Яке аз анвои шеъри ғиноӣ тавсифию тасвирӣ мебошад, ки дар он аносири олами ашё, манзараҳои табиат, воқеъияти мавҷуда нисбат ба дигар анвои шеъри ғиноӣ мақоми муҳим доранд, ки ба сари худ мавзуву муҳтавои шеър қарор гирифта, дар зимн ин ё он рўҳия ва ё андешаеро ифода менамоянд. Ин навъ шеър ҳам бо ҳузур ва ҳам бе ҳузури фаъоли шахсияти шеър арзи андом мекунад. Агар дар шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ шахсияти шеър мавҷуд бошад ҳам, дар он мабҳаси тасвир – аносири олами ашёву табиат мақоми бартаре дошта, ба воситаи тавсифу тасвири онҳо фаъолияти шахсияти шеър, ки моҳияти иҷтимоии ҳастии ўро муайян менамояд, ошкор мегардад.

Дар шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ мақоми андеша муҳимтар аст ва аносири олами ашё вобаста ба чигунагӣ ва баёни эҳсосот ва таассуроти шахсияти шеър истифода карда мешавад. Дар шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ ин муносибат тағйир хўрда, мавқеъи олами ашё бо зуҳуроти гуногуни худ, хоҳ дар шакли манзараҳои табиат ва хоҳ воқеъияти навофаридашуда, масалан намои шаҳру сохтмонҳо, муҳимтар гашта, маҳз онҳо дар шахсияти шеър пайдо шудани ин ё он гуна эҳсосоту таассуроти ғиноиро муайян менамоянд. Аносир ва зуҳуроти гуногуни воқеъияти мавҷуда, ки дар рў ба рўи ҷаҳони ботинии шахсияти шеър қарор мегиранд, маншаи чигунагии идроки ў аз олами ҳастӣ мебошанд, ки ба он рангу тобиши гуногун - воқеъӣ, хаёлпардозона, масарратомез ва ё ҳузнангез медиҳанд. Дар ин ҳолат олами ашёву воқеъият арзиши маънавӣ пайдо карда, маводи шеъри ғиноӣ мешавад, зеро шеъри ғиноӣ махзани арзишҳоест, ки шахсияти он аз маърифати зуҳуроти мухталифи ҷаҳони ҳастӣ   ҳосил менамояд. Дар баробари ин, ҳамчунон ки қайд шуд, ҳамаи ин вазифаро шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ бе вуҷуди шахсияти шеър ҳам иҷро карданаш мумкин аст. Дар он ҳолат фикру ақида ва эҳсосоту таассуроте, ки шоир мехоҳад ифода кунад, дар интихоби аносири олами ашё, тарзи тасвири манзара, яъне дар зимни мабҳаси тасвир ҷойгузин мешавад.

Нигориши олами ашё дар шеър маъмулан дар шакли манзаранигорӣ, пейзаж, сурат мегирад, ки на фақат зуҳуроти алоҳидаи табиат, балки ҳамроҳи он тамоми намое, ки онро фаро гирифтааст, масалан обу замин, осмону абр, набототу ҳайвонот, парандагону хазандагон, хулоса, ҳамаи чизеро, ки ба назар меояд, фаро гирифтанаш мумкин аст.  Манзаранигорӣ дар шеъри форсии тоҷикӣ решаҳои ҳазорсола дорад, ки дар ин ҷо маҷоли тавсифи пурраи он нест, аммо ҳамин қадар бояд қайд кард, сунннатҳои шукуфо ва пурбори он, ки дар давраҳои аввал дар эҷодиёти шоирони сабки хуросонӣ фаровон ба назар мерасанд, баъд тадриҷан ҷойи худро ба дигар аносири шеър медиҳанд, ки натиҷаи тағйир хўрдани талабот аз шеър ва муҳтавову бадеъияти он мебошад. Шеъри манзара, ки   сувари хаёл, яъне хаёлу тасвиркориро бо андешаву отифа бо худ дорад ва табиату манзара дар он зиндаву гўё ба қалам омада, намунаҳои олияш дар сурудаҳои Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Фаррухии Сиистонӣ ва Мунучеҳрии Домғонӣ мавҷуд аст, ба шеъре бадал мешавад, ки ба қавли шоир ва донишманди эронӣ Шафеъии Кадканӣ, ки дар ин бора таҳқиқоти муфассалу арзишманде анҷом додааст, хусусияти «тасаннуию» (сохтагӣ) «тазйинӣ» (ороишӣ) касб мекунад. Ў, аз ҷумла, дар ин бора менависад: «…аз қарни чаҳорум (ҳиҷрӣ) ба баъд зиндагии мардум навъе зиндагии тасаннуӣ аст ва ифроту тафрит бар он фармонравост. Шоирони ин давра тасвирро василае барои илқои маонии зеҳнии худ намедонанд, балки навъе тазйин ба ҳисоб меоваранд, ки дар ҳар мадеҳае бояд аз он тазйин суд ҷуст, монанди ранге, ки бояд бар деворе ё даре ба кор равад, бе он ки таваҷҷуҳ шавад ба ин ки оё дар сохтмони ин девор ё ин дар чӣ моя ба ранг ниёз ҳаст ва агар ҳаст, чӣ навъ ранге ва чӣ андоза»[1] [2, 146].

Аммо бояд ба эътибор гирифт, манзаранигорие, ки дар шеъри классикии форсии тоҷикӣ, масалан дар қисмати тағаззули қасидаҳо, насибу ташбиб* ва ё умуман қасидаҳои баҳория, ки тасвиру тавсифи манзараҳои баҳор ва ё қасидаҳое, ки ба тасвири фаслҳои дигари сол бахшида шудаанд, ҷой дорад, бар мафҳуми шеъри тасвирӣ ё манзара, ки дар асри мо маъмул аст, мутафовит аст. Дар шеъри пешин тасвири манзара ва ё аносири олами ашё қариб ҳамеша ҳамчун воситаи ёрирасон барои ифодаи пурратари мазмуну муҳтавои асар истифода мешуд. Ҳангоме ки шеър на ба забони бадеъ – ташбеҳу истиораву рамзу маҷоз ва монанди инҳо, балки бо шеваи муҷаррад суҳбат мекунад, он куллӣ буда, дақиқан аз таҷрибаи зиндагии шоир барнамеояд ва аз ин рў, ҳамчунон ки донишманди улуми адабӣ Ризо Бароҳанӣ менависад «…табиат мисли ҳар чизи дигаре васила қарор мегирад, ҳамон тавре ки дар ашъори гузаштаи мо, гаҳ-гоҳ табиат василаи мадҳи мамдуҳ, ё ишқи маъшуқ бо парастиши маъбуд шудааст. Ба ҳамин далел шеъри гузаштаи мо, зиёд ҳам васфӣ набудааст, ҷуз дар баъзе аз ташбибҳову тағаззулҳо, баъзе ғазалҳо ва пораҳое аз маснавиҳо» [1, 125]. Аммо манзара дар шеъри замони муосир на василае барои ифодаи маънои муҷаррад, балки мафҳумеро ифода менамояд, ки маъно аз худи маводи тасвир берун меояд ва ин ҳолат бар мустақилияти он таъиду таъкид дорад.  Ба вуҷуд омадани чунин шеъри манзара дараҷаи муайяни инкишофу тараққии ҷамъиятро тақозо мекунад, ки дар он сатҳи шуурнокии шахсии афроди ҷомеъа баланд рафта, на танҳо афкору андеша ва фаъолияти инсон, балки ҳастии табиат ҳам маншаи такомули ҷаҳоншинохтӣ ва озодии маънавии ў шинохта шавад. Ба замми ин, барои ба вуҷуд омадани шеъри мустақили манзара ташдиди зиддияти муносибатҳои иҷтимоӣ ҳам зарур буд, ки дар ин бора Г. Н. Поспелов чунин менависад: «Зарур буд, ки мухолифати ҷамъиятӣ шадид шуда, дар шуури мардум норозигии амиқ аз тамоми сохти мавҷудаи ҳаёти иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд, то одамони бештар андешаманд ва аз ҷиҳати зебошинохтӣ пешрафта ба дараҷае расанд, ки табиатро дар алоқамандӣ бо норозигиии умумии худ дарк ва онро ифода карда тавонанд» [4, 121].  Ҳамин гуна ҳолат, ҳамчунон ки  Г. Н. Поспелов қайд мекунад, дар қисмати урупоии дунё, дар Фаронса, асосан дар нимаи дуюми  қарни ХУ111 ба вуҷуд омад, ки аввал боиси шакл гирифтани ҷараёни «сентиментализм», баъдан «романтизм» дар адабиёт шуд. Ва «шоирони сентиментализм ва романтизм эҷодкорони маҳз шеъри ғиноии манзара шуданд, дар ашъори худ «эҳсоси  таъмимии табиат»-ро кашфу ифода карда, бо ин, шеъри ғиноӣ  ва тамоми адабиёти бадеъиро ғановат бахшиданд ва бо ин ҳама дар рушди зебошинохтии башарият қадами бузурге ба пеш гузоштанд»[2] [4, 121].

Аммо, мутаассифона, дар шеъри форсии тоҷикӣ то қарни бист вазъият дар истифодаи тасвир ҳамчун мояи шеър дарк карда нашуд, зеро барои ин заминаи зарурии иҷтимоӣ ба вуҷуд наомада буд ва савияи зебошинохтии шоирон ба дараҷае нарасида буд, ки ба воситаи тасвири манзара ва ҳолатҳои табиат хусусиятҳои хоси онро нишон дода тавонанд.  Аз ин ҷост, ки тасвирҳои беҷону берўҳ, ки аз таҷрибаи фардии шоир баҳра нагирифта, қолабӣ буданду аз шеъре ба шеъре бе мамониат кўч мекарданд, дар саросари назму насри адабиёти форсии тоҷикӣ мушоҳида мешаванд. Адабиёти ҳамин давраро дар назар дошта, муҳаққиқи дигари эронӣ Тақии Пурномдориён дар бораи хусусияти тасвир дар он ба чунин хулоса мерасад: «Дар мадоеҳи манзум ва насрҳои маснуъи форсӣ, чи бисёр тасвирҳо мебинем, ки андак нақше дар интиқоли авотиф ба уҳда надоранд, чаро ки аз хуршеди гарму равшани таҷрибаҳои самимии рўҳу эҳсос, гармӣ нагирифта ва фақат ба қасди ҳунарнамоӣ ва санъатгарӣ пардохта шудаанд.  Мисли ин аст, ки дебои мунаққашеро бар пайкарае чўбин ё сангин рост карда бошанд» [5, 90-91]. Ин вазъи тасвир ва манзаранигорӣ дар шеъри форсии тоҷикӣ бо истиснои хеле кам то қарни бист давом кард.

Дар қарни бист бар асари дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ки дар Осиёи Марказӣ рух дод ва давлати мустақили Тоҷикистон арзи вуҷуд кард, дар адабиёту фарҳанг низ тағйироти назаррасе ба амал омад. Мавқеъи инсон дар ҷомеъа дигар шуд, савияи шуури шахсии ў боло рафт, ки ин бар кулли ҳунар, аз ҷумла шеъру адаб нақши худро гузошт. Ин на танҳо дар муносибати фард бо ҷомеъа, балки дар муносибати вай ба табиат ҳам хусусиятҳои тоза ворид кард. Масалан, ба таври куллӣ қайд кардан мумкин аст, ки инсон дар авоили қарни бист ба табиат муносибати зўроваронаву тасхиркунанда дошт. Ин вазъият дар дунё, аз ҷумла дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравии собиқ, ки Тоҷикистон ҳам шомили он буд, ҳукмфармо буд, ки оқибатҳои ногувори на танҳо иқтисодиву иҷтимоиву экологӣ, балки рўҳиву маънавӣ  ҳам дошт, зеро дар натиҷаи ин гуна муносибати зўроваронаву ғоратгарона ба табиат давлатҳои абарқудрат манфиати бештаре ба даст оварда, ҳаққу ҳуқуқи дигаронро поймол хоҳанд кард, ки дар мардуми онҳо рўҳияи зўроварию манфиатҷўӣ  ва дар мардуми кишварҳои ғоратшуда дилшикастагиву ноумедиро ба амал меорад. Чунин муносибати яктарафа ба табиат, ки инсон ҳатман ғолибу фармонраво ва манфиатҷўи муваққатии он бошад, дар як кишвар ҳам оқибатҳои ногувори иҷтимоиву экологӣ ва маънавию ахлоқӣ дорад. Бинобар ин масъалаи муносибат бо табиат танҳо масъалаи иҷтимоиву экологӣ набуда, масъалаи маънавию ахлоқӣ ҳам ҳаст, ки бо дарки ин ҷиҳати он дар нимаи дуюм ва охири қарн кам - кам роҳҳои ҳамкориву ҳамдастӣ бо табиат ҷуста мешавад, ки бегумон ба тасвиру тавсифи он дар шеър ҳам асари худро мегузорад. Аз ин бармеояд, ки шеър ҳам ин таҷрибаҳоро аз нав бояд бисанҷад, заруриву манфиатбахши онро бо ҳам пайванд диҳад, то дар тасвири табиат ба ягонагии буъдҳои эҳсосиву отифӣ ва моддиву маънавӣ бирасад.

Дар ин давра нигоҳи шуаро ба мақом ва хусусияти тасвир ҳам дигаргун гашта, диди тоза ба ашё ва олами табиат, ки маҳсули таҷрибаи фардии эҷодкор ва эҳсосу отифаи шоирона бошад, матлаби тасвир дар шеър қарор гирифт. Ин ҳам, бешубҳа, шохае аз раванде буд, ки шеърро ба тақозои замони нав аз такрори мазмуну маънӣ ва тасвирҳои қолабӣ раҳо карда, ба он дар асоси самимияту отифат ва эҳсосоту таассуроти шахсӣ рушду нумуви тоза бахшиданӣ буд.

Ба дараҷаи пешрафти ҷамъияти инсонӣ доираи ашёи нигориши манзара ҳам вусъат меёбад, зеро дастовардҳои илмиву фаннӣ, ки дар ин ё он шакл таҷассум мешаванд, низ дар намои манзара ҷой меёбанд. Масалан, имрўз на фақат намои шаҳр, балки сохтмонҳо, роҳҳо, хиёбонҳо, фурудгоҳҳо бо тайёраҳову мошинҳояш низ дар чаҳорчўби манзара ба тасвир меоянд.  Зиндагии инсони муосир нисбат ба давраҳои пешин хеле густардатар аст ва он бисёр чизҳои тозаеро фаро мегирад, ки инсон онҳоро бояд шиносад, таҷриба ва маърифат кунад, то ин дониши нав ўро ба такомули бештари маънавӣ бирасонад. Тасаввур ва дониши инсон на фақат дар дарозои таърих, балки дар як фосилаи на чандон тўлонӣ ҳам метавонад тағйир хўрад, такомул ёбад, ки ба муносибати ў ба олами ашё ва табиат таъсир мегузорад.

Шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ, ки бо манозири табиат ва олами ашё сари кор дорад, василаи муҳимми шинохти на фақат мабҳаси мавриди тасвир, балки воситаи беҳтарини шинохти инсон ва якпорчагии ў бо олами атроф мебошад. Шеъри манзара ба шоир имкон медиҳад, ки муҳити атрофро таҷриба кунад ва ин таҷрибиётро ба шакли тасвир дароварда, ба андозае, ки бо сухан тасаввур кардани он имкон дорад, қобили мушоҳида намояд. Дар ин гуна шеър шоир манзараеро ба тасвир гирифта, онро мисраъ ба мисраъ, тадриҷан ба пеши назар муҷассам месозад ва бо ин гӯё инсонро дар ҷараёни халлоқият шарик қарор дода, завқи зебошинохтии ўро ба сўи такомул таҳрик мекунад. Шеъри манзара, ки як навъи шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ мебошад, таҷаллиёти беҳтарини ҳунари шеър аст, ки бо писандидатарин ваҷҳ аз пайванди инсону табиат сухан мегўяд.

Олами ҳастӣ на фақат сарчашмаи эҳсосоту таассурот, меҳру муҳаббат, раҳму шафқат, балки зебоӣ ҳам ҳаст, зебоие, ки на фақат мабҳаси зебошинохтӣ, балки зебоиҳои тамоми зуҳуроти ҳаёт – табиат, эҷодиёти инсон, ишқу алоқа ва дилбастагиро ба худи зиндагӣ, ки мояи хушбахтист, низ дар бар мегирад. Шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ василаи асосии нишон додани ҳамин гуна олами ашёву воқеъият аст, ки бо чашми шоир дидаву нигориш карда мешавад. Шахсияти шеър муносибати худро ба олами ашёву воқеият аз рўи ҳамин меъёри ба чӣ андоза барои шодиву масаррат ва хушбахтиву озодии ў мувофиқат кардани он муайян менамояд.

 Дар шеъри ғиноии нимаи дуюми садаи бисти тоҷик шахсияти шеър на шахсияти мунтахаби хаёлпардозона, ҳарчанд баъзан ин гуна хусусият ҳам дорад, аммо асосан шахсияти ҳамзоди воқеъияте мебошад, ки ўро фаро гирифтааст. Ин воқеъият, ки олами ашё ва табиатро бо худ дорад, баъзан бо сифати пасту сифлӣ зоҳир шавад ҳам, дар маҷмуъ ҳамоҳанг бо орзуву омол ва ормони шахсияти шеър ба назар мерасад.

Ҷойи шакку шубҳае нест, ки дар аввали нимаи дуюми қарни бист, солҳои панҷоҳу шаст ва баъдтар ҳам, аносири олами ҳастӣ ва манзараҳои он ҳамоҳангу ҳамранги орзуву ормонҳои инсони замон ва аз ҷумла, шахсияти ғиноии шеър ҳам ҳаст, ки сохти иҷтимоии ҷамъияти мавҷударо одилона мешуморад. Аз ин рў, манзараҳои табиат ва ҳамчунин аносири олами ашё, ки мабҳаси шеър қарор мегирад, рангу равғани мусбати иҷтимоӣ дорад. Хубиву зебоие, ки дар манзараҳои табиат ва аносири олами ашё мавҷуд аст, натиҷаи сохти ҷамъиятие нишон дода мешавад, ки дар он адолати иҷтимоӣ ҳукмфармост. Ин маъно қариб аз ҳамаи ашъори тасвирию тавсифии даҳсолаҳои аввали нимаи дуюми қарни бист падидор аст, ки намунаи равшанаш шеърҳои манзаравии Мирзо Турсунзода мебошад.  Мутаассифона, бояд зикр кард, ҳарчанд ин маъно, яъне сувари хаёлу тасвир бо мазмуни иҷтимоии шеър ҳамоҳангӣ дошт, аммо худи тасвиру сувари хаёл, ки кўҳнаю қолабӣ буд, тозагии ғояи шеърро аз байн мебурд. Ин далели он аст, ки бо сабку сувари хаёл ва забони кўҳнаву ориятӣ муҳтавои тозаро намешавад баён намуд ва ҳамчунин муҳтавои тозаро бо сабку сувари хаёл ва забони кўҳнаву ориятӣ намешавад халқ кард. Ин фикр дар бисёр шеърҳои то нимаи дуюми қарни бист эҷод кардаи Мирзо Турсунзода ҳам, ки аз шоирони пешрави замон маҳсуб мешуд, исбот мешавад. Масалан, шеърҳои «Мамлакати тиллоӣ» (с. 1938), «Ба кўҳсори тоҷик» (с. 1940), «Баҳория» (с. 1948), ки гўё мазмуни тозаи иҷтимоӣ доранд, вале бо сабку сувари хаёли забонзаду обшуста баён шуда, фоқиди таҷрибаи фардӣ ва эҳсосоту таассуроти худи шоир ҳастанд, чизе ба шеъри замон намеафзоянд. Сувари хаёл дар ин шеърҳо, масалан дар “Мамлакати тиллоӣ” аз ин қабиланд:

Тоҷикистони советӣ ҳамчу як гулдаста аст,

Қомати сабзаш дар ин боғи ленинӣ растааст.

Рангу бўяш қимати ҳар мушкро бишкастааст,

Халқи дилшодаш ба вай меҳру муҳаббат бастааст [6, 19].

Ҳамчунон ки ба назар мерасад, ин мисраъҳо аз таҷрибаи фардӣ, идроки тозаи воқеъият ва самимияту отифат бебаҳра буда, ҳарчанд бо истифодаи аносири сувари хаёл, вале бо ташбеҳу истиороти шахшудаи беҷон гуфта шудаанд, ба дилу ҷон асаре намегузоранд. Ё шеъри «Ба кўҳсори тоҷик» бо ин навъ тавсифу тасвир оғоз мешавад, ки ҳама забонзаду обшустаанд:

Салом, эй кўҳсори Тоҷикистон,

Диёри пурсафои хубрўён.

Ғазалхон омадам монанди булбул

Ба боғат парзанон бар дидани гул… [6, 49]

Дар поинтари шеър сарафрозии кўҳсор ба сарафрозии сияҳчашмони Дарвоз  шабоҳат дода мешавад, ки ҳеҷ муносибате ба ҳамдигар надоранд, зеро аз ҷониби шоир таҷриба нашуда, танҳо ба зарурати қофия сурат гирифта, хандаовар ҳам ба назар меояд:

Кунун аз ҳусни худ гаштӣ  сарафроз

Ба монанди сияҳчашмони Дарвоз [6, 50].

Аносири сувари хаёл, ки дар пораҳои шеърии фавқуззикр истифода шудаанд, ҳама кўҳнаю қолабиянд, дар онҳо халлоқияти фардии шоирона нест, аз ин рў бо тасвир ҳам ноҳамоҳанганд. Онҳо дар муҳити табиии худ аз ҷониби шоир таҷриба нашуда, балки аз суннати пешини бадеъӣ ба шеър ворид гаштаанд. Азбаски тасвир меҳвар надорад, аносири сувари хаёл  аз ҳар ҷониб ба он дохил шудаанд, ки дар натиҷа  на тасвири воқеъии мукаммал, балки  парешонгўӣ  бор овардаанду бас.   Ин, бешубҳа, роҳи дурусти судҷўӣ аз тасвир нест. Тасвир дар шеър на барои оростану пиростани матн, балки мояи батни он бояд бошад. Дар ин ҳолат он ақидаи содалавҳона, ки гўё аносири сувари хаёли зебо ваҷҳи зебоии тасвир мебошад, ботил хоҳад гашт, зеро манзур аз тасвир дар шеър на зебоии маснуӣ, балки муҳтаво, паём ва ҳақиқатест, ки он тасвир мерасонад. Шинохти мақоми тасвир аз ин дидгоҳ дар шеъри муосири тоҷик ва ҳамчунин дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода тадриҷан дар нимаи дувуми қарни бист сурат мегирад.     

Аз ашъори  ғиноии тавсифию тасвирӣ, ки Мирзо Турсунзода дар солҳои панҷоҳуми қарни бист навиштааст, «Рўди кўҳӣ» (с. 1959), «Дурахшон қуллаҳо» (с. 1959) ба назар ҷолибтар мерасанд, зеро дар онҳо нисбат ба дигар шеърҳо мавқеъи тасвир муҳимтар аст, ҳарчанд дар онҳо ҳам тасвир барои баёни андешаҳои шахсияти шеър нақши ёридиҳанда дорад. Дар ин шеърҳо ҳамон ғояи пирўзии инсон бар табиат, ки барои беҳбуди ҳаёти иҷтимоии ў хидмат кунад, ба тарзу тариқи гуногун тасвиру тавсиф карда мешавад. Табиист, ки дар шеъри ғиноии тасвирию тавсифии аксари шоирони тоҷик тимсоли кўҳ, рўди кўҳӣ, водӣ, дара ва монанди ин аносири кишвари кўҳистон фаровон ба тасвир меоянд, зеро ба ин восита на танҳо  намои муҳити зиндагии воқеъии онҳо, балки   хислат ва хулқу атвори миллии халқ, ки дар он муҳит шакл мегирад, таҷассум мешавад.

Дар шеъри «Рўди кўҳӣ» яке аз аносири табиати кўҳистон, рўд мавриди ангезаи ҳиссии шоир қарор гирифта, қаноатмандии ўро аз ҳаёти иҷтимоӣ  нишон медиҳад, ки дар он  ҷустуҷўҳои ғоявию бадеъии шеъри замон низ ифодаи худро пайдо мекунад. Тимсоли рўди кўҳӣ  бо ибрози ангезаи ҳиссии шоир  тадриҷан байт ба байт офарида шуда, ҳар байти минбаъда тарҳи тозае ба он зам менамояд. Ин шеър аз 10 байти маснавишакл иборат буда, дар панҷ байти аввали он тасвири рўди кўҳӣ  бо ибрози ангезаи ҳиссии шоир ҳамроҳ ба қалам меояд, ки аз он се байт махсус дар сифати рўд аст:

Сараш бар санг мезад рўди кўҳӣ,

Ба доман чанг мезад рўди кўҳӣ.

Ба мисли шири навҷўшидае буд,

Палангу бабри хуннўшидае буд.

Дара аз ғурриши обаш садо дод,

Насимаш рўҳро, ҷонро ғизо дод [6, 217].

Ҳамчунон ки ба назар мерасад, бо таъбирҳои «сараш бар санг мезад» ва «ба доман чанг мезад» рўди кўҳӣ ноаён ташхисонида мешавад, ки дар натиҷа баёни матлаб гармтару самимитар садо медиҳад. Шабоҳатҳое, ки дар байни ташбеҳшаванда, рўди кўҳӣ ва ташбеҳкунанда, шири навдўшида, палангу бабри хуннўшида дида шудааст, мувофиқи матлабанд, зеро ҳар ду қисмат аз олами маҳсус буда, ба осонӣ дарк мешаванд. Қисмати дуюми шеър, ки бо муроҷиати бевоситаи шоир ба рўди кўҳӣ оғоз мегардад, шахсиятбахшии шеърро қавитар карда, рўдро дар иқдомоти одами ҷамъияти нав, ки зиндагиро навбаҳори хуррам ва фурўзон карданист, ҳамдаст нишон медиҳад:

Чароғи хонаи моро фурўзӣ,

Лаби чоки биёбонро ту дўзӣ.

Ту ваҳшӣ будию мо ром кардем,

Туро бо коммунизм инъом кардем [6, 217].

Инсон дар ҳар ҷое, ки зиндагӣ кунад, хоҳ дар деҳ, хоҳ дар шаҳр, ўро муҳите фаро мегирад ва ин муҳит на танҳо зиндагии иҷтимоӣ, балки ҳаёти рўҳию маънавии ўро низ шакл медиҳад. Фарҳанг, адабиёт ва аз ҷумла шеър ҳам, шакли ба худ хоси муҷассамкунандаи ҳамин ҳаёти рўҳию маънавии халқ аст. Маънии ҳаёти халқ дар арзишҳои маънавӣ ҷамъбаст мешавад, ки он ба воситаҳои бадеъӣ, аз ҷумла, рамзу маҷоз, ташбеҳу истиора, ташхису муболиға ва тимсолу намодҳо дар адабиёт ифода мегардад.  Ин воситаҳои бадеъии тасвир аз аносири табиат ва муҳите, ки ин ё он халқро фаро гирифтааст, сохта мешаванд. Ҳамчунон ки ҳар шайъ дар табиат бо шайъи дигар иртибот дорад ва ҳатто асоси пайдоиши ҳаёт ҳам дар ҳамин иртибот аст, дар адабиёт низ аносири олами ашё бо ҳамдигар робита барқарор карда, суратҳои бадеъро ба бор меоранд, ки истифодаи онҳо ба адабиёт ҷон мебахшад. Адабиёт бе суратҳои бадеъ ҷон надорад, махсусан шеър. Аз ин рў, шеъри тасвири табиат ва аносири он ҷондортарин шеър аст, зеро мабҳасе, ки ба он рўй меорад, худ ҷондор аст ва агар ҷондор нест, шоир онро ҷондор меангораду ҷон медиҳад.

Суратҳои бадеъии шеър, ки аз муҳити зиндагии халқи тоҷик гирифта шудаанд, масалан, кўҳ, ағба, рўди кўҳӣ, арча, уқоб ва монанди инҳо, ки бештар хоси кишвари кўҳистон мебошанд, дар натиҷаи истифодаи дуру дарози таърихӣ, ҳам дар адабиёти мактуб ва ҳам шифоҳии мардум, ба ифодаи маъниҳои фарохтаре аз мафҳуми аслии худ қобил гаштаанд. Баъзе аз онҳо ба намод, рамз - самбул ҳам табдил ёфтаанд.

Ҳамаи суратҳои бадеъии шеър, аз ҷумла маҷозу истиора, ташбеҳу киноя ва намодҳо ҳам вобаста ба замон, дараҷаи шуур ва маърифати зебошинохтии инсон тобишу маъно дигар карданашон мумкин аст. Дар бораи хусусияти ҳамин гунаи истифодаи намодҳо файласуфи рус А. Ф. Лосев чунин менависад: «Мо акнун осмони пурситораро як тарзи дигар дарк мекунем, онро сад ё дусад сол қабл аз ин дигар навъ мефаҳмиданд, ду ҳазор ё се ҳазор сол қабл аз ин – боз ҳам дигаргунатар. Ҳамаи онҳо моҳияти гуногуни намодҳои фарҳанги башариянд, яъне боз ҳам намодҳо ба сифати мутарокуми муносибатҳои инсонии замон ва макони муайян мебошанд» [3, 194].  Ҳоло аз ҳамин дидгоҳ ба намоди кўҳ, ки дар фарҳанги тоҷик истифодаи густардае дошта, дар ашъори Мирзо Турсунзода ҳам бисёр ба назар мерасад, муроҷиат мекунем. Дар шеъри классик ва шифоҳии мардуми тоҷик то қарни бист кўҳ асосан намоди устуворӣ, бузургӣ, тамкин, садди роҳ ва вазнинии ғаму андўҳ мебошад. Аммо дар шеъри «Дурахшон қуллаҳо» -и Мирзо Турсунзода он бо чашми дигар, бо чашми шаҳрванди кишвари озоду хушбахт дида шуда, ба намоди зинаҳои тоза ба тозаи дастовардҳои иҷтимоии мардум табдил гаштааст. Ин, бешубҳа, асари муносибатҳои нави иҷтимоӣ, на танҳо дар байни одамон, балки байни инсон ва табиат низ мебошад, ки дар шуури шаҳрвандии шоир инъикос шудааст. Дар ин шеър, ки ба шакли маснавӣ гуфта шудааст, намоди кўҳ меҳвар аст, суҷаи ғиноӣ дар атрофи он шакл мегирад. Шоир шеърро аз муроҷиат ба рафиқи фарзӣ оғоз карда, сифатҳои баландию ошёни ғизолону уқобон будани кўҳро зикр мекунад ва дар байти ҳаштум онро ташхисонида, аз забони он чунин мегўяд:

Бишнавам аз кўҳ то акси садо,

Гўядам, шояд, ки: «--Фарзандам, биё!

Андаке мавзўъро тағьир кун,

Ин бузургии маро тасвир кун.

Қуллаи ман то дари афлок рафт,

Пои ман бар мағз-мағзи хок рафт [6, 218].

Баъдан тозагии барфи сари он, устувории он, ки аз тўфонҳо ҳам парво надорад, бар сараш чун қандил шуълаборӣ кардани ахтарон, гирди сараш чарх гардидани моҳи сунъӣ, дар доманаш саҳроҳо ҳосилхез, боғҳо хурраму сарсабз шудан ва мисли он қад кашидани шаҳрҳои нав тавсиф карда мешавад, ки кам - кам ба намои суннатии кўҳу қулла тобиши тозаи маъноӣ ворид мекунад. Ин гунаи биниш, бешубҳа, натиҷаи идроки замони нав аст, ки барои чунин хулоса гирифтан замина омода месозад:

Хостам поро ниҳам бар қуллае,

Пеш омад лек дигар қуллае.

Қуллаҳо аз ҳамдигар болотаранд,

Дар шукўҳи хеш дигар-дигаранд [6, 219]. 

Ҳамин тариқ, кўҳу қулла ба рамзи баландиҳое, ки дар роҳи пешрафт мавҷуданду фатҳи онҳо ҷомеъаро ба як зинаи тараққиёт болотар мебарад, табдил мешавад. Ва дар охир шоир боз ба рафиқи фарзӣ муроҷиат ва шеърро ҳалқабандӣ карда, мегўяд: «Пеш рафтӣ, кор осон мешавад, // Қуллаи нав ҳам намоён мешавад» [6, 219].

Ҳамчунон ки ба назар мерасад, Мирзо Турсунзода аз ҳар ду намод -- «рўди кўҳӣ» дар шеъри «Рўди кўҳӣ» ва «кўҳу қулла» дар «Дурахшон қуллаҳо» барои ифодаи манзури ғояи иҷтимоии худ, ки аз хусусияти замони нав бармеомад, истифода карда, онро маҳсусу даркшаванда тасвиру ифода намудааст. Дар ҳар дуи ин шеър ҳам олами табиат ҳоло ҳамчун василаи баёни ғояе, ки шоир мехоҳад, баён кунад, хидмат мекунад, яъне табиат воситаи баёни муҳтаво мебошад, на худи муҳтаво. Аммо нисбат ба шеърҳои солҳои чиҳилум дар ин шеърҳои солҳои панҷоҳуми шоир олами табиат мақоми муҳимтаре пайдо карда, як рукни олами ҳастӣ, дар айни ҳол, рўди кўҳию қуллаву кўҳ дар меҳвари шеър қарор гирифта, чигунагии андешаву эҳсосоти шоирро муайян намудаанд. Вале, бо вуҷуди ин, дар ин шеърҳо ҳоло мақоми тасвири манзараи табиат ва аносири олами ашё ба он дараҷаи зарурӣ нарасидааст, ки эҳсосоти инсонро ба таҳрик оварда, ба андешаҳои амиқ водор карда тавонад, ки аз он хулосаҳои ҳикматноки фалсафӣ бароварда шавад. Иллати ин на танҳо дар худи адабиёт, балки бештар дар дараҷаи пасти инкишоф қарор доштани ҷомеъаи кишвар ва шуури иҷтимоӣ буд. Аз ин рў тасвири манзараҳои табиат ва аносири олами ашё он мақомеро, ки дар адабиёти ғарб ва ҳатто рус дар ин давра дар фаро гирифтани масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ дорад, пайдо накарда, танҳо ҳамчун яке аз василаҳои тасвиру тавсифи пирўзигаронаи дастовардҳо арзи андом мекунад.  Вале ба ҳар ҳол, дар ин вазъият ҳам, баъди солҳои шастуми қарни бист, баробари кам - кам боз шудани фазои сиёсию иҷтимоии кишвари шўроҳо назари шуаро ба ҷомеъа ва олами ҳастӣ воқеъитар мешуд, ки ба нигоҳи онҳо ба табиат ва манзараҳои он ҳам таъсир мегузошт. Андаке тағйир хўрдани назари Мирзо Турсунзода дар ин солҳо дар тасвири манзараҳои табиат дар шеърҳои «Чўпон» (с. 1967), «Силсилаи кўҳи Ҳисор» (с. 1969), «Дараи арўсон» (с. 1973) мушоҳида мешавад.  Сарчашмаи ин шеърҳо ҳам олами воқеъият аст, фикри шоир аз дарки ҳодиса ва манзараву ҳолати ҳамин олам ба таҳрик меояд ва ба тасвири бадеъии он мепардозад. Аз ин шеърҳо, махсусан «Чўпон» бо истиқлоли тасвир, ба он маъно, ки ба он ифодаи ғояе қаблан ҳамл карда нашуда, он аз худи маводи тасвир бармеояд, қобили мулоҳиза аст.

Шеъри «Чўпон» дар навъи ғазал гуфта шуда, таъбири «рама дорад» радифи он мебошад, ки барои ба вуҷуд овардани тасвир мадад мекунад, зеро дар ҳолати чунин радиф доштани ғазал шоир водор мешавад, ки аз доираи мабҳаси тасвир дур нарафта, байтҳои минбаъдаро ҳатман бо он радиф тамом кунад.  Дар ин шеър, ба ҷуз дар байти охир, ҳузури шоир, ки бо ин ё он воситаи забонӣ баён шуда бошад, вуҷуд надорад, вале ҳолати рўҳии ў бо манзараи тасвир омехта, аз он набзи дил, кайфияти аҳволи ў ҳис карда мешавад, ки моҳияти шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ ҳам дар ҳамин аст. Манзара дар шеъри ғиноии асили тавсифию тасвирӣ ҳамин тавр, бе дахолат ва ё таъкиди рўирости муаллиф моҳияти таъмимии бадеъию иҷтимоӣ пайдо мекунад. Аз фазои ин тасвир маълум мешавад, ки дар ин ҷо оромишу осоиши зиндагӣ ҳукмфармо буда, чўпону рама дар айни ҳол ба рамзи бадеъии он табдил ёфтаанд.

 

Чўпон ба сари кўҳу чаридан рама дорад,

Аз санг ба харсанг ҷаҳидан рама дорад.

Бўи гули кўҳию алафзори чарогоҳ

Дар панҷаи бод асту давидан рама дорад.

Чун абри сафеде, ки гирифтаст фазоро,

Чодар ба сари сабза кашидан рама дорад [7, 131].                                                                

 

Шеъри тавсифию тасвирӣ, ки манзараи табиат ва ё аносири олами ашёро ба нигориш мегирад, на фақат фаҳмишу тасаввури инсонро аз он олам амиқтар месозад, балки барои шинохти беҳтари шахсияти худи инсон, қобилиятҳо, дилбастагиҳо, рўҳияи ў, ки ба аносири ҷаҳони ҳастӣ, кўҳу дарёву рўду марғзорон ҷон мебахшад, хидмат мекунад. Дар ин шеър ҳам ҳамин тавр аст, агар рўҳияи зиндагипарвари шоир намешуд, на танҳо чарогоҳи кўҳӣ бо гулу алафзору чашмаҳояш, ки аносири беҷони табиат ҳастанд, балки чўпону рама ҳам, ки ҷон доранд, беҷону берўҳ ба қалам меомаданд, вале дар ин тасвир ҳама ҷондору зиндаанд.

Сарчашма занад ҷўш, аз он барра кунад нўш,

Аз ҷўи сафобахш паридан рама дорад.

Дар дасти шубон чўб – хитобест ба душман,

Гургон ба ҳаросанду рамидан рама дорад.

Чўпон нигарад бо назари меҳр ба поён,

Аз қуллаи кўҳсор хамидан рама дорад.

Ишқу ҳаваси дидани ин манзари зебо

Ман дораму ту дориву дидан ҳама дорад [7, 131].

Мутаассифона, байти мақтаъ андаке соддагароёна анҷом шуда, аз назари ифода нуқс ҳам дорад, ки бе зарурат ду бор такрор омадани масдари «дидан» мебошад, аммо дар маҷмуъ ин шеър нисбат ба дигар ашъори тасвирию тавсифии Мирзо Турсунзода бо тасвири пурраи манзара ва истиқлоли он, ки манзурро бе таъкиди иловагии рўирости ғоя, балки ба воситаи рўҳ бахшидан ба он баён мекунад, мақоми арзишмандтареро дорост.

Дар маҷмуъ манзараҳои табиат ва аносири олами ашё дар ашъори ғиноии Мирзо Турсунзода, ҳарчанд ба мавзуъ ва масъалаҳои гуногун бахшида шудаанд, боз ҳам дар партави ғояи иҷтимоии замон дарк ва тасвир карда мешаванд. Ин гуна ашъор муҳтавои муайяни ғоявӣ доранд, вале аз назари шакл ва ифода шеъри ғиноии тасвирию тавсифиянд, ки бо иҷрои талаботи қонуниятҳои бадеъии худ ба қалам меоянд. Дар онҳо шоир манзараи тасвир ва ё аносири олами ашёро, ки ба воситаи онҳо мехоҳад ғояи иҷтимоии худро баён кунад, аз табиат нусхабардорӣ накарда, бо ихтиёр ва мувофиқи манзураш дигаргун мекунад, ба онҳо тарҳе меафзояд ва ё кам мекунад, вале инро чунон ба ҷо меорад, ки махсусияти фардии онҳо аз байн наравад. Аз ин ҷиҳат шеъри «Силсилаи кўҳи Ҳисор» ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Аз унвони шеър ҳам, «Силсилаи кўҳи Ҳисор», пайдост, ки доманаи тасвири он фарох буда, шоир аз аввал ба худ ҳамин гуна шароитро муҳайё кардааст, ки на фақат имкони озоди интихоби тарҳҳоро дошта бошад, балки дар ҳар ҷо, ки зарур медонад, рангу равғани тасвирро баланду паст карда, барои ифодаи идроки ҳиссиётмандонаи худ мувофиқ созад.

Дидаӣ манзараи силсилаи кўҳи Ҳисор,

Нуқрагун шаршараи силсилаи кўҳи Ҳисор,

Рўдҳои дараи силсилаи кўҳи Ҳисор,

Акси оҳубараи силсилаи кўҳи Ҳисор [7, 147].

Дар ин банд аввал сухан дар бораи манзараи умумии силсилаи кўҳи Ҳисор меравад, пас ба воситаи зикри ҷузъиёт – шаршара, рўдҳо, акси оҳубара он мушахастар карда мешавад. Танҳо шаршара сифати нуқрагунро мегирад, ки хидмати ташбеҳ ва тасвирро ба ҷо меорад. Шоир, ки эҳсоси баланди ватандўстӣ дорад, танҳо аз номбар кардани ҷузъиёте, ки дар манзараи силсилакўҳи зодбумаш мебинад, лаззат мебарад ва ин зикрро то мисраи ёздаҳуми шеър давом медиҳад ва пас абрҳои онро ба уштурони обнўшанда ташбеҳи ҷолибе карда мегўяд:

Абрҳо мисли шутур гардани худ карда дароз,

Об нўшанд зи рўди чамани сабзу кабуд [7, 147].

Баъд аз ин боз зикр ва ҷо-ҷо бо тавсиф ҷузъиёти дигари силсилаи кўҳи Ҳисор, ҳамчун бағали кўҳу чашмаҳову қуллаҳо меоянд, ки бо зикру тавсиф  ҳам, ҳиссиётмандии самимонаи шоирро ба мо мерасонанд. Дар банди панҷум, ки аз «ба замин пой фурў сохт» - ану «рахна ба сақфи фалак андохт» - ани кўҳу қуллаҳо бо ташхису муболиға сухан меравад, ҳадафмандии ғоявии шоир боло мегирад ва ў «офтоби саҳариро» «мисли байроқи зафар, машъали тобони ҳаёт» мебинад, ки кўҳҳо «ба сар афрохтаанд». Азбаски ақидаҳои шаҳрвандии Мирзо Турсунзода мушаххасанд, яъне сохти мавҷудаи иҷтимоӣ барои шукуфоии халқу ватан хидмат мекунад, ба ҳар васила тасвиру тавсифи он мояи барномаи шоирии ўро ташкил медиҳад. Бинобар ин, дар шеъри ғиноии тасвирию тавсифии худ ҳам, чун мавриди мувофиқ пеш омад, ў ҳамеша онро ба ин ё он тарз баён менамояд, ки мисолаш болотар дида шуд. Давоми шеър боз аз зикри ҷузъиёту тасвиру тавсифҳо иборат буда, дар банди ҳафтум кўҳи Ҳисорро бо ташхисонидан ба пири муғони бодакаш шабоҳат медиҳад, ки зебову муносиб ба назар мерасад:

Чорзону зада дар майкада чун пири муғон,

Ҷоми саршори маи ноб диҳад кўҳи Ҳисор [7, 148].

Мирзо Турсунзода манзараи кўҳу кўҳистонро, ки шаҳоматноканд, барои ифодаи ғояҳои шаҳрвандии худ, ки онҳо ҳам бузурганд, хеле муносиб мебинад. Азбаски ў «дар домани ин силсила тавлид шуда» - аст, пас тасвиру тавсиф ва тамҷиди онҳо барои ў як амри табиист, ки ин шеъри манзараро хулоса карда, мегўяд:

Чун расидам ба сари қуллаи кўҳи ватанам,

Ҳофизи ин ватани пайрави хуршед шудам [7, 148].

Аз ин ҷост, ки ҳар муроҷиати шоир барои тасвири ин ё он манзараи табиат ва ё аносири олами ашё аз рўи ҷаҳонбинии ў сурат гирифта, дар зимн моҳияти мафкуравӣ дорад. Бинобар ин, манзараҳои табиат на умуман, балки бо ҷиҳатҳои хосиятноктаринашон диққати шоирро ҷалб намуда, барои ифодаи ғояи муайян ба тасвир гирифта мешаванд. Азбаски Мирзо Турсунзода асосан шоири музаффариятҳои замони нави шўравист, он манзараҳои табиат барои тасвиру тавсиф интихоб мешаванд, ки ба тақозои ин барномаи эҷодии ў мувофиқат дошта, онро бо забони нигориш маҳсусу тасаввуршаванда ифода карда тавонанд. Ашъори тасвирию тавсифии ғиноии ў, ки бо манзараҳои табиат ва ё ҳузури олами ашё гуфта шудаанд, ағлаб ҳама ҳамин гуна хусусият доранд. Дар маҷмуъ дар ашъори ғиноии тасвирию тавсифии Мирзо Турсунзода манзараҳои табиат ва аносири олами ашё бо хосиятноктарин хусусиятҳои худ, масалан рўд бо ҷўшу хурўш ва зулолии обаш, кўҳ бо сарбаландию шаҳоматаш нигориш мешаванд, ки асосан ҳамоҳанги ғояҳои шаҳрвандии шоир буда, дастовардҳои иҷтимоӣ, ҳаёти хушбахтона ва шодию сурури мардумро ифода мекунанд.

 

Аскар Ҳакимов

Институти забон,адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ

 

Китобнома

  1. Бароҳанӣ, Ризо. Тило дар мис. (Дар шеъру шоирӣ).-Теҳрон, 1371.
  2. Кадканӣ, Муҳаммадризо Шафеъӣ. Сувари хаёл дар шеъри форсӣ. –Теҳрон: Интишороти вазорати иттилоот ва култури ҶИЭ, 1368.
  3. Лосев А. Ф. Проблема символа и реалистическое искусство. -М.: Искусство, 1976.
  4. Поспелов Г. Н. Лирика. Среди литературных родов. –М.: МГУ, 1976.
  5. Пурномдориён, Тақӣ. Тааммуле дар шеъри Аҳмади Шомлу.–Теҳрон: Обон, Чопи аввал, 25/2/37.
  6. Турсунзода, Мирзо. Асарҳои мунтахаб. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди якўм. –Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1961.
  7. Турсунзода, Мирзо. Ҳамеша бо Ватан. –Душанбе: Адиб, 2001.
  8. Шамисо, Сирус. Сайри ғазал дар шеъри форсӣ. –Теҳрон: Фирдавс, 1369, боби дувум, тағаззул чист?