Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ворисияти анъанаҳои адабиёти классикӣ пеш аз ҳама дар шакли бадеии назми муосир мушоҳида мешавад. Ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои шоирони муосир дар шакли бадеӣ, ки маҳсули таҳаввули адабии пас аз инқилоб ва панҷсолаҳои авваланд, аз як ҷиҳат, роҳҳои ояндаи инкишофи назми муосирро муайян карда, аз ҷиҳати дигар, сарчашмаи навовариҳои имрӯзаанд. Барои аниқу дақиқ муайян кардани ин ҷустуҷӯ ва бозёфтҳо таҳлили низоми тасвиру забон, услубу банду басти осори манзум зарур аст. Дар офаридани тимсолҳои тоза, воситаҳои тасвир, тарзи ифода ҷунбише ба амал омад, ки он, бешубҳа, ба таркиби забон, услубу шакли бадеӣ бетаъсир намонд ва барои таровати забон, тозагии услуб, мӯъҷазии шакл кӯмак расонд.
Синтези услубҳои забонӣ, ки забони адабии тоҷик дар асоси онҳо тартиб ёфтааст, ба вуҷуд омад. Яъне дар забони назм услубҳои нақлию афсонавӣ, назми китобатӣ ва халқию гуфтугӯӣ ба ҳам омезиш ёфт. Таъсири забони зиндаи халқ, ки пас аз инқилоб ба забони адабӣ ва аз он ҷумла ба забони назм бештар шуд, дар ин давра, махсусан, пурзӯр гардид. Акнун унсурҳои забони зиндаи халқ паи мақсадҳои дигаре истифода шуда, хусусиятҳои тоза пайдо мекунанд; калимаю ибораҳои халқӣ на фақат барои типӣ кунонидани образҳо, шароит ва маҳалли тасвир истифода мешаванд, онҳо акнун бештар барои инъикоси таассурот ва тасаввурот аз дунёи хориҷ ва ботин, таровишҳои қалбӣ, характер ва идроки қаҳрамони лирикӣ ва ё шоир ба кор рафта, барои ифодаи фазилатҳои фардии шахсият хизмат мекунанд.
Ин аносир дар ифодаи таассуроти фардӣ аз муҳити худ берун рафта, ба талаботи забони адабӣ мувофиқ мешаванд. Забони назм ба воситаи ба он дохил шудани ин гуна калимоту таъбирот тозагӣ ва тароватеро, ки забони зиндаи халқ дорад, доро мегардад.
Дар вақти таҳлил ду хусусияти ин омезишро бояд дар назар дошт:
а) ба забони назм ворид шудани калимоте, ки дар забони зиндаи халқ серистифода, вале дар назм чандон маъмул набуданд.
б) ба забони назм таъсири синтаксиси назми халқ меафзояд, яъне дар ин ҳолат ҳарчанд калимоти соф халқӣ истифода нашуда бошанд ҳам, демократӣ шудани забони назм дар услуб, рӯҳ ва тарзи ифода аён мешавад.
Тоза шудани забони назм дар эҷодиёти шоирони чи ҷавон ва чи номии тоҷик асосан бо ҳамин ду роҳ давом мекунад. Албатта, худи истифодаи калимаҳои халқии гуфтугӯӣ аллакай то андозае ба услуби шоир таъсир мекунад, вале на ҳамеша мавқеи муҳим дорад. Аз ҳамин сабаб истифодаи ин калимот ба услуби баъзеи шоирони муосири тоҷик бисёртар таъсир карда, ба услуби қисми дигар таъсири казоӣ накардааст. Аз ин ҷиҳат омӯзиши услуби шоирони номии тоҷик М. Турсунзода, М. Миршакар, М. Раҳимӣ ва шоирони нисбатан ҷавон А. Шукӯҳӣ, М. Қаноат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ барои тадқиқи ин масъала маводи фаровон медиҳад.
Таъсири забони зиндаи халқ ва адабиёти он ба услуб ва равияи эҷодии ин шоирон ба тарзи хос аст, вале агар онро то андозае умумият диҳем, се хусусиятро номбар кардан мумкин аст.
а) истифодаи фаровони ин унсурҳо ба услуб ва равияи эҷодии шоир таъсир гузоштаанд (М. Миршакар, Ғаффор Мирзо, Қутбӣ Киром).
б) истифодаи таъбироти забони зиндаи халқ ва адабиёти он фаровон набошад ҳам, услуби назми халқ ба эҷодиёти шоир таъсири қавӣ дорад (М. Турсунзода, А. Шукӯҳӣ).
в) истифодаи ин гуна таъбирот ба услуби шоир таъсири казоӣ накардаанд (М. Қаноат, Лоиқ).
Сабкҳои забонӣ ва бадеие, ки дар таърихи адабиёти классикӣ роиҷ буданд, аз ҷумла, сабкҳои хуросонӣ, ироқӣ, ҳиндӣ ва аз охирҳои асри XVIII боз тамоюл ба соданависӣ, ки онро шартан бозгашт ба сабки хуросонӣ меноманд, дар назми муосири тоҷик ба ҳам омезиш меёбанд, саҳеҳтараш унсур ва хусусиятҳои ҳамин сабкҳоро дар эҷодиёти шоирони муосир пайдо кардан мумкин аст. Ин дар осори А. Лоҳутӣ, Пайрав, Ҳабиб Юсуфӣ, М. Турсунзода, М. Қаноат ва дигарон ба назар мерасад.
Истифодаи сабки адабиёти шифоҳӣ ва омезиш додани сабкҳои адабиёти китобатӣ барои тоза сохтани сабки адабиёти муосир таҷрибаи муайяни эҷодиро талаб дошт. Пас аз он ки таҷриаи зарурӣ фароҳам омад, синтези ин сабкҳо сурат гирифта, барои ба вуҷуд омадани услуби доманадоре, ки методи реалистии тасвирро ба асос гирифтааст, замина гузошт. Акнун барои ифодаи ҳар маънии тоза шакли хоси ифодаи он пайдо карда мешавад. Шоир барои ифодаи маъно калима ва ё таъбиротеро, ки моли як равияи услубӣ нестанд, озодона истифода карда, онҳоро ба ҳам ошноӣ медиҳад. Инкишофи маъно ва мафоҳими шеър шаклҳо ва услубҳои шартиро дарҳам мешиканад ва забону услуб акнун ҳамаҷониба барои ифодаи мафоҳими шеър тобеъ мешавад. Азбаски забону услуби асари бадеӣ дар натиҷаи чигунагии истифодаи калимот сурат мегирад ва зиёда аз ин дар осори бадеӣ бори ифодаи маонию мафоҳим бар дӯши калима аст, дарҳам шикастани қолабҳои шартӣ ва ба ҳам бархӯрдани услубҳо ба забон бетаъсир намемонад. Вале бо ин нақши калима дар ифодаи маънӣ ва мафоҳим ночиз нагашта, меафзояд. Ба калимае, ки дар натиҷаи танҳо дар баъзе услубҳои алоҳида истифода шуданаш, моли он услуб шуда, танҳо як тобиши маъноии худро ривоҷ дода, тобишҳои дигарашро ночиз карда буд, тобишҳои гуногуни он баргардонида мешавад. Калима аз ҷиҳати маъно бой мегардад. Барои кушодани паҳлуҳои гуногуни маънои калима пеш аз ҳама аз услуби тавсифӣ даст кашида, бевосита ба тасвири воқеият, олами ашё, рӯй овардани назм имкон дод. Пайванди назм бо ҳаёт, бо воқеият мустаҳкамтар шуд. Бор, мавқеъ ва аҳамияти калима дар шеър афзуд. Афзоиши бори маънии калима дар асарҳои шоирони тоҷик, ки эҷодиёти худро аз солҳои бистум-сиюм асри ХХ сар кардаанд, аз ҷумлаи П. Сулаймонӣ, Ҳ. Юсуфӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар Б. Раҳимзода мушоҳида мешавад.
Дар шеърҳои солҳои аввали онҳо, ҳарчанд воқеияти тасвиршаванда дигар аст, вале дар ифодаи он калима ва ибораҳое, ки асрҳо боз такрор шуда, ба қолаб даромадаанд ва мафҳуми шайъии худро қариб тамоман гум кардаанд, бисёр истифода мешуданд. Ин, бешубҳа, далели афзоиши бори маъноии калима набуда, гувоҳи сабуку ночиз гаштани он аст.
Ночизии мавқеъ ва бори калимаро дар шеър, махсусан, дар истифодаи калима ва ибораҳои маҷозӣ, рамзҳо, ташбеҳу истиораҳо, ки лаъли лаб, гули рӯ, оташи дил, риштаи ҷон, нахли умр, мурғи бахт, боғи мурод, боли ҳумо, ки аз ҷумлаи онҳоянд, ба хубӣ ҳис кардан мумкин аст.
Ин ҳолат бештар дар истифодаи калима ва ибораҳои маҷозӣ ба чашм мехӯрад. Мафҳуми шайъии онҳо ночиз шуда, онҳо дар пайвастагӣ бо дигар воҳидҳои забонӣ ифодакунандаи мафҳумҳои тоза, ғоя ва таассуроти нав, хуллас, ба рамзҳо (символҳо) табдил гаштаанд. Таркиби ин рамзу маҷозҳо гуногунанд. Рамзу маҷозҳое, ки ҳар ду ҷузъи онҳоро калимаҳои мафҳуми шайъӣ дошта ташкил додаанд, ба мисли «оташи дил», «нахли қомат», «мурғи чаман», «байрақи заррин» ва монанди инҳо аз ҷиҳати ифодаи маънӣ як хел набошанд ҳам, то андозае мафҳуми шайъии худро нигоҳ доштаанд. Вале гурӯҳи дигари ин гуна таркибҳо, ки як қисмашон аз калимаҳои мафҳуми шайъӣ дошта иборат буда, қисми дигарашон аз калимаҳои ифодагари мафҳумҳои ақлию тасаввурӣ ташкил ёфтаанд, аз қабили, «ҷоми мурод», «риштаи ҷон», «мурғи бахт», «шароби васл», «чашми хирад», «баҳори орзу», «оби ҳаёт», «боғи мурод» на фақат мафҳуми шайъии худро гум кардаанд, балки ҳамчун рамз ҳам он ғоя ва таассуроту тасаввуротеро, ки як замонҳо ифода мекарданд, дигар дар худ надоранд.
Дар шеъри «Ганҷинаи сурудҳо»-и М. Турсунзода ба зиндагии хушбахтона расидани халқи тоҷик, ба мисли ба даст овардани оби ҳаёт ва ё оби зиндагонӣ, оби Хизри афсонавӣ номида мешавад.
Ба ӯ Маскав зи рӯи меҳрубонӣ
Равон бинмуд оби зиндагонӣ.
Рамзи «оби зиндагонӣ» - обе аз чашмаи афсонавист, ки он гӯё дар мамлакати зулмот воқеъ буда, нӯшидани он умри ҷовид мебахшидааст, дар назми ҳазорсолаи тоҷик ҳазорҳо бор истифода шудааст. Вале моҳияти масъала дар чӣ миқдор истифода шудан он нест. Ин рамзро ба маънои бахшандаи ҳаёти ҷовидон истифода кардан дигар тозагӣ надорад. Ин маънои он кайҳо коста, ба қолаб даромада, таъсири завқии худро гум кардааст.
Шоирони классик баъзан ин рамзро бо тобишҳои тозаи маъноӣ истифода кардаанд, ки дар рубоии Саъдӣ мехонем.
Гар санг ҳама лаъли Бадахшон будӣ,
Пас қимати сангу лаъл яксон будӣ,
Гар дар ҳама чоҳ оби ҳайвон будӣ,
Дарёфтанаш бар ҳама осон будӣ.
Ё дар ин байти Ҳофиз:
Шоҳиде дар лутфу покӣ рашки оби зиндагӣ,
Дилбаре дар ҳусну хубӣ ғайрати моҳи тамом.
Ва боз дар ин байти Камоли Хуҷандӣ:
Гар бингарад равонии оби сухан, Камол,
Аз чашмасори хеш равад Хизр шармсор.
Дар ин мисолҳо кӯшиши шикастани истифодаи қолабии ин рамз ҷой дорад. Ҳар шоир дар мафҳуми ин рамз як хусусияти дигаре афзуданӣ шуда, онро дар қатори таркибҳои дигар мегузорад ва барои ифодаи мафҳуми тоза мекӯшад. Вале ин мақсад на ҳама вақт ба даст меояд, чунки ин қабил рамзҳо мафҳуми шайъии худро гум карда, ба қолаб даромадаанд, шах шудаанд ва ба таъсири услуб, равияи эҷодии адиб ва ё як марҳалаи эҷодӣ кам дигаргун мешаванд.
Муъмин Қаноат дар силсилаи «Ситораҳои Замин» дар шеъри «Модар» рамзи «оби ҳаёт» - ро чунин истифода мекунад:
Шири сафед мемакад он тифл бонишот,
Оби ҳаёт мечашад
аз чашмаи ҳаёт.
Дар ин байт ду рамзи куҳнаи анъанавӣ ба кор рафтааст, ки аз ҷумлаи таркибҳои маънои шайъияшон коста мебошад. Аммо заминаи реалистии ин шеър, ки аз тасвири як лаҳзаи фароғати модар бо кӯдакаш дар оғӯши замин ба ҳам омадааст, хеле қавист ва он ба ин рамзҳо таъсир карда, онҳоро пурмаънӣ ва маҳсус кардааст.
Модар зи кор омада,
гӯё з корзор,
Аз нав гирифт кӯдаки
муштоқро канор.
Биншаст рӯи сабзаҳо(?) –
зад такя бар замин,
Чинҳои рӯзи рафтаро(?)
бикшод аз ҷабин...
Шири сафед мемакад
он тифл бонишот,
Оби ҳаёт мечашад
аз чашмаи ҳаёт.
Гӯё гирифт қувваи
модар-заминро,
Болида хест кӯдаки шир(?)маст
рӯи по...
Чунин хусусият гирифтани ин ду рамзро М. Шукуров ҳам дар мақолаи худ «Сухан аз лирика ва мазмуни ҳаётии он» қайд карда, навиштааст: «Оби ҳаёт», «чашмаи ҳаёт» образи куҳнаи анъанавист, вале ин ташбеҳ маънои амиқе пайдо кардааст: ҳар фарзанди инсон, ки дар дунё умри ҷовидон ёфтааст ва номи ӯ абадӣ хоҳад монд, аз меҳру шафқати модар, аз осори тарбияти модар ба ин давлат расидааст»[1].
Риштаи ҷон, мурғи бахт барин рамзҳо, ки шах шудаанд, бо мафҳумҳои анъанавияшон дигар барои тасвири воқеияти тоза қобил нестанд. Азбаски ин гуна рамзу маҷозҳо акнун моли ягон услуб ва равияи эҷодӣ нестанд, яъне нақши мансубияти услубияшон нобуд шудааст, онҳо бар ҳар як услуб ва дар қатори рамзу маҷозҳои дигар озодона ҷой гирифта метавонанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама ҷудоии онҳоро аз он услуб ҳис кардан мумкин аст, чунки онҳо аз ҷиҳати маъно аксаран бо мафҳуми асар намеомезанд.
Ин гуна рамзу маҷозҳо асрҳо инҷониб дар услубҳои гуногуни бадеӣ истифода шуда, аммо бештарашон дар сурати пешинаи худ боқӣ мондаанд, ки сабаби инро қисман аз талаботи пешакии жанр дар истифодаи калимот бояд донист. Чунонки дар назми классикӣ ба назар мерасад, доираи истифодаи калимот ва таъбирот то андозае аз рӯи талаботи пешакии жанр муайян мешуд. Ин, албатта, маҳдудиятеро барои истифодаи захираи забонӣ ба вуҷуд меовард. Калима ва таъбирҳое буданд, ки дар жанрҳои ҷудогона қобили истифода буда, дар жанрҳои дигар бегона ба чашм мехӯрданд. Ҳар жанр ба гурӯҳи калимот ва таъбирот нақши соҳибияти худро гузошта буд. Аз рӯи мушоҳидаи Ш. Ҳусейнзода «Шоир дар ғазал калимаҳои дурушт ва алфози хушк ва садодорро ба кор намебарад. Балки калимаҳое истеъмол мекунад, ки бештар латофат ва равонӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, забони ғазал ва қасида ҳамеша аз якдигар фарқ доштааст»[2]. Ин вобастагии услубии калимот на танҳо дар ҳар жанр, балки дар дохили ҳар шакли жанрӣ ҳам вуҷуд дошт. Масалан, калима ва ибораҳое, ки бештар дар қисмати насиби қасида истифода мешуданд аз ҷиҳати маънию мазмун, обу ранги услубӣ ва имконияти тасвир аз аносири забонии қисмати мадҳи он фарқияти ба назар намоёне доранд.
Таркибҳои қисмати мадҳи қасида моли услуби «олӣ» шуда, баъд ба қолаб даромада, дигар таъсири давру замон ва услубҳои дигарро дар худ ҳис намекарданд. Забони халқ, унсурҳои забони гуфтугӯӣ ба услуби ин қисмати қасида қариб таъсире ҳам накардаанд. Чунин сарҳад миёни забон ва услуби анвои бадеӣ ҳам имконияти жанрро маҳдуд мекунад, ҳам пуррагии маъноии калимаро мекоҳанд. Аз тобишҳои зиёди маънавии калима фақат баъзеи онҳо истифода мешуданду бас.
Дар гурӯҳи дигари калимаю ибораҳо, рамзу образҳое, ки имрӯз ҳам дар забони назм арзи вуҷуд мекунанд, нақши услуб ва ё мактабҳои адабиро пайдо кардан мумкин аст. Онҳо зодаи ягон ҷараёни услубӣ ва ё мактаби адабие буда, дар замони мавҷудияти ҳамон мактаби адабӣ ва ё ҷараёни услубӣ мазмун ва мафҳуми хосе доштаанд. Ба вуҷуд омадани мактабҳои нави адабӣ, тартиб ёфтани ҷараёнҳои тозаи услубӣ бо худ калима ва ибораҳои наверо ба майдони адабиёт меоваранд. Саҳеҳтараш, ба калима он тобишҳои маъноие, ки гум карда буд, боз гардонида шуда, имконияти ифодаи он фарохтар мешавад. Калима ба воситаи таркибҳои дигар ибораҳои тоза месозад. Ҳамин ҳолат дар сабки хуросонӣ, ироқӣ ва махсусан, дар сабки ҳиндӣ мавқеи васеъ дорад. Бо вуҷуди баъзе хусусиятҳои манфиаш сабки ҳиндӣ дар истифодаи калима ва шикастани ибораю пайвастагиҳои муқаррарии забонӣ хизмати кам накардааст. Шоирони асили ин сабк коре карданд, ки имконияти мафҳумҳои ақлиро ифода кардани калима хеле афзуд. Ва гоҳо ҳамин ҷиҳати кӯшиши онҳо аз меъёр гузашта, боиси гаронбории калима мешуд, ки дарки маъниро душвор мекард.
Оинаи хаёл, вусъати олам, мавҷи хаёл, тангнои ҳастӣ, саҳрои ҷунун, муҳит, ваҳдат аз калима ё ибораҳое ҳастанд, ки дар ин сабк бештар истифода мешуданд ва ё бевосита маҳсули шоирони ҳамин сабк буданд. Бисёри чунин калимаю ибораҳо, аз ҷумлаи вусъати олам, тангнои ҳастӣ, саҳрои ҷунун, ваҳдат, дарё, шабнам рамзҳое буданд, ки ақидаҳои фалсафӣ, дунёшиносии шоирони он давраро инъикос намуда, муҳимтарин масъалаҳоеро, ки дар дарки олам ва ҳастии одам пеш меомаданд, ифода мекарданд. Ҳамин ки тасаввурот ва фаҳмиши одам аз олам дигар шуд, ба тариқи пештара истифода кардани ин рамзу образҳо сабаби кӯр-кӯрона дидани онҳо гардид ва шоироне, ки аз ин роҳ рафтанд, ба нокомиҳои эҷодӣ расиданд. Вале дар оғози худ ин сабк дар озодии калима ва тартиб додани ибораҳо ва пайвастагиҳои нав ба нав кӯшиши ҷиддӣ ва босамаре кард. Як калима бо калимаҳои бисёри дигар ибораҳои гуногун ва ғайричашмдоште тартиб медод. Масалан, дар ин байти Шавкати Бухороӣ:
Аз барои туҳфаи рангинхаёлони ҷаҳон,
Шавкат аз мисроъи рангин дастаи гул бастаам.
Дар ин байт аз як сифати рангин ду ибораи тоза сохта шудааст, ки мисоле аз як силсила ибораҳое мебошад, ки бо ин сифат тартиб ёфтаанд.
Баъзе муқаллидони минбаъдаи ин сабк ба маъноҳои тоза ва фалсафии ин гуна ибораю таркибҳо пай набурда, онро танҳо воситаи ороиши шеър донистанд. Дар натиҷа дар асрҳои баъд ва махсусан, дар асрҳои XVIII ва XIX, он кашфиётҳои шоирони пешин дар осори онҳо аз заминаи мавҷудаи худ дур афтод, алоқаи он бо мафҳуми шайъӣ ва заминаи пайдоиши худ ночиз шуд ва ба суханбофиҳои бебору лофу газоф мубаддал гашт. Акнун ҳамон вожаву ибороте, ки як вақтҳо лабрези маънӣ буданд, дигар пучу бемоя ба назар мерасиданд. Ин чанд сабаб дошт.
Он рамзу истиорот бештар барои ифодаи маъниҳои фалсафие эҷод мешуданд, ки хоси он замон ва дар маркази диққат ва мубоҳисаҳои фарҳангии олимону шоирон қарор гирифта буданд.
Масалан, дар шеър образи дарё, шабнам, на фақат мафҳуми дарё ва шабнамро доштанду бас, балки дар зимни ин рамзҳо асоси пайдоиши олам будани об, моеъ, заррачаҳои ҳидгорен, ки дар таълимоти фалсафаии замон роиҷ буд, дар назар дошта мешуд. Вақте ки дар асрҳои минбаъда тасаввуроти одам аз пайдоиши олам ва амволи ин масъалаҳои фалсафӣ ва зиндагӣ дигар мешуд, ин гуна рамзҳоро ба ҳамон шакл ва маъниҳои пештараашон истифода кардан, ки ба тасаввур ва фаҳмиши замони нав мувофиқ намеомад, бешубҳа, ба инкишофи эҷодӣ мусоидат намекард. Ва табиист, ки дар асрҳои минбаъда ва махсусан, дар асри XIX ва аввали ХХ шоирони равшанфикр ғуломи ин ибораҳо ва ҷараёни услубӣ нашуда, ба ҷустуҷӯи воситаҳои нави тасвир кӯшиданд, ки алоқаи маъноии онҳо бо олами шайъӣ мустаҳкам бошад.
Вале чунонки қайд шуд, дар бисёре аз ин рамзу маҷозҳо нақши замон боқӣ нест ва аз ин рӯ, онҳо дар бисёр давраҳо қобили истифода мебошанд. Аммо худи ба рамзҳо табдил ёфтани маҳз ҳамин калимот, ташаккули ибораҳои маҷозӣ ва дигар воситаҳои тасвирот аз талаботи рӯҳ ва завқи зебошиносии маҳз ҳамон давраи таърихӣ сар мезанад. Танҳо аз ҳамин ҷиҳат ба кадом давраи таърихӣ тааллуқ доштани онҳоро муайян кардан мумкин аст.
Барои мафҳумҳои тоза гирифта, рӯҳи замонро ифода кардани ин гуна рамзу маҷозҳо, ки аз хазинаи пурсарвати назми классикӣ мерос мондаанд, аз онҳо дар пайвастагиҳои дигар ибораҳои тоза сохта, шакли пешинаи онҳоро дигаргун кардан зарур аст. Дар ин ҳолат мафҳуми шайъии онҳо меафзояд, он ниқобе, ки барои ифодаи мафҳумҳои шартӣ бар рӯи онҳо кашида шуда буд, дур афтода, шартияти шахшудаи онҳо аз байн меравад. Сипас онҳо ҳамчун зодаи давраи таърихие рух намуда, ба шеър на танҳо мафҳуми шайъии худро ворид мекунанд, балки аз таърихияти худ низ хабар медиҳанд.
«Лайлатулқадр» ва ё «шаби қадр» аз рамзҳои машҳури назми классикист. Ин шаби 27-уми моҳи рамазон буда, дар ривоятҳои динию афсонавӣ шаби беҳтарин барои ибодат шуморида мешавад ва гӯё дар ин шаб дуову ибодат зуд иҷобат меёфтааст. Ин рамз дар ашъори бисёр шоирони классик истифода шуда, ягон ҷиҳати шаби бахтро ифода намудааст:
Масалан, дар ин байти ғазали Ҳофиз:
Шаби қадре чунин азизу шариф,
Бо ту то рӯз хуфтанам ҳавас аст.
Ва ё дар ин байти Камол:
Шаби қадре, ки меҷустам, ба хоб он рӯзи некӯӣ,
Чу он рӯ дидаму он мӯ, ҳам ин дидам, ҳам он дидам.
Азбаски мақсади истифодаи ин рамз аз ҳам фарқи куллӣ надошт, он ба қолаб даромад, дигар ба ин мафҳум истифода кардани он таъсири завқӣ надошт.
Бо вуҷуди ин, ин рамз ба эҷодиёти бисёр шоирони муосири тоҷик роҳ ёфт ва муддатҳо ба ҳамон мафҳуми пешинаи худ истифода мешуд. Вале шоироне, ки барои истифодаи реалистии рамзу маҷозҳо мекӯшиданд, дигар ба шартияти ин рамз муросо карда наметавонистанд ва табиист, ки дар шеъри «Савганд»-и М.Турсунзода ин рамз ба мақсади дигар ба кор рафт ва ба оҳанги тоза садо дод.
Солҳои сол
мегуфтанд марум, ки:
ба мо
Бахту шодӣ мерасад
аз лайлатулқадр,
аз қазо,
Дар шаби торик
нурафшон
гузар хоҳад намуд,
Аввали шаб,
нисфи шаб
майли сафар хоҳад намуд.
Шакли он гирд аст,
Рӯяш мисли оташпорае,
То саҳар бедор хобӣ,
Гар кунӣ наззорае,
Метавонӣ дид онро,
Мақсадат иҷро шавад,
Ҳар чиро ки даст гирӣ,
Ҷо ба ҷо тилло шавад.
Лекин ин мӯъҷиз
Барои камбағал ноёб буд,
Қиссаи модаркалон буду
хаёлу хоб буд.
Дар ин мисраъҳо лайлатулқадр, шаби қадр танҳо зикр ва ё ташбеҳ набуда, балки тафсир, маънидод карда мешавад, ки дар асоси он фаҳмиши халқии рамз қарор гирифтааст. Ҳар мисраи минбаъда ягон хусусияти лайлатулқадрро шарҳ медиҳад. Зикри дар шаби торик нурафшон гузаштанаш, шакли гирда ва рӯи мисоли оташпора доштанаш, ки ҳамчун ҷузъиёти ин рамзанд, ба он хусусияти реалӣ дода, онро аз шартияташ озод карда, ба тасаввури халқӣ наздик меоранд.
Дар шеъри Ғаффор Мирзо «Қиссаи оби ҳаёт» ҳам истифодаи эҷодкоронаи образи рамзии «оби ҳаёт» ҷой дорад, ки як андоза оҳанги ҳаҷвӣ дошта, тамсили ҳикоятнок аст.
Вожагону образҳои ин ду шеър ҳама барои аёну барҷаста ифода кардани ғояи он хидмат карда, ба шайъи тасвир наздиканд. Дар байни шайъи тасвир ва луғот муносибати амалӣ ва мантиқӣ вуҷуд дорад. Ин яке аз муҳимтарин хусусияти услубии назми муосир аст, ки дар натиҷаи муносибати реалистона ба мафҳуми луғавии калима ва образ шакл гирифта истодааст. Дарде, ки аз мадеҳаҳои шоирони қасидасаро ба назми солҳои аввали инқилоб ва панҷсолаҳои нахустин сироят карда буд, яъне навъи шеърҳои ситоишие, ки дар бораи ҳама чизанду ва дар айни ҳол дар бораи ҳеҷ чиз нестанд, барои истифодаи калима ва образҳое, ки ба ягонагии сохти композитсионии шеър мувофиқат намекард ва алоқаи онҳо бо шайъи тасвир суст буд, роҳ медод, ба ин восита барҳам дода мешавад. Алоқаи лафзӣ ва мантиқӣ дар байни лексика ва шайъи тасвир дигар ба суханбофиҳои дур аз мақсад имкон намедиҳад.
Низоми образҳо, воҳидҳои маъникаш дар шеъри Муъмин Қаноат «Иди бахт» ба ҳам робитае дошта, яке дигареро инкишоф медиҳанд ва ҳама бевосита ба мафҳуми иди бахт – Наврӯз пайвастагӣ доранд.
Асрҳо аҷдодҳои мо зимистони дароз,
Қиссаи сарбаста аз иқбол мепардохтанд,
Бахти одамношинос
Баски бо бечорагон асло сару коре надошт,
Гӯӣ(?) дар рӯи замин ҷуз ном осоре надошт.
Мардуми бехонумон
Ибтидои бахт аз Наврӯз мепиндоштанд,
Бар ҳамин рӯзи муқаддас эътиқоде доштанд.
Калима ва ибораҳои «зимистони дароз», «қиссаи сарбаста», «иқбол», «бахти одамношинос», «бечорагон», «мардуми бехонумон», «ибтидои бахт», «рӯзи муқаддас», «эътиқод», хуллас, ҳамаи воҳидҳои маъникаш барои барҷастатар ифода кардани мафҳуми иди бахт – иди Наврӯз, ки аз он мардуми Шарқ бахту саодат умедворӣ доштанд, хидмат карда, мувофиқати шакл ва мазмуни шеърро таъмин менамоянд.
Иди Наврӯз, Наврӯз ҳам мафҳуми рамзист ва ҳам реалӣ. Дар назми классикӣ ва муосир ҳам он ба ҳамин ду мафҳум истифода мешавад. Яке ҳамчун иди Наврӯз, ки дар Шарқи бостонӣ оғози баҳор ва бедории замину ибтидои киштукор аст, ба кор меравад ва дуюм мафҳуми рамзии он низ ба ҳам ин мафҳуми реалияш вобаста буда, рӯзи хушбахтӣ, айёми накӯии ҳаётро ифода менамояд. Масалан, Саъдӣ мегӯяд:
Одамӣ нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор,
Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад ҳатаб аст.
Ва боз байте аз Саъдӣ:
Комҷӯёнро зи нокомӣ чашидан чора нест,
Дар зимистон сабр бояд толиби Наврӯзро.
Дар байти аввал Наврӯз ҳамчун айёме дар фасли баҳор ва дар байти дуюм он то андозае ба маънои рамзии ифодакунандаи комгорӣ, айёми хушбахтӣ ва рӯзи висол истифода шудааст. Параллелизмҳои ин байт нокомӣ – зимистон ва комгорӣ – Наврӯз ба номи ду фасл мафҳуми рамзӣ бахшидаанд. Дар шеъри муосир ҳам ҳар ду тарзи истифодаи ин образ ҳаст. Масалан, Лоиқ дар шеъри «Замини меросӣ» менависад:
Посбони ҳуштаки поезду кӯпрукҳои вокзалҳостам,
То саломат рафта боз оянд ёрон аз сафар.
Посбони иди Наврӯзам, ки дар он ҷумла ёрон
Давра ороянд, ороянд наврӯзи дигар.
Ва дар шеъри «Рӯзи Наврӯз»-и Қутбӣ Киром мехонем:
Рӯзи Наврӯз, Қутбии ошиқ,
Дили аз тан канорро монам.
Дар мисоли аввал вақте ки шоир худро «посбони иди Наврӯзам» мегӯяд, иди Наврӯз – иди хурсандӣ, иди баҳор дар назар дошта шудааст ва дар ибораи «наврӯзи дигар» мафҳуми айёми сол будани вай ночиз гашта, тобиши дигари маъноии он чун рӯзҳои хушбахтӣ бештар гаштаст. Дар шеъри Қутбӣ Киром он ба маънои аслии худ – рӯзи ид омадааст.
Чунонки мулоҳиза мешавад дар назми муосир баъзе аз он рамзу маҷозҳои анъанавӣ дар асоси мавзӯи шеър қарор гирифтаанд. Онҳо аксаран рамзу маҷозҳое ҳастанд, ки дарки таърихии воқеиятро ифода намуда, ин мафҳуми худро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Бештари ин мафҳумҳо асотирию афсонавӣ, таърихӣ ва динию ахлоқӣ буда, баъзеи дигар анъана ва расму оини зиндагиро баён мекунанд. Ба ин қабил рамзу маҷозҳо «садди Сикандар», «ҷоми Ҷам», «оинаи Сикандар», «турки паричеҳра», «тӯфони Нӯҳ», «хироҷи Миср», «пири муғон», «харобот» ва монанди инҳо дохил мешаванд. Ҳарчанд шоирони классик онҳоро дар шеърҳои худ барои ифодаи мақсадҳои гуногун истифода кардаанд, аммо онҳо нисбат ба дигар гурӯҳи рамзу маҷозҳо бо давраи таърихӣ ва муҳити пайдоиши худ бештар пайвастаанд. Онҳо дар шеъри муосир ҳам вомехӯранд ва минбаъд боқӣ монданашон ба чӣ гуна дар онҳо мафҳумҳои навро гунҷонида тавонистани шоирон ва аз қобилияти мафҳуми тоза гирифтани онҳо вобастааст.
Гурӯҳи дигар образҳое мебошанд, ки (объект)-ро аз ягон ҷиҳат шарҳ медиҳанд ва ё тавсиф мекунанд, аз қабили гули рӯ, зулфи мушкин, хуршедрӯ, лаби лаъл, қади сарв ва монанди инҳо. Шеъри тоҷик хазинаи беинтиҳои ин гуна образҳост. Азбаски ин қабил образҳо бештар сифати шайъро ифода мекунанд, дар онҳо нақши мансубияти таърихӣ хеле ночиз аст. Ҳоло таъсири ҳиссӣ ва завқии ин гуна образҳо коҳидааст ва муборизае, ки дар назми муосир бар зидди истифодаи қолабии онҳо сар шудааст, бесабаб нест. Дуруст аст, ки эҳтиёҷи ин гуна муборизаро шоирон на имрӯзу дирӯз, балки кайҳо ҳис карда ва сар ҳам карда буданд. Вале барои аз ин образҳо даст кашидан пеш аз ҳама образҳое офаридан зарур буд, ки ҳамон хусусиятҳои шайъро бо тарзи тоза ва бо суханҳои дигаре ифода кунанд.
«Қади сарв», «сарвқад», ё «сарвболо» (ин образ шаклҳои бисёр дорад) аз серистифодатарин образҳои шеъри тоҷик аст. Аз аввалҳои сурат гирифтани ин образ ва дар шеър ба кор рафтани он то имрӯз кӯтаҳӣ, ноқисии ин образ, номуносибии он ба қади маҳбуба таъкид карда мешавад, ки он ҳам як навъи ифодаи манзури шоирона аст.
Масалан, Саъдӣ гуфта буд:
Қомати зебои сарв, к-ин ҳама васфаш кунанд,
Ҳаст ба сурат баланд, лек ба маъно касир.
Ва ё Ҳофиз мегуфт:
Нангарад дигар ба сарв андар чаман,
Ҳар кӣ дид ин сарви симандомро.
Ва ё Камол менавишт:
Пеши қадди ёр, эй сарви сиҳӣ, шарме бидор!
Дар чаман бо пои чӯбин сарбаландӣ то ба кай?
Дар ин байтҳо ин образ барои як навъи тасвир ва тавсифи қади маъшуқа истифода ва дар айни ҳол, ба як ҷиҳати тозаи он низ таъкид шудааст. Аммо истифодаи қолабии он ҳам, ки ҳеҷ тозагие надорад, хеле фаровон мебошад. Сарв на фақат истиораи қади ёр асту бас. Он ба чандин тобишҳои маъноии дигар ҳам ба кор рафтааст. Азбаски ин истиора мафҳуми шайъии худро то андозае нигоҳ доштааст, сифатҳои дигари онро барои ифодаи маънию мазмунҳои мутафарриқа ба кор бурдаанд. Масалан, дар ин ду байти Ҳофиз:
Зери боранд дарахтон, ки тааллуқ доранд,
Эй хушо сарв, ки аз бори ғам озод омад.
Баъзан истифодаи бағоят тару тоза ва оригиналии ин образро пайдо мекунем, ки дар ин мисраъҳои Соиб ҳаст:
Дасти мо чун сарв ҳаргиз бахтдомане надошт,
Ҳаргиз ин беҳосил аз айём сомоне надошт.
Нақши уммед аз дили мо шуст охир осмон
Ҳеҷ кас з-ин абри хушк уммеди бороне надошт.
Соиб дар мисраи аввал дасти худро ба сарв монанд мекунад. Сарв дарахти зебост, вале танаи он то нимааш бараҳна аст ва Соиб ин бараҳнагии танаи сарвро ба бебахтии дасти худ ташбеҳ карда, ба он тобиши тоза медиҳад. Ба ин кор, албатта, сабки баобутоби ироқӣ ҳиндӣ ва равияи эҷодии худи Соиб замина муҳайё кардаанд. Истифодаи қолабии ин образ чун рамзи қаду қомати ёр бешумор буда, ин гуна бозёфтҳои шоирона хеле кам ба назар мерасиданд. Дар аввали асри ХХ Ҳайрат ба ин тарзи истифодаи образ эътироз карда, ғазале навишт, ки номувофиқӣ ва қолабию забонзад шудани онро таъкид менамояд:
Эй сарв, беибо ба чаман сар кашидаӣ,
Моно, ки сарви қомати ӯро надидаӣ?
Ором сарви ман бувад аз ҷӯйбори чашм,
Эй сарв, агар ту бар лаби ҷӯ орамидаӣ!
Ӯ сарви дилбар асту равон асту дар хиром,
Ту сарви бебарию ба кунҷе хазидаӣ!
Ӯ реша дар дил асту зи дил об мехӯрад,
Ту реша дар гил астию аз гил дамидаӣ!
Ӯ нозпарвар асту бувад шох-шох лутф,
Ту боғпарвар, аз думи шохи буридаӣ!
Дар назми муосир истифодаи ин образ ба мафҳуми анъанавияш торафт камтар мешавад. Гоҳо ин образ ҳангоми таъни шоир ба худ, ки ӯ дар тасвири қаду қомати маҳбуба образи хубе ёфта наметавонад ва гоҳи дигар ҳангоми ёд овардан аз тақдири гузаштаи зан дар ҷамъият, ки шоир ӯро танҳо чун маҳбуба васф мекарду бас, ба кор рафтааст. Дар шеъри «Зани тоҷик»-и М. Қаноат ба чунин ташбеҳ вомехӯрем:
Чанд бар гардани дил зулфи сиёҳи ту каманд?
Лона то кай биниҳад табъ ба он сарви баланд?
Дар достони «Се нозанини Шарқ»-и М. Турсунзода ҳолати дуюми истифодаи ин ташбеҳ ҷой дорад:
Шоири дилбохта гарчи намуд,
Бар қадаму хоки дари зан суҷуд,
Рӯи занонро гули хушбӯй гуфт,
Қоматашон сарви лаби ҷӯй гуфт.
Гуфт: «Даҳон ғунчаву абрӯ ҳилол,
Чашми сиёҳаш чу рамида ғизол...»
Бешубҳа, дар тасвири як шайъ аз як образ даст кашидан барои офаридани образи дигаре, ки вазифаи онро баҷо оварда тавонад, ташвиқ мекунад. Лоиқ дар шеъри «Ҳусн» қаду қомати маҳбубаро ба арчаи оростаи солинавӣ монанд кардааст:
Чун арчаи соли нав ороста будӣ ту,
Аз қадди ту гул мерехт, то рӯз шарар мерехт.
Дар ин ташбеҳ мафҳуми шайъии он бо ҳиссиётангезияш ҳамсанг аст. Мафҳуми шайъии арча ҳар қадар дарк шавад, муносибати қади маҳбуба ба он ҳам ҳамон қадар тасаввур мешавад, ки ин хусусият ташбеҳро хотирнишин мекунад. Муъмин Қаноат дар шеъри «Обшор» қомати маҳбубаро ба шаршара ташбеҳ кардааст:
Мӯи сиёҳ бар қади мавзун чу обшор,
Чашме чу чашмаи сафо, рӯе чу навбаҳор,
Қадде ба мисли шаршара ларзону беғубор.
Ин ташбеҳ дар назми муосири тоҷик нав ва хеле шоирона аст. Шаршара пеш аз ҳама чун объекти воқеӣ, чизи мавҷуда дарк мешавад ва ба он афзудани сифатҳои ларзону беғубор онро ба ташбеҳи қомати ёр муносиб менамояд.
Ин гуна ташбеҳҳо, ки хусусияти муштараки онҳо на аз муайяншаванда (мушаббиҳ), балки аз муайянкунанда (мушаббаҳун биҳ) гирифта мешаванд, ба олами шайъ бештар наздиканд.
Дар истиораҳои «дуқабатаю сеқабата» аз қабили сарви равон, ки хусусияти рамзию шартияти онҳо қавист, нуқси дигаре мавҷуд аст, ки дарки онҳоро мушкил мекунад.
Дар онҳо муайянкунанда бевосита ба муайншаванда тааллуқ надошта, сифати он муайяншавандае мебошад, ки дар зеҳни кас мавҷуд аст, яъне равон сифати сарв набуда, балки сифати маҳбуба аст.
Ҳоло дар назми муосир ба ҷои истифодаи ташбеҳу истиораҳои қолабӣ ҷустуҷӯи тозаи онҳо, ки ҳам ба воқеият наздику ҳам қувваи таъсирашон зӯр бошад, бештар ривоҷ мегирад. Ин воситаҳои тозаи ифодаи бадеӣ на фақат барои баёни нозуктарин эҳсосоти инсонӣ қобиланд, балки аз ҷиҳати услуб забони шеърро ҳам бо таркибҳои наву тоза ғанӣ мегардонданд. Онҳо танҳо барои ҷилваи зебоӣ ва ё тозагии худ арзи вуҷуд накарда, барои мукаммал ва рехта баён намудани мафоҳими шеърӣ ва ташаккули услуби фардӣ хидмат мекунанд. Дар мисолҳои зерин чанде аз ин қабил ташбеҳу истиора ва рамзу маҷозҳои шоирона ҷой доранд.
Дар «Савганд» ном шеъри М. Турсунзода, ки сухан аз қудрат ва тавоноии ҳизб меравад, моҳи сунъиро дар арш гаҳвора хондани шоир зодаи рӯҳ ва ғояи шеър аст:
Қудрати Партия моро ҳамдами сайёра кард,
Моҳи сунъиро ба мо дар арш чун гаҳвора кард.
А. Шукӯҳӣ дар шеъри «Рӯзи борон» аз ҳиссиёти ошиқонаи худ сухан гуфта аз як ишораи маҳбуба ба чӣ ҳолат афтодани худро бо ташбеҳоти тоза ба забон меорад ва сари худро ба хӯшаи гандум монанд мекунад, ки пухтаю ба бод дар гаштану хам хӯрдан аст:
Агарчанде фалакпаймо наям, аммо дар ин асно
Паридам бар фазои дуру кардам вазни худро гум,
Барои ҷисму ҷони ман на поён буду на боло,
Замин аз дур метобид ҳамчун гунбази зебо,
Сарам мегашт чун пухта расида хӯшаи гандум.
Дар шеъри «Обшор»-и М. Қаноат, ки ҳиссиёти нозук ва пур аз муҳаббати шоир ба дилбари ҷонӣ «кабӯтари сафедаш» ба воситаи розгӯӣ бо обшор баён мешавад, тасвир ва истиораи тару тозае ҷой дорад.
Дорӣ ба ёд лаҳзае(?), марғуб манзаре,
К-омад ба об субҳдам он куртапарпарӣ,
Пои бараҳна рӯи гул он чӯҷаи парӣ?
Ғаффор Мирзо дар шеъри «Раъду барқи баҳор» ба қаҳрамони даврони мо бо чунин суханҳои образнок муроҷиат мекунад, ки тару тозаанд. Оҳуе, ки дар шеъри классикӣ асосан рамзи маъшуқа буд, дар ин ҷо тамоман ба вазифаи дигар истифода мешавад, ки ниҳоят баҷо ва зебост.
Чизи хуб аст раъду барқи баҳор,
Ё зи борони он намегӯӣ(?)...
Бубаро ту ба қуллаи кӯҳсор,
Сина бикшо чу оҳуи кӯҳӣ(?).
Ва ё дар шеъри «Достони дастҳо» чунин суханони пургунҷоиши Лоиқ дар ҳақи духтараки пахтакор аломате аз шаҳомоту меҳнати ин духтар ва вусъати нигоҳи шоир аст:
Зери ҳукми ӯст саҳроҳои неъматофарин.
Зери пои ӯст бо он сон бузургиаш замин,
Аз ҷабин, аз ҳар сари мӯяш арақ.
Шӯр резад, шӯр чун оби намак,
Сурмаи хок аст пардози қатори мижаҳо,
Лона монад чанги саҳро дар ду абрӯи сиёҳ.
Дар ин намунаҳои шеър ташбеҳ ва ифодаҳои нави пурэҳтирос аз чашмаи воқеияти имрӯз ва мафоҳими тозаи шеърӣ об хӯрдаанд. Ин образҳо аз мафоҳим, ҳодиса ва ё ашёе сохта шудаанд, ки дар назари аввал хусусияти муштарак ва ё наздик надоранд. Вале ин хусусият онҳоро аз зеҳн дур накарда, баръакс таъсирбахшии онҳоро афзуда, барои ифодаи барҷастаи ғояи шеър хеле мувофиқ гардонидааст.
Дар шеъри Ғаффор Мирзо дар байти:
Бубаро ту ба қуллаи куҳсор,
Сина бикшо чу оҳуи кӯҳӣ. –
ҳам хусусияти реалистии образ нигоҳ дошта, ба он ҳам фарохӣ ва хаёлангезии романтикӣ афзуда шудааст.
Оҳу ҳам яке аз ҳамон образҳои анъанавист, ки дар назми ҳазорсолаи тоҷик ҳазорҳо бор истифода шудааст. Он бештар ташбеҳ, рамзи маҳбуба ва ё ишорае ба чашми тарсони ӯ буд.
Ибораҳои образноке, ки ба воситаи он сохта шудаанд, хеле сершуморанд, аз қабили, оҳуи мушкин, оҳуи тотор, оҳуи чин (ба ғайр аз мафҳуми аслии худ, яъне оҳувоне, ки дар Туркистону Чин, Қошғару Хутан ва мавзеи атрофи он парвариш меёбанд ва мардум аз нофи онон моддаи хушбӯе мегиранд, боз ба маънои маъшуқа истифода мешавад) оҳуи мардумшикор. Масалан, Ҳофиз мегӯяд:
Ё раб, он оҳуи мушкин ба Хутан боз расон!
В-он сиҳӣ сарви равонро ба чаман боз расон!
Ба ҳамин маъно истифода шудани оҳу дар назми классикӣ бениҳоят маъмул аст. «Оҳуи мушкин» дар байти Ҳофиз берун аз матн ҳам мафҳуми шайъии худро нигоҳ медорад. Ин, яъне ҳамон оҳуест, ки аз нофи он моддаи хушбӯй мегиранд. Вале дар байт ба маънои маъшуқа омадааст ва дар ин ҳолат мафҳуми шайъии он аз байн меравад.
Вале дар ин байти Ҳилолӣ оҳу дигар мафҳуми аслии худро надорад.
Ба ғамза оҳуи чашмат шикори мардум кард,
Кӣ дид оҳуи мардумшикор беҳтар аз ин.
Дар ин байт образ ба дараҷаи абстраксия расонида шудааст, ки бо чанд роҳ ба даст омадааст. Аввал, ба ҷои яке аз сифатҳои аслии оҳу (тотор, мушкин, тарсон...) хусусияти дигаре гирифта шудааст, ки вай аз ҷиҳати маънӣ ва сифат ба оҳу нисбат ва қаробате надорад. Ба он хусусияти дигаре, ки дар табиати оҳу нест, яъне шикор кардан афзуда мешавад. Дар натиҷа образ бори дуюм абстраксия мегардад.
Ғаффор Мирзо, чӣ хеле ки дидем, ин образро аз ҳамаи рамзнокӣ ва шартияташ озод карда, ба он хусусияти реалияшро боз гардонида, як сифати зебояшро ба дараҷаи аввал бароварда, ба пешвози раъду барқи баҳор сина кушодани онро, ба маънои ба пешвози тару тозагӣ ба оғӯши боз рафтани инсон истифода кардааст.
Чунонки мулоҳиза шуд, дар назми муосири тоҷик ҳам эҷоди образ ва ифодаҳои тоза, ҳам истифодаи образҳои анъанавӣ ва ҳатто обшуста вомехӯранд. Ба кор бурдани образҳои анъанавӣ ба сари худ бадӣ надорад ва агар ба онҳо андаке тароват бахшида шавад, онҳо баъзан аз образҳои тоза ҳам таъсирноктар шунанашон мумкин аст. Ю. Тинянов дар асари худ «Масъалаҳои забони шеър» қайд мекунад, ки «онҳо (образҳои анъанавӣ – А. Ҳаким) андаке бошад ҳам таъсири пештараи ҳиссии худро нигоҳ доштаанд, агар ба таъсири ҳиссӣ каме тозагӣ бахшида шавад, вай аз таъсири ҳиссии образи нав пурзӯртар ва амиқтар аст, чунки ҷиҳати шайъии образи нав нисбат ба ҷиҳати ҳиссии он ҷолибтар буда, диққати касро бештар ба тарафи худ мекашад»[3].
Истифодаи образҳои анъанавӣ дар эҷодиёти шоирони муосир дар давраи аввали эҷодиёташон бисёртар бошад, бо афзудани маҳорат ва шакл гирифтани равияи эҷодии онҳо торафт кам шудан мегирад.
Иддае чун М. Турсунзода, А.Шукӯҳӣ, Б. Раҳимзода бо каме тағйирот таъсири ҳиссии образҳои анъанавиро қавитар намуда, ба кор бурдаанд, иддаи дигар чун М. Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир барои офаридани образҳои тоза бисёртар рағбат доранд. Онҳо ба дараҷаи ҳамон образҳои анъанавӣ, ки дар замони тозагии худ пуртаъсир буданд, таъсиргузоранд, чунки «аз рӯи маҷозҳои забонӣ» (таъбири В. Жирмунский) таркиб меёбанд.
Ҳоло хусусияти истифодаи образҳои анъанавӣ дигар шудааст. Онҳо ба ҷуз ангезиши ҳиссиёт боз мафҳуми асосиеро, ки дар ин рамзҳо гунҷоиш ёфтааст, ифода мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо дар эҷодиёти М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, А.Шукӯҳӣ ҳамон тасаввуроти муқаррариро падид наоварда, аксаран силсилаи тасаввуроти муқаррариро аз он рамз дарҳам мешикананд ва ба он тозагию тароват мебахшанд.
Дар натиҷаи ба образҳои анъанавӣ навӣ бахшидан алоқаи муқаррарии рамз бо образ дигаргун гашта, барои пайдоиши тасаввуроти тоза аз ин образ сабаб мешавад. Чунонки маълум аст, рамзу маҷозҳо ва образҳои тоза дар натиҷаи дарк кардани муносибат ва мувофиқати ду шайъ, ду ҳодиса ба тартиб меоянд. Вале дар асоси рамзу маҷозҳо на танҳо мувофиқат ва монандии мафҳумии ҳодисаю ашё, балки монандии шоиронаи онҳо ба эътибор гирифта мешавад. Дарёфти ба ҳамдигар монандии ҳодисаҳо ва ашё тафаккури бадеиро инкишоф дода, барои дар байни ҳодиса ва мафҳумҳои нав дарк кардани алоқа ва монандиҳои тоза мерасонад. Калимаю ибораҳо боз ба ифодаи мафҳумҳои рамзӣ қобилият пайдо мекунанд. Ба ифодаи мафҳумҳои ғайриаслӣ истифода шудани калима ва ибораҳо ҳаргиз ба тарзи истифода ва фаҳмиши реалистии онҳо мухолиф нест. Дар бисёр ҳолат ин аз хусусияти мафҳуми тозае, ки калима ва ё ибора барои ифодаи он аз маънои аслии худ дур мегардад, вобаста аст.
Ҳоло дар назми муосир эҷод ва истифодаи образҳои тозае мушоҳида мешавад, ки онҳо аз оғоз то анҷоми шеър дар назар дошта мешаванд. Дар шеърҳое, ки дар асоси онҳо ин қабил образҳо қарор гирифтаанд, ҳиссиёт фақат номбар нагашта, балки дар сурати образ бо тамоми нозукӣ ва инкишофу драматизмаш ба қалам оварда мешавад.
Манзур аз чунин образҳое, ки дар саросари шеър қарор мегиранд, ифодаи шайъии ғояи шеър аст. Онҳо дар шеър аз ҳар ҷиҳат тасвир ва аз рӯи завқи шоир обу ранг ва обутоб дода мешаванд. Ин равия дар солҳои охир, махсусан, дар эҷодиёти М. Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром инкишоф меёбад. Муносибати ин шоирон ба ин гуна образҳо агар аз рӯи усул, яъне зимни тасвири образҳое, ки бевосита ифодакунандаи мавзӯъ набуда, бо афзудани хосиятҳое, ки аз рӯи завқи шахсии шоир онҳоро барои ифодаи ҳиссии мавзӯъ қобил мекунанд, як бошад, аз ҷиҳати интихоб ва обутоб, онҳо ба сабки эҷодии ҳар яки онҳо мувофиқат доранд.
Масалан, дар эҷодиёти М. Қаноат обутоби образ, таъсири ҳиссии он афзуда истодааст, ки шеъри «Обшор» намунаи барҷастаи он аст. Ин хусусият аз давраҳои аввали эҷодиёти ӯ зуҳур карда, дар шеърҳои солҳои минбаъдааш инкишофу сайқал меёбад. Шоир дар шеъри «Обшор» - аз баёни бевоситаи аввалин тазоҳуроти муҳаббати худ бар оне, ки бо ӯ дар торҳои шаршара ҳар ду наво шуданд, худдорӣ карда, бар оне, ки гувоҳи аввалин ҳиссиёти поку дилошӯби ӯ буд, ба обшор муроҷиат мекунад. Ин ифодаи бавосита таъсири баёнро накоста, баръакс афзудааст. Зеро «доду фарёдҳо» ва «сӯхтану пухтанҳо» - то дараҷае дилбазану обшуста шудаанд, ки дигар ёрои таъсири ҳиссӣ надоранд ва ин тасвири тоза, ки маъниро бо рамзу маҷозҳо ва образҳои нав баён мекунад, хотирнишин ва дилчасп аст. Баёни ҳиссиёт аз муроҷиат ба обшор оғоз мешавад:
Эй обшор!
Оинаи беғубори ман,
Ёри замони кӯдакии беқарори ман,
Аз рӯзҳои рафта туӣ ёдгори ман.
Шоир ба обшор, ки ҳамчун образ дар саросари шеър барои ба ришта кашидани ҳиссиёт хизмат мекунад, хеле озодона рафтор мекунад. Ӯ ба обшор, ки ҳам хислатҳои дилбари баҳори наврасии ӯро дораду ҳоло ҳамсуҳбати шоир шудааст, аз назари шахсии худ хосиятҳоеро меафзояд, ки ифодакунандаи муҳаббати гузашта, замони дӯстдориҳои бебозгашт мебошанд. Бо пурратар аён шудани образи обшор оҳангҳои куҳнаро такрор, ёди бахобрафтаро бедор кардани он барои нигориши образи дигаре заминаи ҳиссӣ ва мантиқӣ тайёр мешавад. Аз банди сеюм тасвири бевоситаи образи дигар сар шуда, дар бандҳои минбаъда ҷиҳати ҳиссии ифода пурқувваттар мешавад ва назари шахсии шоир ба обшор имкони васеъ медиҳад, ки ӯ аз ин истифода карда, миёни «он куртапарпарӣ» ва обшор монандӣ бинад. Ба воситаи ташбеҳу истиораҳо ба обшор монанд кардани духтарак гунҷоиши образи обшорро меафзояд ва он гӯё симои духтаракро низ дар торҳои худ инъикос менамояд:
Мӯи сиёҳ бар қади мавзун чу обшор,
Чашме чу чашмаи сафо(?), рӯе чу навбаҳор,
Қаде ба мисли шаршара ларзону беғубор.
Дар бандҳои минбаъда симои духтарак аз паси пардаи обшор бештар намудор мешавад. Ҳамаи воситаҳое, ки барои пурратар нишон додани образи духтарак ва ҷузъиёти «лаҳзаҳои бебадал» истифода мешаванд, аз ҷиҳати оҳанги эмотсионалӣ ва обутоб ба ҳам мувофиқат карда, барои ягонагии шакли бадеӣ кӯмак мерасонанд, оҳанги баён мисраъ бо мисраъ пурэҳтирос шуда, ҳангоми муроҷиати шоир ба обшор, ки қуллаи баландтарини баёни эҳсосот аст, исте ба миён меояд.
Мерафту рангу равнақи гулзор мешикаст,
Меомаду аз омадаш(?) хуммор мешикаст,
Лабташнагии ташнаи дидор мешикаст.
Пас аз ин ист шоир ба усули дигари баёни ҳиссиёт, ки ба дил бештар қарин буда, назар ба тасвири то дараҷае васфомези пешина маҳрамона ва дилнишинтар аст, рӯй меорад. Ифодаи ҳиссиёт дар ҳамон дараҷаи муассириаш ба усули дигар мегузарад:
Он духтарак кӣ буд маро?
Балки хоҳарам.
Ё дар баҳори наврасӣ ӯ буд дилбарам?
Ё чун кабӯтари сафед(?) ӯ буд ҳампарам?
Санъати таҷоҳули ориф имкон медиҳад, ки ҳиссиёт хеле нозук ифода шавад ва дар айни ҳол чигунагии онро дар парда нигаҳ дорад. Он дар банди минбаъда ҳам ҳамон тавр пардапӯш аст ва шоир ишораеро аз изҳори рӯирост ва пурра афзал дониста, мегӯяд:
Ҳар касе, ки буд
Ӯ маро(?) аз ҷон азиз буд,
Ҷонам зи ҷоми шарбати ӯ рез-рез буд.
Ва симои духтарак гӯё боз дар паси пардаи обшор оҳиста ноаён мегардад. Руҷӯъҳо, ки дар байни ин банд ва бандҳои дигар ҷой доранд ва ташбеҳу истиораҳои баобутоб ба ҳам мувофиқат карда, барои ҳамоҳангии ҳиссии тамоми шеър хизмат мекунанд. Бинобар ҳамин, вақте ки шоир баёни ҳиссиётро боз ба пардаи дигар мегузаронад, ноҷӯрии ҳиссӣ ба миён намеояд.
Дар банди зерин манзараи рехтани шаршара, ҷорӣ шудани дарё пеши назар оварда мешаваду ҳам навои шаршараю садои дарё ба гӯш мерасад:
Рӯзе, ки чун ду соҳили дарё ҷудо шудем,
Дарё садо намудаю мо бесадо шудем,
Дар торҳои шаршара ҳарду наво шудем.
Аз паси пардаи ин манзара ва навоҳо таассуроти шоир аз муҳаббати бебозгашти худ боз ҳам таъсирноктар ба гӯш мерасад. Чунонки мулоҳиза мешавад, образи обшор дар асоси банду басти шеър қарор гирифта, аз ҳар ҷиҳат тасвир шуда, барои ифодаи мувофиқи мундариҷаи шеър, ба ҳам ошноӣ бахшидани ҳиссиёти мухталиф ва ашё мадад мекунад. Ду тарҳи тасвир – тасвири обшор ва духтарак маҳз ба воситаи ҳамин образи обшор ба ҳам меомезад ва барои ифодаи таассуроти ботинии шоир дар сурати ҷузъиёти олами ашё кӯмак мерасонад. Обутоби ҳиссӣ тамоми ашёи тасвирро барои ифодаи ҳолати рӯҳии шоир муносиб мегардонад ва ҳамин аст, ки аз ҳар як ташбеҳу истиора, аз ҳар мисраъ, аз ҳар банди шеър як ғуссаи ниҳоятан ширин ва гуворои замони баччагӣ шунида мешавад:
Он лаҳзаҳои бебадал(?) гӯё ба хоб рафт,
Умри азизи баччагӣ(?) монанди об рафт,
Чун кабки рав фуромаду лекин шитоб рафт....
Эй обшор!
Боз биё дар канори ман,
Бинвоз он таронаро(?) чун ёдгори ман,
Боре намой сурати он навбаҳори ман!
Чунонки аз таҳлили образҳои ин шеър ва умуман эҷодиёти М. Қаноат бармеояд, дар образҳои ӯ асоси монандӣ пурқувват аст, ки ин ҷиҳат хусусияти дарки басарии онҳоро меафзояд.
Ҳоло тасвир ба яке аз хусусиятҳои асосии шеър мубаддал шуда, на танҳо рӯҳу оҳанги мафҳуми шеърро ифода мекунад, балки мафҳумро бевосита дар худ гунҷоиш медиҳад. Баъзан тасвиркорӣ ба рукни муҳими устухонбандӣ мубаддал мешавад. Шеъри «Пири гулфурӯшон»-и М. Қаноат, ки бисёрҳо тавсиф шудааст, нишон аз оғози чунин тасвиркории шоир буд. Дар ин шеър ҳамаи ҷузъиёте, ки барои тасвири кӯҳи Варзоб оварда мешавад: пири гулфурӯшон, ҷомаи беқасаб, локии шоҳӣ, саллаи суф, сабади гул ҳама маҳсусу воқеианд. Дар сурати мӯйсафеди гулфурӯш тасвир кардани кӯҳи Варзоб, ки яке аз навъҳои ташхис аст, дилгармии хонандаро ба манзара ва мӯйсафед меафзояд.
Кӯҳи Варзобро чӣ даврон аст,
Гӯиё пири гулфурӯшон аст:
Ҷомаи беқасаб ба бар дорад,
Локии шоҳӣ(?) дар камар дорад,
Саллаи суф гирди сар дорад,
Сабади гул ба пеши бар дорад.
Ҷузъиёти олами ашё, ки шеър аз онҳо таркиб ёфтааст, барои тасвири кӯҳсор, ки одатан бо ташбеҳу истиора ва сифатҳои қолабӣ ва забонзадашудаи сарбафалак, осмонхарош, уқобногузар ва монанди инҳо адо карда мешуд, монеъ шуда, бо овардани сифатҳое, ки маҳз ба ҳамин ҳолат дахл доранд, тасвирро мушаххасу хотирнишин ва оҳанги баёнро табиӣ гардонидааст. Ба ин чиз, бешубҳа, хусусияти халқии ҷузъиёти бадеии шеър низ мадади калон кардааст. Локии шоҳӣ, саллаи суф, сабади гул образҳое мебошанд, ки дар забони халқ хеле серистифодаанд ва онҳо ба шеър таровату образнокии назми халқро афзудаанд.
Дар тасвиркории шеъри «Гули Бодом» ибораву таркибҳо, воҳидҳои маъникаше истифода шудаанд, ки ба адабиёти халқ бештар қаробат дошта, барои аз назари дарки мусаввирии халқ кашидани тимсоли Гули Бодом асос гузоштаанд.
Суми мармар,
думи мухпар,
Пари кафтар,
дави сарсар,
Миёне дасти ханҷар,
Чӣ гардан,
гардани духтар!
Аҷаб хушрӯю бозингар –
Гули Бодом!
Ин равия дар ҳунари тасвир то андозае ғайриоддист. Ибораҳои кӯтоҳ-кӯтоҳ дар тасвири Гули Бодом ҳар яке бар дигаре монанди тарҳе (штрих) афзуда, барои дар пеши назар муҷассам намудани тимсоли аспи ҷангӣ – Гули Бодом ҳам хидмати ҷузъиёти бадеӣ ва ҳам воситаи обутоби баён ва шиддат бахшидани ҳиссиётро иҷро мекунанд. Тасвиркорӣ дар ин ҳолат на фақат ба хотири тавсиф аст, балки барои шиддат ва драматизм бахшидан ба ҳиссиёт ҳам хидмат кардааст.
М. Қаноат дар тасвиркориҳои худ на фақат аз воситаҳои суварнигории назми халқ истифода мекунад, балки ҳангоми дар қиёси монандиҳо сохтани тасвирҳои худ, ки заминаи реалистиашон мустаҳкам аст, аз воситаҳои тасвирии назми классикӣ ҳам ба кор мегирад, ки ба ин шеърҳои «Аҳсант ба одам», «Расми нотамом» мисол шуда метавонанд. Баъзан ин образҳои тасвирии анъанавӣ дар ҳамсоягии образҳои тоза тобишҳои нав гирифта, чунонки дар шеъри «Аҳсант ба одам» ҳаст, сангинии худро дарҳам мешикананд:
Як моҳваше дар лаби дарёчаи кӯҳӣ
Аз об баромад,
Гӯё зи паси абри чу симоб сафеде
Маҳтоб баромад.
Моҳваши назми классикӣ, ки сифатҳои заминиаш хеле кам монда буд, ҳаргиз дар ҳамсоягии ибораи дарёчаи кӯҳӣ, ки хоси назми классикӣ нест, намеомад ва зиёда аз ин аз об ҳам намебаромад. Ин ҳамсоягӣ ва амал моҳвашро аз зинаи рамзии худ поинтар фароварда, ба он хусусияти заминӣ мебахшад. Тимсоли ин духтар дар айни зебою дилфиреб ва ҳатто ба андозае идеалӣ буданаш маҳсусу реалӣ ҳам ба назар мерасад.
Дар маҷмӯаи «Ситораҳои замин»-и М. Қаноат санъати тасвиркорӣ бисёр истифода шудааст ва ҳақ бар ҷониби М. Шукуров аст, ки: «Ҳар як шеъри ин силсила як портрет аст ва ҳар кадоми ин портретҳо ба тарзи дигаре тасвир ёфтааст» - гӯён ин хусусияти силсиларо қайд мекунад.
Тасвиркориҳои М. Қаноат ҳаргиз ба хотири тасвири маҳз набуда, барои ифодаи суратноки ғояи шеър хизмат мекунанд, ки бо тарзҳои гуногун ба амал бароварда мешаванд. Баъзан ғояи шеър бевосита дар худи тасвир ифода шавад (чунонки дар шеъри «Хоҳари Куба» ҳаст), гоҳи дигар шоир онро бо байт ва ё мисрае таъкид мекунад. Ин ҳолат дар шеърҳои «Расми нотамом» ва «Аҳсант ба одам» мушоҳида мешавад. Дар шеъри «Аҳсант ба одам» ҳамсонии зебоии одам бо олами воқеъ ва табиат таъкид шуда, андоми одам ҳамчунонки дар ҳунари ҳайкалтарошии юнониёни қадим буд, меъёри зебоии сурат ва сират аст. Ин сурати зебо дар ҳақикат офаринест ба мӯъҷизаи табиат ва зебоии инсон, ки ба зебоии ботин талқин мекунад:
Аз ҳар сари мӯи сияҳаш рехт ба пояш –
Ҳамчун дури ғалтон –
Сад қатраи тобандаи дарёчаи кӯҳӣ –
Сад қатраи рахшон.
Бо ин ҳама хубию бузургӣ шуда тасвир
Дар қатраи обе.
Метофт ҳамон қатра ба рухсораи покаш
Бо ранги гулобӣ.
Эй пайкари покиза чу як қатраи обе,
Эй зебиши олам!
Бо он, ки туро зода, парӣ ном надодаст,
Аҳсант ба одам!
Ғояи ин гуна тасвирҳо дар он аст, ки инсонро ба беҳтару хубтар ва ботинан зебо будан тарғиб мекунад. Ба ин муносибат суханони рассоми машҳури немис Г. Кремер ба ёд мерасанд: «Агар одам ба шумо маъқул шавад, шумо чӣ кор мекунед? - пурсиданд аз Г. Кремер.
- Ман портрети ӯро мекашам, - гуфт Г. Кремер – ва кӯшиш мекунам, ки вай ба он монанд бошад. – Чӣ? Портрет? – Не, - гуфт Г. Кремер, - одам!»[4].
Хусусияти дигари тасвиркории М. Қаноат дар он аст, ки вай дар баробари нигоштани тасвири қаҳрамон ботини ӯро ҳам аён менамояд, ки мисолаш шеъри «Хоҳари Куба» мебошад. Дар ин гуна тасвир, ки дар ин шеър ҳаст, зебоии зоҳиру ботин тавъам ба назар мерасад. Ин ҷо тазоди ашё ва эҳсосот, ҳолати ботин ва зоҳир ҷой дорад, ки симои духтари муборизро пеши назар меоварад ва дар дил ҷой медиҳад.
Духтаре дидем аз фавҷи Кариб,
Мавҷҳои мӯй чун мавҷи Кариб.
Рӯй – нозуктар зи гулҳои саҳар,
Азм – аз фӯлоду оҳан сахттар!
Чун гулҳои саҳар нозук будани рӯи ӯ сифати зоҳирӣ ва аз фӯлоду оҳан сахттар будани азм хусусияти ботинии ӯст.
Аз ду чашми хонаи меҳраш ҳамон,
Шӯълаҳои хашм мегардад аён.
Хандаи ӯ бо ғазаб омехта,
Автомат дар пеши бар овехта,
Ҷанг дорад, ҷанг дар як пайкаре
Ин силоҳи сарду меҳри модарӣ.
Хандаи бо ғазаб омехтаи ӯ вазъи ботини ӯро ифода карда, автомати пеши бар овехтаи ӯ тақозои дилу нияти ӯст, ки сурати зоҳири ӯро пурра менамояд. Ҳамин гуна тазод миёни силоҳи сард ва меҳри модарӣ низ вуҷуд дорад. Ин тасвири дутарафа, ки ҳам барои кашидани сурати зоҳир ва ҳам барои аён намудани ботини қаҳрамон мувофиқ мебошад, мақсадро хеле мухтасар ва дар айни ҳол мӯъҷазу табиӣ баён менамояд. Ҷузъиёти тасвир, ки бори инъикоси ботини қаҳрамонро бар дӯш дорад, аз сифатчинӣ ва тавсифи маҳз иборат набуда, чунонки аксаран дар портретҳои қаҳрамонҳои назми солҳои ҷанг ва аввали солҳои панҷоҳ буд, балки барои ба тасвир кашидани симои мукаммали духтари Куба ва эҳсосоти қалбии ӯ, ки дар ҷӯш аз муҳаббати Ватан ва бегона аз хомӯшию оромист, хидмат мекунад.
Дар бисёр шеърҳои М. Қаноат тасвир бо ҳаракату амалиёти қаҳрамон якҷоя кашида мешавад. Дар онҳо диққати асосӣ ба ҳаракат ва ҳар лаҳза дигаргун шудани авзои қаҳрамон ҷалб шуда, образ ба воситаи тасвири амалиёте, ки қаҳрамон хислатҳои худро фаъолона аён менамояд, ба қалам оварда мешавад. Баъзан тасвири ин амалиёту ҳаракат ба хусусияти образҳои мусаввар наздик аст ва ҳар як ҳаракат ба як штрихи мусавварона шабоҳат пайдо мекунад. Дар шеърҳои «Мавҷи суруд», «Мавҷи ханда» аз достони лирикии «Мавҷҳои Днепр» ва шеърҳои «Об мехӯрад», «Нарав, қуи сафеди ман» тасвир ҳамин гуна хусусият дорад. Бунёди тасвир дар шеъри «Нарав, қуи сафеди ман», ки ҳамонандӣ бо балети «Кӯли қувон»-и П. Чайковский дорад ва ба раққосаи ин балет Малика Собирова бахшида шудааст, асосан бар идроки басарист. Аммо ҳаракатҳои раққоса, бо ғалаёни ҳиссиёти ӯ, якҷоя ба қалам дода мешавад.
Навоҳо об мегардад,
Ба рӯи саҳна мерезад,
Садо аз мавҷҳои реза мехезад.
Ба нармӣ қуи зебое
Ба рӯи мавҷ обӣ шуд,
Ба пояш зарраҳо ҳавзи гулобӣ шуд.
Гаҳе аз нармрафторӣ,
Гули дар об мегардад,
Гаҳе дар гирди худ гирдоб мегардад.
Гаҳе аз ишқ меболад,
Гаҳе хомӯш менолад,
Чӣ хомӯшӣ, ки ҳар мӯяш забон дорад!
Ин навъ тасвирҳо аксаран ҳамчун воситаи мустақили бадеӣ амал накарда, барои ифодаи равшани мундариҷаи шеър хидмати ёрирасониро ба ҷо меоранд. Дар шеъри «Мавҷи суруд» ба ин вазифа омадани тасвири сурат ва ҳаракатҳои духтараки лирадаст, махсусан, аён аст:
Дар канори рӯд
ёри лирадастам об кард,
Нағмаро дар тоб оварду
маро бетоб кард.
Чанг мезад бо ҳалимӣ
торҳои созро,
Бо имое мебаровард
аз тилисм овозро.
Аз миёни торҳои лира
дидам рӯи ӯ,
Мӯи мушкин, чашми нилин
ҳолаи абрӯи ӯ.
Буд тори лира,
ё худ тораи гесуи ӯ,
Ки саропо соз шуд,
дил рафт дар паҳлуи ӯ.
Чунонки мебинем, дар эҷодиёти М. Қаноат тасвиркорӣ ба як навъ нест. Дар он ҳам портрет, ки бештар симои шахсро дар оромӣ, дар як ҳолати бетағйир нигориш мекунад («Расми нотамом», «Аҳсант ба одам») ва манзараи ташхисшуда («Пири гулфурӯшон»), ки аз рӯи хусусияти худ ба тасвири боло шабоҳат дорад ва ҳамчунин тасвири инсон ҳангоми амалиёту ҳаракат, ки равиши кинолентаро ба хотир меорад, дар шеърҳои «Нарав, қуи сафеди ман», «Мавҷи суруд» ба чашм мерасад.
Тасвиркорӣ дар эҷдиёти М. Қаноат бештар хусусияти завқию ҳиссиётпарварӣ дошта, барои бо сухан инъикос намудани зебоӣ истифода мешавад, ки намунаҳои беҳтарини он тасвири сурат ва ҳамзамон сирати зеборо низ дар назар дорад.
Ривоҷи тасвиркорӣ дар эҷодиёти М. Қаноат ба хусусияти идрок ва сабки шоиронаи ӯ вобастааст. Ӯ ҳангоми тасвири ашё, образ, амалиёту ҳодисаҳо мекӯшад, ки онҳоро ба қадри имкон пурра ба қалам орад. Дар натиҷа диққати ӯ мутамарказ шуда, воситаҳои тасвир, ташбеҳу истиораҳои ӯ низ ба образи тасвиршаванда бештар қаробат пайдо мекунанд. Дар ашъори ӯ як образ асосан аз образи дигар бармеояд. Ин яке аз он сабабҳои асосиест, ки тасвиркорӣ дар М. Қаноат ба сабки эҷодӣ ва идроки шоиронаи ӯ омехта аст.
Ин давоми ҷустуҷӯҳои А. Лоҳутӣ, Пайрав, Ҳабиб Юсуфӣ барин шоиронанд, ки дар марҳалаи дигари адабӣ сурат мегирад. Дар осори нимаи аввали асри бистум дар шеъри муосири тоҷик тасвирҳои бомаҳорат мавҷуданд, вале дар онҳо қобилияти ғунҷоиши маъно ба дараҷаи имрӯза нест. Ин суханҳо чунин маъно надоранд, ки қобилияти он шоирон дар тасвир аз шоирони имрӯза камтар буд, балки масъала дар он аст, ки онҳо аз тасвир талаботи дигар доштанд. Кӯшиши онҳо дар роҳи мустақилӣ ва пурмаъноии тасвир қадамҳои нахустин буд, ки барои аз якрангӣ ва фақат воситаи ёрирасон будан, халос кардани тасвир, ки дар назми классикиамон ҷой дошт, гузошта мешуд. Тасвир ба маънои васеъаш тасвири табиат, портрети инсон, амалиёт дар назми классикиамон мавқеи муҳиме надошт. Тасвири табиат ва инсон, махсусан, дар тағаззулоти қасида ва достонҳо мавқеъ дошта бошад ҳам, дар жанрҳои лирикӣ, аз ҷумла ғазал, дар таркиббанд, тарҷеъбанд, мухаммас, рубоӣ ва монанди инҳо ба он мавқее, ки дар тағаззулоти қасида ва достонҳо дорад, соҳиб набуд. Тасвиркорӣ дар ғазал аз он сабаб маҳдуд буд, ки ба он талаботи шакли ғазал имкони васеъ намедод. Ҳар байти ғазал, чунонки медонем, дар ҷараёни такомули жанр мустақилтар шудан гирифт ва аз ин рӯ, тасвир, ки бештар сухани давомдорро талаб дорад, дар шакли ғазал озодона ривоҷ гирифта наметавонист. Бо вуҷуди ин, мо дар баъзе ғазалҳо тасвирҳои давомдорро пайдо мекунем. Масалан, дар ин ғазали Ҳофиз:
Зулф ошуфтаву хай кардаву хандон лабу маст,
Пираҳан чоку ғазалхону суроҳӣ дар даст,
Наргисаш арбадаҷӯю лабаш афсӯскунон,
Ними шаб, дӯш ба болини ман омад, биншаст.
Сар фаро гӯши ман оварду ба овози ҳазин
Гуфт: К-эй ошиқи деринаи ман, хобат ҳаст?
Аз ин байтҳои Ҳофиз тасвири маъшуқи ошуфтамӯ, ки дар сар кайфияти шароб дорад, пеши назар меояд. Агар нек назар кунем, мебинем, ки барои нигориши чунин тасвир Ҳофиз яке аз қоидаҳои асосии ғазалро, ки кашол ёфтани маънии як байтро дар байти дигар иҷозат намедод, ба эътибор нагирифтааст. Ин ҳолат на фақат дар эҷодиёти Ҳофиз, балки дар ашъори дигарон ҳам хеле кам вомехӯрад ва имкон намедиҳад, ки мо аз ин ҳодиса хулосаи умумӣ барорем.
Мавқеи тасвир дар эҷодиёти ҳамаи шоирони муосир ҳам ба як дараҷа нест, вале дар ашъори онҳое ҳам, ки доираи истифодаи он як қадар маҳдуд аст, мазмуне, ки дар тасвирҳо ифода мешавад, ҳаргиз ночизу камаҳамият намебошад. Аз ин ҷиҳат тасвирҳои Ғаффор Мирзо ҳам ҷолиби диққатанд.
Тасвирҳои ӯ аксаран даъвои нигориши зебоӣ надоранд ва ба воқеият ва шайъи тасвир бештар айният дошта, аз ҷиҳати маънӣ амиқанд. Ӯ барои дар тасвири одӣ гунҷонидани маънои амиқ мекӯшад ва аз ҳамин сабаб бисёри ташбеҳу истиораҳои ӯ тавсифӣ набуда, монандии шайъро ифода мекунанд. Гирем, шеъри «Афсонаҳои сангӣ»-и ӯро:
Дар Россия батамкину тартиб,
Дашт аз пушти дашт гардад сар,
Лек дар хоки тоҷикон ҳар кӯҳ
Бетакаллуф савори кӯҳи дигар.
...Мана аз қалби паҳлавон кӯҳе,
Оби одии чашма мешорад,
Лек дар нури лолагуни шафақ,
Хуни дилро ба ёд меорад.
Чунонки ба назар мерасад, шоир ба оби чашма, на фақат тавсиф намеҷӯяд, зиёда аз ин одӣ будани онро таъкид мекунад. Таъсирбахшӣ ва хотирнишинии манзара ба воситаи дигар ба даст меояд. «Оби одии чашма» дар лаҳзаи дигар дида мешавад, ки сифат, хусусият, рангаш бештар намудор мегардад ва «дар нури лолагуни шафақ» ба «хуни дил» шабоҳат пайдо карда, ба ҷуз хизмати тасвирро ба ҷо оварданаш бори ифодаи маъниро низ мекашад ва ишорае ба гузаштаи халқи тоҷик ва хун гиристанҳои ӯ мешавад. Воситаҳои тасвир ҳаддалимкон барои ифодаи маънӣ хизмат мекунанд. Масалан, дар ин банд ҳам:
Он тарафтар, ба кӯҳи муҳташаме
Кӯҳпора намуда пинҳон сар.
Ҳамчу тифли давида аз тарсаш,
Гашта ҷогаҳ ба синаи модар...
Ҷиҳати тасвирии образ Ғаффор Мирзоро он қадар ба худ машғул намедорад, ӯ ба афзоиши гунҷоиши маъноии он кӯшида, ҳамон воситаҳои тасвирро интихоб мекунад, ки монандии онҳо на фақат зоҳирӣ, балки бештар маъноӣ бошад:
Ҳар яки он фасонаи сангист,
Ровии сангии қадиме ҳаст,
Бо аҷибу ғариб(?) шамоили худ
Ҳарфи тасвирии азиме ҳаст.
Дар шеърҳои «Ду ҳайкал» ва «Маҷнунбед» ҳам тасвир ҳамин гуна хусусият дорад.
Афзудани моҳияти маъноии тасвир, бешубҳа, мавқеи онро дар суратгарӣ маҳдуд мекунад. Аз ҳамин сабаб дар эҷодиёти Ғаффор Мирзо тасвир яклухт ва ё паиҳам набуда, гӯё канда-канда, ҷо-ҷо ба назар мерасад. Ин зовияҳои миёни тасвир, ки маъмулан дар он ташбеҳ ва ё тавсиф қарор мегиранд, моҳияти маъноии тасвирро таъкид карда, тасвирро мушаххас мекунанд:
Он тарафтар, ба кӯҳи муҳташаме
Кӯҳпора намуда пинҳон сар.
Бо ҳамин гӯё шоир лаҳзае аз мусаввирӣ даст мекашад ва ба ин тасвир монандие меҷӯяд, ки бештар ба моҳияти он алоқаманд аст:
Ҳамчу тифле давида аз тарсаш
Гашта ҷогаҳ ба синаи модар.
Асоси шайъии шеъри «Шаршараи Восеъ» бар тасвири шаршара аст. Дар миёнаҳои тасвир шаршара мушаххас мешавад. Ин мушаххасӣ, ки ба воситаи ташбеҳ ва адоти он «ҳамчун» сурат гирифтааст, аён ба назар мерасад. Ин аломати шаклист, вале аз ҷиҳати маънӣ шаршара номаълум мушаххас мешавад. Шаршара барои ҷамъбасти бадеӣ ва гунҷоиши маънии фарох қобил гашта, ба рамзе мубаддал мешавад, ки меҳри Ватан, муҳаббати халқро ба фарзанди қаҳрамони худ ифода мекунад.
Бар даҳони ғор, поёни дара,
Мефарояд паҳну суфта шаршара.
Пардаи оби табиат бофтаст,
Ҳамчу модар бар дараш партофтаст,
Ғорро то ҳифз аз чашмон кунад,
Қаҳрамон фарзандро пинҳон кунад.
Бешубҳа, гунҷоиши маънавии ин тасвир ва образ танҳо аз ҳамин гуфтаҳои боло иборат набуда, амиқ ва доманадортар аст.
Ин ду тарзи тасвир, яъне тасвири статикӣ ва динамикӣ (беҳаракат ва дар ҳаракат), ки дар эҷодиёти Муъмин Қаноат ва Ғаффор Мирзо ҷой дорад, аз беҳтарин анвои тасвир дар шеър аст.
Аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки тасвиркорӣ дар нигориши табиат, портрети инсон, офаридани манзарҳои ором ва дар ҳаракат барои ба қалам овардани ҳолати ботинии инсон истифода гашта, барои ифодаи амиқ ва суратноки мазмуну мундариҷаи шеър хидмат мекунад.
* * *
Инкишоф ва пурсарватии шакли бадеӣ дар адабиёт ба бузургию пураҳамиятии мундариҷа, ҷустуҷӯю бозёфтҳо, воситаҳои тозаи ифодаю тасвир ва маъниҳои амиқ вобаста аст. Таърихи адабиёт ва шеъри бисёрасраи тоҷик аз ҷараёни доимӣ, силсилаи таҷрибаю навовариҳо иборат буда, дар ҳар аср ба анъанаҳои мавҷуда чизи тозае зам мекардааст. Ин ҷараён дар қарни ХХ, махсусан, дар солҳои 60-ум қувват гирифта, талабот ба интихоби дурусти калима ва ба кор андохтани тобишҳои гуногуни он ба ҳар воҳиди луғавӣ, алоқадри ҳол баробар тақсим кардани маънӣ аҳамияти шакли бадеиро дар гунҷоиши мундариҷа меафзояд. Истифодаи «тавсифҳои бетараф», ки шеър аз онҳо бурде дар ифодаи маънӣ ва эҳсосот намекунад, торафт кам мешавад. Ин хусусияти шеъри муосир, ки алоқа ва ҳамбастагии мантиқию луғавии калима бо шайъи тасвир ном дорад, барои амиқтар реша давондани услуби тасвири реалистӣ мусоидат менамояд. Ин хусусият тасаввуроти доманадорро, ки сухан ва образ дар шеър ба вуҷуд меоранд, ҳаргиз коста ва ё ночиз намесозад. Бо дигаргун кардани муносибатҳои шартию анъанавии калима бо образ бори маънии калима меафзояд. Калима аз банди таркиби муқаррарӣ озод шуда, бо тобиши маъноии тозае ба ҷилва меояд.
Бозёфтҳои ғоявию бадеӣ, мундариҷа ва бофти шоирона имрӯз услубҳои мухталифро ба ҳам омехта, барои ташаккули образофарии тоза, ифода ва услуби наве дар шеър роҳ мекушояд. Бинобар ин вазъияти аслии шеъри муосирро танҳо бо таҳлили пайвастаи ғоя ва мундариҷа, биниш ва бофти шоирона, вожа ва образ, забон ва услуб муайян метавон карду бас. Вале, мутаассифона, дар бисёр тадқиқоте, ки ба шеъри имрӯз бахшида мешаванд, ин масъалаҳои муҳим сатҳӣ аз назар мегузаранд ва ё аз тангназарӣ бо омӯзиши танҳо маҷозу истиора, ташбеҳу тавсиф, ё тазоду муқобала иктифо мешаваду бас.
Бешубҳа, таҳлилу тадқиқи ин суннатҳо низ барои муайян намудани авзои шеъри имрӯз аҳамиятнок аст. Вале арсаи таҳлил ва омӯзиши шеърро ба тадқиқи андаке луғат, ибораю тавсиф маҳдуд карда, дигар воситаҳои сухани шоиронаро аз мадди назар дур намудан низ аломати паҳноварии доманаи таҳлил ва амиқии андеша нест.
Ҳангоми таҳқиқи забону услуб ва образи осори бадеӣ зарур аст, ки гуногунтарин воситаҳои сухани шоирона, аз ҷумла, хусусият ва намудҳои тасвири бадеӣ, интихоби вожаву ибора, тобишҳои маъноии онҳо, таъсири ҳиссӣ ва табу тоби ифода, ташаккули рамз ва маҷозу истиораро дар пайвастагӣ бо ғояи бадеии асар ба назари таҳлил гирифта шавад. Образҳои тоза ва ё ифодаҳои гуногунранги шоирона дар асоси истифодаи маҳоратноки захираи луғавии забон, яъне воҳиди маъникаш – калимаву ибораҳо ба вуҷуд омада, ба адабиёт дохил мешаванд. Калима дар матн ба ҷуз мафҳуми аслии худ боз мафҳумҳоеро ифода карда метавонад, ки онҳоро тобишҳои маъноӣ меноманд. Вале имкони маънирасонӣ ва суратгарии калима бо ҳамин маҳдуд нашуда, он баъзан барои ифодаи мафҳумҳое, ки дар мафҳуми аслӣ ва тобишҳои маъноии он мавҷуд нест, ба истифода меравад. Вақте ки калима барои ифодаи мафҳуми ғайрилуғавии худ меояд, он ягона ва нотакрор буда, он мафҳуми тозаро танҳо дар ҳамон матн ифода мекунаду бас. Ин дар асари бадеӣ маҳсули тафаккур ва тахайюлоти фардии адиб мебошад, ки дарёфти шоиронаи ӯ ҳисобида мешавад. Ин усул дар назми муосири тоҷик, махсусан, дар шеърҳои лирикии ишқӣ, фалсафӣ ва шеърҳое, ки ҷанбаи онон бар ҳодисаҳо ва ё ҳиссиёти фоҷианок аст, бештар ба назар мерасад. Дар шеърҳои лирикии ишқии Мирзо Турсунзодаю Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноату Ғаффор Мирзо, Лоиқу Қутбӣ Киром ва Бозор Собиру Гулназар торафт доман паҳн кардани ин усулро мушоҳида мекунем.
Махсусан, Шукӯҳӣ дар лирикаи ишқии худ онро хеле ривоҷ дод. Вай ошиқонаҳои худро аз баёни рӯирости ҳиссиёт, ки бештар ба воситаҳои обшуста адо карда мешуд, дур гирифт ва бо роҳи тозаи баёни эҳсосот равона шуд. Дар бисёр шеърҳои давраи аввали эҷодиёти ӯ, аз ҷумла, дар «Маро танҳо ту бинмудӣ фаромӯш», «Кош бошад кӯчаҳо дуру дароз», «Ситорааш гарм» ҳамин тарзи ифода ҷой дорад. Дар шеъри «Маро танҳо ту бинмудӣ фаромӯш» ҳарчанд манзур тасвири ҳиссиёти пурдарди ошиқ аст, аз арзи бевоситаи сӯзи ошиқ нишоне нест. Ҷойи арзи бевоситаи ҳиссиётро тасвири амалиёт, ҳаракат ва ҷузъияте гирифтаанд, ки ба ҷуз маънии аслии худ, барои ифодаи ҳиссиёте, ки дар шоир дар ғалаён аст, хизмат мекунанд:
Ҳамон тавр аз даруни оби ҷӯбор,
Намоён аст акси он ситора,
Ки онро ту ба ман, биншаста ҳар бор,
Чу рамзи ишқ мекардӣ ишора.
Ба ёдат ҳаст оё як шаб ин ҷо
Чиҳо гуфтем мо ҳарду нишаста?
Ба рӯям мезадӣ ҳар гоҳ ҷоно,
Ба шӯхӣ шохи райҳонро шикаста.
Дар ин шеър хотироте, ки дар ошиқ боқӣ мондааст ва ӯ онро гӯё бе ҳаяҷону эҳтиросоти баланд, балки оромона ба ёд меорад, баръакси чашмдошт ба ҳисси инсон бештар таъсир мекунад. Аз даруни об намоён будани акси ситора, ба шӯхӣ бо шохи райҳон ба рӯи ошиқ задани маҳбуба на танҳо барои барангехтани хотироти ошиқ, балки дар айни ҳол, барои ифодаи муҳаббати сӯзони ӯ хизмат кардаанд. Бо ҳамин усул дар зимни мафҳумҳои аёне, ки ифода гаштанд, ҷойгузин шудани маъниҳои дигаре, ки зодаи ҳиссиёти пурдарданд, ба даст омада, имкони суханро дар ифодаи маъною эҳсосот фарохтар мекунанд. Он ҳиссиёти рӯҳбахше, ки дар мақтаъ ҷой дорад, ба тамоми шеър як оҳанги умедворие бахшида, онро ба изҳори интизорӣ аз хушбахтии ошиқ бадал месозад:
Маро обу ҳавои сарзаминам,
Ҳамеша мекунад шодона оғӯш,
Тамоми орзуҳо ҳамнишинам,
Маро танҳо ту бинмудӣ фаромӯш!
Вазад шаббодае сӯям дамодам,
Ба ман меоварад як бӯи умед.
Бигардад ҳамчу мӯят бар сарам хам
Ба нозу ишва чавгони сияҳбед.
Дар байти аввали ин иқтибос вазъи дар сарзамин доштаи ошиқ бо муносибати маҳбуба ба ӯ ба хотири таъкиди қаноатмандии худ аз зиндагӣ муқоиса карда мешавад, ки як андоза содалавҳона ва ноҷост, зеро онҳо ҷиҳатҳои мухталифи зиндагӣ буда, онҳоро ба ҳамдигар қиёс кардан норавост. Аммо бо сарфи назар кардани ин нуқс, умуман, моҳияти услубии ин тарзи ифода дар он аст, ки ҳиссиёт бевосита баён нашуда, ба воситаи амалиёте, ҳаракат ва ё шайъе, ки метавонад ба ҷуз мафҳуми аслии худ барои ифодаи мафҳуми дигаре низ қобил бошад, адо карда мешавад. Ин тарзи ифода дар шеърҳои минбаъдаи Шукӯҳӣ, аз ҷумла, дар шеърҳои «Гирифтам як шабе дасташ ба дастам», «Фасли гулшукуфт», «То ҳамон вақте ки рахшад офтоб», «Шаб» ва як силсила шеърҳои дигари ӯ боз ҳам сайқал ёфта, суфтатар мешавад. Дар ҳамин асос гуфта метавонем, ки «услуби тозаи ишқиясароӣ, пеш аз ҳама, дар эҷодиёти Шукӯҳӣ ва баъзе ҳамсолони ӯ бештар муваффақият пайдо кард»[5].
Дар баёни бавоситаи ҳиссиёт бисёр санъатҳои шеърӣ – рамз, маҷоз, киноя, истиора ва монанди инҳо истифода мешаванд. Чунонки Муҳаммадҷон Шукуров қайд кардааст, дар шеъри «Гирифтам як шабе дасташ ба дастам»-и Шукӯҳӣ санъати параллелизми (муқоиса) фолклор барои ба як тарзи тозае ифода кардани ҳиссиёт кӯмак расондааст:
Баҳор омад, зи куҳсор об омад,
Ба болои сарам маҳтоб омад,
Ситора мезанад чашмак ба сӯям,
Ки рав бар хона, вақти хоб омад.
Маро аммо нигоре об кардаст,
Рухамро зард чун маҳтоб кардаст.
Чаро дар гирди кӯи ӯ нагардам?
Маро ишқаш чунин бехоб кардаст.
Банди аввали шеър ишорае ба ҳолати ботинии қаҳрамони лирикист: «Ситора мезанад чашмак ба сӯям, Ки рав бар хона, вақти хоб омад» - тару тоза менамояд. Вале банди дуюм, ки гӯё ҷавоби банди болоист ва «аҳволи қаҳрамон»-ро пеши назар меорад, ба андозае мақсадро беобуранг ва рӯирост баён мекунад, ки таъсири ҳиссии шеърро коҳондааст. Вале шоир ҳис мекунад, ки шеърро бо ҳамин оҳанг давом диҳад, ҳамон таъсири ҳиссиеро, ки ба вуҷуд оварда буд, аз даст медиҳад ва аз ҳамин сабаб дар банди охири шеър усули тасвирро моҳирона ба шакли аввала бозмегардонад:
Гирифтам як шабе дасташ ба дастам,
Сари сарчашмае рафтам, нишастам,
Зи бӯи ҳулбаи кӯҳӣ насиме
Намуд имшаб аҷаб масти аластам.
Ифодаи бавоситаи эҳсосот яке аз омилҳоест, ки тасвири ҳиссиётро аз якрангию якнавохтӣ халос карда, ба он ҳаррангӣ мебахшад ва барои тозакориҳо дар тариқи баён имкон фароҳам меорад. Азбаски ҷаҳони шайъ ва амалиёту ҳаракат ниҳоят фароху беҳудуд ва гуногун аст, он барои ифодаи ҳарранги ҳиссиёт ҳамон қадар тарзҳои мухталифро дода метавонад.
Дар шеъри Лоиқ «Оби Омӯ як замон мерехт дар баҳри Хазар» ҳам ифодаи ҳиссиёт асосан ба воситаи муқоиса (параллелизм) адо карда шудааст:
Оби Омӯ як замон мерехт дар баҳри Хазар,
Як замон аз назди ҳавлии ту мекардам гузар.
Дар ин байт ҳарфе аз ишқи гузаштаи ноком нест. Сухани шоир ороми ҳикоятист. Вале дар зимни ин оромӣ ҳиссиёти пурзӯре шӯриш дорад. Зарфи «як замон» ва дар замони гузаштаи ҳикоятӣ омадани хабар ва зиёда аз ин мазмуни мисраъ ба баҳри Хазар рехтани оби Омӯ, ки ҳоло аз он танҳо дар сарчашмаҳои қадима ёде боқӣ мондаасту бас, ҳиссеро ба миён меорад, ки пеш аз вуқӯи ҳолати ногувор пайдо мешавад: Оби Ому як замон мерехт дар баҳри Хазар – ва мисраи дуюм ҳам ба ҳамон шаклу оҳанг ҳолати аввалро ба аҳволи қаҳрамони лирикӣ муқоиса мекунад. Як ишора ба монандии ин ду ҳолат, ки ба воситаи «як замон» таъмин шудааст, барои оғози изҳори лирикӣ ва бебозгаштии давраи муҳаббат замина мегузорад. Ин мисраъ барои ба вуҷуд овардани саҳнаи инкишофи драмаи лирикӣ асос мешавад ва ҳамон лаҳза пас аз ин мисраъ гузариши қатъӣ ба баёни драматикии эҳсосот рӯй медиҳад, ки ин на танҳо дар тарзи баён дигаргунӣ меоварад, балки оҳанги шеърро ҳам тағйир дода, мисраъҳоро мешиканад:
Ман ҷавони сода будам,
Бо ту ман дил дода будам,
Ангезиши драматикӣ баёни ҳиссиётро аз замони гузаштаи дур ба гузаштаи наздик меорад:
Дер шуд,
Ман аз муҳаббат дер мондам.
Тазоди ҳиссиёт дар воқеоти минбаъда – гузаштани бахти фиребо, боз кардани дар, то кунун мунтазирӣ – шадидтар шуда, барои нишон додани бенатиҷагии кӯшиши қаҳрамони лирикӣ замина тайёр мекунад:
Лек моҳии тило як бор меояд ба шаст,
Оҳ, ман сайёди навомӯз будам,
Ман ба сайди бастапо дилсӯз будам,
Моҳии заррин фитоду чанги зарринам шикаст.
Моҳии тилло акнун ҳамчун рамзи муҳаббати қаҳрамони лирикӣ шинохта мешавад. Шикастани чанги заррин аз бебозгаштии он шаҳодат медиҳад. Воқеае, ки бояд ғампарварии муҳаббати нокомро нишон медод, ба охир мерасад. Вале қаҳрамони лирикӣ гӯё ба хаёл меравад ва бори дигар ба он лаҳза бозмегардад. Аз сари нав ҷузъиёти воқеае, ки барои баёни таъсирбахштари ин ҳиссиёт қобиланд, ба хотир оварда мешаванд. Онҳо паи ҳам номбар гашта, ба рӯҳияи қаҳрамони лирикӣ мувофиқанд:
Чашми ту чун чашми гулмоҳӣ ба ёдам мерасад,
Дасти ту мелағжад аз дастам чу моҳӣ аз кафам,
Ту зи ман рафтӣ ба дарё,
Бе ту мондам ман ба хушкӣ,
Аз ту рафтам, оқибат аз хештан ҳам меравам.
Агар дар ин шеър барои ифодаи бавоситаи ҳиссиёт воқеа ва образҳои дорои хусусияти романтикӣ интихоб шуда, баён ҳам андаке рангу бори романтикӣ дошта бошад, дар шеъри «Ақрабакҳои соат» ҳамин усул дар заминаи воқеӣ ва образҳои реалистӣ ба ҷо оварда шудааст.
Ақрабакҳои соати дастат
Соате баъд рӯ ба рӯ оянд.
Баъди саргаштагии кӯтоҳе
Боз оянду роз бикшоянд.
Ақрабакҳо чу рӯи ҳам оянд,
Аз ҳасад гӯӣ(?) бо дили афгор:
Ҳаҷри онҳо чи қадр кӯтоҳ аст,
Мерасад баъди соате дидор.
Аз номи ҳамсуҳбати лирикӣ сухан рондани шоир ва аз забони ӯ баён кардани ҳиссиёт низ гувоҳи ифодаи бавосита аст. Хусусияти услубии ин тарзи тасвир дар он аст, ки пеш аз ҳиссиёти ифодашаванда аз воқеае, ки қиёси он шуда метавонад, сухан меравад. Ҳамсуҳбати лирикӣ ба рӯи ҳам омадани ақрабакҳои соатро, ки ҳаракати воқеист, назора мекунад ва ин дар аёни ҳол воситаест, ки хидмати баёни эҳсосоти ӯро ба ҷо меорад. Кӯтоҳии ҳаҷри ақрабакҳо тазоди вазъи ботинии ҳамсуҳбати лирикист.
Ин тазоди бавосита таъсирбахшии ҳолати ҳамсуҳбати лирикиро меафзояд. Дар бандҳои ояндаи шеър ҳам ҷое, ки сухан аз ҳиссиёти ҳамсуҳбати лирикӣ меравад, баён аз забони қаҳрамони лирикӣ буда, ҳолати ҳамсуҳбати лирикӣ танҳо ба воситаи амали ӯ баён мешавад.
Бишмарӣ ҳар дақиқаро хомӯш,
Бишмарӣ рафтани ҷавониро.
Бишмарию биёварӣ бар ёд
Тарҳи симои навҷавонеро.
Ҳамсуҳбати лирикӣ на фақат аз ҳиссиёти худ ниҳоят кам сухан мекунад, балки дар барои оне, ки бо ӯ замоне пайванди муҳаббат дошт, чизе намегӯяд. Ин вазифаро қаҳрамони лирикӣ ба уҳда мегирад. Дар мақтаи шеър аз забони ҳамсуҳбати лирикӣ сабаби кӯтоҳии ҳаҷри ақрабакҳо баён мешавад, ки сабаби ҷудоии дуи онҳоро бо тазод низ аён мекунад.
Аз ҳасад гӯӣ(?) худ ба худ гоҳо
Ақрабакҳо чу рӯи ҳам оянд:
Ҳаҷрашон зуд бигзарад, зеро
Гирди як тир роҳ паймоянд...
Ифодаи бавоситаи ҳиссиёт дар тасвири ҳодисаҳое, ки ҷанбаи драматикӣ доранд, ба таъсирангезии пурзӯре соҳиб аст. Дар ин қабил шеърҳо тасвири ҳиссиёт дар задухӯрд ва муқобилат амалӣ мешавад ва дар чунин ҳолати пуршиддат якбора ба ифодаи бавосита гузаштан, ки дар назари аввал миёни тариқи баёни пешина ва баъдина зовияе ба миён меорад, таъсири ҳиссии ифодаро меафзояд Аз чунин тарзи ифодаи бавоситаи ҳиссиёт Ғаффор Мирзо дар шеърҳои «Рӯҳи Восеъ», «Санъати ҷонбозию ҳусни нисор», Муъмин Қаноат дар «Достони оташ» (дар саҳнаи қатли муаллимаҳо) ва дар шеърҳои «Қатли Восеъ», «Хоби қаҳрамон», Лоиқ дар шеърҳои «Суруди хайрбод», «Сатрҳои нотамом» ва Қутбӣ Киром дар шеъри «Хаткашон» моҳирона истифода кардаанд. Дар шеъри «Суруди хайрбод»-и Лоиқ ин усули тасвир, махсусан, пуртаъсир ва ҳаяҷонангез аст.
Оғози шеър ҳикояи лирикии қаҳрамон аст. Баёни ҳиссиёти ҳоли ҳозири ӯ бо руҷӯъ шакл мегирад. Бандҳо дар тазоди ҳоло ҳозир ва оянда сохта мешаванд. Вале бо вуҷуди мухолифати ин лаҳзаи ҳозир бо ояндаи ӯ, оянда давоми маҳз ҳамин лаҳзаҳо дониста мешавад. Дар банди охири шеър тасвири саҳнаи видои қаҳрамон, ки оҳанги пуршӯре дорад, ба дараҷаи баланди ҳаяҷонангезӣ мерасад. Параллелизмҳои синтаксисӣ дар бандҳои болоӣ «меравам, меравам» ва дар банди охир «хайр, хайр, эй» ин саҳнаи видоъро пуршиддаттар мекунанд. Қаҳрамон бо гиромитарин шахсон, бо азизтарин ҳиссиёти софу поки худ хаёлан видоъ мегӯяд:
Хайр, хайр, эй изтироби савти «Наврӯзи Аҷам»,
Хайр, эй чашмони чори модарам,
Хайр, эй ду миллаи марғуладори дилбарам –
ва ногаҳон хатти баён мешиканад ва ба ҷои зикри бевосита чизи дигаре ба миён меояд, ки бо вуҷуди давоми мантиқии зикри боло набуданаш, дар таъсирбахшӣ аз онҳо ҳам қавитар буда, ҷамъбасти мантиқии онҳо мешавад:
Ҷомаи домодии манро ту пӯш,
эй додарам!
Агар шеъри Лоиқ «Суруди хайрбод» саҳнаи аз ҳад зиёд ҳиссиётангез бошад, ҳамчунон ҳолати драматикиро Муъмин Қаноат дар «Қатли Восеъ» бештар оромона ва зоҳиран осуда тасвир мекунад. Сухани ӯ ҳатто дар лаҳзаи фоҷианоктарин – аз зери пои Васеъ гирифтани кунда – гӯё аз равиши пешинаи худ берун намеояд. Вале ин бетафсилӣ, ин мухтасаркунии давомоти ҳодиса, таъсири ҳиссӣ ва ҳаяҷонбахшии шеърро накоста, пурзӯртар менамояд. Дар оғоз саҳнаи инкишофи воқеа тасвир мешавад:
Қаср.
Ишратгоҳи тобистони шоҳ,
Ҷои қатли «осиён»-и бегуноҳ.
Мир бо асҳоб дар айвони арк,
Бандагони мир дар майдони арк.
Чунонки ба назар мерасад, тасвир хеле мухтасар аст. Фоҷиавияти лаҳза иборапардозиро намепарварад ва мухтасарии сухан низ ҷиддияти лаҳзаро таъкид мекунад. Ашёи номбаршуда қаср, шоҳ, мир, асҳоб, айвон, арк, бандагон, майдон ба ҷуз аз «осиён» ҳеҷ кадоме тавсиф ва ё муайянкунандае надоранд. Тасвири дор ҳам ҳамин гуна аст:
Дар миёни дор,
Восеъ пои дор. –
ва фақат дар нигориши Восеъ ташбеҳе раво дида мешавад:
Ҳамчу кӯҳи Балҷувонаш устувор.
Шоир дар инъикоси ҳолат ва воқеа на танҳо аз истифодаи тавсиф даст мекашад, балки барои баёни мухтасартарин аз тасвири паиҳами ҳодиса низ худдорӣ мекунад. Танҳо мақсади таъкиди ягонагии қаҳрамон бо халқу диёраш водор созад, ки шоир дар ду мисраи шеър як лаҳза тасвирро давомдор намояд, ҳол он ки як ҳолати фавқулода, ки дар натиҷаи иғроқ, сохта шудааст, ҳамчунон орому батамкин тасвир мешавад:
Хокро бӯсид, сарро аз замин
Кард боло, хӯрд бар чархи барин.
Кӯҳ ин фурсат ба ӯ ҳамроҳ шуд,
Дори шоҳон назди ӯ кӯтоҳ шуд...
Дар ғазаб омад аз ин мири ғазаб,
Гуфт аркон,
Гуфт майдон: «Воаҷаб!»
Аз сафи омода сарбози савор,
Ҳалқаро пайваст бо шохи чинор,
Банди(?)ро овард сӯи зиндадор,
Аз чинор омад яке бӯи диёр,
Аз диёр омад садои Гулизор.
Шоир аз истифодаи калимаҳои дорои мафҳумҳои фоҷиавии аз қабили алвидоъ, хайр, меравам ва монанди инҳо даст кашида, бори маънӣ ва қувваи таъсирро бар инкишофи мантиқии ҳодиса вогузор кардааст, ки он вазифаи ангезиши ҳиссиро низ ба зиммаи худ гирифтааст. Низои фоҷиа низ ҳамчунин мухтасару ором ба қалам дода мешавад:
Танг омад ҳалқа гирди гарданаш,
Танг омад дар бадан пироҳанаш,
Кунда аз зери ду пояш дур шуд,
Шаҳчиноре бо чиноре ҷӯр шуд...
Ифодаи образноки анҷоми фоҷиа, ки дар мисраи
Шаҳчиноре бо чиноре ҷӯр шуд... –
омадааст ва махсусан, истиораи шаҳчинор аз Восеъ на танҳо марги сарбаландонаи қаҳрамони халқро ифода мекунад, балки баландии пояи ин қаҳрамонӣ ва пайванди қавии ӯро бо мардум ва диёраш бори дигар таъкид менамояд.
Шеъри «Хаткашон»-и Қутбӣ Киром аз муроҷиати ғамангези шоир ба хаткашон оғоз шуда, бо ҳамин рӯҳи ояндаи шеър ва доираи баҳси он аён мегардад. Аз оғози банди дуюм ба хаткашон вобаста будани хотироти пуралами шоир маълум мешавад ва усули ривоятӣ оҳанги драмавӣ гирифта, барои муборизаи ҳиссиёти мухталиф замина фароҳам меоварад:
Дерест дар суроғи ту овора гаштаам,
Аз баҳри он гуноҳи ту кайҳо гузаштаам.
Хоҳам, ки тез бинамат, аз худ гузар кунам.
Он нолаҳои куҳнаи барбодрафтаро
Дубора сар кунам.
Шоир ба хаткашон муроҷиат карда, хотироти гузаштаашро боз меорад ва аз ӯ суол мекунад. Вале ҷавоби хаткашон ба шоир барои муайян кардани мазмуни он лаҳзаҳо зарурат надорад. Дар ҷумлаи ҳолшарҳкунандаи банд чӣ гуна лаҳза будани он аён аст. Дар мисраи –
Шуд сояи ту ногаҳон(?) аз остон падид –
ҳам хаткашонро чун орандаи азобу уқубати ҷанг дарк кардани кӯдак ва ҳам нотавонии хаткашон дар чорасозии мушкилот ифода шудааст ва аз ҳамин сабаб дар банди охир:
Бечора хаткашон,
Овора хаткашон,
Ҳоло ту дар куҷоию чун аст қисматат,
Чунӣ ту, нағмаи худӣ(?) ё сози нокасӣ?
Ҳар ҷо наӣ,
Ба ёди ман(?) чун нола мерасӣ –
гуфтани шоир, аз як ҷиҳат, дилсӯзӣ ва меҳрубонии ӯро ба хаткашон ифода карда, аз ҷиҳати дигар, ӯро ҳамчун рамзи азобу шиканҷа ва бепадарии худу бешавҳар мондани модар медонад. Ин гуна дарк шудани хаткашон маҳсули идроки субъективии шоир мебошад, ки боиси афзудани зиддияти драмавӣ мегардад. Ин ҳама дар муроҷиати шоир:
Чунӣ, ту нағмаи худӣ(?), ё сози нокасӣ,
Ҳар ҷо наӣ,
Ба ёди ман(?) чун нола мерасӣ. –
ҷой шудааст. Ибораҳои «нағмаи худӣ» ё «сози нокасӣ», ки барои баёни маънии зиндагии хаткашон омадаанд, ба ҳам муқобил истода, барои шиддати зиддият кӯмак мекунанд.
Шояд зарурат дошта бошад, таъкид кунем, ки дар назми муосир, махсусан, дар эҷодиёти Муъмин Қаноат, Лоиқ ва Қутбӣ Кирому Бозор Собир афзудани ҷараёни драмавии баёни эҳсосот на танҳо ба як худи ифодаи бавоситаи ҳиссиёт ва дарки субъективии калимаҳою образҳо вобаста асту бас, ин ҷараён маҳсули ба ҳам наздик шудани ҷинсҳо ва анвои адабӣ буда, имрӯз фаъолона давом мекунад. Яке аз сифатҳои тоза, ки ҳоло дар лирика мавқеъ пайдо мекунад, пурқувват шудани ҷараёни драмавӣ мебошад.
Ин равия дар назми муосири тоҷик махсусан, дар эҷодиёти Лоиқ қавист. Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар яке аз мақолаҳои худ ин хусусияти эҷодиёти Лоиқро қайд кардааст: «Дар шеъри Лоиқ кӯшиши баёни эҳсосоти драматизми одамӣ пай бурда мешавад». Оё ин «баёни эҳсосоти драматизми одамӣ» дар эҷодиёти Лоиқ аз кадом вақт ҷорӣ шуд ва ба чӣ гуна воситаҳо шакл мегирад, чӣ гуна аломатҳое дорад?
Ҷаҳони ашё ва олами эҳсос дар шуури шоиронаи ӯ одатан аз ду ҷиҳат, неку бад ва хайру шар инъикос мешавад. Ин хусусияти идроки воқеият дар эҷодиёти Лоиқ боиси инкишофи ҷараёни драматикӣ мегардад. Шеърҳои «Муҳаббати аввал», «Ҷавонӣ меравад», «Дар базм», «Сатрҳои нотамом» ва боз якчанд шеъри маҷмӯаи аввалини ӯ маҳсули ҳамин гуна идроканд. Дар ин шеърҳо ҳиссиёти мухталиф ва баҳамзидди ғаму шодӣ, умри ҷовидону марг, муҳаббату нафрат, садоқту хиёнат ба ҳамдигар мубориза мекунанд. Дар банди аввали шеъри «Дар базм» муборизаи ҳиссиёти мухталиф барои тасвири усули драматикӣ хеле созгор омадааст. Ҳаракат ва амали маъшуқа, ки ҳиссиёти саршори хурсандӣ ва шодии ӯро ифода мекунанд, дар қаҳрамони лирикӣ, баръакс, ғаму андӯҳ ва дар ҷони ӯ сӯзиш бедор месозанд. Ҳиссиёти маъшуқа ифода намешавад, онро танҳо аз ҳаракату амали ӯ пай бурдан мумкин аст. Дар тасвири қаҳрамони лирикӣ, баръакс, танҳо ифодаи ҳиссиёти ӯ ба кор бурда мешавад:
Дар дили шаб ҷоми заррини кафи ёр
Медурахшиду диламро шод мекард.
Ҳарфҳои канда-канда, нозҳои дилбарона,
Мастӣ аз дидору аз май
Ҳастиямро бод мекард.
Ҳамчу шамшод аз вазиданҳои боди шӯхшанг
Печу тобе хӯрда ӯ арғушт мерафт.
Бо садои қарс-қарси панҷаҳои нозукаш
Ҷони ман ҳам аз сари ангушт мерафт.
Гоҳ чашмак мезаду бо як нигоҳаш мерасонд
Қиссаи ишқи ҷавониро ба ёд.
Дар дилам тӯфони баҳру нолаҳои бодро
Медамонду бар ниҳодам
Оташи ғам мениҳод.
Тасвири доманадори рақси маъшуқа, аз як тараф, баёни мухтасари ҳиссиёти ошиқ, аз тарафи дигар, ба ҳам муқобил афтода, барои шиддати драматизм хизмат кардаанд. Дар шеъри «Шаби тӯй» ҳиссиёти ошиқе, ки дар шаби тӯйи арӯсии маҳбубааш иштирок дорад, асосан бар ҳиссиёти шодмонӣ ва авзои тӯйнишинони дигар, ки аз ҳоли дили ӯ бехабаранд, муқобил гузошта мешавад. Ҳамин гуна усули тасвир дар шеъри «Рӯи саҳна тарона мехондӣ» низ татбиқ шудааст. Ин гуна драматизм, ки аз тазоди амал ва ҳиссиёти маъшуқа бар таассурот ва ҳиссиёти қаҳрамони лирикӣ ба даст оварда мешавад, дар шеърҳои «Паймонаи муҳаббат», «Биҳишти гумшуда» ва як силсила шеърҳои дигари ӯ низ ҷо дорад.
Дигар аз навъи драматизм, ки дар ашъори Лоиқ ба мушоҳида мерасад, инкишоф ёфтан ва ҳар лаҳза дигаршавии ҳиссиёт аст. Ин усул махсусан, дар шеърҳое, ки ба тасвири ҳиссиёт ва таассуроти қаҳрамони лирикӣ бахшида шудаанд, маҳсулнок истифода гаштааст.
Дар шеъри «Боз як рӯзам гузашт» ҳиссиёт бо тағйири ҳолат, амали қаҳрамони лирикӣ пайваста дигаргун мешавад ва инкишоф меёбад. Ҳарчанд хушбахтии рӯзи пурбарору сермаҳсул мутаассиркунанда ва сурурангез аст, вале аз зиндагии одам рафтани рӯз ҳамчун воҳиди вақт ва талхии бебозгаштии он пуртаъсиртар ва ҳаяҷонангезтар аст. Барои ҳамин шеър аз баёни ғами рӯзи бебозгашт оғоз мешавад ва ҳамон лаҳза ба рӯҳияи кас меомезад.
Офтоб аз хонаи ман рафт бегаҳ,
Боз як рӯзам гузашт,
Боз як рӯзи пур аз сӯзам гузашт.
Ба дунё омадану рафтани шоир ба бегаҳ шудани рӯз шабеҳ аст. Ба ҳамзиддии ҳиссиёти қаҳрамони лирикӣ ба воситаи суолҳои беунвон таъкид мешавад. Драматизм аз истифодаи ҷумлаҳои якаъзо ва мисраъҳои аз ибораҳои кӯтоҳ - кӯтоҳ тартибёфта меафзояд:
Кай ба дунё омадам ман?
Кай зи оташбозиҳои зиндагӣ огаҳ шудам ман?
Омадам. Рафтам.
Ту медонӣ маро?
Дар суруди хеш мехонӣ маро?
Аз ғами рафтани рӯз ҳиссиёти қаҳрамони лирикӣ ангехта мешавад ва драматизми таассурот ба даст меояд, вале хати тасвир давом наёфта, баръакс ба оғози рӯз бармегардад. Тасвири рӯз аз субҳи он сар мешавад. Эҳсоси суруру шодмонии субҳи нав бар ғами рафтани рӯз ғолиб меояд. Ҳиссиёти қаҳрамони лирикӣ оҳанги хуррамӣ мегирад:
Хондаам хуршедро аз осмон,
То кунад бо ман пагоҳӣ ношито.
Чун варо аз чарх овардам фуруд,
Хонаи ман хонаи хуршед буд:
- Ассалом, эй офтоб,
Эй чашми рӯзи нав, дуруд!
Ман ба гӯшат хонам имрӯз
Аз муҳаббатҳо суруд...
Пас аз ин баёни таассуроти шодиангез ба тасвири ҳолати дигар, ки муқобили аввала аст, ҷаҳиши ногаҳоние ба амал меояд. Ҳиссиётҳо ба як шиддати сахт ба ҳам бармехӯранд ва оҳанги афсӯс аз рафтани рӯз саропои қаҳрамони лирикиро фаро мегирад:
Офтоб аз хонаи ман рафт бегаҳ,
Кӯр шуд чашмони рӯз,
Хонаи ман боз бехуршед монд.
Ибораи рехтаи чашми рӯз кӯр шуд дар ниҳояти хубӣ ва маҳорат ба истифода рафта, барои барҷастагии баёни таассурот хизмат кардааст.
Дар зимни ҳамин рӯҳия шоир ба андешаи силсилаи зиндагӣ ва радду бадали рӯзҳо меравад. Андешаҳо ӯро ба чунин хулоса меоранд, ки рафтан ва бегаҳ шудани рӯз оғози рӯзи дигар аст. Ин андешамандӣ шоирро аз банди маъюсию ночорӣ раҳо мекунад.
Нурҳои гарми офтоби субҳ ҳамчун рамзи накӯӣ ва муҳаббат ва меҳрубонию шафқат ба сару рӯи ӯ меборанд. Он шодию суруре, ки муҳити атроф ва табиат аз он саршор буд, саропои қаҳрамони лирикиро ҳам фаро мегирад. Ӯ таассуроти худро ба забон меорад ва дар рӯи Замин, дар дунёи зебо худро давомдиҳандаи ҳаёти инсонӣ медонад. Дунё зебост ва зиндагӣ ҳам.
Офтобо,
Кай ба дунё омадам ман?
Чанд рӯз ин сон гузашту лек ман нагзаштам
аз дунёи зебо,
То ҳанӯзам умрпаймо,
То ҳанӯзам ман шикебо?
Балки ҳамсоли туам ман?!
Балки ҳамзоди Ҳавою Одамам ман?!
Ҷараёни драматикӣ, чунонки дар боло қайд шуд, на танҳо хоси эҷодиёти Лоиқ аст. Ин ҷараён дар назми муосир чун воситае барои ифодаи мураккабии ҳиссиёт ва задухӯрди ҳодисаҳо, амиқу ҳаматарафа нишон додани олами ботин бо муваффақият истифода мешавад.
Он дар эҷодиёти Муъмин Қаноат, ба замми он ки хусусиятҳои дар боло зикршударо дорад, боз сифатҳое низ дорад, ки ба худи ӯ хос аст. Пеш аз ҳама, чунин ба назар мерасад, ки ҷараёни драматикӣ дар эҷодиёти Муъмин Қаноат бештар дар драматизми ҳиссиёт аён мешавад. Дар ҳамон шеърҳои шоир, ки ҷараёни драматикӣ вусъат дорад, мавзӯъ асосан бо ифодаи ҳиссиёти мухталиф ва ё ба ҳам зидде, ки дар ботини қаҳрамони лирикӣ талотум мекунад, ба тасвир меояд. Баъзан ин драматизми ҳиссиёт дар асоси зиддият ва задухӯрди ҳиссиёти ҳамсуҳбат ва қаҳрамони лирикӣ сурат мегирад.
Шубҳае нест, ки баъзан як худи ҳиссиёти мухталифи қаҳрамони лирикӣ ҳам асоси драматизми шеърро ташкил медиҳад ва ё бо ҳиссиёт ва ҳолати ҳамсуҳбати лирикӣ ё шахсони дигар меомезад. Чунин синтези ҳиссиёти мухталиф дар шеъри «Нарав, қуи сафеди ман» барои ба вуҷуд овардани драматизми шадид хизмат кардааст.
Ин шеър бо тасвири як лаҳзаи дилнишин ва романтикие, ки ба оғози балети «Кӯли қувон» монандӣ дорад, шурӯъ мешавад. Аз ҳамин ибтидо пай бурдан мумкин аст, ки шеър ба ду роҳ (бо тасвири ҳаракат, рақси қу ва ифодаи ҳиссиёти тамошобинон ва, аз ҷумла, шоир) давом хоҳад кард:
Ба нармӣ қуи зебое
Ба рӯи мавҷ обӣ шуд,
Ба пояш зарраҳо ҳавзи гулобӣ шуд.
Пас аз ин дигаргунии қатъие дар рӯҳи раққоса ва рақси ӯ ба вуҷуд меояд. Ҳаракатҳо тунд гашта, якдигарро зуд - зуд иваз мекунанд ва дар ботини шоир низ ҳиссиёти дарду таассуфро бедор месозанд.
Гаҳе аз нармрафторӣ
Гули дар об мегардад,
Гаҳе дар гирди худ гирдоб мегардад.
Гаҳе аз ишқ меболад,
Гаҳе хомӯш менолад,
Чӣ хомӯшӣ, ки ҳар мӯяш забон дорад!
Бандҳои минбаъдаи шеърро саросар ифодаи ҳиссиёти шоир аз ҳаракатҳои раққоса фаро мегирад. Таъкиди драматизми ҳиссиёт ҳам дар таркиби мисраъҳо, ҳам дар ибораҳои дорои мафҳуми ғалаёни ҳиссиётдошта, ба мисли печутоб, азобу изтироб ва кабоб шудан дар шаби сармо, ки аз ҷиҳатӣ маънӣ ба ҳам муқобил гузошта шудааст, дар ташкили зоҳирии мисраъҳо ҷой дорад. Бандҳои шеър, ки аз се мисраъ иборат буда, бо ихтиёри шоир озод қофия баста мешуданд, то ҳол аз ду зиёда қофия надоштанд. Дар ин банд ҳар се мисраъ қофия баста мешавад. Ҳамаи кӯшиш барои ифодаи драматизми ҳиссиёти қаҳрамони лирикӣ буда, ҳатто барои ин мақсад маҷози анъанавии обшустаи «кабоб шудан» истифода мешавад. Ташбеҳ ва ё маҷози ғайримунтазирае диққати касро ба тозагии худ кашиданаш мумкин буд, ки аз он таъсири ҳиссии шеър мекоҳид.
Ман аз ин печу тоби ӯ,
Азобу изтироби ӯ,
Шудам дар ин шаби сармо кабоби ӯ.
Барои он ки таъсири рақс ва таассуроти қаҳрамони лирикӣ пурзӯр ифода шавад, шоир аҳвол ва таассуроти тамошобинони дигарро низ ба қалам меорад ва маълум мешавад, ки онҳо аз қаҳрамони лирикӣ камтар мутаассир нагаштаанд. Қаҳрамони лирикӣ ба илтиҷо медарояд, ки қу наравад ва афсонаи ширин вайрон нашавад ва ин илтиҷои ӯ хеле ҳиссиётангез аст. Вале оҳанг ҳамин замон хомӯш мешавад ва қу бояд равад ва афсонаи қаҳрамон бояд нотамом монад. Ин лаҳзаҳои охирин ва рафтани қу то дергоҳ дар гӯши кас чун ҷарангосе, ки торафт паст шуда, охир хомӯш мешавад, боқӣ мемонад. Ба ин садои қофияи мисраъҳо «оҳанг» ва «чанг» созиш мекунад.
Нарав, эй лаҳзаи ширин!
Машав хомӯш, эй оҳанг,
Ки умри бебаҳоям меравад аз чанг.
Дар банди охир шоир боз аз қуи сафед илтиҷо мекунад, ки наравад, то афсонаи ширин вайрон нашавад. Ӯ дар зимни мафҳуми афсона ҳиссиёти пардапӯши худро ба қуи сафед, ки дар қалбу рӯҳаш мавҷ мезанад, пинҳон медорад ва аз ин кори худ ба андозае ба танг меояд, ки суханҳояш канда-канда садо медиҳанд. Дар охир ҳиссиёт бар ӯ ғалаба мекунад ва дар пардаи баланд якбора ба забон меояд ва шеър ҳам ба охир мерасад:
Нарав, ҷонам, ки васли мо
Дар ин афсона мемонад,
Зи ман баъди ту оташхона,
оташхона мемонад!
Дар бисёр шеърҳо, ба мисли «Суруди хайрбод»-и Лоиқ, «Санъати ҷонбозию ҳусни нисор»-и Ғаффор Мирзо ва «Хоби қаҳрамон»-и Муъмин Қаноат ҳиссиёти шоир бо ҳиссиёти қаҳрамони шеър ҷо - ҷо ба ҳам омезиш меёбанд, ки ин яке аз хусусиятҳои услубии ифодаи драматикист. Вале ин омезиши сухан ва ё дараматизми ҳиссиёт нишонаи зоҳирӣ надорад. Он дар ҳолати қаҳрамон ва андешаҳои ӯ, дар баҳои шоир ба ин ё он рафтори қаҳрамон зоҳир мешавад.
Дар шеъри М. Қаноат ибораҳо мухтасару нишонрас буда, ҳолатро бо як мухтасарӣ, вале динамикӣ ифода мекунанд. Аз як тараф, талаби лаҳза – ҷонфидо шудан ва аз тарафи дигар, ширинии зиндагӣ мисраъ ба мисраъ пуртаъсир тасвир карда мешавад. Муборизаи ин ду ҳиссиёт ба қуллаи олӣ мерасад, ифодаи он ҳам ба табу тоби дараматикӣ мешавад. Мисраъҳо ба ду қисмати мутазод ҷудо мешаванд:
Тангии фурсат ва ширинии ҷон,
Марги наздику ҳаёти ҷовидон,
Нафрати душман, умеди дӯстон –
Аз дилаш бигзашт ногаҳ барқсон.
Фишори драматизми ҳиссиёт рахнаи озодшавӣ меҷӯяд ва ба сурати руҷӯи қаҳрамон сар мезанад:
Хайр, эй ояндаи нодидаам,
Хайр, ишқи поки новарзидаам,
Ишқи яктое, ки дар тафсири ман
Аввалаш модар буд, охи(?)раш Ватан!
Дар банди охир, ки бо сари синаи худ ДЗОТ-и душманро пӯшидани қаҳрамон ҳикоя мешавад ва ӯ гӯё як лаҳза ба хоби сеҳрангез меравад, мазмуни асосии шеър ҷой дода шудааст. Дар онҳо оҳанги пештараи мисраъҳо дигаргун гашта, орому батамкинтар мешаванд. Хоби кӯтоҳи пешазмаргии қаҳрамон ҷамъбасти фарохи фалсафӣ мегирад ва ҷовидонии инсонеро, ки худро барои хушрӯзии мардум ва хушбахтии ояндагон қурбон кардааст, таъкид мекунад.
Баъди як сони(?)я гӯё хоб дид:
Рӯи ҳавлӣ об мезад модараш.
Ӯ даме дам дод ҷуфти говро,
Гирд мегардид аз шодӣ сараш.
Бар машомаш мезанад бӯи замин,
Бӯи райҳон, бӯи гулҳои баҳор,
Рафту рӯи сабзаи тар хоб кард,
Дар таги токе, канори ҷӯйбор.
Қаҳрамон гӯё бо тамоми вуҷудаш бо табиат меомезад, табиат ҳамеша зиндааст ва аз ин бармеояд, ки қаҳрамон ҳам ҷовидонист.
Муъмин Қаноат барои пурқувват кардани таъсири драматизм дар шеърҳои худ аз воситаҳои ташкили таркибии шеър ва ҳамчунин аз воситаҳои ташкили зоҳирии он, аз ҷумла, аз такрори овозҳо ва умуман аз ташкили овозии шеър низ ба хубӣ истифода мекунад.
Омезиши эҳсосот ва тафаккуроти шоир бо андешаю ҳиссиёти хонанда ҳам аз ҷиҳати забон ва ҳам аз лиҳози мундариҷа бояд сурат гирад. Ин дар ҳар ду ҳолат драматизми дохилии тасвиру ифодаро афзуда, ҳудуди сухани шоиронаро фарох ва пуртаъсиру ҳаррангтар менамояд.
Соли 1971
[1] Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик. Душанбе: Ирфон, 1670, с. 190.
[2] Ш. Ҳусейнзода. Баҳс ва андеша. Душанбе. Ирфон, 1964, саҳ. 171.
[3] Ю. Н. Тынянов. Проблемы стихотворного языка. «Сов. писатель», М., 1965, стр. 254.
[4] И. Фрадкин. Бертольд Брехт. Изд-во «Наука», М., 1965, стр. 230.
[5] М. Шукуров. Сухан аз лирика ва мазмуни ҳаётии он. Дар маҷмӯаи «Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик», саҳ. 204.