Дар солҳои охир дар мубоҳисаи шеъри бисёр халқҳо масъалаи поэтика ба яке аз он соҳаҳои муҳим мубаддал шудааст, ки инкишофи шеърро аз ҳалл ва тадқиқи интиқодии он вобаста медонанд. Мавриди чунин таваҷҷуҳи хоса қарор гирифтани поэтикаи шеър заминаи ҳаётӣ дошта, аз дархостҳои воқеии замон аст. Шоирон кӯшиш доранд, ки низоъҳои зиндагии имрӯза, набзи замони фалакпарвозӣ ва кайҳонкушоӣ, кашфиёт ва бунёдкориро бо ҳамаи гуногунӣ ва бисёроҳангиаш дар асарҳои худ инъикос кунанд. Барои ба амал баровардани ин кӯшиш ба онҳо лозим меояд, ки аз ҷамеи имкониятҳои поэтикаи анъанавӣ, воситаҳои мавҷудаи сухани шоирона, шакли бадеӣ, услуб, вазн ва зарбу оҳангро мувофиқи мақсади худ истифода кунанд. Ин барои корбурди навоваронаи шаклҳои анъанавӣ замина мегузорад.

  Доманаи баҳси поэтика аз назари адабиётшиносии муосир хеле фарох аст, ки масъалаҳои вазну қофия, пораи шеъру зарбу оҳанг, задаю ташкили овозии шеър танҳо аз баъзе шохаҳои ин масъалаи серсоҳа мебошанд. Бешубҳа, тадқиқи ҳар қисмати поэтика на танҳо барои такомули фанни шеър, балки барои инкишоф ва такмили шеър ҳамчун эҷоди бадеӣ кӯмаки фаровоне хоҳад кард. Ҳоло гуфтугӯи мо оид ба як соҳаи поэтика – вазн ва асосан вазни шеъри муосири тоҷик аст.

Даме ба сайри гузаштаи шеър меравем. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки дар бораи чигунагии муносибати вазн бо шеър қариб ҳама вақт мубоҳисаю мунозираҳо давом доштаанд. Онҳо гоҳо хеле шиддат гирифта, гоҳо андаке ором мешудаанд, вале ҳақиқат ин аст, ки ҳама вақт мавҷуд будаанд. Аз замонҳои қадим ин ҷониб шеър аз назари донишмандони он вазне доштааст. Ин ақидаро ҳам донишмандони Ғарб, аз ҷумла, қадимиён Афлотун ва Арасту ва ҳам фузалои Шарқ Абу Алӣ Сино ва Низомии Арӯзӣ ва бисёри дигарон тақвият додаанд. Ибни Сино дар фанни шеър аз мантиқи «Аш-шифоъ» чунин менависад: «Шеър суханест хаёлангез, ки аз ақволе мавзун ва мутасовӣ сохта шуда»[1]. Вале баробари ҳамин ақида, ки донишмандони пешин вазнро шарти шеър шумурдаанд, онҳо ақидаи дигар, ки вазнро шарти асосии шеър намедонист, низ хато ва нодуруст наҳисобидаанд. Маълум мешавад, ки масъалаи вазн дар шеър аз оғоз ҳалли ягона надоштааст ва мубоҳисаҳои баъдина аз ақидаҳои қадимиён маншаъ мегирифтааст.

Ақидаи ин ду гурӯҳро омӯхта Насириддини Тӯсӣ дар «Асос-ал-иқтибос» чунин менависад: «... шеър дар урфи мунтақо каломи мухайял аст ва дар урфи мутаохирон каломи мавзуни муқаффо, чи ба ҳасби ин урф, ҳар суханеро, ки вазне ва қофияте дошта бошад, хоҳ он сухан бурҳон бошад ва хоҳ хитобӣ ва хоҳ содиқ бошад ва хоҳ козиб ва агар ҳама ба мисли тавҳид холис ё ҳазёноти маҳз бошад, онро шеър хонанд ва агар аз вазну қофия холӣ бувад ва агарчи мухайял бувад, онро шеър нахонанд ва аммо қудамо шеър каломи мухайялро гуфтаанд ва агарчи мавзуну ҳақиқӣ набудааст»[2]. Аз ин гуфтаҳо ба ду нукта мутаваҷҷеҳ бояд шуд. Қудамо каломи мухайялро мавзун набошад ҳам шеър хондаанд; вале ҳақиқат ин аст, ки касе чунин каломи мухайялро, ки мавзун набуда, шеър бошад ва донишмандони сухан онро шеър хонда бошанд, нагуфтааст. Шоире аз худ чунин асар боқӣ нагузоштааст ва агар дар таърихи шеъри ягон халқ чунин ашъор арзи андом карда бошад, он бар мероси шеърии ҳамон халқ ва зиёда аз ин бар халқҳои дигар, ки аз ашъори мавзун иборат аст, ҳаргиз бартарӣ карда наметавонад (Дар ин ҷо шеъри мансур, ки дар осори баъзе халқҳо ҷой дорад низ аз назар соқит нашудааст). Навъи эҷоди бадеӣ, ки дар адабиёти ҳар халқ шеър номида мешавад, вазн дорад. Дуруст аст, ки эътибори вазн дар шеъри ҳар халқ ба як дараҷа нест. Хоҷа Насириддини Тӯсӣ ҳақ мегӯяд, ки: «Русум ва одатро дар кори шеър мадхали азим аст ва ба ин сабаб ҳар чӣ дар рӯзгоре ё наздики қавме мақбул аст, дар рӯзгори дигар ва наздики қавми дигар мардуд ва мансух аст»[3].

Ва нуктаи дуюм ин аст, ҳар каломеро, ки мавзуну муқафо буда, мояи шеърӣ надошта бошад, на донишмандони шеъри қадим ва на имрӯза шеър нахондаанд ва намехонанд. Ҳанӯз Арасту дар ин бора гуфта буд, ки: «... Асарҳои Ҳеродотро метавон ба вазни шеър даровард, вале онҳо дар ҳар ду ҳолат: ҳам вазндор ва ҳам бевазн ҳамчунон асарҳои таърихӣ хоҳанд буд...»[4]. Пас хаёлангез будан аз шартҳои асосӣ ва бебаҳси шеър аст.

Вазни асосии шеъри классикӣ ва муосири тоҷик арӯз аст. Оид ба пайдоиши арӯз ва ҷорӣ шудани он ҳамчун системаи асосии вазнӣ дар назми араб ва ҳамчунин дар ашъори халқҳои форсизабон ва мудате дар халқҳои туркзабон чанд фикри мухталиф ҳаст. Масалан, филолог ва донишманди мусиқии юнонӣ Рудолф Вестфал (1826-1892) дар бораи пайдоиши юнонии арӯз изҳори ақида карда бошад, олими рус Ф. Е. Корш тахмин карда буд, ки арӯз аз вазни шеъри сосонӣ бебаҳра нест. Яъне арабҳо аз сосониён таъсир бардоштаанд. Вале гурӯҳи бисёри олимон дар бораи пайдоиши арабии арӯз изҳори ақида кардаанд.

Ақидаи Рудолф Вестфал оид ба пайдоиши юнонии арӯз, ки бо далелу бурҳонҳо ва тадқиқот асоснок нашуда буд, дар байни арӯзиён ривоҷ наёфт. Ба фикри дуюм, яъне пайдоиши сосонии арӯз, А. Кримский бевосита набошад ҳам ба воситаи тасдиқи он, ки «падари филолгогияи араб Халил барои таҳлили дурусти назми қадими араб, системаи метрикаи арабро тартиб дод, ки то замони ҳозира бо эътибор мондааст»[5], зид баромада аст. Бисёр арӯзшиносон дар ин гуфтаҳо ради пурра ва бебаҳси ақидаи Ф. Е. Коршро диданд[6] ва дигар ба ин масъала таваҷҷуҳ накарданд.

Ҳоло замони он ки ҳамаи шаклҳо ва вазни шеъри форсу тоҷик аз арабҳо иқтибос шудааст, мегуфтанд, гузаштааст. Бинобар ҳамин мо дар асоси тадқиқотҳои тозаи арӯзшиносон ба масъалаи пайдоиш ва шаклҳои арӯз дақиқтар назар карда метавонем. Пӯшида нест, ки ҳанӯз арӯзиёни асри миёна, аз ҷумла, Шамс Қайс Розӣ арӯзро ихтирои арабҳо дониста бошад ҳам, ба фарқияти арӯзи Аҷам ва арӯзи тозӣ ишора карда буд. Ин фикр дар тадқиқоти Е. Э. Бертелс, Парвиз Нотил Хонларӣ, Муҳаммад Тақӣ Баҳор, Баҳром Сирус ва чанде дигарон қувват гирифта, инкишоф ёфтааст.

Н. Бекош ҳам дар солҳои сӣ доир ба ин масъала ақидаи худро изҳор карда аст. Ба фикри ӯ арӯзиёни форсу тоҷик аз арабҳо фақат формулаҳо – афоилу тафоилро гирифтаанд ва ӯ ба қатъияти тамом менависад, ки: «сабаби арӯз аз араб гирифта шудааст» гуфта гумроҳ шудани баъзеҳо ҳам дар ҳамин ҷост. Ҳол он ки на вазн, балки формулаҳои арӯзӣ аз араб гирифта шуда, барои андоза кардани вазни «арӯзии» худи тоҷикӣ татбиқ шудааст»[7].

Устод Айнӣ дар ин масъала диқати арӯзиёнро ба асоси халқии он ҷалб карда, нишон дод, ки арӯзи тоҷикӣ ҳаргиз ба он шаклҳое, ки дар китобҳои арӯз ва девони шоирон омадааст, маҳдуд намешавад. Дар назми халқ шеърҳое ҳастанд, ки ба талаботи арӯз ҷавоб диҳанд ҳам, ба ягон шакли нишондодаи арӯзиён мувофиқ нестанд. Аз ҷумла устод Айнӣ менависад, ки: «... Вазни шеъри тоҷикӣ на ба он вазнҳои анъанавӣ ва на ба он шеърҳое, ки дар девони классикҳои мо ҳастанд, маҳдуд нест. Чунончи мо дар шеърҳои халқӣ бисёр порчаҳоро мебинем, ки онҳо на дар китобҳои арӯз ва на дар девонҳои классикҳо нестанд»[8]. Ин гуфтаҳои устод Айнӣ ба кори арӯзиён кӯмаки бузург буд. Асоси фикри устод Айнӣ дар тадқиқотҳои ояндаи олимон ривоҷ ёфт. Дар ҳақиқат, агар дар назми халқ шеърҳои арӯзие бошанд, ки сохти онҳо дар китобҳои арӯз нишон дода нашудаанд, пас чаро мо вазни шеъри халқро дар сурат гирифтани арӯзи назми китобатӣ яке аз омилҳои асосӣ наҳисобем?

И. С. Брагинский вазни адабиёти лафзии тоҷик ва назми классикиро омӯхта, ба чунин хулоса омад, ки «вазни квантативӣ, ки ба мураттабии ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ асос ёфтааст, дар асоси шеъри ҳиҷоии халқӣ ва таъсири шеъри араб ба вуҷуд омад. Бесабаб нест, ки дар вазнҳои сода ва равони дар асрҳои пешин серистифода нақши пайдоиши халқии онҳо равшан аст»[9].

Чунонки мебинем, дар ақидаҳои устод С. Айнӣ ва И. С. Брагинский бо таъсири шеъри халқӣ шаклгирии баъзе вазнҳои арӯзӣ таъкид карда мешавад. Дар натиҷаи омӯзиши манбаъҳои дигар мушоҳидаҳои тозае пайдо шуданд, ки онҳо барои пурқувват кардани фикрҳои боло ва хулосаҳои далеронатаре баровардан имконият медиҳанд.

Рубоӣ. Ин шакли шеър чӣ хусусияте дорад? Ҳоло касе аз тадқиқотчиён ба пайдоиши тоҷикӣ-форсии рубоӣ шубҳа надорад. Рубоӣ, дар назми тоҷику форс ба вазни хос суруда мешавад, ки арӯзиёни қадим ҳангоми тадқиқи авзон онро аз шаҷараи ахрам ва ахраби баҳри ҳазаҷ донистаанд, ки саҳеҳ нест.

Рубоӣ эҷоди халқҳои форсизабон буда, вазни хоси он низ дар асоси қонунҳои ритмӣ ва забонии ин миллатҳо сурат гирифтааст. Парвиз Нотил Хонларӣ менависад: «... ин навъ шеър (яъне рубоӣ – А. Ҳ.) аз муддатҳо қабл (муаллиф давраи пеш аз истилои арабро дар назар дорад – А. Ҳ.) дар Эрон шоеъ ва роиҷ буда... ин вазн ихтироъ нашуда, балки аз тӯдаи мардуми форсизабон иқтибос гардида ва ҳама ҷо тасреҳ ҳаст ба ин, ки дар арабӣ чунин вазне набуда ва баъд арабҳо онро аз эрониён омӯхтаанд»[10].

Пас лаҳзае бояд бар ақидаи Ф. Корш андеша кард. Вазни таронаи форсию тоҷикӣ ба адабиёти араб ҳангоме дохил шуд, ки системаи вазнии шеър араб қариб комилан шакл гирифта буд. Чунонки маълум аст, ба система дарорандаи вазни арӯз Халил ибни Аҳмад дар асри VIII (солҳои 700-772) умр ба сар бурдааст. Замони пайдоиши шеъри арӯзӣ хеле пештар аз ин санаҳост. Ин навъ шеър дар замони ӯ аллакай мақоме дошт ва ӯ дар асоси омӯзиши интиқодӣ онҳоро ба системаи вазнӣ даровард ва арӯзи худро тартиб дод.

Акнун ба таърихи халқ ва хусусияти замон андеша мекунем. Нуфузи зиёди Сосониён дар Шарқ, робитаҳои васеи фарҳангӣ ва ҳунарию иқтисодии онҳо бо кишварҳои дигар ва ҳамчунин бо арабҳои қадим дар китобҳои таърих қайд шудааст, ки бебаҳс аст. Ин ҳолат барои ба чунин хулосаи эҳтимолӣ омадан имконият медиҳад: шеъри давраи сосонӣ (224-227-652 эраи мо) дар навбати худ ба сурат гирифтани вазни шеъри араб низ набояд бетаъсир бошад.

Ҳоло таҳқиқи ин масъала на аз он сабаб номумкин аст, ки ба ин аслан далелу бурҳоне мавҷуд нест, балки аз он сабаб мушкил аст, ки мо аз осори шеърии давраи Сосониён қариб чизе ба даст надорем. Чунонки Ян Рипка менависад: «То ҳол ба ҷуз пораҳои ночизи дастнависи китобҳои дини Маздак ва ё матнҳои дигаре, ки ба давраи Сосониён тааллуқ дошта бошад, пайдо нашудааст»[11].

Дар ин масъала ба чизи дигаре бояд таваҷҷуҳ кард. Ин хусусияти вазни рубоист. Чунонки қайд кардем, аз шаҷараи ахрам ва ахраби ҳазаҷ донистани вазни рубоӣ саҳеҳ нест. Инро Е. Э. Бертелс низ қайд мекунад: «... дар рисолаҳои оид ба илми арӯз дар бораи бисту чаҳор шакли вазни рубоӣ, ки ба вариантҳои баҳри ҳазаҷ дохил карда шудааст, сухан меравад. Азназаргузаронии ин шаклҳо нишон медиҳад, ки ин конструксияҳои ҳиҷоӣ зӯран барғалат ба таҳти вазни арӯзӣ дохил карда шудаанд»[12]. Агар қисмати аввали фикри Е. Э. Бертелс дар бораи зӯран ба шаҷараи ахрам ва ахраби баҳри ҳазаҷ дохил кардани вазни рубоӣ дуруст бошад, вале вазни рубоиро конструксияи ҳиҷоӣ ҳисобидани ӯ саҳеҳ нест. Вазни рубоӣ танҳо дар асоси шумораи баробари ҳиҷоҳо, чунонки дар шеъри ҳиҷоист, сохта намешавад. Дар он боз қонуниятҳои дигари ритмӣ амал мекунанд, ки то ҳол мавриди тадқиқ қарор нагирифтаанд. Ногуфта намонад, ки дар асари Парвиз Нотил Хонларӣ «Вазни шеъри форсӣ» қисмате ба тарона (рубоӣ) ва хусусиятҳои он бахшида шудааст, ки мушоҳидаҳои пурқимат дорад.

Ҳоло чанд мушоҳидаро, ки дар натиҷаи тадқиқи вазни рубоӣ ҳосил шудааст, баён мекунем, ки, аз як ҷиҳат, махсусияти вазни рубоиро собит кунад, аз ҷиҳати дигар, танҳо ба вазни ҳиҷо оид набудани онро нишон медиҳад. Вале аз ҳама муҳимтараш он аст, ки мо ба ин восита дар арӯзи тоҷикӣ асосҳои халқии онро пайдо менамоем.

  1. Агар вазни як мисраи рубоӣ аз рӯи давомоти савтӣ[13] ба ҳисоб гирифта шуда, ду ҳиҷои кӯтоҳ (VV) аз рӯи қонуни арӯз ба як ҳиҷои дароз (—) баробар дониста шавад, он гоҳ давомоти савтии он ба даҳ ҳиҷои дароз баробар аст, ки ба панҷ пора тақсим карда мешавад.

 

Пок аз адам омадему нопок шудем,

Шодон бадар омадему ғамнок шудем.

Будем зи оби дида дар оташи дил,

Додем ба бод умру дар хок шудем.

 

Нақшаи вазни ин рубоӣ чунин аст.

 

 — — (VV —) V — V (— —) VV —[14]

Пораҳои 1       2          3         4         5

Чунонки мебинем, ин ҷо ҳафт ҳиҷои дароз (–) ва шаш ҳиҷои кӯтоҳ (V) омадааст, ки ҷамъ сездаҳ ҳиҷост. Агар ин шаш ҳиҷои кӯтоҳ, барои осонтар шудани тадқиқи вазни рубоӣ ба се ҳиҷои дароз мутасовӣ дониста шавад, он гоҳ даҳ ҳиҷои дароз ба даст меояд, ки доимо давомоти савтии ҳама гуна рубоии адабиёти китобатиро ташкил медиҳад.

  1. Дар вазни рубоӣ миқдори ҳиҷоҳои кӯтоҳ ҳамеша ҷуфтанд. Дар рубоӣ вазне нест, ки аз шаш зиёдтар ҳиҷои кӯтоҳ дошта бошад. Вазнҳое, ки дар онҳо ҳиҷоҳои кӯтоҳ чор ё шаштоанд, нисбат ба вазнҳое, ки ду ҳиҷои кӯтоҳ доранд ва ё тамоман надоранд, хеле серистифодаанд. Вазни ҳиҷои кӯтоҳ надоштаи рубоӣ аз ҳама камистифода аст.
  2. Ҳиҷоҳои кӯтоҳ доимо дар пораҳои дуюм, сеюм ва панҷум меоянд. Пораҳои якум ва чорум доимо аз ҳиҷоҳои дароз иборатанд.

Давомоти савтии ҳар як пораи панҷ пора ба ду ҳиҷои дароз (— —) мутасовӣ буда, дар пораҳое, ки ҳиҷоҳои кӯтоҳ доранд, адади онҳо доимо дутост.

  1. Қонуни табдил дар пораҳои дуюм ва панҷум амал карда метавонад, яъне VV — (банаво) ду ҳиҷои кӯтоҳ ва як дароз метавонад ба шакли — — (ово) ду ҳиҷои дароз табдил шавад.

               — — / — — / V — V / — — / VV —

  1. Дар пораи сеюм қалб, ҷойивазкунии ҳиҷоҳо ба амал омаданаш мумкин аст, яъне VV — (банаво) метавонад ба шаклҳои V — V (тарона) ва ё — VV (замзама) биёяд. Парвиз Нотил Хонларӣ дар вазни рубоӣ боз табдили V — V (тарона)-ро ба — — (ово) қайд мекунад, ки махсуси вазни рубоист[15].

Пас аз ин мушоҳидаҳо метавон ба чунин хулоса омад, ки вазни рубоӣ ҳаргиз вазне нест, ки танҳо ба адади баробари ҳиҷо асос ёфта бошад.

Рубоӣ шакли қадимтарини назми мардуми форсизабон аст ва вазни он низ эҷоди онҳост.

Мутасовияти мисраъҳо, чунонки дар арӯз ҳаст, дар натиҷаи ба як тартибу такрор овардани ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ таъмин нагардида, балки бо ҷамъи давомоти савтии мисраъҳо ҳосил мешавад. Ин хусусият, яъне баробари савтии мисраъҳо ба хосияти арӯз хеле қаробат дорад. Маълум мешавад, ки дар назми пеш аз исломии мардуми форсизабон на танҳо қонунияти вазни ҳиҷо ҷорӣ будааст, балки баробарии савтӣ низ ҷой доштааст. Аз ин чунин бармеояд, ки ҳанӯз пеш аз арабҳо дар назми тоҷику форс қонуният ва яке аз талабҳои асосии вазни арӯз амал мекардааст.

Ҷанбаи халқӣ дар арӯз қавӣ будааст, ки он дар назди мо амиқ реша меронд ва ҳамлаю муборизаи онҳое, ки бар зидди он буданд, ба нокомиҳо анҷом меёфт.

Дар оғози қарни ХХ дигаргунсозиҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию ахлоқӣ дар ҳаёти халқ эҷодкоронро ташвиқ мекард адабиёте биофаранд, ки ин дигаргуниҳои азимро инъикос карда, ба талаби зиндагӣ ҷавоб гӯяд. Дар назари шоирон вазни арӯз, ки талаботи қатъӣ ва шартияти бисёр дошт, барои амалӣ кардани ин мақсад монеаи асосӣ менамуд. Бисёри шоирону адабиётшиносон барои дур партофтани арӯз ва ба вазни ҳиҷо гузаштан мубориза сар карданд. Баъзан хӯрдагирӣ ба вазни арӯз аз ҳад мегузашт, ки ин ҳолатро Е. Э. Бертелс низ қайд карда буд: «Вақте буд, ки баъзе аз адабиётшиносон мехостанд собит кунанд, ки баҳри шеър далели кофист барои шиносондани маънии сиёсии он. Мегуфтанд – арӯз далели иртиҷоист, ҳиҷо – рӯҳи инқилобии саҳеҳ. Ин ақидаи марксизм набуд, балки билъакс идеализми сирф буд. Инро гуфтан тамоми диалектикаро рад кардан аст»[16].

Баъзеҳо, ба мисли Б. Азизӣ назарияашонро дар эҷодиёти худ асоснок карданӣ мешуданд. Масалан, ӯ достони «Ҳасани якдаста»-и худро бо омезиши вазни арӯз ва ҳиҷо навиштааст. Вале ин кӯшиш на дар эҷодиёти Б. Азизӣ ва на дигар ҳамсафони ӯ муваффақият пайдо кард[17].

Ин нобарорӣ чанд сабаби субъективӣ ва объективӣ дорад. Пайравони ин ақида он маҳорат ва истеъдоди шоиронаро надоштанд, ки ин ду шакли вазнро ба ҳамдигар омехта, вазне биофаранд, ки барои ифодаи бехалали афкору эҳсосот созиш карда, ба гӯшҳо ҳам хуш ояд.

Ҷустуҷӯи он шоирон бештар хусусияти зоҳирӣ дошт ва онҳо бо ҳамин қаноат мекарданд, ки дар як достон баъзе бандҳоро бо вазни арӯз гӯянд ва баъзе бандҳои дигарро бо ҳиҷо.

Вазни ҳиҷое, ки дар назми халқ дар истифодааст, бо чанд сабаб наметавонад бори ашъори китобиро бикашад. Аввалан, он лафзист ва аз забоне ба забоне гузашта дар хотир менишинад. Пас, кӯтоҳии мисраъ шарти аввали он аст ва бесабаб нест, ки шеъри халқ бештар аз ҳафт то ёздаҳ ҳиҷоист. Шеъри китобиро ба ин қоида мувофиқ кунондан бечуну чаро онро аз имконияти васеи доштааш маҳрум ва бори гарони онро саҳлу сабук тасаввур кардан аст.

Ин шоирон асарҳои ҳиҷоии худро ба хушоҳангию мавзунияти шеъри халқ расонида натавонистанд. Чунки барои содагии баён, аввалан, забони гуфтори халқ меъёри аввалдараҷа дониста мешуд ва, сониян, забони назми он. Ин кӯшиш аз меъёр гузашта шеърро беобу ранг, дурушт ва бесозу наво мекард. Шеваи гуфтори халқ ширин аст ва банду басти асарҳояш мустаҳкаму рехта. Вале на ҳамаи унсур, василаҳои шеъри халқ ба ҷои воситаҳои шеъри китобӣ пурра ва бебохт истифода шуда метавонанд. Вазни он ҳам аз ҳамин қабил аст.

Шоирони дигар ҷустуҷӯи худро барои тозаоҳангии вазн бо роҳи дар «Марши ҳуррият» пешгирифтаи устод Айнӣ давом доданд. Чунонки медонем ва дар тадқиқотҳои бисёр таъкид шудааст, вазни «Марши ҳуррият» вазнест, ки аз омезиши рукнҳои аслии баҳри рамал ва мутадорик сурат гирифтааст:

 

Эй ситамдидагон, эй асирон,

Вақти озодии мо расид,

Муждагонӣ диҳед, эй рафиқон,

Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

 

Ин банд чунин тақтеъ мешавад:

— V — /— V —/ — V — —

— V — /— V — / — V —

— V — /— V —/ — V — —

— V — /— V —/ — V —

 

Чунонки мебинем, мисраъҳои дуюм ва чорум дар вазни мутадорики мусаддаси солим гуфта шудаанд. Вале мисраъҳои якум ва сеюм аз ин вазн берун буда, рукни сеюми онҳо аз баҳри рамал аст, ки бо афзудани як ҳиҷо ба фоилун – фоилотун ҳосил карда шудааст. Ҳамин тариқ омезиши рукнҳои аслии баҳри рамал ва мутадорик ба амал омад. Истифодаи рукнҳои аслии ду баҳр дар вазни як шеър дар таърихи шеъри тоҷикӣ амалиёти ҷасурона буд, ки ба сӯи навпардозиҳои оянда роҳ мекушод.

Устод Айнӣ дар таълимоти худ дар бобати вазн ва дар мактубҳои худ ба шоирони тоҷик ҳамин гуна навовариро, ки дар шеъри ӯ ҷой дошт, яъне омезиши мураттаби рукнҳоро дар шеър тарғиб ва ташвиқ мекард. Аз ҷумла, устод дар мактуби худ ба А. Деҳотӣ оид ба вазни як шеъри ӯ изҳори ақида карда чунин менависад: «Агар Шумо (Деҳотӣ – А. Ҳ.) дар як порча ду вазнро ба кор бурда, як навигарӣ дар шакл оварданро хоста бошед, мебоист ин навигариро ба як интизом медаровардед. Чунки решаи забони назм ва интизом як аст, ин ҳаминро мефаҳмонад, ки дар назм интизом аз шартҳои решагӣ аст – асосӣ аст. Масалан, агар ҳар чаҳор мисраъро дар як вазн ва ду мисраъро дар вазни дигар навишта, ин матнро то охир мебурдед, ин навигарии баинтизом мешуд, ки хеле дилчасп аст. Аммо шакл ва тартиби ҳозираи ин шеър ба хонанда ҳамин таассуротро медиҳад, ки ин дувазнагӣ тасодуфан воқеъ шуда бошад»[18].

Ба ин таҷрибаи устод С. Айнӣ бисёр шоирон пайравӣ карданд. Вале шоирони навпардоз фақат ба ҳамон таҷриба қаноат накарда, воситаҳои тозаи навовариро меҷустанд. Махсусан, навҷӯиҳои Лоҳутӣ дар соҳаи вазн пурбарор буданд. Устод Лоҳутӣ, ки дар шеър истеъдод ва маҳорати фавқулодда дошт, дар як шеър вазнҳои мухталифи арӯзро ба ҳам меомехт ва ё вазни арӯзро бо ҳиҷо омезиш медод ва шеърҳое эҷод мекард, ки мисли шеърҳои сирф арӯзияш рехтаю пухта, хушоҳангу дилнишин буданд.

Дар достони «Ғалабаи Таня» вазни даҳҳиҷоии интихоб кардаи шоир барои ифодаи ҳолат ва воқеаи тасвиршаванда хеле мувофиқ омада, барои мақсадро хеле табиӣ, бетакаллуф ва рехта баён кардан ёрӣ расонидааст.

 

— Анбори моро ту сӯзондӣ?

— Ман.

— Кӣ инро ба ту фармон дод?

— Ватан.

Фашист аз ғазаб лабро мехояд,

Ба дили духтар шодӣ меояд.

— Симҳои телефонро кӣ бурид?

— Ман.

Ҳо, ин хел рост гуфтан гиред.

Ҷои партизанҳо? —

Намегӯям.

 

Дар ин мисраъҳо вазни ҳиҷо барои инъикоси ҳолати драмавӣ, муколамаи бошиддат миёни партизандухтари шӯравӣ ва сарбози фашист халале наоварда, баръакс имкон додааст, ки он бо тамоми шиддату зиддияташ нишон дода шавад. Дар хулосаи достон шоир мехоҳад, ки суханаш тантанок ва баландоҳанг бошад, мехоҳад, ки дар хонанда азми мубризаро қавитар гардонад, дар шеър оҳанги қасос баланд садо диҳад, ӯ ба вазни машҳури мутақориби мусаммани мақсур рӯ меорад.

 

 

«Ба дилҳои чоки далерон қасам,

Ки теғи хиёнат бидаррондашон,

Ба хокистари он асирон қасам,

Ки урдуи Гитлер бисӯзондашон,

Ба тифлони бебонию дарбадар

Ба аҷсоми беному гӯру кафан,

Ба лабханди модар, ба меҳри падар,

Ба номусу мулку ба номи Ватан,

Ки гирам ба хуни рафиқон қасос,

Аз он душманони шарафношинос,

Ки роҳат набошам ба худ як нафас,

Зи фошистҳо то бувад зинда кас»[19].

 

Тақтеи ин вазн чунин аст: фаӯлун фаӯлун фаӯлун фаӯл ва шоир ҷойи задаҳои онро дигаргун накарда, ба воситаи оҳанги маъмулии ин вазн дар ин порчаи достон ҳамон оҳанги мутантани заруриро ба вуҷуд меорад.

Дар таҷрибаи навпардозиҳои А. Лоҳутӣ дар вазни шеър боз майле ба назар мерасад, ки дар натиҷаи омезиши чанд вазни арӯзӣ сурат гирифтааст. Ин гуна гуногунвазнӣ дар достонҳои Лоҳутӣ бештар аст. Масалан, достони «Парии бахт» бо ҳафт вазни гуногнуи арӯзӣ ва як вазни ҳаштҳиҷоӣ навишта шудааст[20].

Азбаски шоирон мехостанд тасвири лаҳзаҳои зиндагиро аз якнавохтӣ озод кунанд, гуногунвазнӣ дар достонҳо бештар инкишоф ёфт. Дар силсилаи шеърҳо шоир барои дар ҳар шеър истифода кардани як вазни арӯзӣ ихтиёр дошт. Табиист, ки гуногунвазнӣ дар достон ва силсилаи шеърҳо зуд тарафдорон ва пайравони зиёд пайдо кард. Шоир дар достон ҳар бобро, дар силсилаи шеърҳо ҳар шеъри комилро ба вазнҳои алоҳида гуфта метавонад. Яъне майдони таҷриба васеъ аст. Аммо дар лирика лозим аст, ки байту банд ва пораҳои шеър бо вуҷуди гуногунвазниашон рехтаю мустаҳкам ва аз назари ритму оҳанг ягона бошанд. Бешубҳа, ин мушкил корест. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки омезиши вазнҳои гуногун дар як шеър бо вуҷуди таърихи нисбатан дароз доштанаш то солҳои охир он қадар ривоҷу равнақ нагирифт.

Дар ин боб, албатта, суруду таронаҳои Лоҳутӣ ва Пайрав Сулаймониро, ки дар онҳо вазнҳои гуногун омезиш дода шудаанд, қайд кардан лозим аст.

Таҷрибаҳои Лоҳутӣ аксаран бомуваффақият анҷом пазируфтаанд. Вале ин ҷо хусусияти таронагии он шеърҳоро набояд аз хотир бурд. Пас, равшан мешавад, ки дар асоси ин гуна напардозиҳои Лоҳутӣ ҳамоҳангии мусиқавияти мисраъҳо ва бандҳо қарор гирифтаанд. Ин маънӣ аз суханони устод Айнӣ ҳам бармеояд: «Лоҳутӣ таронаҳои худро ҳам бештарин дар ҷашн, маҷлисҳои хурсандӣ ва шабнишиниҳои адабии меҳнаткашон, худ феълан иштирок карда, дар рафти ҳамон маҷлис навишта, дар ҳамон маҷлис худ ба оҳанг андохта ва худ дар ҳамон ҷо бо ҷавонон хонда ва рақсидааст»[21].

Дар ташкили вазни шеъри Пайрав Сулаймонӣ «Ба боғбон», ки дар бисёр тадқиқотҳо ҳамчун намунаи дилчасп ва хушоҳанги омезиши авзон ва аркони гуногуни баҳрҳои арӯзӣ ном бурда мешавад, низ ҳамон мусиқавияти шеър асос гирифта шудааст, ки дар сурудҳои халқӣ ҷой дорад. Дар ин гуна таронаҳо барои ташкили вазнии шеър такрори мураттаби рукнҳо камтар ба эътибор гирифта шуда, хусусияти таронагӣ ва созгории мусиқии байтҳо ва ё бандҳо дар асоси ташкили савтии шеър қарор мегирад. Маҳз ба ҳамин ният шоир рукнҳои баҳрҳои мухталифро бо зиҳофоти мухталиф омезиш дода, аз назари илми арӯз вазнҳои гуногуне месозад, ки баъзеи онҳо дар таҷрибаи шеъри арӯзӣ то ҳол вуҷуд надоштаанд. Агар ҳамин шеъри П. Сулаймонӣ «Ба боғбон» бо талаботи қолабҳои арӯз тақтеъ карда шавад, дар натиҷа на камтар аз 14 вазни арӯзӣ пайдо мешавад, ки тақтеъ ва шумораи мисраъҳо чунин аст: фоилун, фоилун – 2, мустафаъилун фаал - 4, муфтаилун фаал - 3, фоилун фаӯлун – 10, мафоилун фаӯлун – 8, фаӯлун фаӯлун – 2, фаӯлун фаал – 7, фоилун фаал – 20, мафоилун фаал – 5, муфтаилун фаӯлун – 2, фоилун фаилун – 2, мафоилун фоилун – 1, мустафъилун фоилун – 2, муфтаилун фаӯл – 2 мисраъ. Ҳамагӣ 70 мисраъ ва ба он як байти нақаротро, ки чаҳор бор ба такрор меояд, ҳамроҳ кунем, 78 мисраъ мешавад. Дар бораи вазни ин шеър «чунин тарзи дар шеър кор фармудани се вазн дар назми тоҷик як ҳодисаи наве мебошад, ки онро дар эҷодиёти пешгузаштагон мушоҳида кардан мумкин набуд» навиштани С. Табаров ва ин ақидаро ҳақиқат донистани С. Давронов[22] низ ба назар ислоҳталаб мерасанд. Дуруст аст, ки С. Давронов боз «омехташавии аркони баҳрҳои мухталиф, аз ҷумла мақбузи ҳазаҷ (мафоилун) низ дар мисраъҳои алоҳидаи шеъри мазкур мушоҳида мешавад» - мегӯяд, вале бо ҳамин нукта қаноат карда, ин гуногунвазниро нишон намедиҳад ва ақидаи С. Табаровро комилан дуруст дониста, ба ӯ ҳамақида будани худро изҳор мекунад. Дар таҳлили ин шеър Т. Зеҳнӣ ҳам ба хато роҳ додааст. Ӯ менависад, ки «ин порча аз панҷ банд иборат буда, ҳар банд 14 мисраъ дорад (?), ки ду мисраи охирӣ нақарот аст. Ба ҷуз банди аввалӣ бандҳои дигар гуногунвазнанд (?). Аз ин рӯ, вазни ин порчаро вазни озод номидан беҳтар аст»[23]. Аввал ин ки ҳамаи бандҳои ин шеър аз 14 мисраъ иборат набуда, бандҳои якум, дуюм ва чорум чаҳордаҳмисраъгиянд ва бандҳои сеюму панҷум ҳаждаҳмисраъгӣ мебошанд. Сониян, банди аввал дар як вазн суруда нашуда, балки ба панҷ вазн суруда шудааст. Аз чӣ бошад, ки муаллиф дар асари мазкур вазни банди аввалро 6-ум вазни 6-ҳиҷоии мутадорик (мураббаи солим) фоилун - —V— 6 бор нишон медиҳад, ҳол он ки фақат як байти ин банд ба ин вазн суруда шудаасту бас. Ҳамин пораи аввалро бо афоил ва тақтеъҳояш медиҳем:

 

Боғбонро бигӯ,         — V — — V —

фоилун фоилун

Чист он ҷустуҷӯ? — V — — V —         

фоилун фоилун

Беҳудаву абас,         — VV — V —

Муфтаилун фаал

Ин ҳама гуфтугӯ.  — VV— V —

Муфтаилун фаал

Ман гуле надидам, — V —V — —

фоилун фаӯлун

Ман гуле начидам, — V —V — —

фоилун фаӯлун

Ман зи дур дидам   — V —V — —

фоилун фаӯлун

Як назар намудам  — V —V — —

фоилун фаӯлун

З-ӯ ҳазар намудам. — V —V — —

фаӯлун фаӯлун

Дигар канор рафтам,        V— V —V — —

мафоилун фаӯлун

Ба ёди ёр рафтам.              V— V —V — —

мафоилун фаӯлун

Гуле бӯ накардам,               V— —V — —

фаӯлун фаӯлун

Ба гул хӯ накардам V— —V — —

фаӯлун фаӯлун

Кӯтоҳтарин мисраи ин тарона аз (фоилун фаал) яъне аз се ҳиҷои дароз ва ду ҳиҷои кӯтоҳ тартиб ёфтааст, ки давомоти савтии онҳо ба чаҳор ҳиҷои дароз баробар аст. Мисраи дарозтарини тарона аз панҷ ҳиҷои дароз ва ду ҳиҷои кӯтоҳ ташкил шудааст, ки ба шаш ҳиҷои дароз мутасовист. Чунонки мебинем, бо ҳамин қадар гуногуншаклӣ, вазнҳо аз ҳам танҳо ба давомоти савтии ду ҳиҷои дароз фарқ мекунанд. Хусусияти дигари ин вазнҳо дар он аст, ки онҳо кӯтоҳ буда, ба талаботи суруд мувофиқанд. Маҳз ҳамин хусусиятҳо аз рӯи давомоти савтӣ аз ҳамдигар кам тафовут доштани ин вазнҳо аз шумораи ками ҳиҷо ва аз рӯи қавоиди мусиқӣ ва таронагӣ ташкил шудани мисраъҳо ба чунин омезиш имкон дода, дар айни ҳол, ягонагии композитсионии шеърро таъмин кардаанд. Ин ҳам кӯшише буд барои аз яканавохтӣ озод кардани шеър.

Ин гуна таҷрибаҳои Лоҳутӣ ва Пайрав Сулаймонӣ аз доираи суруду таронаҳои инҳо берун баромада бошад ҳам, анвои дигари шеъри онҳоро бакуллӣ фаро нагирифт. Сабаби инро дар хусусияти ғоя ва мавзӯъ, ифода ва тасвири суруду тарона бояд донист. Суруду тарона, ки бо шӯхӣ ва созу наво ҳамзод аст, бори шеъри андеша, фалсафӣ, иҷтимоӣ, драматикӣ ва ё навъҳои дигарро кашиданаш гумон аст.

Баробари омезиши рукнҳо, ки боиси пайдоиши вазнҳои тоза мешуданд, дар эҷодиёти Лоҳутӣ, Пайрав ва Ҳабиб Юсуфӣ тарзи дигари тозагӣ бахшидан ба вазнҳои маъмулӣ ба назар мерасад, ки то имрӯз кам мавриди тадқиқ қарор гирифтааст. Чунонки маълум аст, дар бисёр рукни баҳрҳои арӯз ҷои задаҳо муайян аст. Масалан, дар рукни аслии баҳри мутақориб фаӯлун (V — —), зада бар ҳиҷои дуюм ва дар рукни аслии баҳри рамал фоилотун (—V — —) зада дар ҳиҷои сеюм ва дар рукни аслии баҳри ҳазаҷ мафоилун (V — — —) низ дар ҳиҷои сеюм меафтад. Дар баъзе шеърҳо ҷои ҳамин задаҳо тағйир дода шуд, ки дар натиҷа вазнҳои маъмули анъанавӣ ба оҳанги тозае садо доданд. Ин ҷо, албатта, задаи рукнро аз задаи калима бояд фарқ кард. Ҳар калима ва ё иборае, ки аз назари вазн як пораи тараннумиро мураттаб мекунад, метавонад, як ва ё бештар аз ин зада дошта бошад, ки дар асл дар шеъри тоҷикӣ ҳамин тавр ҳам ҳаст. Вале ҷои задаҳои пораҳои тараннумӣ дар шеъри классикии тоҷик муайян буд ва қатъиян риоя карда мешуд. Онҳо новобаста аз задаҳои дигари калима дар ҷои худ боқӣ монда, барои ҷудо кардани як пораи тараннумӣ аз дигараш хизмат мекарданд. Ҳоло баҳс дар бораи ҳамин задаи пораҳои тараннумист.

Задаҳои тараннумӣ на фақат дар рукнҳои баҳрҳои аслӣ, балки дар рукнҳои баҳрҳои фаръӣ низ мавқеи муайян доранд. Зотан ҳар рукн ва зиҳофоти арӯзи классикӣ задае доранд ва ин зада ба онҳо ягонагӣ ва тамомият дода, онҳоро аз рукну зиҳофоти дигар ҷудо мекунад. Пас, на фақат баҳрҳои аслӣ рамалу раҷаз, ҳазаҷу мутақориб ва монанди инҳо бо талаби ингуна задаҳои худ як оҳанги талаффуз ва хониши ба худ хос доранд, балки баҳрҳои фаръӣ низ дорои чунин хусусият мебошанд.

Вақте ки мисраи шеър ба воситаи задаҳои мантиқӣ ба пораҳо ҷудо карда шуда, аз ҷиҳати наҳв комилҳуқуқ мегардад ва дар шеър аз имкони истҳо, васоили муколама, хитоб ва нидоҳо пурра истифода мешавад, он гоҳ ҷои задаи рукнҳо мутаҳаррик шуда, оҳанги маъмули вазн дигар мегардад. Ин тарзи тозагӣ бахшидан ба вазнҳои маъмулӣ махсусан, дар таҷрибаи эҷодии Пайрав Сулаймонӣ ва Ҳабиб Юсуфӣ мавқеи калон дорад. Барои мисол пораеро аз шеъри «Асира ё худ исён»-и Пайрав Сулаймонӣ тақтеъ карда, бо афоилҳояш меорем:

 

Аҷабо!

Ин чӣ саҳнаи мудҳиш

Фоило

тун мафоилун фаълун

Чист афтода?

Фоилотун ма

Духтаре мадҳуш...

фоилун фаълун

Ҳамла оварда кист, ҳон?

Эй дод!!!

Фоилотун мафоилун

фаълун

Дев!

Ифрит!

фои

лотун ма

Ваҳшии хунхор!..[24]

фоилун фаълун.

 

Ин шеър дар вазни маъмули хафифи мусаддаси махбуни мақсур (ё аслам) буда, шакли асосии он чунин аст:

фоилотун мафоилун фаълун

—V— —V —V — — —

Дар ин пораи шеър мавқеи задаҳои мантиқӣ ва задаҳо дар калимоти хитобӣ хеле зӯр аст. Онҳо таассурот, ҳиссиёти пуршӯру ғалаён, хашму ғазабро хеле пурқувват ва пуртаъсир ифода карда, барои мустақилии ибораҳо ва дар алоҳидагӣ ба тамомияти маънавӣ ва ҳиссӣ гирифтани калимаҳо имкон дода, ба ин восита оҳанги маъмулии вазнро низ дигар кардаанд. Агар аз шеърҳои дар ҳамин вазн гуфтаи шоирони классик порае орем ва онро бо мисраъҳои боло муқоиса кунем, мавқеи дигар доштани задаҳои шеъри Пайрав хеле аён ба гӯш мерасад. Порае аз ғазали Ҳофиз:

 

Дил саропардаи муҳаббати ӯст,

Дида оинадори талъати ӯст,

Ман, ки сар барнаёвам ба ду кавн,

Гарданам зери бори миннати ӯст.

Туву тӯбиву мову қомати ёр,

Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст.

Даври Маҷнун гузашт, навбати мост,

Ҳар касе панҷрӯза навбати ӯст[25].

 

Ҳар як калима ибора ва ё қисмати мисраи шеъри Пайрав Сулаймонӣ як тамомияти ҳиссӣ ва маъноӣ дошта, оҳанги дигари хонишро мехоҳад. Агар ба ин задаҳои мантиқиро, ки ба калимот ва ибораҳо тамомият мебахшад, афзоем, маълум мешавад, ки ин пораи шеърро ҳаргиз ба оҳанги маъмулии вазни он, чунонки ғазали Ҳофизро мехонем, хондан дуруст нахоҳад буд.

Дар ташкили вазнии шеърҳои «Рамузи ҳаёт», «Дасти булӯрин», «Дар фироқи дасти булӯрин», «Якуми Май», «Марши пионерон», «Навиди Вахшстрой» низ ҳамин гуна тозакориҳо мавқеъ доранд[26].

Дар ҳамон шеърҳои Пайрав Сулаймонӣ, ки дар вазни онҳо тозагиҳо дида мешавад, калимот аксаран дорои задаи устувор ё мантиқӣ буда, онҳо бештар калимаҳои хитобӣ, нидо, таҳайюр ва ифодакунандаи шӯриш ва ангезиши ҳиссиётанд.

 

Дасти нозук,

латиф,

соф,

булӯр

Ҷониби ман дароз шуд,

ҳайҳот!

Даст не,

даст не –

Румузи ҳаёт!

- Ку ҳамон?

Ку таноби имрӯзӣ?

Ку, куҷо шуд?

Чаро ба гардан нест?

- Оҳ, афсӯс!

Сад ҳазор афсӯс![27]

 

Дар омади сухан бояд қайд кард, ки ин шеър боиси баҳсҳо шуда, баҳоҳои гуногун гирифтааст. Аз ҷумла М. Явич ба он баҳои манфӣ дода, дар ин шеър танҳо ба як нигоҳ ошиқшавии шарқиро мебинаду бас[28].

Вале ҳақ ба ҷониби С. Табаров аст, ки менависад: «... қимати ин шеър, пеш аз ҳама дар муносибати нави инсонӣ, тарзи нави образэҷодкунӣ ва дар ҷустуҷӯи шаклҳои нави ашъори лирикӣ дар назми тоҷик мебошад»[29].

Дар бораи ақидаи М. Явич дар бораи ин шеър гуфтан даркор аст, ки ошиқ шудан ғарбию шарқӣ надорад ва ба як нигоҳ дил бохтан ҳаргиз боиси маломату мазаммат нест ва, махсусан, дар шеъри лирикӣ, ки ба табиати он ифодаи эҳсосоти яклаҳзагӣ хос аст.

Масалан, шеъри машҳури Пушкинро гирем:

 

Я помню чудное мгновенье:

Передо мной явилась ты.

 

Как мимолетное виденье,

Как гений чистой красоты.

Агар аз рӯи ин гуфтаҳои М. Явич ба шеърҳои лирикӣ баҳо дода шавад, қариб ба ҳамаи онҳо нуқси «ошиқшавии яклаҳзагии шарқӣ»-ро мансуб донистан мумкин аст, ҳол он ки дилнишинӣ ва таровати шеъри лирикӣ дар ифодаи ҳамон ҳиссиёти яклаҳзагист.

Ин чиз шояд дар баъзе ҳолатҳо дар достон нуқс дониста шавад, вале на дар шеъри лирикӣ. Ин хусусият ба асолати шеъри лирикӣ созвор аст.

Ба ғайр аз ин, қайд кардан зарур аст, ки як вазн на фақат дар истифодаи шоири классик ва ё муосир оҳанги мутафовити ритмӣ пайдо карданаш мумкин аст, ин ҳолат метавонад дар эҷодиёти як шоир ҳам ҷой дошта бошад. Ин ақида, масалан, дар мисоли се шеъри Пайрав Сулаймонӣ «Асира ё худ исён», «Дасти булӯрин» ва «Дар фироқи дасти булӯрин», ки дар як вазн (хафифи мусаддаси махбуни мақсур (ё аслам)) эҷод шудаанд, тасдиқ мешавад. Дар шеърҳои «Дасти булӯрин» ва «Дар фироқи дасти булӯрин», ки ифодаи ҳиссиёт ва таассурот ба ҳам монандӣ доранд, онҳо аз ҷиҳати зарбу ритм низ ҳамоҳанг садо медиҳанд.

Пораи аввал аз шеъри «Дасти булӯрин».

 

Дасти нозук

латиф,

соф,

булӯр,

Ҷониби ман дароз шуд,

ҳайҳот!

Даст не,

даст не –

Румузи ҳаёт!

- Ку ҳамон?

Ку таноби имрӯзӣ?

Ку, куҷо шуд?

Чаро ба гардан нест?

- Оҳ, афсӯс!

Сад ҳазор афсӯс!

 

Пораи аввал аз шеъри «Дар фироқи дасти булӯрин»:

 

Баҳри чӣ?

Он итобу нозу ғурур,

Баҳри чӣ, баҳри чист,

ин дастур?

Аввал эҳсону баъд аз он ҳиҷрон,

Маст кардиву баъд аз он махмур,

Таъна то чанд ҷои меҳру вафо?

Захм то кай ба синаи ранҷур?

Тори зулфат каманди хеш кушод,

Дил ба қайди ту дастбаста фитод,

Дасти нозук,

латиф,

соф,

булӯр...

Дур шуд...

дур шуд

зи ман...

ҳайҳот!

Даст не...

даст не...

румузи ҳаёт[30]...

 

Аз ин ду пора хуб мешунавем, ки оҳанги онҳо нозуки ошиқона, оҳанги ранҷиш ва таассуф аст, вале дар шеъри «Асира ё худ исён», чунонки аз номаш ҳам пайдост, як оҳанги таркандаи хашму ғазаб баланд садо медиҳад, ки ҷо-ҷо бо «Нолаи дилхарошу савти ҳазин» ва «Илтиҷои хафифу аҷзи анин» низ меомезад. Вале ташкили ритмии шеър асосан ба ҳамин як оҳанги зӯри тарканда аст.

 

Аҷабо!

Ин чӣ саҳнаи мудҳиш,

Чист афтода?

Духтаре мадҳуш...

Ҳамла оварда кист, ҳон?

Эй дод!!!

Дев!

Ифрит!

Ваҳшии хунхор!..

... Нолаи дилхарошу савти ҳазин –

Алъамон!

Дод! Тавба! Истимдод!

Гиряву лоба,

зорию фарёд...

Илтиҷои хафифу аҷзи анин...

Ку даҳо?

Ку ҳимоя?!

Ку имдод?!

Ку тараҳҳум?

Хароб шав!

Барбод![31]

Аз ин се шеъре, ки дар вазни арӯз эҷод шудаанд, чӣ тавре ки қайд шуд, ду шеър аз ҷиҳати ритму оҳанг ба ҳамдигар қаробат доранд, вале дар арӯз кам чунин воқеъ мешавад, ки ду шеъри дар вазнҳои гуногун гуфта як хел ва бо як оҳанг садо дода бошанд. Албатта, дар ин ҷо баъзе вазнҳое, ки аз ҷиҳати таркиб ва тартиби ҳиҷоҳо ба ҳам монанданд, масалан, аз қабили вазнҳои рамали мусаддаси маҳзуф, ки афоил ва нақшааш чунин аст: фоилотун, фоилотун, фоилун — V — — / — V — — /— V — ва сареи мусаддаси матвии макшуф, ки афоил ва нақшааш ба ин тариқ аст: муфтаилун муфтаилун фоилун — VV — / — VV — /— V — ва баъзан ҳангоми сабуктар хондани аввал ва вазнинтар хондани баъдина ритми якхела пайдо мекунанд, ба эътибор гирифта нашудаанд. Чунки онҳо, вақте ки ба ҳам монанд мешаванд, чун як вазн садо медиҳанд.

Ҳамоҳангии шеърҳои дар ду вазн иншошударо на ҳамонандии мавзӯъ, ҳиссиёт ва на монандии воситаҳои тасвир таъмин карда метавонанд, чунки «чигунагии таъсири ҳиссии ритми шеър пеш аз ҳама аз таркиби интонатсионии он, аз воҳидҳои иборагӣ вобаста аст»[32].

Чанд шеъри дар як вазн гуфташуда маҳз ба хизмати ҳамин таркибҳои интонатсионӣ, чунонки дар шеърҳои Пайрав Сулаймонӣ буд, аз ҳамдигар мутафовит садо медиҳанд. Агар ҳамонандии таркибҳои интонатсионӣ дар шеърҳои дар вазнҳои гуногун гуфта, барои ҳамоҳангии ин шеърҳо хизмат кунад, гуногунии вазн ин монандиро барҳам мезанад. Вале гуногунии оҳанги ҳар вазнро эътироф кардан маънии онро надорад, ки ба ҳар вазни арӯз як оҳангро нисбат дода, онро ба ифодаи фақат як ҳиссиёт шодӣ, андӯҳ, тантана ва монанди инҳо қобил донисту бас.

Имкони дохилии ритмии авзони арӯз бештар аз он аст, ки гумон меравад. Агар чунин нисбат раво бошад, ҳар яке аз авзони арӯз ба дастаи машшоқон монанд аст. Ин дастаи машшоқӣ бо афзудан ва ё кам кардан ва ё дигаргун кардану ритму зарб чандин оҳангро метавонад бинавозад, ки ифодаи ҳиссиёт дар онҳо ҳаргиз ба ҳамдигар монанд набошад. Вазни арӯз ҳам ҳамин тариқа аст. Он оҳанги маъмулие, ки мо аз замзамаи афоилу тафоили ягон вазни арӯз ҳосил мекунем, танҳо яке аз оҳангҳои он аст, ки он лаҳза ба гӯши мо мерасад. Бинобар ин «... оҳанги ҳар як аз баҳрҳои арӯз барои анҷом додани вазифаи муайяне хизмат мекунад ба монанди шодӣ, ҳаяҷону шуҷоат, андӯҳгинӣ ва ҳоказо...»[33] гуфтан набояд чандон дуруст ва ҳукми қатъӣ бошад.

Як вазнро барои ифодаи танҳо як ҳиссиёт ва ё як мақсад қобил донистан дар асл имкони дохилии вазнро рад кардан аст. Ба онҳое, ки вазифа ва имкони вазни мутақорибро танҳо аз ифодаи тантана ва ҳарбу зарб медонанд ва ба ин маънӣ ҳамеша «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро мисол меоранд, ҳаминро бояд ёдовар шуд, ки лаҳзаҳои ишқварзии қаҳрамонони ин шоҳкори бузург, саҳнаи бо дасти падар кушта шудани Суҳроб ва сӯгвории Рустам ба марги писари худ, ки дар адабиёти башарӣ аз дилхароштарин лаҳзаҳост ва ҳамчунон боби ҳаҷв дар ҳаққи Султон Маҳмуд, ки аз омезиши хориқулоддии ғаму андӯҳ, хашму ғазаб, кину ситеза, сарбаландию шикастагии шоири бузург иншод шудааст, ҳама дар ҳамон вазни мутақориб гуфта шудаанд. Бешубҳа, ин бобҳо ҳама оҳанги хосе доранд ва ҳамон вазни мутақориб барои ифодаи ҳиссиётҳои гуногун хизмат кардааст.

Ба ифодаи ягон ҳиссиёт ва ё мундариҷаи муайян қобил шудани вазни арӯзӣ на фақат аз хусусияти дохилии он, яъне аз такрори мураттаби ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ вобаста асту бас. Ин чиз ба худи асари манзум, ба низоми интонатсия, таркиби луғавию образҳои он алоқа дорад, ки дар яке аз вазнҳои арӯзӣ гуфта шуда, онро ба таъсири худ дароварда аст. Танҳо ба ҳамин маънӣ, яъне бе дигаргунии шаклӣ, бе тағйири миқдор ва тартиби рукнҳо дар шеър дар бораи мазмун ва оҳанги нав гирифтани вазнҳои анъанавии арӯз сухан рондан мумкин аст.

Ҳамин тавр, баъзан дар назария ба ин ё он вазни арӯз ифодаи танҳо ягон оҳанги ҷудогона нисбат дода шавад ҳам, таҷрибаи эҷодӣ ба ноқисии ин андеша далолат мекунад. Барои тасдиқи ин фикр мо дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ мисолҳои бисёр пайдо мекунем. Тозакориҳои ӯ низ дар вазн маҳз дар дохили арӯз ба воситаи афзудани комилҳуқуқии калима ва ибора, таркибҳои интонатсионӣ ва задаҳои мантиқӣ сурат гирифтааст.

Ҳабиб Юсуфӣ дар шеърҳои «Интиқом», «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар», «Муҳаббат ва ҳақиқат» ва як силсила шеърҳои дигараш аз ин воситаҳо бо маҳорати том истифода карда, шеърашро тозаоҳанг сохтааст.

 

Оре, ҳаёт, ишқ,

садоқат, бародарӣ

Чун модар,

ин ҳама суханони муқаддасанд!

Лек, интиқом,

ту ба ман ин дам зи ҳар сухан

- Қиматтару азиз,

муқаддастару баланд!

 

Ин мисраъҳо аз шеъри «Интиқом»-и Ҳабиб Юсуфист, ки ба вазни музореъи мусаммани ахраби макфуфи мақсур (ё маҳзуф) гуфта шудааст ва ин вазн дар шеъри классикӣ ва, махсусан, дар ғазал хеле маъмул аст. Он чунин тақтеъ мешавад:

Мафъӯлу фоилоту мафоӣлу фоилон

— — V/ — V —V/V — — V/ —V —

Барои он ки тафовути ритмии ин шеър аз оҳанги аслии афоили ин вазн ва шеъри ба ҳамин вазн гуфтаи шоирони классик аён шавад, пораеро аз ғазали Ҳофиз меорем:

 

Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,

Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳони шуд ба коми мо.

Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,

Эй бехабар, зи лаззати шурби мудоми мо.

 

Ҳарчанд дар ин чаҳор мисраи ғазали Ҳофиз 30 калима ва дар пораи шеъри Ҳабиб Юсуфӣ 24 калима истифода шудааст, вале миқдори таркибҳои интонатсионӣ дар шеъри Ҳабиб Юсуфӣ бештар аст. Ин тафовути миқдорӣ дар шумораи таркибҳои интонатсионӣ боиси гуногунии ташкили овозии пораҳо шудааст. Азбаски сохти фонетикии забон ҳаргиз як хел нест ва ин ду пора ҳам аз ҷиҳати таркиби овоз ба ҳам фарқ дорад, ҳангоми талаффуз аз ҳам мутафовит садо медиҳад. Аз ин бармеояд, ки нақшаи ин вазн, ки он бо аломатҳои шартии (–) ҳиҷои дароз ва (V) кӯтоҳ ишора мешавад, тамоми тобишҳои ритми шеърҳоеро, ки ба ин вазн гуфта шудаанд, ифода карда наметавонад. Пас, ритми шеър ба ғайр аз талаботи нақша ва афоилу тафоили он аз таркиби овозии шеър, аз табиат ва хусусияти калимоти он низ вобаста аст. Азбаски таркиби луғавии шеъри Ҳабиб Юсуфӣ ба пораи ғазали Ҳофиз ва ҳамчунин мундариҷаи ҳиссӣ ва завқии онҳо аз ҳамдигар фарқ доранд, як вазн дар ду ҳолат – дар шеъри Ҳабиб Юсуфӣ баланду мутантан ва дар ғазали Ҳофиз пасттару хафиф садо додааст. Вале на дар шеъри аввал ва дуюм оҳанги вазн барои ифодаи ин ду ритми тафовутнок мухолиф наафтода, баръакс созиш кардааст.

Азбаски дар ғазали Ҳофиз миқдори таркибҳои интонатсионӣ камтаранд, ки натиҷаи камии мустақилияти калимот мебошанд, ҳангоми хондан мавзунӣ ва тараннумро ба вуҷуд меоваранд, дар шеъри Ҳабиб Юсуфӣ бо афзудани мустақилияти калимот миқдори таркибҳои интонатсионӣ низ зиёд шуда, ба шеър оҳанги минбарӣ мебахшанд.

Дар шеъри Ҳабиб Юсуфӣ мустақилияти маъноию наҳвии калимот қавист, он шаклан ҳам таъкид ва на фақат ба зинаҳо тақсим карда шудаанд, балки дар ҳолати сарфии онҳо низ пайдост. Масалан, калимаҳои ҳаёт, ишқ, садоқат, бародарӣ аз ҳамдигар бо вергул (,) ҷудо карда шуданд, ҳол он ки онҳо метавонистанд бо пайвандаки пайвасткунандаи «у» ҳам пайваст шаванд, ки ба вазн халале намеоварад. Дар мисраи дуюм бошад ибораи «чун модар» аз рӯи талаботи вазн бояд бо ишоратҷонишини «ин» ҳамроҳ чун мода-рин хонда мешуд, вале шоир ибораи чун модар -ро ба зинаи дигар ҷудо карда, алоҳида хондани онро таъкид кардааст. Калимаҳое, ки задаи мантиқӣ доранд, одатан бепайвандак, чида шуда меоянд ва мустақилияшон ҳам бештар буда, дар алоҳидагӣ ҳам метавонанд бори як ҷумлаи сераъзоро кашанд.

Дар ғазали Ҳофиз ритми вазни арӯзӣ оҳанги ғазалро муайян ва дар шеъри Ҳабиб Юсуфӣ оҳанг, мундариҷаи калимот ва таркибҳои интонатсионӣ ритми вазни арӯзиро таъмин кардаанд.

Ба тозагӣ пайдо кардани арӯзи анъанавӣ дар эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ ва Ҳабиб Юсуфӣ, махсусан, оҳанги қавии минбарӣ доштани равияи услубии онҳо сабаб шудааст. Тозакориҳои онҳо асосан дар дохили вазни арӯз сурат гирифтааст.

Минбаъд ин тозакориҳо аз дохили нақшаи маъмулии вазн (на аз системаи вазни арӯз) берун баромад. Ин таҷаддуд дар назми муосир бештар бо номи «арӯзи озод» маъруф шуд. Чунонки зикраш рафта буд, намунаи ин гуна шеърро, яъне шеъреро, ки бо арӯзи озод гуфта шудааст, устод С. Айнӣ эҷод карда буд. Ҳарчанд ки таърихи арӯзи озод ба аввали аср мерасад, вале ҳақиқат ин аст, ки дар нимаи асри бист ин тамоюл давоми бевоситаи он навҷӯии пешин набуда, ба андозае метавон гуфт, ки аз сари нав ба зуҳур омад. Аз ин рӯ, инкишофи арӯзи озодро дар эҷодиёти шоирони муосир танҳо дар заминаи арӯзи озоди аввали аср донистан масъалаи мушкил ва мураккабро як андоза осону сабук нишон додан аст. Ин ақида ба ғайр аз дар таҷрибаи эҷодӣ тасдиқ нашуданаш нуқси дигаре дорад, ки инкишофи адабиётро зоҳиран ба як маром, пайваста нишон доданӣ шуда, қонуниятҳои инкишофи адабиро танҳо дар дохили худи ҳаёти адабӣ меҷӯяд ва дар натиҷа омилҳои дигари объективӣ аз назари эътибор соқит мешаванд. Арӯзи озоди имрӯз ва таҷаддудҳои вазнии солҳои бистуму сиюм ҳодисаҳои адабии якранг набуда, ба ҳам тафовут доранд. Арӯзи озод нисбат ба гузаштаи худ ба ҳозирааш сахттар пайвастааст ва решаҳои он ҳам ба замини назми имрӯз фурӯ рафтаанд.

Муъмин Қаноат тозакориҳои худро дар вазн аз гуногун овардани миқдори рукнҳо оғоз кард, ки он дар шеъри «Мавҷ дар пешонаи поки Тарас» (аз достони лирикии «Мавҷҳои Днепр») ба тариқи пурра сурат гирифт. Миқдори мисраъҳои ҳар пораи ин шеър аз рӯи ихтиёри шоир ва бо талаби андеша ва эҳсосоте, ки бояд баён шавад, муайян мегардад. Ҳамчунин миқдори рукни ҳар мисраъ. Дар қисмати калони оғози шеър, ки аз бисту як мисраъ иборат аст, як усули каму зиёдии рукнҳо риоя шудааст. Мисраи якум ба ду бор «фоилотун» баробар буда, мисраи дуюм ба ду бор «фоилотун» ва як «фоилун» мутасовӣ омада, дар мисраи сеюм ва чорум боз ҳамин тартиб такрор мешавад.

 

То наҷӯяд ростиро,

То нагӯяд рост дар дунёи каҷ,

Асри сангин, ҳукми нангин

Шоири озодро сарбоз кард.

— V — — / — V — —

— V — — /— V — — / — V —

— V — — / — V — — /

— V — — /— V — — / — V —

Дар мисраъҳои минбаъда ин усули мураттаб риоя нашавад ҳам, дар ташкили вазнии шеър қонунияти ягона ба назар мерасад. Ҳар мисрае, ки дар он ифодаи андешаю эҳсосот ба охир мерасад ва пас аз он исте ба миён меояд, бо зиҳофи «фоилун», яъне маҳзуфи баҳри рамал тамом мешавад.

Ташкили вазнии шеъри «Мавҷи ханда» ҳам ба ҳамин усул қаробат дорад. Дар ин шеър усули дар банди аввал пешгирифта то охир асосан ба як низом давом дода мешавад. Танҳо дар ду ҷои шеър тартиби пешинаи мисраъҳо дигаргун мегардад. Мисраи якум ва дуюм рукни фоилотуни баҳри рамал ва мисраи сеюм дар шакли фоилотун фоилотун фоилотун омада, ба ин ду мисраъ тамомияти ритмӣ мебахшад.

Чунонки маълум аст, аз чаҳордаҳ баҳри аслии арӯз панҷтои он (ҳазаҷ, раҷаз, рамал, мутақориб, мутадорик) бо рукнҳои аслиашон истифода мешаванд. Аз тадқиқоти бисёр арӯзиёни қадиму кунунӣ ва ҳамчунин аз таҷрибаи имрӯза бармеояд, ки ин баҳрҳо бо рукнҳои аслиашон ва махсусан, рамал, мутақориб ва мутадорик хеле камистифодаанд. Сабаби инро арӯзиён аз нохушояндии онҳо донистаанд. Ҳақиқатан, махсусан, баҳрҳои фаръии рамал нисбат ба шакли солими он хеле хушоянд ва гӯшнавозанд. Агар ин тавр аст, пас, чаро Муъмин Қаноат, ки шеърро хеле хушоҳанг ва мавзун мегӯяд, маҳз ба рукни солими ин вазн шеър гуфтааст? Аввалан, ритме, ки аз такрори афоили ин баҳр пайдо мешавад ба андозае вазнин аст:

Фоилотун фоилотун фоилотун фоилотун

Сониян, мавзӯи шеъри «Мавҷи ханда», ки дар тазоди ду тақдири ба ҳам зид – хушбахтии Катеринаи муосири мо бо бадбахтии Катеринаи Т. Г. Шевченко инкишоф меёбад, як оҳанги батамкини баёнро хостааст. Дар ин шеър, ки ҳиссиёти лирикӣ суҷет пайдо кардааст, баъзе унсурҳои ҳикоят барои ифодаи пайдарҳами воқеа ёрӣ кардаанд. Ин ҷо шеърияти наср ба оҳанги шеър таъсири пурсамар гузоштааст. Мисраъҳо дар таъсири ритми озод, табиӣ ва, дар айни ҳол, шоиронаи наср аз якнавохтӣ озод гашта, ба андозае, ки ба оҳанги наср наздик мешаванд, ҳамон қадар бештар аз шеърияти худ хабар медиҳанд.

Диққати кас ҳангоми хондани шеър на ба ҳиҷо ва калима, балки ба гурӯҳи калимаҳо, ибораҳо ҷалб мешавад. Аз ин рӯ, ба ритми шеър нисбат ба порчаҳои тараннумӣ ибораҳо бештар таъсир мекунанд.

 

Монд кӯдакро ба соҳил

Ӯ ба рӯи сабзаи тар,

Гашт берун аз қабо озода пайкар.

Ханда карду рафт тозон

Сӯи дарёи хурӯшон,

Пайкари покиза шуд дар мавҷ пинҳон.

Дида ин ҳолат, баногаҳ

Нола аз ҷонам баромад,

Пеши чашмам даҳшати дирӯза омад.

 

Дар мисраъҳои боло пораҳои наҳвӣ (синтагмӣ), ки яке бар дигаре нисбатан дарозу кӯтоҳ ҳастанд, ба хосияти ибораҳои наҳвии наср қаробат доранд ва дар шеър ба ритми маъмулии вазн тозагӣ бахшидаанд. Вале набояд чунин тасаввур кард, ки тозакориҳои Қаноат дар вазн доимо чунин хусусият доранд. Дар шеърҳои дигаре, ки ташкили вазнии онҳо низ тозагӣ дорад, баръакси мушоҳидаи пешина ба ҳам мувофиқ омадани ибораҳои навҳӣ фаровонанд. Ин ибораҳои наҳвӣ барои ифодаи пуршӯру ҳаяҷони эҳсосот ҷуфт-ҷуфт истифода мешаванд. Азбаски онҳо одатан як оҳанги шадид доранд, ҳаргиз якнавохт ба гӯш намерасанд. Ин гуна пораҳои наҳвии ҷуфт дар шеърҳои «Дар паноҳи шохсорон», «Нарав, қуи сафеди ман», «Қатли Восеъ», «Давоми нек роҳатро», «Гули Бодом» ва шеърҳои дигари ӯ вазифаи ифодаи шадиди ҳиссиёт ва ташкили пуробутоби ритмиро хеле хуб баҷо овардаанд. Дар шеъри «Дар паноҳи шохсорон» зиёда аз нуҳ байти он бо ҳамин тавр ибораҳои наҳвии мутавозӣ омадаанд. Масалан,

 

Ҳукумат аз сари минбар,

Хиёнат аз паси чодар,

Сипоҳӣ дар замину бешаю дарё,

Ҳама як роҳро пӯё,

Ҳама Ленинро ҷӯё,

Ки гардад инқилоби қавмҳо бесар.

 

Дар «Гули Бодом», ки дар шакли монологи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Саидаҳмад Каримов навишта шудааст, такрори ибораҳои наҳвии барои ифодаи меҳри ҷӯшони қаҳрамон ба аспи худ – Гули Бодом хеле хуб хизмат кардаанд. Ин шеър бар вазни ҳазаҷи солим аст. Миқдори рукни мисраъҳо бар ихтиёри шоир буда, бештаринашон чор рукн ва камтаринашон як рукн доранд. Азбаски дар баъзе мисраъҳо рукнҳо шикаста мешаванд, ибораҳои наҳвӣ аз ҷиҳати тасвири графикӣ ба ҳам параллел, мувозӣ афтиданашон мумкин аст. Ҳангоми хондани шеър дар байни ин рукнҳои шикаста исте ба миён ояд ҳам, мисраъ, албатта, бо рукни солим ба охир мерасад ва параллелии ибораҳо равшан шунида мешавад.

 

Суми мармар,                    V — — —

думи мухпар,                      V — — —

Пари кафтар,                     V — — —

дави саросар,                        V — — —

Миёне дастаи ханҷар        V — — — / V — — —

Чи гардан,                            V — —

гардани духтар                   — V — — —

Аҷаб хушрӯю бозингар -    V — — — V — — —

Гули Бодом                         V — — —

Ба Волга бори аввал V — — —/ V — —

Чун садои тӯп бишнидӣ   — /V — — —/ V — — —

Чу тори чанг ларзидӣ,       V — — —/V — — —

Садо кардӣ,                          V — — —

Садо кардӣ,                          V — — —

Гули Бодом                         V — — —

Дар ташкили вазнии ин шеър ҷиҳатҳои фардии муносибати Қаноат ба вазни маъмули арӯзӣ ва тозакориҳои ӯ дар доираи ин вазн ба хубӣ зуҳур кардааст. Қаноат аз ҷумлаи онҳоест, ки дар назми муосир барои дигарсозии арӯз азми ҷазме доранд. Дар истифодаи Қаноат арӯз бо вуҷуди шикастану дигаргунсозиҳо аз он шакли анъанавии худ, ки ба қавли арӯзиён хеле вазни хушоянд ва мутаранним аст, боз ҳам хушояндатар ба гӯш мерасад. Пас аз ин ҷо он азме, ки мехоҳад арӯзро шикаста мутараннимӣ ва мусиқавияташро барҳам зада, ба он оҳанги ифодаи ҳиссиётро диҳад куҷосту бо вуҷуди шикастани арӯз ин гуна хушояндӣ аз куҷост?

Дар шеърҳои М. Қаноат агар рукн шикаста мисраи нав сар шавад ҳам, он мисраи дигар аз давоми рукни шикаста оғоз мешавад, яъне чунонки дар пораи боло ҷой дорад, агар мисраи аввал бо рукни «мафоилун» буда, бо «мафоӣ» тамом шуда бошад, мисраи сонӣ, албатта, бо «лун» «мафоилун» оғоз мешавад. Дар ин ҳолат пас аз мисраи аввал исте ба миён меояд, ки аз исти муқаррарии байни рукнҳо дарозмуддаттар аст ва вазн аз ҷиҳати нақша анъанавӣ бошад ҳам, ҳамин фосилаи вақт оҳанги маъмулии рукнҳоро ба андозае дигар месозад. Шоир рукнҳоро дар ҷое, ки ибора тамом нашудааст, намешиканад. Шикастани рукнҳо ба тамомият, оҳанг ва бардошти маънавии ибора вобаста аст. Ин ҳолат натиҷаи он аст, ки шоир нисбат ба баробарвазн овардани рукнҳо камтар аҳамият дода, рукнҳоро аз рӯи қонуни тамомияти оҳангию наҳвӣ месозад.

Ин воситаҳо дар ҳар шеър метавонанд ҳар хел бошанд, вале, бо вуҷуди ин, дар доираи эҷодиёти як шоир то андозае воситаҳои асосии ташкилкунандаи вазнро муайян кардан мумкин аст.

Аз бозе ки дар вазн тозакориҳо ба амал мепайванданд, доимо фикре баён карда мешавад, ки арӯз бо мусиқӣ қаробати наздик дорад ва ин хусусият барои ифодаи бехалал ва ҳамаҷонибаи ҳиссиёту таассурот имкон намедиҳад. Масалан, дар яке аз мубоҳисаҳои гузаштаи «Шеъри нав» Баҳром Сирус дар мақолааш барои сохтани вазне, ки «Дар асоси талаботи сохти забони мо бино ёбад, на дар асоси унсурҳои ритми мусиқӣ, ки вазни арӯз дар асоси он мусиқии қадим бино ёфтааст»[34] даъват карда буд. Аммо иштирокчии дигари мубоҳиса Жола Бадеъ ба ин суханон «вазни наве, ки талаб карда мешавад, тамоман хаёлӣ ва номаълум аст»[35] – гӯён эрод гирифта буд.

Масъалаи арӯз ва мусиқӣ тадқиқоти алоҳидае мехоҳад. Вале азбаски дар вақтҳои охир мусиқавияти арӯз яке аз норасиҳои вай ва садде барои ифодаи ҳамаҷонибаи эҳсосот дониста мешавад, лозим аст, ки ба ин масъала андешида, андозаи ин қаробат нишон дода шавад, то шоирони навҷӯ барои дур андохтани ин садди даргумон беҳуда қувва сарф накунанд.

Мусиқие, ки аз хондани шеър бармеояд, кайҳо он мусиқие нест, ки замонҳои пеш аз ин буд ва дар ҳамон давра ҳам мусиқии шеър аз мусиқӣ ҳамчун ҳунар фарқ мекард. Пайдоиши шеър зотан аз суруд аст, ки бо мусиқӣ пайванди қавӣ дошт. Ҳатто дар давраи румиёни қадим, чунонки Ситсерон қайд мекунад, навъи шеърҳое мавҷуд буданд, ки фақат бо ҳамовозии най ҳамчун шеър дарк карда мешуданд[36]. Ҳолати ба ин монанд дар Ҳиндустон ҳам ҷой дорад. Дар он ҷо то ҳол лирика ба оҳанг ё мад кашида хонда, шеърҳои эпикӣ суруда мешавад[37]. Яъне як замон мусиқӣ на танҳо ба шеър пайванд доштааст, балки гоҳо шеър бе мусиқӣ шеър ҳам шинохта намешудааст. Агар ҳамин тавр ҳам ҳаст, ин далели он нест, ки дар асрҳои баъд ин қаробати наздик барҷо монда бошад. Қонунияти вазнӣ ва арӯз замоне сурат гирифт, ки шеъру мусиқӣ ҳамчун ду навъи ҷудогонаи санъат комилан шакл гирифта буд. Аз ҳамин рӯ, ритми мусиқӣ наметавонист барои сурат гирифтани арӯз воҳиди асосии ченак бошад.

Он ритме, ки ҳангоми сурудани шеърҳои арӯзӣ пайдо мешавад, бештар дар натиҷаи такрори мураттаби ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ ба вуҷуд меояд, то аз таъсири ритмҳои мусиқӣ. Ин гуна мусиқавият на танҳо дар шеъри арӯзӣ, балки дар шеъри ҳамаи халқҳое, ки системаи вазнии онон дар асоси такрори мураттаби ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ сохта шудааст, ҷой дорад.

Бинобар ин барои ифодаи ҳиссиёти пурошӯб ва гуногуноҳанг мусиқавияти арӯзро садди асосӣ донистан дуруст нест. Зеро на танҳо шеъри арӯзӣ, шеъри ҳиҷоӣ ҳам мусиқавият дорад ва суруда мешавад. Мисоли ин «Гӯрғулӣ» ва гӯрғулихонии тоҷикист. Пас, ритми шеъри арӯзӣ аз мусиқӣ фарқ дорад. Ҳоло дар як шеъри Лоиқ унсурҳои ритми шеърро нишон дода, ба ин восита фарқияти онро аз ритми мусиқӣ алоқадри ҳол муайян мекунем:

 

Ҷонам чӣ хоҳад аз рӯзгорон?

Навбатгузорӣ бо ҳақгузорон,

Бо сӯзи пинҳон ёд оварам ман

Аз ашки ёрон дар рӯзи борон.

Бо худ ситезам бе худ ситезам,

Коре надорам бо кинадорон.

Чун тангчашмон дунё наҷӯям,

Қисмат кунам дил бо дилфигорон.

Дар синаи ман ҷӯшад ҳамеша

Сад корзоре бекорзорон.

Одам ғанимат ҳар дам ғанимат,

Эй ҳамнасибон, эй ҳамҷаворон.

Вазни ин шеър мутақориби мусаммани аслам аст, ки аз чаҳор бор такрори фаълун фаӯлун дар як байт ҳосил мешавад, ки нақшааш чунин аст:

— — /V — — / — —/V — —

  1. Ин вазн яке аз он вазнҳои арӯзист, ки дар он ҳар мисраи шеър ба ҷуз ба рукнҳо тақсим шуданаш боз ба ду пораи баробар ҷудо мешавад ва ин суратро мегирад:

Фаълун фаӯлун / / фаълун фаӯлун

  1. Ҳар мисраъ аз ибораҳои сарфии тамомиятдошта иборатанд. Дар мисраъҳое, ки ибораҳо ба вазни порчаи тараннумии фаълун фаӯлун мутавозӣ ҳастанд, ин ду ибораи як мисраъ ҳамвазнанд.

 

Бо худ ситезам / / бе худ ситезам,

Коре надорам / / бо кинадорон.

 

Агар ҳар як ибораи дуюм ба пеш гирифта хонда шавад, дар ҳеҷ ҷои шеър ба вазн халале намерасад. Ин ҳам яке аз далелҳои ҳамвазнии дақиқи пораҳост.

  1. Шеър ҳангоми хондан ба рукнҳо ҷудо мешавад, ки дар байнашон ист доранд, вале дар ин шеър пас аз рукни аввали фаълун фаӯлун дар саропои шеър исти дарозтари доимӣ ҷой дорад.
  2. Жанри шеър ғазали анъанавист. Яъне, пас аз байти матлаъ мисраъҳо андар як қофиядор омада, ҳамоҳанг мешаванд. Ба ғайр аз ин, дар шеър қофияҳои дохилӣ фаровонанд: пинҳон, ёрон, борон, одам, ҳардам ва ғайра. Ба ғайр аз қофияҳо дар шеър калимаҳои ҳамоҳанг низ бисёранд, ки ҳангоми талаффуз онҳо ҳамоҳангии ритмиро таъмин мекунанд. Дар байти

 

Дар синаи ман ҷӯшад ҳамеша

Сад корзоре бекорзорон. –

 

як калима бо афзудани пешоянд ба ифодаи мафҳуми дигаре қобил мешавад, ки ба мафҳуми пешинааш муқобил аст. Дар мисраи дуюм асоси калимаҳо такрор гашта (корзори бекорзорон), аммо камбағалии лафзию маъноӣ падид наёмада, баръакс мисраъ пурмаънӣ ва хушоҳанг аст.

  1. Қофиябандии ғазал, аз як ҷиҳат, ритми муайянеро дар саропои шеър таъмин ва, аз ҷиҳати дигар, барои тамомияти маъноӣ пайдо кардани байт хизмат мекунад. Ҳамин тартиб, яъне дар ҳар як мисраи ҷуфт тамомият ёфтани маънӣ дар саропои шеър нигоҳ дошта мешавад.

Чунонки мулоҳиза шуд, барои тартиби рукн дар ин шеър чанд унсур истифода шудааст: миқдори баробар ва мураттаби ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ дар саросари шеър, ки дар он ду унсури ритмӣ иштирок дорад, яъне миқдори баробари ҳиҷо ва мураттабии ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ, яъне ритми вазни арӯз, ба ғайр аз ин, ритми пораҳои тараннумӣ (ин ҳам аз унсури ритми вазн), ритми ибораҳо (ин аз назари наҳви забон), ритми истҳо, ритми қофияҳо, ритми калимоти ҳамоҳанг, ритми байтҳо низ ҳастанд. Аз пайвастагии тамоми ин ритмҳо ритми ягонаи шеър ба вуҷуд меояд, ки барои ифодаи пурраи мундариҷа созгор мешавад. Яке аз воситаҳои асосӣ, ки ғазали классикиро ба вуҷуди гуногунмавзӯии байтҳояш рехта ва ҳамбаста месозад ва дар ин ғазали Лоиқ ҳам ҷой дорад, ҳамин ягонагӣ ва пайванди ритмист. Ин унсурҳои бисёри ритмӣ, ягонагӣ ва ҳамбастагии онҳо мусиқавияти шеърро афзуда, онро ба суруд наздик мекунанд.

Вале бо вуҷуди ин ритми арӯз ва мусиқӣ тамоман як нест. Масалан, вазн дар шеъри арӯзӣ аз мисраи аввал сурат мегирад, вале барои ба иштибоҳ роҳ надодан ва дуруст нишон додани мавзеи задаҳои мантиқӣ, ба ҷои ҳиҷои дароз омадани ҳиҷоҳои кӯтоҳ, онро аз рӯи як байт муайян менамоянд. Яъне ҳисоби вазни шеър дар ҳар мисраъ ба охир мерасад ва дар мисраи оянда аз сари нав сар мешавад. Ҳисоби вазн (ё ритм) дар мусиқӣ ҳар замон аз нав сар нашуда, он занҷирии давомдор аст. Сониян, дар шеър истҳои рукнӣ ва талаффуз вазнро дигар намекунанд ва аз ҳамин сабаб бар ҳисоби вазн ҳам гирифта намешаванд, дар мусиқӣ бошад, истҳо моҳияти асосӣ дошта, дарозу кӯтаҳии онҳо ба ҳисоб гирифта мешавад, зеро фарқияти як оҳанг аз оҳанги дигар ба чигунагии онҳо низ вобаста аст.

Акнун дар бораи масолеҳи шеър ва мусиқӣ. Ашёи шеър нисбат ба мусиқӣ хеле миллист. Бинобар ҳамин баъзан шеъри як забон ба гӯши онҳое, ки забонашон дигар аст, ба монанди наср мерасад. Вале мусиқӣ ҳама вақт чун мусиқӣ эҳсос мешавад. Сабаби ин танҳо дар он нест, ки дар шеър ва наср аз як ашё, аз калимот истифода мекунанд ва баъзан мумкин аст, шеъри як миллат барои миллати дигар чун наср садо диҳад. Аммо дар мусиқӣ ин тавр нест. Он бо ягон намуди дигари санъат маводи ягонаи истифода надорад. Решаи ин ихтилофот амиқтар аст.

Маводи шеър лафз аст. Унсурҳои асосии ритми онро ҳам он ташкил медиҳад. Ритми алфоз, ритми забон аст. Миллияти забон нисбат ба миллияти мусиқӣ бештар ва қавитар аст. Азбаски маводи ташкили мусиқӣ нисбат ба шеър ва забон умумибашарист, вай ба гӯши аксари миллатҳо ҳамчун мусиқӣ мерасад.

Аз ҷиҳати дигар, воҳиди ритмии мусиқии ҳамаи халқҳо асосан ба ҳамдигар баробаранд. Дар мусиқӣ чорякро ба ҳаштяк ва ҳаштякро бо шонздаҳяк ва ҳамин тавр то даме, ки гӯши инсон барои дарёфтани садо қобил аст, тақсим кардан имкон дорад. Вале дар шеър ва дар шеъри арӯзӣ ҳам воҳиди хурдтарини ченак ҳиҷо мебошад. Дар арӯз ба ғайр аз ҳиҷо, ки аз як садонок ва ё як садоноку ҳамсадо тартиб меёбад, боз ҳиҷое ҳаст, ки он аз як ҳамсадо ташкил шудааст. Ба монанди он ки дар калимаи мард ҳаст. Дар ин ҷо ҳарфи «д» агар бо ягон садоноки пас аз он меомада пайваст нашавад, он як ҳиҷои кӯтоҳро ташкил медиҳад: Мард – V. Дар арӯз ин воҳиди хурдтарини тақсимнашаванда аст.

Ҳамин ҳолат дар системаи вазнии шеъри забони дигар ба тариқи дигар аст ва маҳз ҳамин яке аз воситаҳои асосиест, ки системаи вазнии шеъри як халқро аз дигараш мутафовит мекунад. Дар ҳолате ки унсури вазни шеъри як халқ онро аз дигараш мутафовит месозад, унсури мусиқии халқҳо ба ҳамдигар наздик буда, боиси монандии онҳо мешавад.

Акнун боз ба сари ритми шеър бармегардем. Ҳамон равияи тозае, ки дар назми муосир бо номҳои шеъри нав, арӯзи озод, шеъри озод ва монанди ин ном бурда мешавад, маҳз барои кам кардани унсурҳои ритм дар шеър кӯшида истодааст. Вале ҳар чизе ки аз шеър дур андохта мешавад ба хотири чизи дигарест, ки ба назари шоир пураҳамияттар аст. Аз ҳамин сабаб аз ҳисоби камтар шудани унсурҳои ритм дар шеър унсури дигари он пурқувват мешавад.

Дар шеъри «Қарз»-и Лоиқ дар байни шумораи мисраи пораҳо таносубе нест. Пораи аввал аз панҷ мисраъ иборат буда, пораи дуюм аз бисту ҳафт мисраъ сурат гирифтааст.

 

Зи дарё омадам, аммо вуҷудам ташнаю тафта,

Бидеҳ як косаи обам,

Ки ман чун раҳгузар як лаҳзае истода

хоҳам рафт,

Ба ту аз кӯҳҳо, аз рӯдҳо асрор хоҳам гуфт.

Китоби кӯҳҳо бо ман, суруди рӯдҳо бо ман.

Ба ту аз бачагиам, бекасиям, хорузориям,

Зи ашки модарам,

Аз он бадарҳо рафта нон пурсиданаш,

Аз он калиди баста андар нӯги мӯҳояш,

Зи чарху дук,

Зи тӯри чашмбанд,

Аз тӯдаи хокистари гармаш,

Ки авлотар зи сад зартӯдаи ганҷи падар гӯянд,

Зи пои лухту урёни кафида, чарм гардида,

Зи дастони дурушташ,

вақти сила нозуку нармаш,

Зи кӯҳистон,

Зи тарма,

Аз танини найкашии боди саргардон,

Сухан бисёр хоҳам гуфт.

 

Дар ин пора дар байни мисраъҳо ритми ягонаи наҳвӣ ҳам нест, мавқеи истҳо ҳар дафъа аз рӯи талаботи дохилии мисраъҳо муайян шуда, ҷои доимӣ надоранд. Қофияҳо ҳам ҷо - ҷоянд, ки аз рӯи ихтиёри шоир омадаанд ва азбаски вазифаи моҳиятии қофияро камтар доранд, будану набуданашон камаҳамият аст. Рукнҳо дар шеър шикаста мешаванд ва баъзан мисраъҳо дар ҳамон шикастагӣ ба охир расида, мисраи дигар бо рукни нав сар мешавад ва гоҳо мисраи минбаъда аз давоми ҳамон рукни шикаста оғоз мегирад. Пас, чист ки ин пораро шеър мекунад ва ритмеро ба миён меорад? Пеш аз ҳама вазн. Сониян, ибораҳои ҳамоҳангу ҳамвазни дохилӣ, монанди аз кӯҳҳо, аз рӯдҳо, китоби кӯҳҳо ба ман, суруди рӯдҳо бо ман ва ғайра, яъне ритми ибораҳо. Азбаски дар ҳар мисраъ миқдори рукнҳо ба ихтиёри шоир аст ибораҳо шикаста намешаванд, бо тамомият доштани худ ритмеро ба вуҷуд меоранд. Пас аз мисраи панҷуми ин пора дар дувоздаҳ мисраъ ибораҳо паиҳам чида шуда меоянд. Номбарии ашёе, ки шоир дар бораи онҳо азми сухан бисёр гуфтан дорад, ритми зикрро ҳосил мекунад.

Агар дар ин пораи шеъри Лоиқ чанд унсури ритм ҷой дорад, дар шеъри «Ҳавас»-и Бозор Собир миқдори ин унсурҳо боз ҳам камтаранд:

 

Боз овораи айёми тамуз,

Боз хоҳони ҳавоҳои дигар

Ба ҳаво мегузаред аз назарам

Достакҳо, ҳама рӯз,

Ҳама пуршӯртар аз хотири ман.

Хоҳам имрӯз ба ҳамроҳи шумо,

синасафедони баҳор,

Бикушоям пару бол,

Равам он ҷо, ки маро шому саҳар

Нигаҳе мекобад,

Мезанад бӯса раҳи омаданамро ба умед...

Сипарам роҳи дароз,

Биравам деҳи шинос,

Бинишинам ба лаби боми падар,

Бинишинам ба сари дастниҳоли падарӣ,

Кашам овоз ба монанди шумо

Ва дар он гӯшаи сабз

Лонае аз гилу хошок кунам.

 

Аз унсурҳои ритм ин шеър пеш аз ҳама вазн дорад. Пояи ин вазн бар рамали махбун аст. Азбаски дар мисраъҳо миқдори рукнҳо баробар нестанд, вазни онро қатъиян муайян кардан мумкин нест.

Вазни ин шеърро бояд дар ҳудуди пораҳо муайян кард. Пораҳоро истҳои дароз аз ҳам ҷудо мекунанд ва бо ҳар яки ин истҳои дароз ифодаи як мазмун ҳам тамомият меёбад. Масалан, пораи аввал бо мисраи «ҳама пуршӯртар аз хотири ман» тамомият мепазирад, ки аз панҷ рукни фоилотун — V — — , чор рукни фаилотун VV — — ва панҷ рукни фаилун VV — иборат аст.

— V — — / VV — — /VV—

— V — — / VV — — /VV—

— V — — / VV — — /VV—

— V — — / VV —

— V — — / VV — — /VV—

Ҳамин тариқ ин шеър аз се пора иборат аст ва пораи дуюм бо мисраи «Мезанад бӯса раҳи омаданамро ба умед...» ва пораи сеюм бо мисраи «Лонае аз гилу хошок кунам» ба охир мерасад. Чунонки мулоҳиза шуд, ҳар пора дар доираи худ аз ифодаи як қисмати фикр ва эҳсосот иборат буда, тамомияте дорад. Ҳудуди ин пораҳо аз ҷиҳати хат бо нуқта (.) ва аз ҷиҳати оҳанг бо исти дарозе мушаххас мешавад. Боз як нишонаи шаклии мутаносибии пораҳо дар он аст, ки мисраъҳои пеш аз мақтаъ ба ду рукни фоилотун фаилун (— V — — /VV—) баробаранд. Дар натиҷа ин шеър аз пораҳои баҳамбаробар шакл мегирад, ки ҳар як порааш дар маҳдудаи як мавҷи ритмӣ гунҷоиш меёбад.

Дар ин шеър қофия ба маънои томаш нест, вале ҳамоҳангии дохилии калимаҳо ҳаст, ки вазифаи қофияро беҳтар адо кардаанд. Ба ғайр аз ин, ҳамаи мисраъҳо бо рукни фоилотун (— V — —) сар шуда, бо фаилун (VV—) ба охир мерасанд, ки ин ҳолат мутаносибии ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳро таъмин мекунад.

Кӯшиши аз ритмҳои маъмулӣ озод кардани вазн дар назми муосири тоҷик пеш аз ҳама бо гуногун кардани баробарии рукнҳо сурат мегирад. Дар ин қабил шеърҳо рукнҳо шикаста шаванд ҳам, мисраи баъдина аз давоми ҳамон рукни шикаста сар шуда, ба шакли пурраи ҳамон рукн ба охир мерасад. Дар ин тарзи истифода ритми маъмулии вазн дар дохили як сатр ва ё як байт дигар мешавад, вале дар саросари пора то андозае боқӣ мемонад.

Баробари ин тарзи дигари истифода аз вазн низ вомехӯрад. Рукн ва ё зиҳофоте, ки аз рӯи талаботи маъмулии вазн бояд пурра меомаданд, шикаста мешаванд, вале мисраи баъдина аз давоми он рукн ё зиҳоф ибтидо наёфта, аз рукн ва ё зиҳофи тоза оғоз мешавад. Ин тариқа шикастани вазн низ барои мақсадҳои муайян хидмат мекунад. Масалан, дар ҳамон шеъри «Қарз»-и Лоиқ чунин ҳолат ҷой дорад:

 

Ба роҳ!..

Эй ҷилваҳои якдамӣ,

бо ман напардозед,

Ки ман аз хеш баҳри хеш дорам тобути тилло!

Ту ҳам, эй хайрхоҳи ман,

Бихон аз ҳар нигоҳи ман

диламро,

Аёнам ҳамчу дастурхони марди камбағал,

бикшо!

 

Шеър аслан бар вазни ҳазаҷи солим аст. Вале дар мисраи панҷуми ин пора мавҷи ритмӣ баногоҳ мешиканад, зиёда аз ин рукне[38], ки дар он мавҷ мешиканад, аз рӯи хат ба зинаи дигаре гирифта шудааст. Бештарин бори маънии ин пора ба дӯши ҳамин рукн аст. Шоир онро ба зиначаи дигар гирифта, аз ҷиҳати оҳангу хат махсусан, қайд мекунад.

Мисоле, ки оварда шуд аз баҳри ҳазаҷ буд. Дар баҳри рамал ҳам чунин дигаргунсозиҳо ҷой доранд. Аксаран рукни аслии он бо зиҳофи маҳзуфаш «фоилун» меомезад. Вале дар баъзе шеърҳои Лоиқ рукни охир на танҳо ба шакли аслиаш, яъне «фоилотун» ва ё маҳзуфи он «фоилун» оварда мешавад, балки рукни «фоилотун» дар ҳиҷои аввал шикаста, мисраи баъдина ба рукни нав оғоз меёбад. Дар натиҷа ҳар мисраъ дорои як мавҷи ритмӣ шуда, дар назари аввал миёни онҳо ноҷӯрӣ ба гӯш мехӯрад ва ин ноҷӯрӣ барои мисраъҳоро як лаҳза, аз ҳамдигар ҷудо ва чуқуртар дарк кардан водор месозад. Порае аз шеъри «Бозёфт» (Ё ғазале барои худ):

 

Боз мисли кӯдаке, ки нав ба дунё омадаст,

Сахт медорам зи домони Замин.

То ба ман дар гардиши худ ёд орад

Ҷунбиши гаҳвораамро,

То ба ман андар сукути хеш бинмояд

Хуфтагоҳи модари бечораамро!

 

— V — — / — V— — / — V — — / — V—

— V — — / — V— — / — V —

— V — — / — V— — / — V — —

— V — — / — V— —

— V — — / — V— — / — V — — / —

— V — — / — V— — / — V — —

 

Чунонки ба гӯш мерасад, мавҷи ритми қариб ҳар мисраъ ҷудогона аст. Дуруст аст, ки мисраи дуюм ба андозае давоми мавҷи ритмии мисраи аввал мебошад, вале мисраи сеюм аз ду мисраи пешина батамом фарқ мекунад ва мисраи чорум низ бо вуҷуди бо мисраи сеюм бо рукнҳои якхела тамом шуданаш дар пораи дигар мавҷи ритмист. Ҳарчанд дар ин мисраъ рукнҳо пурра омадаанд, ритм ба якборагӣ бурида мешавад ва оғози мавҷи ритми мисраи панҷум ба мисраи сеюм монанд бошад ҳам охири он тамоман дигар аст. Ба замми ин, дар ин мисраъ рукни охир дар ҳиҷои аввалин -фо бурида мешавад ва ин ҳолат ритмҳоро аз ҳам дигар боз ҳам бегонатар мекунад.

Чи дар ин шеър ва чи дар бисёр шеърҳои дигари Лоиқ, ки бо арӯзи озод гуфта шудаанд, вазни рамал баръакси истифодаи пешиниён бештар бо рукни солимаш истифода мешавад. Чунки ин вазн ва, махсусан, маҳзуфаш хеле бисёр истифода шуда, ба гӯшҳо хеле ошно гаштааст. Ин ошноии қарин шеърҳоеро, ки дар онҳо мавқеи задаҳои маъноию оҳангӣ он қадар қавӣ нест, хеле якнавохт мекунад ва ин якнавохтӣ сабаби дарки сатҳии мазмуну мундариҷаи шеър мешавад. Аз ҳамин сабаб, онҳое, ки мехоҳанд якнавохтии авзони арӯзро барҳам зананд, аз ҷумла, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб ин вазн, яъне маҳзуфи рамалро бештар бо рукни солимаш омехта истифода мекунанд. Албатта, ин ба он маънӣ нест, ки дигар ҳама шеърҳои ба маҳзуфи рамал гуфта якнавохт ҳастанд ва онро бояд танҳо бо омезиш истифода кард. Ин аз қудрати шоир вобастааст.

Шеъри «Савганд»-и М. Турсунзода дар мусаммани маҳзуфи ҳамин баҳр аст. Вале дар натиҷаи истифодаи устодонаи ибораҳои халқии гуфтугӯӣ, кинояҳо, омезиши ифодаҳои баландоҳанги нотиқона ва романтикии маҳрамона, аз якнавохтии маъмулии ин вазн нишоне ҳам намондааст. Дар ҳақиқат, агар дақиқтар назар кунем, мебинем, ки ибора ва ё ифодаҳои ҳаҷман калону хурд, ки дар гуфтугӯи ҳаррӯза истифода мешаванд, аз ҷумлаи «солҳои сол», «мегуфтанд мардум», «мақсадат иҷро шавад», «ҷо ба ҷо тило шавад», «меҳнати бисёр дидам» ва дигарҳо бе ягон зӯрию фишор ба сохти забон ба шеър озодона дохил мешаванд. Дар шеъре, ки калимаю ибораҳо дар шакли муқаррариашон ба истифода мераванд, услуби беҳтарини бадеӣ шакл гирифта, ба ритми вазн ҳам таъсири хуб бахшидааст. Тақсимоти ибораҳои наҳвии мисраъҳои шеър низ хеле гуногун аст, ки оҳангҳои хоси талаффузро мехоҳад.

 

Солҳои сол

мегуфтанд мардум, ки:

ба мо

Бахту шодӣ мерасад

аз лайлатулқадр, –

аз қазо.

Дар шаби торик

нурафшон

                      гузар хоҳад намуд,

Аввали шаб, нисфи шаб,   

                                  майли сафар хоҳад намуд.

— V — — — V

— — — V — — —

— V —

— V — — — V—

— — V — —

 — V—

— V — — — V

— — —

V — — — V—

— V — —

— V—

— — V — — — V—

 

Чунонки ба назар мерасад, дар сохтмони вазни ин шеър на ин ки баробарии порчаҳои тараннумӣ, на ин ки оҳанги маъмулии композитсионии вазн, балки оҳанг ва тамомияти ибора ва ё калима асос шудааст. Дар натиҷа унсурҳои ритмии шеър камтар шуда, унсурҳои дигари мавҷуда барҷастатар намоён ва барои ифодаи пуртаъсир қобил гаштаанд.

Ин гуна истифодаи авзони маъмул вазнро аз якнавохтӣ халос карда, барои зудтар расонидани маънӣ ва ифодаи бетакаллуф мувофиқ месозад. Дар назми муосири тоҷик, дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукӯҳӣ ва он шоироне, ки дар шикастан ва ё бо ҳам омехтани авзони арӯзӣ он қадар зарурат намебинанд, навоварӣ дар ритми авзони арӯзӣ бар ҳамин усул давом дорад. Ин шоирон аз имконоти бисёри авзони арӯзӣ устодона ва эҷодкорона истифода карда, ба оҳанги маъмулии вазнҳои арӯз тозагӣ бахшидаанд.

Ба шаклҳои мавҷуда тозагие даровардан ба табиати шеър мухолиф набуда, яке аз талаботи зотии шеър ва замон аст. Воситаҳои тозаи ифода дар асоси ҳамин дигаргунсозиҳою эҷодкориҳо кашф мешаванд ва барои ҳарчи беҳтар, пурратару ҳаяҷонангезтар ифода кардани андешаҳои шоирона кӯмак ва шеърро аз якнавохтӣ дур менамоянд.

Аз ҳамин сабаб навҷӯиҳое, ки дар назми муосири тоҷик дар соҳаи вазн давом доранд, яъне дигаргун кардани ритми вазнҳои маъмул, мутаҳаррик кунонидани ҷои зада, миқдори рукнҳо, каму бисёр овардани ҳиҷо дар рукнҳо дар намунаҳои беҳтарини худ, ҳама, барои гуногунӣ ва боигарии шакли шеъри муосир хидмат мекунанд. Чунонки аз мисолҳои таҳлилшуда бармеояд, тозаҷӯиҳо дар вазни арӯз ҳам дар баҳрҳои аслӣ (ҳазаҷ, рамал) ҳам дар баҳрҳои фаръӣ таҷриба мешаванд. Аз баҳрҳои фаръӣ махсусан, музореъ дар истифодаи шоирони муосир бештар ба назар мерасад.

Болотар зикр шуда буд, ки ин яке аз вазнҳои маъмултарини ғазали классикӣ буд. Сабаби ҳам дар гузашта ҳам дар назми муосир серистифода будани ин вазнро аз табиати он ва аз тартиби ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ дар он бояд донист. Нақшаи аслии ин вазн аз 6 (шаш) ҳиҷои кӯтоҳ ва 8 (ҳашт) ҳиҷои дароз иборат аст. Чунонки мебинем, тафовут миёни ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ он қадар бузург нест. Ин ҳолат ба хосияти забони тоҷикӣ, ки калимоти он аксаран сеҳиҷоӣ ва чаҳорҳиҷоиянд, созвор аст ва барои ҷойивазкунии ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ шароити мувофиқ пайдо мекунонад. Агар ба нақшаи ин вазн бо диққат мулоҳиза карда шавад

 

— — V / — V— V/ V — — V / — V —

Мафъӯлу фоилоту мафоӣлу фоилун

 

чанд хусусияти мусбати онро кашф кардан мумкин аст. Паиҳамии ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ ҳам дар садру арӯз ва ҳам дар ҳашвҳо гуногун аст. Фосилаи миёни ҳиҷоҳои кӯтоҳ зиёда аз ду ҳиҷои дароз нест ва бинобар ба ин нақша калимаҳои таркиби ҳиҷоҳояшон гуногун ба осонӣ ҷойгир шуда метавонанд. Дар ҳиҷоҳои 7 (ҳафтум) ва 8 (ҳаштум) паиҳам омадани ду ҳиҷои кӯтоҳ барои дар шакли талаффузи табиияшон дохил шудани калимоте, ки дар онҳо ду ҳиҷои кӯтоҳ паиҳам меоянд, хеле мувофиқ аст. Такрор нашудани садру арӯз ва ҳашвҳо, яъне тартиби ҳиҷоҳо дар зиҳофҳо вазнро аз маҷмӯи рукнҳои гуногуноҳанг иборат мекунад, ки аз якнавохтии хобовар дур аст.

Бо вуҷуди ҳамаи имконе, ки ин вазн дорад, он дар назми муосир як муддат камистифода буд ва инро ҳам бояд аз табиати он донист. Барои хуб ҳис кардани нопайдарҳамии ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ, ки дар вазн хатое наравад, он аз шоир дониши хуби вазн ва диққат талаб дорад. Шояд аз ҳамин сабаб аст, ки он дар ашъори шоирони муосир, масалан, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Қутбӣ Киром, пас аз як андоза таҷрибаи эҷодӣ пайдо кардани онҳо ба кор рафтааст.

Солҳои 20-ум устод Лоҳутӣ ба ин вазн ғазали машҳури худ «Шароби сурх»-ро гуфта буд, ки он чунин байтҳо дошт:

 

Нӯшам ба шодмонии он дам шароби сурх,

К-аз шарқи инқилоб дамад офтоби сурх.

Қурбони он даме, ки зи хуни тавонгарон,

Дарёи инқилоб шавад пур ҳубоби сурх.

Нозам ба он замон, ки ба нируи путку дос

Деҳқон ниҳад ба гардани султон таноби сурх.

 

Ба ин ғазал бисёри шоирони он солҳо, аз ҷумла, устод Айнӣ, Мунзим, Ҳамдӣ назира навишта буданд. Назира, чунонки маълум аст, нигаҳ доштани вазну қофияро талаб дорад ва аз ин рӯ, ин вазн як давра серистифода буд.

Гуфтан мумкин аст, ки дар солҳои шаст ин вазн пас аз шеъри «Обшор»-и Муъмин Қаноат хеле маъмул шуд. Дар «Обшор» ин вазн ба оҳанги тоза садо дод. Зиёда аз ин худи ин шеър, ки ниҳоят батароват ва таъсирбахш буда, яке аз таҷрибаҳои пурбаҳои ифодаи бавоситаи эҳсосот буд ва гардише дар лирикаи ишқӣ ба амал овард, вазнаш ҳам аз доираи таваҷҷуҳ берун намонда буд.

Ин вазн ҳам дар истифодаи шоирони муосир ба тағйирот дучор омад. Тағйироти аввал дар таркиби худи вазн, дар тартиби ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ сурат гирифт. Чунонки нишон дода шуд, нақшаи ин вазн чунин аст:

— —V/ — V — V / V— — V / — V—

Дар шеъри солҳои шаст ва ҳафтод дар истифодаи ҳам Қаноату Лоиқ, ҳам Қутбӣ Кирому Мастон ва ҳам Бозор Собир ҳиҷои ҳаштум, ки дар нақша кӯтоҳ (V) аст, дар баробари ҳиҷои кӯтоҳ гоҳо ҳиҷои дароз оварда мешавад, ки вазн ин шаклро мегирад:

— — V / — V — V— / — — — / V — V—

Банди аввали «Обшор»-и Муъмин Қаноат чунин аст:

 

Эй обшор,

Оинаи беғубори ман,

Ёри замони кӯдакии беқарори ман,

Аз рӯзҳои рафта туӣ ёдгори ман.

 

— —V/ — V — V / V— — V / — V—

— —V/ — V — V / V— — V / — V—

— —V/ — V — V / V— — V / — V—

 

Банди дуюм

 

Оҳангҳои куҳнаро такрор мекунӣ,

Ёди бахобрафтаро бедор мекунӣ,

Рози маро ба лафзи худ изҳор мекунӣ.

Агар чунин шуморида шавад, ки шеър ба вазни дуюм, яъне ҳиҷои ҳаштум дароз гуфта шудааст ва бояд ҳиҷоҳои ҳаштуми банди аввалро бо зада хонд, ки дар банди якум ин кор мушкил аст, дар бандҳои дигар ҳиҷои ҳаштум чунон ҳиҷоҳои кӯтоҳеанд, ки онҳоро бо зада хонда, ба ҳиҷои дароз табдил додан мухолифи қоидаи талаффузи забон мешавад ва маълум аст, ки мақсади шоир ҳам ҳиҷои кӯтоҳ аст, на дароз.

Дар шеърҳои ба ин вазн гуфтаи Убайд Раҷаб «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме», Лоиқ «Ватан», «Кӯзаи ормон», «Дилро кушо ба ман», Қутбӣ Киром «Шеъри аввалин», «Хаткашон», «Санги навишта», Бозор Собир «Ёди ту мекунам», «Орзу», «Парвози рӯзгор» ва баъзе шоирони дигар истифодаи ҳамингунаи ин вазн мавҷуд аст, ки агар аз рӯи талаботи аслии вазни арӯз муносибат кунем, хато кардан дар вазн аст.

Арӯзи озод, ки барои ба ҳар миқдор овардани рукнҳо, шикастани онҳо, барои ба ҳам омезиш додани авзони таркибан наздик ва ҳамин гуна озодиҳои дигар имкон медиҳад, ҳаргиз беназмию ноҷӯриро дар шеър тақозо надорад ва баръакс, ҳамаи ин ихтиёротро ба хотири низому ритме пешниҳод мекунад, ки метавонад шеърро аз шартияту бори анъанаҳои мурда озод карда, барои ба низоми мувофиқе кашидани маънӣ мадад кунад.

Ҳамин тариқа, арӯзи озод дар беҳтарин намунаҳои худ барои барҳам задани якнавохтии вазнҳои маъмул ва аз ҷиҳати ритм бой гардонидани шеър ва дар айни ҳол авзон ноил гардидааст. Арӯзи озод метавонад шаклҳои бисёр ва нотакрор ба миён орад.

Масалан, як вазни маъмули арӯзи анъанавии ба тарзи озод истифода шуда, имкон дорад ҳар бор дигаргун гашта, шаклҳое ба вуҷуд орад, ки танҳо барои ифодаи ҳамон мафоҳими шеърӣ мувофиқ аст. Гирем, мисоли дигареро ба ҳамон вазни музореи ахраби макфуфи маҳфуз (— —V) (— V — V) (V— — V ) (— V—). Қутбӣ Киром «Моҷарои баҳор» ном шеъре дорад, ки дар он ин вазн хеле ғалатӣ ва навоварона истифода шудааст. Ин шеър аз панҷ пораи аз ҷиҳати ритму оҳанг ва мафоҳиму мундариҷа алоҳида иборат аст. Ин панҷ пора тасвири панҷ саҳнаест, ки дар манзараи баҳор падид меояд. Дар охири ҳар панҷ пора аз саҳнаҳои тасвиргашта хулосаи андешамандона бароварда мешавад.

Дар саҳнаи аввал ҳолати ниҳоят пуршӯру ғалаён бо тасвирҳои баобуранг ба қалам омада, мисраъҳо барои ифодаи барҷастаи он динамикӣ сохта шуда, зуд-зуд шикаста мешаванд:

 

Барқе ба пайкари само      — —V— V — V—

Теғе заду гурехт,                 — —V— V —

Аз дидаҳои осмон               — —V— V — V—

Ашки сафед рехт,              — —V— V —

Аз ашки осмон                    — —V— V —

Рӯ шуста марғзор              — —V— V —

Хандида хокдон                  — —V— V —

Шуд ғарқаи баҳор               — —V— V —

Ман дидам аввали баду      — —V— V — VV

Хубии сониро.                     — —V— V —

 

Амал дар ин шеър бо шиддат ва тезии фавқулодда ривоҷ мегирад. Динамикаи шеър дар интихоби сухан ҳам ҳувайдост. Дар ин шеър ҳамагӣ 152 калима истифода шудааст: 44 –якҳиҷоӣ, 45 – дуҳиҷоӣ, 51 – сеҳиҷоӣ, 11 – чорҳиҷоӣ, 1 – панҷҳиҷоӣ (Ҳиҷоҳо аз рӯи қоидаи арӯз ҳисоб карда шудаанд). Афзалияти калимаҳои кӯтоҳ аломати хеле динамикӣ будани шеър аст.

Ин шеър аз ҷиҳати ритм ҳам ғанист. Дар он истҳои сарфӣ ва эмфатикӣ (исте, ки ба сухани пурҳиссиёт хос аст) хеле гуногун буда, ба ритм дигаргунӣ ворид месозанд. Ба ғайр аз ин, ритми мисраъҳо дар натиҷаи дар ҷойҳои гуногун омадани феълҳо тағйир меёбад. Масалан, дар пораи боло феълҳо дар охири мисраъҳои 2 ва 4 омада, ритми пастравандаро ҳосил карда бошанд, дар мисраъҳои 6 ва 8 дар аввал омада, ба онҳо ритми болоравандаро додаанд. Дар мисраи нуҳум пас аз калимаи «баду» исти эмфатикӣ омадааст, ки ба исти наҳвӣ мувофиқ намеояд ва ин мавқеи исти эмфатикиро пурқувваттар мегардонад. Ритми мисраъҳое, ки пораро хулоса мекунанд, оромтаранд ва бесабаб нест, ки аксари калимаҳои чорҳиҷоӣ (6-то) маҳз дар ҳамин мисраъҳо омадаанд. Пораҳои дигар низ ҳамин гуна боигарии ритмӣ доранд.

Ритм дар арӯзи озод имкони дохилии бисёр дорад, ки барои ифодаи нозуктарин ҷунбиши фикру эҳсосот қобил аст. Дар арӯзи озод нисбат ба арӯзи анъанавӣ ритми ягона ва рехтаро ба вуҷуд овардан мушкилтар аст. Зеро дар қонуниятҳои арӯзи анъанавӣ унсурҳои ритм пешакӣ ба назар гирифта шудаанд, дар арӯзи озод бошад, онҳо ҳар дафъа аз сари нав кашф карда мешаванд.

Арӯзи озод дар эҷодиёти шоирони насли нисбатан ҷавони тоҷик: Муъмин Қаноат, Лоиқ, Қутбӣ Киром, Убад Раҷаб, Бозор Собир ва чанде дигарон барои барҷаста ифода кардани мафоҳими шеърӣ қобил будани худро исбот кард. Ҳамчунин арӯзи анъанавӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Аминҷон Шукӯҳӣ имконоти дохилии худро аён карда, ба тарзи тоза садо дод.

Ин таҷриба ба ривоҷу равнақ гирифтани арӯзи озод шароити мусоид фароҳам оварда, ҳаргиз азми барбод додани арӯзи анъанавиро надорад. Танҳо ҳамон шоироне, ки дар арӯзи анъанавӣ қудрати комил доранд ва дар он шеърҳои хубе офаридаанд, тавонистаанд, ки арӯзи озодро ба хубӣ истифода бурда, шеърҳои мақбул эҷод кунанд. Ҳоло дар ин давраи адабӣ танҳо ба воситаи омӯзиши пурра ва дақиқи арӯзи анъанавӣ ба арӯзи озод дастболо омадан мумкин аст, ки таҷрибаҳои эҷодии мавҷуда низ бурҳони ҳамин даъво мебошанд.

Соли 1972

 

[1] Ибни Сино «Фанни шеър».Тарҷумаи Донишпажӯҳ // Сухан, №6-7, 1976. – 500 с.

[2]  Ал-Хоҷа Насириддини Тӯсӣ. «Асос-ал-иқтибос». Теҳрон: Донишгоҳи Теҳрон, 1326 / 1948. −586 с.

[3] Ҳамон ҷо.

[4]  Аристотел. Поэтика. Госиздат. М.: художественная литература, 1966. –С. 66.

[5] А. Кримский. Арабская литературая в очерках и обрацах. М., Типолитография, 1911, стр. 31.

[6] Ниг.: Акрем Джафар. Особенности азербайджанской поэтической метрики аруза XXV международный конгресс востоковедов. М., 1960 .

[7] Н. Бектош. Вазни манзумаи тоҷикӣ. Нашрдавтоҷ. Сталинобод, 1936, саҳ. 15.

[8] С. Анйӣ. Ба М. Турсунзода. «Шарқи Сурх», 1956, №4, саҳ. 108.

[9] И.С. Брагинский. Из истории таджикской народной поэзии. Изд-во АН СССР, М., 1956, стр. 255.

[10]  Парвиз Нотил Хонларӣ. Вазни шеъри форсӣ. Теҳрон. 1435/1967. – С. 209-210.

[11]   Ян Рипка. История персидской и таджиской литературы. М.: Прогресс, 1970. – С. 44.

[12] Е.Э. Бертелс. Избранные труды. История персидско-таджикской литературы. Изд-во «Вост. Лит-ры», М., 1960, стр. 107.

Азбаски мо истилоҳе надорем, ки чен кардани вазни шеърро бо воҳиди вақт ифода мекарда бошад, барои ҳамин мақсад ибораи давомоти савтиро ба тариқи истилоҳ ба кор мебарем.

 [13] Азбаски мо истилоҳе надорем, ки чен кардани вазни шеърро бо воҳиди вақт ифода мекарда бошад, барои ҳамин мақсад ибораи давомоти савтиро ба тариқи истилоҳ ба кор мебарем.

[14]  Вазни рубоӣ аз рӯи омӯзиши П.Н. Хонларӣ ба пораҳо ҷудо карда шуд. Ниг.: қисмати тарони «Вазни шеъри форсӣ».

[15]  Муроҷиат шавад: Асари мазкур, саҳ. 271.

[16] Е.Э. Бертелс. Сарсухани «Девони Лоҳутӣ», М., 1939, саҳ. 26.

[17] Дар ин бора муфассалтар муроҷиат шавад: Х. Мирзозода «Масъалаҳои асосии инкишофи ғоявӣ ва эстетикии назми советии тоҷик дар солҳои бистум». Душанбе, 1968, рисолаи докторӣ. С. Давронов. «Вазни ашъори Абулқосим Лоҳутӣ», Душанбе, 1965, рисолаи номзадӣ.

[18] С. Айнӣ. Ба Деҳотӣ. Журн. «Шарқи Сурх», 1962, №4, саҳ. 131.

[19] Абулқосим Лоҳутӣ. Куллиёт. Ҷ. 3. Сталинобод: нашрдавтоҷ, 1961. − саҳ. 151.

[20]  Ниг.: С.Давронов, рисолаи мазкур, саҳ 135.

[21]  Айнӣ С. Шеърҳои тоҷикистонӣ. Куллиёт, ҷ.ІІ. Душанбе: Нашрдавтоҷ, 1963.− С. 216.

[22] С. Давронов. «Насими рӯҳбахш». Дар маҷмӯаи «Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик», саҳ. 258.

[23] Т. Зеҳнӣ. Санъати сухан. Душанбе, Нашр, «Ирфон», 1967, саҳ. 293.

[24] Пайрав Сулаймонӣ. Девон. Душанбе: Ирфон, 1971, саҳ. 43.

[25]  Ҳофизи Шерозӣ. Ашъори гузида. Душанбе: Ирфон, 1971, саҳ. 33.

[26]  Ниг.: Табаров С. Пайрав Сулаймонӣ. Душанбе: УДТ, 1962, саҳ. 206.

[27] Пайрав Сулаймонӣ. Девон. Душанбе: Ирфон, 1971, саҳ. 71.

[28]  Ниг.: Явич М. Пут поэта // Избранное. 1957, саҳ. 27. // Очеркҳои таърихи адабиёти советии тоҷик, қисми 2, саҳ. 200.

[29] С. Табаров. Пайрав Сулаймонӣ, саҳ. 2007.

[30]  Пайрав Сулаймонӣ. Девон, саҳ. 113.

[31] Пайрав Сулаймонӣ. Девон, саҳ. 44.

[32] Б. В. Томашевский. Стих и язык. Изд-во. АН СССР, М., 1958, стр. 32.

[33] Б. Сирус. Арӯзи тоҷикӣ. Душанбе, Нашр. «Ирфон», 1963, саҳ. 276.

[34] Б. Сирус. Оид ба шеъри нав. «Садои Шарқ», 1965, №8, саҳ. 123.

[35]  Жола. Шеъри нав чист? // Садои Шарқ, 1965, №2, саҳ. 93.

[36] Ниг.: Цицерон. Три трактата об ораторском искусстве. М.: Наука, 1972, саҳ, 371.

[37]  Ниг.: Литература древнего Востока. М.: МГУ, 1971, саҳ 183.

[38] Азбаски дар арӯзи озод интихоби миқдори мисраъҳо аксаран ба ихтиёри шоир аст ва пораҳои шеър ҳам ба он шакле, ки дар назми классикӣ буданд, нестанд, баъзе истилоҳҳои арӯзи классикӣ, аз ҷумла, дар айни ҳол рукни аввал ва охири мисраи аввал ва рукнҳои аввалу охири мисраи дуюмро, ки садр-арӯз, ибтидо-зарб ё аҷз ном доранд, истифода кардан хеле мушкилӣ меоварад. Онҳо дар дохили як байт чунин номида шудаанд ва дар арӯзи озод, ки хусусияти байтҳо дигар аст, истифодаи истилоҳҳои мазкур ба иштибоҳ хоҳанд овард.