Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Мақолаҳо

  • Саҳифаи асосӣ
  • Мақолаҳо

МУХТАССОТИ ШЕЪРИ АНДЕШАҲОИ ОТИФӢ (Дар мисоли эҷодиёти Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Бозор Собир)

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
15 Май 2021
773

 Ҳамчунонки маълум аст, шеъри ғиноӣ асосан шеърест, ки андешаву эҳсосоти шахсиро бевосита ифода менамояд. Ин сифати шеъри ғиноӣ дар аксари асарҳои таҳқиқотӣ оид ба анвои адабӣ, масалан дар тадқиқоти олимони рус Г. Л.  Абрамович [1, 259], Ф. М. Головенченко [4, 260], Г. Н. Поспелов [11, 105] ва ҳамчунин тадқиқотчиёни тоҷик, Х. Отахонова [10, 335], С. Табаров [15, 306], Р. Ҳодизода [17] таъкид мешавад, ки ҳақ мебошад. Бо вуҷуди дурустии ин ақида он фарогири тамоми анвои шеъри ғиноӣ нест, зеро дар он ҷаҳони айнӣ (объективӣ), шайъӣ ҳам ҳузур дорад. Шоири ғиноӣ ҳам дорои имкони беохир аст ва гуногунтарин андешаву эҳсосот, таассуротро вобаста ба муҳтавои интихобнамудааш ифода карда метавонад, ки нақши замон ва зиндагии иҷтимоиро дар худ дорад. Ин гуна хусусият доштани лирикаро Л. И. Тимофеев воқеъбинона чунин қайд мекунад: «Он (лирика- А. Ҳ.), ҳамчун умуман кулли адабиёт, зиндагиро бо тамоми гуногуншаклияш инъикос менамояд…» [16, 352].

Муфассал: МУХТАССОТИ ШЕЪРИ АНДЕШАҲОИ ОТИФӢ (Дар мисоли эҷодиёти Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Бозор Собир)

МУХТАССОТИ ШЕЪРИ АНДЕШАҲОИ ОТИФИИ ТАСВИРӢ (Дар мисоли эҷодиёти Мирзо Турсунзода)

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
25 Апрел 2021
691

  Як навъи шеъри ғиноӣ, ки дар он андешаҳои отифии муфради ғиноӣ мақом дорад, навъест, ки андешаҳои отифӣ на фақат ба воситаҳои забонӣ баён мешаванд, балки дар баёни онҳо унсурҳои тасвир низ ширкат менамоянд. Ин навъ шеърро олими назарияи адабиёт Г. Н. Поспелов шеъри ғиноии тасвирӣ номида, хусусияти онро чунин нишон медиҳад, ки он: “...дар худ ҷаҳони хусусии ашёвии тасвирро инкишоф медиҳад, ки баъзан ғаниву гуногунранг мебошад” [5, 102].  Табиист, ки ин навъи шеъри ғиноӣ нисбат ба навъи холиси андешаҳои отифӣ бештар мебошад, зеро он аз тақозои хусусият ва тарзи идроки инсон аз олами ҳастӣ бармеояд. Инсон ҳангоми ифодаи олами ботинӣ, андешаҳои отифии худ ба олами хориҷ рўй меорад, ки ба он қиёс, монандӣ ё тасвире пайдо намуда, онро ҳар чӣ маҳсустар баён кунад. Дар натиҷа олами ботинии инсон, шуури ў бо олами хориҷ ба ҳам мерасанд ва ин олами хориҷ ба воситаи ҳодисаҳою воқеаҳо, муносибатҳои байниҳамдигарии инсонҳо ва шароите, ки дар он шоир низ ҳастии худро ба сар мебарад, ба ў таъсири муайяни худро мегузорад. Бинобар ҳамин шоир ҳангоми баёни андешаҳои отифиаш аз он таассурот ва тасаввуроте, ки аз муносибаташ ба ин олами ҳастӣ пайдо намудааст, истифода мекунад. Таассурот ва тасаввуроте, ки шоир аз бархўрдаш бо олами ҳастию ҳодис ҳосил мекунад, дар сурати тимсолҳои аёнӣ, шайъию малмус дар хотира ва шуури ў захира мешаванд.

Муфассал: МУХТАССОТИ ШЕЪРИ АНДЕШАҲОИ ОТИФИИ ТАСВИРӢ (Дар мисоли эҷодиёти Мирзо Турсунзода)

МУХТАССОТИ ТАВСИФУ ТАСВИР ДАР ШЕЪРИ ҚУТБӢ КИРОМ

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
25 Апрел 2021
977

   Ашъори нисбатан пухтаи тавсифию тасвирӣ ва манзаравӣ дар эҷодиёти Қутбӣ Киром аз маҷмуаи дуюми ў «Илҳом» (с. 1968) ба назар мерасад, ки шеърҳои «Хўшаҳо», «Анҷоми зимистон», «Шаби домодӣ» аз ҷумлаи онҳоянд. Дар маҷмуаҳои баъдинаи ў «Рези кўҳсор» (с. 1970) ва «Остони баланд» (с. 1972), ки аввали солҳои ҳафтод ба нашр расидаанд, низ шеърҳои тасвирии манзаравӣ, ба монанди «Моҷарои баҳор», «Дар назар» дар маҷмуаи аввал ва «Шаби Шамтуч» дар маҷмуаи дуюм ҷой доранд, ки бо эҳтимоли қавӣ дар солҳои шастум эҷод шудаанд. Ин ашъори  тавсифию тасвирӣ нишон медиҳанд, ки Қутбӣ Киром ба нигориши фаслҳои сол, махсусан баҳори табиат бештар майл дорад ва мекўшад, ки онро бо ҳамон ғалаёни ҳиссиёт, ки инсонро дар баҳор фаро мегирад, ба қалам орад.

Муфассал: МУХТАССОТИ ТАВСИФУ ТАСВИР ДАР ШЕЪРИ ҚУТБӢ КИРОМ

МАСЪАЛАҲОИ ТАДҚИҚИ ШЕЪРИ ҒИНОӢ

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
25 Апрел 2021
604

   Тадқиқи ташаккули мухтассоти анвои адабӣ – эпос, драма, лирика ва махсусан лирика, шеъри ғиноӣ, аз мураккабтарин масъалаҳои адабиётшиносист, ки дар марҳилаҳои охири инкишофи адабиёт бо сабаби ба ҳам даромехтани навъҳову жанрҳо боз ҳам мушкилтар шудааст. Барои иҷрои ин кор қаблан зарур аст, дасти кам, дар бораи он ки худ шеър чист, пайдоишаш чӣ гуна аст ва чӣ тавр ба ғиноию ҳамосӣ тақсимбандӣ гаштааст, мухтасаран маълумот дода шавад.

Муфассал: МАСЪАЛАҲОИ ТАДҚИҚИ ШЕЪРИ ҒИНОӢ

ОСОБЕННОСТИ МЕДИТАТИВНОЙ ПОЭЗИИ ФАРЗОНЫ 

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
25 Апрел 2021
624

 В статье рассматриваются лирические медитативные стихотворения Фарзоны, где личностные переживания, являющиеся результатом внутренней жизни поэта или других субъектов, имеют основополагающее значение в определении их разнообразных видов. 

 Лирические стихотворения, где личностные переживания, являющиеся результатом внутренней жизни поэта или других субъектов, имеют основополагающее значение в определении их вида, относятся к медитативной поэзии.  Лирический поэт для познания реальной действительности обращается к своему внутреннему миру и постигает его соответственно теми чувствами и раздумьями, которые возникли у него от соприкосновения с ней.  

Муфассал: ОСОБЕННОСТИ МЕДИТАТИВНОЙ ПОЭЗИИ ФАРЗОНЫ 

МАХСУСИЯТИ ШЕЪРИ ТАВСИФИЮ ТАСВИРИИ МӮЪМИН ҚАНОАТ     

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
25 Апрел 2021
1713

   Як шеъри муваффақонаи тавсифию тасвирӣ шоирро шиносонида, аз истеъдоди нигорандагии ӯ дақиқан хабар доданаш мумкин аст, зеро дар шоирӣ, ки яке аз ҳунарҳои каломии нафиса аст, ҳамеша нишон додан нисбат гуфтан волотар буда, бештар асар аз халлоқият дорад. Ҳамин гуна ҳолат дар солҳои панҷоҳум бо Мӯъмин Қаноат рух дод. Маълум аст, ки дар он замон шеъри муосири тоҷик бештар зеҳнӣ буда, ҳарфҳои ташвиқотию таблиғотии мафкуравӣ бар тасвири саҳнаҳои шоирона тасаллут дошт, ки эҷодиёти Мӯъмин Қаноат ҳам аз он бар канор набуд. Аммо боз ҳам ҳис мешуд, ин шоир аз ҳамон замон мекӯшид, ки тафаккуроту таассуроташро дар зимни шайъе, тасвире ироа карда, суханашро аз муҷаррадӣ раҳо бикунад. Бинобар дар ашъори ғиноии андешаҳои отифӣ, отифии тасвирии ӯ ҳузури шайъ, тавсифу тасвир аз аввал бештар ба назар мерасид. Ин хусусият, ки заминаи тасвири пурра ва мустақилро дар шеър омода месохт, шоирро ба эҷоди ашъори манзаравии комил расонд, ки шеърҳои «Пири гулфурӯшон» (с. 1959), «Обаки шӯх» (с. 1959), аз намунаҳои беҳтарини онҳо ҳастанд.

Муфассал: МАХСУСИЯТИ ШЕЪРИ ТАВСИФИЮ ТАСВИРИИ МӮЪМИН ҚАНОАТ     

Матлабҳои бештар...

  • ГУНОГУНРАНГИИ ШЕЪРИ ТАВСИФИЮ ТАСВИРИИ ЛОИҚ       
  • ШЕЪРИ АНДЕШАҲОИ ОТИФИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7

Саҳифаи 6 то 7

© Аскар Ҳаким 2025.