Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Бо муроҷиат ба ғайри шахси худ, хоҳ шайъ бошад, хоҳ инсон, ки дар ин мақола зери мафҳуми шайъ инсон ҳам ҳамчун объект дар назар аст, андешаву таассуроташро баён кардани шахсияти шеър, дар як вақт аксаран ду тимсол - тимсоли асосии шахсияти шеър ва тимсоли ёрирасони шайъе, ки ба он муроҷиат мешавад, офарида мешавад. Ин усулест, ки ба ашъори ғиноӣ имкони беҳудуди ифодаи андеша ва нигориши шайъро медиҳад ва ақидаеро, ки гўё ашъори ғиноӣ дар фарогирии соҳаҳои гуногуни зиндагӣ нисбат ба насру дром зарфияти камтар дошта бошад, барҳам мезанад. Масъала дар қудрати эҷодии шоир аст, на дар имкони навъ, ки воқеан беохир аст, зеро шахсияти ғиноӣ бе ҳеҷ маҳдудият метавонад ба ҳар шайъе дар ҳар замону макон муроҷиат карда, сурату сират ва мавзуи руҷуи худро ба ҳар рангу равған ва ҳолу ҳавас, ки зарур аст, баён кунад. Агар дар усули баёни андешаҳои худтаҳлилӣ, ки аз ангезаҳои рўҳӣ такон мегирад, шоир бештар ба тариқи баён ба воситаи сухан, яъне бештар сухани маънӣ ва муҷаррад сари кор дорад, дар тариқи муроҷиатиаш ба шайъ—объект, бештар аз сухане, ки қобили тасвир, ҳаракат аст, яъне сухани шайъӣ ва амал аст, истифода мекунад, ки имкони фаровони фаро гирифтани мавзуъву мундариҷаи гуногунро дорост.
Усули ба тарзи худифшоӣ арзи андом кардани шахсияти ғиноӣ, ки бо руҷуъ ба мухотаб сурат мепазирад, дар нимаи дуюми қарни бист нисбат ба андешаҳои худтаҳлилӣ бисёр ба назар мерасад, зеро ба шоир барои рўй овардан ба олами хориҷ бештар имкон медиҳад, ки онро назарияи шеъри реализми сотсиалистӣ ҳам хосатан тақозо мекард. Ин, бешубҳа, ҳеҷ бадие надорад, аммо ашъореро, ки аз андешаҳои худтаҳлилии шахсияти ғиноӣ ба ҳам омада бошад, ночизу кам дида, чунон тасаввур кардан, ки шоир дар ин навъи шеър дар олами худ маҳдуд мемонад, низ на ҳамеша дуруст аст. Зеро аввалан, на ҳамеша, ҳамчунон ки донишманди сиришти ҳунар Л. С. Выготский қайд мекунад, «…иҷтимоиро на фақат ҳамчун ҷамъиятӣ, ҳамчун мавҷуд будани одамони бисёр бояд фаҳмид. Иҷтимоӣ дар он ҷое ҳам, ки як нафар одам ва таассуроти шахсии ў ҳаст, ҷой дорад» [2, 501]. Сониян, ҳар дуи ин олам таҳлил ва арзиши он бояд таҳқиқ гардад, на ин ки танҳо ба сабаби он ки яке аз ин олам худифшоӣ ва дигаре дигаронифшоӣ мебошад, яке бар дигаре тарҷеҳ дода шавад.
Дар олами эҷодии Аминҷон Шукўҳӣ инъикоси ҷаҳони айнӣ ва зеҳнӣ мутаносиб ба назар мерасад. Тимсоли шахсияти шеъри ў ҳар касе бошад, хоҳ шахсияти ғиноӣ, хоҳ худи шоир ё ровӣ шахсияти худро бар ҷаҳони ҳастӣ муқобил намегузорад, балки мавқеи худро дар байни зуҳуроти гуногуни он муайян менамояд. Азбаски дар шеъри А. Шукўҳӣ ҷаҳони ҳастӣ ҳамеша дар баробари ҷаҳони рўҳӣ вуҷуд дорад, бинобар ин ҷаҳони шахсии ғиноӣ ҳодисаву воқеа, азобу изтироб, шодиву хурсандӣ, хуллас, зуҳуроти мухталифи ҷаҳони берунаро низ фаро мегирад. Табиист, ки ҳангоми тавозун доштани вуҷуди олами рўҳию олами ҳастӣ дар эҷодиёти шоир хусусияти вуқуъгароии шеъри ў амиқтар рафта, авзои мураккабу мутазод ва ҳақиқати эҳсосоти шахсияти шеърро мукаммалу возеҳтар намоён месозад. Дар ин гуна ашъор шоир ба худ як намуди ғайривоқеию ғайрисамимӣ нагирифта, бо ҳақиқати ҳастии худ зуҳур мекунад, зеро бо қавли Гегел “шоир бо худии худ олами комили субъективии худро ташкил медиҳад” [3, 501] ва ба умқи ҷаҳони рўҳии инсон мерасад. Ин боис мешавад, ки шахсияти шеъри ў, ҳар касе бошад, бо вуҷуди чеҳраи фардӣ доштанаш, хусусияти шахси таъмимиро низ дошта бошад.
Дар шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ ҷузъиёти олами ашё ҳар қадар мувофиқи зарурат истифода шуда бошад, ҳамон қадар барои пурбор шудани шеър ва дар айни ҳол барои табиӣ ва боварибахш ифода кардани эҳсосоту таассуроти шахсияти он хидмат мекунад. Дар ин ҳолат ҷараёни муҳими эҷодӣ сурат мегирад, ки дар натиҷаи он шайъ шахситар ва шахс шайъитар мегардад ва ин сифати асосии шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ ва шахсияти он мебошад. Заминаи тасвир дар ин навъ шеърҳо табиӣ ва чеҳраи шахсиятияшон, бо вуҷуди фардӣ будан, таъмимӣ ҳам ҳастанд. Чунин хулоса, албатта, дар натиҷаи мутолиаи комили шеър гирифта мешавад, вале баъзан дар чанд мисраъ ва ё банди шеър ҳам онро мушоҳида кардан имкон дорад. Ин хусусият дар ашъори ба мавзуъҳои гуногун навиштаи шоир, аз ҷумла, ишқу ошиқӣ, сиёсию иҷтимоӣ, маънавию ахлоқӣ доман густурд, ки дар шеърҳои «Баҳор дар зимистон», «Аз сайёраи сабз», «Абрҳои сафед», «Пардаҳои тиреза», «То ба рўзи боздид» ва дигарҳо равшан ба мушоҳида мерасад. Дар ин шеърҳо ҳам мушоҳидаи қаблан кардаи М. Шукуров, ки “... шеъри ӯ (А. Шукӯҳӣ – А. Ҳ.) соҳиби лиризми махсусест” [7, 204] бори дигар ба исбот мерасад.
Дар шеъри «Пардаҳои тиреза», ки андешаву эҳсосот ва таассуроти пасазҷангии (Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1941-1945) шахсияти ғиноиро инъикос менамояд, мавзуи асосии тасвири шеър пардаи тиреза мебошад, ки ба воситаи он заминаи сабки вуқуъгароёнаи шеър гузошта мешавад. Ин шеър аз даҳ банди чаҳормисраъгӣ иборат буда, дар вазни ҳазаҷи мусаммани ахрабу макфуфу мақсур – мафъулу мафоӣлу мафоӣлу мафоӣл, бо қофиябандии абаб суруда шадааст, ки ба эътибори дароз -- чаҳордаҳҳиҷоӣ будани мисраъҳо ва чаҳормисраӣ будани бандҳояш барои ибрози эҳсосоту таассуроти вуқуъгароёна мусоидат менамояд. Дар банди аввал манзараи пасазҷангии солҳои шастуми асри гузашта, ки замони оромиву осудагӣ ва фароғатноки зиндагӣ буд, ба воситаи тасвири дар тирезаҳои хонаҳо мавҷ задани пардаҳои «зебову саморанг» ва ба онҳо «бо панҷаи тиллоӣ чанг» задани хуршед, ғояи шеър, ки аз тарғиби тарзи ҳаёти шўравӣ ва бо сулҳу салоҳ зистан иборат мебошад, ифода карда мешавад.
Вақте ки ба тирезаи ҳар хона шабу рўз
Алвонҷ занад пардаи зебои саморанг,
Хуршед ба ин рамзи ҳаёти хушу фирўз
По панҷаи тиллоӣ(?) занад завқкунон чанг [8, 52].
Пас аз ин шоир дар як банди дигар бораи вазъи пардаҳо ва аз ҳоли дили мардуми хона «шоду парафшон» будани онҳо сухан гуфта, ба соҳибсаодатии халқ ишорат мекунад. Тасвири пардаи тиреза, ки мавзуи шеър буд, дар меҳвар қарор гирифта, ба тимсоли шеър мубаддал мешавад. Пас, ангезаи ҳиссиёт шоирро ба арсаи меҳнати бунёдкоронаи мардум, ки «хирмани «тиллои сафед», «моҳи маснўи фалакгард», «кўчаю…шаҳри чароғон» офаридааст, мебарад ва ў дар банди чаҳоруми шеър дастҳоеро ситоиш менамояд, ки ангишт мекананду хишт мерезанд.
Он даст, ки ангишт канад, хишт бирезад,
Гулро бикунад низ ба хурсандӣ(?) навозиш [8, 52]…
Чунон ки дида мешавад, шоир аз меҳнати сиёҳ ва шайъҳои ғайришоиронаи ангишт ва хишт гурез накарда, баръакс онҳоро дар маркази шеър қарор дода, шоирона месозад. Дар ин шеър на фақат масъалаи иҷтимоӣ – солҳои баъди ҷанг ба шарофати меҳнати ҳалолу бунёдкорона ба зиндагии беҳтар расидани халқ, балки масъалаи ахлоқӣ низ матраҳ аст, ки ба ин тарз ифодаи худро ёфтааст:
Он кас, ки ба найранг зи меҳнат бигурезад,
Ҳаргиз набарад лаззате аз иду намоиш [8, 52].
Дар ин байт ва баъзе бандҳои дигари ин шеър оҳанги публисистию таблиғотӣ урёнтар ба назар расад ҳам, заминаи вуқӯъгароёна ва шайъию бадеии шеър устувор барҷо мемонад, зеро шоир мекўшад, ки меъёри таблиғотӣ аз ҳадди эътидол нагузарад. Масалан, дар банди шашум, байти аввал шайъию бадеӣ бошад, байти дуюм оҳанги таблиғотӣ касб мекунад:
Чун муғчаи фарбеҳшудаи шохи ниҳолон
Вақте ки расад вақти камолоту шукуфтан,
Дил ҳукм кунад: хез, баро зуд ба майдон,
Ин қарзи ҳама, нест варо ҳоҷати гуфтан [8, 53].
Ба ҳамин тарз дар бандҳои дигар ҳам ин мувозинат нигоҳ дошта мешавад. Банди ҳафтум, ки баршумории майдонҳои меҳнат: «заминҳои наву боғи шакаррез», «чарогоҳу… оғуши саноат», «варақи шоири ҳассосу саҳархез» мебошад, асосан таблиғотист, вале пас аз он дар бандҳои дигар ин оҳанг тамоман хафиф буда, шеър дар заминаи тасвири шайъиву таассуроти ғиноии таъсиргузор давом меёбад. Дар банди ҳаштум сухан аз он аст, ки мо, яъне шоир ва халқи ў барои «пардаи ҳар хона гулобӣ» шудан «ҷон додаву хун рехта» «ғолибшудагон» ҳастанд ва ин банд барои ба миён омадани банди нуҳум, ки чи гуна будани ҳоли мардумро дар солҳои ҷанг ифода менамояд, замина ҳозир мекунад.
Дорем ба ёд он ки чи сон чун пари зоғе,
Мо парда ба тирезаи ҳар хона кашидем,
То хасм набинад рухи хандони чароғе,
Аз ҷоми шаби тор басе ҷуръа чашидем [8, 53].
Ҳамчунон ки дида мешавад, тимсоли парда вобаста ба шароити зиндагӣ ранг дигар мекунад, дар замони осоиштагии зиндагӣ ранги гулобӣ ва дар замони ҷанг ранги пари зоғ гирифта, ифодакунандаи вазъи шоир ва мардум мегардад. Банди даҳум, ки банди охир мебошад, оҳанги суханро ба оҳанги банди аввал, ки шодию сурур дошт, баргардонида, ба сохтмони шеър шакли «ҳалқа» медиҳад. Баргаштан ба оҳанги аввалу ҳалқабандӣ кардани шеър, ки бар сохтмони он камолоту тамомият мебахшад, таъсири ҳиссии онро низ бештар месозад. Дар ин шеър усули тасвиргарӣ бо усули ибрози андешаҳои отифӣ ба ҳам даромехта, ягонагии заруриро ба вуҷуд овардааст. Дар олами тасвиргарӣ ва шайъии он на фақат аҷзои табиат, ҳамчун хуршеду дарёву шаршара, балки маҳсули дасти инсон ҳам, ҳамчун хонаву пардаву моҳи маснуъ, ки ҷузъиёти зиндагии мадании ў мебошанд, ҳузур дошта, замони эҳсосоту таассуроти шоирро мушаххас менамоянд.
Дар эҷодиёти Ғаффор Мирзо шеърҳои «Бозори гулфурўшон» (с. 1956), «Ёди ёри меҳрубон» (с. 1960), «Раъду барқ» (с. 1960), «Санг аз дараи Хинг» (с. 1974), «Жолаи соли 1975» (с. 1975), «Таҷрибаи пири ситамгар» (с. 1995) низ аз ҷумлаи ашъори андешаҳои отифии тасвирӣ мебошанд, ки дар онҳо тимсоли шахсияти шеър ҳам мақом дорад. Дар баъзе аз ин шеърҳо ибрози ҳиссиёт ва андешаву таассурот бештар ҷой дошта бошад, дар баъзеи дигар тасвир ва ё ҳикоят бештар аст. Аз ин шеърҳо «Бозори гулфурўшон», ки бо тарзи гуфтугў сохта шудааст, махсусияти ибрози андеша ва забону сабки худро дорад, ки онро аз бисёр ҷиҳат аз шеърҳои дигари шоир мутафовит месозад. Дар оғози шеър шоир, ки худро ба сурати шахси сеюм даровардааст, ба хонанда бо муроҷиати саволомез чунин мегўяд: “Надонам, дидаӣ ё не // Ту, эй хонандаи ҷонӣ, // Ки дар наврўз аз кўҳсор // Ҷавону пир дар бозор // Биёрад гул, фурўшад гул, // Чу дар бозор ҷўшад гул. // Биё, бозори онон бин, // Ту ҳоли гулфурўшон бин” [6, 71].
Ин гуна муроҷиати бевоситаи саволомези шоир хонандаро якбора ба доираи таассуроти ў ворид мекунад, хонанда аз лаҳзаи аввал самимияти шоирро, ки мехоҳад хонандаро ҳамсуҳбати худ созад, ҳис мекунад. Ин яке аз шартҳои нахустини шеър ва шоири ғиноист, ки хонандаро бар самимияти ҳарфҳои худ бовар кунонида тавонад. Азбаски вазни шеър ҳам асосан ба баҳри ҳазаҷи мураббаъ, ки аз такрори мафоӣлун мафоӣлун таркиб ёфта, аз ҳашт ҳиҷо иборат мебошад, бо кўтоҳии худ аз назари ҳиҷо ба оҳанги суҳбат пайдо кардани шеър мусоид меояд. Интихоби вожаву таъбирҳо ҳам ҳамин гуна аз доираи услуби суҳбат мебошанд, ки мисоли равшанашон, аз ҷумла, вожаву таъбирҳои «надонам», «дидаӣ ё не», «хонандаи ҷонӣ», «ҷавону пир», «ҷўшад гул» буда, истифодаи онҳо ба шеър оҳанги комили суҳбати табииро додааст. Пас аз банди ҳаштмисраъгии аввал банди чаҳомисраъгии дуюм меояд, ки дар он шоир худро дар сурати шахси гулфурўш дароварда, аз забони ў сифати гулашро мекунад: “--Гули наврўз сар бар кард, // Ҷаҳонеро муаттар кард. // Нигаҳ кун, панҷадор аст ин, // Арўси навбаҳор аст ин” [6, 71].
Гулфурўшони гуногун дар бандҳои минбаъдаи шеър ҳамин тавр сифати гулашонро карданӣ мешаванд ва табиист, ки барои ҳар чӣ тару тоза ва зебову дурахшонтар нишон додани гулҳояшон ба олами ашё ва ҳастии табиат рўй меоранд, ки ташбеҳу истиораву иғроқҳои мувофиқ пайдо карда тавонанд. Ин заминаи ашёвӣ ва тасвирии шеърро густурдатар намуда, баёни андешаву таассуротро самимӣ ва пуртаъсиртар месозад. Гулфурўшон дар баробари он ки гулҳояшонро сифат карда, харидоронро даъват менамоянд, бо суханҳое, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, хулқу атвори худро низ ҳувайдо месозанд. Ин бо як тир ду нишон задан аст, ки шоир хеле муваффақона истифода мекунад. Бо ду се ҳарф як характери аҷибе дар тасаввури хонанда тарҳи худро намоён месозад, ки комилан халқист. Масалан, дар ин банд: “-- Гули сияҳгўш ҳафранг аст, // Хўроки кабки дилтанг аст. // Бигардон, эй санам, рўят, // Шавам мироби абрўят” [6, 71].
Ҳамчунон ки дида мешавад, дар байти авали банд тавсифи гули сияҳгўш ва дар байти дувум, ки гулфурўш мехоҳад таваҷҷуҳи хонумеро ба гулаш ҷалб кунад, чӣ андоза бо шўхии зарофатомез ва ширину дилчаспи халқӣ сухан мегўяд, ки як марди ҳассосу ошиқпеша ва зарофатгў будани ўро нишон медиҳад. Дар банди баъдии шеър, ки боз бештар ба оҳанги суҳбати халқӣ гуфта шудааст, ин хусусиятро истифодаи вожаву таъбирҳои «як қабза», «мардак», «алолам» (ба маънои ба хаёлам), «сағера» (ба маънои ҷавон), ки дар шеваи кўлобиён роиҷ аст, ба вуҷуд оварда, тарҳи характери гулфурўши дигареро намудор кардаанд, ки деҳотиву дасткушод буда, агар касе сахт эҳтиёҷманди гулу пул надошта бошад, тайёр аст, гулашро бепул ҳам бидиҳад. Ин як хусусияти асили мардуми тоҷик аст, ки онҳоро аз дигарон мутамайиз менамояд: “-- Гули зардак, гули зардак, // Биё як қабза хар, мардак…// Алолам, ту надорӣ пул, // Сағера, ма гули бепул” [6, 71].
Ба ҳамин тариқ, дар як шеъри на чандон тўлонии ғиноӣ, ки дар асоси таассуроти отифӣ ва тасвири ашёвӣ сохта шудааст, тарҳи чанд характери аҷиби мардумиро пайдо мекунем, ки бо камтарин васила, яъне ҳамагӣ бо чанд калима офарида шуда, қимати баландӣ бадеӣ доранд. Аз ҷумла, дар ин ду байти минбаъда тарҳи ду характери дигар, ки яке каме нотарошидаву дуруштсуҳбат ва аз одоби хариду фурўш бехабар ва дигаре мулоимсухану аз одоби тиҷорат огоҳ офарида мешавад, ки дар тазоди ҳамдигар хеле ҷолиб ба назар мерасанд: “-- Агар дар кокулат гул нест, // Ба сар дум ҳаст -- кокул нест. // -- Гапи хуш гўй, эй нодон, // Ки савдоят шавад осон” [6, 72].
Ин шеър ва ин тарзи тимсолофарӣ, ки дар бандҳои дигар ҳам мавҷуд аст, далели он мебошад, ки шеъри ғиноӣ дар дасти шоири тавоно он гуна қудрати тимсоли таъмимӣ офаридан дорад, ки аз анвои дигари шеър ҳеҷ кам ба назар намеояд. Ҳамчунон ки болотар ишора шуда буд, ин шеър ба сабки гуфтугўӣ, диалог сохта шудааст, аммо ин равиш барои ба шеър озодона дохил шудани ашёи олами ҳастӣ монеъ нашуда, баръакс барои ҳар чӣ бештар баёну тасвир шудани онҳо мадад расонидааст. Аз ҷумла, танҳо зикри худи номи гулҳо – гули наврўз, гули сияҳгўш, гули зардак, паи зоғак, паи гурба ва ниҳоят гули лола, ки рамзи бебозгашт омадани баҳор мебошад, дар тасаввури хонанда як олами рангу бў ва рангоранги баҳорро падидор месозад, ки аз хотир зудуда нахоҳад шуд. Саросари ин шеър пур аз рангу бў, садои суҳбату даъватҳо, таҳаррук ва ҷўшу хурўши эҳсосот мебошад, ки дар банди охир ба авҷи аълои худ мерасад ва муҳимтар аз ҳама дар ин ҷо дида мешавад, ки “шоири ғиноӣ наметавонад, чизеро, ки дар борааш менависад, дӯст надошта бошад” [4, 318]. Шоир барои он ки тамоми он ҷўшу хурўши бозори гул ва эҳсосоту таассуроти худро ифода карда тавонад, мисраъҳои банди охирро якрукнӣ месозад, ки бар ҷараёни шеър суръат меафзояд: “Бирав, гул бин, // Бирав, гул бин: // Ба пеши бар, // Ба тори сар, // Таги тоқӣ, // Лаби локӣ // Ба ҳар тўше, // Баногўше, // Ба дастон ҳам, // Гиребон ҳам, // Ба кокул – гул, // Ҳама – гул… гул…” [6,73].
Дар ин шеъри Ғаффор Мирзо сабки шеъри ғиноии халқӣ, ки ў дар эҷодиёташ ба он такя дорад, ба тарзи беҳтарин корбаст шуда, барои ифодаи шуур ва хусусияти характери халқӣ хидмат намуда, дар айни ҳол намунаи хуби омезиши усули ибрози андешаву таассуроти отифӣ ва тасвири ашёвиро ба вуҷуд овардааст.
Ашъори андешаҳои отифии Мўъмин Қаноат аксаран аз санадҳои воқеъии зиндагиии шахсиаш фаротар рафта, бо муҳтавои амиқ ва тасвиркорӣ имтиёз доранд, ки дар онҳо ин ду навъи сифати шеър –андешамандии ҳиссиётангез ва тасвиркории ашёвӣ хеле хуб ба ҳам омезиш дода, корбаст шудааст. Масалан, аз эҷодиёти солҳои шастуми ў шеърҳои «Ситораи замини ман», «Бузургӣ ва хоксорӣ» аз силсилаи «Ситораҳои Замин» (с. 1962), «Мавҷи пўлод», «Мавҷи суруд» аз достони лирикии «Мавҷҳои Днепр» (с. 1963), «Обшор» (с. 1965), «Исфара» (с. 1966), «Нарав, қуи сафеди ман» (с. 1966), «Парандаҳои навбаҳор» (с. 1987) ҳамин гуна сифати андешамандии ҳиссиётангезу тасвиркории ашёвӣ доранд, ки дар онҳо ин ё он зуҳури табиат ва ё шайъ мавриди ифшои розу ниёзи шахсияти ғиноии шеър қарор мегирад. Дар ин гуна шеърҳо андешаҳои отифии шахсияти шеър ба воситаи истифодаи тимсолҳое баён карда мешаванд, ки дар саросари он ҳузур доранд. Дар натиҷа ҳиссиёт, таассуроту андешаҳои отифӣ на фақат ба тариқи баёнӣ зикр, балки бештар ба воситаи тимсолҳо, рамзу маҷозу ташбеҳу истиораҳо бо тамоми маҳсусӣ, назокату зебоӣ ва шиддату тазодаш тасвиру ифода карда мешаванд. Эҷод ва ё истифодаи тимсолҳое, ки дар меҳвари шеър қарор мегиранд, ғояи шеърро ба сурати шайъӣ тасаввуршаванда муҷассам менамоянд. Онҳо вобаста ба тақозои шакл ва муҳтавои шеър, аз ҳар ҷиҳат тасвир, рангу равған ва обу тоб дода мешаванд. Баъзан ин тимсолҳо бевосита ба ифодаи муҳтавое, ки шоир мехоҳад ифода кунад, қобил нестанд, вале шоир онҳоро бо афзудани хосиятҳое, ки барои ифодаи манзури эҷодии ў мувофиқ бошад, омода месозад. Ин тарзи истифодаи тимсол, ки дар он обу тоб ва ҳиссиётангезӣ ба дараҷаи баланд бардошта шуда бошад, дар шеъри «Обшор» ҷой дорад. Шахсияти ғиноӣ дар ин шеър ҳиссиёту таассуроти ошиқонаи худро бевосита на ба худи маҳбуба, балки ба обшоре, ки дар он тимсол ва гувоҳи муҳаббати аввалини худро мебинад, баён менамояд. Ин тарзи ибрози муҳаббат, ки дар рў ба рў на худи маҳбубаи нахустин, балки тимсоли ў – обшор қарор дорад, барои бо тамоми ҳиссиёт, назокат ва меҳрубонӣ изҳор кардани ишқи бачагӣ имкони бемамониат медиҳад, зеро на ҳамеша дар ҳузури рў ба рўи маҳбуба ошиқ метавонад ҳамаи гармиву самимияти дилдодагии худро, ҳамчунон ки дар воқеъият ҳаст, ба ў изҳор кунад. Дар ин ибрози бавоситаи ҳиссиёт шахсияти ғиноӣ ҳам худро озод ҳис мекунад ва ҳам имкон дорад, ки аз ҳамаи хусусиятҳое, ки обшор дорад, барои ифодаи шайъӣ ва маҳсусу тасаввуршавндаи ишқу муҳаббаташ истифода кунад. Ин, албатта, таъсири шеърро дучандон меафзояд. Шеър аз муроҷиати шахсияти ғиноӣ бар обшор оғоз меёбад, яъне аз аввалин ҳарф обшор ташхисонида шуда, ба он беҳтарин сифатҳо, ба монанди ҳамдиливу ҳамрозӣ, меҳрубониву ғамгусорӣ, ки хоси инсон мебошад, дода мешавад:
Эй обшор!
Оинаи беғубори ман,
Ёри замони кўдакии беқарори ман,
Аз рўзҳои рафта туӣ ёдгори ман [5, 54].
Тимсоли ташхисонидашудаи обшор ба шоир имкон медиҳад, ки ба он ҳамчун ба воситае, ки ҳиссиёту таассуроти ошиқонаи ўро бо тамоми нозукӣ ва покию шириниаш ифода мекунад, муносибат намояд. Обшор дар дилу ҷони ошиқ «оҳангҳои кўҳнаро такрор», «ёди бахобрафтаро бедор» ва «рози» варо «ба лафзи худ изҳор» карда, барои тасвир намудани маҳбубаи дилрабои наврас замина омода месозад. Аз банди савуми шеър, ки аз «дорӣ ба ёд лаҳзае» -- муроҷиати бевоситаи дуюмбораи шахсияти ғиноӣ ба обшор оғоз меёбад, кам - кам тарҳи дилрабои духтараки наврас бо сифатҳои «куртапарпарӣ» ва «пои бараҳна рўи гул» чун «чўҷаи парӣ» омаданаш кашида мешавад. Банди чаҳорум бар тарҳи маҳбуба тарҳҳои тоза меафзояд, ки ў бо «мўи сиёҳ» -у «қади мавзун чу обшор», «чашме чу чашмаи сафо, рўе чу навбаҳор» ва «қадде ба мисли шаршара ларзону беғубор» дар пеши назар ҷилвагар мегардад ва аз ин банд маълум мешавад, ки чаро шоир барои ифодаи эҳсосоти ошиқонааш тимсоли маҳз обшорро интихоб кардааст. Аз як ҷиҳат, обшор гувоҳи муҳаббати поку беғаши наврасии онҳо буда, аз ҷиҳати дигар, он ҳамчун мўи маҳбубаи ў парешону резон ва мисли қади ў «ларзону беғубор» аст. Азбаски обшор барои мушобеҳати қаду қомати маҳбуба хуб мувофиқат мекунад, сифатҳое, ки шоир барои тавсифу тасвири онҳо меорад, дар як вақт ба ҳар дуи онҳо нисбат гирифта, тарҳи тимсоли ҳар дуро дар назар дилрабову комилтар намудор месозад. То ин ҷо шеър аз муроҷиат ва рози дил гуфтани шахсияти ғиноӣ бар обшор ва тасвири маҳбуба иборат буд, ҳарчанд дар банди савум аз субҳдам пои бараҳна барои об омадани маҳбуба сухане ҳаст, аммо тасвири амалу ҳаракат асосан дар банди панҷум вусъат мегирад:
Гулхандае ме(?)карду гул(?) дар об мефиканд,
Тифле ба об гавҳари ноёб мефиканд,
Сўзе ба ҷони баччаи бетоб мефиканд.
Мерафту рангу равнақи гулзор мешикаст,
Меомаду аз омадаш(?) хуммор мешикаст,
Лабташнагии ташнаи дидор мешикаст [5, 54].
Бо ин ҳарфҳо, ки шоир тасвир ва тавсифи маҳбубаро ба дараҷаи зарурӣ мерасонад, дар банди шаш ба тарзи дигари баёни ҳиссиёт мегузарад ва барои муайян кардани чигунагии муҳаббати баччагӣ аз санъати таҷоҳули ориф истифода карда, аз худ суолҳое ба монанди «Он духтарак кӣ буд? Нишоне зи хоҳарам, Ё …дилбарам, Ё ҳампарам?» мекунад, ки бо ҷавоб муайян кардани кӣ будани он зарурате надорад, зеро: “Ҳар кас, ки буд, // Ў маро(?) аз ҷон азиз буд, // Ҷонам зи ҷоми шарбати ў рез-рез буд” [5, 55], ҷавоби он аст. Ҳамчунон ки дида мешавад, баёни ҳиссиёту таассурот аз пешина, ки асосан тавсифию васфомез буд, бештар самимонаю таъсирбахштар шудааст. Дар ҳамин лаҳзаи нуқтаи авҷи ифодаи ишқу муҳаббати самимона, ки «аз ҷон азиз» -тар будани он «кабўтари сафед» -и «ҳампар» маълум шуд, шоир гурезе мекунад ва ба баёни ба чӣ анҷомидани ин муҳаббат мепардозад, ки фоҷиаомез аст. Аз нуқтаи олии ширинӣ якбора ба нуқтаи зерини талхӣ фуруд омадан тазод ва шиддати ин ду навъи ҳиссиётро дучандон меафзояд. Банди нуҳум банди иртифои ифодаи таассуроти отифист, ки бо беҳтарин ваҷҳ адо карда шудааст. Дар он ташбеҳу истиора ва маҷозҳое, ки истифода шудаанд, аз олами табиат буда, ҳама ниҳоятан муносибу мувофиқанд. Ба ду соҳил ташбеҳ кардани ду дилдода, ки бо вуҷуди дар байнащон ҷорӣ будани як дарё – ҳатто дарёи ишқ – наметавонанд ба ҳамдигар бирасанд, вазъи рўҳии фоҷианоки ошиқро хеле муассир баён менамояд. Бояд қайд кард, ки шоир дар баёни эҳсосоти ошиқонаи ин ду маҳбуб хеле ба назокат рафтор мекунад, дар саросари шеър сухан танҳо аз ишқу муҳаббати ошиқ буда, чигунагии муносибати маҳбуба ба ин масъала ноаён аст ва фақат дар банди нуҳум ҳамин гуна муҳаббат доштани «он чўҷаи парӣ» низ маълум мешавад, ки он ҳам на бо баён, балки дар зимни тасвир ифода ёфтааст. «Чун ду соҳили дарё ҷудо», «дарё садо намудаю мо бесадо» ва «дар торҳои шаршара ҳар ду наво шудем» ишора ба ҳамин маъност Ин ниҳояти нигоҳ доштани шарму ҳаё ва расму одоби миллист.
Рўзе, ки чун ду соҳили дарё ҷудо шудем,
Дарё садо намудаю мо бесадо шудем,
Дар торҳои шаршара ҳарду наво шудем [5, 55].
Ҳиссиёт ва таассуроти отифие, ки шахсияти ин шеър баён мекунад, ба шахси шоир тааллуқ мегирад, вале азбаски он як андоза умумият дода шудааст, ба ҳар ошиқе, ки ҳамин гуна манзара дар замони ошиқиаш будаасту ҳамин гуна ҳиссиётеро шинохтааст, низ нисбат дошта метавонад. Бинобар доираи таъсири он фарохтар гашта, ҳар ошиқи номурод дар он бозгўи рози ишқи нокоми худро меёбад. Ду банди дигари шеър шахсияти ғиноӣ аз «монанди об» ва «чун кабки рав» ноаёну пуршитоб рафтани баччагӣ бо ҳасрат ҳикоят карда, аз обшор хоҳиш дорад, ки боз як бори дигар дар канори ў биёяд ва «он тарона» -ро «чун ёдгор» -и ў бинавозаду «сурати он навбаҳор» -и варо ба ў бинамояд.
Ҳамчунон ки ба мушоҳида мерасад, тимсоли обшор дар меҳвари шеър қарор гирифта, тимсоли дигар, ки ҳамаи эҳсосоту таассуроти ошиқонаи шахсияти шеър ба он – духтараки куртапарпарӣ -- тааллуқ дорад, дар пардаи пиндори шахсияти шеър ба ҳам меомезад, гоҳ обшор таҷассуми маҳбуба мешаваду гоҳ маҳбуба таҷассуми обшор, ки ошиқ муҳаббати ҳар дуи онҳоро дар дил дорад. Ин муҳаббат ба воситаи рамзу маҷоз ва ташбеҳу истиороти дилчаспи табииву ашёвӣ ифода мешавад, ки бинобар маҳсусу тасаввуршаванда буданашон ба хубӣ қобили дарку қабули хотир мешаванд. Ба ин навъи шеър ҳам, ки мусаллас -- ҳар бандаш аз се мисраи қофиядор иборат буда, аз аз ёздаҳ банд нўҳ банди он радиф ҳам дорад, бо хушоҳангию дилнишиниаш хеле мусоидат кардааст. Банди ҳаштум аз навъи мусаллас хориҷ гашта, ба навъи маснавӣ, як байти қофиядор омадааст, ки агар ба навъи интихобшудаи мусаллас мебуд, албатта, беҳтар буд. Ин шеър дар вазни музореъи ахрабу макфуфу мақсур, ки аз мафъўлу фоилоту мафоӣлу фоилон ба ҳам меояду нақшааш чунин аст: -- -- у/-- у – у / у -- -- у / -- у -- гуфта шудааст. Аммо он, мутаассифона, дар даҳ мисрааш, асосан дар ҳиҷои ҳаштум, ки ҳиҷои кўтоҳ асту ба ҷояш дароз оварда шудааст (мисраъҳои 4, 5, 11, 13, 17, 20, 21, 26, 27, 29), нуқсони вазн дорад. Дар мисраи 13 ба ғайр аз ҳиҷои ҳаштум дар ҳиҷои панҷум ҳам ғалат ҳаст, ба ҷои ҳиҷои кўтоҳ дароз омадааст. Агар шеър ин нуқсҳоро намедошт, яке аз беҳтарин ошиқонаҳои Мўъмин Қаноат дар навъи шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ маҳсуб мешуд.
Дар шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ навъҳои гуногуни андеша ва тасвир ҷой доштанаш мумкин аст. Масалан, дар он андешаҳои фалсафӣ, ирфонӣ, ҳикматомез, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, ошиқона ва монанди инҳо баён шуда, тасвир ҳам вобаста ба мавзуъву муҳтаво сокин, дар ҳаракат, симоӣ, пайкаранигорона, манзаравӣ ба қалам меояд. Дар ашъори андешаҳои отифии тасвирии Мўъмин Қаноат ин навъи андешаву таассурот ва тасвиркориҳо мақоми муҳим доранд. Ў аз давраҳои аввали эҷодиёташ андешаро бо тасвиркорӣ пайвастааст. Ҳамчунон ки қайд шуд, дар силсилаҳои солҳои ҷавониаш – «Ситораҳои замин», «Силсилаҳои Карпат» (с. 1962), «Мавҷҳои Днепр» ибрози андешаву таассуроти шахси шеър ва ё шахсияти ғиноӣ ҳамеша бо тасвири олами табиат ва ё ашё ҳамроҳ аст. Ин хусусияти ашъори Мўъмин Қаноат, аз ҷумла силсилаи шеърҳои «Ситораҳои замин» -ро дар вақташ Муҳаммадҷон Шукуров ба сароҳат дарёфта, дуруст навишта буд, ки «ҳар як шеъри ин силсила як портрет аст ва ҳар кадоми ин портретҳо ба тарзи дигаре тасвир ёфтааст” [7, 190].
«Ба тарзи дигаре тасвир» ёфтани ҳар як портрет на фақат ба зовияи нигоҳ, балки ба шахси шеър, ки аз он зовия менигарад, сахт вобаста аст. Ҳамчунон ки қайд карда шуд, шеъри ғиноӣ, аз қабили шоир, «ман» -и шоир, шахсияти ғиноӣ, муаллиф, ровӣ ашхоси гуногун дорад, ки чигунагии тасвир пеш аз ҳама андешаву ҳиссиёту таассуроти кадоме аз инҳоро ифода кардани шеър вобастааст. Ба ғайр аз ин, тасвир дар навъи дигари шеъри ғиноӣ, ки маҳз тасвирист, ҷойи густардае дорад, ки дар он чун дар шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ воситаи ёрирасон набуда, маводи муайянкунандаи шеър аст.
Тозакории Мўъмин Қаноат, дар солҳои шасти қарни бист, ҳангоме ки чеҳраи хоси худро дар шеъри муосир муайян мекард, пеш аз ҳама дар диди тозаи ў аз воқеъият буд, ки ифодаи муносиби худро мехост ва ин ифодаи муносиб ҳамин сухани тасвиркоронаи ў буд. Ин сухан моҳиятан ду хусусияти бориз дошт; яке он буд, ки асолат дошт, яъне аз назари таркиб ва сохтмон дар дараҷаи сухани меъёри шеъри ҳазорсолаи форсӣ-тоҷикӣ буд ва дигар он ки урён набуду андешаву эҳсосоту таассуротро дар либоси бадеъи тасвир меорост. Ин сифати шеъри М. Қаноатро таъкид карда, М. Аҷамӣ дар таҳқиқоти худ менависад: “Шоир дар ҳавзаи андеша ва тасвирбандиҳои хеш аносири тахайюлро ба кор мегирад, мазмун ва тасвир метарошад” [1, 29] , ки комилан дуруст аст. Тасвир, ҳарчанд дар шеъри андешаҳои отифӣ муҳим аст, аммо тобеъи мазмун буда, барои мусаввирона ва ашёвӣ ифода намудани ғояи шеър хидмат мекунад. Он вобаста ба навъи шеър ва муҳтавои он шаклҳои гуногун мегирад.
Дар ашъори андешаҳои отифии тасвирии Мўъмин Қаноат, ки дар онҳо шахси шеър мавҷуд аст, шайъ ва ё воқеъа аксаран бо ҳаракату амалиёти шахс якҷоя тасвир карда мешавад. Дар ин шеърҳо вазъу ҳолати шахси шеър мавриди таваҷҷуҳи асосӣ буда, дигар шудани намои тасвир бар рўҳияи шахс вобаста мебошад, ки эҳсосоту таассуроти худро ба забон оварда, замири худро боз менамояд. Ҳар ҳаракат ва тағйироте, ки дар эҳсосу таассуроти шахс ба амал меояд, ҳамоно ҳамчун як тарҳи (штрих) тоза бар тасвир зам мешавад. Дар шеърҳои «Мавҷи суруд», «Мавҷи ханда» аз достони лирикии «Мавҷҳои Днепр», «Нарав, қуи сафеди ман» тасвир ҳамин гуна хусусият дошта, бо ҷунбише дар рўҳияи шахс ба он тарҳи тозае афзуда мешавад. Ҳамин тариқ, тасвир аз оғоз то анҷоми баёни эҳсосоту таассурот, дар саросари шеър, давом карда, ба намои тасвирӣ ва ё ашёвии эҳсосоту таассурот бадал мешавад. Ин гуна омезиши амалу ҳаракат ва рўҳияи шахси шеър бо тасвир дар шеъри «Нарав, қуи сафеди ман» хуб корбаст шуда, ибрози эҳсосоту таассуротро дар шиддат (динамика) нигоҳ дошта, ягонагии шаклу муҳтаворо ба вуҷуд овардааст, ки тасвири шахсияти балети «Кўли қувон» -и П. И. Чайковский онро талаб дошт. Ин шеър ба раққосаи беназири балет Малика Собирова, ки нақши Одетта – қуи сафедро дар ин балет мерақсид, бахшида шуда, таассуроти шахсияти ғиноиро аз рақси ў, ки бештар ба ибрози ишқу муҳаббат бадал гаштааст, дар ниҳояти назокат ва зебоиву муаассирӣ ифода намудааст.
Навоҳо об мегардад,
Ҳаме бар саҳна мерезад,
Садо аз мавҷҳои реза мехезад.
Ба нармӣ қуи зебое
Ба рўи мавҷ обӣ шуд,
Ба пояш зарраҳо ҳавзи гулобӣ шуд… [5, 56].
Оғози шеър саҳнаи оромеро пеши назар меорад, сабки сухан ҳам ҳикоятист. Дар он тасвир ҳам ҳолати муътадил дораду таассуроти шахсияти ғиноӣ ҳам. Вожаву ибораҳое, ки истифода шудаанд, ҳам бо маънои луғавӣ ва ҳам бо маънои маҷозии худ, масалан, «навоҳо об мегардад», «бар саҳна мерезад», «ба нармӣ», «обӣ шуд», «нармрафторӣ», «гули дар об» ҳама ҳолати ҳаракати оромонаро пеши назар меоранд, ки таассуроти шахсияти ғиноӣ ҳам муодили онҳост. Ҳикоят пас аз он ки шоир раққосаро ба «гули дар об» шиновар монанд мекунад, якбора оҳанги дигари шадид мегирад, ки дар саҳна сиву ду чарх (фуэте) -и босуръату пуршиддати ўро дар гирди худ ифода карда тавонад ва мегўяд: «Гаҳе дар гирди худ гирдоб мегардад», ки олиҷаноб аст. Аз ҳамин мисраъ оҳанги сухан дигар ҳикоятӣ нест, пур аз табу тобу шиддату таҳарруку драматикист: “Гаҳе аз ишқ меболад, // Гаҳе хомўш менолад, // Чӣ хомўшӣ, ки ҳар мўяш забон дорад” [5, 56]. Дар ин мисраъҳо тасвир аз ҳолати фоҷиавии маҳбуба, шахсияти балет – Одетта, ки қувваи сиёҳ ўро сеҳр мекунад, сухан мегўяд. Эҳсосоту таассуроти фоҷиавии раққоса шоирро саропо фаро мегирад. Ў дар ин ҳолат аввалин суханеро, ки ба забонаш меояд, мегўяд, зеро ҳолати рўҳӣ ҳаминро талаб дорад, дар ин ҳолат ў паи тасвиру тавсиф намегардад. Ва дар ин вазъ ошнотарин сухан ба забон меравад, ки ҳазорон бор истифода шудааст ва ин дуруст аст, зеро ҳар гуна сухани тоза дар ин ҷо таваҷҷуҳро бо тозагии худ ба тарафи дигар кашида, таъсири ҳиссии ҳолати ғиноиро коҳиш медиҳад: “Ман аз ин печу тоби ў, // Азобу изтироби ў, // Шудам дар ин шаби сармо кабоби ў” [5, 56].
Аммо мафҳуми ин суханони забонзадшудаи шеър дар ин матн фарохтар гашта, ҳолатро на фақат баён, балки «печу тоб» ва «азобу изтироб» -ро ба андозае пеши назар ҳам меоранд, ки ин далели бо тақозои ҳиссиёти тасвиршаванда ба ҳам омехтани баёну тасвир аст. Ин нуқтаи баландтарини ифодаи эҳсосоту таассурот аст. Пас аз ин, дар бандҳои дигар тасвири «рақси қуи афсунгар», ки «ба афсуне ҳақиқатро» «афсона» сохта, шоирро «аз хештан бегона месозад» меояд, ки баробари тасвири рақси қу ҳолати тамошобинонро, ки бо «ҳазорон чашмҳо» - и «чун ҳавзи пуроб» рақсро тамошо доранд, пеши назар меорад. Агар тамошобинонро чунин ҳиссиёти риққатовар фаро гирифта бошад, пас эҳсосоту таассуроти онеро, ки ба ин қу дил додааст, тасаввур бояд кард, ки чӣ гуна аст. Бинобар илтиҷои ў на фақат аз қу, балки дар як замон аз қисмат ҳам мебошад, ки ин қуро, ҳамчунон ки дар афсонаи он аст, аз ў набарад: “Нарав, эй лаҳзаи ширин, // Машав хомўш, эй оҳанг, // Ки умри бебаҳоям меравад аз чанг!” [5, 57].
Бандҳои минбаъдаи шеър ҳам то интиҳо ҳамин маъниро бо сухан ва лаҳну оҳангҳои дигар мукарраран таъкид мекунанд, ки таъсири илтиҷоро афзуда, барои хулоса кардани шеъру таассуроти шоир замина омода месозанд. Шоир ҳеҷ намехоҳад, ки нотакрории лаҳза, як бор будани ҳастиро қабул кунад. Шоир ин ҷо комилан таҳти таъсири рақсу мусиқист, ки моҳияти онҳо ҳам ҳамчун шеър боз баргардонидани лаҳзаҳои умр мебошад, ки гузаштаанду дар хотиру шуур мондаанд. Мўъмин Қаноат чораи баргардондани онро дар гуфтани шеъре мебинад, ки баробари он лаҳза муассиру ҳаяҷонбарангезу зебо бошад. Шеъри «Нарав, қуи сафеди ман» бо тақозои ҳамин гуна лаҳза ва бо ҳамин манзур гуфта шудааст, ки яке аз шеъртарин, хушоҳангтарин ва покизатарин шеърҳои ошиқонаи ўст. Дар ин ҷо навъи шеър, ки мусалласи тоза буда, қофияаш дар дохили банд бо тақозои мазмун ва зарбу оҳанги шеър ба тариқи гуногун баста мешавад, на фақат барои хушоҳангии шеър, балки барои дар байти зарурӣ таъкид кардани тамомияти мантиқии баёни ҳиссиёт, мадад кардааст. Шеър дар баҳри ҳазаҷ гуфта шудааст, ки дар ду мисраи аввал дар ҳар мисраъ ду бор мафоӣлун ва дар мисраи сеюм се бор мафоӣлун меояд, ки мисраи ҷамъбастии банд мебошад. Ба ин тарз, як рукн зиёд омадани мисраи сеюм комилан табиист, зеро ду мисраи аввал, ки кўтоҳанд, ниёз ба он доранд, ки мисраи сеюм дарозтар омада, муҳтавои ду мисраи кўтоҳи пешинро хулоса кунад. Ин шеър аз дувоздаҳ банд иборат буда, дар даҳ банди он мисраи сеюм бо мисраи дуюм ва ё ҳар ду мисраи пешинаи банд ҳамқофия оварда шудааст, ки ин баробари бандро ниҳоят хушоҳанг сохтан, ба он тамомияти савтию мантиқӣ ҳам мебахшад. Ҳамаи ин унсурҳои шаклу муҳтаво ба манзури ифода ва тасвири муносиби эҳсосоту таассуроти ғиноие, ки аз «рақси қуи афсунгар» дар вуҷуди шоир ба ғалаён меояд, моҳирона корбаст шуда, шеъреро ба бор овардаанд, ки дар он он лаҳзаи гузаро бо тамоми зебоию афсонавӣ ва ҳузнагезию ширинияш дар пирояи бадеъ тасвир гашта, мондагор шудааст.
Аскар Ҳакимов
Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ
Китобнома