Як навъи шеъри ғиноӣ, ки дар он андешаҳои отифии муфради ғиноӣ мақом дорад, навъест, ки андешаҳои отифӣ на фақат ба воситаҳои забонӣ баён мешаванд, балки дар баёни онҳо унсурҳои тасвир низ ширкат менамоянд. Ин навъ шеърро олими назарияи адабиёт Г. Н. Поспелов шеъри ғиноии тасвирӣ номида, хусусияти онро чунин нишон медиҳад, ки он: “...дар худ ҷаҳони хусусии ашёвии тасвирро инкишоф медиҳад, ки баъзан ғаниву гуногунранг мебошад” [5, 102].  Табиист, ки ин навъи шеъри ғиноӣ нисбат ба навъи холиси андешаҳои отифӣ бештар мебошад, зеро он аз тақозои хусусият ва тарзи идроки инсон аз олами ҳастӣ бармеояд. Инсон ҳангоми ифодаи олами ботинӣ, андешаҳои отифии худ ба олами хориҷ рўй меорад, ки ба он қиёс, монандӣ ё тасвире пайдо намуда, онро ҳар чӣ маҳсустар баён кунад. Дар натиҷа олами ботинии инсон, шуури ў бо олами хориҷ ба ҳам мерасанд ва ин олами хориҷ ба воситаи ҳодисаҳою воқеаҳо, муносибатҳои байниҳамдигарии инсонҳо ва шароите, ки дар он шоир низ ҳастии худро ба сар мебарад, ба ў таъсири муайяни худро мегузорад. Бинобар ҳамин шоир ҳангоми баёни андешаҳои отифиаш аз он таассурот ва тасаввуроте, ки аз муносибаташ ба ин олами ҳастӣ пайдо намудааст, истифода мекунад. Таассурот ва тасаввуроте, ки шоир аз бархўрдаш бо олами ҳастию ҳодис ҳосил мекунад, дар сурати тимсолҳои аёнӣ, шайъию малмус дар хотира ва шуури ў захира мешаванд.

  Бинобар ҳамин дар шеъри ғиноӣ ҳар қадар олами эҳсосоти фардии шоир мақоми муҳим дорад, ҳар қадар ирода ва нияти ў дар ифодаи ин ё он таассурот ва тасаввурот ба  мақоми бартар соҳиб бошад, ҳамон қадар ин ҳиссиёт ва марому мақсади ў номафҳуму бебунёд нестанд, зеро онҳо ҳамеша маҳсули муносибати ў бо олами хориҷ буда, бардошти ўро аз он баён менамоянд.  Ҳар ҳиссиёту таассуроте, ки шоири ғиноӣ ифода мекунад, дар зимн тасаввурот, андеша, шинохти ўро аз ҷаҳони ҳастӣ ба мо мерасонад. Бинобар тимсолҳое, ки ў аз олами хориҷ барои ифодаи ҳиссиёту таассурот ва андешаҳои отифии худ интихоб менамояд, аксаран моҳияти таъмимӣ пайдо мекунанд, зеро онҳо, хоҳ худогоҳ ва хоҳ нохудогоҳ, барои ифодаи манзуре интихоб шудаанд, ки нияти эҷодии шоир тақозо мекард. Масъалаи мураккаб дар ин ҷо муайян намудани меъёри ба ҳам даромехтагии эҳсосоту андешаи отифии эҷодкор ва олами ҳастӣ мебошад, ки аз он тимсолҳо гирифта мешаванд.  Дар ин бора ақидаи ҳунаршиноси немис Хорст Редекер қобили қайд мебошад, ки навиштааст: «Воқеият, пеш аз он ки тимсол шавад, аз олами эҷодкор бояд бигзарад», зеро ҷараёни зиндагии эҷодкор «унсури моҳиятноки муҳтавои асари бадеӣ» [7, 58] мебошад.

  Вақте ки тимсол аз олами бадеии эҷодкор мегузарад, барои инъикоси ғояи бадеъӣ қобил мешавад. Ҳамчунон ки маълум аст, андеша асосан номаҳсус, муҷаррад ва мантиқӣ сурат мегирад, дар ин ҳолат унсурҳои олами ашё, агар истифода шаванд ҳам, ифодакунандаи танҳо ашё буда, тимсол нестанд ва андеша ҳам бадеъӣ набуда, мантиқист. Чизе, ки андешаро бадеъӣ мекунад, отифат аст ва чизе, ки шайъро ба тимсол бадал месозад, нигоҳи бадеъии эҷодкор аст, ки ба он сифат бахшида, дақиқ менамояд ва дар айни ҳол барои ифодаи мазмуни фарохтар ва таъмимӣ омода мекунад.  Масалан, вақте ки «дарахт», «осмон», «рўд» гуфта мешавад, умуман дарахт, осмон, рўд дар назар аст, ки ҳеҷ гуна сифате надоранд ва барои расонидани ҳеҷ гуна ҳиссиёту таассуроте, ба ҷуз мафҳуми умумиашон, қобил нестанд, вале ҳангоме ки шоир ба онҳо сифат дода, ба тимсол табдил медиҳад, онҳо ифодакунандаи мафҳуми сабзиву шукуфоӣ, фарохиву баландӣ, ҷўшу хурўш шуданашон мумкин аст. Дар ин ҳолат «…аксаран мо ба воситаи тавсифи чизи аниқ ва фардӣ мекўшем, ки мафҳуми бузургу куллӣ, сифат ва ё ҳодисаи умумиро ифода намоем. Дар ин ҳолатҳо мо тимсолнок меандешем» [3, 15].

  Ҳамин тариқ, дар шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ андеша бо тасвир ба ҳам омада, андешаи бадеии тимсолиро ба вуҷуд меорад, ки мафҳуми умумиро ба воситаи шайъи алоҳида, яъне ҷудогонагӣ ифода менамояд. Ин хусусияти умумии шеър аст, аммо дараҷаи истифодаи он дар ҳар шоир ба меъёри истеъдоди бадеъии ў ҳар гуна мебошад. Шоир ҳар қадар мушоҳидакор аст, ҳамон қадар зуҳуроти ягона ва фардию нотакрорро амиқтар мебинад ва дар асоси таҷрибаи зиндагии воқеӣ ва эҷодиаш ба он хусусияти фарохтар ва таъмимитар медиҳад.  Шайъе, ки бо чашми тимсолсози шоир дида мешавад, аз олами андешаҳои отифӣ ва шуури фардии ў гузашта, ташаккулу тобиши дигар пайдо мекунад ва аз мафҳуми холиси шайъии худ фаротар рафта, хусусияти тозаи тимсолӣ, бадеъӣ ва имкони ба вуҷуд овардани таассуроти мусалсал (ассосиативӣ) -ро касб менамояд. Вале ба ҳар ҳол, дар шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ андешаи отифӣ бар тасвир бартарӣ дорад ва онро тобеи худ нигоҳ медорад, зеро дар ин гуна шеър мақоми шуур ва шахсияти шоир дар ҷои аввал аст. Аммо ба олами шайъ рўй оварда, аз унсурҳои он тимсол сохтани шоир имкони ўро дар ибрози андешаҳои отифиаш хеле фарох менамояд. Аз ин рў, навъи шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ нисбат ба шеъри танҳо андешаҳои отифӣ хеле зиёдтар мебошад, чунки ба олами ашё рўй овардан барои тасвиру ифодаи ҷаҳони ботину хориҷи муфради ғиноӣ имкони ба маротиб бештаре медиҳад.

  Дар ин навъи шеър ҳаёти ботинӣ, андешаҳои отифии шоир ба воситаи ҳар шахсияте, ки ифода шавад, хоҳ “ман” -и шоир, шахсияти ғиноӣ, муаллиф, ровӣ дар ҳама ҳолат мақоми муайянкунанда доранд, зеро онҳо аз муносибати ў бо оламу одам ва унсурҳои ҷаҳони ҳастӣ ба амал омадаанд. Ҳар қадар ҳаёти ботинӣ ва андешаҳои отифии шоир ғанитаранд, онҳо ҳамон қадар олами ашёро фароху дақиқ ва бо рангомезиҳои гуногунаш фаро гирифта, ҳақиқати бадеъии олами ў  ва тимсолҳои офаридаашро бештар ба назар муҷассам менамоянд. Дар шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ муфради ғиноӣ на фақат эҳсосот ва андешаҳои отифии худро баён медорад, балки ба олами хориҷ рўй оварда, аз он ашё, ҷузъиётеро интихоб намуда, барои ифодаи маҳсусу малмуси  эҳсосоту андешаи худ ба кор мебарад.  Ин ашё ва  ҷузъиёт заминаи воқеъии шеърро муҳайё намуда, тарҳи олами ҳастиеро, ки дар он муфради ғиноӣ эҳсосу андешаву зиндагӣ мекунад, ба вуҷуд меорад.

  Ашё, ҷузъиёти олами моддию маишӣ ва табиат, ки дар омезиш бо андешаҳои отифӣ мавриди тасвиру ифода қарор мегиранд, дар таркиби бадеъии ҳар шеър вобаста ба мақсаду мароми шоир ҳар дафъа таносуби гуногун доштанашон мумкин аст. Аммо ҳамеша дар назар бояд дошт, ки дар шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ андешаи отифӣ бар тасвир, ки ин ё он ашё ва ҷузъиёти олами моддию маишӣ ва ё табиатро фаро мегирад, бартарӣ дорад, зеро онҳо худ усулан мустақилият надошта, барои мукаммал ва возеҳу маҳсустар ифода кардани андеша ва эҳсосоту таассуроти муфради ғиноӣ истифода шудаанд. Онҳо ба сари худ тимсолҳои мустақил нестанд, балки ашё, ҷузъиёт, тарҳе, яъне воситаҳои ёрирасоне ҳастанд, ки барои амиқу ҳамаҷониба баён кардани мазмуни таассуроте, ки шеър дар атрофи он мечархад, ба кор рафтаанд.

  Дар ин ҷо бамаврид аст, қайд карда шавад, ки бо истифода аз анвои гуногуни сувари хаёл – маҷозу ташбеҳу истиораву кинояву ташхис ва монанди инҳо сухан гуфтану мақсуди худро баён намудани инсон аз давраҳои хеле қадим оғоз гаштааст, ки ҳанӯз ҳеҷ анвои адабиёти бадеъ шакл нагирифта буд. Ҳамчунон ки фарҳангшиноси маъруф Э. Тейлор қайд мекунад: “Шоири муосир то ҳол ҳам барои тасвиркорӣ аз маҷозҳое истифода мекунад, ки дар забони барбар барои ифодаи фикри ӯ мададгори ҳақиқӣ буданд” [8, 163], зеро ӯ худро ҳоло аз муҳити фарогирифтааш ҷудо тасаввур карда наметавонист ва аз маҷозҳое, ки “аз табиат гирифта шудаанд, на ба хотири баёни пурҳаяҷони шоирона, балки танҳо барои пайдо кардани суханҳои аз ҳама равшантар барои ифодаи афкори худ” [8, 163] истифода мекард. Бинобар ҳамин ҳам ҳар қадар ба давраи қадимтари адабиёт руҷуъ  шавад, сухан ҳамон қадар маҷозӣ ва саршори сувари хаёл аст, зеро ин гуна сухан гуфтанро худи ҳаёти мардуми ибтидоӣ тақозо мекард ва муносибати байни тафаккуру забон бисёр ҳам шоирона буд. Аз анвои сувари хаёл, ки ҳам дар тахайюлоти бадеъии инсони бостон, дар фаҳлавиёти ӯ вуҷуд дошт ва ҳам имрӯз дар адабиёти мактуб аз ҳама бештар мақом дорад, ташхис мебошад, ки дар шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ ҳам ба тарзи густарда истифода мешавад.

  Дар тасаввуроти инсони ҷамъиятҳои ибтидоӣ, ки бо табиат қарибтарин пайванди ҳастиро дошт, табиат ва ашёву ҳодисаҳои он зиндаву ҷондор ба шумор меомад. Ин гуна идроки ҳастӣ дар устураҳо, афсонаҳо, пасонтар дар китоби аввалини динии башар Авесто ва фаҳлавиёти мардум равшан падидор аст. Масалан, дар Авесто, дар дафтари дуюм, дар боби Ясна, дар Ҳотҳо, ки аз беҳтарин сурудаҳои шоиронаи башарист, аз ҷумла, дар Ҳоти 63 ба обҳову заминҳову гиёҳон бо чунин суханон муроҷиат ва ниёиш карда мешавад:

«Эй обҳо! Эй заминҳо! Эй гиёҳон! Эй Амшоспандон, шаҳриёрони неки хубкуниш!...

Эй ашаванон! Эй беҳтарин бахшандагон!

Ин бахшишро аз ҳамаи (шумо) изадон хосторам:…

  Он чӣ бузургтар аз ин аст, он чӣ беҳтар аз ин аст, он чӣ зеботар аз ин аст ва он чӣ арзишмандтар аз ин аст, маро арзонӣ доред, эй изадони ашаван!» [1, 185] Дар ин сурудаи беназири шоирона ҳамаи мавҷудоти ҳастӣ ҷондору зиндаанд ва барои шод зистани одам офарида шудаанд, онҳо на фақат бо одам дўстиву ёриву мададгорӣ доранд, балки байни ҳамдигар ҳам меҳру муҳаббат меварзанд. Зардушт ин меҳрубониро дар 6 Хуршед-яшт дар пораи 5 бо чунин суханони ҷовидона меситояду месарояд:

«Дўстиро меситоям: беҳтарин дўстиро, ки дар миёни Хуршеду Моҳ барпост» [1, 233]. ???

  Ин ниёишҳои пок бар мавҷудоти ташхисшуда бо ситоишҳои самимии ғиноӣ ва тасвирҳои то имрўз пуртаровату зинда ба ҳам меоянд, мисли ин ки дар Кардаи панҷум, 12 Рашн-яшт, дар пораи 23 ҳаст:

  «Эй Рашни ашаван!

  Агар ту бар фарози кўҳсорони дурахшону бисёрриштаи Албурз ҳам бошӣ, Албурзе, ки аз ситеғи он моҳ барнахезад – он ҷо, ки на шаб ҳасту на торикӣ, на боди сарду на боди гарм, на нохушии кушанда ва на олоиши девофарида – мо туро ба ёрӣ ҳамехонем» [1, 233].

  Бояд мусаллам бошад, ин гуна ниёишҳо, ки як навъи ифшои андеша ва розу ниёзи ғиноӣ мебошанд, дар фаҳлавиёти мардум аз аввал бо ашё ва тасвирҳои олами ҳастӣ ҳамроҳ меомаданд, ки аз рўи ҷаҳоншинохтии онҳо зиндаву ҷондор буда, ташхисонида мешуданд. Ин суннати деринаумр аст, ки дар зеҳни мардум решаи амиқу густарда рондааст ва аз ин рў мазмуну маънои ин гуна ашъор, ки дар онҳо ашёи олами ҳастӣ ташхисонида шуда, ба онҳо муроҷиати бевосита карда мешавад, зуд бар эҳсосоту андешаи инсон нуфуз мекунад. Ин усули ибрози андешаву эҳсосот ба воситаи ташхисонидани ҷуъиёти табиат, махсусан ба василаи муроҷиати бевосита, ки онро ба сурати ташхисиву ҷондор ба назар меорад, дар фаҳлавиёти мардум фаровон истифода мешавад. Дар суруду рубоиву дубайтиву байтҳои мардумӣ ба ашёи олами табиат, аз ҷумла ба дарахту мурғу парандаву дарёву кўҳу дашт ва монанди инҳо муроҷиат карда, яъне онҳоро ташхисонида, рўҳу равон бахшида, рози дил гуфтани шахсияти ғиноӣ як амри маъмулист. Масалан, дар ин рубоӣ:

Эй беди баланд, нукакот қуббаи нур,

Ман бай тура чӣ роӣ кунум, ёраки дур.

Не аспи даванд дорум, не хотири зур,

 Оҳ ай дили садпораю ҷавр ай раҳи дур [2, 70].

Ё дар суруди «Резабороне, меборӣ, бибор»:

 Резабороне, меборӣ, бибор,

Шави маҳтовай, дилбар ба канор,

Шом омадаям, намози шом омадаям,

Резабороне, меборӣ, бибор... [10, 207].

   Ин суннати ташхисонидани ашёву авзои табиат, ки ба зуҳуроти гуногуни он шахсият мебахшид, ба адабиёти мактуб интиқол ёфт, ки дар шеъри ҳазорсолаи тоҷик бо гуногунтарин шеваҳо рухнамоӣ мекунад. Он дар шеъри муосир ҳам корбурди фаровон дорад ва дар осори шоироне ҳам ба назар мерасад, ки сабки фардиашон бештар дар заминаи сабки шеъри классик то сабки фаҳлавиёти мардум шакл гирифтааст.

  Дар шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ, ки муфради ғиноӣ барои ибрози андешаву ҳиссиёту таассуроташ ба олами табиат ва ашёву ҳодис рўй оварда, онҳоро шахсият мебахшад, дар байни ҷараёнҳои ҳолати рўҳӣ ва ҳодисаву ҳастии олами хориҷ иртибот барқарор мекунад.  Дар нимаи дуюми қарни ХХ муфради ғиноӣ дар эҷодиёти М.  Турсунзода, А. Шукуҳӣ, Ғ. Мирзо ва дигарон ҳам дар ашъори андешаҳои отифии худтаҳлилӣ ва ҳам дар ашъоре, ки бо муроҷиат ба шайъи ташхисонида гуфта мешавад, сурат ва сирати худро намоён сохта, баробари хусусиятҳои иҷтимоии худ хислатҳои ботинӣ ва шахсиашро низ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Вале ин нукта чунин маъно надорад, ки ифодаи ҳиссиёти шахсии инсон, фитрат ва олами маънавии ў то ин солҳо тамоман сарфи назар мешуда, маҳз дар нимаи дуюми қарн ва дар эҷодиёти танҳо ҳамин шоирон ба назар мерасида бошад. Албатта, ин тавр нест. Дар ашъори ғиноии даҳсолаҳои пеш аз ин ҳам таассуроти рўҳии муфради ғиноӣ ба қалам меомад, аммо он аҳамиятеро, ки акнун дар шинохти инсон пайдо кард, қаблан надошт. Бинобар ин, агарчи дар эҷодиёти М. Турсунзода ва А. Шукўҳӣ намунаҳои хуби ифодаи ҳаёти фардӣ мавҷуд буд, аммо он дар баробари таассуроте, ки аз фаъолияти иҷтимоии шахс бардошта мешуд, дорои аҳамияти махсус ба назар намерасид, ҳол он ки ҳиссиёте, ки аз фаъолияти иҷтимоӣ пайдо мешавад, на ҳамеша дархури ҳастии таърихии инсон ва таассуроте, ки аз ҳаёти рўҳии шахс ба ҳосил меояд, на ҳамеша дар чорчўбаи зиндагии шахсии ў маҳдуд мемонад. Дар ин ҷо якеро бар дигаре афзалият надода, бар моҳият бояд нигарист ва аҳамияташонро муайян намуд.

  Ҳангоме ки шоир ба шайъе муроҷиат ва ё онро тасвир карда, андеша ва ё таассуроташро баён менамояд, барои шайъитар, маҳсустар, воқеитар гуфтани мазмун имконияти бештар пайдо мекунад. Дар ин услуб андеша ва ё таассуроти ў на фақат зикр, балки тасвир ҳам мешавад.  Шеъри андеша ва таассуроти тасвирӣ дар эҷодиёти М. Турсунзода дар баробари ибрози эҳсосоти самимиву фардӣ барои ташвиқи ғояҳои иҷтимоӣ ҳам моҳирона ба кор андохта мешавад.

  Муфради шеъри ў хоҳ шоир, хоҳ шахсияти ғиноӣ ва хоҳ ровӣ бошад, ба унсурҳои олами ҳастӣ, масалан, ба рўд, кўҳ, замин, дарахт ва монанди ин аҷзои табиат муроҷиат карда, ба онҳо рўҳ мебахшад, ташхис мекунад ва таассуроти худро аз номи онҳо ва ё ба воситаи онҳо ба забон оварда, мақсадашро дар либоси суханони мусаввар меорояд. Аз ин бармеояд, ки барои барҷаставу муаассир ва маҳсус ифода кардани муҳтавои шеър ташхисонидан, яъне ҷон ва шахсият бахшидан ба аносири олами ҳастӣ ва ашё яке аз воситаҳои маҳсулноки эҷоди бадеъӣ мебошад.

  Интихоби мавзуи муроҷиат мавқеъи ғоявию бадеъии шоирро намудор сохта, барои барҷастатар ифода шудани фикраш мадад мерасонад. Масалан, дар эҷодиёти М. Турсунзода дар чанд шеър, аз ҷумла «Рўди Ганг» (с. 1947), “Рўди кўҳӣ” (с. 1959), “Оби Душанбе” (с. 1963), “Таронаи рўд” (с. 1968), “Рўди ман” (с. 1971), ки дар онҳо рўд ташхисонида шудааст, шахси шоир бо руҷуъ ба рўд, таассуроташро баён мекунад, ки бесабаб нест, зеро рўд тимсоли ҳаракати ҳаёт, навшавии он буда, яке аз ғояҳои асосии ашъори ўро барҷаста ифода менамояд.

  Дар шеъри «Рўди ман» ташхисонидани рӯд дар мисраи аввал ҷой дошта, тасвираш ба воситаи муроҷиати шоир ба ҷо оварда мешавад. Маҳз рўдро ба маҳзари тасвир кашидани шоир ба ҳамон манзури ў, ки зиндагии халқу кишварашро ҳамеша дар ҷараёни пешравӣ мебинад, бастагӣ дорад. Ин худ далели ҳузури мафкура дар шеъри ғиноии андешаҳои тавсифию тасвирист, ки интихоби маҳз ҳамин манзараро амалӣ намудааст. Аммо ҳамин манзара метавонад дар шоири дигаре, ки мавқеъи дигари мафкуравӣ дорад, дигаргуна идрок шавад ва маънои тамоман мухталифро ифода кунад.  Дар ин ҳолат тасвири манзара дар шеъри ғиноии тасвирию тавсифӣ на танҳо хусусияти мавзуӣ, балки хусусияти масъалавӣ пайдо мекунад, ки дар асоси баррасии он чигунагии ҷаҳонбинии муаллиф муайян мешавад.

  Ҳоло шеъри «Рўди ман» - и Мирзо Турсунзода зери назар аст, ки дар он шоир аз аввал ба тасвири маҳзи рӯд напардохта, баръакс бо руҷуъ ба он андешаҳои шаҳрвандии худро иброз медорад, ки иллаташ бартарӣ доштани андешаву эҳсосоти иҷтимоияш мебошад. Шахсияти  ғиноӣ  аз рўд гила дорад, ки давру замон дигар ва «сарзаминат пурсамар» шуд, яъне ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил гашт, вале ту ҳоло ҳам ҳамон сон, ки будӣ, ҳастӣ. Дар ин шикваи меҳрубонона ғояи иҷтимоии шоир, ки пирўзиҳои даврони нави зиндагии кишварашро таъкид кунад, баён шудааст. Азбаски ин манзур на рўирост, балки ба воситаи гуфтугў бо рўд ба забон меояд, ба зеҳн ҳамчун таблиғот барнахўрда, табиӣ садо медиҳад: “Рўди ман олам дигар шуд, Ту ҳамон астӣ, ҳамон. // Сарзаминат пурсамар шуд, Ту ҳамон астӣ, ҳамон. // Даври ман даври ҳунар шуд, Ту ҳамон астӣ, ҳамон, // Дидаю дил пуршарар шуд, Ту ҳамон астӣ, ҳамон” [9, 149].

  Шоир барои он ки андешаҳои иҷтимоияшро аз ибтидо муассир баён созад, ба рўд муроҷиат карда, онро ҷондор меангорад ва бо он чун бо инсон гуфтугў мекунад. Ин воситаи услубӣ дар фаҳлавиёти халқ фаровон ба назар мерасад, Мирзо Турсунзода ҳам бар асари гароиши бисёр доштанаш ба ин адабиёт, аз он барои ифодаи барҷаставу дилчаспи манзури бадеъияш истифода мекунад. Танҳо баъд аз ин гуфтугўи меҳрубононаи худ бо рўд, ки бо ӯ заминаи ҳамдилиро мегузорад, ба нигориши он шуруъ менамояд, ки бештар ҷанбаи тавсифӣ дорад, то тасвирӣ:

Осмон дар синаи ту аксандозӣ кунад,

Бо ҷамоли ту ситора шўхиву бозӣ кунад,

Оламеро ҳусни ту аз хештан розӣ кунад,

Моҳи гардун дар дили шаб гарданафрозӣ кунад [9, 149].

   Шоир, аз як ҷиҳат, ба рўд барои “ҳамонасту ҳамон” монданаш нукта мегирифта бошад, аз ҷиҳати дигар, мафтунӣ ва муҳаббату ифтихорашро аз рўде, ки дар синаи он осмон аксандозӣ, ситора бо ҷамоли ў шўхию бозӣ ва моҳ дар дили ў гарданфарозӣ мекунад, баён намуда, онро бо суратҳои дилфиреб ба қалам кашида, бо ҳавои ишқу муҳаббат фаро мегирад. Дар ин шеър воситаҳои тасвир яке дигареро пайдарҳам инкишоф надода, балки пушти ҳам омада, пайваст мешаванд, масалан, сар ба сангҳо задан, чун уштури маст ҷавлон кардан, қатраҳоро ба кўҳ пош додани рўд олами ашёвии тасвирро ғанӣ ва манзараро ба назар манзур намуда, андешаю таассуроти шахсияти ғиноиро муассир ифода месозад.

   Тасвири рўд асосан дар банди сеюми шеър сурат мегирад, ки шоир онро дар давидану «сар ба сангон» ва ҳамчун «уштури маст» ҷавлон задан мебинад ва дар банди чаҳорум боз ба тавсифи лаҳзаҳои дар канори он хуш гузаронидани як дами зиндагӣ пардохта, дар банди панҷум ба тасвиру тавсифи рўд баргашта, оби онро «тезтар, бурротар…аз дами шамшер», «софтар аз оби чашми тифли бетақсир», «пурзиётар аз рухи хуршеди оламгир» ва «тундтар аз бод ҳам, аз бодпо нахчир ҳам» ба қалам медиҳад. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин сифатҳо рўд гўё аз пешравии зиндагӣ дар ақиб афтодааст, ки шоир чунин мегўяд:

Як назар кун, рўди ман, атрофи ту тағйир ёфт,

Аз дами ту дашти бирён чораву тадбир ёфт,  

Гарчи бепарво дили ман раҳ ба сўят дер ёфт,

Ҳарчи бошад ҳусни ту дар шеъри ман тасвир ёфт…[9, 150].

  Ҳамчунон ки ба назар мерасад, манзури шоир таҳсини пешрафти иҷтимоии зиндагӣ дар сарзаминаш аст, ки ҳатто рўдро ҳампои он намебинад, вале мисраи дуюми байт бо ин ғараз созиш надорад, зеро «аз дами ту дашти бирён чораву тадбир ёфт» чунин маъно медиҳад, ки рўд дар тадбири дашти бирён, яъне обшору қобили зиндагӣ кардани он ҳамдастӣ кардааст, пас дар пешрафту дигар шудани сарзамин ҳамроҳ будаасту саҳм доштааст.

  Дар ҳар шеър ташхисонидани шайъи мавриди тасвир ва ё суҳбат ба воситаҳои гуногуни забониву баёнӣ ва ифода ба иҷро расиданаш мумкин аст. Дар панҷ шеъре, ки болотар зикраш рафт, ба ҷуз шеъри «Оби Душанбе», дар чаҳортои он шайъи мавриди тасвир – рўд, ба воситаи «ту» -- ҷонишини шахсӣ, ки шоир ба онҳо муроҷиат мекунад, ташхисонида шудааст. Дар шеъри «Рўди ман» рўд ба тариқи муроҷиати рўёрўй – «ту ҳамон астӣ, ҳамон», яъне ба воситаи ҷонишини «ту» ва феъли замони ҳозира «ҳамон астӣ» ташхисонида шудааст, ки ҳангоми хондани шеър дар хонанда тасаввуроти суҳбати ҳаминзамонаи бевоситаро ба вуҷуд меоранд. Бешубҳа, таъсири ин шакли ташхис бештар мебошад, зеро хонанда худро рукни тарафи дигари суҳбат ҳис карда, алоқааш ба он бештар мегардад ва ноаёну беихтиёр ба ҷараёни таассурот ва андешаҳои шоир дода мешавад.  Бинобар ҳамин ғояи таблиғотии шеър, дар айни ҳол шеърҳое, ки мавриди назар ҳастанд, ҳамчун таблиғоте, ки аз ҷониби шахси дигар ба гўш нарасида, ки аксаран таблиғот ба хонанда хушоянд намебошад, балки монанди ҳарфҳое, ки худи хонанда мегўяд, қабул шуданашон мумкин аст.

  Шоир ва мутафаккири бузурги немис Иоҳан Волфҳан Ҳўте изҳор дошта буд, ки агар шоирро хуб шинохтанӣ бошед, ба ватани ў сафар кунед. Мақсадаш, бешубҳа, он буд, қайд кунад, ки дар эҷодиёти шоир на фақат хусусиятҳои миллӣ, суннатҳои адабию фарҳангии мардуми ватанаш, балки табиати он, ки дар оғўши он шахсияти эҷодии шоир шакл мегирад, инъикоси худро хоҳанд ёфт. Воқеан ҳам чунин аст. Вале, аз ҷиҳати дигар, агар шоир парвардаи асили хоку оби ватанаш бошад, табаиати он, ки заминаи рушду камоли шоир мебошад, бо ҳар роҳ дар осори ў арзи вуҷуд хоҳад кард ва аз рўи он ҳам, ҳам ватан ва ҳам шахсияти шоирро бештару хубтар шинохта мешавад. Ин фикр дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода ҳам тасдиқи худро пайдо мекунад. Ҷои тааҷҷуб нест, ки табиати кишварҳои гуногун бо вуҷуди аз ҳамдигар фарқҳо доштанашон ба ҳам шабоҳатҳо ҳам доранд. Махсусияти фардии осори шоирон бештар дар тасвир ва ифодаи ҳамин шабоҳатҳо зоҳир мешавад. Масалан, дар кишварҳои осиёӣ ва махсусан дар Осиёи Марказиву Қафқоз кўҳу кўҳсорон на фақат аксари масоҳати ин кишварҳоро ишғол кардаанд, балки дар сарзамини шеъру адабашон ҳам фарох доман густарда, сар ба осмонҳо судаанд.

  Дар ашъори Мирзо Турсунзода дигар аз унсури табиат, ки шахсияти ғиноии шеъраш ба он муроҷиат карда, таассуроти тасвириашро баён месозад, кўҳу кўҳистон аст, ки барои шоири тоҷик ҳеҷ аҷобате набояд дошта бошад, ҳадди ақал барои он ки шоири тоҷик чашм кушода кўҳро мебинад, зеро, ҳамчунон ки маълум аст, наваду се дар сади ин сарзаминро кўҳсор ташкил медиҳад. Ин маънӣ дар яке аз шеърҳои Мирзо Турсунзода «Суруди кўҳистон» (с. 1975) чунин баён карда шудааст:

 Ман, ки аз модар таваллуд гашта дидам кўҳро,

Меҳри дил бахшидаму бо ҷон харидам кўҳро [9, 163].

  Кўҳу куҳистон ҳамчун унсури тасвир ва ё ҳамчун мавзуъ, ки ба воситаи он шахсияти ғиноӣ андешаҳои отифии тасвириашро ифода мекунад, аз давраҳои аввали эҷодиёти Мирзо Турсунзода, масалан, дар шеърҳои «Ба кўҳсори тоҷик» (с. 1940), «Ба посбони ганҷинаҳо» (с. 1946), «Бадахшон» (с. 1947) ва дигарҳо ба назар мерасад. Вале ҳақиқат ин аст, шеърҳои хуби ў дар ин бора дар замони баркамолии шоир, дар нимаи дуюми садаи бист эҷод шудаанд, ки   шеърҳои «Дурахшон қуллаҳо» (с. 1959), «Инсон ва кўҳ» (с. 1967), «Суруди кўҳистон» (с. 1975) аз ҷумлаи онҳо буда, нигоҳи амиқтар, тасвири ҷондору таассуроти самимонатаре доранд ва ифодаи ин мавзуъро дар эҷодиёти ў пураҳмияттар менамоянд. 

 Комилан табиист, сохтори ашъоре, ки номашон дар боло зикр шуд, ба ҳамдигар фарқ дорад, яке бо тасвири бевоситаи кўҳ оғоз гашта, дигаре бо ҳикояти шахси шоир ва се дигар бо муроҷиати шахсияти ғиноӣ ба кўҳ, ва ҳамин тариқ усулҳои гуногун ба истифода рафтаанд, аммо дар онҳо як чиз умумист, ки ҳамаи кўҳҳо ташхисонида шудаанд.  Дар шеъри «Дурахшон қуллаҳо», ки аз сухан гуфтани шахсияти ғиноӣ бо рафиқ оғоз мешавад: “Дар миёни кўҳсоронам рафиқ! // Дар баландӣ ошён монам рафиқ!”[9, 105] дар байти ҳаштум ва нуҳум шоир ба тариқи  ҳикоят кўҳро ташхис карда мегўяд: “Бишнавам аз кўҳ то акси садо, // Гўядам, шояд, ки «--Фарзандам, биё! // Андаке мавзуъро тағйир кун, // Ин бузургии маро тасвир кун” [9, 105]. Дар шеърҳои дигар ҳам ба тарзу тариқи гуногун кўҳҳо ташхисонида, ба онҳо сифати одамӣ дода мешавад.

  Аз аксаран ташхисонидани аносири табиат, дар айни ҳол кўҳ бармеояд, ки ин василаи санъати маъноӣ барои гармтару самимитар ва маҳсусу тасаввуршавандатар ифода намудани андешаҳои отифии тасвирӣ мадад мекунад. Дар ашъори ғиноии андешаҳои отифии тасвирии Мирзо Турсунзода дар баробари рўду кўҳ, ҳамчунон ки дида шуд, боз аносири дигари олами табиат, аз ҷумла уқобу дарахту мурғи саҳар ва монанди инҳо ҷой доранд, ки ҳар яке ба манзури муайяни адабию бадеӣ ба кор рафта, заминаи шайъии осори ўро пурбортар кардаанд. Ба ғайр аз ин, дар олами шеър боз ашёе ҳастанд, ки маҳсули дасти одаманд, онҳо низ барои тасвирдору ашёвӣ баён намудани андешаҳои отифӣ истифода карда мешаванд, ки дар ашъори Мирзо Турсунзода ҳам маъмуланд. Масалан, қалам дар шеъри ҳамноми «Қалам» (с. 1975), ки ташхисонида шудааст ва дар он шахсияти ғиноӣ худро пинҳон дошта, ҳамчун шахси сеюм розу ниёзи қаламро бозгў мекунад, ки он бешубҳа ба шахсияти ғиноӣ ҳам тааллуқ мегирад: “Қалам гўяд, ки асбоби шарифам, // Ба ҳар дасти зарифе ман зарифам…// Қалам гўяд, ки инсонро яроқам, // Яроқи иттифоқам ҳам нифоқам” [9, 157]. Ба ҳамин минвол, қалам розу ниёзи худро давом дода, таъкид бар он дорад, ки   агар ба «дасти ҳақшиносон» афтад хизмат ба инсон мекунад ва агар ба «дасти нохалаф» афтад, ҷабр бар инсон ва ҷаҳонро чун зиндон торик намуданаш мумкин аст. Ҳамчунон ки ба назар мерасад, дар ин шеър ҳам қалам ташхисонида шуда, сухан мегўяд ва назари шахсияти ғиноии шеърро баён месозад, ки асосан маънои ахлоқиву иҷтимоӣ дорад.

  Дар нимаи дуюми аср бештар чунин хусусият пайдо кардани ашъори Мирзо Турсунзодаро Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ қайд карда, чунин навиштааст: «Дар ин давра (солҳои 1960-70 А. Ҳ.) майле ба сўи ҷамъбасти бадеии фалсафӣ то андозае ранги панду ҳикмати классикиро гирифт. Баъзе хусусиятҳои андарзу ҳикмат дар шеъри Турсунзода ба даҳаи шастум қувват гирифт ва дар шеърҳои «Шоиро!» (1962), «Ошёни баланд» (1968), «Қалам» (1975), «Дўстонро гум макун» (1975) ва монанди инҳо дида мешавад. Меҳри андарзу ҳикмат шеъри Турсунзодаро ба усули ҷамъбандии классикии воқеъияти иҷтимоӣ наздик бурд. Ба ин тариқ Турсунзода дар охири умр аз сиёсатгароӣ ба сари арзишҳои ҳамагонии башарӣ омад» [11, 422-23].

   Ҳамчунон ки ба назар расид, сухани панду насиҳат ҳам, агар он бо усули бо муроҷиат ба шайъ, яъне объект сухан гуфтани шахсияти ғиноӣ дар ашъори андешаҳои отифии тасвирӣ ба кор бурда шавад, барои амиқбурди дарёфти фалсафии зиндагӣ ва ҷамъбастҳои фарохи воқеияти иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

   Назари Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири ғиноии иҷтимоӣ бештар ба олами ҳодисаҳои бурунист ва аз ин рў дар сабкаш ҳам назари бурунгаро мавқеи муҳим дорад, ки аксаран бо муроҷиат ба мухотаб ва ё аз забони шайъи мавриди тасвир гуфта шудани ашъораш ҳам ин қазияро собит мекунад.

  Воқеист, ки ин усули бадеӣ - муроҷиат ба олами хориҷ, ба шеъри ғиноӣ суратҳои ҳамосиро ворид карда, имкони онро дар фаро гирифтани ҳодисоти ҷаҳони мавҷуд меафзояд. Агар шоир бо ҷараёни ҳаёти ҷомеа меравад, шахсияти ғиноӣ ба идеали инсони замон, ки таҷассуми таълимоти ғоявӣ ва муносибатҳои сиёсию иҷтимоист, қаробати наздик пайдо мекунад. Вале сурати инсони ормонӣ сурати ҳамон гуна инсонест, ки хислатҳои ба талаботи ғоявии замон ҷавобгўи он барҷаста, бузург, пурранг нишон дода шуда, аз сифати дигаре, ки ба ин дархостҳо созгор набошад, сарфи назар карда мешавад. Адабиёти асил ва махсусан шеъри ғиноӣ бо сурати қаблан фармудаи инсон табиатан мухолиф аст ва аз ин рў наметавонад, бикўшад, ки онро дар худ муҷассам бикунад. Симои инсони адабиёт дар ҳар асар вобаста ба мавзую мундариҷае, ки дорад, нав, бесобиқа, махсуси замон ва макон, парваридаи шароити хоси таърихию табиӣ ва қареҳаи эҷодкори худ бояд офарида шавад.

   Яке аз сабабҳои асосии марғубию маҳбубии шахсияти ғиноии Мирзо Турсунзода дар он аст, ки ў бо вуҷуди тарғибгари ғояҳои сиёсию иҷтимоӣ буданаш моҳияти инсони воқеӣ, ҳассос, самимӣ, ҳамдард, ошиқпеша, меҳрубон, хулоса, беҳтарин хислатҳои инсонияшро ҳамеша бо худ дорад. Шахсияти ғиноии ў бетакаллуф, дилнишин сўҳбат карда, масъалаҳои бузурги ахлоқӣ, сиёсию иҷтимоиро бе таъкиди махсус, балки ҳамчун як ҷузви рўзгори худ самимона ба забон меорад.

   Мирзо Турсунзода аз ин усул дар шеърҳои ошиқонааш ҳам бомаҳорат истифода карда, ба афкори шаҳрвандияш самимияти ошиқона мебахшад, ки шеъри “Ҳамин кофист?” намунаи хуби ин гуна омезиш аст. Дар ин шеър дар ифшои рози шахсияти ғиноӣ, ки бо муроҷиат ба маҳбуби дилаш мекунад, на фақат ҳиссиёт, ангезаҳои рўҳии фард, балки изҳори фаъолияти шаҳрвандӣ, ҳамчун муборизаю озодихоҳӣ, аҳамияти муҳим дорад. Таваҷҷуҳи шахсияти ғиноӣ ба ҷаҳони худ, ба зуҳуроти олами ошиқонаи худ бошад ҳам, масъалаҳои бузурги умумиҷаҳонӣ аз он барканор намемонанд, дақиқтараш, онҳо аз дидгоҳи олами ошиқона ба тасвир меоянд, ки дар натиҷа ҳангоми ифодаи гаронбаҳотарин, фардитарин ҳиссиёти худ ҳам “шоир, - ба қавли Максим Горкий, - акси садои ҷаҳон аст”. Шахсияти ғиноӣ, ки дар мисраъи аввал “Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист?”, гўён ба маҳбуба изҳори ишқ мекунад, дар мисраъҳои баъд ин иқрори куллиро ба воҳидҳои наҳвӣ тақсим карда, алоҳида-алоҳида, бо таъкид ба забон меорад, ки таъсирашро дучандон меафзояд:

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист?

Фидои як каломат, як саломат ман, ҳамин кофист?

Навиштам, пахш кардам мўҳр, мондам даст бегуфтор,

Ҳаётамро, мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист? [9, 117]

  Тимсоли ғуломи суннатӣ, ошиқ, ки дар шеъри ҳазорсолаи мо офарида шудааст, дар банди дуюм баногоҳ дигаргун мешавад, он ғуломе мешавад, ки шўру исён мехоҳад, озодӣ мехоҳад, аз худ сифатҳое зоҳир мекунад, ки хоси инсони шаҳрванд, инсони ҳуқуқшинохтааст. Азбаски шоир Мирзо Турсунзода дар зеҳни ҳамзамонон чун муборизи роҳи озодӣ ҷой гирифта буд, ин гуна сифат гирифтани ғулом, ки барои озодиаш мубориза мекунад, ба шахсияти ғиноии шеъри ў номуносиб ба назар намерасад. Донистани таҷрибаи зиндагии шоир барои дарёфти комили шеър мадад карда, муҳтаворо муҳимтар ба назар ҷилва медиҳад.

                   

Ту донӣ, феълу атвори ғуломон шўру исён аст,

Шикастан, пора кардан кундаву занҷири зиндон аст.

Чу рўди кўҳ ҷўшида, хурўшида бурун рафтан

Зи қаъри тангно омоли озодипарастон аст [9, 117].

  Дар ду банди баъдина шахсияти ғиноӣ ба маҳбуба ғуломи ошиқ будан ва на фақат шўру исён накардан, балки аз ў дур нашудан ва дигар рафтори худро, ки ҳама муҳаббати беназир ва дар вафо обу адо шудани дили ўро собит мекунанд, баён намуда, ибтидои худро ба номи ў вобаста медонад:

                    Агарчи ибтидои ошиқон дар ишқ ҳар ранг аст,

                    Вале бо номи ту ман ибтидо кардам, ҳамин кофист? [9, 117]

  Шахсияти ғиноӣ дар ашъори ошиқонаи М. Турсунзода иҷтимоан фаъол аст, вале ошиқи нозукхаёлест, ки аз ҷудоии маҳбуба маҳзун мешавад ва онро, ҳамчунон ки дар шеъри “Ситора наздик” аст, бо лаҳни дилнишине бозгў мекунад. Дар ин шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ, ки розу ниёзи шахсияти ғиноӣ дар атрофи маҳбубаи монанди ситора дурахшон, валекин дур мечархад, аносири олами ҳастӣ, аз ҷумла кўҳ, қулла, бом, маҳ, осмон, рўд, кабк ҳузур доранд, ки ҳар яке аз ин ё он ҷиҳат барои шайъию мусаввар ва маҳсус баён намудани таассуроти ошиқонаи ғиноӣ истифода шудаанд.  Аксари ин аносири олами ҳастӣ аз олами шеъранд, на ба маънои он ки ба қолаб даромадаанд, балки ба он маъно, ки ба рангу равған ва тобишҳои гуногун, бисёр ба кор рафта, дар матни шеър бегонагӣ намекунанд, яъне истифодаи онҳо дар шеър ба суннат даромадааст. Аммо дар осори Мирзо Турсунзода ашёе ҳам ҳастанд, ки ба шеър бори аввал ворид нашуда бошанд ҳам, яке аз аввалин бор воридшудагон мебошанд. Масалан, пошна. Ин шайъро муаллифи ин мақола дар шеъри муосир аввал дар шеъри «Аз ҳазл то муҳаббат» (с. 1965) -и Ғаффор Мирзо дар ин банд дида буд: “Чашм бипўшида ба амри ризо, // Рўй ба пеши назарам дошта, // Пошнаи қолиби ҷон – кафшро // Як сараки мўй бубардошта” [4, 121]. Дар ин шеър пошна ҳамчун шайъе, ки ба кафши дилбар тааллуқ дорад, мувофиқи ниёзи шоир танҳо зикр шудаасту бас, зеро мавзуи шеър дар атрофи чизи дигаре мечархад, аммо дар шеъри «Садои пошна» (с. 1967) - и Мирзо Турсунзода он дар маркази ҳодиса ва таассуроти ғиноӣ қарор гирифтааст.  Пошна, як шайъи оддӣ, дар суннати шеъри ошиқонаи тоҷикию форсӣ на чандон маъмул мебошад, ки дар ин шеър киноя аз маҳбуба гашта, садои он барои эҷоди шароити ғиноӣ ва ифодаи эҳсосоти ошиқона хидмат кардааст. Бо вуҷуди як чизи моддии аз ҷузъи пойафзол ва дар шеъри тоҷикӣ ғайрисуннатӣ будани пошна, ки дар меҳвари шеър ҷой дорад, сабки сухани шоир хаёлпардозонаву суннатист, зеро киноя аз маҳбуба гаштааст. Ин сифат дар саросари шеър вуҷуд дорад, ки банди аввали он намуна мебошад:

Дар хиёбон чун ба гўш омад садои пошна,

Дил ба рақсидан даромад дар ҳавои пошна.

По ниҳодам беҳушона бо нидои пошна,

 Нақши поро дидаму тасдиқ кардам, ки туӣ [9, 129].

  Чунон ки дар ин банд бо шунидани як садои пошна дили шахсияти ғиноӣ ба рақсидан медарояду ў беҳушона ба қадаммонӣ сар мекунад, дар бандҳои дигар ҳам аз қадаммонии маҳбуба на фақат шаҳр, балки соҳили дарёву кўлу наҳр ва ҳатто даҳр гул-гул мешукуфад, ки ин ҳама бо иғроқҳои ошиқона сухан гуфтан аз суннати ҳазорсолаи шеъри тоҷикию форсист. Бинобар ин ҳарчанд дар ин шеър шайъи тоза ворид шуда, кинояи наве сохтааст, аммо баёни эҳсосоту таассуроти шахсияти ғиноӣ ба тариқи суннатӣ сурат гирифтааст.

  Ҳамин тариқ, дар ашъори Мирзо Турсунзода ҳодисаву воқеъаҳои рўзмарраи зиндагӣ, ашёи маишат бемамониат ворид гашта, барои воқеъитар шудани андешаҳои отифии шахсияти ғиноӣ ва пурбору шайъитар шудани заминаи тасвирии шеър мадад мерасонад.  Аксари шеърҳои М. Турсунзода маҳсули ангезиши ҳиссиёт аз ягон воқеа, шайъ ва ё ҳолати рўҳии ў буда, нуқтаи оғози муайян доранд, ки шеърҳои “Ҳалқаи заррин” (с. 1952), “Гарди роҳ” (с. 1965), “Ватан” (с. 1965) аз ҷумлаи онҳоянд. Аз ин рў мутаносибии вазъи шахсияти ғиноӣ бо воқеияте, ки ўро фаро мегирад, на аз рўи нақшаи пешакӣ, балки ҳар дафъа бо тарзи хос, бо нишон додани чигунагии ин муносибат ба даст меояд, ки аломати табиӣ ва ба тақозои ҳол гуфта шудани шеър мебошад.

  Ҳамин тавр, агар шахсияти ғиноӣ дар ашъори шуарои гуногун дар натиҷаи майлҳои ягонаи ғиноиву иҷтимоӣ чеҳраҳои монанд пайдо кунад, дар асари хусусиятҳои фардии эҷодӣ тарҳҳоеро аён менамояд, ки аз якдигар тафовут ҳам дорад. Дар ҳамаи ин зуҳуроти ботин ва зоҳири шахсияти шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ нақш ва мақоми ашё ва тасвир бузург аст, зеро худи асл, навъи шеъри ғиноӣ бар мабнои андешаву таассурот ва ашёву тасвир қарор дорад. Аз ин рў, ҳар дуи ин масъала – дигаргунии назар бар шахсияти шеър ба дигаргунии назар бар олами ашё, ки асоси тасвир аст, дигаргунии нигоҳ бар олами ашё ба дигаргунии нигоҳ бар олами шахсият, ки мабнои эҳсосоту андеша аст, мерасонад.

Аскар Ҳакимов

Институти забон,адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ

         

 Китобнома 

  1. Авесто. Куҳантарин сурудҳо ва матнҳои эронӣ. Гузориш ва пажўҳиши Ҷалили Дўстхоҳ. -Душанбе, 2001.                                         
  1. Баёзи фольклори тоҷик. Иборат аз шаш ҷилд. Ҷилди 1. Рубоӣ, Байт. -Душанбе: Ирфон, 1985.
  2. Костин В. Что такое художественный образ. -М.: Советский художник, 1962.
  3. Мирзо, Ғаффор. Сесаду шасту шаш паҳлу.Китоби сейўм. -Душанбе, Ирфон,1968.
  4. Поспелов Г. Н. Лирика. Среди литературных родов. -М.: МГУ, 1976.
  5. Редекер, Хорст. Отражение и действие. Диалектика реализма в художественном творчестве. -М.: Прогресс, 1971.               
  1. Тейлор Э. Первобытная культура. -М., 1939.
  2. Турсунзода, Мирзо. Ҳамеша бо Ватан. -Душанбе: Адиб, 2001.
  3. Фолклори Кўлоб. Қисми 1. –Душанбе: Деваштиҷ, 2007.
  4. Шакурии Бухороӣ, Муҳаммадҷон. Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист. -Душанбе, 2006.