Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Мақолаҳо

  • Саҳифаи асосӣ
  • Мақолаҳо

«БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН» ё «БОДИ ҶӮИ МӮЛИЁН»

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
917

   Шоири ҳасуд Абӯзироа дар мазаммати устод Рӯдакӣ чӣ гуфтааст?

  Устод Рӯдакӣ кӯри модарзод буд ва ё дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ ҷабран кӯр карда шуд? Қатраборон чист? Гиёҳ ё қатраборон ?. «Бӯи ҷӯи Мӯлиён…» ё «Боди ҷӯи Мӯлиён…» ? Дар ин бора худи устод Рӯдакӣ ва Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ чӣ гуфтаанд?

  Дар яке аз шабҳои адабиаш дар музеи Политехникии Москва ба Маяковский барои мулзам кардани ӯ чунин мактубча дода буданд: «Шеърҳои Шумо аз ҳад зиёд рӯзмарраанд. Онҳо фардо мемиранд. Худи Шуморо фаромӯш мекунанд. Абадият насиби Шумо нест…»

Муфассал: «БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН» ё «БОДИ ҶӮИ МӮЛИЁН»

БАҲС ИДОМА ДОРАД

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
556

 

  Мубоҳиса дар атрофи шеъри муосир, ки ба манзури кушодани чигунагии пайванди шеър бо зиндагӣ ва дарёфтани хусусиятҳои шаҳрвандии он оғоз шуда буд ва акнун, баъди якуним сол, бо суҳбати мунаққидону шоирон дар гирди мизи мунаввар ба анҷом мерасад. Мубоҳиса чиро нишон дод, кадом хусусиятҳои умдаи назми муосирро кашф кард, пайванди шеърро бо зиндагӣ дар чӣ гуна мустаҳкамӣ дарёфт ва оҳанги шаҳрвандии шеърамонро дар чӣ поя дид?

Муфассал: БАҲС ИДОМА ДОРАД

ТАНҚИД ВА ҶАРАЁНИ АДАБӢ

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
1425

   «Дар замонҳои қадим мепурсиданд: «Шумо адабиёт доред?». «Дорем». «Нақди адабӣ чӣ?». «Не». «Набошад, адабиёт надоштаед» – сухани худро бо чунин суханон сар карда буд яке аз иштирокчиёни конференсияи дар Москва барпогаштаи Ассосатсияи байналмилалии мунаққидон. Ин суханҳо масъалаи пайвастагии адабиёт ва танқидро бо як тезутундӣ ба миён мегузоранд ва аз ҳамин ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ ҳастанд.

Муфассал: ТАНҚИД ВА ҶАРАЁНИ АДАБӢ

МАСЪАЛАҲОИ АДАБИЁТ МАСЪАЛАҲОИ ТАНҚИДАНД

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
748

 

  Дар чанд соли охир он ҳарфи бисёр маъмул, ки доимо аз минбарҳо садо медод, яъне дар мо танқид нест, дигар ба гӯш намерасад. Ин аломати шинохтан ва эътирофи танқид аст. Бешубҳа, он ибора дар вақташ ҳам на ба маънои танқид тамоман нест, балки суст аст, истифода мешуд.

  Дар ин чиз, ба фикри мо, мартабаи танқидро баланд шинохтан, ҷиддияти тамоми онро дарк кардан барин як маъно ҳаст, чунки бо сустии жанрҳои дигар муросо карда шавад, сустии танқид ҳаргиз қобили муросо нест, чунки масъулияти он дар назди ҷамъият ва адабиёт бисёр бузург аст.

Муфассал: МАСЪАЛАҲОИ АДАБИЁТ МАСЪАЛАҲОИ ТАНҚИДАНД

АЗ ХАЁЛ ТО ВИСОЛ

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
675

 Аз садои сухани ишқ надидам хуштар,

Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд. –

  ин сухани Ҳофиз, монанди худи ишқ, айни ҳақиқат ва ҷовидонист. Ва ин сухани ишқ, агар самимонаву содиқона ва бо отифату шоирона гуфта шуда бошад, махсусан, дар шеър, болотар аз он сухане нахоҳад буд.

Муфассал: АЗ ХАЁЛ ТО ВИСОЛ

НАВБАҲОРИ ҲАМРАНГӢ

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
737

На афғонему на турку на таторем,

Чаманзодему аз як шохсорем.

Тамизи рангу бӯ бар мо ҳаром аст,

Ки мо парвардаи як навбаҳорем.

  Ин фармудаи яке аз бузургтарин чеҳраҳои шеъри форсӣ дар қарни 20, Аллома Муҳаммад Иқбол аст. Манзури ман аз иқтибоси ин суханон ишора ба ҳавзаи бузурги фарҳангиест, ки дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омада, агар ҳам аз ҷониби халқҳо ва забонҳои гуногун эҷод шуда бошад, рӯҳи ягона дорад. Худ зуҳури Муҳаммад Иқбол дар замоне ва дар кишваре, ки забони форсӣ дар он фақат яке аз забонҳои роиҷ ва барои ин нобиға забони омӯхта (ғайри модарӣ) буд, сирри бузургест, ки дар «Асрори худӣ» нуҳуфта аст. «Паёми машриқ», ки аз ин кишвар бархост, на танҳо ба сарзамине, ки ба он равона шуда буд – Афғонистон – расид, балки дар гӯши ҳамаи аҳли фарҳанги Осиёи Марказӣ нишаст ва дар кишвари мағриб низ танин андохт. Ин аст тасдиқи рӯҳи умумибашарии шеъру адаб.

Муфассал: НАВБАҲОРИ ҲАМРАНГӢ

Матлабҳои бештар...

  • УФУҚҲОИ ТОЗАИ АНДЕША  
  • Адабиёт ва истиқлол
  • БАЪД АЗ ҲАЗОР СОЛ...
  • АДАБИЁТ АЗ ДИДГОҲИ ЗАМОНИ НАВ
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7

Саҳифаи 2 то 7

© Аскар Ҳаким 2025.