Аҳмад Абдуллоев,

доктори илмҳои филологӣ

 ҶӮЯНДАИ РОҲУ ТАРИҚАИ НАВИН

Данте Алигери. Мазҳакаи илоҳӣ. «Дӯзах». Душанбе «Адиб», 1987, тарҷумаи Аскар Ҳаким.

  Данте шоири бузурги итолиёвӣ, ба қавли Фридрих Энгельс (дар асари ӯ «Ба хонандаи итолиёвӣ», с.382) «охирин шоири асримиёнагӣ ва нахустин шоири давраи нав» мебошад. Номи ин адиби беназир ба кулли ҷаҳон машҳур буда, асарҳои вай ба аксари забонҳо тарҷумаю тадқиқ шудаанд. Масалан, шоҳасари ӯ «Мазҳакаи илоҳӣ», аз рӯи таъкиди тарҷумони тоҷикии он Аскар Ҳаким, қариб ҳаштсад маротиба ба забонҳои мухталиф баргардонида шуда ва доир ба он наздики даҳ ҳазор ҷилд китоб таълиф ёфтаанд. Танҳо оид ба қисмати «Дӯзах»-и ин асар, ки аз 4790 мисраъ иборат аст, ба забонҳои гуногуни дунё қариб сад ҳазор шарҳу тафсир ва рисолаву мақолаҳо ба майдон омадаанд.

Вале хонандаи тоҷик то солҳои наздик аз мутолиаи чунин шоҳкории беҳамто ба забони модарӣ маҳрум буд ва он бо кӯшишу заҳмати шоир Аскар Ҳаким тарҷума гардид.

Адиби бузурги итолиёвӣ Данте Алигери маҳз дар давроне зуҳур намуд, ки Италия ва умуман Аврупо дар як марҳалаи муҳимми таърихӣ, дар давраи ивазшавии кӯҳна ба нав меистод. Эҳёи асримиёнагии Ховарзамин дар асри Х аз Растохези Тоҷик оғоз шуда буд, ки ба ин дар давлати нахустини тоҷикон – Сомониён шароиту заминаҳои мусоид фароҳам омада буданд. Эҳёи Аврупо бошад, маҳз аз Италия оғоз шудааст. Маҳз Италия ва итолиёвиҳо, ки ба таъбири Энгельс «нахустин миллати капиталистӣ» (ҳамон ҷо: саҳ.382) мебошанд, дар саргаҳи тамаддуни бошукӯҳи Эҳё истодаанд. Итолиёвиҳои бузург – шоирон Петрарка, Ариосто, Тассо; меъморон Алберти, Палладио, Брунуллески, Барманте; рассомон Микеланҷело, Тинторетто, Мазаччо, Донателло, Леонардо да Винчи, Пьеро, Мантения, Рафаэл; файласуфон Фачини, Бруно, Патриттси ва бисёр дигарон дар равнақу такомули тамаддуни давраи Эҳё саҳми беандоза доранд ва ба тараққиёти минбаъдаи миллати итолиёвӣ, мамолики Аврупо ва кулли олам таъсири муайяне расонидаанд.

Вале шоири кабир Данте Алигери дар миёни ситорагони тобони ин давраи машҳур офтоби пурдурахше буд. Данте дар синни 35-солагӣ ба таълифи шоҳасари безаволаш «Мазҳакаи илоҳӣ» шурӯъ намуд, ки дар ин бора мисраи якуми суруди аввали «Дӯзах» шаҳодат медиҳад:

 

Нимароҳи зиндагӣ аз сар гузашт,

Хешро дидам ба ҷангалзори тор,

Баски роҳи рости ман гум бигашт.

 

Данте пеш аз он ки ба навиштани ин достон шурӯъ намояд, аллакай чун шоир ном бароварда буд. Ӯ шеърҳои зиёде менавишт ва ҳамаи онҳо ба забони халқии итолиёвӣ буданд. То он дам шоирон ба лотинӣ, шеваҳои итолиёвӣ ва провансалӣ шеър мегуфтанд. Данте, чун шоири соф халқӣ ва миллатдӯст, мехост Итолиёи азизи худро аз ҷангалзори пуранбӯҳу торики лаҳҷаҳо вораҳонад ва дар асоси шеваҳои гуногуни кишвараш забони адабии оммафаҳми умумиитолиёвиро ба вуҷуд оварад. Аз ин ҷиҳат Дантеро барҳақ асосгузори забони адабии итолиёвӣ мешуморанд. Данте адабиёти лотинизабонро ба таври амиқ омӯхта буд. Хусусан ба эҷодиёти ӯ шоири кабир Вергилий (Верҷил) таъсири муайяне расонидааст ва ӯро устоди хеш эълом доштааст, ки дар ин бора худаш ишорае дорад:

 

Будиям устод назди хосу ом,

Аз ту меросам расидаст ин ҳунар,

Ин ҳиҷои олию сеҳри калом.

 

Достони «Мазҳакаи илоҳӣ» аз се бахш «Дӯзах», «Аъроф» ва «Биҳишт» иборат аст. Қаҳрамони асосии асар худи шоир аст, ки ӯ сафари худро ба дӯзах тасвир кардааст. Дар ин сафар се кас ӯро ҳамроҳӣ мекунанд. Инҳо шоир Верҷил, ки Данте ӯро устод хондааст, Беатриче (Биатрис), ки ба ӯ Данте дил бохтаасту ишқи онҳо ба нокомӣ анҷом пазируфтааст, Бернари Клервоӣ, ки фақеҳу файласуфи озодаманиши асри ХIII ба шумор мерафт. Асар рамзист ва Данте мехоҳад ба воситаи рамзҳои афкори олам – Верҷил, хиради илоҳӣ – Биатрис ва инсоният, ки худаш аст, ба мардум роҳи росту ҳақро нишон бидиҳад.

Мазмуни асари Данте агар он вақт, яъне асри XIII нав бошад, аммо дар адабиёти то асри XIII-и форсу тоҷик ва инчунин дар адабиёти қадимии мардумони эронинажод маълум буд. Мазмуни «Ардовирофнома»-и паҳлавӣ, «Ҳай ибни Яқзон»-и Ибни Сино, «Сайр-ул-ибод ва-л-маод»-и Саноии Ғазнавӣ, «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ ба мазмуни «Мазҳакаи илоҳӣ» шабоҳате доранд ва ин асарҳо аз он пештар таълиф ёфтаанд. Масалан, ёдгории адабиву динии адабиёти қадими форсу тоҷик «Ардовирофнома», ки дар асри IV-и мелодӣ таълиф ёфтааст, аз «Мазҳакаи илоҳӣ» ҳазор сол пеш ва муқаддам аст. Аммо, доир ба Данте ва эҷодиёти ӯ садҳо асар таълиф ёфта бошанд ҳам, дар адабиётшиносии тоҷик танҳо як китоб – асари М. Шаҳидӣ «Ибни Сино ва Данте» маълум асту халос. Мутаассифона, ин асар ҳам ба забони русӣ буда ва ба оммаи васеи хонандагони тоҷик дастрас нест.

Хушбахтона, соли 1987 нашриёти «Адиб» бахши «Дӯзах»-и «Мазҳакаи илоҳӣ»-ро дар тарҷумаи шоири шинохтаи тоҷик, адабиётшинос Аскар Ҳаким пешкаши хонандагони тоҷик гардонд. Тарҷумаи асари безаволи адабиёти ҷаҳониро хонандагони тоҷик кайҳо боз мунтазир буданд. Ва тарҷумае, ки Аскар Ҳаким анҷом додааст, ин халоро то андозае пур намуд. Пӯшида нест, ки мо дар тарҷумаву нашри осори беҳтарини адабиёти ҷаҳонӣ (ва ҳатто нашру тарғиби мероси ниёгони хеш) нисбати дигар халқҳои шӯравӣ ақиб мондаем. Масалан, «Мазҳакаи илоҳӣ», чунонки ишора рафт, қариб ба тамоми забонҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст. Дар Иттифоқи Советӣ дар тарҷумаю нашр ва тадқиқи осори Данте бародарони рус, украин, молдаван, гурҷӣ, латиш ва арман ба комёбиҳои беназир ноил гардидаанд. Тарҷумаи гурҷии асари мазкур ҳанӯз соли 1933, қариб шаш сол пеш аз тарҷумаи русиаш ба табъ расидааст. Тарҷумаи онро шоирони номии гурҷӣ Константин Гамсахурдия ва Константин Чичинадзе анҷом дода, дар сарсухани худ эҷодиёти Шота Руставели ва Дантеро муқоиса намуданд. Пас аз он соли 1939 тарҷумаи русии «Мазҳакаи илоҳӣ» нашр гардид, ки онро Лозинский ба сомон расонид. Тарҷумаи армании асари мазкурро шоир Арбун Таян дар муддати 15 сол анҷом додааст ва он пурра соли 1969 нашр гардидааст. Ҳамин тариқ, солҳои гуногун тарҷумаҳои украинӣ, литвонӣ, латишӣ, эстонӣ, молдованӣ ва ғайраи «Мазҳакаи илоҳӣ» ба миён омадаанд ва ҳар яке аз он тарҷумонҳо дар пешгуфторҳои муфассали хеш эҷодиёти Дантеро бо эҷодиёти ин ё он шоири номии миллати худ муқоиса кардаанд (Дар ин бора ниг.: И.Н. Голнишев- Кутузов «Эҷодиёти Данте ва маданияти ҷаҳонӣ», М.Наука. 1971).

Кунун тарҷумаи тоҷикии ин асари безавол, бахусус тарҷумаи қисмати аввали он «Дӯзах», ки дар дасти мост, ин теъдодро дар саҳнаи адабиёти умумииттифоқӣ пурра ва комил гардонд. Аскар Ҳаким тарҷумаи хешро бо охирсухан ва тавзеҳоти муфассал оро додааст, ки калидест барои хонанда дар фаҳмиши сатрҳои пурмазмуни «Мазҳакаи илоҳӣ». Муқоисаи ҳаёту эҷодиёт ва мақоми Фирдавсии бузург дар адабиёти ҷаҳонӣ бо Данте, ки тарҷумон дар охирсухан баён кардааст, қобили таваҷҷуҳ аст.

Чунонки худи Аскар Ҳаким қайд кардааст, «тарҷумон ҳангоми ба тоҷикӣ гардонидани ин асар тарҷумаҳои таҳтуллафзии форсӣ ва русии шоиронаро ба ҳамдигар дар муқоиса истифода карда, то ҳадди имкон кӯшидааст, ки ба олами шеъри Данте наздик шавад». Дар сари ин суханони Аскар Ҳаким бибояд андеша кунем. Ҳоло даъватҳои бепоён ба он, ки «бояд асарҳоро аз аслашон тарҷума кунем», хеле зиёд шудаанд ва ба муди хосае табдил ёфтаанд. Чунин даъватгарон баъзе вақт ба тарҷумонҳо эрод гирифта, даъво мекунанд, ки «ин тарҷумаро ту чаро аз асл накардӣ, ҳол он ки аз асли асар кардан лозим буд». Бешубҳа, аз асл тарҷума кардани ин ё он асар назар ба тарҷума аз забони дуюм афзалият дорад. Вале, дар сурате ки ба ин кор ҳоло иқтидор надорем, тарҷума аз забони русӣ низ бароямон бисёр муҳимм ва олист. Бояд тазаккур дод, ки ҳоли ҳозир мо бисёр шоҳасарҳо ва бестселлерҳои адабиёти ҷаҳонӣ ва советиро аз забони русӣ ҳам сари вақт тарҷума карда наметавонем. Бояд реалист буд ва имкониятҳои бударо истифода кард!

Аз ин ҷиҳат тарҷумаи бахши «Дӯзах»-и «Мазҳакаи илоҳӣ» аз тарафи Аскар Ҳаким дар ҳаёти адабиву мадании республикаамон воқеаи муҳимм ва фавқулода ба шумор меравад. Муқоиса дар ин хусус далели раднопазир аст. Ҳарчанд, дар кори тарҷумонӣ талафоти мазмуну маонии нусхаи асл ногузир аст ва ин дар илми «Назария ва амалияи кори тарҷумонӣ» собит гардидааст, вале мо дар тарҷумаи Аскар Ҳаким чунин талафотро қариб намебинем ва тарҷумон кӯшидааст, ки асар аз рӯи мазмуну мантиқ, сохти бадеӣ, услуби нигориш ва таркиби лафзию маъноӣ пурра ба асл наздик шавад. Ба ин, махсусан илҳоми шоирӣ ва умқи баланди адабиётшиносии Аскар Ҳаким ёро гардидаанд.

Ба суоле, ки дар ин бора боз назди худ гузоштем, дар гуфтаҳои Аскар Ҳаким дар охирсухани тарҷумааш ҷавоб ёфтем ва барои равшантар шудани масъала лозим донистем суханони ӯро аз дидгоҳи худ ҷамъбаст намоем. Пеш аз он ки вай ба ин кор шурӯъ намояд, китобҳои зиёдеро, ки ба забони русӣ доир ба ҳаёту эҷодиёти Данте эҷод шудаанд, мутолиа кардааст, зеро аён аст, ки мазмуну мундариҷаи «Мазҳакаи илоҳӣ» бо ҳаёти Данте иртиботи ногусастанӣ дорад. Дуюм ин ки дар вақти тарҷумаи достон асари безаволи Ҷалолиддини Балхӣ «Маснавии маънавӣ – ин Қуръони форсӣ ҳамеша дар мадди назари тарҷумон будааст ва аз «тарзи ифодаву услуби»-и устоди сухани форсӣ, истифода кардааст. Сеюм ин ки ӯ тарҷумаҳои таҳтуллафзии форсию русиро ба ҳам муқоиса намуда, нусхаи беҳтарину муносибтарини онро интихоб карда ва онҳоро аз назари шоиронаи худ, ба таъбире, кор карда баромадааст. Аз ҳама муҳиммаш боз он аст, ки тарҷумон мудохилаи худро ба чунин кори заҳматталаб омода сохта ва онро бошуурона дар идроки хеш пазонда ва ҳал намудааст. Ин омодагиву тайёрии махсуси дохилӣ ба ӯ имкон додаанд, ки мушкилиҳоро паси сар намуда, чунин тарҷумаи босифату арзандаеро барои мо тақдим бидорад.

Дар ин тақриз мо имкони ҳамаҷониба баррасӣ кардани сифату хусусиятҳои барҷастаи тарҷумаи мазкурро надорем ва ба қадри имкон баъзе фикру мулоҳизаҳои хешро иброз доштем. Тарҷумаи чунин як достони олӣ бо тадқиқоташ меҳнати пурмашаққат ва аз ҳама асосиаш бовару ҷуръати хосро тақозо мекунад. Аз ин ҷиҳат, мо пешниҳоди Шӯрои назм ва Шӯрои тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро, ки тарҷумонро барои чунин кори заҳматталаб ба ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода пешниҳод кардааст, ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва чунин мешуморем, ки кори мазкур сазовору лоиқи чунин ҷоизаи муътабар аст. Бо чунин ҷоиза қадр намудани Аскар Ҳаким ба ӯ барои тарҷумаи бахшҳои боқимондаи «Мазҳакаи илоҳӣ», «Аъроф» ва «Биҳишт» қувваю нерӯи нав мебахшад. Умед дорем, ки қисматҳои дуюму сеюми асари ҷовидонаи адиби бузургро ба забони модариамон дар тарҷумаи Аскар Ҳаким мутолиа бикунем.