Солҳои шастуми қарни гузашта дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ИҶШС, ки Тоҷикистон ҳам як ҷузъи он буд, ҳамин гунае даврае буд, ки дар он дар идораи ҷомеа як муддат меъёрҳои мардумсолорӣ густариш ёфта, бунёди инсонгароёнаи адабиёт ва махсусан шеъри ғиноӣ ҳам тақвият пайдо кард. Ҳарчанд дар таърихи шеъри ҷаҳон мисолҳое вуҷуд доранд, ки на ҳамеша ба ҳам мувофиқ рушд кардани ҳаёти иҷтимоӣ ва шеърро ба исбот мерасонанд, аммо ба ҳар ҳол, мисолҳое бештаранд, ки ба ҳамдигар иртибот доштани инкишофи онҳоро таъйид менамоянд. Солҳои шасти қарни бист барои тамоми шеъри кишвари шўроҳо, аз ҷумла шеъри муосири тоҷик ҳам ҳамин гуна давраи боло рафтани фаъолияти иҷтимоӣ ва шуури худшиносии миллӣ буд, ки онро на фақат ҷомеашиносон, балки адабиётшиносон ва зиёда аз ин шеършиносон ҳам, ки қисмати боз ҳам махсустари ҳаёти фарҳангии ҷомеаро ташкил медиҳанд, низ қайд кардаанд. Аз ҷумла муҳаққиқи шеъри ғиноӣ В. Д. Сквозников ин иртиботро дар шеъри муосири рус таҳқиқ карда, «ин гуна навбат ба навбат табдил шудани давраи болоравии шуури инсони иҷтимоиро ҳамчун шахсият дар марҳилаҳои мушаххаси таърихӣ» [7,190] мушоҳида кардан мумкин аст, менависад, ки барои рушди ин давраи шеъри муосири тоҷик ҳам хос мебошад.

  Табиист, ки дар ин давра баробари афзудани таваҷҷўҳи шоирон ба ҳастии мушаххаси инсон, яъне шароити зиндагии иҷтимоӣ, таваҷҷўҳ ба ҳаёти рўҳӣ, ба масъалаҳои мураккаб ва нозуки ҷаҳони маънавии ў ҳам мақоми хоса пайдо кард, ки боиси амиқрафти шинохти инсон гашта, воситаҳои ифодаи муносиби худро тақозо дошт. Шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ, ки мавзуи худро бештар аз умқ ва хурдтарин дигаргуниҳои ҳаёти рўҳии инсон мегирад, дар инъикоси он нисбат ба дигар анвои адабӣ пешрав буд. Тақвият ёфтани бунёди инсонгароёнаи адабиёт андешаи ягонаву нотакрор будани ҳар фарди башариятро дар шуури бадеии миллӣ густариш медод. Ин тамоюл дар тамоми шеъри солҳои шасти халқҳои шўравӣ эҳсос мешуд, ки яке аз пешгомони он шеъри русӣ буд. Масалан, яке аз шоиру нависандагони забардасти рус В. Солоухин оид ба ин масъала менавишт, ки «ҳар инсон як кайҳони комилест, ки қонунҳо, таваҷҷуҳот, иктишофот, кохҳои шараф ва гўрканҳои худро дорад» [6, 49]. Дар ҳамин раванд нигоҳ ба тимсоли «одами одӣ» дигаргун мешуд, акнун ў як «мурватчаи ҷамъият» набуда, як кайҳоне буд, ки қонуниятҳои мавҷудияти худро дошт.  Ҳамин гуна ақидаҳо дар адабиёти муосири тоҷик ҳам на танҳо баён мешуданд, балки таҷассуми бадеъии худро ҳам меёфтанд. Мавқеъ пайдо кардани Лоиқ ҳамчун шоир дар шеъри замон маҳз ба ҳамин даврон ва такопўи бо назари нав нигаристан ба мақоми «одами одӣ» дар ҷомеъа рост омад.

  Муҳимтарин ашъори андешаҳои отифии тасвирӣ, ки Лоиқ дар солҳои шасти қарни гузашта гуфт, аз ҷумла «Зарафшон» (с. 1960), «Меҳр ва зар» (с. 1961), «Фарзанди кўҳсор» (с. 1965), «Ба модарам» (с. 1965) асосан ҳамин масъаларо аз ҷиҳатҳои мухталиф зимни мавзуъҳои гуногун ба риштаи тасвири бадеъӣ кашидаанд. Дар ду шеъри аввал «Зарафшон» ва «Меҳр ва зар», ки аз шеърҳои ибтидоии Лоиқанд, аз орзуву умеди як ҷавони дилбастаи шеъру шоирӣ ва донишҷўи ошиқ сухан меравад, ки бо вуҷуди шогирдона буданашон дар онҳо самимияти асил, эҳсосоте, ки маҳз худи шоир таҷриба карда, барои ифодаи он вожаву таъбир ва тасовири тоза пайдо намудааст, ҷой доранд. Онҳо ҳамон «одами одиянд», азбаски ҳоло хеле ҷавонанд, олами эҳсосоту таассуроташон мисли худашон сода аст, вале кўшишу такопўяшон умед бар он мебахшад, ки дар оянда як олами рангину пурмаъние дар замири онҳо ташаккул меёбад.

  Дар байни ин шеърҳо ва шеърҳои «Фарзанди кўҳсор» ва «Ба модарам» чаҳор сол фосилаи вақт аст, вале аз лиҳози ғанои андеша, амиқии эҳсосоту таассурот ва такомули забону воситаҳои тасвир шеърҳои охир бар пешина хеле руҷҳон доранд. Агар шеъри «Фарзанди кўҳсор» аз назари таркиб, сохтмон, забон ва сабк корхўрда буда, эҳсосоти пазмонии шоирро бар кўҳсорон гарму нарм бо маҷоз ва ташбеҳу истиораҳои тоза, ба монанди «кунам тазмин зи шеъри обдори обшорон», «кашам аз кокули сабзи дарахтон», «шавам ҳамболи занбўрони гулҷўй» содаву сабукпарвоз ифода карда бошад, шеъри «Ба модарам» тамоман ба сабки дигар гуфта шудааст. Аввалан, шеъри «Фарзанди кўҳсор» аз навъи чаҳорпора буда, бо қофияи якдармиён – абвб дар вазни ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф – мафоӣлун мафоӣлун фаўлун гуфта шуда, шеъри «Ба модарам» ба истилоҳ шакли нимоӣ дошта, мисраъҳо дар пораҳо бо тақозои муҳтаво каму беш оварда мешаванд, ки камтарини онҳо аз панҷ мисраъ ва бештаринашон аз ёздаҳ мисраъ иборатанд. Тарзи қофиябандии онҳо асосан якдармиён абвб буда, дар баъзе пораҳо ба иқтизои мазмуну оҳанг дигаргун мешавад, вазни шеър дар асоси ҳазаҷи мусаммани солим – мафоӣлун мафоӣлун мафоӣлун мафоӣлун сурат гирифта, он дар мисраъҳо каму беш карда шуда, бештаринаш аз шаш рукн ва камтаринаш аз ду рукн иборат аст. Аз назари муҳтаво ин яке аз пурбортарин шеърҳои андешаҳои отифии тасвирии Лоиқ ба шумор рафта, дар матни шеъри солҳои шасти тоҷик тамоман нав ба назар меомад, зеро дар он солҳо ашъори оид ба мавзуи модар эҷодшуда аксаран умумию сатҳӣ буданд.

  Дар адабиёт ба вуҷуд омадани асаре, ки назари тоза ба мавзуи ҷовидона дошта бошад, ҳатман ба омилҳои айниву зеҳнӣ бастагӣ дорад, ки онро дар мавриди ба вуҷуд омадани шеъри «Ба модарам» -и Лоиқ ҳам метавон мушоҳида кард. Ин шеър, ҳамчунон ки зикр шуд, дар матни шеъри солҳои шасти тоҷик як ҳодисаи фавқулодаи адабӣ буд, аммо бо вуҷуди ин, замина дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии замон дошт, ки омили айнии онро ташкил медод. Ин замина ва омили айнӣ тағйир хўрдани назар ба масъалаи инсон ва мавқеъи он дар ҷамъият буд, ки дигар ўро «одию» «мурватча» ба ҳисоб наоварда, дар одитаринию мурватчагии он дидани ҳамбастагии мураккабтарин масъалаҳои ҳастии иҷтимоӣ ва кайҳони маънавиро тақозо дошт. Бинобар ин, акнун як модари одии дар кунҷи кўҳистон ба сар баранда, танҳо як зане набуд, ки ба иқтизои табиат насл меовариду мепарварид, давомдиҳандаи на фақат насли башарият, балки давомдиҳандаи тамоми таърихи моддию маънавии он буда, дар одитарин ва шахситарин орзую омолаш наҷибтарин умедҳои инсониятро муҷассам менамуд. Ин омили айние буд, ки барои аз ин дидгоҳ ба мавзуи мазкур нигаристан замина ҳозир карда буд. Омили зеҳнӣ дар он буд, ки аввалан Лоиқ худ шоири ҷўё ва пўё буд ва мекўшид ба ҳар мавзуъ, ки рўй орад, онро ба қадри имкон тозаву моҳиятбинона ифодаву тасвир намояд, сониян ў ҳангоми тарҷумаи ашъори шоири бузурги рус Сергей Есенин намунаи хуби инъикоси ин мавзуъро дар эҷодиёти ў омўхта, таҷрибаи ўро ба кор гирифта буд.  Ба қавли донишманди адабиёт А. С. Бушмин “дар адабиёти дигар пеш аз ҳама он чиро меҷӯянд ва мегиранд, ки дар худ набошад.  Чизи бегонаро мегиранд, аммо ҳамон бегонаро, ки ба ниёзи худ мухолифат накунад, ҳамонро, ки пас аз они худ шуда метавонад” [1, 141]. Ҳамаи инҳо заминаи ба тарзи тоза гуфта шудани шеъри «Ба модарам» -и Лоиқро фароҳам оварда буданд. 

  Дар байни эҳсосоту таассуроти фардӣ ва эҳсосоту таассуроти бузурги иҷтимоӣ иртибот барқарор кунонидан, ки онҳо дар ҷаҳони ботиниии инсон ба ҳамдигар мухолифат накарда, инсонро на фақат дар ҳаёти шахсӣ табиию маҳрами розҳои одамӣ, балки аз лиҳози ҷамъиятӣ ҳам муҳиму муътабар нишон диҳанд, барои шоир аз мушкилтарин корҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар қадар ин иртибот қавию табиист, ҳамон қадар дараҷаи нуфузи асар ба ҳаёти иҷтимоию фардӣ густарда ва амиқтар мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки муҳимтарин дастоварди Лоиқ дар шеъри «Ба модарам» ҳамин ба ҳам иртибот дода тавонистани маънии зиндагии як зани одии кўҳистон, ки гўё дур аз иҷтимои ҷаҳонӣ умр ба сар мебарад, бо масъалаҳои бузурги умумибашарӣ мебошад.

  Ин шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ аз муроҷиати хаёлии шахсияти ғиноӣ ба модари пираш, ки шояд «ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо» барои ў «ба сад нийят» «ҷомаи домодӣ» медўзад, оғоз мешавад, ки бо як худи ҳамин таваҷҷуҳро ба худ мекашад, зеро то ин шеър ин тарзи тасвири воқеъбинонаи модар дар шеъри муосири тоҷик ҷой надошт. Аҷобати масъала дар ҳамин аст, ки ин воқеъиятест, ки ҳар шоири тоҷик онро дидааст, аммо касе онро ба қалам наоварда, ва ҳатто ҳамин таъбирҳое, ки иқтибос шуданд, дар шеъри аср, ба эҳтимоли қавӣ, шояд аввалин бор ба кор рафта буданд. Ин, шеърро дар худи зиндагӣ кашф кардан буд.

   Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,

                              Ту шояд ҷомаи домодӣ(?) медўзӣ ба сад нийят,

                              Ки рўзи тўй дида бар қади ман бишканӣ армон,

                              Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,

                              Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман! [9, 128].

   Шеър аз баёни шайъии ҷузъиёти ҳаёти зани тоҷик дар деҳи кўҳистон, ҳамчун сандалӣ, ки хоси деҳ буда, ҷойи пой гарм карда нишастан мебошад, оғоз гашта, бо муроҷиати хаёлии меҳрубононае ба модари пир ва зикри амал ва орзуву нийяти ў, ки ҳама аз умқи зиндагии моддию маънавии халқ реша гирифта, беҳтарин хусусиятҳои миллии ўро таҷассум менамоянд, давом меёбад. Пораи дуюм ҳолати модари пирро, ки «чашми камбин» -аш «ба ҷустан чашми сўзанро» наёфта, «дасти пурэъҷози» ў «дар қабзаи пирӣ» меларзад, вале ў боз ба дўхтани «дастурхони гулдўзӣ» машғул аст, «ки рўзи маърака дар байни мардум обрў гир» -ад, ба тасвир оварда, ҷиҳатҳои дигари расму оини фарҳанги миллиро баён менамояд ва бандро бо ифодаи таҳайюри офариномез: «Чи дунёест дунёи умеди ту, // Аё модар, ё модар!» [9, 128] ба охир расонида, ду рукни охири хитоб ба модарро дар ҳашт банди дигар ба такрор меоварад, ки шеърро аз назари зарбу оҳанг ҳалқабандӣ мекунад. Дар банди севуму чаҳорум тафсилоти зиндагии модар, ки «дар гуселу пешвоз» тай шуда, вале худи модар «бурун аз деҳа норафта», «ба гирди хеш гўё чарх гашт» -а «зиндагӣ кард» -а аст, бо ҷузъиёти он муҳиту зиндагӣ, ҳамчун қарси сафеди модару домони гардуни гўё ба гирди русто часпида, баён карда мешавад, ки тимсоли модар ва манзараи буду боши ў пурратар ба назар падид ояд. Банди панҷум, ки пурбортарин банди шеър аст, бо ангезаи ҳиссии ғиноӣ оғоз мешавад, ки ба худи модар тааллуқ дошта, аз забони шоир баён мегардад. Бори маъние, ки ин банд мекашад, тақозо кардааст, ки шоир онро то ёздаҳ мисраъ тўл дода, ифодаи амалу таассуротро дар дохили банд яклахт созад. Ин банд шоистаи иқтибоси пурра аст, то ҳам чи гунагии бори маънӣ ва ба ҳамомехтагии таассуроти ғиноӣ ва тасвири шайъӣ мушоҳида шавад.

                              Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,

                              Ту доим «Ҳафтяк» мондӣ ба зери болиши кўдак,

                              Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.

                              Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кўчак…

                              Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,

                              Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,

                              Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,

                              Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,

                              Шараф андўхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,

                              Аё модар, аё модар! [9, 128].

  Дар ин банд ҷузъиёти шайъӣ, аз қабили «Ҳафтяк», болиш, кулба, дуд, кулча на танҳо ҳамчун шайъ барои пурра сохтани заминаи шайъии шеър ва таҷассум сохтани муҳити зиндагии модар, балки барои ифодаи ҷиҳати маънавии зиндагии ў ҳам хидмат кардаанд. Масалан, ба зери болиши кўдак «Ҳафтяк» мондани модар, ки аз суннатҳои мардуми тоҷик аст, далели ба фарҳанги исломӣ арҷ гузоштани ў мебошад. Бо кулча фарзандҳоро гусел кардани модар далели соф ба фарҳанги мардумии ниёкони худ эътиқод доштани ўст, ки нонро дорои қувваи ҷозибае медонад, ки рафтагонро ба дудмон зиндаву саломат боз бармегардонад. Ин ҳама тарҳи доираи зиндагии маънавию фарҳангии ўро ба назар ҷилвагар сохта, сурати модарро ба тимсоле табдил медиҳад, ки дар он таъриху фарҳанги халқаш инъикос мешаванд. Ба замми ин, дар ҳамин банд пас аз мисраи «Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ» тимсоли модар ноаён аз модари шахсии шоир ба модари халқ ва шахси шоир ҳам аз худи шоир ба шахсияти шеър, ки тимсоли таъмимшудааст, табдил мешавад, зеро то ин ҷо маводи шеър метавонист, ки маводи тарҷумаҳолии худи шоир бошад, аммо пас аз он мавод аз зиндагии як шахси шоир фаротар рафта, ҳаёти тамоми ҳамнаслони ў ва ё ҳатто пеш аз ўро дар бар мегирад. Ҳамчунон ки маълум аст, соли таваллуди шоир Лоиқ Шералӣ 1941 мебошад ва ў бародарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941—1945) қурбоншуда надошт, бинобар ин «Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ, // Шараф андўхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон, // Аё модар, аё модар!» гуфтани ў шеърро аз доираи маводи тарҷумаиҳолии шоир фаротар бурда, ба таърихи халқ пайванд медиҳад, ки фарзандонаш дар он ҷанг «ҷонфишониҳо» карда буданд. Дар банди шашум мисраи «Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро» низ ба ҳамон маънои «ҷонфишониҳо» кардани фарзандон, яъне бо аҷали худ намурда, ҷон ба қурбон додани онҳо далолат мекунад:

                              Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,

                              Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рўҳонӣ.

                              Ба назди остонат дом монад сояи маргат,

                              Туро хонад ба сўи олами торику зулмонӣ.

                              Матарс аз марг, охир безаволӣ ту,

                              Аё модар, аё модар! [9, 128].

  Дар ин банд, ки умуман рўҳияи модари пирро хеле хуб ва махсусан дар мисраи «Ба назди остонат дом монад сояи маргат» ба воситаи маҷоз бадеъ ифода намудааст, ба модар «матарс аз марг» гуфтани шахсияти ғиноӣ, ки дар айни ҳол писари ўст, аввалан як андоза бо нарм набудани худ ба зеҳн мехўрад ва сониян аз назари равонӣ ҳам ба назар дуруст намеояд. Зеро тарси марг дар инсони ҷавон бештар аст ва он ба дараҷаи солхўрдагӣ камтар шудан мегирад, ки ин қонуни табиии ҳаёт буда, исботи он мисолҳои фаровон дорад. Бинобар он, ба модари солхўрда «матарс аз марг» гуфтани писари ҷавон ҳам нарм несту ҳам мантиқӣ. Аз ин рў, агар дар мисраи панҷум матлаб ҳадди ақал ин тавр, ё ба ҳамин монанд, баён шавад, ки: «Чӣ аммо метавонад кард, охир безаволӣ ту, // Аё модар, аё модар!» ба назар беҳтар менамояд, зеро нотавонии марг   дар баробари безаволии модар таъкид шуда, бар нармии сухани писар ҳам афзуда мешавад. Дар ин мисраъ овардани калимаи марг шарт нест, зеро дар мисраи сеюми банд таркиби «сояи маргат» ҳаст, ки ба мисраъҳои поёнӣ ҳам тааллуқ мегирад.

          Дар банди ҳафтум ҳамон маъное, ки «фарзандҳои мурда» қурбониён ҳастанд, боз сареҳтар гўшзад мешавад:

                    Ҳазорон маргро, андўҳу ғамро пушти сар кардӣ,

                    Нахўрдиву напўшидиву бо сад ранҷ парвардӣ

                    Маро бигрифта зери пар.

                    Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ боз

                    Ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонатро.

                    Шудӣ хуни ҷигар, модар [9, 128].

  Дар ин ҷо «ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонат» ҳамон ҷавонмардони тоҷик ҳастанд, ки дар ҷанги мазкур қурбон гаштаанд, пас тимсоли модар пас аз ин тимсоли модари шахсӣ набуда, тимсоли таъмимии модари тоҷик аст. Чун модар ба тимсоли таъмимии модари тоҷик табдил ёфт, шахси шоир ҳам ба яке аз фарзандони модар мубаддал шуда, ба худ чеҳраи таъмимии шахсияти ғиноиро касб мекунад. Зеро “қисмати шахсӣ, фоҷиаи шахсӣ акнун моҳияти умумӣ доранд” [3, 136]  ва онро шахсияти ғиноӣ, ки  шоир аст, ифода карда, ба номи модар «дафтаре бикшод» -у «дуои хайр» -и модарро хоҳиш дорад. Дар банди нуҳум «зи лабҳои фурўрафта, зи ожанги пурасрор» -и модар маънӣ бардоштани шоир, ки онҳоро аломати зиндагӣ барои дигарон медонад, баён мегардад, ки ба назар шиддати ҳаракати амудии таассуротро андаке боз дошта, ба уфуқӣ наздик меорад, ки дар ин маврид матлуб нест. Ба ғайр аз ин, маънии на танҳо барои худ, балки барои дигарон ҳам заҳмат кашидани модар, ки дар ин банд талқин мешавад, дар бандҳои пешина, масалан, дар ин мисраъҳо «Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд, // Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ» ва дар ин мисраъҳои банди пасини даҳум «Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо // Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ» [9, 129] бо суханҳои дигар ифодаи хуби худро ёфтааст.  Бинобар, бе банди нуҳум меҳвари амудии шеър қоимтар ба назар мерасад. Банди ёздаҳум, мақтаи шеър, боз бо муроҷиати ғиноии шахсияти шеър оғоз шуда, таманнои ўро ба модар дар бар мегирад, ки мазмуни на танҳо иртиботи модарро, балки шахсияти ғиноиро ҳам бо дигарон таъкид мекунад:

                    Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!

                    Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрўз!

                    Агар дасторхону ҷомаи нав дўзӣ(?) бо уммед,

                    На танҳо баҳри ман,

                    Баҳри ҳама фардоиён ҳам дўз!

                    Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,

                    Аё модар, аё модар! [9, 129].

  Шеър бо ҳамин ҷамъбасти комили худро меёбад, ки аз мантиқи тамоми андеша ва эҳсосоту таассуроти ифодашуда бармеояд, вале боз чунин ба назар мерасад, ки агар дар банди мақтаъ шоир феълҳоро на дар шакли хоҳишӣ- фармоишӣ «афрўз», «дўз», балки дар шакли ҳикоятӣ  афрўзӣ, дўзӣ ё медўзӣ оварда, барои фардоиён ҳам ҷома дўхтанро ҳамчун амали худи модар нишон медод (на ин ки бо хоҳишу фармоиши писар), бешубҳа, ба ҳусни нийяти модар  ва фурўтанию хештаннигоҳдории шахсияти ғиноӣ меафзуд, ки ба модар ҳатто бо лаҳни хоҳиши фармоишомез сухан гуфтанро ба худ  раво надидааст. Вале новобаста ба ин ҷузъиёт шеъри «Ба модарам» -и Лоиқ дар таърихи шеъри муосири тоҷик ҳамчун шеъре боқӣ мемонад, ки бо худ саҳифаи комилан наверо дар мавзуи офариниши тимсоли модари тоҷик боз намуда, намунаи хуби омезиши андешаи отифии ғиноиро бо тасвиру ифодаи бадеъӣ бар ҷо гузоштааст. Ба замми ин, мунсифона бояд иқрор кард, ки ҳеҷ касеро аз шуарои қарни бисти тоҷик, ки ба монанди Лоиқ дар 24-солагӣ шеъре бад-ин пурборию мондагорӣ, ҳамчун «Ба модарам», эҷод карда бошад, суроғ надорем.

  Дар эҷодиёти Лоиқ навъҳои гуногуни шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ мавҷуданд. Дар баъзеи онҳо андешаҳои отифӣ ҳамроҳ бо тасвири собит ва ё сайёр, ташреҳу тасвир, ташхису ҷондорангорӣ, муроҷиати шахс ба шайъ ва монанди инҳо фаровон ба кор гирифта шудаанд. Ин гуна ашъор шояд қисмати бузургтарини эҷодиёти Лоиқро ташкил диҳанд, ки ғайримунтазира ҳам нест, зеро дар ашъори ў ҳар матлаб бештар ба воситаи шайъ, тимсол ифода мешавад, ифодаи шайъию тимсолӣ дар навбати худ истифода аз маҷозу истиора ва ташбеҳу ташхис барин сувари хаёлро тақозо дорад, ки аз олами ҳастӣ гирифта мешаванд. Инҳо омилҳое ҳастанд, ки шоирро бештар ба эҷоди ашъори андешаҳои отифии тасвирӣ водор месозанд. Дар байни ашъоре, ки Лоиқ дар солҳои ҳафтоди қарни бист сурудааст, низ шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ нисбат ба ашъори навъи дигар мақоми бартар дорад. Шеърҳои «Баҳорон буду як шомеву борон» (с. 1970), «Хонаҳои баланду шаҳроро» (с. 1970), «Ало, эй дилбари дар бехудӣ гум кардаам, боз о!» (с. 1972), «Бачагиям бекасу танҳо гузашт» (с. 1974), «Дар Варзоб» (с. 1975), «Рез, борон, рез» (с. 1976), «Сабзаи сўхтаи манзараҳо» (с. 1979) аз ҷумлаи шеърҳои хуби андешаҳои отифии тасвирие ҳастанд, ки ба навъҳои гуногуни он тааллуқ дошта, муҳтавои ғиноиро ба воситаҳои мухталифи тасвир ва ҷузъиёти олами ашё ифода кардаанд.

  Онҳо бо такомули худ, аз назари истифодаи захираи луғавии забон, вожаҳои тоза ва камдастхўрда, сувари хаёл, маҳорат ва сабки баён аз ашъори даҳсолаи пешини Лоиқ фарқи назаррасе доранд. Маълум аст, ки шоир роҳи камолоти ҳунарии худро паймудааст. Шеърҳое, ки дар боло зикр шуданд, ҳар яке дорои хусусиятҳои шохисе мебошанд, ки якеро бар дигаре комилан мутафовит месозанд. Ин далели бебаҳси бою ҳарранг шудани маҷмӯи воситаҳои бадеию тасвирии шоир мебошад. Масалан, шеъри «Баҳорон буду як шомеву борон», ки аз ангезаи хаёлоти ҳиссӣ оғоз шуда, андешаи отифии ошиқонаи шоирро дар бар гирифтааст, муҳтаворо дар ниҳояти хубӣ, нармию равонӣ ва хушрангии табиӣ бо ташбеҳу истиораҳои тоза баён мекунад. Махсусан банди аввали он қобили қайд аст:

                              Баҳорон буду як шомеву борон

                              Ҳамешорид ҳамчун обшорон.

                              Висолат бўстони пургуле буд,

                              Канорат ҳамчу оғўши баҳорон [9, 568].

  Аввалин сифати ин пора ҳусни мусиқоии он аст, ки ҳангоми хондан сомеаро навохта, ҳисро мутеъи худ месозад. Ин гўшнавозӣ аз истифодаи моҳиронаи вожаҳое, ки ҳиҷову ҳарфҳои ҳамсону ҳамоҳанг, ҳиҷои рон (4 адад), садоноки о (15 адад), ҳамсадои р (7 адад) ва н (7 адад) доранд, ҳосил шуда, мусиқии дилнишинро эҷод мекунанд. Сониян, барои дар пеши назар муҷассам сохтани лаҳзаи ғиноӣ аз сувари хаёл хуб истифода шудааст, ки баъзеи он нав набошад ҳам, дар ҳамбастагӣ бо вожаву таъбирҳои дигар, масалан, ташбеҳи канори маҳбуба ба баҳор собиқаи истифода дорад, вале дар ин матн тарзи корбурдаш, ки тоза аст, кўҳна ба назар намерасад. Ҳамин тариқ, лаҳзаи эҳсосоти отифии ошиқона дар пирояи бадеъӣ бо истифодаи ҷузъиёти олами шайъ ва ҳунари тасвиркорӣ чунон нигориш шудааст, ки ҳам манзара диданӣ ва ҳам таассурот ҳис карданӣ гаштааст.

   Шеъри «Ало, эй дилбари дар бехудӣ гум кардаам, боз о!» ба навъи дигари шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ тааллуқ дорад, ки аз муроҷиати шахсияти шеър ба ёди шайъ, маҳбуба оғоз гашта, таассуротро якбора дар айни шиддаташ бо илтиҷо ба забон меорад:

 

                              Ало, эй дилбари дар бехудӣ гум кардаам, боз о!

                              Ало, эй ҳамдили дар орзу парвардаам, боз о!

                   

                              Мисоли сурати бахти ман аз пеши дарам бигзар,

                              Чу руъёеву хобеву хаёле аз сарам бигзар.

         

                              Даме дар чашми ман бингар, ки дар он ҷои ту холист,

                              Нигоҳаш кунду бешавқе чу мурғи бепару болест [9, 584].

 

  Ин шеър аз дувоздаҳ байт иборат аст, ки дар шакли маснавӣ ва дар вазни ҳазаҷи мусаммани солим мафоӣлун мафоӣлун мафоӣлун мафоӣлун гуфта шудааст. Дар ин шакл ва ба ин вазн гуфтани шеъри андешаҳои отифии тасвирии ошиқона кам иттифоқ меафтад. Вале дар ин шеър интихоби чунин шаклу чунин вазн, ки нисбатан дароз буда, ҳар мисрааш аз 16 ҳиҷо иборат аст, барои тасвири ҳолат ва баёни таассуроти ғиноӣ, ки асосан аз илтиҷои ошиқ барои баргардонидани маъшуқаи аз даст додааш ба ҳам омадааст, мувофиқ мебошад. Зеро илтиҷои таъсирнок мисраи дарозтар мехоҳад, ки пуртабу тобтар баён шавад ва шакли маснавӣ барои дар ҳар байт аз нав такрор шудани он созгорӣ мекунад. Ба ин васила илтиҷо дар ҳар байт ба тафсил ва такрор ифода гашта, манзури шахсияти ғиноиро, ки аз нав ёфтани маъшуқаи гум кардааш мебошад, бадеъу муаассир ифода менамояд. Дар баробари ин, шоир барои маҳсусу шайъӣ ва хушоҳангу дилрас баён сохтани эҳсосоту таассуроти ҳиҷрони ошиқонааш аз сувари хаёли маънавию лафзӣ, ҳамчун истиора, ташбеҳ, такрор мадад меҷўяд. Маъшуқаро ба сурати бахт, ба рўъёву хобу хаёл ва нигоҳи чашми бе сурати маъшуқаи худро ба мурғи бепару бол монанд карда, дар аввал ҳамчун хитоб «ало, эй» ва дар охир «боз о» ва «бигзар» -ро ба такрор, ҳамчун радиф  овардан, ба илтиҷо тобиши бештаре дода, ифодаи муҳтавои шеърро шайъӣ ва оҳанги баёнро шадидтар месозад. Дар ҳашт байти дигар низ шахсияти ғиноӣ бо ҳамин оҳанг илтиҷои баргаштан аз ёри рафта карда, аз рўзҳову шабҳои бе ёди дилбар ба сар бурдааш таассуф мехўрад ва байти аввалро бо тағйири ҷои мисраъҳо дар охир меорад, ки дар мақоми мақтаъ бештар ҷо афтад.

   Баччагӣ мавзуест, ки дар меҳвари ашъори шоирони бисёре қарор гирифта, дар навъҳои гуногун бо сабку шеваҳои мухталиф баён шудааст, яъне аз мавзуъҳои густардаву собиқадори шеър ба шумор меравад. Азбаски  бачагӣ аз ҷониби ҳар шахс фардӣ таҷриба мешавад, шоирон ҳам эҳсосоту таассуроти онро бо ҷузъиёти олами шайъияш аксаран аз забони худ иброз медоранд, ки дар натиҷа шеър ба навъи шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ тааллуқ мегирад. Шеъри «Баччагиям бекасу танҳо гузашт» -и Лоиқ ҳам аз ҷумлаи ҳамин гуна шеърҳост, ки бо вуҷуди дар мавзуи собиқадор буданаш, тару тозааст. Ин ҷо ҳамон қазияи маълум, ки дар адабиёт мавзуи наву кўҳна нест, балки нигоҳи наву кўҳна ҳаст, боз як бори дигар тасдиқ мешавад. Агар шеъри «Ба модарам» аз ҷиҳати муҳтавои андешаҳои отифии тасвирӣ пурбортарин шеъри Лоиқ бошад, шеъри «Баччагиям бекасу танҳо гузашт» аз лиҳози баёни ҳиссиёту таассуроти ғиноӣ яке аз ҳунаритарин ва сабукпарвозтарин шеърҳои на танҳо Лоиқ, балки тамоми шеъри ғиноии нимаи дуюми садаи бисти тоҷик мебошад. Ин шеър дар ҳадди шеъри ноб аст, ки аз ҷиҳати ибрози муҳтаво марғуб, ифодаи эҳсосот муаасиру дилнишин, тасвир зебову шаффофу рангомез, баён хушоҳангу мусиқоӣ адо карда шудааст. Дар мавриди шеъри ноб бояд қайд кард, ки ин таъбир на фақат маънои тавсифӣ, яъне шеъри олӣ, балки дар сабкшиносии шеър маънои истилоҳӣ дорад, ки дар ин бора донишманди эронӣ Сируси Шамисо дар таҳқиқоти худ «Сабкшиносии шеър» чунин менависад: «Дар истилоҳоти нақди адабии ғарб шеъри ноб ё маҳз Pure Poetry шеъре аст, ки раҳо аз фикр ба тарафи мусиқӣ ҳаракат мекунад, албатта шеър наметавонад аз мафҳум ё ироаи эҳсосе холӣ бошад. Дар шеъри ноб луғот ва мафҳум дар ҷиҳати оҳанг ва садоҳои шеър ҳаракат мекунанд. Ҳарчанд шеър фурме аз мусиқӣ хоҳад буд, аммо лубби тафаккур ва тахайюли шоирро ҳам мунтақил хоҳад кард.  …Шеъри ноб дар муқобили шеъри шоибадор аст. Шеъри ноб шеъре аст, ки фақат дар баёни эҳсосӣ суруда шуда бошад. Ҳол он ки шеъри шоибадор дар садади баёни мафҳуме аз мадҳу ҳаҷву таълим… аст. …Шеъри ноб дар адабиёти имрузӣ бештар аз адабиёти куҳан намуна дорад» [8, 372-374].  Ба назар чунин мерасад, ки дар ин маънидоди шеъри ноб, агар ба тафаккур ва тахайюли бадеъӣ ҳам, ҳамчунон ки бар баёни эҳсосӣ ва мусиқоии он аҳамият қоил шудааст, арзиши баробар қоил шавад, таъриф дурусту комил хоҳад буд, зеро дар ҳама ҳолат мақсуд аз шеър пеш аз ҳама муҳтавост. Аз ин дидгоҳ ҳам шеъри «Баччагиям бекасу танҳо гузашт» -и Лоиқ шеъри ноб аст, ки дар он паллаҳои тарозуи муҳтаво, тасвир ва баёни мусиқоӣ ба ҳам мувозӣ ҳастанд.

  Ин шеър асосан дар қолаби мусаммати мусаллас гуфта шудааст, ки ҳар банди он аз се мисраъ иборат буда, дар банди аввал ҳар се мисраъ ба ҳам қофия баста шудааст, вале дар мусаммати суннатии классикӣ мисраи сеюм аз қофияи ду мисраи аввал озод буда, ҳар мисраи сеюми бандҳои баъдӣ бо он ҳамқофия оварда мешавад, ки ин мисраъро риштаи мусаммат ё мисраи тасмит меноманд. Дар шеъри «Баччагиям бекасу танҳо гузашт» мисраи тасмити банди аввал ҳам бо ду мисраи пешин ҳамқофия омадааст, ки бар хушоҳангии банд афзудааст. Ин мисраи тасмит бо ҳафт мисраи сеюми ҳафт банди баъдӣ қофия баста шуда, мусамматро ҳалқабандӣ мекунад. Вазни шеър дар асоси рамали мусаддаси мақсур фоилотун фоилотун фоилот буда, дар мисраи тасмит, сеюми ҳар банд, як рукни фоилотун зиёд карда мешавад, ки аз тозакориҳои шоир аст, зеро мисраъҳои мусаммати классикӣ ҳама дар як вазн гуфта мешуданд. Як рукн зиёд овардани мисраи тасмит ба шоир барои аз ду мисраи болоӣ хулосаи комил гирифтан имкони хубе фароҳам овардааст.

                    Баччагиям бекасу танҳо гузашт,

                    Бо дарав, бо хўшичиниҳо гузашт.

                    Доманаш аз хўша пур аз домани саҳро гузашт.

 

                    Дар сари санге ҳама рўз интизор

                    Мешумурдам турнаҳоро ҳар баҳор,

                    Баччагиям бо қатори турнаҳо як ҷо гузашт [9, 278].

                             

  Шоир дар ҳар банд, ки таассуроти отифиашро аз гузаштани бачагиаш баён мекунад, онро бо амал, ҳолат ва ё шайъе, ки хоси олами баччагист, пайванд медиҳад, то манзараи ҷаҳони баччагиро пеши назар муҷассам намуда, андешаи ғиноии худро ҳам ба муассирӣ ифода карда тавонад. Ҳамчунон ки дар бандҳои иқтибосшуда дида мешавад, амалҳои дарав, хўшачинӣ, турнашуморӣ бори вазифаеро кашидаанд, ки авзои шахси шеърро дар олами бачагиаш воқеъбинона ифодаву тасвир намоянд. Эҳсосоти шоир дар ин шеър рўҳафзо, вале каме омехта бо ҳузни ширин аст, агар фараҳмандии он аз ёд овардани лаҳзаҳои сурурбахши баччагияш, мисли он аст, ки дар ин банд мегўяд:

 

                              Ханда мекардам ба сўи шаршара,

                              Ханда меомад зи санги ҳар дара—

                              Баччагиям ханда бар лаб лаб-лаби дарё гузашт [9, 278]. –

ҳузнаш аз он аст, ки баччагияш дар бекасию хўшачинӣ, яъне на дар дороию рифоҳ гузаштааст. Аммо ба ҳар ҳол баччагӣ бо аввалин эҳсосоти бачагона дилбохтанҳо, ки як умр дар хотир боқӣ мемонад, дар замири шоир ёди ширине бедор мекунад. Дар таассуроти ғиноии шоир аз бачагӣ ҳама чиз зинда аст, бинобар он ў ба сўи шаршара механдад, зеро онро зинда меангорад, санги дара ҳам хандаи ўро шунида, дар ҷавоб ба ў механдад, ки хеле шоирона аст, на акси садо медиҳад, балки механдад, зеро ҷондор ангорида шудааст. Ҳамаи ин зебоӣ ва зинда нигоштани ҳолатро шоир ба воситаи бетаъкид ва ноаён ташхисонидани ҷузъиёти олами табиат – шаршара, дараву сангҳои он ба даст овардааст. Эҳсосоти ошиқонаи бачагии шахсияти ғиноӣ беҷавоб мемонад, зеро ба «номаҳо» -и «беҳисоб» «аз он сў намеомад ҷавоб» ва аз ин қиёси хубе гирифта мешавад, ки: «Баччагӣ чун номае бар ёри бепарво гузашт» [9, 278].  Дар панҷ банди боло, ба ҷуз банди аввал, дар ду мисраи нахуст аз амали шахсияти ғиноӣ ва дар мисраи тасмит вобаста ба он чи гуна гузаштани баччагӣ ифода карда мешуд, аммо дар банди шашуму ҳафтум мубтадои ҳамаи амалҳо баччагист, зеро шоир мехоҳад, ки меҳвари амудии шеърро қоимтар сохта, шиддати баёни таассуроти даргузарии баччагиро ба нуқтаи авҷаш бирасонад. Феълҳоро ҳам ба ҳамин манзури шиддат бахшидани баён ҳамчун радиф – рехт, рехт, -- набуд, набуд -- ба такрор меорад:

 

                              Баччагӣ чун шохборон рехт, рехт,

                              Баччагӣ чун обшорон рехт, рехт.

                              Ё мисоли шохнам аз дашти бопаҳно гузашт.

                                 

                              Баччагӣ гўё буду гўё набуд,

                              Баччагӣ аз мо буду аз мо набуд,

                              Бехабар мондем, то дидем фарсахҳо гузашт [9, 278].

 

  Дар банди шашум ду вожаи зебои шохборон ва шохнам, ки аз навъҳои гуногуни борон – резаборону селборон ҳастанду аз забони маҳал омадаанд ва дар забони адабӣ кам истеъмол дошта, ба шеваи баён тозагиву тароват бахшидаанд. Дар чаҳор мисраи ғайри мисраи тасмити ин ду банд ҳамаи таъбиру вожаҳо, махсусан дар банди ҳафтум «Баччагӣ гўё буду гўё набуд, Баччагӣ аз мо буду аз мо набуд» ба ҳам мувозӣ, ба шакли тарсеъ омада, шеърро ба ниҳояти мусиқоӣ расонидаанд. Шоир дар банди ҳаштум, ки мақтаи шеър мебошад, ҳамон санъати тарсеъ ва мусиқоии байтҳоро нигоҳ дошта, ба тавиркорӣ рўй меорад ва баччагиро ташбеҳи зебои хаёлпардозона медиҳад:

                              Баччагӣ – гулгуни зарринёли ман,

                              Баччагӣ – гулгуни зарринболи ман –

                              Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт [9, 278].

         

  Гулгун, ба маънои асп, вожаи зебои классикист, ки, мутаассифона, дар забони имрўз истифодаи фаровон надорад, аммо месазад, ки вожае бад-ин зебоӣ дар ёд бошад. Шоир гулгунро бо сифати зарринёлу зарринбол оварда, ба он тобиши бештари хаёлпардозона медиҳад, ки ба рўҳияи умумии хаёлпардозонаи шеър биафзояд. Мисраи тасмити охир воқеъан ҳусни мақтаъ буда, ёлу боли заррини хаёлангезро ғарқи гул ҳам месозад, ки дар охирин хайрбод бо ҳамон зебоии афсонавияш дар хотир бимонад ва пасон чун ҳар боре ба ёд оварда шавад, боз бо ҳамон зебоияш ҷилвагар гардад. Дар мисраи тасмит омадани вожаи гул, ки дар ҳиҷои аввали вожаи гулгун дар ду мисраи аввали банд ду бор ҷой дошт, ҳусни дигаре бар мусиқоии шеър афзудааст.

  Шеъри «Баччагиям бекасу танҳо гузашт» ва шеъри «Ба модарам», ки ҳар ду ҳам ба шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ тааллуқ дошта, дар ин ҷо аз ҷиҳати муҳтаво ва тарзи ифода таҳқиқ карда шуданд, на танҳо далели фарохии ҳудуди гуногунии сабки шоире, ҳамчун Лоиқ, балки вусъати имкони ҳаррангии шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ ҳам мебошад.

(То ин ҷо як мақола мешавад)

  Шоир, ҳар қадар ба камол мерасад, ҳамон қадар мекўшад, ки ягонагии диалектикии оламу одамро баёниву тасвирӣ ба қалам орад ва барои амалӣ кардани ин манзур аз воситаҳои ифодаи тоза ба тозаи бадеъӣ ва ҳолатҳои рўҳу равонӣ суд меҷуяд. Лоиқ ҳам, ки дар ашъораш рангомезиҳои оламу одамро дар гуногунтарин зуҳуроташ дақиқ ва бадеъу шоирона ба тасвир мегирад, барои он ки тарзу тариқи ибрози андешаву эҳсосот ва маърифати шоиронаааш аз ҷаҳони ҳастӣ якнавохту якранг намонад, роҳҳои тозаи идрок ва ифодаи онро ҷустуҷў мекунад. Ў чун шоири ғиноӣ ба олами дилҳо ва пеш аз ҳама ба ҷаҳони ботинии худ фурў меравад ва ба савту навои дилаш, ки гоҳ аз розу ниёзҳои ошиқиву гоҳ аз шебу фарозҳои зиндагии иҷтимоӣ бармехезад, ба таваҷҷуҳи хоса гўш медиҳад. Зеро ҳамчунон ки назариётчии шеър,  Гегел қайд мекунад: “ Шоир худ бо худ ҷаҳони мукаммали субъективиро ташкил медиҳад, бинобар он ки ӯ метавонад дар ботини худии худ таҳаррукро барои эҷод ва муҳтаво биҷӯяд...” [2, 501]. Шеърҳои андешаву эҳсосоти отифии тасвирӣ, аз ҷумла «Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг» (с. 1982), «Ниҳеб» (с. 1984), «Ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё» (с. 1986), «Аз куҷо омадӣ, эй чашмаи нур» (с. 1986), «Боз дарёву боз кўҳаи мавҷ» (с. 1988) аз ҳамин гуна шеърҳоеанд, ки дар онҳо шоир бо ҳодисоти ҷаҳони ҳастиву рўҳӣ на фақат бархўрди яклаҳзаина дорад, балки он воқеъотро ҳамчун як ҷузъи том аз ҳаёти шахсии худ ва ё воқеияти мавҷуда ба қалам меорад. Дар баробари он ки шоир ба савту навои дили худ гўш дода, акси садои онро дар ҳодисоти олами хориҷ меҷўяд, ў дар навъи дигари шеърҳояш олами берунро мушоҳидаву мулоҳиза карда, дили худро гўш медиҳад, ки аз он дар ҷавоб чӣ садое бармехезад.

  Изтиробе, ки дар ашъори андешаҳои отифии тасвирии Лоиқ оид ба эътибори зарурӣ надодан ба масъалаҳои ҳаёти маънавию ахлоқӣ, ки дар тўли асрҳо меъёри одаму одамият гаштаанд, дар солҳои навадум –даврони бўҳрони сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию ахлоқӣ дар ҷомеаи кишвар бо тамоми талхию дарду ғам ва ҳасрату воасафоҳо дар саросари навиштаҳояш садо дод. Дар аввалҳо шоир агар бемаънавиятиву костагии ахлоқи иҷтимоиро ягон-ягон, ҷудогона медида бошад, дар солҳои навадум он ба тамоми қишрҳои ҷомеа нуфуз карда буд, ки ў бо он дар ҳар сари қадам бармехўрд. Нигоҳдошти арзишҳои маънавӣ дигар масъалае набуд, ки дар маҳдудаи ҳаёти шахсӣ ва таассуроти ахлоқию зебошинохтӣ боқӣ бимонад, он ба масъалае мубаддал гашта буд, ки ҳастии минбаъдаи миллат ба он бастагӣ дошт. Ва Лоиқ ҳамчун яке аз бедортарин фарзанди миллат наметавонист хомўш бошад ва ё онро нодида бигирад. Аз ин рў, дар ин даҳсола ҳушдор додани миллат, ки ба решаи худ табар назанад, бо гуногунтарин рангу оҳангҳо дар ашъори ў баёну ифода шуданд. Барои ибрози чунин муҳтаво ў бештар ба қолаби ғазал рўй овард, ки аз жанрҳои маҳбуби шеъри классикист, зеро мехост маҳбубияти ғазал ҳам барои зудтару беҳтар расонидани манзури ватанпарастиаш мадад кунад ва таваҷҷуҳи хонандаро бештар ба худ кашида, доираи интишори онро фарохтар намояд, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Бояд ба хотир овард, ки аксари беҳтарин ашъори ватанпарастонаи Лоҳутӣ ҳам дар қолаби ғазал гуфта шудаанд. Аз ин метавон чунин хулоса гирифт, ки ҳангоми бузургию муҳимии муҳтаво мадад ҷустан аз шаклҳои суннатии озмудаву маҳбуб як қонунияти адабӣ ҳам ҳаст, ки дар мавриди зарурӣ ба амал медарояд. Ғазалҳои «Мулк сангистону мо бесангарем» (с. 1990), «Чӣ ҷои шукри шукуфа, баҳор хунин аст» (с. 1992), «Худойгоно, худойгоно, зи одамият куҷо нишоно?» (с. 1994), «Худовандо, ки дар зотат раҳимӣ ҳасту раҳмонӣ» (с. 1994), «Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо» (с. 1994), «Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам» (с. 1996), «Беғам ҳама ғамхорҳо, бесар ҳама сардорҳо» (с. 1996), «Чӣ хабар? Чӣ ҷангу даъво? Ту напурсу ман нагўям» (с. 1997), «Як наъраи шерона, эй миллати шеравжан» (с. 1997) аз ҷумлаи ҳамон ғазалҳо ҳастанд, ки андешаву эҳсосоти оганда аз дарду ранҷи миллатро, ки дар ниҳоди шоир ба туғён меоянд, ба воситаи тасвирҳои ашёвӣ ва баёни муаасиру фарогир ифода менамоянд. Ин ғазалҳо ба анвои гуногуни шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ тааллуқ доранд, ки яке бештар ҳисгароёна дигаре ақлгароёна, яке бештар тасвирӣ дигаре ташреҳӣ, яке бо муроҷиат ба шайъ дигаре бо розу ниёз ба худии худ, яке бо саволу ҷавоб дигаре бо хитобу таҳайюр ва монанди инҳо гуфта шудаанд, ки аз гуногунии тарзу тариқ ва воситаҳои тасвиру баёни шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ ва ҳамчунин аз қудрати шоир, ки аз он ҳама имконот устодона истифода карда тавонистааст, шаҳодат медиҳанд.

  Ғазали «Худойгоно, худойгоно, зи одамият куҷо нишоно?» аз барангезиши ҳиссӣ, ки аз муроҷиат ба Худованд иборат аст, оғоз шуда, таҳайюри шоирро аз авзои фоҷиабарангези замон бо табу тоби баланд изҳор менамояд ва хонандаро аз байтҳои аввал якбора ба таҳти нуфузи худ мегирад. Шахси шоир, ки дар ин ғазал сухан аз забони ўст, дар муҳити пурфоҷиа низ ҳамчун шахсияти фоҷиавӣ ба назар меояд, зеро ў, ки ҳамеша худро ҳамқисмат, балки бештар аз он, масъули қисмати халқ медонист, (ин оҳанг дар бисёр шеърҳои солҳои шасту ҳафтодаш ба гўш мерасид), дар ин ҳол наметавонист, берун аз фоҷиа бошад. Бинобар, ҳамаи он ишқу муҳаббате, ки ў ба озодию ободӣ дошт ва халқи худро накўкору ободгар мешинохт, дар вуҷудаш ба туғён омада, ба азобу изтироб, хашму ғазаб, инкору идбор мубаддал шуда, дар ҳар мисраъ ба оҳанги дилмондагию дилшикастагӣ ва танҳоию ноумедӣ танин меандозад, ки аз ҷумла дар ин байтҳои оғозин ҳам шунида мешавад:

          Худойгоно, худойгоно, зи одамият куҷо нишоно?

          Чаро ба гўшам зи ҳар забоно расад ғирево, расад фиғоно?

          Бубин ту хасро шуда Сикандар, бубин магасро шуда самандар,

          Ба рағми ино, алайҳи оно куҷост тобо, куҷо тавоно?

          Ҳама разолат шуда рисолат, ҳама фалокат шуда кафолат,

          Ки корд акнун расида то бун ба мағзи ҷоно, ба устухоно [10, 79].

  Ин ва байтҳои дигари ин ғазал, ҳарчанд баъзеи он ба шакли муроҷиати саволист, аммо умуман ба монанди монологи инкоркунанда, яъне гуфтугўе, ки шоир бо худ дорад ва он чизеро, ки аз авзои замон мегўяд, худ ҳаргиз қабул надорад, бо табу тоби баланд ва сохтори ҳиссию мантиқӣ ошкоро баён менамояд.  Шахси шоир як-ду даҳсола пештар дар чеҳраи фарзандони ҳамин халқ онҳоеро медид, ки ормонҳои маънавию иҷтимоии ўро ба амал татбиқ хоҳанд кард, акнун, ки бархе аз онҳо теша ба решаи миллат мезаданд, дарду ғам ва ҳасрату надомати шоир аз ин фоҷиа бо муаассиртарин ва шадидтарин воситаҳои бадеъӣ ва баёнӣ иброз мешавад. Аз мисраи аввал сабки сухан табу тоби баланде дорад, ҳарчанд аз лиҳози сохтор саволист, аммо мантиқан ҷавобии инкоркунандааст, зеро шоир бо «худойгогоно, худойгоно, зи одамият куҷо нишоно?» гуфтани худ ҷавобе намехоҳад ва мафҳуми одамият намондаастро, ки хабарии одист, дар шакли «зи одамият куҷо нишоно?» овардан маъниро ба воситаи баёнӣ ба маротиб муассиру шадид ифода кардан аст. 

  Чунин ба назар мерасад, ки бунёди фалсафии ин ғазал бар муборизаи ду қувва – эҳсоси инкори он чизе, ки шахси шоир дар айни ҳол дар рў ба рўяш мебинад ва дар зимни он ҳисси ҳасрат аз чизҳое, ки қаблан буду ҳоло аз байн рафтааст, гузошта шудааст, вале ин ноаён ва бетаъкиду табиӣ ба ҷо оварда мешавад. Масалан, дар ҳамон иқтибоси боло дар байти сеюм ҳангоме ки «Ҳама разолат шуда рисолат, ҳама фалокат шуда кафолат, // Ки корд акнун расида то бун ба мағзи ҷоно, ба устухоно» гуфта шуда, ба разолат ва ба фалокат табдил шудани рисолат ва кафолат таъкид ва қабули он инкор мегардад, дар як вақт ҳисси таассуф аз нобуд шудани рисолат ва кафолате, ки қаблан буд, ба зуҳур меояд. Ин ба як воситаи сабкӣ баён кардани ду навъи ҳиссиёт аст. Ин хусусият дар байти чаҳорум низ ба мушоҳида мерасад:

          Шудаст мазҳаб фидои мансаб, шудаст мансаб фидои матлаб,

          Касе надорад ғами раият на хаскашоно, на шахкамоно [10, 79].   

  Ҳамин тариқ, аз эҳсоси дуҷиҳатаи воқеъият, яъне эҳсоси инкории воқеъияти айнизамонӣ ва эҳсоси аздастдодагии воқеъияти пешин тимсоли ягонаи воқеъияти мавҷудаи кишвар пеши назар меояд, ки барои ҳар фарди ҷомеаи тоҷики замон ошно буда, дар як вақт фарохои воқеъияти таърихиро дар бар мегирад. Шахси шоир, ки дар муҳити ин воқеъият қарор дорад, наметавонад аз он бар канор бошад ва ба ў, чун ба фарди огоҳи иҷтимоӣ зарур меояд, ки муносибати худро ба он муайян намояд. Бинобар ин, дар идроку эҳсоси сиёсиву иҷтимоии ў ин муҳит ба ду замон ҷудо мешавад, яке бар гузашта, ки аз рафтани он афсўс мехўрад, дигаре ҳозира, ки онро бо тамоми қудрати шоириаш мазаммат ва инкор мекунад.

  Дар ин ва ғазалҳои дигаре, ки Лоиқ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бар муқобили он навиштааст, тарҳи шахсияти фардии ў рангу равғани баланде касб карда, ба шахсияти таъмимии иҷтимоӣ мубаддал мешавад, ки дар ин асос дар бораи дар ин ғазалҳо арзи вуҷуд кардани қаҳрамони ғиноӣ сухан рондан мумкин аст. Зеро дар ин ғазалҳо шахси шоир дигар танҳо шахси ў набуда, тимсоли зиёиёни ватандўст аст, ки аз фоҷиаи ватан ранҷу азоби гўшношида мекашад ва сабабгорони онро аз хавфи ҷони худ наҳаросида, бо тамоми имконоти доштааш нафрин ва маҳкум мекунад. Дар асоси тасвири инкори ҷанги ҳамватанӣ ва мазаммати боло донистани манфиатҳои шахсию гурўҳии худ аз манфиатҳои миллӣ тимсоли шахсияте офарида мешавад, ки дар саросари ин ғазалҳо арзи андом карда, дар баробари изҳори нафрин ва ҳатто дилмондагии худ «аз ин халқу Ватан» [10, 134], аммо дар умқи дил ҳамеша ватандўсту ватанпарвари асил боқӣ мемонад. Чунин шахсияти бадеъӣ дорои хусусиятҳое мебошад, ки ўро ҳамчун қаҳрамони ғиноӣ дар шеър муаррифӣ карда метавонад.   

  Шахсияти ғиноӣ дар ин ва ин гуна ғазалҳои Лоиқ, ҳамчунон ки дида мешавад, шуури интиқодӣ дорад, ки дар асоси мушоҳида ва қабул карда натавонистани воқеъияти мавҷуда, ки хатари аз байн бурдани ягонагии миллатро ба амал оварда буд, шакл гирифта, оганда  бо изҳори таассуфу ҳасрат ва дарду ғам ба забон меояд. Аммо бо вуҷуди ҳар қадар сахту шадид будани ин шуури интиқодӣ он хусусияти муҳимтари дигаре дорад, ки эҳсоси ватандўстии асил аст ва ин эҳсос махсуси қишри солими ҷомеа мебошад, ки манфиати мардум ва миллатро ҳамеша болотар аз манфиатҳои дигар медонад. Бинобар он, дар шуури қаҳрамони ғиноии ин ғазалҳо дар фаҷеътарин ҳолатҳо ҳам партаве аз умед ва ғояи ҳаётдўстӣ ба назар мерасад, ки дар байти мақтаи ин ғазал ҳам мавҷуд аст:

          Дар ин замино, дар ин замоно бидеҳ шаҳомат ба тоҷиконо,

          Тамомбино, тамомдоно, худойгоно, худойгоно! [10, 80]

  Ин ғазал аз лиҳози сохтор, бадеъият ва баён ҳам хусусиятҳое дорад, ки онро аз ғазалҳои дигари Лоиқ мутамайиз месозад ва далели бо камоли маҳорати шоирӣ суруда шудани он мебошад. Вазни ғазал бар мутақориби мақбузи аслам асос дорад, ки аз чаҳор бор такрор омадани рукнҳои фаўлу фаълун дар як байт ҳосил мешавад, аммо дар ин ғазал он ду баробар афзуда, ҳар як мисраъ ба 20 ҳиҷо расонида шудааст, ки дар таҷрибаи истифодаи ин вазн кам ба назар мерасад. Масалан, аз пешиниён дар ашъори Исмати Бухороӣ [4, 315] ва аз муосирин дар Нодири Нодирпур ҳамин гуна намуна ҷой дорад. Махсусан ғазали Нодирпур, ки дар Тоҷикистон ҳам ба нашр расида буд, дар байни мухлисони шеър иштиҳори зиёд дошт, ки Лоиқ ҳам аз он огоҳ буд. Онро ҳатто ҳофизи мардумӣ Одина Ҳошим ба оҳанги зебое ҳам месуруд.

          Куҳан диёро, диёри ёро! Дил аз ту кандам, вале надонам

          Ки гар гурезам, куҷо гурезам, в-агар бимонам, куҷо бимонам [5, 721].        

  Сабаби асосии шуҳрат ёфтани ин ғазал дар Тоҷикистон, бешубҳа, ҳамоҳангии он бо вазъи рўҳии мардуми кишвар дар он замон буд. Ва тардиде нест, ки Лоиқ ҳангоми эҷоди ғазали худ ба ин ғазали Нодирпур назар доштааст, аммо дафъатан мунсифона бояд гуфт, ки ин ғазал комилан мустақил аст ва зиёда аз ин бо муҳтавои амиқу муҳим ва ифодаи муассиру баёни рехтаву маҳкам бар бисёр ғазалҳои муосир руҷҳон дорад.

   Дар ғазали Лоиқ афзудани рукнҳои вазн ба иқтизои гунҷонидани мазмун сурат гирифта, барои аз назари сабк ифодаи пурбору лангардори муҳтаво хидмат кардааст. Ҳар байт ба замми қофияи маъмулӣ, ки дар охир меояд, дар дохил ҳам қофияҳои дарунӣ дорад, ки рукнҳоро ҳамоҳанг месозад:

                    Бубин ту хасро шуда Сикандар, бубин магасро шуда самандар,

                    Ба рағми ино, алайҳи оно куҷост тобо, куҷо тавоно? [10, 79].     

  Дар ин байт дар мисраи аввал калимаҳои хас бо магас ва Сикандар бо самандар ва дар мисраи дуюм ино бо оно ва тобо бо тавоно бар иловаи қофияи маъмулии ғазал ба ҳам ҳамқофия оварда шудаанд, ки баёнро хушоҳанг сохта, бештар аз он, ҳарорат ва табу тоби ифодаро ба ниҳоят мерасонанд. Дар ин ҷо дар мисраи аввал рукни дуюм бо рукни шашум ва рукни чаҳорум бо ҳаштум қофия баста шудааст, вале дар баъзе мисраъҳо ҳар чаҳор рукни фаўлу фаълун, ба монанди ин мисраъ, ҳама қофиядор сохта шудаанд: «Шудаст мазҳаб фидои мансаб, шудаст мансаб фидои матлаб» [10, 79], ки табу тоби баёнро боз бештар меафзоянд. Дар ин ғазал навъҳои дигари қофиябандии дарунӣ, ба мисли «Камаршикаста, асошикаста ба раҳгузори худо нишаста» [10, 79] низ вуҷуд дорад, ки далели дар ҳар маврид ба тақозои мазмун, савту оҳанг ва задаи мантиқии рукн каму беш овардани онҳо мебошад.

   Лоиқ дар ин ғазал на фақат аз ҳунари баён, балки аз воситаҳои бадеъ ҳам фаровон ва ба камоли устодӣ истифода кардааст. Масалан, дар мисраи «Бубин ту хасро шуда Сикандар, бубин магасро шуда самандар» чандин воситаи бадеъро моҳирона ба кор бурдааст, ки киноя, ташбеҳ, талмеҳ, ташхису ҷондорангорӣ, муболиға аз ҷумлаи онҳост. Хас, киноя аз афроди ночиз аст, ки ба воситаи ташбеҳу талмеҳ, муболиғаву тазод ва ташхису ҷондорангорӣ ба Сикандар ва магас ҳам ба ҳамин тарз ба самандар монанд карда шудааст. Ин қадар воситаҳои бадеъро, ки заминаи ҳунарӣ ва ашёвии шеърро пурбор месозанд, ба ин афшурдагӣ дар як мисраъ истифода карда тавонистан, бешубҳа, камоли ҳунармандист.

   Ҳамчунон ки қайд шуд, шахсияти ғиноӣ дар ин ғазал асосан бо интиқод ва инкору таассуф сухан меронад, аммо дар мавридҳои зарурӣ аз воситаҳои дигари сабкӣ, масалан, аз ришханду мазоҳ ҳам истифода мекунад, ки байтҳои ғазал тобишҳои гуногун дошта бошанд. Масалан, дар ин байт хулқу атвори баъзе афроди ночиз ва ношоиста бо киноя ҳаҷву мазоҳи тунду тезе карда шудааст:

          Ҳазор пиле ба пашша ҷондор, ҳазор гурба ба муш ғамхор,

          Ба ҳифзи мардум зи дасти ҳар шум на посдоро, на посбоно [10, 79].

  Ифодаи манзури шоир дар ин ғазал дар баъзе байтҳо ба мартабаи шоҳбайтӣ паҳлў мезанад, ҳамчунон ки дар ин байт ҳаст:

          На роҳи равшан, на моҳи равшан, на нони хўрдан, на ҷони мурдан,

          Касе наёрад зи кас бипурсад, чаро чунино, чаро чуноно?  [10, 79].     

  Дар ғазалҳои солҳои навадуми Лоиқ тимсоли фарох таъмимшудаи Ватани тоҷик ба назар мерасад, ки бо вуҷуди гирифтори фоҷиаи маҳалбозию гурўҳбозиҳо буданаш, вале боз ҳам ягона дарк мешавад, ки тамоми фикру зикри шахсияти ғиноӣ, новобаста аз интиқоду ҳаҷви тезу тундаш, сарфи аз нав ба роҳи саломат даровардани он гаштааст. Дар натиҷа тимсоли шахсияти ғиноии ин ғазалҳо ҳам ба монанди ҷузъе аз тимсоли таъмимшудаи ватан намудор мешавад, ки дар муҳити воқеъии он амал мекунад. Андешаҳои отифии тасвирии ў ба ҳар навъе, ки баён шаванд, хоҳ бештар тасвирию маҳсус, хоҳ ақгароёнаву муҷаррад, хоҳ ба тариқи танқид ва хоҳ ба тарзи таҳсин, дар ҳама ҳолат аз таҳти дилу ҷон буда, оғуштаи муҳаббати самимонаи шоире мебошанд, дил ба обу хоки ватан, мардуми шариф ва суннатҳои асили ҳаётбахшаш бастааст.

  Аскар Ҳакимов 

Институти забон,адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ

 

Китобнома

  1. Бушмин А. С. Методологические вопросы литературоведческих исследований / А. С. Бушмин. – Ленинград: АН СССР, Наука. - – 228 с.
  2. Гегел Георг Вилгелм Фридрих. Эстетика / Гегел.–М.: Искусство. Т. 3. - 1971. – 624 с.
  3. Гинзбург Л. О лирике / Л. Гинзбург. - Ленинград: Советский писатель. - 1974. – 408 с.
  4. Зеҳнӣ Т. Санъати сухан / Т. Зеҳнӣ. - Душанбе: Ирфон. - 1979. – 328 с.
  5. Нодирпур Нодир. Маҷмӯаи ашъор / Нодир Нодирпур. – Теҳрон: Нигоҳ. - 1381. – 1000 с.
  6. 6. Солоухин В. Времена года. Картины русской природы / В. Солоухин. - М.: Советская Россия. - – 190 с.
  7. Теория литературы. Основные проблемы в историческом освещении. Роды и жанры литературы / В. Д. Сквозников. Лирика. - М.: Наука. - 1964. – 487 с.
  8. Шамисо Сирус. Сабкшиносии шеър / Сируси Шамисо. – Теҳрон: Фирдавс, - 1376. -432 с.
  9. Шералӣ Л. Куллиёт. Ҷ. 1. Китоби якум / Лоиқ Шералӣ. – Хуҷанд: Раҳим Ҷалил. - 2001. -724 с.
  10. Шералӣ Л. Куллиёт. Ҷ. 1. Китоби дувум / Лоиқ Шералӣ. – Хуҷанд: Раҳим Ҷалил. - 2001. - 712 с.