Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Мақолаҳо

  • Саҳифаи асосӣ
  • Мақолаҳо

Ҳарфи хеш аз даври хеш

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
905

Ман соли 1985 барои нашриёти «Советский писатель» дастнависи китоби мақолаҳои танқидиам «Навосозон» («Творцы созвучий»)-ро тайёр мекардам, ки дар мақолаҳои масъаланок ва чеҳраҳои адабии он дар бораи эҷодиёти Мирзо Турсунзода, Мирсаид Микршакар, Муъмин Қаноат, Аминҷон Шукӯҳӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром ва баъзеи дигарон сухан мерафт. Ҳангоми тайёр кардани дастнавис ман ба ҷои хотима ба он як мақола дар бораи онҳое навиштам, ки дар китоб аз эҷодиёташон камтар ва ё умуман сухан нарафта буд, вале бе таҳлили ашъори онҳо манзараи шеъри муосири тоҷик номукаммал менамуд. Инҳо шоирон Гулрухсор, Гулназар, Саидалӣ Маъур, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Зулфия Атоуллоева буданд. Ба наздикӣ қоғазҳои худро варақгардон карда, он мақоларо аз назар гузарондам ва ба хулоса омадам, ки ба хонандагони тоҷик пешниҳод кардани он, эҳтимол, беманфиат набошад. Асли ин мақола ба русӣ навишта шуда, аз ҷониби муаллиф ба тоҷикӣ баргардонида шудааст.

Муфассал: Ҳарфи хеш аз даври хеш

РАВАНДҲОИ ШЕЪР ВА ХУДОГОҲИИ ШОИР

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
1751

  Далели шоири иҷтимоӣ будан фақат дар мавзӯи иҷтимоӣ шеър гуфтан нест, балки шеъри иҷтимоъро гуфтан аст. Замонҳои тӯлонӣ дар шеър танҳо зикри мавзӯи иҷтимоъ буд, ки шеър надошт, яъне шоир ҳам надошт. Шеъри иҷтимоъро шоир мушаххасан дарк бояд кунад, ки дар он рӯҳи ӯ мавҷ занад, шахсияти ӯ акс андозад, дарди ӯ нола кунад. Агар ин тавр аст, онро наметавон бо ашъори шоири дигаре омехт, вале ашъоре, ки танҳо дар мавзӯи иҷтимоӣ ҳастанд ва нақши шахсияти шоирро надоранд, шоир ҳам надоранд. Шеър дардҳои офаринандаи худро бояд гӯяд ва танҳо ба шеваи ӯ гӯяд. Шоирӣ шеваи нотакрорист. Агар шоир аз дарду шодии худ сухан мегӯяд, бар ғаму шодии худ такя бояд кунад ва агар аз авзои каси дигаре мегӯяд, чунон ӯ бояд шавад, ки дар байни ӯ ва худ на фақат фосилае набинад, балки худ дарнаёбад, ки ӯ куҷосту худ куҷост. Ҳамчунон бо замон, зеро замон дар ӯст ва ӯ дар замон аст.

Муфассал: РАВАНДҲОИ ШЕЪР ВА ХУДОГОҲИИ ШОИР

ШЕЪРИ ЗАМОНӢ ВА ҶУСТУҶӮҲОИ МАЪНАВИЮ АХЛОҚӢ

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
1154

 Шеър кори дил аст. Дили солим ҳар дақиқа 70-80 маротиба мезанад. Аммо кори дили солим ҳам ба як тарз нест. Агар он ҳангоми осудагӣ дар як дақиқа чаҳор литр хунро кашида, бо даври калони гардиш ба рагҳо фиристад, дар ҳолати шадидтарини кораш метавонад дар як дақиқа чиҳил литр хунро ба рагҳо бифиристад. Асарҳое, ки аҳамияти калони маънавию ахлоқӣ доранд, маҳсули ҳамин гуна кори шадиди дил ҳастанд. Ва маҳз ҳамон асарҳо, ки барои онҳо дил бо ин қадар шиддат кор кардааст, дар рӯзгори маънавии мо мақоме дошта, зинда ва бо зиндагӣ буда метавонанд.

Муфассал: ШЕЪРИ ЗАМОНӢ ВА ҶУСТУҶӮҲОИ МАЪНАВИЮ АХЛОҚӢ

ТАЗОДҲОИ ФАРОВОНИИ ШЕЪР

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
735

 

  Аз аввал муаллиф дар ин қайдҳо мақсад дошт, ки дар бораи маҳсули эҷодии шоирони тоҷик дар панҷ соли охир, ки дар байни ду анҷумани адибон гузаштааст, ақидаҳояшро баён кунад.

  Аммо хусусияти масъалаҳое, ки мавқеи андеша шуданд, водор ба он кард, ки ҳудуди замонии қайдҳоро васеътар гирифта, ҳар вақт ба замонҳои гузаштаи дур ва наздик низ муроҷиат карда шавад.

Муфассал: ТАЗОДҲОИ ФАРОВОНИИ ШЕЪР

«ШОИРӢ КАСБ НЕ, ШОИРӢ – ҚИСМАТ»  

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
597

   Ҳар сол гузаронидани курс-конференсияи адибони ҷавон анъанаи хубест. Дар он адибони ҷавон дар Иттифоқи нависандагони республика ҷамъ омада бо адибони пуртаҷриба вомехӯранд, навиштаҳои худро бо эҷоди дигарон муқоиса мекунанд, бисёриҳо дар ин роҳ раҳнаварди ҳақиқӣ ва ё раҳгузар будани худро мефаҳманд. Раҳгузарҳо мегузаранд, раҳнавардони ҳақиқӣ мемонанд.

Муфассал: «ШОИРӢ КАСБ НЕ, ШОИРӢ – ҚИСМАТ»  

АЗ ҒАЗАЛ ТО ШЕЪРИ ОЗОД

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
2312

  Дар баҳси анъана ва навоварӣ, ки дар адабиётшиносии тоҷик дар солҳои 60 давом дошт, бештари мубоҳисачиён онро асосан аз масъалаи вазн, яъне арӯз иборат дониста, ибрози назар мекарданд. Масъалаи жанр як андоза аз назар дур монда, то ҳоло мавриди тадқиқи чуқуртаре қарор намегирад. Оид ба ин масъала танҳо дар баъзе маврид як-ду сухан гуфта мешаваду бас. Ҳол он ки масъалаи жанр дар шеъри муосири тоҷик бо вазн сахт пайваста аст ва ҳамин ки дар таркиби яке аз инҳо дигаргуние ба вуҷуд ояд он ба тағйироти соҳаи дигар ҳам сабаб мешавад.

Муфассал: АЗ ҒАЗАЛ ТО ШЕЪРИ ОЗОД
Тадқиқоти илмӣ

Матлабҳои бештар...

  • ТАҲАВВУЛИ АРӮЗ  
  • ВОЖА ВА ТАСВИР
  • ТИМСОЛИ ШЕЪР ВА ШОИР ДАР ШЕЪРИ ҒИНОӢ
  • Пайванди андешаву тасвир дар шеъри Лоиқ       
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7

Саҳифаи 4 то 7

© Аскар Ҳаким 2025.