Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Мақолаҳо

  • Саҳифаи асосӣ
  • Мақолаҳо

ТАҲАВВУЛИ АРӮЗ  

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
1741

   Дар солҳои охир дар мубоҳисаи шеъри бисёр халқҳо масъалаи поэтика ба яке аз он соҳаҳои муҳим мубаддал шудааст, ки инкишофи шеърро аз ҳалл ва тадқиқи интиқодии он вобаста медонанд. Мавриди чунин таваҷҷуҳи хоса қарор гирифтани поэтикаи шеър заминаи ҳаётӣ дошта, аз дархостҳои воқеии замон аст. Шоирон кӯшиш доранд, ки низоъҳои зиндагии имрӯза, набзи замони фалакпарвозӣ ва кайҳонкушоӣ, кашфиёт ва бунёдкориро бо ҳамаи гуногунӣ ва бисёроҳангиаш дар асарҳои худ инъикос кунанд. Барои ба амал баровардани ин кӯшиш ба онҳо лозим меояд, ки аз ҷамеи имкониятҳои поэтикаи анъанавӣ, воситаҳои мавҷудаи сухани шоирона, шакли бадеӣ, услуб, вазн ва зарбу оҳангро мувофиқи мақсади худ истифода кунанд. Ин барои корбурди навоваронаи шаклҳои анъанавӣ замина мегузорад.

Муфассал: ТАҲАВВУЛИ АРӮЗ  
Тадқиқоти илмӣ

ВОЖА ВА ТАСВИР

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
1078

  Ворисияти анъанаҳои адабиёти классикӣ пеш аз ҳама дар шакли бадеии назми муосир мушоҳида мешавад. Ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои шоирони муосир дар шакли бадеӣ, ки маҳсули таҳаввули адабии пас аз инқилоб ва панҷсолаҳои авваланд, аз як ҷиҳат, роҳҳои ояндаи инкишофи назми муосирро муайян карда, аз ҷиҳати дигар, сарчашмаи навовариҳои имрӯзаанд. Барои аниқу дақиқ муайян кардани ин ҷустуҷӯ ва бозёфтҳо таҳлили низоми тасвиру забон, услубу банду басти осори манзум зарур аст. Дар офаридани тимсолҳои тоза, воситаҳои тасвир, тарзи ифода ҷунбише ба амал омад, ки он, бешубҳа, ба таркиби забон, услубу шакли бадеӣ бетаъсир намонд ва барои таровати забон, тозагии услуб, мӯъҷазии шакл кӯмак расонд.

Муфассал: ВОЖА ВА ТАСВИР
Тадқиқоти илмӣ

ТИМСОЛИ ШЕЪР ВА ШОИР ДАР ШЕЪРИ ҒИНОӢ

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
06 Июн 2021
1543

  Ашъоре, ки шуарои тоҷик дар нимаи дуюми садаи бист эҷод кардаанд, бо вуҷуди гуногунии сабк ва мавзӯъву муҳтаво хусусияти муштараке доранд, ки он ҳар чӣ бештар мавқеи муҳим пайдо кардани инсон буда, дар суратҳои гуногун: шахсияти ғиноӣ, «ман»-и шоир, муаллиф, ровӣ ва монанди инҳо зоҳир мешавад. Аз тимсоли шахсияти ғиноӣ, ки ба сурати як андоза умумии инсон рух намуда, баъзан бо шахси шоир як асту баъзан аз он фосила мегирад, низ назари шоир ба инсон, мавқеъ ва саҳми ӯ дар ҷомеа ошкор мебошад. Вале он нигоҳи бавоситаест, ки дар зимни он муносибати шахсияти ғиноӣ бо инсон ва олами шахсию шайъӣ нуҳуфтааст.

Муфассал: ТИМСОЛИ ШЕЪР ВА ШОИР ДАР ШЕЪРИ ҒИНОӢ
Тадқиқоти илмӣ

Пайванди андешаву тасвир дар шеъри Лоиқ       

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
06 Июн 2021
740

  Солҳои шастуми қарни гузашта дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ИҶШС, ки Тоҷикистон ҳам як ҷузъи он буд, ҳамин гунае даврае буд, ки дар он дар идораи ҷомеа як муддат меъёрҳои мардумсолорӣ густариш ёфта, бунёди инсонгароёнаи адабиёт ва махсусан шеъри ғиноӣ ҳам тақвият пайдо кард. Ҳарчанд дар таърихи шеъри ҷаҳон мисолҳое вуҷуд доранд, ки на ҳамеша ба ҳам мувофиқ рушд кардани ҳаёти иҷтимоӣ ва шеърро ба исбот мерасонанд, аммо ба ҳар ҳол, мисолҳое бештаранд, ки ба ҳамдигар иртибот доштани инкишофи онҳоро таъйид менамоянд. Солҳои шасти қарни бист барои тамоми шеъри кишвари шўроҳо, аз ҷумла шеъри муосири тоҷик ҳам ҳамин гуна давраи боло рафтани фаъолияти иҷтимоӣ ва шуури худшиносии миллӣ буд, ки онро на фақат ҷомеашиносон, балки адабиётшиносон ва зиёда аз ин шеършиносон ҳам, ки қисмати боз ҳам махсустари ҳаёти фарҳангии ҷомеаро ташкил медиҳанд, низ қайд кардаанд. Аз ҷумла муҳаққиқи шеъри ғиноӣ В. Д. Сквозников ин иртиботро дар шеъри муосири рус таҳқиқ карда, «ин гуна навбат ба навбат табдил шудани давраи болоравии шуури инсони иҷтимоиро ҳамчун шахсият дар марҳилаҳои мушаххаси таърихӣ» [7,190] мушоҳида кардан мумкин аст, менависад, ки барои рушди ин давраи шеъри муосири тоҷик ҳам хос мебошад.

Муфассал: Пайванди андешаву тасвир дар шеъри Лоиқ       

ИНСОН, АНДЕША ВА ТАСВИР (Дар мисоли эҷодиёти А. Шукӯҳӣ, Ғ. Мирзо, М. Қаноат)

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
15 Май 2021
1064

  Бо муроҷиат ба ғайри шахси худ, хоҳ шайъ бошад, хоҳ инсон, ки дар ин мақола зери мафҳуми шайъ инсон ҳам ҳамчун объект дар назар аст, андешаву таассуроташро баён кардани шахсияти шеър, дар як вақт аксаран ду тимсол - тимсоли асосии шахсияти шеър ва тимсоли ёрирасони шайъе, ки ба он муроҷиат мешавад, офарида мешавад. Ин усулест, ки ба ашъори ғиноӣ имкони беҳудуди ифодаи андеша ва нигориши шайъро медиҳад ва ақидаеро, ки гўё ашъори ғиноӣ дар фарогирии соҳаҳои гуногуни зиндагӣ нисбат ба насру дром зарфияти камтар дошта бошад, барҳам мезанад. Масъала дар қудрати эҷодии шоир аст, на дар имкони навъ, ки воқеан беохир аст, зеро шахсияти ғиноӣ бе ҳеҷ маҳдудият метавонад ба ҳар шайъе дар ҳар замону макон муроҷиат карда, сурату сират ва мавзуи руҷуи худро ба ҳар рангу равған ва ҳолу ҳавас, ки зарур аст, баён кунад. Агар дар усули баёни андешаҳои худтаҳлилӣ, ки аз ангезаҳои рўҳӣ такон мегирад, шоир бештар ба тариқи баён ба воситаи сухан, яъне бештар сухани маънӣ ва муҷаррад сари кор дорад, дар тариқи муроҷиатиаш ба шайъ—объект, бештар аз сухане, ки қобили тасвир, ҳаракат аст, яъне сухани шайъӣ ва амал аст, истифода мекунад, ки имкони фаровони фаро гирифтани мавзуъву мундариҷаи гуногунро дорост.

Муфассал: ИНСОН, АНДЕША ВА ТАСВИР (Дар мисоли эҷодиёти А. Шукӯҳӣ, Ғ. Мирзо, М. Қаноат)

МАХСУСИЯТҲОИ ШЕЪРИ ҒИНОИИ ТАВСИФИЮ ТАСВИРӢ (Дар мисоли эҷодиёти Мирзо Турсунзода)

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
15 Май 2021
624

  Яке аз анвои шеъри ғиноӣ тавсифию тасвирӣ мебошад, ки дар он аносири олами ашё, манзараҳои табиат, воқеъияти мавҷуда нисбат ба дигар анвои шеъри ғиноӣ мақоми муҳим доранд, ки ба сари худ мавзуву муҳтавои шеър қарор гирифта, дар зимн ин ё он рўҳия ва ё андешаеро ифода менамоянд. Ин навъ шеър ҳам бо ҳузур ва ҳам бе ҳузури фаъоли шахсияти шеър арзи андом мекунад. Агар дар шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ шахсияти шеър мавҷуд бошад ҳам, дар он мабҳаси тасвир – аносири олами ашёву табиат мақоми бартаре дошта, ба воситаи тавсифу тасвири онҳо фаъолияти шахсияти шеър, ки моҳияти иҷтимоии ҳастии ўро муайян менамояд, ошкор мегардад.

Муфассал: МАХСУСИЯТҲОИ ШЕЪРИ ҒИНОИИ ТАВСИФИЮ ТАСВИРӢ (Дар мисоли эҷодиёти Мирзо Турсунзода)

Матлабҳои бештар...

  • МУХТАССОТИ ШЕЪРИ АНДЕШАҲОИ ОТИФӢ (Дар мисоли эҷодиёти Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Бозор Собир)
  • МУХТАССОТИ ШЕЪРИ АНДЕШАҲОИ ОТИФИИ ТАСВИРӢ (Дар мисоли эҷодиёти Мирзо Турсунзода)
  • МУХТАССОТИ ТАВСИФУ ТАСВИР ДАР ШЕЪРИ ҚУТБӢ КИРОМ
  • МАСЪАЛАҲОИ ТАДҚИҚИ ШЕЪРИ ҒИНОӢ
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7

Саҳифаи 5 то 7

© Аскар Ҳаким 2025.