Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ашъоре, ки шуарои тоҷик дар нимаи дуюми садаи бист эҷод кардаанд, бо вуҷуди гуногунии сабк ва мавзӯъву муҳтаво хусусияти муштараке доранд, ки он ҳар чӣ бештар мавқеи муҳим пайдо кардани инсон буда, дар суратҳои гуногун: шахсияти ғиноӣ, «ман»-и шоир, муаллиф, ровӣ ва монанди инҳо зоҳир мешавад. Аз тимсоли шахсияти ғиноӣ, ки ба сурати як андоза умумии инсон рух намуда, баъзан бо шахси шоир як асту баъзан аз он фосила мегирад, низ назари шоир ба инсон, мавқеъ ва саҳми ӯ дар ҷомеа ошкор мебошад. Вале он нигоҳи бавоситаест, ки дар зимни он муносибати шахсияти ғиноӣ бо инсон ва олами шахсию шайъӣ нуҳуфтааст.
Дар байни шахсияти ғиноӣ ва шахси шоир дар шеър муносибати гуногунҷиҳати зиндае мавҷуд аст, ки ҳамеша метавонад тағйир хӯрад. Бад-ин ҷиҳат онҳоро ба ҳам набояд як донист ва ҳам набояд муқобил гузошт, зеро муносибати байниҳамдигарии онҳо хусусияти мутаҳаррике дорад.
Шахсияти ғиноӣ дар эҷодиёти ин ё он шоир дар асоси шахсият ва ҷаҳонбиниву дилбастагиҳои ӯ офарида мешавад, шахсияти муаллиф ҳам дар шеър фақат шахсияти тарҷумаиҳолии ӯ набуда, сифат ва моҳияти тимсоливу эҷодӣ касб менамояд, яъне онҳо ҳам хусусиятҳои муштарак ва ҳам фарқкунанда доранд.
Шубҳае нест, ки ақидаи шоир оид ба мавқеъ ва моҳияти инсон ва махсусан, инсони эҷодкор, ки масъулияти тӯдакаширо низ бар дӯш дорад, дар ашъоре, ки бевосита бахшида ба шоир ё ба худ мегӯяд, равшантару барҷастатар ифода меёбад. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки қариб ҳамаи шуарое, ки эҷодиёташонро дар ин таҳқиқот зери назар дорем, дар бораи худ ҳамчун шоир ё шоир ҳамчун худ ва ё дар тавсифи шеър ва ё шуаро шеър гуфтаанд, ки дар онҳо низ биниши онон аз шахсият ва мавқеи шоир дар ҷомеа ҳувайдост. Дар шеърҳое, ки шуаро дар бораи шоир мегӯянд, шахсияти ғиноӣ ба шахси шоир хеле наздик аст, балки дар аксари ҳолат худи ӯст. Дар шеърҳои насли сеюм, аз ҷумла М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Раҳимзода ва насли чаҳорум А.Шукӯҳӣ, Ғ. Мирзо, М. Қаноат шоир камтар ифодагари шуури шахсии худ буда, бештар ифодакунандаи шуури иҷтимоист.
Дар шеърҳои «Суруди ман» (с.1946), «Назмро ёд кардам» (с.1959), «Шоиро» (с.1962), «Таронаи ишқ» (с.1962), «Шеъри ман» (с.1972», «Гуфтугӯ бо худ» (с.1977) -и М. Турсунзода, ки дар байни бештар аз сӣ сол эҷод шуда, дар бораи мақому манзалат ва рисолати шеъру шоир мебошанд, сол ба сол дигартар шудани назари шоир ба ин масъалаҳо мушоҳида мешавад. Агар дар шеъри «Суруди ман» назари шоир ба рисолати суруд, яъне шеъраш тамоман умумии содагароёна бошад, мисли ин байтҳо:
Ватанро қосиди ҳар фатҳи бобӣ,
Ба дасти кӯдакон хоно китобӣ,
Ба осонӣ ба ҳар дил роҳ ёбӣ,
Ба маҷлис гар равӣ, ҷӯши шаробӣ.[1] –
дар шеъри «Назмро ёд кардам», ки пас аз сездаҳ сол навишта шудааст, каме ҳам бошад, мушаххастар шудани назари шоир ба рисолати шеъру шоир ҷой дорад. Дар ин ва дигар шеърҳое, ки М. Турсунзода дар он дар бораи худ суҳбат мекунад ё шеърҳое, ки ба мавзӯи шоир ва ё шеър бахшидааст, сифате, ки ҳамеша дар шоир ҳамчун муҳимтарин хусусият таъкид мешавад, ошиқпешагии ӯст. Дар шеъри «Назмро ёд кардам», ки аз масъалаи пайванди иҷтимоии шоир бо ҷомеа сухан мегӯяд, ҳангоме ки ҷараёни эҷоди шеър тасвир мешавад, – «Менавиштам ман дар ин ҳангом шеъру достон // Ғарқ будам дар хаёли дилбари ширинзабон»[2] – шоир таъкид мекунад, ки ишқ оғози шоир аст ва шеърро бо ҳамин маъно ба охир оварда, аз забони маҳбуба мегӯяд: «Шоиро! Шеъре бихон, то ҳамдами розат шавам // Дар китоби шеърҳои нав сароғозат шавам». Ва хулоса мекунад:
Аз сари нав ҷӯш зад дил, шеър аз нав бофтам,
Чунки маҳбуби дилу ҷонро ниҳоят ёфтам![3]
Дар ин ҷо ҳам рисолати шеър дар он дида мешавад, ки ошиқро ошиқтар ва пайвандони ватанро ба ватан бештар пайванд кунад, вале мақсад хеле куллигароёна ба қалам омадааст, ҳарчанд ба ҳам омехтани ҳастии иҷтимоӣ ва шахсӣ дар шеърҳои дигари М. Турсунзода корбасти хуб дошта, аз аслӣ будани ин сифат дар истеъдоди шоир гувоҳӣ медиҳад.
Шахсияти ғиноӣ дар эҷодиёти М.Турсунзода танҳо дар солҳои 60-70 ба андешаҳои отифии худтаҳлилӣ меравад, ки мавзӯи онҳо ҳам чандон фарох набуда, бештар мавқеи шеъру шоирро дар ҷомеа дар бар мегирад. Аз шеъри «Шоиро» ба ин тараф андеша ва ҳиссиёти шоир оид ба ин масъала гармӣ, табу тоб ва мушаххасӣ пайдо мекунад. Шеъри «Шоиро» ва «Таронаи ишқ» ба ҳамдигар қаробат дошта, шоирро ҳамчун шахсияте, ки худрову шеърро дар сӯхтан меофарад, муаррифӣ менамоянд ва азбаски ин ду шеър дар атрофи як масъала – сӯхтани шоир мечарханд, аз куллигӯӣ наҷот ёфта, ҳиссиёти фардӣ ва шуури шахсии шоирро ба мо мерасонанд.
«Шоиро» яке аз хосиятноктарин шеърҳои М.Турсунзода аст, ки дар он шуури иҷтимоӣ бо шуури фардӣ, мавқеи ҷамъиятии эҷодкор бо ҳаёти шахсии ӯ пайванд гирифтааст. Шахси шоир, ки дар ин шеър гӯё ҷудо аз муаллиф вуҷуд дорад, мавриди хитоб қарор мегирад. Дар байти аввал мухотаби муаллиф бевосита шоир аст ва дар чаҳор байти баъдина аз чизҳое сухан меравад, ки маънии иҷтимоии ҳастии шоирро дар бар гирифта, «аз сӯхтан пӯлод», «аз шароре тоза гулхан» офаридан, «боиси зиндагӣ гаштани ҳарорати офтоб» ва монанди инҳоро гӯшзад менамояд, ки ҳама бар ҳастӣ ва заҳмати шоир нисбат доранд.
Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар.
Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад,
Аз шароре тоза гулхан офарад.[4]
Ин шеър, ки аз ангезаи ҳиссӣ оғоз гирифтааст, ба тариқи ифодаи амудӣ боло рафта, мисраъ ба мисраъ пуртабутобтар мешавад. Ба шахсияти ғиноӣ, ки дар айни ҳол худи шоир аст, мансуб будани ин эҳсосоту андеша чеҳраи ӯро пуррангтар менамояд. Дар байти панҷум муаллиф боз ба усули муроҷиати бевосита ба худи шоир бармегардад ва аз амалҳое сухан мегӯяд, ки ҳам ба ботини шоир тааллуқ доранду ҳам ба моҳияти иҷтимоии ӯ. Ин мавзӯъро дар кӯраи дил гудохта, пешниҳод кардан аст, ки маҳорат мехоҳад. Баъд аз ин ҳар байте, ки меояд, маънои таҳтонӣ ҳам пайдо намуда, бар аҳамияти ҳастии шахсӣ ва иҷтимоии шоир далолат мекунад. Азбаски дар онҳо дар баробари мазмунҳои ошиқона мазмунҳои иҷтимоӣ низ ҷойгузин карда шудаанд, онҳо дар як ҳолат, бо як тир ба ду нишон мерасанд, яъне ҳам эҳсоси ошиқона ва ҳам андешаҳои иҷтимоиро ифода менамоянд. Вожаву таъбирҳое, аз қабили, фаввора, танӯри дил, оташпора, дили сангин, дили ёр, кор кардан ҳамин гуна хусусият пайдо кардаанд.
Дар шеъри «Таронаи ишқ» сухан умуман аз шоир ва маҳбуба аст, ки шахсияти ғиноӣ бардошти худро аз рисолат ва ҳастии ҳар дуи онҳо баён менамояд. Интихоби ингунаи мавзӯъ худ барои ифодаи як андоза куллии ҳиссиёту андеша сабаб мешавад. Ибрози шуури иҷтимоӣ ҳам бар шуури шахсӣ боло мегирад, вале самимияте, ки сарчашма дар шахсияти шоир дорад, онро дилрас месозад, зеро шахсияти М. Турсунзода бо сифатҳои беҳтарини як нафари иҷтимоӣ бисёр табиӣ ба ҳам омадааст. Ӯ дар ин шеър дар бораи худ ҳамчун шоир сухан меронад ва бо ишора ба ин байти машҳури Ҳофиз: «Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро // Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро»,[5] чунин мегӯяд:
Холи ҳинду мулки дилҳоро гирифт,
Ҳам Самарқанду Бухороро гирифт.
Мо, ки аз шерозиён кам нестем,
Дар саховат камбағал ҳам нестем,
Ҳар чӣ хоҳад ёр инъомаш кунем,
Ҷону дилро садқаи номаш кунем.[6]
Ва баъд ба тавсифи маҳбубааш мепардозад, ки ӯ ҳам нисбат ба сифати шахсии фардӣ бештар сифати иҷтимоӣ дорад, ба назар сохтакорона намерасад, зеро ӯ ҳам маҳбубаест, ки «арзандаи дунё», «дар муҳаббат ҳокими мухтор», «ҳастияш субҳи шаби торик» мебошад ва шоир ҳам аз забони ӯ дар бораи «зебоӣ... доноӣ... озодӣ»-и ӯ ва дар ӯ будани «нури дониш, қудрати фан» сухан ронда, ба ӯ «Қитъаҳои Осиё, Африқаро»[7] ҳадя меорад, ки табиӣ менамояд, зеро барои онҳо замина гузошта шуд, ки он нисбат ба чеҳраи фардӣ бештар чеҳраи куллии иҷтимоӣ доштани маҳбуба мебошад.
Ин гуна ба ҳам омезиш ёфтани шуури шахсии шоир бо шуури иҷтимоӣ, дар айни ҳол, дарки озодии зан дар ҷомеа ва ифтихор аз фаъолиятмандии ӯ, барои М. Турсунзодаи шоир ва ҳамнаслони ӯ табиӣ ба назар меояд, зеро он яке аз дастовардҳои асосии замон ва ҷомеаи наве буд, ки онҳо худ аз эҷодкорони пешраваш буданд. Яке аз муҳимтарин сабабҳое, ки дар шуури муфради ғиноии ашъори онҳо шуури иҷтимоии замон равшан акс андохтааст, низ дар ҳамин аст.
Дар «Шеъри ман» ва махсусан, «Гуфтугӯ бо худ», ки М. Турсунзода дар солҳои ҳафтод, дар охири умраш гуфтааст, сухан аз забони шахси шоир мебошад, ки шуури шахсии ӯ, дарки фардии шоирро аз масъулияти шеъру шоир ифода менамоянд. Дар «Шеъри ман» шоир дар оғоз аз меҳнати сахту мушкили худ дар гуфтани шеър бо лаҳни воқеии самимӣ суҳбат мекунад:
Шеъри ман!
Хуни ҷигар, ё пораи дил гӯямат,
Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гӯямат,
Ё хурӯҷи мавҷ дар домони соҳил гӯямат,
Роҳатат аз ҳад зиёду заҳматат з-он бештар,
Мухтасар сар то ба по савдои мушкил гӯямат.[8]
Ва чун ба банде мерасад, ки аз эҳтимоли «хомӯш» мондани шеър сухан ба миён меояд, он рангу равғани баланди хаёлпардозона гирифта, эҳсосоти шадид пайдо мекунад. Шоир бо бардоштҳои муболиғаомези ғулувӣ мехоҳад, аз як ҷиҳат, чӣ андоза муҳим будани кори шеърро барои худ таъкид кунад ва, аз ҷиҳати дигар, арзиши баланди онро дар ҷомеа гӯшзад намояд. Агар шахсияте ҳамчун Турсунзода барои шеър ба ҳамон қадар меҳнату корҳои хориқулодӣ омода бошад, он пас барои ҷомеа арзише дорад. Бинобар ин ӯ дар бораи шеър бо такя ба шахсияти арзишманди иҷтимоии худ бо чунин бардошту шаҳомат: «Гар даме хомӯш монӣ, шӯру исён мекунам // Баҳрҳоро ман ба ҷӯш оварда, тӯфон мекунам...»[9] сухан ронда, монанди ин мисраъҳои бо ғулуву хаёлпардозонаро ба забон меорад.
Ҳамин тариқа, дар аксари ашъори М.Турсунзода, ки ба мавзӯи мавқеи шеъру шоир дар ҷомеа бахшида шудаанд, назари иҷтимоӣ ба адабиёт, ки як шохаи шуури иҷтимоист, равшан падидор аст, вале азбаски хусусияти ғиноии истеъдоди шоир қавист, онро ҳамроҳ бо ифодаи ҳастии шахсии худ ба қалам медиҳад. Ин сифат ба ин гуна ашъори ӯ самимият ва гармӣ бахшида, шуури иҷтимоии ӯро дар дили мо ҳамчун таровишҳои қалбии ӯ ҷойгузин менамояд.
Шеъри дигаре, ки дар ин мавзӯъ баҳс мекунад, «Гуфтугӯ бо худ» ном дорад, ки дар назари аввал гӯё гуфтугӯи шоир бо худаш аст, аммо дар асл чунин нест ва ин як усули пардапӯшона дар бораи рақиби худ сухан рондан аст:
Ақлро кардаӣ ту беэҳсос,
Ба бинои азими назм асос?
Номаи ишқи нотамом куҷост,
Сӯхтанҳои бардавом куҷост…[10]
Аз ин нуктаҳое, ки шоир гӯё ба худ мегирад, пай бурдан мумкин аст, ки ин ҳарфҳо дар бораи ӯ нестанд, зеро қариб дар ҳамаи шеърҳое, ки ӯ аз давраҳои аввали эҷодиёт то солҳои охири умр дар бораи шеъру шоир навиштааст, ба ишқи ёр, яъне ба ҳиссиёт пойбанд будани худро таъкид кардааст. Бинобар ин, ӯ наметавонист дар бораи худ чунин гӯяд. Доираи адабӣ ва онҳое, ки аз муносибати байниҳамдигарии шоирон хабар доранд, пай мебаранд, ки ҳадафи ин шеър кист. Онро аз таъбирҳои «номаи ишқи нотамом», «сӯхтанҳои бардавом» ҳам дарёфтан мумкин аст, зеро онҳо дар эҷодиёти шоире, ки ҳадафи ин шеър аст, ба кор рафтаанд.
Дар ин ҷо бояд қайд кард, яке аз навъҳои шеъри ғиноӣ чунон аст, ки дар он шоир аз воқеаву ҳодисаҳо ва ҳолатҳое суҳбат мекунад, ки дар зиндагиаш ҷой ва асоси тарҷумаҳолӣ доранд. Аммо дар назар бояд гирифт, ки шоир ҳар қадар таҷрибадортар, бузургтар мешавад, ҳамон қадар дар санади тарҷумаиҳолияш муҳтавои бештари умуминсониро ҷой медиҳад. Бинобар ин дар ашъори шуарои бузург санади ҳаёти шахсии онҳо ба санаде мубаддал мегардад, ки ба дигарон ҳам тааллуқ гирифта, ҳиссиёту таассуроти онҳоро низ ифода менамояд, яъне мазмун ва моҳияти таъмимӣ касб мекунад.
Ҳангоми тадқиқи ашъоре, ки дар асоси санади тарҷумаҳолии шоир эҷод шудаанд, ҳамеша дар назар бояд дошт, ки шоир маҳз он санад, на дигареро барои он интихоб ва истифода кардааст, ки маҳз ҳамон санад нисбат ба дигар санадҳои зиндагии ӯ барои ба сурати бадеии пургунҷоиш табдил гашта, таъмимӣ шудан қобил будааст. Бинобар он, санади тарҷумаиҳолие, ки дар шеър муваффақона истифода мешавад, болотар аз санад буда, як такон ё ангезаест барои ба ҳаракат омадани ҷаҳони андешаи шоир, ки дар натиҷа сурати таъмимшудаи бадеии воқеиятро ба вуҷуд меорад. Моҳияти ҳар шеъре, ки дар асоси санади тарҷумаиҳолӣ офарида мешавад, танҳо дар сабти ҳамон санад набуда, зеро агар фақат ҳамин гуна моҳият медошт, он хеле сабукбору камарзиш буд, вале он баръакс фаротар аз он буда, тобише аз мафкураву ҷаҳонбинии шоирро ифода менамояд. Дар айни ҳол, шоир ҳар қадар ба воқеияти зиндагиаш наздик ва дар инъикоси он дақиқтар бошад, санади тарҷумаиҳолӣ барои дарки ашъораш ҳамон қадар бештар мадад хоҳад кард.
Ҳоло нуктаи муҳим барои мо дар ин шеър он аст, ки сол то сол назари шоир М.Турсунзода оид ба рисолати шеър фардитар, мушаххастар мешавад ва садои даъвати ҷорчии замон будани шеъру шоир, ки дар шеърҳои давраҳои пешинааш буд, хафифтар мегардад. Он садо дар ин шеър тамоман шунида намешавад ва баръакс, ӯ аз шоир талаб дорад, ки бинои шеърашро бар «ҷунун»-и шоирӣ, «дили ҳассос» ва хуни гарму «ишқ» барқарор намояд:
В-арна, гар шоирӣ, ҷунунат ку?
Дили ҳассосу гарм хунат ку?
Ишқ агар нест, ақл беҷон аст,
Дар дилат чиллаи зимистон аст.[11]
Ин талабҳо барои шеъри тоҷикӣ нав нестанд, онҳо собиқаи ҳазорсола дошта, дар ашъори шоирони куҳани мо ба дараҷаи аъло баён карда шудаанд, ки ин ҷо танҳо ном бурдани шоирони орифу ринд, чун Саноиву Аттору Мавлонову Ҳофиз басандааст. Аммо аз забони М.Турсунзода ба ин шакл изҳор шуданаш камтар собиқа дошт.
Шахси муаллиф, ки дар шеърҳои ба шеъру шоир бахшидаи М. Турсунзода рух менамояд, қабл аз ҳама чеҳраи инсони эҷодкори ошиқ аст, ки ангезаи ишқ дар дили ӯ оташи шавқи навиштанро дар медиҳад ва ӯ бо ҳамин оташ ба ҳар мавзӯъ, ки даст мезанад, онро пурҳарорату ҳаяҷонбахш ифода менамояд. Ба ин табиати ғиноии истеъдоди ӯ, ки ҳамаи ашёро дар дили худ гунҷоиш дода, пасон дарку таассуротеро, ки аз он бармедорад, якҷоя бо самимият ва шавқу шӯре, ки дар ҷону дили сӯзонаш дорад, ба хонанда пешиниҳод мекунад, мадад менамояд. М.Турсунзода, ки аз ниҳод шоири ғиноист, дар анвои шеър, дар ғиноӣ ҳоҷати сухан нест, зеро шеъри ғиноӣ як навъи зуҳури шахсияти шоир аст, балки дар манзумаҳои ҳамосиаш ҳам аз шахсияташ нақши равшане боқӣ мегузорад.
Чеҳраи шоирии М. Миршакар дар шеърҳои ба шеъру шоир бахшидааш ба сабаби ҳамосӣ будани ҷанбаи истеъдодаш мушаххасан пайдо набуда, он чун сурати шахси ҷомеъ ба назар мерасад, ки ғоя ва нуқтаи назари ягона ба зиндагӣ дорад. Ӯро мо на аз рӯи хусусиятҳои фардӣ, хулқу атвор, дилбастагиҳо, машғулиятҳо, балки аз рӯи ақидааш, ки ифодагари шуури иҷтимоии замони ӯст, мешиносем. Дар шеъри «Наззораам доим ба пеш»-и ӯ ин хусусияти фардии шоир, ки баёнгари шуури иҷтимоист, комилан равшан акс андохтааст. Дар ин шеър ӯ аввал ин мисраи: «Мавҷ шав, аз худ баро, Бар дӯши тӯфон сайр кун!»-и шоири афғон Бориқ Шафеиро эпиграф оварда, пас менависад:
Шоирам,
Наззораам доим ба пеш...
Сайргоҳи қалби ноороми ӯст
Дӯши тӯфони азим.
Мавҷи ишқу чашмаи илҳоми ӯст
Ҷӯши тӯфони азим!
Шоирам ман!
Сарфароз аз касби хеш![12]
Тимсоли шоир дар шеърҳои М. Турсунзода дар асоси ҷузъиёти ҳаёти шахсии ӯ офарида мешавад, яъне ӯ аз ҷузъ ба сӯи кулл меравад, вале дар тимсоли шоир, ки аз ашъори М.Миршакар ба назар мерасад, ҳаёти шахсӣ, шахсияти инсониаш ҳувайдо набуда, ӯ қариб ҳамеша ҳамчун баёнгари ғояи ҷамъиятӣ, ҳамчун шаҳрванди ҷомеъ зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, он тимсоли ғоявӣ ва таъмимиест, ки ҳамеша дар пайи иҷрои мақсадҳои шаҳрвандиаш мебошад. Мақсади М. Миршакар аз шахс ва фаъолияти шоир дар шеъри барномавии «Зиндаӣ, зиндаӣ, нахоҳӣ мурд!», ки ба шоири рус В. Маяковский бахшидааст, аён аст. М. Миршакар ҳамеша худро шогирд ва пайрави ин шоир медонист ва дар ин шеър ба кадом ҷиҳати эҷодиёти В.Маяковский пайравӣ карданашро таъкид мекунад. Дар айни ҳол таъкиди пайравӣ ба ҷиҳати таблиғотии ашъори Маяковский он қадар муҳим нест, зеро он худ пайдост, вале муҳим он аст, ки Миршакар кадом мабдаъҳои шеъри Маяковскийро асосӣ меҳисобад. «Шоири ақлу фаҳму виҷдонам»[13] хитоб мекунад Миршакар ба Маяковский ва аз ин маълум аст, ки ӯ маҳз ба ҳамин ҷиҳатҳои эҷодиёти Маяковский бештар таваҷҷуҳ дорад, ки дар ашъори худи ӯ ҳам нисбат ба мабдаъҳои дигар қавитаранд. Вале, мутаассифона, аз ҳам ҷудо омадани мабдаъҳои ақлӣ ва виҷдонӣ, яъне шуурӣ аз мабдаъҳои ҳиссию самимӣ, симои шоирии Миршакарро ҳамаҷониба ҷаззобу дилҷӯ намудор намесозад, ҳарчанд Миршакар дар шеъри «Он чӣ дил гуфт...» таъкид мекунад, ки «Он чӣ дил гуфт, бигӯ, гуфтам ман»,[14] вале маълум мешавад, ки дил нисбат ба гӯш додан ба набзи ҳастии худ, бештар сомеи оҳангҳои ғояҳои мутантан гаштааст. Ҳамин хусусият ба ин ё он шакл дар аксари ашъори ба шоир бахшидаи М. Миршакар, аз ҷумла, дар шеърҳои «Дилам дар инқилоб аст», «Нидои зиндагӣ», «Дили шоир», «Амри таърих» ба назар мерасад.
Масалан, дар шеъри «Амри таърих», ки шоир аз амри таърих ба эҷодкор, аз ҷумла ба худи ӯ сухан мегӯяд, танҳо хидмати иҷтимоии ӯро таъкид мекунад, ки эҳтимол ба сари худ бад нест, аммо ин масъулияти иҷтимоӣ хеле сатҳӣ, яктарафа ва шиороҳанг ба қалам дода мешавад: «Соҳиби донишаму илму ҳунар, // Мекушоям зи дили кайҳон дар. // Ман супориш зи диёрам дорам, // Амри таърих ба ҷо меорам…»[15].
Дар ашъори М. Миршакар, агар шоир ғаме дорад, он ҳам ғами иҷтимоист, ки аксаран ба воқеияти кишвари ӯ вобаста набуда, чунонки дар ашъори Мирзо Турсунзода ҷой дошт, асосан ғами дӯстони хориҷии Шарқи мазлуми ӯст, ки барои озодӣ, бахту саодат ва сулҳу салоҳ дар олам ва кишварашон мубориза мекунанд. Ин маънӣ, ки қариб дар ҳамаи ашъори ба ин мавзӯъ навиштаи шоир ҷой дорад, дар шеъри «Дилам дар инқилоб аст» беҳтар ҷамъбаст шудааст. Шоир дар бораи сифатҳои дили хеш, ки бегуноҳ, посбони ӯ, ғамхору дилсӯзи ёрон ва ба монанди инҳост, сухан гуфта, аз роҳат надоштани дилаш ҳам ёд меоварад, вале сабаби ин нороҳатии дил дар муҳити иҷтимоии ӯ набуда, берун аз он аст.
Чӣ сон роҳат кунад дил дар чунин ҳол,
Ки бероҳат рафиқонам маҳу сол?
Шавад хуррам, чу бинад ёрро шод,
Хурад ғам, гар рафиқе тан ба ғам дод.[16]
Ва дар аввалтари шеър омада буд, ки он рафиқон киҳо ҳастанд, онҳо дӯстони хориҷии шоиранд, ки бо истилогарон меҷанганду ба халқашон бахту саодат оварданианд. Агар ҳамин симои шоир, ки масъулияти бузурги иҷтимоиро бар дӯш гирифтааст, бо суратҳои маҳсус, бо пайвандаш ба зиндагии табиии инсонии ӯ, бо ҳаяҷону изтироби шахсӣ, ки аз масъулияти иҷтимоии ӯ бармеояд, ба тасвир гирифта мешуд, бешубҳа, марғуб мебуд, аммо, мутаассифона, ҷои онро маълумоти хабарии бепироя пур кардааст.
Дар ашъори Ғаффор Мирзо ҳам ҳамеша ҷиҳатгирии сахти ғоявию сиёсӣ эҳсос мешавад, аммо, бо вуҷуди ин, муфради ғиноии ӯ дар солҳои ҳафтод дар чанде аз шеърҳо симо ва ҷаҳони худро, ки камтар вобастаи сиёсати замон буда, ӯро ҳамчун яке аз ҷузъҳои табиат, ки на фақат ғами ҷомеаро мехӯраду худ дард надорад, балки ҳамчун инсони хокие, ки ҳисси дарду ғами шахсӣ ба ӯ ҳам бегона нест, намудор месозад. Ҳамин гуна ҳолату ҳиссиёт дар шеъри оид ба мавзӯи шеъру шоир навиштаи ӯ, ки мавзӯи бисёр худӣ ва дар замири ҳар шахси эҷодкор ҷойдошта мебошад, ба хубӣ зуҳур кардааст. Ин шеъри «Парии шеър ва паривараи шеър» (с. 1974) аст, ки таассурот ва ҳиссиёти шахсии шоир Ғаффор Мирзоро аз шеър ва муносибати дуҷонибаи онҳо бозгӯ мекунад. Ин ҳиссиёту таассурот ва муносибати шеъру шоир сахт фардӣ ва фоҷиабарангезанд, ки бо рамзу маҷозу таъбироти ғайримаъмулӣ ифода гаштаанд. Он аз ангезаи ҳиссие, ки ифодакунандаи нуқтаи олии фоҷиавияти ҳоли шахси шоир мебошад, оғоз гашта, хонандаро якбора ба доираи таъсири хеш мегирад. Номи шеър «Парии шеър ва паривараи шеър» аст, вале дар мисраи аввал шоир шеърро ба албастӣ, ки шабаҳи сиёҳ, ҷодугар ва монанди инҳост, монанд карда мегӯяд:
Чу албастӣ вуҷудамро,
Гиламро меҷафад ҳар рӯз,
Танам, рӯҳам, диламро меҷафад ҳар рӯз,
Чунонам меҷафад ҳар рӯз,
Чунонам меҷафад ҳар рӯз,
Ки аз ман дар вуҷуди ман
Ягон қатра намемонад,
Ягон зарра намемонад.[17]
Рамзу маҷоз ва таъбироти ин шеър бештар аз эҷодиёти шифоҳии мардум, аз қиссаву афсонаҳост, ки сабки Ғаффор Мирзо аз онҳо таъсири зиёд бардоштааст. Дар ин ҷо ҳам он бар эҳсосоту таассуроти шоир таъсири қавӣ дошта, андешаи ӯро аз шеъру шоирӣ фаро мегирад ва вомедорад бар он аз даричае нигарад, ки чӣ гуна қувваҳои неку бад дар афсонаҳои мардумӣ ба ҳам дармеовезанд. Бо ин гуна нигоҳи фоҷиабор ба шеър нигаристан камтар собиқаву намуна дорад, аммо, дар ҳар ҳол, вобаста ба ҳолу ҳавое, ки шоирро ба сар аст, гоҳ-гоҳ рух менамояд. Маълум мешавад, ки дар давраи ба вуҷуд омадани ин шеър Ғаффор Мирзо мушкилоти сахте дар зиндагӣ ва кори шоирии худ доштааст. Аз ин рӯ, дар он шеър ба албастӣ монанд карда мешавад, ки вуҷуду рӯҳи шоирро ҳар рӯз чунон меҷафад, ки аз ӯ «ягон қатра» намемонад ва агар кушанд ҳам, хун намеояд. Ин албастӣ ӯро чунон ҷафида мехушконад, ки ба мисли ҷисми мумиёкардашудаи «бистасра» мешавад ва дигар ӯро на кирми чӯбу на кирми устухон хӯрда метавонад. Вале Ғаффор Мирзо Ғаффор Мирзо набуд, агар аз ин олами сиёҳи шабаҳзеркарда берун намерафт, вале дар ҷаҳони имрӯз ҳам ӯ, чунон ҷафида мешавад:
«Ки мошин коргарҳоро
Ба аҳди зулму истисмор.
Ба мисли беваи аз шӯй носерам
Харобам, бемадорам мекунад, афгор.
Ба ин дастур хушкам меҷафад ҳар рӯз,
Вале боз офтобам мекунад ҳар рӯз.[18]
Шоир дар охиртари ин шеър мегӯяд, ки ин албастӣ маро «Аз худи афсонаи Ҷамшед то ҳозир, // Ва ё аз ибтидои гардиши хуршед то ҳозир» меҷафаду меҷафад, яъне ӯ тимсоли худро умумият медиҳад ва аз азал ҳоли ҳамаи шоиронро чунин маънидод карда, дар мақтаъ хулоса мегирад: «Маро ҳар рӯз ҳол ин аст, // Заволи безавол ин аст».[19]
Ин мавзӯъ, ки шоир барои бо шеър ҷовидон кардани номи худ ранҷу машаққати гӯшношунидро таҳаммул мекунад, дар адабиёт мавзӯи собиқадорест, аммо ин тарзе ки Ғаффор Мирзо онро ба андешаву тасвир гирифтааст, дигаргуна ба назар меояд. Дар он, ҳамчунонки болотар қайд шуд, нақши тафаккури адабиёти шифоҳии мардум бештар мебошад ва истифодаи рамзу маҷоз, тимсолҳо ва таъбироти халқиву афсонавӣ, ки ин навъи тафаккур талаб дорад, шакли бадеии онро низ ҷолиб намудааст. Корбурди вожаву таъбир ва ифодаҳои сабки забони гуфтугӯии мардум, аз ҷумла, «меҷафад», «кушандам, хун намеояд», «ягон дарде намеёбам», «парво намедорам», «беваи аз шӯй носерам», «меҷафад ҳар рӯз…боз офтобам мекунад», ки дар шеъри мактуб камтар истеъмол дошта, бештар моли наср маҳсуб мешаванд, дар ин ҷо комилан табиӣ ба назар мерасанд ва ба доираи алфози забони шоирона кашида шуда, зебоиву ҷаззобият пайдо мекунанд. Бинобар ин рамзу маҷозҳо ва вожаву таъбирҳо, ки дар зиндагию гуфтори ҳамарӯзаи мардум ҳастанд, на ҳамчун моли наср, ки ба шеър бегонагӣ доранд, балки ба хотири ҳамнишиниашон бо алфози дигар ва ҷой гирифтанашон дар сабки шоирона хусусияти эстетикӣ пайдо кардаанд.
Заминаи мавзӯии ин шеърҳо аз таассуроти рӯҳии шоир мебошад, аммо боз навъи шеърҳое ҳастанд, ки муҳтавои онҳо аз воқеияти зиндагии шоир бармеояд. Шеъри «Узри ману қабули ту» (с. 1975) аз ҷумлаи чунин шеърҳост, ки дар он сухан аз забони муаллиф, яъне худи шоир буда, мавзӯи он аз як ҳодисаи зиндагии ӯ маншаъ мегирад. Дар ин ҷо донистани санади тарҷумаҳолии шоир – як муддат аз сафи ҳизби коммунист хориҷ карда шудан ва азобҳои рӯҳӣ кашидани ӯ – дарки маъноӣ ва бадеии шеърро комилтар мекунад, зеро ин ҳодиса ба таркиби бадеии шеър дохил шуда, моҳияти эстетикӣ пайдо кардааст.
Пой бурун намениҳам
Аз хати арзу тӯли ту,
Партия, эй бузурги ҳақ,
Узри ману қабули ту.[20]
Дар шеъри «Узри ману қабули ту» «ман»-и шоир танҳо мани ӯ набуда, ба мани шахсияти ғиноӣ қаробат пайдо менамояд, зеро он дар баробари тимсоли шахси шоир буданаш боз сурати таъмимии инсонест, ки ифодакунандаи мафкураи муайяне буда, на фақат дар як шеър, балки дар силсилаи ашъори шоир акс меандозад. Дар аксари шеърҳои Ғаффор Мирзо шахси шоир ба ҳизби коммунист, ки дар ятимиҳои бачагиаш наҷотдиҳандаи ӯ будааст, изҳори сипосу ташаккур ва эҳтироми самимӣ зоҳир менамояд, ки дар тимсоли шахсияти ғиноии шеъраш низ инъикос мешавад. Бинобар ин шахсияти ғиноӣ дар ашъори Ғ. Мирзо ҷаҳонбинии табақаеро, ки дар гузаштаи тоинқилобӣ хору зор буда, маҳз ба воситаи сиёсати Ҳизби Коммунист ва Давлати Шӯроҳо аз зиллат раҳоӣ ёфтааст, ифода мекунад. Ӯ дар ҳама ҳолат ба ҳизбу ҳизбиён ҳиссиёти ташаккуру эҳтиром мепарварад ва агар аз онҳо ба ӯ ҷабре ҳам расида бошад, онро ҳамчун сазои хатои худ мепазирад ва ё зуҳуроти ҷузъие медонад, ки дар баробари бузургӣ ва адолату покии куллии онон ночиз буда, аз сипосу ҳурмат маҳрум карда наметавонад. Ин ғоя ҳамеша дар таассурот ва андешаҳои ӯ нақши бештар дорад. Масалан, дар ҳамон шеъри «Узри ману қабули ту», шоир сабаби аз сафи Ҳизби коммунист хориҷ шуданашро ҳам «Айби ману сазои ман!»[21] мегӯяд.
Шахси шоир Ғаффор Мирзо дар шеърҳои «Ҳолӣ ҳам» (с. 1975), «Насиҳатгар, ба ғамхорит раҳмат» (с. 1975) аз даврони баркамолиаш бахту осоиш интизор дорад, аммо бекасию хору зории кӯдакӣ бештар ба ёдаш мерасаду ба хобаш медарояд, ҳоло ҳам ба монанди кӯдакон чашмашро бо дасти худ пӯшида, мепиндорад, ки худро аз чашми дигарон пинҳон кардааст, аз қисмат мехоҳад, ки болу пари пешинаашро диҳад, то парвоз карда тавонад. Ҳамин тавр, шахси шоир дар ин шеърҳо меҳру талоши зиндагиро дар худ на ҳамчун маҳсули ғояи фармуда, балки ҳамчун талаби ҷавҳари худ ба қалам оварда, дар шеъри дувум ба насиҳатгаре, ки ғами ҷони ӯро мехӯрад, маслиҳат медиҳад: «Ту аз ҷони ҷавонам бехавотир бош...»,[22] ки ман «зарраҳои зиндагониро» «дар заҳри ҳалоҳил ҳам» пайдо карда, зиндагӣ карда метавонам.
Бештар хусусияти бурунгаро доштани андешаҳои отифии шахси шоир дар ашъори Ғаффор Мирзо дар шеъри «Аз танҳоӣ – ҳазар» (с. 1975)-и ӯ бараллоина бармало намудор аст. Дар он шахсияти ғиноӣ худи шоир мебошад, ки «зи қабзи дил… рӯҳу ҷон гоҳе …ба берун» меҷаҳад «чу аз оташгирифта кулбаи пурдуд ё чун аз ҷаҳаннам», вале дар берун «дар ҷавфи ҷамоат», ҳатто дар «миёни дастаи ёрони ҷонпарвар» худро «боз танҳотар» дида, ба хона «чу дар по кундаву завлона дар гардан» бармегардад. Ҳамчунонки ба назар мерасад, масъалаи ин шеър танҳоии шоир ва муносибати ӯ бо ҷомеа буда, ба шакли баёни розу ниёзи шахсияти шеър адо карда мешавад. Ба оҳанги розу ниёз гирифтани сухан вазни шеър ҳам, ки асосан рукнҳои аслии баҳри ҳазаҷ буда, ба иқтизои муҳтавои сухан каму беш оварда мешавад, созгор аст. Зеро рукнҳои ин вазн, ки аз мафоӣлун мафоӣлун ба ҳам меояд, бо сабаби бо як ҳиҷои кӯтоҳ сар шудану паи ҳам се ҳиҷои дароз омаданаш оҳанги ороми ифшои розу ниёзро хуб ифода карда метавонад, ки дар ин шеър ҳам пайдост. Шоир, ки аз танҳоӣ, аз муҳити андешаҳои дарунгарои худ ба танг омада буд, ба олами берун ҷаҳид, вале олами берунро низ бо худ бегона ёфта, аз нав ба хона, ба олами даруни худ баргашт ва худро сари мизи шоириаш дида, «ҳазорон дӯст пайдо» кард. Ин иқрор тасдиқи он аст, ки шоир дар олами шахсии ғиноии шеъраш ҳам ҳамеша олами берун – дигаронро, ки «ҳазорон дӯст» мебошанд, бо худ ҳамроҳ дорад. Шоир дар ҷаҳони «маънию вазну қофия» подшоҳ аст, аммо «дар дунё касе аз подшоҳон нест танҳотар» ва ӯ маҷбур аст, ки боз чунин бигӯяду чунин амал бикунад:
Зи қасри подшоҳиям,
Зи қабзи ногаҳони дил
Ба берун меҷаҳам ман
Чу аз оташ гирифта кулбаи пурдуд
Ё чун аз ҷаҳаннам.[23]
Ин шеър дар эҷодиёти Ғаффор Мирзо тасодуфӣ набуда, тарзи андешаҳои отифии шоирро, ки асосан бурунгарост, нишон медиҳад. Бинобар андешаҳои отифии ғиноӣ дар ашъори ӯ на фақат ҳолати рӯҳии шахсияти шеър, балки ба воситаи ба ин ё он шакл истифода кардани тимсол ва ё ҷузъиёти ҷаҳони ашё тарҳи олами ҳастиро низ ба назар намудор месозад. Азбаски дар ашъори Ғаффор Мирзо андешаҳои отифии муфради шеър аксаран бо ҳузури ашё ифода мешавад, олами ӯро гуногунрангу пурбор нишон медиҳад.
Барои ҳар шоири ҷиддӣ андешидан дар бораи шеъру шоир ва мавқеи онҳо дар зиндагӣ, ки дар либоси сурату тимсолҳои бадеъ ифода шуда бошад, як амри табиӣ ва қонунмандест. Ба чӣ тарз ва сурату тимсолҳо арзи вуҷуд кардани ин мавзӯъ дар эҷодиёти шоир далели чигунагии назари ӯ ба мақоми шеъру шоир буда, бевосита дар ашъори худи ӯ ҳам инъикос меёбад. Он дар давраҳои гуногуни эҷодиёти як шоир ҳам вобаста ба таҷрибаву зиндагишинохтии ӯ ба тарзу тариқ ва арзишмандиҳои мухталиф ба тасвир омаданаш мумкин аст. Нигоҳи шоир ба мавқеъ ва моҳияти онҳо дар зиндагӣ бетағйир намемонад. Ҳамин ҳолат дар эҷодиёти Муъмин Қаноат дар шеърҳое, ки оид ба мавзӯи шеъру шоир навиштааст, ба назар мерасад.
Андешаҳои отифии шахси шоир дар шеърҳои давраҳои аввали эҷодиёташ, ки солҳои шастуми қарни бист эҷод шудаанд, масалан, «Арӯси назм» (с. 1961), «На ҳукм, на ҳикмат» (с. 1962), «Барои ҳурмати мӯи сафедаш» (с. 1963) нисбат ба андешаҳои даврони баркамолии шоириаш тафовути чашмрасе доранд. Дар шеъри «Арӯси назм», ҳамчунонки аз унвонаш ҳам пайдост, назари шоир ба шеър тавсифию суннатӣ буда, ба он чун ба дилбаре, ки дилашро бурдааст ва дар ҳар нафас ба ӯ мададгорӣ карда метавонад, муроҷиат карда, хоҳиш дорад, ки аз ӯ ҷудоӣ накунад. Азбаски андеша мустақилу амиқ нест ва нигоҳ ҳам тозагӣ надошта, умумию суннатист, мисраъҳоро вожаву таъбирҳои забонзаду куҳна пур кардаанд, ки ин мисраъҳо далели онанд: «Савганд ба ишваю ба нозат, // Савганд ба сӯзу бар гудозат; // Ё домани васли ту бигирам, // Ё дар раҳи ҷустуҷӯ бимирам!»[24]
Ишваву ноз, сӯзу гудоз, домани васл инҳо ҳама таъбирҳое ҳастанд, ки на аз олами таассуроти шахсии шоир, балки аз олами шеъри ошиқонаи куҳан бармеоянд, ки нисбат ба маъшуқа фаровон истифода шуда, на тозагӣ доранд ва на муносибати шоири замони навро ба шеър ифода карда метавонанд. Танҳо мисраи «Ё дар раҳи ҷустуҷӯ бимирам», ки он ҳам дар матни шеъри ошиқона ҳарфи куҳнаест, вале агар ба маънои ҷустуҷӯи роҳи тозаи шеър талаққӣ шавад, умедворкунандааст.
Воқеан, дар шеъри «На ҳукм, на ҳикмат…», ки баъди як соли шеъри «Арӯси назм» навишта шудааст, андешаи шоир оид ба масъалаи шеъру шоирӣ, дар айни ҳол, муносибати ғамхорона ба ҷавони «ба ҳусни шеър мафтун» фардитар гашта, аз таҷрибаи шахсии худи ӯ бармеояд. Ҳарчанд ба шамъ ташбеҳ шудани табъи шоир нав нест, аммо мавриди истифодааш, ки тоза аст, ба назар такрорӣ намерасад. Аз ҷиҳати дигар, самимияти муроҷиати шоир ба онҳое, ки дар оянда чӣ гуна фурӯзон шудани ин шамъ ба муносибати онҳо ҳам вобаста аст, ҳарчанд ҳар гуна муносибати сарде ҳам наметавонад шамъи асили шеърро хомӯш кунад, вале ба ҳар ҳол, хоҳиши муносибати дилсӯзона, ки «моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард» -ро ба хотир меорад, ба дил гармӣ мебахшад.
Шеъри «Барои ҳурмати мӯи сафедаш…» ҳам, ки ҳиссиёти ба ҳамин монанди шоири ҷавонро нисбат ба шеъру шоири «мардумошно» ва баланд «чун чархи барин» баён мекунад, самимона гуфта шуда, ҷузъиёти олами ҳастӣ, ки дар он ба ин ё он восита ва манзуре ба кор гирифта шудаанд, ҳамчун «мӯи сафед», «дили оинавор», «чашму нигоҳ», «болу пар», «замин» заминаи ашёвии шеърро пурбортар сохтаанд. Дар банди севуми шеър барои ифодаи таҳаммулнокии шоири мавриди ситоишу эҳтиром таҳаммулнокии ӯ ба пуртаҳаммулии замин ташбеҳ карда шудааст, ки тозаву муносиб аст: «Барои хоксориҳои покаш, // Таҳаммулнокии ҳамчун заминаш».[25]
Дар шеъри «Меҳри ту шеъри ман аст» (с. 1963) «ман»-и ӯ ба сифати шахси шоир ба забон меояд, ки сабаби ҳаётӣ дорад. Баъд аз танқиди парастиши шахсияти И. Сталин дар Анҷумани ХХ ҲК ИҶШС ва ислоҳотпешагии Котиби Генералии он Н. Хрушчев асарҳое пайдо шуданд, ки таъсири манфии оқибатҳои шахспарастиро аз ҷиҳати бадеӣ таҷассум мекарданд. Дар ин ҳангом шеъри «Ситораҳои бурҷи Кремл» (с. 1962) -и М. Қаноат низ ба қалам омад, ки дар он оқибатҳои ногувори шахсиятпарастӣ дар назар дошта, гуфта мешуд, ки як замон ситораҳои дурахшони Кремл - рамзи роҳнамоии Ҳизби коммунист ва Давлати Шӯравӣ аз сари мо дур гаштанд:
Рафта-рафта макони кори Ленин
Дур шуд, дур шуд зи аҳли замин.
Рафта-рафта ситораҳои Кремл
Дур шуд аз манораҳои Кремл.
Ахтари бахт рафт аз сари мо,
Дуртар аз ситораҳои само.[26]
Ин аз ҳадди эътидол гузаштан буд, зеро ҳангоми танқиди шахсиятпарастӣ ҳам иҷоза набуд, ки «ситораи ҳизбу давлат аз сари мардум дур шуд», гуфта шавад. Бинобар, ин гуна зиёдаравиҳо зуд пешгирӣ ва ҳамчун ақидаи ғалате дар бораи қудрати роҳнамоии доимии ҳизби коммунист ба сӯи хушбахтии ҳамагонӣ арзёбӣ карда шуд. Дар натиҷа М. Қаноат ҳам зуд аз ақидааш гашта, шеъри «Меҳри ту шеъри ман аст»-ро навишт ва ба номи ҳизб узр овард. Аз ҷумла, ӯ дар бораи роҳи ростон будани роҳи ҳизб, каҷ набудани мароми он, по каҷ намондани худ ҳамчун фарзанди ҳизб, то касе номи ҳизбро ба каҷӣ нагирад ва монанди ин суханҳои савганду садоқат гуфта, дар охир аз ҳизби роҳнамояш бо чунин ҳарфҳо бахшоиш мепурсад:
Шеър овардам ба даргоҳат, падар, –
Меҳри покат бар забон овардаам.
Гар бубинӣ сакта дар таҳрири ман,
Авф кун, устод, ин тақсири ман...[27]
Ин шеър, ки маҳсули давраҳои аввали эҷодиёти М. Қаноат мебошад, на фақат аз назари муҳтаво, балки аз назари сухану бофт низ камсармояву бепироя аст. Шахсияти ин шеър худи шоир аст, ки аз санади воқеии зиндагии худ сухан мегӯяд ва ҳиссиёту таассуроте, ки ӯ баён менамояд, дар доираи ҳаёти шахсӣ маҳдуд мемонад. Ин навъи шеър, яъне шеъре, ки дар бунёди он ягон санади воқеӣ, тарҷумаиҳолии ҳаёти шоир қарор гирифта, ба меҳвари андешаҳои отифии шахсияти шеър мубаддал шуда бошад, дар эҷодиёти М. Қаноат мақом надорад.
Дар байни эҷоди ин шеър ва силсилаи «Созҳои Шероз» (с. 1971), ки дар чопҳои аввалаш аз ҳафт шеър иборат мебошад, тақрибан даҳ сол фосила аст. Дар ин силсила шоир ҳарчанд худро дар зимн нигоҳ дошта, сухан мегӯяд, вале ҳузури муаллиф ҳамчун шоир дар ҳамаи онҳо ҳувайдо буда, тафаккураш амиқтар ва эҳсосоташ худист.
Дар шеъри «Тахти Ҷамшед», ки силсила бо он ибтидо мегирад, шахси шоир аз лаҳни гуфтор ва вожаву ибораҳое, ки аз муҳаббати ба духтари тоҷик доштааш сухан мегӯяд, ҳис карда мешавад. Масалан, бо ин гуна сабку рамзу маҷозҳо аз ишқи худ сухан гуфтан танҳо дар забони шоир табиӣ буданаш мумкин аст:
Пушаймон нестам,
гар зинда кардам ишқи Маҷнунро,
Даруни сина пинҳон доштам саҳрою ҳомунро,
Фурӯ бурдам зи чашми хеш пинҳон ашки гулгунро.
Кушодам, пош додам пеши поят ганҷи Қорунро,
Пушаймон нестам ҳаргиз![28]
Тахти Ҷамшед дар хаёлоти шоир аз нав бо ҳама ҳусну ҷамол ва шукӯҳу шаҳоматаш дар назар меояд, ки ӯ «Кунун дар қасри Доро ҷоми Ҷамшед аст дар дастам, // Зи бӯи бодаю мӯи бути Шероз сармастам» мегӯяд, ки оғози мафтунӣ ва сармастии ӯ аз он паризод аст ва чун он паризод ба дасти ӯ «ҷоми марворид» мегузорад, дар ботини шоир ду ҳиссиёту таассуроти ошиқона ба ҳам бармехӯранд, ки яке муҳаббати пешинаи духтари тоҷик ва дигаре мафтунӣ аз ин паризоди шерозист. Вуҷуди ду муҳаббат дар як дил фоҷиа аст, ки шоир ҳам бо назардошти таърихи аз ҷониби Искандар ба оташ кашида шудани тахти Ҷамшед, ки бо ангехтани яке аз маъшуқагони ӯ сурат гирифта буд, дар охир ба чунин хулоса мерасад: «Ҳаметарсам зи васлу оташи ҳаҷри ту, ҷонона, // Ки охир мешавам монанди ин вайрона - вайрона!»[29]
Шеъри дуюми ин силсила «Зоиндаруд» аст, ки рафтани он чунин ба суруд монанд карда мешавад:
Зоиндаруд, меравӣ, ҳамчун суруди ман,
Чун ханда аз даҳан,
Чун навҳа аз сухан.[30]
Дар ин оғоз муаллиф «Зоиндаруд, меравӣ, ҳамчун суруди ман» гӯён ба шоир будани шахси худ ишора мекунад. Ҳамин гуна ишора дар банди дигари шеър, ки «Аз оби лаъл мо лаби хубон кушодаем, // Бо шеваи дарӣ, // Бо шеъри ховарӣ» мегӯяд, низ ҷой дорад. Умуман бояд қайд кард, ки дар силсилаи «Созҳои Шероз» новобаста аз он ки дар худи шеърҳо ишорае бар иштироки бевоситаи шоир ҳаст ё нест, навъи тафаккур хусусияти шоирона дошта, ба худи шахси шоир тааллуқ мегирад. Аммо дар шеърҳои дигари ин силсила ҳам шахси шоир ҷо-ҷо рухнамо мешавад, масалан, дар ғазали «Чӣ маст мегузарӣ, аз «Висоли Шерозӣ» дар байте, ки чунин мегӯяд:
Камону тир надорам ба ҷуз сухан, эй моҳ,
Магар ба шеър бигирам ғизоли Шерозӣ.[31]
Дар ин шеърҳое, ки аз назар гузаштанд, андешаҳои отифии шахси шоир оид ба мақоми шеъру шоир асосан дар атрофи масъалаҳои шахсиву ошиқона мечархиданд, аммо Муъмин Қаноат, ки бештар шоири мавзӯъҳои иҷтимоист, то маҳрамонаи шахсӣ, наметавонист назари худро ба ин ҷиҳати ҳастии шоир иброз надорад. Ҳадаф ва моҳияти иҷтимоӣ доштани ҳастии шеъру шоир дар достони «Сурӯши Сталинград» (с. 1965-1970) ва «Аз силсилаи шеърҳои Афғонистон» (с. 1979) ба он тарзе ки аз муҳтавои тамоми эҷодиёти Муъмин Қаноат бармеояд, ифодаи мутобиқи худро ёфтааст. Дар ин баррасии ашъори ғиноӣ аз ҳамосаи «Сурӯши Сталинград» ёд овардан ба он хотир аст, ки маҳз дар оғози ҳамин достон Муъмин Қаноат назари худро ба масъалаи рисолати шеъру шоир дар ҷомеа чунон баён кардааст, ки моҳияти тамоми эҷодиёти ӯро фаро мегирад:
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд,
Дили сарбозу мисли ту камин бояд,
Замини ман,
Ки дастони туро хонад.[32]
Дуруст аст, ки барои ҳадафи сухан, яъне ҳадафи шеъру шоирро чунин муайян намудан тақозои муҳтавои достон мақоми муҳим дорад, аммо он чиз ҳам дуруст аст, ки ин хусусият дар бунёди шоирии Муъмин Қаноат нуҳуфтааст. Дар чаҳор банди оғози достон масъулияти шеъру шоир бо рамзу маҷоз ва ташбеҳу истиороти тоза баён карда мешавад. Сухан, яъне шеър ташхисонида шуда, ба он сифатҳои мурдану зинда гардидан, хазон дидану боз сабзидан, чу дарё дар муҳити хеш гунҷидан, гирифтани раҳи тақдир (тақдири бад), дами шамшер ва аз ҳамин қабил сифатҳо дода мешавад, ки рукнҳои онҳо аз олами ашё гирифта шуда, андешаҳои шоирро ашёвию тасвирӣ ифода мекунанд.
Ин навъи шинохти мақом ва моҳияти шеъру шоир дар шеъри охири «Аз силсилаи шеърҳои Афғонистон», дар байтҳое, ки Муъмин Қаноат шеъру шоирро вазифадор медонад, ки барои якдилу якзабон кардани мардум онҳоро камарбандӣ кунад, хеле хуб ифода шудааст:
Сарваре гар шеърро бандӣ кунад,
Кист мардумро камарбандӣ кунад!
Кист болу пар диҳад асҳобро,
Чашм бикшояд ҷаҳони хобро![33]
Муъмин Қаноат шахсияти худро ҳамчун шоир мавзӯъву муҳтавои шеър қарор надода, аксаран бо ишораҳо дар бораи худ ҳамчун шоир сухан мегӯяд, ки меъёраш бештар воқеӣ ва иҷтимоиву маънавист.
Муфради ғиноӣ, ки ба шахси шоир қаробат дорад ва ё тимсоли худи шоир мебошад, дар ашъори шоирони насли М. Турсунзода, М. Миршакар, А. Шукӯҳӣ, Ғ. Мирзо ҳарчанд ҷо-ҷо болу пари хаёлпардозона мегирад, аммо асосан дар заминаи воқеъгаро офарида мешавад. Вале дар ашъори Қутбӣ Киром, Лоиқ ва насли баъди онҳо муфради ғиноӣ, махсусан, дар давраҳои аввали эҷодиёташон, бештар бо хусусият, чеҳра ва тавоноии хаёлпардозона зуҳур мекунад. Сабаб дар он аст, ки насли пешини шоирон асосан дар замоне эҷод мекарданд, ки гароиш ба шеъри воқеъгаро қавӣ буда, бо эҳсосоту таассуроти воқеъбинона ифода намудани дастовардҳои сохти шӯравӣ меъёри асосии қимати шеър маҳсуб мешуд. Ҳарчанд бо сабки хаёлпардозона ҳам ин матлаб иҷрошавандааст, аммо таҷрибаи адабӣ ҳамон тавр сурат мегирифт, ки дар он ҷанбаи воқеъгаро тасаллут дошт, зеро дар ҷомеа ва сиёсати адабии реализми сотсиалистӣ ақидае ҳукмрон буд, ки дастовардҳои сохти шӯравӣ худ ба дараҷае бузургу бемонанданд, ки ба бардоштҳои хаёлпардозона эҳтиёҷ надоранд ва агар онҳо бо ҳамон сурати мавҷудаи худ инъикос шаванд ҳам аз дастоварди ҷаҳони ғайри шӯравӣ ба маротиб муҳиму баландтар хоҳанд буд. Бешубҳа, дар заминаи воқеӣ офарида шудани сурати муфради ғиноӣ, агар дар ҳақиқат ҳамаи муносибати мураккаб ва гуногунҷиҳату амиқи ӯ бо воқеият ба эътибор гирифта шуда бошад, онро нисбат ба сурати хаёлпардозонаи он дар камолоти шеъру шоир зинаи баландтаре талаққӣ кардан мумкин аст. Ва агар он сатҳию якпаҳлу бошад, ҳамчунонки дар бисёр шеърҳои нимаи аввали садаи бист ва, мутаассифона, дар нимаи дуюм ҳам ҳаст, дар он ҳолат на умуман бар шеър бартарӣ дораду медиҳаду на бар сабки хаёлпардозонаи он.
Қутбӣ Киром дар ашъори гуногуне, ки бахшида ба мавзӯи шеър ва шоир навиштааст, он хоҳ бевосита аз номи шоир бошад ё бо муроҷиат ба шоир, хоҳ фахрия бошад хоҳ марсия, хоҳ бо рангу равғани хаёлпардозона бошад хоҳ воқеъгароёна, дар ҳамаи онҳо назари ягонаи таҳтонӣ ҷой дорад, ки шоирро ҳамчун фарди фидокори ҷомеа ва давру замон, ки аксаран дар зиндагӣ қадрашро намешиносанд, ба тасвир мегирад. Муфради ғиноӣ дар ин ҳолатҳо худро дар кайфиятҳои гуногун нишон медиҳад, ҳатто дар ќутбҳои ба ҳам муқобил арзи андом мекунад, ба душворӣ, азобу изтиробҳо гирифтор мешавад, вале дар ҳама ҳолатҳо қудрат дорад, ки ба ҳақиқату адолат ҳамовозӣ кунад, пуштибони маънавии мардум гашта, дарди ононро дар ҷони худ бикашад.
Ин хусусият дар бисёр шеърҳо, аз ҷумла, дар «Соҳибдило…» (с. 1968), «Шеъри аввалин», «Шоиронем» (с. 1971), «Шеъри мо» (с. 1975) ҷой дорад. Ин тимсол вобаста ба мавзӯъ ва муҳтавое, ки дар шеър мавриди ифодаву тасвир қарор мегирад, тарҳҳои гуногуне пайдо мекунад, ки комилан табиист. Зеро мавзӯъву муҳтаво муайян менамояд, ки ба он ин ё он гуна муносибат карда шавад. Ҳамин гуна ба ҳам вобастагии муҳтаво ва тимсоли «ман»-и шоирро дар шеъри «Шеъри аввалин» дидан мумкин мебошад. Муҳтавои ин шеър аз авзои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад, ки пур аз ғаму дарду умеду ноумедиҳо буд. Шоир, ки он солҳо замони наврасии худро мепаймуд, дар шеър ҳам аз эҳсосоту таассуроте сухан мегӯяд, ки хоси наврасии ӯ мебошанд. Дар ин шеър даъво ва бардоштҳои ғулувомез, ки дар шеърҳои дигари ба мавзӯи шеъру шоир навиштааш ҷой доранд, қариб ба назар намерасанд ва тимсоли «ман»-и шоир ҳамчун наврасе, ки вазъи фоҷиабори замонро дарк кардааст ва ба ҳар роҳ мехоҳад, як зарра бошад ҳам, гаронии ин вазъро сабуктар намояд, падидор мешавад. Ҳамин матлаб тақозо менамояд, ки ӯ хати сиёҳи марги бародарро ба номаи ҳаёт табдил ва дурӯғро беҳ аз ҳақиқат сохта, ба модари чашминтизор расонад. Ин амал ба характери тимсоли «ман»-и шоир, ки бачаи наврас буда, бо дигар роҳ таскин додани модари азизу бечораашро намедонад, мухолифат намекунад ва замири дили огоҳу дардошнои ӯро боз менамояд.
Ман шеъри аввалини худ он лаҳза гуфтаам,
Будам ба даст номаи марги бародарам.
Бар ҷои «мурд» «зиндааст» (?)[34] иншо намуда худ,
Дуздида оби дидаам (?), бурдам ба модарам.[35]
Тимсоли «ман»-и шоир дар шеъри «Шоиронем» аз номи ҷамъи шоирон сухан меронад. Ҳангоми навиштани ин шеър (с. 1971) шоир дар синни баркамолӣ буд ва азбаски муҳтавои шеър ҳам масъалаҳои бузург, аз ҷумла, масъулияти шоирро, ки забони ҳақиқат ва нигоҳбони озодӣ, пуштибони мардум ва ҷонфидои ватан мебошад, дар бар мегирад, «ман»-и шоир ҳам бо ҳамин гуна сифатҳо зоҳир мешавад. Муаллиф дар тавсифи шоирон, ки худ ҳам яке аз онҳост, чунин суханҳоро ба забон меорад: «Бар ҳақиқат мо забонем… // Ҳиммати моро набардорад замин…// Гарчи моро дил чу дарё, // Пайкари мо қуллаҳое, ки // Бидорад осмонро… // Шоиронем. // Бар ҳақиқат хешу ёрем, Ҷонфишону сарбадорем…».[36]
Ҳамчунонки ба назар мерасад, тимсоли «ман»-и шоир дар «Шеъри аввалин» аз тимсоли шеъри «Шоиронем» ба куллӣ фарқ мекунад. Ин фарқият на фақат дар ҷаҳоншинохтии тимсолҳои муфради ғиноӣ, ки аввалӣ шоири наврас мебошаду дувумӣ шоири баркамоли зиндагишинохта, балки дар ибрози андеша ва сабки сухан низ падидор аст. Тимсоли муфради ғиноӣ дар шеъри аввал ба хотири таскини модараш ба ҷойи расонидани хабари марги бародар, ба ҷуз зиндааст, гуфтан чораи дигар намебинад, ки дурӯғи маслиҳатомез аст, вале дар шеъри дувум ӯ иброз медорад, ки мо забони ҳақиқатем. Сабк ва лаҳну оҳанги сухан низ бобардошту муҳташамтар ба гӯш мерасад. Аз ин бармеояд, ки мавзӯъ ва муҳтаво дар чигунагии тимсоли «ман»-и шоир дар шеър мақоми муайянкунанда дорад.
Дар ин ҷост гиреҳи масъалае, ки чаро дар эҷодиёти як шоир тарҳу тимсоли шахсияти ғиноӣ ва ё «ман»-и шоир ба таври гуногун зуҳур менамояд, масъала дар сари гуногунии мавзӯъву муҳтаво ва чигунагии муносибати шоир бо онҳост.
Қутбӣ Киром дар ашъоре, ки бахшида ба мавзӯи мақоми шеъру шоир навиштааст, шоирро гоҳе чун шахси заминӣ, бо услуби тасвири воқеъгароёна ва гоҳе чун фарди бартар аз воқеият, ба тарзи нигориши хаёлпардозона, падидор месозад. Аммо дар назар бояд дошт, ки бо вуҷуди бо иғроқҳо ва эҳсосоти хаёлпардозона сухан гуфтан ва ибрози ҳиссиёту таассурот кардани шахсияти ғиноӣ ва ё «ман»-и шоир дар эҷодиёти Қутбӣ Киром онҳо шахсиятҳои хаёлпардозона намебошанд, зеро дар доираи тасаввуроту ҳиссиёти фардии худ маҳдуд намонда, ба воқеият рӯй меоранд ва онро на бо савқи табиӣ, шуҳудӣ, балки аз рӯи ҳастии воқеии онҳо аз нав бозофаринӣ менамоянд. Дар ашъоре, ки аз ӯ то ин ҷо баррасӣ шуданд, аз ҷумла, дар «Шеъри аввалин», «Шеър хонед», «Шоиронем», «Соҳибдило…» ҳама муфрадҳои шеър шахсиятҳое ҳастанд, ки дар заминаи воқеияти замони худ устуворанд.
Дар ашъоре, ки Қутбӣ Киром дар давраҳои гуногуни эҷодиёташ иншо намудааст, шахси шоир ҳамеша ҳамин гуна сифати воқеӣ ва пайвандгирифтае бо ҳолу ҳавои ҷомеа ва мардум дорад. Пас, аз ин бармеояд, ки ин гуна сифат доштани шахсият дар шеъри ӯ решагӣ мебошад.
Муҳтавои ашъори Қутбӣ Киром асосан шаҳрвандию иҷтимоист, аз ин рӯ, «ман»-и шоир дар шеъри ӯ пеш аз ҳама «ман»-и шаҳрвандист, ки дар ашъори ба шеъру шоир бахшидааш ҳам ба хубӣ намудор аст. Ҳарчанд сабки эҷодиёти Қутбӣ Киром бештар рангу равған ва бардоштҳои хаёлпардозона дорад, аммо заминаи мавзӯаш воқеъгароёна мебошад. Бинобар, «ман»-и шоири ӯ «ман»-и мумтоз, мунтахаби ҷомеа набуда, яке аз онҳост, ки дили дардошно дораду қареҳаи шоирӣ.
Шеъри Қутбӣ Киром шеъри зиндагист, тимсоли муфради ғиноӣ ва «ман»-и шоир ҳам, ки аз шеърҳояш рух менамояд, фардест, ки дар оғӯши ҳастӣ зиндагисоз аст. Азбаски қувваи зиндагисозӣ дар ӯ медамаду мавҷ мезанад, тимсоли ӯ мушоҳидакори бетараф набуда, дар айни фаъолият ва ҷӯшу хурӯши эҳсосоту таассурот мебошад.
Хусусияти дигаре, ки ба Қутбӣ Киром ҳамчун шоир ва барои шахсияти шеъраш ҳам, мансуб аст, ин мебошад, ки барои ӯ меъёри миёна вуҷуд надорад, агар ӯ дар бораи чизе суҳбат мекунад, ки мусбат аст, меъёраш бузургтарини бузургу олитарини олист ва агар дар бораи чизе сухан мегӯяд, ки манфист, онро ба ночизтарини ночизҳову пасттарини пастҳо мубаддал месозад. Ҳамчунонки дар ғазали «Кистам» (с. 1968) аз ҳар лаҳза дигар шудани вазъи рӯҳияш сухан ронда, дар яке аз байтҳояш чунин мегӯяд: «Як лаҳза шаҳбозам, ки бо як шаст гирам сайдро, // Як лаҳза аз худ рафта, дастомӯз кафтар мешавам».[37]
Ин фазилати модарзодии Қутбӣ Киром аст, бинобар ин ӯ аксаран шеъри шахсияти худро мегӯяд, то мепардозаду месозад. Ӯ дар яке аз шеърҳои давраи ҷавониаш «Шоир», ки дар маҷмӯаи «Илҳом» (с.1968) омадааст, хитобан ба шоир чунин гуфтааст:
Аз худат дурию ба мардум хеш,
Дардат аз дарди дардмандон беш.
Баҳри мардум ту нӯш мехоҳӣ,
Худ қаноат ҳамекунӣ бо неш.[38]
Дар шеъри «Тавозуъ», ки дар солҳои ҳаштоди асри гузашта гуфтааст, қариб баъди ду даҳсола боз ҳамон маънои дар баробари беадолатии дигарон одилу накӯкор будани шоир баён мешавад, ки бо гуфтаҳои пешинааш ҳамоҳанг аст: «Хӯрда тири маломати дунон // В-аз накӯкорӣ (?) бас накардам ман».[39]
Дар аксари ашъори ба шеъру шоир бахшидаи Қутбӣ Киром ин ду нукта – ҷонфидои мардум будани шоир, вале қадри ӯро нашинохтани ҷомеа таъкид мешавад, ки як андоза ба вазъи шоирии худи ӯ низ нисбат мегирад, зеро воқеан ҳам қадршиносии ӯ ба даврони солхӯрдагиаш рост омад, ҳарчанд аз рӯи ҳақиқату адолат метавонист, ки хеле зудтар сурат бигирад.
Ҳамин тариқ, нуктаи дувум, нашинохтани қадри шоир аз ҷониби ҷомеа дар ҳамон шеъри аввал – «Шоир», дар банди дигар чунин баён гашта буд: «Гарчи қадрат ба зиндагӣ шуд паст, // Ҳайкалатро баланд месозанд»,[40] ки ин мазмуну оҳанг – пастии қадри шоир дар замони зиндагӣ минбаъд дар чанд шеъри ӯ ба гӯш мерасид. Дар солҳои навад, баъди буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ва ворид шудани ҷомеа ба иқтисоди бозор, ки аҳволи мардум ва махсусан, аҳли зиё дар давраи аввал бисёр ҳам мушкил шуд, он мазмуну оҳанги ношинохтагии қадри шоир дар шеърҳои Қутбӣ Киром боз пурқувваттар гашта, аз ҷумла, дар шеъри «Шеъри сафеди рӯзи сиёҳ» (с. 1994), ки дар охирҳои умраш навишта буд, бо дарду алам ва истеҳзо баланд садо дод:
Шоир, эй ҳамдарди мардум,
Хокмоли моҳу анҷум,
Бо сари хам дидамат имрӯз,
Оё дар замини сахт худро кардаӣ гум?
Мисраи шеъри ту се сӯм,
Якта нони ту дусад сӯм...
То куҷоҳо мезанӣ сум.
То намонад деги ҳастият зи ҷӯш,
Рав, матоъ арзон хару қимат фурӯш.[41]
Дар ашъоре, ки муаллиф ҳамчун шоир зоҳир мешавад, масъалаи чигунагии муносибати ӯ бо мардум аз масъалаҳои муҳим буда, барои муайян намудани авзои иҷтимоии ҷомеа аз меъёрҳои асосист. Дар нимаи дуюми қарн, то солҳои навад, муносибати шоир бо ҷомеа асосан мутаносиб буд, ҳарчанд ӯ гоҳ-гоҳ аз носозгориҳо шикоят мекард, вале он бештар аз ашхос ва воқеоти ҷудогона буда, хусусияти истисноӣ, ғайримаъмулӣ дошт. Агар сухан аз мардум буд, мардум ҳамеша дӯстдори ӯ буданд ва ӯ ғамбардори мардум, аммо ҷамоати мардум дар назари шоир яксон набуда, дар мобайни он номардумоне низ буданд, ки на ба қадри шоир мерасиданду на ба фаҳми сухани ӯ. Зиддияти ӯ бо ҷомеа ва мардум аз муносибати номардумонаи ҳамин тоифа сар мезад, ки то солҳои навад дар ҳамон дараҷаи мухолифати ҷудогона монда, ба мухолифати иҷтимоӣ намерасид. Аммо аз аввалҳои солҳои навад, баробари кам - кам дигар шудани авзоъ ва сохти ҷомеа, муносибати шоир низ ба он тағйир мехӯрад, дар замири ӯ оҳанги ноҷӯрӣ, зиддият пайдо мешавад. Ин мухолифат акнун ғайримуқаррарӣ, ҷудогона ва бо як шахс ва ё як тоифа набуда, мухолифат бо ҷомеа, мухолифати иҷтимоист, ки дар шеъри фавқуззикри «Шеъри сафеди рӯзи сиёҳ» равшан баён гаштааст. Ҳамин гуна мухолифат бо авзои иҷтимоии замон дар ғазали «Чарху ба кори хештан» (январи 1993) аз забони шоир чунин иброз мешавад:
Имрӯз нози синаи пурдард мекашам,
Дар чорсӯ балои раҳовард мекашам.
Халқи маро чӣ нагбате аз пеши по дамид,
Бо мардиам мазаллати номард мекашам.[42]
Шеърҳое, ки то алҳол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ба давраҳои гуногуни эҷодиёти Қутбӣ Киром тааллуқ доштанд, аз ин бармеояд, ки назари шоир Қутбӣ Киром ба ин масъала аз аввал чунин будааст. Аммо чизи дигарро ҳам дар назар бояд дошт, ки бо вуҷуди ношинохтагии қадру манзалати шоир дар ҷомеа ин шахсият дар шеъри ӯ шахсияти бечора ва гирифтори яъсу ноумедӣ нест, зеро ҳамеша дар баробари ӯ шахсияти шоиронаи дигар рух менамояд, ки қодиру тавоно ва умедпарвару шодмон аст. Масалан, дар шеъри «То нек ба кор оям…» (с.1975) тимсоли шахси шоир ҳамин гуна шахси шодмонест, ки дар дил косаи тарабаш ҳасту тавоност ва дар муҳимтарин ободкориҳои замонаш саҳми бузургу мондагоре дорад. Ҳарчанд дар ин шеър ҳам шоир бо сабку бардоштҳои хаёлпардозона сухан мегӯяд, аммо шахсияти шеър дар заминаи воқеияти замон рушд кардааст, зеро ӯ ҳамнафасу ҳамдами бунёдкорони Нораку Роғун, коргарони кони Анзоб ва сарсабзкунандагони водии Вахшу даштҳои Мирзочӯл мебошад. Дақиқ зикр кардани пайванди шахси шоир бо маҳалли бунёдкориҳо ба шеър як навъ оҳанги публисистӣ, иҷтимоиву сиёсии рӯзмарравӣ медиҳад, аммо эҳсосоти ӯ, ки пайваста бо шӯру ғалаёни ботиниаш иброз мешавад, онро дилрасу хотирмон месозад.
Ман номабари шодӣ,
Барҳамзани андӯҳам,
Ман ҳамнафаси чашма,
Ман ҳамҷигари кӯҳам…
Ман шоираму чун дил,
Дар сина ғами мардум,
Ман зиндагари хокам,
Ман додраси анҷум.[43]
Шахсияте, ки дар ашъори ба мақоми шеъру шоир бахшидаи Қутбӣ Киром зоҳир мешавад, шахсияти олиии шоиронаест, ки дар баробари хаёлпардозонаву шоиронагии худ инсони одию заминие низ мебошад, ки ҳамроҳи мардум зиндагӣ дорад. Ӯро дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт дидан мумкин аст, ӯ воқеотеро, ки дар назари аввал ношоирона намудор мешаванд, шоирона мебинад ва дар онҳо шахсияти шоиронаи худро кашф мекунад. Барои шахсияти шеъри Қутбӣ Киром «…ҷое, ки зиндагист, он ҷо шеър аст».[44]
Дар шеъри нимаи дувуми садаи бисти тоҷик Лоиқ шоирест, ки ҷаҳони худро бо тамоми тазоҳури олами моддию маънавӣ ва бо гуногунтарин ҳолатҳояш, ғаму шодӣ, барору нобарорӣ, умеду ноумедӣ ва монанди онҳо, ки дар тимсолҳои шахсияти ғиноӣ, «ман»-и шоир ва ё муаллиф таҷассум мешавад, мавзӯи эҷодиёти худ қарор додааст. Ин мавзӯъ дар эҷодиёти ҳеҷ шоири дигаре ба ин густардагӣ ва гуногунҷиҳатӣ ба қалам наомада, ба ин гуна мақоми асосӣ соҳиб нагаштааст. Лоиқ қариб дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ ҳамчун шоир сухан мегӯяд, яъне ба шоир будани шахси худ ва шахсияти ғиноияш таъкид мекунад. Ин ҳолатҳо дар баъзе маврид ба ҳам сахт мухолифанд, ҳатто қутбҳои ба ҳам зидди авзои инсонӣ, ҳамчун ифтихор ва шармсорӣ, ризоят ва норизоят, сарбаландӣ ва сарафкандагӣ ва монанди инҳоро дар бар мегиранд. Чунин авзоъ ва андешаву таассуроти мутазод, ки дар ҷаҳони «ман»-и шоир ва ё шахсияти ғиноӣ ба зуҳур меоянд, бепардапӯшӣ, ошкоро баён карда мешаванд. Сабаби чунин хусусият пайдо кардани шахси шоир ва шахсияти ғиноӣ дар эҷодиёти Лоиқ дар чист?
Дар ин ҷо ду омили муҳимтаринро бояд қайд кард, ки, аввалан, табъан шоири ғиноӣ будани Лоиқ, ки ин омили субъективӣ, шахсист ва сониян, замоне, ки Лоиқ ҳамчун шоир ташаккул меёфт, солҳои 60-70 қарни ХХ, солҳое буданд, ки омилҳои шахсӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамияти бештаре пайдо карда, ифодаи он дар адабиёт ҳам ба яке аз равияҳои асосии арзишманде табдил мешуд. Ин рӯйдоди тозаи ҳаёти иҷтимоӣ ба Лоиқ, ба шоири сирф ғиноӣ, ки тамоми мавҷудот ва воқеоти оламро аз тариқи шахси худ дарк ва ифода мекунад, на танҳо таъсири амиқ мегузошт, балки ҷаҳонбинии шоиронаи ӯро аз реша ба худ мувофиқ месохт. Бинобар ин, муфради ғиноии ашъори ӯ асосан шахси шоир буда, шахсиятест, ки дар заминаи воқеӣ, ҳамчун ҷавобгӯи ниёзмандиҳои замони худ ба камол расидааст.
Яке аз маҷмӯаҳои Лоиқ «Марди роҳ» (с. 1979) бо шеъри «Ифтихор» (с. 1979) оғоз мешавад, ки фахрияи шоир аз насибу рӯзияш аст, ки ӯро дар миёни «кӯҳсорон кӯҳсон», «бо ғурури қуллаҳо ҳамошён», «дар деҳи хурде барои сад ҷаҳон» зодаанд. Ин шеър аз ҳиссиёт, таассурот ва андешаи ба ҳамин монанди дигар, ки моломоли сарбаландию сарафрохтагист, ба ҳам омадааст. Шоир, ки бо каме умумият додани дошта ва бардоштаҳои хеш аз зиндагӣ сухан мегӯяд, дар зимни «ман»-и худ «ман»-и умуман шоиронро низ дар назар дорад, ки ин вазъу ифтихор ба онҳо ҳам мансуб буданаш мумкин аст. Бинобар, дар ин ҷо «ман»-и шоир ба сифати тимсоли шахсияти ғиноӣ зуҳур намуда, дар хонанда ҳам ҳамин гуна ҳисси ифтихорро бедор мекунад:
Дар миёни кӯҳсорон кӯҳсонам зодаанд,
Бо ғурури қуллаҳо ҳамошёнам зодаанд.
Дар канори чашмае баҳри дамонам зодаанд,
Дар деҳи хурде барои сад ҷаҳонам зодаанд.[45]
Агар ин арзадошти шахсияти ғиноӣ бо арзадошти шоирони насли пеш аз Лоиқ муқоиса карда шавад, дар ҳеҷ кадоме аз онҳо бад-ин сурат оҳанги баланди ифтихор аз шахси худ пайдо нахоҳад шуд. Қариб дар ҳамаи маҷмӯаҳои ашъори Лоиқ шеърҳое ҳастанд, ки дар онҳо аз мақсаду маром, мавқеу мақом ва дархостҳои ӯ аз шеъру шоирӣ сухан меравад. Ҳарчанд қариб ҳамаи онҳо реша дар заминаи воқеӣ доранд, аммо аз рангу равған ва бардоштҳои хаёлпардозона бархӯрдоранд. Вале дар охири қисмати аввали ҳамин маҷмӯа шеъри «Хабар доред оё, Ҳазрати Лоиқ» мавҷуд аст, ки баръакси шеъри аввал саршори ҳиссиёти шикоят ва норизоӣ аз худу аз шоирии худ аст:
Шумо боре ба худ оед,
Даме дилро ба рӯи сафҳа бигзореду пурседаш,
Ки оё ин ҳама шеъре, ки фармудаст,
Сухан будаст, ё бешак суханреза? ...
... Хабар доред оё, Ҳазрати Лоиқ,
Ба ҳован об кӯбидед!
Ба ҳован об кӯбидед![46]
Ҳар дуи ин шеър ба солҳои 70 тааллуқ дорад, «Ифтихор» соли 1977 «Хабар доред, оё Ҳазрати Лоиқ?!» соли 1979 эҷод шудааст, ки он ҳангом шоир Лоиқ таҷрибаи тақрибан бистсолаи шоирӣ дошт. Аммо муҳтавои мақоми шеъру шоир дар андешаҳои шахсияти ғиноӣ тоза ба зуҳур наомада, он ҳам қариб собиқаи бистсола дошт. Масалан, дар яке аз шеърҳои давраи аввали эҷодиёти Лоиқ «Дар ёди шараф», ки соли 1963 навишта шудааст, низ ҳамин гуна эҳсосоту андеша матраҳ аст. Шеър бо чунин изҳори рози дил кардани «ман»-и шоир, ки оҳанги ҳузну шикоят дорад, оғоз мешавад:
Оҳ, маҳзунам, ки дар айёми фатҳи осмон,
Дар замоне, ки фалакпаймо ба сӯи моҳ рафт,
Шеъри ман аз сафҳае берун наёмад ҳамчу нақш,
На забони ошиқе шуд, на ба ҳар дилхоҳ рафт.[47]
Чунонки мулоҳиза мешавад, сабки сухан дар шеъри «Дар ёди шараф» аз шеъри «Ифтихор» фарқ дорад, зеро зовияи нигоҳ дигар аст, дар «Ифтихор» шахсияти ғиноӣ бар ҳастии худ бо ҳисси ифтихору сарбаландӣ, ғуруру тавоноӣ нигарад, дар шеъри «Дар ёди шараф» бо маҳзунию оҷизӣ ва умеди қудратмандии оянда назар афканда, сухан мегӯяд. Ҳар дуи ин шеър ҳам дар як вазн – рамал ва дар ду навъи баҳаммонанди чаҳорпора, ки қофиябандии гуногун дорад, гуфта шуда, аммо ба эътибори гуногунии зовияи нигоҳи шахсияти ғиноӣ дар ин шеърҳо таҷассуми муҳтаво бар ҳамдигар тафовути чашмрасе пайдо кардааст. Муҳтавои «Ифтихор» нисбат ба шеъри «Дар ёди шараф» хеле муҳташам ба назар мерасад. Албатта, дар ин маврид замони эҷоди ҳар дуи ин шеърро ҳам набояд аз назар соқит кард, ки «Дар ёди шараф» ҳангоми навқаламии шоир ва «Ифтихор» дар баркамолӣ эҷод шуда, сабки сухани шоир ба инсиҷоми комил расида буд. Вале ҳоло манзур муҳтаво ва зовияи нигоҳ аст. Дар шеъри аввал шоири ҷавон ба вазъи шоирии худ, ҳарчанд бо маҳзунӣ менигарад ва, аз ҷумла, шиква мекунад, ки дар замони парвози фалакпаймоҳо шеъри ӯ аз сафҳае берун наомад, даврон симурғпарвоз асту ӯ оҷизу кундрав ва то ҳол мисраи шоистае нагуфтааст, аммо бо вуҷуди ин худро тамом ноумеду нотавон нишон намедиҳад ва аз шоирии худ масъулияти бузургеро тақозо карда, мегӯяд:
…Инак, қалам!
Бо сухан аз рег соз оинаи искандарӣ!
… Пок кардан доғи рӯи Моҳро бо шеъри хуб –
Шоиро, ин аст мақсад! Баҳри ин боист зист![48]
Сухани маҷозии шахсияти ғиноӣ, ки худро барои аз рег оинаи искандарӣ сохтану доғи рӯи Моҳро пок кардан ташвиқ мекунад, мазмуни аз шеъру шоирӣ матлаби бузург доштани ӯро ифода менамояд. Ин маънӣ дар баъзе шеърҳои дигари давраи аввали эҷодиёти Лоиқ, масалан, дар шеърҳои «Зарафшон» (с. 1960), «Аз наҳри сухан, ишқи Ватан, ишқи ҳабибон // Бо хомаи худ чун ту басо зар бифишонам!»,[49] «Худфурӯзӣ» (с.1963) «Хурӯшат ку? Талошат ку? Чароӣ худ асири худ? // Бурун о мисли шеър аз дил, забони безабонон шав»[50] низ ба назар мерасад, ки далели аз оғоз барои иҷрои мақсадҳои азим ба шеъру шоирӣ рӯй овардани ӯ мебошад. Азбаски ин маъно қариб дар ҳамаи ашъори ба ин мавзӯъ навиштаи Лоиқ ҷой дорад, он яке аз унсурҳои асосии шаклдиҳандаи тимсоли бадеии шахсияти ғиноӣ маҳсуб мешавад. Дар ин ҳолатҳо муфради ғиноӣ аз шахсияти ғиноӣ, «ман»-и шоир дуру ҷудо набуда, баръакс ба ӯ бисёр наздик, балки худи ӯ мебошад, зеро андешаву эҳсосот ва фикру ақидаҳои ӯро баён мекунад. Дар ин гуна шеърҳо шууру ҷаҳонбинии шоир ба таври мустақим набошад ҳам, ғайримустақим инъикоси худро ёфта, партаве аз шуури иҷтимоии замонро ҳам мунъакис менамояд. Масалан, ақидае, ки шоирро пеш аз ҳама дар хидмати замон ва халқу Ватан масъул медонад, мутааллиқ ба шуури иҷтимоии нимаи дувуми садаи бист аст, ки дар ҷаҳоншиносии муфради ғиноии ашъори Лоиқ ҳам нақши назаррас дорад. Он дар шаклу суратҳои гуногун дар саросари эҷодиёти Лоиқ аз забони шахсияти ғиноӣ, ки ҳамчун шоир зуҳур мекунад, аз ҷумла, дар шеърҳои «Ман ҷавонам» (с. 1968), «Ман аз ин қофияпардозиҳо бисёр дилгирам» (с.1971), «Таманно» (с. 1973), «То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст» (с.1976), «Ворисон» (с. 1981) ва ғайра арзи вуҷуд менамояд.
Дар шеъри «Ман ҷавонам», ки ба солҳои шаст – давраҳои аввали эҷодиёти шоир тааллуқ дорад, шахсияти ғиноӣ худро «давоми рӯзгори рафтагон», «посдори хотири қурбониён», «посбони зиндагонию замон»[51] дониста, як андоза бо лаҳни хаёлпардозона сухан гӯяд, дар шеъри «Ворисон», ки маҳсули солҳои ҳаштод – замони баркамолии шоир аст, худро дар қатори дигарон «меҳнатзода», «сина бар амри Ватан бикшода», «дар поси замон истода», «дил ба дасти даврон дода» мехонад, ки ҳамон инъикоси шуури иҷтимоии замон мебошад, ки бо сабки воқеъгароёна баён шудааст:
Мо ҳам аз мардони меҳнатзодаем,
Сина бар амри Ватан бикшодаем.
Баҳри ҷуброни ҳама қарзи замон
Ҷумла дар поси замон истодаем.
Гар ҳама дороии мо як дил аст,
Дил ба рӯи дасти даврон додаем.[52]
Ҳамчунонки аз ҳар дуи ин пора ва ашъори дигаре, ки оид ба ин мавзӯъ зикр шуданд, возеҳ ба назар мерасад, тимсоли муфради ғиноии Лоиқ, ки шоир бошад, шахсияти иҷтимоист. Аммо ин шахсияти иҷтимоиест, ки аз таровишҳо, эҳсосоти самимона ва воқеии ҳаёти рӯҳӣ бегонагӣ надорад, баръакс ин ду навъи эҳсосотро, ки ба гурӯҳҳои гуногун тааллуқ дорад, бисёр табиӣ ба ҳам меомезад. Асоси консепсияи шахсияти эҷодиро дар ашъори Лоиқ ҳамин ба ҳам даромехтагии эҳсосоти иҷтимоӣ ва ҳаёти рӯҳии шахсӣ ташкил медиҳад. Баъзан ин даромехтагӣ дар тимсоли шахсияти ғиноӣ ва ё «ман»-и шоир дар як шеър мавҷуд бошад, баъзан он дар алоҳидагӣ вуҷуд дорад, яъне тимсоли ин шахсиятҳо – иҷтимоӣ ва рӯҳии шахсӣ дар ашъори Лоиқ ҳам дар ягонагӣ ва ҳам дар алоҳидагӣ дар баробари ҳам арзи вуҷуд менамоянд.
Тимсоли шахсияти ғиноӣ ва ё «ман»-и Лоиқ дар ҳама ҳолат, ҳам дар ҳолати ифодагари шуури иҷтимоӣ ва ҳам дар ҳолати баёнгари шахсияти худӣ будан, зуд шинохта мешавад. Сабаби ин на фақат дар фардияти сабки сухан, махсусиятҳои шаклӣ, системаи образҳову таъбироти шеъри ӯ, балки дар ягонагии мақсадноки тимсоли шахсияти ғиноӣ ва ё «ман»-и шоир мебошад.
Масалан, тимсоли шахсияти ғиноӣ, ки шоир асту ифодагари шуури иҷтимоист, дар шеърҳои «Ман ҷавонам», «Руҷӯи достоне, ки наметавонам навишт» (с.1968), «Ман аз ин қофияпардозиҳо бисёр дилгирам», «Таманно», «То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст» ба чашм мерасад. Ин сифат дар пораҳое аз шеърҳои «Таманно» ва «Ман ҷавонам», ки болотар иқтибос шуданд, равшан намудоранд. Шахсияти ғиноии шеърҳои «Замин меросӣ» (с. 1966), «Ватан» (с. 1968) низ ҳамин гуна сифати барҷастаи иҷтимоӣ дорад, ки ин мисраъҳо собит менамоянд:
Ман дар ин ҷо посбонам,
Посбони зиндагону рӯҳбони мурдагонам.
Баҳри фардо, баҳри истиқболи нурафшону зебо
Дастовези азизи модаронам.[53]
Ё дар шеъри «Ватан» мегӯяд:
Инак ману дифои ту, эй модари Ватан,
Ман дар паноҳи ту,
Ту дар паноҳи ман![54]
Ин тимсоли шахсияти ғиноӣ аз шахси воқеии Лоиқи шоир дуру ҷудо нест, балки бештар аз он ҳатто ба санади тарҷумаҳолияш асос дорад. Дар соли эҷоди шеъри «Замини меросӣ», соли 1966, ӯ дар хидмати ҳарбӣ буд ва шеърро ҳам дар ҳамон шаҳре, ки хидмат мекард, шаҳри Новороссийски Русия навиштааст. Бинобар, ҳарфҳое, ки аз хидмат ва садоқат ба Ватан мезанад, аз моҳияти зиндагиаш бармеоянд.
Дар баробари ин, дар ашъори Лоиқ тимсоли шахсияти ғиноӣ ва ё «ман»-и шоир вуҷуд дорад, ки дар асоси эҳсосоту андешаи рӯҳии шахсӣ офарида шудааст. Тимсоли ин шахсиятҳо бештар дар шеърҳое, ки муҳтавои ошиқона, андешамандона ва воқеии маишиву ҳаётӣ доранд, ба чашм мерасад. Ин қазия дар шеърҳои «Равам бегаҳ лаби дарё нишинам» (с. 1970), «Сабзаи сӯхтаи манзараҳо» (с. 1979), «Дилам парвоз мехоҳад» (с. 1980), «Шеъре дар бемористон» (с. 1982), «Бидруд оташи дилам! Бидруд, ошиқӣ» (с. 1997) исботи худро меёбад. Ин шахсият дар саросари эҷодиёти Лоиқ ҳузур дорад. Масалан, ӯ дар шеъри «Равам бегаҳ лаби дарё нишинам», ки дар давраи ҷавонии шоир эҷод шудааст, аз хостҳои худ чунин мегӯяд, ки тақозои қалби шоиронаи ӯст:
Ҷунун омӯзам аз дарёи кӯҳӣ,
Ғуруру шӯришу туғёну мастӣ …
…Бибӯсам аз лаби соҳил чу мавҷе,
Ки ӯ ҳам мисли шоир беқарор аст.[55]
Муҳимтарин хусусияти «ман»-и шоир дар он аст, ки ба оламу одам ва воқеоти он ҳамеша бо чашми шоирона менигаранд ва шоир будани шахси худро собит менамоянд. Лоиқ шоирии шахси худро дар шеър на фақат бо нигоҳи шоиронааш, ки ин барои ҳар шоир як амри табиист, балки ба воситаҳои забонӣ низ гӯшзад мекунад. Масалан, ин ҳолат дар пораи дар боло иқтибосшуда, дар ин байт «…Бибӯсам аз лаби соҳил чу мавҷе, // Ки ӯ ҳам мисли шоир беқарор аст», низ мушоҳида мешавад, ки ӯ беқарории мавҷро ба беқарории худ, ки шоир аст, монанд намуда, шоир будани шахси шеърро ба воситаи забонӣ ҳам ёдрас мекунад.
Дар давраҳои аввали эҷодиёти Лоиқ шахси шоир хоҳ шахсияти ғиноӣ, хоҳ «ман»-и шоир бошад, баъзан бо сифатҳои инсони ҷомеъ, фавқулода, бисёр ҳам муборизу иҷтимоӣ, орзупарвар ва монанди инҳо ба назар меояд, ки на ҳамеша ба ҳастии шахси худи ӯ ва воқеияти зиндагиаш айният дорад. Сабаби чунин хусусият гирифтани тимсоли шахсияти ғиноӣ ва ё «ман»-и шоир дар ашъори Лоиқ ба ду чиз вобаста буданаш мумкин аст. Аввалан, ба ҷараёни хаёлпардозонаи адабиёт, ки дар он тимсоли инсони усулан мақсадноку қудратманд ва ҳатто фавқулода мақоми махсус дорад ва, баъдан, таъсири хусусияти куллиятгароии шеъри классикии мост, ки Лоиқ аз таҷрибаи ҳар дуи ин навъи адабиёт фаровон истифода кардааст.
Шеъри классикии тоҷику форс дар пайи таъйини фардият набуда, пайи ҳақиқати бартару волотар мегардад, бинобар дар он нақши шахсият асосан куллӣ ба тасвир меояд ва азбаски яке аз заминаҳои такомули сабки эҷодии Лоиқ шеъри классикии мост, ин тарзи шахсиятофаринии куллӣ дар шеъри ӯ ҳам таъсир гузоштааст.
Тарзи куллиятгароӣ дар офариниши тимсоли шахсияти ғиноӣ ва ё «ман»-и шеърҳои «Ман ҷавонам», «Руҷӯи достоне, ки наметавонам навишт», «Ман намемирам» равшан намудор аст. Масалан, ба ин ду банд аз шеъри «Ман намемирам» рӯй меорем:
То нагирам хунбаҳои ҷумлаи қурбониёнро,
То набахшам умри озоде ҳама зиндониёнро,
То наёбам роҳи дилҳои тамоми зиндагонро,
То набардорам ба дӯшам кӯлбори ин замонро,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
... То наорояд ҷавониям ҷаҳони пирро,
То набандам бо сурудам пеши роҳи тирро,
То нагирам бо қалам пеши дами шамшерро,
То набинвисам зи нав ман номаи тақдирро,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд![56]
Албатта, ин гуна иддаои худбоваронаи ҷавониро танҳо дар сабки хаёлпардозонаи шеър ва куллиятгароӣ қабул кардан мумкин аст, вагарна аз рӯи шеваи воқеъбинона ва мушаххасгароии дарёфти шеър мулоҳиза кунем, он боиси нофаҳмӣ ва таҳайюр мегардад. Дар ин шеър шахсияти ғиноӣ ба оҳанги хитобия сухан мегӯяд, ваъдаҳои фавқулода медиҳад, ҳамчун шоир ба гардани худ масъулияти бузургеро мегирад ва азбаски суханаш хитобиву шиороҳанг буда, маҳсусу мушаххас нест, чеҳрааш ҳамчун инсони ҷомеъ куллӣ падидор мешавад.
Шахсияти ғиноие, ки дар шеърҳои «Ман ҷавонам», «Руҷӯи достоне, ки наметавонам навишт» ва як дастаи дигар рух менамояд, низ дорои ҳамин гуна хусусият мебошад. Вале сол ба сол Лоиқ аз он тарҳе, ки барои худ дар шеърҳояш мекашид, озод шуда ба ҳастии асил ва воқеии худ, ба чеҳра ва моҳияти ботинии худ рӯй меорад. Дар натиҷа сифати аслии шахсияти инсонию эҷодияш чеҳраи ӯро торафт марғубтар, самимитар ва ягонаву нотакрортар ҷилвагар менамояд.
Дар ашъори давраҳои баркамолии Лоиқ шахсияте, ки дар тимсоли муфради ғиноӣ ва ё «ман»-и шоир арзи андом мекунад, масалан, дар шеърҳои «Дилам парвоз мехоҳад» (с. 1980), «Ҷавониям – баҳори зиндагониям» (с. 1994), «Бидруд оташи дилам! Бидруд ошиқӣ» (с. 1997) ба ҳастии худи Лоиқ, ба воқеияти тарҷумаиҳолии ӯ бисёр ҳам наздик мебошад.
Агар тамоми ашъори Лоиқ, ки дар онҳо аз мақому манзалати шеъру шоирӣ сухан меравад, мавриди мулоҳиза қарор гирад, дар он ҳолат равшан ба назар мерасад, ки дар саросари онҳо шахсияти ғиноие амал мекунад, на танҳо андешаву эҳсосот, балки дар баъзе ҳангом ҷузъиёти тарҷумаиҳолии шоирро низ инъикос менамояд. Ин қаробат ба сабк, шакл ва забони шеърҳо низ таъсир мегузорад. Ҳоло бо се мисоли мухтасар аз ин шеърҳо иктифо мешавад, ки дар онҳо қазия собит мегардад. «ман»-и шоир дар шеъри «Дилам парвоз мехоҳад» бо чунин лаҳни дилнишини орзумандӣ сухан мегӯяд:
Дилам парвоз мехоҳад,
Ба ҳар ҷое, ки раҳ дорад хаёли ман,
Дилам парвоз мехоҳад.
Дилам дар ҳар чӣ мебинам ба чашми дил,
Зи нав оғоз мехоҳад.[57]
Ҳамин «ман» баъди гузаштани 14-15 сол ба оҳанги таассуфу ғамомез таассуроти худро аз рафтани ҷавонияш чунин иброз медорад:
Ҷавониям –
Баҳори зиндагониям
Чу айёми гулафшони ғазал бигзашт.[58]
Ва боз ҳамин «ман» дар шеъри «Бидруд оташи дилам! Бидруд, ошиқӣ!», ки ду-се сол пеш аз даргузашти шоир эҷод шудааст, бо чунин нолаи дардомез шиква мекунад:
Дигар садои ишқи ман(?) ҷое намерасад,
З -ин баъд шеърҳои ман(?) фарёди бекасист.
Дигар фазои синаи ман абрбаста аст,
Гулдони хотирам пур(?) аз гулҳои коғазист.[59]
Меҳвари асосии шеъри Лоиқ инсонест, ки ҷони худро қурбони ҷони одам мекунад ва бо шавқи саршор, муҳаббати рӯзгор, олиҳимматию бузургӣ, сарбаландию ифтихор ва ҳамдилию ҳамдардӣ зистанро талқин карда, дар ҳамин ҷараён хусусият, таассурот ва дилбастагиҳои худро аён менамояд. Ин тарзи ифодаи андешаву эҳсосот дар шеърҳои «Нӯшбод» (с. 1965), «Тарона» (с. 1968), «Боз як рӯзам гузашт» (с. 1968) ба хубӣ корбаст шуда, шахсияти ғиноӣ на танҳо баёнгари шуури фардии шоир, балки ифодагари муҳимтарин хусусиятҳои шуури иҷтимоӣ низ гаштааст. Ба замми ин, ӯ дар ҳар падидаи зиндагӣ осори абадият ва силсилаи ногусастанӣ, дар ҳар ҷузъ ғояти куллро мебинад, гузаштаро бо ҳоли ҳозир ва ҳолоро бо оянда мепайвандад. Чунин мароми дунёшиносӣ ба андешаҳои ҳиссиётангези шахсияти ғиноӣ рангу равғани фалсафӣ медиҳад. Зиндагӣ арсаи муборизаи ҷовидон аст, на танҳо ба маънои муборизаи ҳаёт бо мамот, балки ба маънои муборизаи қувваҳои неку бад низ, ки дар олами зоҳиру ботин бо ҳамдигар овез доранд. Шоир дар ин набард новобаста аз он ҳама муборизаю мухолифатҳое, ки дар олами ӯ талотум мекунанд, ҳамеша пуштибони ҳаёт ва некист.
То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст,
Сулҳу ҷангам бо тамоми Ҳурмузу Аҳриман аст.
Баҳри шуҳрат нест ҳаргиз шеърпардозии ман,
Шеърпардозиям исёне ба рағми мурдан аст.[60]-
мегӯяд ӯ дар шеъри «То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст».
Шахсияти ғиноӣ дар шеърҳои Лоиқ, ки ба масъалаи шеъру шоир бахшида шуда, андешаҳои худтаҳлилии отифии ӯро баён менамоянд, аз худ чеҳраи ҷолиб, фардӣ ва мутафаккирро намудор месозад. Дар шеърҳое, ки дар онҳо шахсияти ғиноӣ шоир аст, табиист, ки муҳтавои таассурот бештар масъалаҳои маънавию фалсафӣ, иҷтимоиву андешамандист, ҳарчанд мавзӯъҳои ҳаёти шахсӣ, маишию ошиқона низ истисно нест, аммо, ба ҳар ҳол, масъалаҳои қисми аввал бештаранд. Лоиқ, ки табъан ҳамчун шоир ба андешамандӣ майл дорад, дар аксари шеърҳояш партави ин фазилати ӯ намудор мебошад. Дар ин гуна ашъор дараҷаи тафаккури шоир зуд намоён мешавад, зеро мавзӯи таассурот андеша аст. Дар ин ҷо танҳо ба баёни ҳиссиёт ва ё тасвири манзара иктифо карда намешавад, зеро ин гуна ашъор дарки фалсафии зиндагӣ, маърифати оламу одамро тақозо дорад, ки барои он шоир худ бояд ин фазилатро дошта бошад.
Шоирони куҳани мо ҳар яке файласуф, ориф, донишвари замони худ буданд ва бинобар ин ашъори ҳиссиётангезонаашон тафаккуромез ва мутафаккиронаашон ҳиссиётангез аст, яъне дар онҳо дил бо ақл ва ақл бо дил пайванд гирифтааст. Вале, мутаасифона, баъзе аз шоирон ва ноқидони нопухтаи имрӯз бунёди шеърро танҳо бар ҳиссиёт ва он ҳам ҳиссиёти норасидаю ноболиғ гузошта, даъво доранд, ки маҳз ҳамин гуна шеър асил аст, зеро зодаи ҳиссиёти бевосита аст, ҳол он ки ҳиссиётро аз тафаккур ҷудо карда, ба кайфияти яклаҳзаина дода шудан шоирро аз расидан ба маъниҳои амиқи фалсафӣ ва зинаҳои баланди такомул боз хоҳад дошт.
Нигоҳи мутафаккиронаи ҳиссиётбарангез оид ба масъулияти шоир то ба қалам омадани шеърҳои «Руҷӯи достоне, ки ҳаргиз наметавонам навишт», «То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст», «Ман аз ин қофияпардозиҳо бисёр дилгирам» ва як қатор ғазалҳои Лоиқ, ки дар ин мавзӯъ суҳбат мекунанд, дар назми садаи бисти тоҷик нодир буд. Чунин ба назар мерасад, ки дар ашъори Лоиқ талоши ба ҳам даромехтани тарзи нигориши воқеъгарову хаёлпардоз, куллиятгарову фардиятгаро, андешапарвару ҳиссиётбарангез бештар аз ҳама пурмаҳсултар корбаст шудааст.
Лоиқ дар баробари ашъори ҷудогонае, ки муҳтавои онҳо маҳз мақоми шеъру шоир дар ҷомеа мебошад, ғазалҳое низ дорад, ки онҳо саропо оид ба ин мавзӯанд ва ё дар дохили ғазалҳо байтҳое гуфтааст, ки ба он тааллуқ мегиранд. Ин мавзӯъ дар рубоиву дубайтӣ ва байтҳояш низ мақоми муайян дорад ва ин бурҳони он аст, ки Лоиқ ба мақоми шеъру шоир дар ҷомеа ҳамчун ба масъалае муносибат мекунад, ки он нишондиҳандаи муҳими саломати иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа мебошад.
Шахсияти ғиноӣ ва «ман»-и шоирии Бозор Собир аз аввалин шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи «Пайванд» (соли 1971) ҷамъ омадаанд, худро дар мавзӯъ ва масъалаҳои шеъру шоирӣ дар ҳамбастагӣ бо табиат ва асосан ҳамчун инсони воқеӣ, реалистӣ, ки заминро дар зери по дошт, зоҳир менамуд ва бо ин хусусияташ аз шахсиятҳои ғиноӣ ва «ман»-и шоирии ашъори ҳамнаслони худ ҳамчун Лоиқ, Баҳром Фирӯз, Ғоиб Сафарзода ва дигарон, ки бештар хусусияти хаёлпардозона дошта, аз худ қудратҳои бузург нишон додан мехостанд, фарқ мекард. Масалан, муфради ғиноӣ дар шеърҳои маромномавии ин шоирон, аз ҷумла, дар шеъри «Дар ёди шараф»-и Лоиқ аз он афсӯс мехӯрд, ки фалакпаймо ба сӯи моҳ рафту шеъри ӯ аз сафҳае берун наомад, яъне ӯ парвозе мехост, ки замину замонро фаро гирад ва дар шеърҳои солҳои баъдияш ин майли соҳиби қудратҳои бузургу мофавқ шуданаш давом кард. Шоири ҷавони дигар Ғоиб Сафарзода «бунёди ман аз ғуруру шӯр аст ҳама» ва Баҳром Фирӯз, ки он солҳо асосан бо шеър шинохта шуда буд ва баъдан ба наср пардохт, чунин менавишт:
Шоир он аст дар ин асри мураккаб, алъон
Ба сухан хезаду майдон талабад, разм кунад.
Дуруст аст, ки шоирони ҷавон он солҳо бо ин гуна маромномаҳои баландоҳанг, аз як ҷиҳат, агар худро ба ҳиммати бузурги эҷодӣ водор кунанд, аз ҷиҳати дигар, диққати аҳли адаб ва ҷомеаро ба худ кашидан мехостанд. Аз худ ҳамин гуна чеҳрае нишон додан, албатта, барои ҷавонон ҳавасангез буд. Аммо Бозор Собир аз ин қабил берун буд ва дар шеъри маромномааш «Орзуи зинда», ки маҷмӯаи аввалашро оғоз медод, бо як хаёлангезӣ ва оромӣ чунин мегуфт:
Меравам сӯи ту аз хилвати шабҳои дароз
Ман ба дунболи хаёл.
Гаҳ зи омолу муроде ҳама дам дар ҳаяҷон,
Гаҳ асири аламу ранҷу малол,
Оварам руй ба даргоҳи умед
Ҳамраҳи субҳи сафед.[61]
Ҳарчанд дар шеъри дигари ҳамин маҷмӯа «Такрори умр» шахсияти ғиноӣ чунин орзуе мекунад, ки хаёлпардозонаву бузургиталабона аст:
Ман аз нав мекунам хуршедро дар қуллаҳо оғӯш,
Худамро мешиносонам ба ҳар як қуллаи хомӯш,
Дигар сар медиҳам овоз дар куҳсор,
Тамоми сангҳоро мекунам бедор.[62]
Аммо ин сабки хаёлпардозонаи биниш ва гуфтор дар ашъори солҳои пасини Бозор Собир хеле ба нудрат вомехӯрад ва дар баробари биниш ва тасвири воқеъгароёнаи ӯ мақоми казоие надорад.
Ин шеърҳо маҳсули солҳои шастум буданд. Дар солҳои пасин сабки шоир боз ҳам воқеъгароёнатар шуда, аз даъвоҳои бузурги хаёлпардозона иҷтиноб мекунад, на танҳо худ чунин даъво намекунад, балки ба онҳое, ки мекунанд, пардапӯшона эътироз ҳам менамояд. Масалан, болотар мо дида будем, ки муфради ғиноии Лоиқ дар шеъри «Ман намемирам»:
То қаламро пул насозам дар
миёни соҳили имрӯзу фардо,
Ман нахоҳам мурд оҷиз,
Ман нахоҳам мурд ҳаргиз.[63]
гуфта буд, муфради ғиноии Бозор Собир бошад, дар шеъри «Хонаи мӯр», ки маҳсули солҳои 80 аст, чунин мегӯяд, ки он даъвои Лоиқро низ дар назар доштанаш истисно нест:
Даъвии он надорам,
К-аз шоирӣ хурам нон,
Ё пул кунам қаламро
Дар обхези даврон.[64]
Дар тафовут аз эҷодиёти Лоиқ муҳимтарин махсусияте, ки шахсияти ғиноӣ ва «ман»-и шоирии ашъори Бозор Собир дорад, ин афзалияти омилҳои воқеъгароёнаи ҷаҳоншиносии ӯст, ки муносибати бисёр ҳам наздик доштани ӯ бо табиат яке аз заминаҳои асосии онро ташкил медиҳад. Ҳоло мавриди таҳқиқ танҳо як шохаи муносибат аст, шохае, ки дар он ҳар дуи ин шахсияти эҷодии шоир дар шеърҳои ба мавзӯи шеъру шоир бахшида ба табиат бо чӣ нигоҳе менигарад, ки дар асоси он ҷанбаи ҷаҳоншиносии ӯ воқеъгароёна маънидод мешавад. Агар ин дуруст исбот ва маънидод карда шавад, муҳимтарин хусусияти ашъори Бозор Собир кашф мегардад, чунки шоир дар мавзӯи худ ва муносибаташ ба шеъру шоирӣ, ки моҳияти сарнавишти ӯст, аз чизҳои муҳиму хосиятноктарин, ки аҳамияти бунёдӣ доранд, сухан гуфта, ғайриасосию фаръияшро канор мегузорад. Бинобар ин хусусиятҳое, ки дар ин шеърҳо кашф мешаванд, барои тамоми эҷодиёти ӯ, барои ҷаҳоншинохтӣ ва сабки бадеии ӯ моҳиятноктарин хоҳанд буд.
Бозор Собир бештар шоири таассурот аст ва аз ин рӯ, барои ибрози он ба олами маҳсус, воқеӣ, ашё ниёз дошта, дар ашъораш аз ҳискардаҳои хеш, аз зебоиҳои тоза ва забонзаднашудаи табиат сухан мегӯяд. Бинобар дар эҷодиёти ӯ шиору хитобаҳо, муҳокимарониҳои зеҳнӣ ба нудрат ба назар мерасанд. «Ман»-и шоирии вай шеърро дар зебоиҳои табиат, дар рӯзгори ҳаррӯзаи муқаррарӣ, наздикони хеш ва мардум, ки ҳар лаҳза бо табиат ва олами ашё сари кор доранд, ҷустуҷӯ ва пайдо мекунад. Ин шахсият дар шеърҳои «Фарзанди деҳқон», «Худамро мебарам бар дӯши худ боз» шеърро маҳз дар ҳамин олам, олами зиндагии деҳотӣ, ҷузъиёти он, ташвишу кору бори ҳаррӯза, муносибат ба обу хок, гулу гиёҳ, дарахту киштзорон на фақат мебинад, балки онро сарчашмаи зуҳури шоирии худ медонад.
Агар дар аксари ашъори хаёлпардозона шоирон барои муайян кардани маҳалли ибтидои шоирии хеш ба осмон нигаранд, яъне онро аз осмон, ки макони қувваҳои рӯҳонӣ ва шоирона медонанд, вобаста шуморанд, Бозор Собир дар шеъри «Худамро мебарам бар дӯши худ боз» баръакс таъкид мекунад, ки:
Маро ин осмон шоир накардаст,
Гирифтам аз алафҳо бӯи ашъор.
Чу барге сабз шуд, ман ҳам шудам сабз,
Чу барге сӯхт, ман ҳам сӯхтам зор.
Маро аз пои кӯҳистон бипурсед,
Ки поям сангкӯбашро кашида.
Сару рӯям харошидаст гулхор,
Ба дӯшам ҷомаҳоямро дарида …[65]
«Ман»-и ғиноии шоир дар ин шеър худро аз дигарон ҷудо, соҳиби қобилиятҳои махсус намедонад, зиёда аз ин, худро ниҳоят фардӣ нишон намедиҳад, баръакс дар аввалҳо яке аз бачаҳои деҳ аст, ки зиндагиаш ба монанди ҳамаи онҳост. Ба ин восита шоир ба бунёди шахсияти ғиноии хеш бештар хусусияти воқеӣ дода, ӯро ба муҳити муайяни таърихию иҷтимоӣ вобаста менамояд, ки он муҳити деҳоти тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бачагии шоир аст. Дар натиҷа шахсияти ғиноӣ, бо вуҷуди он ки, дар бораи сарчашмаҳои шоирии худ сухан мегӯяд, яъне дар бораи чизе сухан мегӯяд, ки аслан аз дигарон ҷудо буда, махсуси ӯст, зеро кори шеъру шоирӣ комилан фардист, вале дар таҷрибаи зиндагии ӯ ҳаёти ҳамнаслонаш низ инъикос шуда, барои як насл таъмимӣ мешавад. Ҳамаи ин хусусияти ҷаҳоншиносии воқеъгароёнаи муфради ғиноист.
Маро гӯянд агар шахси қаламкор,
Ба ёдам мерасад неши қаламхор.
Чу аз пушти шикор аз пушти ман рехт
Нахустин мисраам аз пои хуншор.
Нахустин байти ман дар дафтаре нест,
Нахустин байти ман дар подараҳҳост,
Ки ӯро пои урёнам навишта,
Ба рӯи хок иншои кафи пост.[66]
Масъалаи ин шеър аз табиат, аз деҳ донистани маншаи шоирии шахсияти ғиноист, ки бачагиаш дар замони сахти ҷанг дар ақибгоҳ гузаштааст. Ҳиссиёт ва таассуроти ғиноӣ аз ҳамин масъала сарчашма гирифта, тимсолҳо, ашёе, ки дар ҳамон муҳит буданд, як-як барои ба ин масъала таҷассуми бадеӣ додан ба доираи шеър кашида мешаванд. Ба замми ин, тимсолҳое, ки дар пораҳои иқтибосшуда ҳастанд, ҳамчун алафҳо, барги сабз, гулхор, ҷома, неши қаламхор, шикор, пои хуншор, подараҳҳо, рӯи хок ва дар бандҳои дигар низ тимсолҳое чун осиёи деҳа, каҳ, рези пуштаҳо, решаву тухми давоӣ, гулу хас ва монанди инҳо на танҳо эҳсоси умумии деҳаро ба вуҷуд меоранд, балки чеҳра ва зиндагии шахсро муҷассам месозанд. Баъзеи ин ашё на фақат маънои ашёиву бадеӣ, балки мазмуни рамзӣ пайдо карда, қобили гунҷоиши эҳсосот ва маъноҳои амиқи бештаре мешаванд. Масалан, вақте ки ин бандро мехонем:
Замин кандам, валекин зар наҷустам,
Биҷустам решаву тухми давоӣ .
Чу дидам, гул ҷавон рафту хасе монд,
Гузаштам аз худову бехудоӣ.[67]
Мебинем, ки ҳамон тимсолҳои маъмули гул ва хас ба эътибори маънии мисраи чаҳорум мазмуну мундариҷаи тоза ва амиқтаре пайдо мекунанд. Ба таҳрик ва талаботи маънии мисраи чаҳорум, ки аз дидани норосткорӣ бовари шахсияти ғиноӣ бар назми адолатноки дунё намемонад, тимсоли гул рамзи инсон, ҳар чизи шоистаи зиндагӣ, адолату ростӣ ва хас рамзи баръакси ҳамаи ин мегардад, ки далели қобилияти бештари гунҷоиши маънӣ пайдо кардани онҳост.
Чунин маъно пайдо кардани тимсолҳои гулу хас дар ин шеъри Бозор Собир фақат тақозои шакли бадеӣ набуда, заминаи муҳтавоии иҷтимоӣ ҳам дошт, ки норизоии ӯро аз ҷамъияти мавҷуда инъикос мекард. Ин бархӯрду зиддият дар эҷодиёти ӯ оҳиста-оҳиста зуҳур карда, сол ба сол инкишоф меёфт.
Зиддияти шахсияти ғиноии Бозор Собир бо ҷомеаи мавҷуда дар ашъори солҳои ҳаштоди ӯ бевосита набошад ҳам бавосита ҷо-ҷо ба гӯш мерасид. Бавосита изҳор кардани андешаҳои зидди сохти иҷтимоӣ – сиёсии замон яке аз усулҳои машҳури бадеист. Бозор Собир ҳам аз ин усул истифода кардааст. Шеъри «Шоиру шеъре агар ҳаст», ки ба сӯгвории шоири Чилӣ Пабло Неруда бахшида шудааст, далели равшани ин мебошад. Шахсияти ғиноӣ дар ин шеър вобаста ба сӯгвории Пабло Неруда андешаҳои худро мегӯяд, ки ба сохти иҷтимоӣ ва муносибати он бо шоир бармехӯрад.
Розиям, бадбахт бошам, лек бошам шоире,
Розиям, сарсахт бошам, лек бошам шоире,
Розиям, чун Саъди Салмон
Бо гуноҳи шоирӣ дар чоҳу зиндонам кунанд,
Чун Ҳилолӣ шеър дар лаб сангборонам кунанд…
…Розиям ман, дар хатои шеър ранҷурам кунанд,
Балки ҳамчун Рӯдакӣ кӯрам кунанд…[68]
Вақте ки «ман»-и шоир дар бораи розӣ будани худ ба бадбахтию сарсахтӣ, дар зиндон, сангборон ва ҳатто кӯр карда шудани худ сухан мегӯяд, яъне эҳтимол ҳамин гуна ва ё ба ҳамин монанд муносибатро аз ҷониби замон ба худ чашм доштанаш низ мумкин аст. Зиддияти шахси эҷодкор бо ҷомеаи номеҳрубон дар эҷодиёти Бозор Собир сол ба сол инкишоф ёфта, дар солҳои навад худи шоирро ҳам ба майдони муборизаи феълӣ кашид ва дар бисёр шеърҳояш аз мавзӯъҳои асосӣ гашта, дар андеша ва таассуроти ӯ аз шеъру шоирӣ таъсири амиқ гузошт. Дар солҳои навад бар асари аз ҳам пошидани сохти шӯравии собиқ ва эъломияи озодии сухан дар Тоҷикистон дигар ақидаи зидди низоми ҷамъиятиву сиёсии худро бавосита, пардапӯшона гуфтани шоир зарур набуд, ӯ акнун эътирози худро рӯирост баён мекард. Оқибат ӯ ба асари ин зиддият ва мухолифатҳо аз Ватан кӯч баст, ки қазоват ва баррасии одилонаи ин ҳодиса ба дасти замон аст.
Дар маҷмӯаи «Симхор», ки соли 1999 дар Маскав нашр шуда, асосан аз шеърҳои дар ғурбат навиштаи Бозор Собир фароҳам омадааст, шахсияти ғиноӣ дар се шеър «Таби сурх», «Хонақоҳи ман» ва «Тирамоҳ» оид ба масъалаҳои шеъру шоирӣ сухан мегӯяд.
Шахсияти ғиноӣ дар ин се шеър ғариб аст ва меҳвари масъалаи розу ниёзаш меҳри ватан, озори замон ва авзои шоир дар ғурбат мебошад. Масъалаи ғурбат дар шеъри тоҷику форс хеле собиқадор аст, мо ба он руҷӯъ накарда, танҳо зикр мекунем, ки он асосан аз ду ҷиҳат мавриди тасвир ва ифода мегашт: ғурбат ба маънои воқеияш, яъне дур афтодан аз зодбуми хештан ва дигар ба маънои рӯҳонияш ғурбати ҷонро дар назар дошт, ки он аз олами улвӣ, ки Худованд онро дар он ҷо офарида буд, ҷудо гашта, ба олами сифлӣ, ба тани одам омада, ғариб шуд. Ғурбат дар шеърҳои Бозор Собир ба мафҳуми аввалӣ, ғурбати воқеӣ, дурӣ аз ватан ташреҳ мешавад, ки он бар ҷаҳоншиносии моддигароёнаи ӯ асос гирифта, сабки воқеъгароёнаи ӯро дар шеър таъкид мекунад.
Дар «Таби сурх» ғурбат масъалаи шеър аст ва шахсияти ғиноӣ пораҳое аз зиндагӣ, хотирот, мушоҳидаҳо, муҳитеро, ки бо он алоқа дошт, дар атрофи ҳамин масъалаи ғурбат ба ёд меорад ва он пораҳои ҷудогонаро ба воситаи риштаи эҳсосоту таассурот ба ҳам мепайвандад. Дар ин шеър чандин мавзӯъ ҳаст, масалан, мавзӯи хонаи шоир дар шаҳр, деҳааш, боғи падар, аҷдодаш, баҳори деҳааш, кӯдакии деҳотиаш, аммо ҳама ин мавзӯъҳо дар атрофи масъалаи ғурбат ба воситаи эҳсосоту таассуроти шахсияти ғиноӣ ба ҳам пайвастаанд. Азбаски ин мавзӯъҳои гуногун дар як шеъранд, табиист, ки инкишоф дода нашуда, ба тасвир ва ифодаи як таассурот – ғами ғурбат тобеъ карда шудаанд ва инкишофашон ҳеҷ зарурат надорад, зеро дар он сурат банду баст ва меъёри ифода хароб гашта, шеър аз байн хоҳад рафт. Ба ин навъи шеър ҳам, ки аз бандҳои рубоӣ ба ҳам омадааст, созгорӣ намудааст:
То хонаи ман масофаи бисёр аст,
Расмам ба ду чашми чор дар девор аст.
Аз рӯи ман оинаи ман сер нашуд,
Оинаи ман мунтазири дидор аст.
Дар хонаи ман доруи хобам монда,
Як парқалами пари уқобам монда.
Ман болини(?) ҳамсарӣ надидам умре,
Дар болини(?) ман ҷилди китобам монда.[69]
Баъди ин ду банд ҳашт банди дигар асосан меҳри шоири ғарибро ба олам ва ҷузъиёти ҳаёти деҳотии ӯ ифода месозад:
Ҳар ҷо, ки намеравам, дилам волаи туст
Дар боми дилам шукуфаи лолаи туст.
Қишлоқаки ман, пушти маро кас нагирифт,
Дар пушти сарам чинори садсолаи туст.[70]
Дар ин шеърҳое, ки шахсияти ғиноии Бозор Собир мухолифати худро ба замон баён мекунад, ӯ мафҳуми Ватанро аз низоми замон ҷудо менамояд, барои ӯ Ватан бо мардуми одияш азиз аст, ҳамчунонки дар банди болоӣ ҳаст ва агар норизогие дошта бошад, ба тарзи гилагузории сабуке изҳор месозад, мисли «қишлоқаки ман, пушти маро кас нагирифт». Бозор Собир бо ин мисраъ муборизаю гирдиҳамоию майдондориҳоеро, ки дар солҳои навад дар Душанбе ба амал омада буданд ва мардуми баъзе маҳалҳо барои пуштибонии ин ё он намоянда ва ё пешвои худ ба майдонҳо мебаромаданд, дар назар дошта, худ ҳам, ки ҳамчун яке аз роҳбарони ҳизби демократ дар он гирдиҳамоиҳо саҳм гузошта буд, аз қишлоқи худ барои ӯро пуштибонӣ накарданаш шиква менамояд.
Дар шеъри «Хонақоҳи ман» шоир меҳри Ватанро боз ҳам сӯзонтар баён мекунад. Ин шеър дар атрофи масъалаи ғурбат ва мавзӯи хонаи шоир, ки ба истилоҳи худи ӯ хонақоҳи ӯст, шакл мегирад:
Ростӣ, фарзанди ман сураткаши хуб аст,
Хуб сурат мекашад, аммо
Сураташро дар чӣ деворе биовезад, намедонад.
Мо, ки деворе надорем,
Хонабардӯшем.[71]
Масъалаи ғурбат, хонабардӯшӣ барои шоир фоҷиабор аст ва дар идомаи шеър ҳолати шоир дар зимни ҳамин фоҷиа дарк ва тасвир мешавад. Ӯ хотироте аз гузаштагони гилкори худ, давраи зиндонӣ будан, аз хона ва аз ватан рафтанашро бо ҳамин гуна ҳиссиёти ғамолуд ва бо образҳои маҳсусу воқеии девор, нақши панҷа, ҷома, хароши симҳои хордор, чашми зиндон ва монанди инҳо, ки ҳамаро худ дидаасту эҳсос намудааст, ба қалам меорад, ки онҳо барои ифодаи муносиби мавзӯи рафтан аз ватан ва дарди он хидмат мекунанд. Масъалаи шеър рафтан аз ватан, аммо рӯҳияи шеър, мазмуни он муҳаббати ватан ва ба худ кашидани хоки ватан, меҳри ватан мебошад, дар ҳамин аст фоҷиаи шоир ва фоҷиавияти ин шеър:
Аз ватан, вақте ки мерафтам,
Ёдам аз ӯ дар фазо мерафт,
Додам аз ӯ дар ҳаво мерафт.
Гуфтам, аз рӯи ҳаво хат мекашам рӯи ватанро,
Баъд аз ин бигзор, бигзор! –
Ман набинам рӯи ӯро,
Ӯ набинад рӯи манро.
Хостам, дар шишаи танги ҳавопаймо ба ин маънӣ
Хат кашам инак,
Вале он шишаро нохост бӯсидам,
Чун дилам мехост, бӯсидам,
Чун дилам мехост, бӯсидам,
Бӯсаам дар шишаи танги ҳавопаймо намеғунҷид.
… Аз ватан рафтам, валекин мекашад хокаш,
Хоку хошокаш.[72]
Тимсоли шахсияти ғиноӣ, ки шоири ба ғурбат афтида мебошад, ба ин сурат, ки дар ашъори Бозор Собир ҳаст, дар шеъри нимаи дуюми садаи бисти тоҷик нав ба зуҳур омадааст. Он дар асоси санади тарҷумаиҳолӣ офарида шудааст ва шоир барои ифодаи мундариҷаи ғурбат аз мушаххасоти зиндагии худ суратҳои тозаро ба шеър ворид кардааст, ки маҳзи ҳамин ҳолати ӯ буда, анъанавӣ нестанд, вале ғайричашмдошт ҳам ба назар намерасанд, зеро аломатҳои замони худро дошта, ифодагари ғурбати асри бистанд. Масалан, видоъ бо ватан аз шишаи танги ҳавопаймо воқеияти асри бист аст, ки замони ғурбатро таъйин мекунад ва ҳарчанд дар шеъри ғурбат анъанавӣ нест, аммо тасодуфӣ ҳам нест, зеро санади тарҷумаҳолии шахсияти ғиноист. Вале амале, ки шахсияти ғиноӣ ба ҷо меорад, яъне ба ҷои он ки ба шишаи танги ҳавопаймо ба маънои рӯи ватанро дигар набинам хат кашидан онро бо тақозои муҳаббати модарзодӣ беихтиёр ва ғайричашмдошт мебӯсад, баёнгари меҳри нохудогоҳ, асил ва бениҳоят сӯзону таъсирбахш аст, ки ашкро дар чашмаи чашмон меҷӯшонад. Ин дард аст ва ифодааш бозёфти асили шоирона. Ин ҳолат чӣ қадар монанд аст ба ривояти тавротӣ дар бораи шоҳ Болоқ ва Балъом. Ривоят дар бораи он аст, ки шоҳ Болоқ ба назди худ Балъомро даъват намуда, ваъдаи инъоми бисёре медиҳад, то ӯ мардуми Исроилро лаънат кунад. Балъом шефтаи инъом шуда, мехоҳад душманони Болоқро лаънат фиристад, аммо ба ҷойи он, ғайри ихтиёри худ, онҳоро се мартаба бо дуои хайр баракати тамом медиҳад.[73]
Воситаҳои тасвир дар ин шеър асосан наванд, ки барои ифодаи маҳз ҳамин мазмун сохта шудаанд, аммо тимсолҳои суннатӣ ҳам, ки ба кор рафта бошанд, монанди мӯр, найистон, каҳкашон барои баёни ҳиссиёту таассуроти тоза хидмат кардаанд. Масалан:
Дар қатори фавҷи мӯраш ҳамқадам дорам,
Балки ман дар он қаламрав сад найистон ҳамқалам дорам.[74]
Худро ҳамқадами мӯр ва ҳамқалами худро сад найистон дидан, яъне ба ин ду тимсоли суннатии шеъри классик, ки маъмулан барои ифодаи маъниҳои дигар меояд, назари тоза андохтан аст, ки маҳз барои баёни ҳамин таассуроти мушаххас ба ҷо оварда шудааст.
Сабаби ғурбати Бозор Собир мухолифат ва муқобилат аст, аммо мухолифат ва муқобилат на бо ватан ва мардуми одии он, балки бо як гурӯҳи иҷтимоист, аз ин рӯ, ӯ дар шеърҳои ғурбатиаш бо мӯри ватан ҳамқадам ва бо найистонаш ҳамқалам ва бо лолаҳояш хуни ҷигар буданашро ба забон меорад ва онҳо бори ифодаи огандагии дард ва саршори меҳри ватанро мекашанд. Шеъри дигари ин мавзӯъ «Тирамоҳ» аз назари мӯҳтаво, на навъ – шакли жанрӣ, марсияи ғурбат аст. Нусхаи аввали ин шеър дар маҷмӯаи «Симхор» (с. 1999) омада, вале баъдан сахт таҳрир шуда, дар маҷмӯаи «Шоиру шеъре агар ҳаст...» (с. 2006) ба чоп расида, санаи таҳрири он 20 ноябри 1998 қайд шудааст, ки баррасии мо аз рӯи он аст.
Таассуроти шахсияти ғиноӣ дар он дар атрофи масъалаи ғурбат ва айёми тирамоҳу умри инсон баён мешавад, ки услуби ифодаи мусалсали ангезаҳои рӯҳиро дошта, ҳамзоди тирамоҳи ҳама зарду ҳама дард аст. Он таассуроти ғарибии шоирест, ки пари тӯтии гул ва пари тӯтии дилаш рехта, яъне баҳори умраш гузаштаасту дар остонаи пирист:
Қафаси синаи гулбун қафаси тӯтии гул буд,
Қафаси синаи ман ҳам қафаси тӯтии дил буд,
Ки пари тӯтии гул рехт, пари тӯтии дил ҳам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам.[75]
Дар охири банд такрор омадани ду мисраи охир, ки ҳар пораи тараннумиаш аз назари вазн як тақтеъанд, яъне баробари фоилотун – тирамоҳам ва ҳама зардам, ҳама гардам ва монанди ин ба шеър оҳанги марсия дода, бандҳоро аз ҷиҳати сохти савтӣ ба ҳам мепайвандад ва он марсияи шахсияти ғиноие мешавад, ки шоир аст ва ӯ аз расидани «сад манзараи зард» - у «сад хотираи зард» ҳама дарду ҳама сард аст. Ҳамин тариқ, масъалаи ғурбат, ки дар шеъри классикиамон асосан масъалаи ҳаёти маънавӣ буд, дар охири садаи бист барои баъзе шоирон, аз ҷумла Бозор Собир, масъалаи ҳаёти воқеӣ ва шахсӣ шуд, ки дар сурати рӯзгори шахси шоир нақши худро гузошт.
Масъалаи муқобилат бо вазъи иҷтимои замон на фақат дар ашъори шоире ба монанди Бозор Собир, ки як давра на танҳо ҳамчун шоир, ҳамчун шаҳрванд ҳам бо он зиддияти рӯиросту ошкоро дошт, балки дар ашъори шоироне, ки онро таҳаммул мекарданд, низ кам-кам ва тадриҷан барои худ ҷой боз менамояд.
Аммо ин гуна мухолифати иҷтимоии шоир ба нуқсҳои ҷомеа дар шеърҳое, ки ба шоир ва ё шеър бахшидааст, маъмулан дар даврони баркамолии ӯ бештар ва пуррангтар баён мешаванд. Ин ҳам сабабҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ доштанаш мумкин аст. Сабаби айнияш дар он мебошад, ки дар марҳалаи зериназарбуда, яъне дар нимаи дуюми садаи бист, то аз ҳам фурӯ пошидани ИҶСШ, сиёсати якҷонибаи замон имкон намедод, ки дар бораи он ҳарфи мухолифат гуфта шавад ва сабаби зеҳнияш дар шахсияти шоир, давраҳои такомули эҷодӣ, воқеоти зиндагӣ, ҷаҳонбинии ӯ ва монанди инҳо буда метавонад.
Масалан, ҳамин гуна ҳолат дар эҷодиёти Фарзона равшан ба назар мерасад. Дар давраҳои аввали шоириаш Фарзона ва шахси ӯ ба масъалаҳои шеъру шоир садои ҳамнаво бо оҳангҳои ҷомеа ва шоироне дошт, ки бо ӯ дар як вақт эҷод мекарданд. Ӯ ҳам дар шеърҳояш ба дил, илҳом, шеър ва монанди инҳо, ки ба сарчашмаҳои шоириаш иртибот доранд, муроҷиат карда, аз онҳо дархосту таманно мекунад, ки, масалан, дар шеъри «Дархост» рӯзе гӯшаи дилҳову ҷумлаи дунё фурӯзанд[76], ё дар шеъри «Оғоз» оид ба худ:
Тирашабҳоро кунун бедордил
Мекунам тобанда бо нури сухан.[77] –
мегӯяд ва ё дар шеъри «Ту маро зодаӣ ба бахти ман» ба модараш, ки ӯро парвардигори ҷони худ меномад, муроҷиат карда, бо назардошти шахси худ чунин иброз медорад:
Осмони ситорапарвари шеър
Кавкаби тоза орзу дорад.[78]
Ҳамин тариқ, дар ин шеърҳо ва ашъори дигари ба инҳо монандаш, шахси Фарзонаи шоир ҳам дар аввалҳо худро ташвиқ ба он мекунад, ки вазифаи ӯ «бо таровиши сухан» «Дар ин ҷаҳони розҳои беҳудуд // Ҷаҳони дигаре ба худ кушудан аст»[79]. Ин гуна орзуву мароми шоиронаи ӯ, ҳамчунонки мебинем, дар аввалҳои эҷодиёташ бо ҳадафи шоирони дигар, масалан, Лоиқ дар ин масъала, ки болотар дар ин қисмат дида шуд, ҳамоҳангиву ҳамонандӣ дорад.
Таҳқиқи назари шоир, аз ҷумла Фарзона ҳам, оид ба масъалаи шеъру шоир бисёр муҳим аст, зеро он барои муайян намудани тарзи ҷаҳонбинӣ, сарчашмаҳои эҷодиёт, ҳадаф аз шеъру шоирӣ ва ақидаҳои зебошинохтии ӯ бештар аз ҳама мадад мекунад. Ашъори давраҳои нахустини эҷодиёти Фарзона рангу бӯи хаёпардозона дорад, яъне шоир аз назаргоҳе ба воқеият менигарад, ки онро бо унсурҳои олами руъёву хаёл мебинад ва бо сабк, калимоту таъбирҳое ифода мекунад, ки бештар хусусияти шеъри хаёлпардозонаро доро мебошанд. Шахсияти шоирии ӯ дар ашъори оид ба мавзӯи шеъру шоир навиштааш низ худро ҳамин гуна муаррифӣ менамояд. Ин шахсият ҳам дар аввалҳо, ба монанди шахсияти шеъри дигар шоирон, ки ҳангоми ҷавониашон аз худ тавоноиҳову муҳаббатҳои бемисл нишон додан мехостанд, сухан гуфтанӣ мешавад, вале зуд дармеёбад, ки ин шеваи ӯ нест ва ҳарфаш оҳанги нарму мулоими занона ва бедаъво мегирад. Бинобар ин шахсияти шоир дар шеъри «Рисолат», ки ба худи Фарзона қаробат дорад, ба масъулияти шоир бо нигоҳи хаёлпардозонаву андешамандона ва дигаргунсоз чунин мегӯяд:
Ман омадам, ки офтоби камнамойро
Ба рӯзҳои тирамаҳ хабар кунам.
Ман омадам, ки нури чашми ҳар ситораро
Аз он чӣ дӯш буд, бештар кунам.
... Ман омадам, ки пунбаҳои абрро раҳо кунам
Зи гӯши осмон.
Ман омадам, ки шукру шикваҳо барам ба даргаҳат,
Куҷоӣ, эй худои бандагон?![80]
Шахсияти шоир дар шеъри Фарзона дар аввалҳо, вақте ки бо олами ҳодисоту воқеоти олами мавҷуд рӯ ба рӯ мешуд, худро ҳамчун ҳомили ғояҳои баланду волои хаёлпардозона нишон медод ва бовар дошт, ки бо ҳамин ҳастӣ ва фаъолияти худ бар он асари мондагоре хоҳад гузошт. Бинобар ин ӯ танҳо сари он меандешид, ки ҳиссиёти фарогирифтаашро мувофиқи хоҳиши дилаш хубтар ба забон орад. Ин ҳиссиёт, агар дар ӯ назокату муҳаббат ва ё хаёлу афсона мепарварад, танҳо аз он сухан мегӯяд, зеро онро беҳтарин забони баёни ҳастии асили хеш медонад. Воқеан, ба қавли равоншиноси маъруф К. Д. Ушинский «ҳеҷ чиз – на калимот, на афкор, на ҳатто рафтори мо – худи мо муносибати моро ба ҷаҳон чунон равшан ва дуруст ифода намекунад, ки эҳсосоти мо: дар онҳо чигунагии на фикри алоҳида, на ҳалли алоҳида, балки тамоми муҳтаво ва сохти дилу ҷони мо фаҳмида мешавад».[81]
Фарзона бо унсурҳое, ки мехоҳанд озодии илҳомро мутеи худ созанд, созишу муросо надорад, зеро шахсияти шоирии худро дар банди алоиқи суду зиёни зиндагии ҳаррӯза надида, онро танҳо барои эҷоде, ки дилҳоро мунаввар мекунад, муваззаф медонад. Бинобар ин ӯ бар назокат ва иншогари афсонаҳо будани шахси худ таъкид мекунад, ки олами пуч ва суду зиёни онҳоро ботил созад. Масалан, дар шеъри «Афсонаофарин»:
Ман ташнаам, ман ташнаам, шодоб мехоҳам шудан,
Бо шабнаме дар барги гул ҳамхоб мехоҳам шудан.
... Шояд касе шабҳои пуч маърӯза иншо мекунад,
Бар қасди ӯ дар асри бист иншогари афсонаам[82].
Маълум аст, ки афсона худ аз олами хаёлпардозона аст ва дар ин шеър ҳам киноя аз он олам буда, шахси шоирро, ки дар асри бист – асри иктишофи атому назарияи нисбияти Эйнштейн иншогари он ва як кори муқаррарӣ шудани парвозҳои кайҳониву гузаштан аз Моҳу Миррих аст медонад, оё танҳо ба ҷаҳони шеъри хаёлпардозона тааллуқ гирифтанаш мумкин аст? Афсона дар ин ҷо киноя аз олами хаёлӣ, вале пурмаъно буда, ба олами воқеӣ, ки шабҳояш пучу машғулиятҳояш бемаъност, муқобил гузошта шудааст. Иншогари афсона, яъне шахси шоир, ки шеър мегӯяд, ба кори аз назари худаш бисёр ҳам муҳим машғул аст, вале он кор, ки худ ҳам афсона номаш мекунад, чӣ арзише дар асри бист дар назари дигарон доштанаш мумкин аст? Ин масъалаест, ки чигунагии муносибати шоирро бо аср ва ҳамасронаш муайян менамояд. Азбас шоир таъкид мекунад, ки ин кор – афсонаиншогариро «бар қасди» маърӯзаиншогарон ба ҷо меорад, ӯ доираи тазоди худро дақиқ карда, афкори онҳоеро ба эътибор намегирад, ки воқеан арзиш надоранд. Шоир шахсияти афсонапардози худро бар шахсияти муҳимвонамудшавандаи бемуҳтаво муқобил мегузорад ва ишора ба он мекунад, ки аз рисолат ва заҳмати шоирии худ чизе аз ҷомеа намехоҳад, ба ҷуз озодӣ ва таманнои эҷод, ки ба ӯ илҳом мешавад, то онҳоро озодона ба қалам орад ва андешаи суду зиёне накунад.
Манзур аз шахсияти афсонапардози шоир шеър аст, шеъре, ки ба ҷуз шеър будан ба ҷаҳони суду зиён назаре надорад. Аммо ин ҳаргиз ба чунин маъно нест, ки шеър аз манзуре, матлабе, ғояе орӣ бошад, на, балки ба он маъност, ки ҳар қадар манзуру матлаб ва ғояи он муҳимтару иҷтимоитар бошанд, ба ҳамон дараҷа аз назари бадеияту шеърият баландтар аст.
Фарзона дар шеърҳои ба мавзӯи шеър бахшидааш тақозо дорад, ки шеърҳояш тамоми эҳсосот ва идроки мураккаб ва гуногунҷиҳати ӯро аз ҷаҳон ва воқеияти замонаш бо камоли пуррагӣ ифода карда, манзури иҷтимоию сиёсии ӯро низ фаро гирад. Бинобар ин, ҳарчанд Фарзона дар шеърҳояш худро ба афсонапардозу шеърҳояшро ба афсона нисбат медиҳад, аммо як лаҳза ҳам аз рисолати иҷтимоии шеъру шоирии худ ғофил нест. Ин нуктаро дар бисёр шеърҳои ӯ, аз ҷумла, дар «Шитоб кун» («Ба ин фасона хешро фирефтам»)[83], «Духтари тирамоҳ» («Афсонаҳои духтараки тирамоҳ шав»)[84], «Вораста» («Шояд, ки ман бимонаму шому фасонаҳо»)[85], «Афсонаи нигоҳ» («Рафтиву фасонаам бишуд оғоз»)[86] «Зеботар зи васл» («Ҳастии печида дар афсонаам»)[87], «Сапедаҳо, сапедаҳо, сапедаҳои нилфом» («Ки ҳолиё фасонаам давом мекунад, давом»)[88], «Умеди абас» («Ва ту ӯро бурдӣ / бар шаҳри пурфасона, ки номаш Шеър аст»)[89], «Тарона хостӣ аз ман, тарона охир шуд» («Ҳамаш гузашт, азизам, фасона охир шуд»)[90] мебинем, ки дар баробари далели дилбастаи олами руъёву хаёл будан ва онро ба ҷаҳони воқеии суду зиён тарҷеҳ додан санади ба иҷтимои замон дахл кардани ӯст. Аз ин ҷост, ки шахсияти афсонапардози шоир бо авоми «бадтаркиб» дар тазоду мухолифат аст ва шоир худро бовар мекунонад, ки барои рафтан бо ин роҳи интихобкардааш тавоноии зарурӣ дорад. Ба ин маъно дар шеъри «Талош» мегӯяд:
На, ман на он касам, ки зи бими азобҳо,
Аз ибтидои роҳи ҳақе бозпас равад.
Аз сояаш ҳаросаду худ сояе шавад,
Аз ҳукми худ барояду бо амри кас равад[91].
Ҳамин тариқ, шахси шоир дар бисёр шеърҳои Фарзона бо иҷтимои замон, ки хусусияти носавобкорӣ дорад, изҳори бегонагию зиддият мекунад. Ин бегонагию зиддият бо тарзу тариқи гуногун – гоҳе бо нармию афсӯс ва гоҳи дигар қотеъонаву айбдоркунанда ба забон оварда мешавад. Аммо дар ҳама ҳолат он хитобиву номаҳсус набуда, дар он ҷузъиёти замону макон, ки шеърро мушаххас менамояд ва отифае, ки хусусияти инсонзудоии иҷтимои замонро рад мекунад, мақоми таъйинкунанда дорад.
Ҳоло барои исботи ин қазия шеъри «Дар мадҳи худ»-ро, ки дар маҷмӯаи «Ояти ишқ» (с. 1994) омадааст, муфассалтар аз назар мегузаронем, ки ба ин васила ҳам махсусияти ин навъи шеър дар эҷодияти Фарзона ва ҳам фарқияти он аз ашъори шуарои дигар муайян хоҳад шуд. Ин шеър аз ангезаи андешаҳои отифӣ оғоз гашта, таассуроти шахси шоирро дар як давраи муайяни зиндагии маънавии ӯ тарҳрезӣ мекунад.
Шабе, ки зулмати мағшуш тарҳи ваҳм кашад,
Аз ин сарои мағалхез рахт хоҳам баст.
Дигар касе ба мисоли ман
Ба шабнаме, ки шаберо даруни бистари гул
Ба субҳ бурдаву мешармад аз нигоҳи шафақ
Ду-се каломи тасаллои дил намегӯяд[92].
Шаби зулмати мағшуш, сарои мағалхез, шабнаму бистари гул, субҳу нигоҳи шафақ ва монанди ин суратҳои ин шеър ба як макону замони муайян тааллуқ надоранд, зеро на аз як мавзеу замони дақиқ, балки аз андешаҳои отифии шоир бармеоянд. Ҳамаи ин суратҳо метавонанд дар воқеият вуҷуд дошта бошанд ва вуҷуд ҳам доранд, аммо дар ин ҷо таъмим ёфта, барои ибрози андеша ва шуури таъмимшудаи иҷтимоии шоир ба кор рафтаанд. Азбаски онҳо саропо бо отифати шоирона фаро гирифта шудаанд, тару тоза ва таъсиргузор ба қалбу равон мебошанд. Ибрози андеша дар ашъори ғиноӣ бештар ба ҳамин шакл сурат мегирад.
Андешаи шоир дар ин шеър гирди масъалаи шоир ва ҷомеае, ки бо шахси эҷодкор муносибати ҳамҷӯру ҳамнаво надорад, мечархад, ки он, мешавад гуфт, яке аз масъалаҳои ҷовидони адабиёт аст. Вале маҳз дар ҳамин гуна мавзӯъҳо махсусияти андеша ва тозагии сабки ин ё он шоир аён мегардад. Дар ин маврид ҳам ҳамин тавр аст. Ва фазилати махсуси андешаи Фарзона дар он аст, ки он муҷаррад набуда, бо отифат фаро гирифта шуда, ба замми ин ҳамеша олами шайъиро бо худ дорад.
Отифат ва ҳузури унсурҳои олами шайъӣ – тимсолҳо дар мисоли боло низ баралло бармало намоён аст. Отифат ба андешаи шоир гармӣ медиҳад, унсурҳои олами шайъӣ андешаро тасаввуршаванда ва маҳсусу пурбор менамоянд. Дар банди иқтибосшуда унсури олами шайъӣ – шабнам мавҷуд аст, ки намоди покизагӣ ва кӯтаҳии зиндагӣ буда, замонҳои дуру дарозе ба такрор дар ашъори шуаро истифода шудааст. Аммо нигоҳи пуротифа ва тозаи Фарзона, ки рӯҳияи меҳрубононаи занона дорад, ба ин намоди қолабӣ тобиши наве дода, онро бо самимияти амиқе фаро мегирад ва барои шаберо дар бистари гул ба сар бурда, субҳ аз нигоҳи шафақ шармиданаш ҳарфи тасалло мегӯяд, ки дар баробари гӯшзади нозуки покии он боз чӣ қадар зарифу ҳалимона мебошад. Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки агар дар бораи сифати занонаи шеъри шоири зан ва дар айни ҳол Фарзона сухан ба миён оварда шавад, он маҳз ана ҳамин рӯҳияи занона ва меҳрубонона бояд бошад, ки шеъри шоири занро аз шеъри шоири мард мутамоиз менамояд.
Дар банди дуюми шеър ҳам суратҳои тапидани дили хуршед, намози ғарибонаи насим, охирин гули бедор дар таҳи санг барои дар намоҳои гуногун нишон додани ҳамон ғояи бегонагии шоир бо муҳити иҷтимоӣ, ки ӯро фаро гирифтааст, истифода шуда, онро бо табу тоби бештаре тасвир намудааст. Бегонагии шоир бо муҳити иҷтимоист, вале ӯ бо унсурҳои олами табиӣ, ки зикрашон рафт, пайванди қавӣ дошта, онҳоро ба манфиатҷӯии рӯзмарраи даргузар, ки аз зиддиятҳои иҷтимоӣ бармеоянд, муқобил мегузорад. Ин маъно дар банди севуми шеър боз ҳам аён ва тунду тезтар баён карда мешавад:
Гаҳи манаҳ задани воизони маҷлисбоз
Касе бирешими андешаро шабиҳи ман
Ба ёди сабзҷавоне намекунад пайванд.
Касе намедиҳад ово, ки «Эй фурӯназарон,
Шумо тапед дар он қолабе, ки мехоҳед,
Валек рӯҳи ман одат намекунад дар банд».[93]
Номақбулии баъзе ҷиҳатҳои муҳите, ки шоирро фаро гирифтааст, бо ёд овардани яке аз зуҳуроти он – манаҳ задани воизони маҷлисбоз хеле моҳирона таъкид карда мешавад, ки оҳанги танз ҳам дорад. Ибораи манаҳ задан аз таъбирҳоест, ки моли сабки танз мебошад ва хеле ба ҷо кор рафта, тамасхури шоирро аз худфирефтагони ин гуна амалҳои беманфиати каммаъно нозукона гӯшзад менамояд. Дар ин ҷо бояд гуфт, ки худи ин мавзӯи маҷлисбозӣ дар садаи бист дар ашъори бисёр шоирон мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст, ки саромади он дар аввалҳои сада шеъри «Маҷлисбозон»-и В. Маяковский[94] мебошад, ки оҳанги сахти танқидӣ ва ҳаҷвию хитобӣ дорад. Дар шеъри тоҷикии ин давра ҳам аз он қабил шеърҳо ҳастанд, ки бо сабку лаҳнҳои гуногун гуфта шудаанд, аз ҷумла, метавон шеъри А. Шукӯҳиро бо номи «Маҷлис ва навдаи ток»[95] зикр кард. Аммо дар шеъри Фарзона маҷлисбозӣ танҳо як тарҳ, ҷузъи кӯчакест, ки аз чигунагии ҳаёти иҷтимоӣ дарак дода, ба ҷаҳони маънавӣ ва ошиқонаву рӯҳан озодонаи ӯ мухолифат мекунад.
Бояд қайд кард, ки маҷлисбозию маърӯзанависӣ дар баъзе шеърҳои дигари Фарзона, аз ҷумла, дар «Афсонаофарин», «Инчунин мебигзарад» низ ҳамчун як амали вонамудкунандаи муҳимии бардурӯғ накӯҳиш карда мешавад. Масалан, тимсоли шоири ӯ дар шеъри «Инчунин мебигзарад», ки аз андешаҳои худтаҳлилии отифии дарунгаро ба ҳам омадааст, дар бораи дар болои коғазҳои ночиз нури чашм сарф кардан ва дар паи корҳои якмароми бешавқу шӯр қурбон намудани орзуҳои хеш сухан гуфта, боз аз ҳамон маҷлису маҷлиснишинон бо таассуфу тамасхур ёд меорад, ки худ ночор дар радифи онҳо қарор гирифтааст:
Бар ману бар ҷумлаи маҷлиснишинон
Хандад аз он сӯи шиша рӯзи равшан[96].
Аз истифодаи мукаррари маҷлисбозӣ ва мазаммати он дар шеъри шоир бармеояд, ки ӯ онро аз маънои луғавияш фаротар бурда, аз он аз ҳамчун намоде суд меҷӯяд, ки мафҳуми худфирефтагии бемаъноро ифода менамояд. Зеро маҷлисбозӣ дар рӯбарӯи амал ва фаъолиятҳое, ки арзишмандие барои дигарон доранд, монанди як машғулияти беманфиате ба назар мерасад, ки ҳаргиз намешавад қабулаш кард. Пас маҷлисбозӣ ба ин маъно ба намоди беҳудагию барҳадарӣ табдил мегардад.
Дар шеъри «Дар мадҳи худ» маҷлисбозӣ намоди ҷузъист, аммо шаб намоди куллиест, ки авзои иҷтимоиро дар худ таҷассум намудааст ва тарҳҳои дигар барои гуногунҷиҳат ва барҷастатар нишон додани он хидмат мекунанд. Бинобар ин шеър бо ҳамин калимаи шаб, ки намод (рамз, самбул) аст, оғоз шуда, банди охири он низ бо ҳамин вожа ибтидо гирифта, шеърро як навъ ҳалқабандӣ менамояд ва дар хонанда ҳамин гуна ҳиссиётеро ба вуҷуд меорад, ки шоир ва ҳамаи воқеот дар доираи ҳамин шаби носозгор маҳсур ҳастанд. Дар ин ҷо ҳам, ҳамчунонки дар бандҳои боло зикр шуда буд, ба ин шаби зулмати мағшуш, ки намоди авзои иҷтимоии замон аст, унсурҳои олами моддиву маънавӣ, ки намоди равшаноиву ҳиссиётмандӣ мебошанд, ҳамчун бӯи сапеда, таронаҳои ҳаёт, ситораҳои нигоҳ муқобил гузошта мешаванд.
Шабе, ки бӯи сапеда наояд аз нафасаш,
Таронаҳои ҳаётам ба гӯш мемиранд.
Ситораҳои нигоҳам хамӯш мемиранд.
Ва дар ҷаҳон баъдан
Наояду наравад ҳеҷ кас мисоли ман[97].
Шахсияти ғиноии Фарзона дар ашъори андешаҳои худтаҳлилии отифиаш ҳамеша бо мардуме, ки ба монанди ин маҷлисбозон овораи манфиатҳои фиребандаи даргузар буда, арзишҳои асили башариро намешиносанд ва ё барои густариши онҳо мамониат мекунанд, мухолифат дорад ва онҳоро ҳаргиз пазируфтанӣ нест.
Дар ин ҳолат эҷодкор хоҳ тамоюл ба сабки воқеъгароёна ва хоҳ ба хаёлпардозона дошта бошад, муҳим он аст, ки ба шахси худ ҳамчун шоир ва оламе, ки бо он бархӯрд дорад, бо нигоҳи диалектик нигарад, ки Фарзона ҳам ҳамин корро мекунад. Ин заминаи муҳимест, ки бе он ҳеҷ як эҷодкор наметавонад, новобаста аз он ки ба кадом навъи ҷаҳонбинӣ майл дорад, асари қобили таваҷҷуҳе ба вуҷуд оварад, махсусан, дар замони шикасти як сохти иҷтимоӣ ва ба вуҷуд омадани сохти иҷтимоии дигар, ки ба Фарзона дар ҳамин гуна марҳалаи таърихӣ зистану эҷод кардан рост омад. Зеро дар ин гуна марҳала дар идрок ва ҷаҳоншинохтии афроди замон мухолифати воқеияту хаёлпардозӣ, шахсияту ҷомеа ба таври ногузир ба вуҷуд меояд ва ҳар эҷодкори асил онро амиқан дарк карда, ҳарчанд медонад, ки ин мухолифатро аз байн бурдан сахт номумкин аст, аммо барои расидан ба муносибати мутаносиби онон мекӯшад. Сурати бадеии тасвири чунин ҳолат, ки шахси шоир дар эҷодиёти Фарзона бо он дучор меояд, дар бисёр шеърҳо, аз ҷумла, дар шеъри «Аз шикаст то нусрат» возеҳ ба мушоҳида мерасад:
Бори дигар шикаст ёфтаам дар бархӯрд
бо иҷтимои фосид.
Хориҷ аз ҷомеаи бадтаркиб…[98]
Ҳамин тариқа, ин ҷомеаи бадтаркиб, ки аз ҷузъиёте ҳамчун «ҳалқаи рӯини риё»-ву «ишқҳои бо хиёнат олуда» ва «меҳрубонии бо тамаъ восил»-у «растухези ҷисмҳои бедил» ба ҳам омадааст, шахси шоирро шикаст медиҳанд, ки воқеан ҳолати буҳронист ва гӯё роҳи буруномад надорад, ки ӯ мегӯяд:
Берун аз тӯдаи бемӯҳтавои овора,
Берун аз сайёра
Куҷо гурезам[99].
Аммо шоир гуноҳро танҳо мансуби шароити мавҷуда намедонад, ки шоирро шикаст додаанд ва даст аз ҷустуҷӯи роҳи наҷот наканда, дар печу хами ҷаҳони маънавии худ ба роҳ меафтад. Ӯ дар ин роҳ ба дарки воқеияти ҳастӣ мерасад ва ҷараёни ин дарк дар ӯ қудрати тозаеро падид меорад, ки дар ниҳоди ӯ нуҳуфтааст:
Медонам. Як раҳ ҳаст. Раҳи мунаввари наҷот.
Ба худ сафар кардан,
ба умқи хеш расидан,
ё ки аз хештан баланд шудан.
Қасри танҳоии худро бо ҳазорон қандил
рӯшанӣ бахшидан.
Офтобона дар баландии худ рахшидан.
Рӯҳи Ҳурмуздро ба ҷисми худ панаҳ додан,
Таъсири Аҳриман напазируфтан.
Бале, як раҳ ҳаст – Шеър гуфтан,
шеър гуфтан,
шеър гуфтан![100]
Шоир барои бартараф кардани ин тазод, ки дар байни ӯ ва иҷтимоъ иттифоқ афтодааст, тариқи ҳалли башардӯстона (ҳуманистӣ)-ро мепазирад, ки он шеър гуфтан, яъне аз сидқ ва самимона амал кардан аст. Ин тарзи муносибат ба мухолифату мушкилот дар шуури хонанда ғояеро ҷой медиҳаду ташвиқ мекунад, ки агар барои шоир дар чунин ҳолатҳо амали пазируфтанӣ танҳо содиқонаву самимона шеър гуфтан бошад, яъне иҷрои коре бошад, ки сарнавишташ таъйин кардааст, пас барои ҳар инсони дигар ҳам танҳо фаъолияте зарур мебошад, ки ӯро барои он офаридаанд. Аммо, ба андешаи мо, ин мақсади ниҳоӣ нест, ки дар ин шеър тимсоли шахси шоир баён мекунад, балки манзур он аст, матраҳ намояд, ҳар инсоне, ки ба нофаҳмӣ ва ё беадолатии иҷтимоъ дучор мешавад, бояд дар худ тавоноиву мардонагии рафъи онро пайдо кунад.
Ҳамин тариқ, танҳо ба василаи мардумпарварона кардани муносибати байни фарду ҷомеа ва шароити зисти инсон аз буҳрони маънавие, ки фард бо он гирифтор шудааст, метавон наҷот ёфт. Ин гуна муносибати зимнии фаъолона ба оламу одам шахси шоирро водор ба он менамояд, ки дар мақтаи шеър оҳанги суханро дигар карда, аз воситаҳои тозаи ифода мадад ҷӯяд ва манзури худро шоирона бо умед пайванд кунад:
Эй дили мағлуб!
Биё шикасти кунуниро
номи нусрат монем.
Биё, дар ҳошияи обонмоҳ
Гули Наврӯз нишонем[101].
Муҳтавои шеъри «Аз шикаст то нусрат» бо ҳамаи унсурҳои тасвир ва ифодаи мазмун бо ҷаҳони ҳастӣ ва иҷтимоъ пайваста буда, бе он тасаввур карда ҳам намешавад, аммо он, ба ҳар ҳол, ба ин ҷаҳон аносири рамзии аз ҷиҳати рӯҳу равонӣ дурустро ворид намуда, шахси шоирро чунон нишон медиҳад, ки ӯ дар ҳудуди он намегунҷад ва ба олами рамзу хаёл рӯй меорад. Бинобар он қариб ҳамеша муҳтавои дақиқи ашъори Фарзона, ҳамаи ҷиҳати айнӣ ва зеҳнии он аз ҳудуди мантиқии худ фаротар рафта, мазмунҳои рамзиеро касб менамояд, ки ба хусусияти умумии ҷаҳоншинохтии ӯ вобаста мебошад. Ҷаҳоншинохтии шоир дар ашъори ба шеъру шоир бахшидаи Фарзона чун дар тамоми эҷодиёташ воқеъгароёна буда, вале омезиш бо хусусиятҳои хаёлпардозона дорад.
Тимсоли муаллиф дар ашъори ин давраи Фарзона дар аксари ҳолат бо тимсоли шоир ба ҳам меомезад, яъне шоир дар ашъоре ҳам, ки дар мавзӯи шеъру шоир нестанд, ҳамчунон сухан меронад, ки дар зимни гуфтор шоир буданаш эҳсос мешавад, зеро суханаш шоирона, хаёлпардозонаву зебо буда, фикраташ барои дарёфти розҳои ниҳоне қодир мебошад, ки ба чашми дигарон пӯшида аст. Аммо бо вуҷуди ин фазилати нодираш тимсоли шоир хусусияти фароинсонӣ касб накарда, барои худ арзиши беқиёси болотар аз дигарон қоил намешавад, баръакс ӯ худро гоҳо барои соҳиби чунин истеъдод буданаш бо камоли фурӯтанию шикастанафсӣ ноҳинҷор эҳсос менамояд. Бад-ин тартиб шахсияти шоирии Фарзона дар уфуқҳои фарохе офарида мешавад, ки аз инсони дорои фазилатҳои камназир то одами одиеро дар бар мегирад, ки аз обу гил сохта шуда, аз дигарон фарқе надорад. Масалан, ӯ мегӯяд:
Ҳар қадр ҳам фарзонаам, ман беш аз он девонаам,
Бо шабнаме дар барги гул ҳамхонаам, ҳамхонаам.[102]
Дар ин ҷо дар баробари фарзонагӣ таъкиди девонагии худ, бешубҳа, на фақат таъкиди ворастагии худ аз қайду бандҳое, ки миёни ҷомеа маъмуланд, балки таъкиди як инсони одӣ будан ҳам ҳаст. Як инсони одӣ, вале бо олами рангину хаёломез ва диле нозуку пур аз муҳаббату отифа мебошад, ки агар ҳамхона мешавад, танҳо дар барги гул бо шабнам ҳамхона шуданаш мумкин аст. Вале ҳар дуи ин тимсол ҳам – ҳам одӣ ҳам камназир – гоҳ воқеъгароёна, вале бештар бо диду баёни хаёлпардозона ба тасвир меоянд.
Яке аз махсусиятҳои асосии ҷаҳоншинохтии Фарзона дар он аст, ки ӯ бо вуҷуди ба олами ҳодис нигоҳи воқеъгароёна доштанаш ҳамеша ҷаҳони хаёлпардозонаи ботинияшро бо худ ҳамроҳ дорад ва ҳамин ки олами ҳодисро бо ормону ниятҳои худ ноҷӯр мебинад, ба олами хаёлпардозонаи худ паноҳ мебарад ва ё аз он барои мусовӣ кардани он воқеият бо ормонҳои худ мадад меҷӯяд. Дар натиҷа дар миёни ин ду тарзи ҷаҳоншинохтӣ – воқеъгароёнаву хаёлпардозона – муносибати таъсиргузории мутақобила пайдо шуда, барои ифодаи ҷаҳони мураккаби тимсоли шоир имкони фарохе муҳайё менамояд.
Шахсияти ғиноии Фарзона ба эътибори нафосати занона ва дили бисёр ҳассосу нозукаш аз шахсияти ғиноии шоирони дигари ҳамзамонаш тафовут дорад. Ӯ бисёр вақт бар ҷаҳони воқеӣ ва ҳатто камбуду нуқсҳои он ҳам бо нигоҳи шафқату хаёлпардозона менигарад. Тимсоли шоир, ки аз шеърҳои «Суруди навқалам», «Ҳасрати Шаҳрзод», «Талош», «Вораста», «Дар мадҳи худ» ба назар мерасад, ҳамин гуна инсонест, ки дар як вақт гӯё дар ду ҷаҳон – ормонӣ ва воқеӣ – талошу зиндагӣ дорад. Масалан, дар шеъри «Ҳасрати Шаҳрзод» Шаҳрзод, ки тимсоле аз худи шоир мебошад, дар байни ду олам – воқеии заминӣ ва хаёлии осмонӣ – арзи ҳастӣ менамояд ва бо дарду тапиши рӯҳонӣ сухан мегӯяд. Дар ин ҷо «ҳаёҳузор»-у «куҳанбозор» киноя аз воқеияти заминӣ мебошад, ки бар савти арш муқобил меистад.
Маро кӣ мешунавад?
Маро кӣ мешунавад дар ин ҳаёҳузор.
Наям зи ҳарзафурӯшони ин куҳанбозор.
Садоям ором аст.
Чу савти чак-чаки шабнам ба коми ташнаи гул
Зи арш пайғом аст.[103]
Муқобилат ва мухолифате, ки Фарзона ҳама ҷо, дар зиндагии воқеӣ ва рӯҳонии хаёлпардозонаи худ ва ҳамчунин дар олами ҳунар – олами шеъру шоир дарк мекунад, заминаи эҷодиёти ӯро фароҳам оварда, аломати муҳимтарини ҷаҳоншинохтиву зебоишинохтии ӯ шудаанд. Маълум аст, ҳар ҷо, ки тазоду муқобилат ҳаст, тозагӣ вуҷуд дорад ва аз ин рӯ, метавон гуфт, ки яке аз сарчашмаҳои тозагии ашъори Фарзона дар ҳамин диди дубуъдии ӯ аз ҳодисоту воқеоти олам, аз ҷумла, ҷаҳони шеъру шоирии худ ҳам мебошад. Ашъори андешаву таассуроти отифие, ки ӯ бахшида ба мавзӯи шеъру шоир навиштааст, паҳлуҳои гуногуни онро фаро гирифтаанд: дар он ҳам ҳамнавоии шоир – фарди бедортарин ва ҳассостарини бо авзои замон ва ҳам мухолифати ногузири инсони бедору ҳушёр бо он ба чашм мерасад.
Ашъори ғиноии отифӣ, ки андеша, таассурот, ангезаҳои ҳиссиро дар бар гирифта, ба мавзӯъҳои шеъру шоир дахл мекунанд, на танҳо барои муаяйн намудани назари шоир ба ин масъалаи ҷовидони адабиёт, балки барои нишон додани мавқеи иҷтимоии ӯ низ муҳим мебошанд.
Руҷӯи шоирон ба ин мавзӯъ сабабҳои гуногун доштанаш мумкин аст, аммо мунтаҳои он назари тоза андохтан ба сиришти шоир ва замон мебошад, ки яке узве аз башарияти соҳибидроку ҳассос ва дигаре порае аз таърихи ҳастӣ ба шумор меравад.
Соли 2014
[1] Мирзо Турсунзода. Асарҳои мунтахаб. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди якум. Нашрдавтоҷ., Сталинобод, 1961, с. 88.
[2] Ҳамон ҷо, с. 215.
[3] Ҳамон ҷо, с. 216.
[4] Мирзо Турсунзода. Ҳамеша бо Ватан. Душанбе, «Адиб», 2001, с. 114.
[5] Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. Теҳрон. Нашри Замон, 1379 / 2001, с. 6.
[6] Мирзо Турсунзода. Ҳамон ҷо, с. 110-111.
[7] Ҳамон ҷо, с. 112.
[8] Ҳамон ҷо, с. 31.
[9] Ҳамон ҷо.
[10] Ҳамон ҷо, с. 156.
[11] Ҳамон ҷо.
[12] Мирсаид Мишакар. Панҷи ноором. (Мунтахаби ашъор). Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Робиаи Латиф. Душанбе – Теҳрон, 2002, с. 234-235.
[13] Мирсаид Миршакар. Куллиёт иборат аз се ҷилд. Нашр. «Ирфон2, Душанбе, 1970, ҷ. 1. Шеърҳо. С. 62.
[14] Мирсаид Миршакар. Панҷи ноором. С. 257.
[15] Ҳамон ҷо, с.212.
[16] Ҳамон ҷо, с. 221.
[17] Ғаффор Мирзо. Ҳангомаи дидор. (Шеърҳо). Душанбе, Нашр. «Ирфон», 1984, с. 86.
[18] Ҳамон ҷо.
[19] Ҳамон ҷо.
[20] Ғаффор Мирзо. Нору нур. (Шеърҳо ва достонҳо). Душанбе,Нашр. «Ирфон», 1976, с. 5-8.
[21] Ҳамон ҷо, с. 6-7.
[22] Ғаффор Мирзо. Ҳангомаи дидор. (Шеърҳо). Душанбе,Нашр. «Ирфон», 1984, с. 94.
[23] Ғаффор Мирзо. Ҳангомаи дидор, с. 101.
[24] Муъмин Қаноат. Осори мунтахаб. Дар ду муҷаллад. Душанбе, Нашриёти «Ирфон», 1988, с. 74.
[25] Ҳамон ҷо, с. 108.
[26] Муъмин Қаноат. Меҳри сипеҳр. Баргузидаи ашъор. Душанбе «Адиб», 2007, с. 41.
[27] Муъмин Қаноат. Осори мунтахаб. Дар ду муҷаллад. ҷилди якум. Шеърҳо. Душанбе, Нашр. «Ирфон», 1982, с. 112.
[28] Ҳамон ҷо, с. 142.
[29] Ҳамон ҷо, с. 143.
[30] Ҳамон ҷо, с. 144.
[31] Ҳамон ҷо, с. 146.
[32] Ҳамон ҷо, с. 71.
[33] Ҳамон ҷо, с. 158.
[34] Ҳар куҷо ин аломат (?) ҳаст, вазни шеър нуқсе дорад.
[35] Қутбӣ Киром. Сари баланд. Душанбе: «Ирфон», 1982, с. 65.
[36] Ҳамон ҷо, с. 127, 128, 130.
[37] Қутбӣ Киром. Сари баланд, с. 122.
[38] Қутбӣ Киром. Илҳом. Нашр. «Ирфон», Душанбе,1968, с. 27.
[39] Қутбӣ Киром. Дили бародар. Душанбе. Нашр. «Ирфон», 1985, с. 42-43.
[40] Қутбӣ Киром. Илҳом, с. 27.
[41] Қутбӣ Киром. Минбари виҷдон. Душанбе, «Адиб», 2012, с. 43.
[42] Қутбӣ Киром…. Ёр меояд. Душанбе, «Адиб», 2002, с. 8.
[43] Қутбӣ Киром. Сари баланд, с. 263.
[44] В. Г. Белинский. Полн.собр.соч., т. 7. М., 1955, с. 337.
[45] Лоиқ Шералӣ. Куллиёт (иборат аз 2 ҷилд). Ҷилди 1(Китоби якум). Хуҷанд, 2001, с. 219.
[46] Ҳамон ҷо, с. 123.
[47] Ҳамон ҷо, с. 184.
[48] Ҳамон ҷо, с. 184.
[49] Ҳамон ҷо, с. 32.
[50] Ҳамон ҷо, с. 185.
[51] Ҳамон ҷо, с. 191.
[52] Ҳамон ҷо, с. 520.
[53] Ҳамон ҷо, с. 38.
[54] Ҳамон ҷо, с. 43.
[55] Ҳамон ҷо, с. 320.
[56] Лоиқ Шералӣ. Куллиёт. Иборат аз 2 ҷилд. Ҷилди 1. (Китоби якум), с. 190.
[57] Ҳамон ҷо, с. 290.
[58] Ҳамон ҷо, с. 302.
[59] Ҳамон ҷо, с. 305.
[60] Ҳамон ҷо, с. 384.
[61] Бозор Собир. Пайвнд. Душанбе, Нашр. «Ирфон», 1971, с. 7.
[62] Бозор Собир. Ҳамон ҷо, с. 10.
[63] Лоиқ Шералӣ. Ҳамон ҷо, с. 190.
[64] Бозор Собир. Бо чамидан, бо чашидан… Душанбе, «Адиб», 1987, с. 38.
[65] Ҳамон ҷо, с. 5-6.
[66] Ҳамон ҷо, с. 5.
[67] Ҳамон ҷо, с. 6.
[68] Ҳамон ҷо, с. 12.
[69] Ҳамон ҷо, с. 31.
[70] Ҳамон ҷо, с. 31.
[71] Ҳамон ҷо, с. 40.
[72] Ҳамон ҷо, с. 42.
[73] Ниг. Китоби муқаддас. Аҳди атиқ. Сифри Аъдод, боби бисту сеюм ва бисту чаҳорум.
[74] Бозор Собир., ҳамон ҷо, с. 43.
[75] Бозор Собир. Шоиру шеъре агар ҳаст. Душанбе: Адиб, 2006, с.69.
[76] Фарзона. Қатрае аз Мӯлиён. Мунтахаби ашъор дар се муҷаллад. Ҷ.1. Хуҷанд: Нури маърифат, 2003, с. 7.
[77] Ҳамон ҷо, с. 9.
[78] Ҳамон ҷо, с. 11.
[79] Ҳамон ҷо, с. 12.
[80] Фарзона. Қатрае аз Мӯлиён, ҷ.1., с. 293.
[81] Ушинский К.Д. Сбор. соч.. Т. ІX. М. 1960, с.118.
[82] Фарзона, ҳамон ҷо, с. 290.
[83] Ҳамон ҷо, с. 12.
[84] Ҳамон ҷо, с. 20.
[85] Ҳамон ҷо, с. 236.
[86] Ҳамон ҷо, с. 238.
[87] Фарзона. Қатрае аз Мӯлиён, ҷ.2., с. 214.
[88] Ҳамон ҷо, с. 245.
[89] ҳамон ҷо с. 386.
[90] Фарзона. Қатрае аз Мӯлиён, ҷ. 3, с. 339.
[91] Фарзона. Қатрае аз Мӯлиён, ҷ. 1, с. 211.
[92]ҳамон ҷо, с. 260.
[93] Ҳамон ҷо, с. 260.
[94] Ниг.: Маяковский В.В. Стихотворения. Классики и современники. М.: Художественная литература, 1980. С.88-90
[95] Ниг.: Шукуӯҳӣ А. Асарҳои мунтахаб. Ҷ.1., с. 45.
[96] Фарзона. ҳамон ҷо, с . 292.
[97] Фарзона. Ҳамон ҷо, с. 260.
[98] Фарзона. Мӯҳри гули мино. Хуҷанд: Ношир, 2006, с. 85.
[99] ҳамон ҷо
[100] Ҳамон ҷо.
[101] Ҳамон ҷо, с. 86.
[102] ҳамон ҷо, с. 290.
[103] Ҳамон ҷо, с. 128.