзӯъ махсусан дар сурудаҳои Фарзона ниҳоят зиндаву бориз аст. Дар идомаи рисола сухан аз навъи дигари шеъри ғиноӣ, яъне шеъри ғиноии шахсиятӣ дар миён аст. Ногуфта пайдост, ки истилоҳи мазкур низ тарҷумаи комили истилоҳи русӣ аст. Шояд русҳо низ бар мабнои адабиётшиносии ғарб чунин истилоҳе сохтаанд. Вале воқеият ин аст, ки истилоҳи тоҷикӣ бо вуҷуди он ки калимоташ ба ҳама ошност, вале номаънус аст. Шояд замон бигзарад ва чашму гӯш одат кунад. Ба назар чунин мерасад, ки худ муаллиф номаънусиву ғайри маъмулӣ будани таркиби фавқро эҳсос намуда, бар асоси дидгоҳҳо ва назаргоҳҳои назарияпардозону муҳаққиқони адабиёт перомуни он шарҳи мабсути илмиву мудалал навиштааст. Вале ба таври умум ва зоҳиран сода манзур аз шеъри ғиноии шахсиятӣ ашъорест, ки шоирон ба шахсиятҳои муайяну номдори замони худ бахшидаанд. Дар ин бахш ба пешинаи таърихии шеъри ғиноии шахсиятӣ ишора шуда, шавоҳиде аз адабиёти ақвому милали мухталиф ва аз ҷумла аз осори адабии классик зикр гардидааст, вале равшан нест, ки дар он замонҳо ба ин навъи шеър чӣ истилоҳеро муносиб медонистаанд. Мисолҳое дар пайванд бо ин аз адабиёти классик нақл шудаанд, ки аз диди муаллиф намунаи дурахшони шеъри ғиноии шахсиятианд. Вале дар ҳофизаи мо бархе аз онҳо бо маънии марсия, мадеҳа, шеъри базмӣ, ҷилва мекунанд. Барои бозтобу баёни шеъри ғиноии шахсиятӣ шабеҳи шеваи коргирӣ дар бобҳои пешин, аз эҷодиёти шоирони саршиноси адабиёти муосир М. Турсунзода, Ғ. Мирзо, М. Қаноат, Қ. Киром, Л. Шералӣ, Б. Собир, Фарзона намунаҳо интихоб шудаанд.

Шавоҳиди мунтахаб аз зовияҳои гуногун, сохтору вижагиҳои фаннӣ, корбурди ороишҳои бадеӣ, дарунмояҳо баррасӣ гардидаанд.

Шояд бахше аз намунаҳо аз нигоҳи имрӯз дигар қиммату арҷи зиёде надоранд, вале дар маҷмӯъ баёнгари гӯшаҳои таъриху фарҳанги ҷомеаи мо маҳсуб мешаванд. Аз хилоли чунин ашъорест, ки мухотабон ба чеҳраи ғиноии бисёре аз бузургмардони адаби классику муосир, бо симои мондагори шахсиятҳои машҳури таърихӣ ошно мешаванд.

Тадқиқи ҷанбаҳои шеъри ғиноии ҳикоятӣ мавзӯи боби панҷуми рисолаи мазкур аст. Дар оғози матлаб ба печидагиву пуртазод будани ин навъи шеърӣ дар адабиётшиносӣ таъкид шудааст.

Ҳамон гуна ки аз истилоҳи мазкур бармеояд шеъри ғиноии ҳикоятиро дар адабиётшиносии рус навъи алоҳидаи шеъри ғиноӣ шинохтанд. Манзур аз чунин навъи шеър эътирофи унсурҳои ривоятӣ ё ҳикоятӣ дар шеъри ғиноӣ аст. Албатта дар ашъори ҳамосӣ вуҷуди ривоят ҳодисаи маъмул аст. Вале сабки ҳикоятӣ дар ашъори ғиноӣ ба андозае нест, ки битавонад, вижагиҳои ғиноӣ ё ҷанбаҳои ҳиссӣ-отифии онро аз байн бибарад.

Ҳузури унсурҳои ривоятӣ дар сурудаҳои ғиноӣ дар қиёс ба осори ҳамосиву драмавӣ тафовутҳои зиёде доранд. Ба ақидаи муаллифи рисола «онҳо (яъне, аносири ривоӣ) дар ин навъи асарҳо инкишоф наёфта, сурати комили фардӣ пайдо намекунанд ва танҳо ҳамчун тарҳ монда барои ибрози андешаву эҳсосоти муҳтавои асар мадад расонида, нақши ёридиҳанда доранд. Ба замми ин дар асарҳои навъи ғиноии ҳикоятӣ бо вуҷуди ҷой доштани нақлу ҳикоят, шахсиятҳои гуногун ҳамеша мақоми андешаву эҳсосот бештар аст».

Дар рисола ба собиқаи шеъри ғиноии ҳикоятӣ ишорат шуда, ҳамзамон такъид мегардад, ки шоирон зимни сароиши чунин навъи шеърӣ бештар аз тарзи қофиябандии маснавӣ кор гирифтаанд. Иллаташ ба суҳулати интихобу ёфтани қофия бастагӣ дорад.

Шеъри ғиноии ҳикоятии муосири тоҷик намунаҳои ҷолибу хондании пуршумор дорад ва яке аз барҷастагиҳои умдааш иборат аз он аст, ки дар қаламрави он падидаҳо, ашё ва шахсият на ҳузури лаҳзайӣ, ки ҳузури густурдаву фаъол доранд, ҷунбишу пӯёӣ ва таҳаввулу дигаргуниҳои мустамар вижагии онҳост.

Нуктаи дигари гуфтанӣ, тафовути шеваи баёни ривоят ё ҳикоят дар осори ҳамосӣ ва шеъри ғиноии ҳикоятӣ аст. Шоир дар шеъри ғиноии ҳикоятӣ зимни бархурд бо воқеияту падидаҳо ба ҷузъиёт ва кунҳи онҳо намепардозад, балки пайвандаш бо воқеият дар чаҳорчӯби бардошти ҷомеъи отифиву ҳиссӣ хулоса мешавад.

Баррасии шебу фарози хатти сайри зуҳуру камоли шеъри ғиноии ҳикоятӣ дар ин бахши рисола доманадор аст ва пажӯҳиш муаллифи рисоларо бо ин натиҷа расонида, ки рушду такомули ин навъи шеър махсусан аз даҳаи шастуми қарни бистум ба баъд суръати чашгире касб намуда, ки беиллат ҳам набудааст. Гап дар ин аст, ки «шеваву усули бархурди адибони даҳаи шастум ба шеър, ба рисолату масъулияти шоир дигаргуна буд ва таҳаввули бунёдин дар таҳдевори шеъри муосири тоҷик сабабҳои зиёде дошт. Заминаи нахустини дигаргуниҳои сифатӣ дар шеър … вуруди насли тозае аз шоирон ба марзи адабиёт буд, ки зовияи дид, андеша ва дунёшинохтии эшон дар қиёс бо насли пешин мутафовит буд. Ин насли тозанафас бо қалби пуршӯр мехост, шеъри тоҷикро ба саргаҳу аслияти пешинаш бозгардонад, дар заминаи офаридаҳо ва сунану анъанаҳои пешиниён  таҷдиди назар намояд ва пайванде мустаҳкам миёни шеъри тоҷик ва ҷаҳон халқ созад».

Ҳамон гуна, ки зикр шуд, дар матни пажӯҳиши мавсуф шеъри ғиноии ҳикоятӣ ҳамаҷониба чи аз нигоҳи мавзӯъу дарунмояҳо, заминаҳои фаннӣ, шаклӣ, вижагиҳои зебошинохтӣ, пайванд бо адабиёти классику бо адабиёти мардумӣ ва чи аз нигоҳи шеваи баҳрагирӣ аз падидаву рухдодҳо ва дараҷаи бозтоби онҳо дар матни шеър, таъсирпазирӣ, ҷойгоҳи бардоштҳои ҳиссиву отифӣ таҳлилу арзёбӣ шудааст.

Руйиҳамрафта рисолаи устод Аскар Ҳаким «Вижагиҳои анвои шеъри ғиноӣ» падидаи нодири адабиётшиносии  имрӯзи мост. Нақши он дар шинохти таърихи раванди зуҳуру шаклгирии шеъри муосир, гироишҳои тозаи он, ниҳоят судманду пураҳамият аст.

Албатта, баъзе истилоҳоти пешниҳодӣ, ки баргирифтаву баргардон аз адабиётшиносии рус ҳастанд, дар бархурди аввал ноошно ва гоҳо номафҳум ба назар мерасанд. Қабулу пазириши ҳамагонии онҳо замон мехоҳад.

Аз сӯйи дигар ба андешаи мо тааммулу тааммуқ дар атрофи моҳияту сиришти мавзӯи матруҳа шояд истилоҳи равшантареро барои баёни матлаб ба зеҳн бирасонад, амре, ки дар оянда атрофаш бояд андешид.

Ба расмият шинохтани як ҳунарманду як пажӯҳанда дар ҳар ҷомеаи адабие бастагӣ ба дастранҷу фаровардаҳои зеҳнии ӯ дорад.

Манзур аз андешаи мазбур баёни ин матлаб аст, ки дар ҷомеаи адабии Тоҷикистон Аскар Ҳакимро қабл аз он ки шоир бишносад, ӯро ҳамчун мунаққиду адабиётшиноси дақиқназар, борикандеш ва то ҳадде назарияпардоз шинохтаанд. Ин андешаи фардӣ нест, зубдаи дидгоҳҳо, навиштаҳо ва мақолотест, ки перомуни зиндагӣ ва осори халлоқонаи ӯ аз ҷониби муҳаққиқону олимон, донишмандони адабиёт дар масири замон гуфта шудаву ба табъ расидааст. Ба маврид аст, зикр гардад, ки маҷмӯаи комили мақолоту дидгоҳҳои таҳлилӣ перомуни фаъолияти пажӯҳишиву эҷодӣ ва тарҷумонии Аскар Ҳаким дар ҷилди ҳафтуми «Маҷмӯа…» ба табъ расиданд, ки омӯзишу таҳқики онҳо худ мавзӯи пурарҷи ҷудогона аст.

Корномаи илмӣ- таҳқиқии устод Аскар Ҳаким фарогири нақдҳо, мақолаҳо, маърӯзаҳо дар ҷаласоти Иттифоқи нависандагон, чеҳраҳои адабӣ, сарсуханҳо ба осори мухталифи адибон буда, дар ҷилди чоруму панҷуми «Маҷмӯа…» фароҳам омадаанд.

Устод Аскар Ҳаким беш аз як даҳсола раҳбарии Иттифоқи нависандагонро ба дӯш доштанд. Маҳзи хотири ин дар маърузаву суханрониҳои илмии пешниҳодӣ ба анҷуману нишастҳои солонаи гузоришии Иттифоқи нависандагон дар радифи шеъри муосир шебу фарози насри тоҷик низ таҳлилу арзёбӣ гардидааст. Вале ба таври умум такяи ӯ ҳамеша рӯйи шеъру пасту баланди марзи камоли он будааст. Боризтарин сифати олимонаи Аскар Ҳаким қабл аз ҳама эҳсоси масъулият, рисолати олим, ҷиддият, диду биниши тоза вусъату умқи андеша ва дурӣ аз такриму ситоиши дурӯғин аст.

Аз охири солҳои шастум ба баъд яке аз мавзӯъҳои доғу доманадори адабиёти муосири тоҷик зуҳури тамоюлҳои тоза дар шеъри муосир ва таҳаввулоти шигарф дар пайкари шеър аст, ки бидуни шак омӯзишу баррасии амиқу густарда ва ҳаллу фасли воқеиву мушикофонаи онро мо дар мақолаҳои тадқиқӣ –пажӯҳишии мавсуф мисли «Таҳаввули арӯз», «Аз ғазал то шеъри озод», «Вожа ва тасвир», «Тазодҳои фаровонии шеър» ва ғайра  мебинем.

Ба андешаи мо аз миёни шоирону пажӯҳандагоне, ки бо шеъри озод, шеъри сапед ва дигар анвои он сару кор доштанд, камтар нафареро метавон пайдо намуд, ки шабеҳи Аскар Ҳаким ба умқу кунҳу фалсафаи шеъри озод ва заминаҳову чигунагии таҳаввули он даст ёфта бошад.

Бахши бузургеро дар ҷилди панҷуми «Маҷмӯа…» чеҳраҳои адабӣ ташкил медиҳанд, ки вижагии аслиашон аҳамияту мубрамияти маводи мавҷуд, шеваи баёну бархурди муҳаққиқона, вусъати назар, умқи андеша, ҷаҳоншинохтӣ ва муҳим аз ҳама таваҷҷуҳу эҳсоси рисолату масъулияти касбист.

Мусоҳибаҳои Аскар Ҳаким, ки бо шоирону муҳаққиқон ва хабарнигорону нашрияҳои мухталиф дар хилоли замон сурат гирифта, дар шинохту маърифати ҷараёнҳои адабӣ, равияҳои марсуми вақт, вазъи адабиву эҷодӣ, вазъияти шеъру шоир ниҳоят муҳиму зарурианд.

Шояд миёни тамоми шуғлу корҳое, ки ба эҷоду офаринандагӣ марбутанд, сангинтарин ва аз дигар тараф шарифтарин амр, амри тарҷума бошад. Бо осори тарҷумашуда аст, ки қавму миллатҳо бо доштаҳои зеҳнӣ, фарҳангӣ, адабӣ, илмӣ, бо мазоҳири зиндагии якдигар, бо рӯҳу равони шаклгирифта дар конуни ҳастӣ, ки вижагиҳои мутафовит дорад, ошно мешаванд, аз чакидаҳои зеҳни якдигар судҳо бармедоранд, костиҳои зиндагии якдигарро комил месозанд. Аслан даст задан ба кори тарҷума барои ҳеҷ адибе ҳатмиву иҷборӣ нест. Вале аз ҷониби дигар ба ҷуз шоир кӣ ҳаст, ки битавонад ин ранҷи ширинро ба дӯш бигирад ва онро ба наҳви аҳсану матлуб анҷом диҳад. Танҳо шоир аст, ки аз пушти вожаҳо ба хаёлхонаи рангину кашандаи ҳамтои хеш равзана пайдо мекунад, вориди қаламрави ҷодуйии андешаҳояш мегардад ва дидаҳову чидаҳояшро аз он сарзамин рӯйи хони тарҷума манзури хонандагон мегардонад.

Устод Аскар Ҳаким низ дар ин замина дастхолӣ нест. Кулаборе сангину рангину мондагор аз тарҷумаи осори намояндагони адабиёти ҷаҳон мисли А.  Данте, М. Ю. Лермонтов, Г. Лорка, Ярослав Смеляков, Емилиан Буков, Мухтор Шаханов, Муҳаммад Алӣ, Карло Каладзе ва дигарон дорад. Перомуни қисмате аз тарҷумаҳо дар тӯли замон ноқидон ибрози андеша кардаанд, ки ин худ мавзӯи алоҳида аст.

Вале замоне мо «Дӯзах» (Аз «Мазҳакаи илоҳӣ»)-и А. Дантеро дар тарҷумаи мавсуф мурур мекунем, ба шарҳу тавзеҳот, шарҳи вожагону асомӣ, ҷараёни мухтасари зиндагӣ ва тарҳу таълифи асари мазкур ошно мешавем, ҳамзамон зеҳнан ба шоиру муҳаққиқи сарсупурдае дидор мекунем, ки шеваи кораш саршори ибрату шоистагист. Ӯ ба хотири шеъру сухани баланд тамоми ранҷу азобро таҳаммул карда, то ҳадяи фикру эҳсоси миллатеро ба мо бирасонад. Шояд нерӯи бузургу устувори вазифашиносӣ, масъулиятшиносӣ, меҳру дӯстдорист, ки ба як шоири мутааҳҳид нерӯву ангеза медиҳад, то зиндагии хешро зебову хостанӣ бино кунад ва дар зебоии рӯзгори дигарон саҳим бошад. Ногуфта перомуни корномаи Аскар Ҳаким зиёд аст, ки ҷузъиёташ аз ҳавсалаи ин мухтасар берун аст.