Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ашъори нисбатан пухтаи тавсифию тасвирӣ ва манзаравӣ дар эҷодиёти Қутбӣ Киром аз маҷмуаи дуюми ў «Илҳом» (с. 1968) ба назар мерасад, ки шеърҳои «Хўшаҳо», «Анҷоми зимистон», «Шаби домодӣ» аз ҷумлаи онҳоянд. Дар маҷмуаҳои баъдинаи ў «Рези кўҳсор» (с. 1970) ва «Остони баланд» (с. 1972), ки аввали солҳои ҳафтод ба нашр расидаанд, низ шеърҳои тасвирии манзаравӣ, ба монанди «Моҷарои баҳор», «Дар назар» дар маҷмуаи аввал ва «Шаби Шамтуч» дар маҷмуаи дуюм ҷой доранд, ки бо эҳтимоли қавӣ дар солҳои шастум эҷод шудаанд. Ин ашъори тавсифию тасвирӣ нишон медиҳанд, ки Қутбӣ Киром ба нигориши фаслҳои сол, махсусан баҳори табиат бештар майл дорад ва мекўшад, ки онро бо ҳамон ғалаёни ҳиссиёт, ки инсонро дар баҳор фаро мегирад, ба қалам орад.
Ғалаёни ҳиссиёт дар ҳар навъи шеъри тавсифию тасвирии Қутбӣ Киром, шеър хоҳ бо ширкати шахсияти ғиноӣ ва ё хоҳ бидуни он бошад, эҳсос карда мешавад, зеро ғалаёни ҳиссиёт дар сиришти шахси шоир вуҷуд дорад, ки дар ҳама ҳолат берун мезанад. Ғалаёни ҳиссиёт дар шеъри тавсифию тасвирӣ бо роҳҳои гуногун ифода шуданаш мумкин аст. Он ба воситаи тасвири ҳаракат дар ҳолати тасвиршаванда ва ё ба воситаҳои забониву баёнӣ, яъне истифодаи ташбеҳу истиораву сифатҳое, ки пуррангу равған ва табу тобдор ҳастанд, ба даст оварда мешавад. Зуҳури ин сифат дар шеъри «Анҷоми зимистон», ки яке аз нахустин шеърҳои тавсифию тасвирии Қутбӣ Киром аст, ҳарчанд сахт дурахшон набошад ҳам, ба мушоҳида меояд:
Кўҳҳо имрўз домоданд бар сарҳо лачак,
Сабз гашту панҷа зад хори ғурур.
Мурғҳо озод гаштанд аз кушо-пўши катак,
Шуд зи хилватгоҳи худ берун суғур [2, 56].
Дар ин ду банд тавсифу тасвир бо ҳаракат ва баёни эҳсосот ҳамроҳ меояд, сабз гаштану панҷа задани хор, озод шудани мурғон, кушо-пўши катак, аз хилватгоҳи худ берун рафтани суғур, ҳамчунон ки дида мешавад, ҳама ҳаракатанд, ки тасвир гашта, аз ғалаёни эҳсосот ҳам асар доранд. Вале ин ғалаёни эҳсосот ба воситаҳои забониву баёнӣ, аз ҷумла, дар ташбеҳи кўҳ ба домоди ба сар лачак баста, таъбирҳои хори ғурур, мўрҳои гушна, харидорони ҳусни бебадал, сандуқи атторӣ бештар ифода шудаанд. Баҳор дар ашъори тавсифию тасвирии Қутбӣ Киром на танҳо оғози соли нав, рафтани зимистону об шудани барфҳою дамидани сабзаҳо, балки ҳаммаънои ҷавонию ишқу муҳаббат ҳам ҳаст:
Духтари ҳамсояи мо ин саҳар бори нахуст
Тукмаи чоки гиребон боз кард.
Печ хўрда, тоб хўрда аз дили нав-ошиқе
Байтҳои аввалин парвоз кард [2, 56].
Дар ашъори тавсифию тасвирии баҳорӣ таваҷҷуҳи Қутбӣ Киром бештар ба субҳу шом аст. Ин ҳар ду ҳангом ҳам барои ў ҳангоми зуҳури эҳсосоти ошиқона аст. Агар дар ин шеър «саҳар бори нахуст» «духтари ҳамсоя» «тукмаи чоки гиребон» боз кунад, ки маҳалли дилдодагии ошиқон аст ва «аз дили нав-ошиқе» «байтҳои аввалин» ҳам ба «парвоз» оянд, дар шеъри дигари ў ёр «бўи гулу бўи саҳар мекунад», ки далели ҳаммаъноии баҳору ёру ишқ дар шеърҳои манзаравии баҳории Қутбӣ Киром аст. Ҳамчунин шаб ҳам, ки бештар розноку хаёлангез ва пардадори асрори ошиқон аст, аз ин дидгоҳ ба тасвир меояд. Бад-ин ваҷҳ дар шеъри «Бўи бунафша мекунад» чунин мегўяд:
Шаб буду мурғи шаб буду маҳтобу кўҳсор,
Ман будаму хаёли туву савти обшор.
…Бо ёди ту ниҳода лабам бар лаби суман,
Себарга дар барам буду болишт настаран [2, 133].
Қутбӣ Киром дар тавсифу тасвири манзараҳои баҳори табиат шеърҳое дорад, ки ҳар пораи онҳо нигориши як ҳолати мушаххас буда, дар маҷмуъ манзараи умумии баҳорро пеши назар меоранд. Аз ин ҷиҳат шеъри «Моҷарои баҳор» ҷолиби диққат аст, зеро ҳар қисмати он як лаҳза ва манзараи баҳорро таҷассум мекунад, ки дар он эҳсосот ва таассуроти отифӣ аввалу охир дошта, суҷаи ғиноӣ ҳам вобаста ба ифодаи онҳо сурат мегирад. Аммо ҳар пора, ки дар он як лаҳзаи мушаххас тасвир шудааст, барои гузариш ба тасвири ҳолати нав замина гузошта, онро пурратар менамояд ва ҳама дар якҷоягӣ шеъри яклухтеро ташкил медиҳанд. Дар охири ҳар пора шоир аз он хулосаи зарурӣ мегирад. Аз кулли шеър манзарае пеши назар ҷилвагар мегардад, ки вусъату гунҷоиши зарурӣ барои нишон додани намои умумии баҳор дошта, эҳсосоту таассуротеро, ки як манзараи комили баҳор дар дили инсон бедор карданаш мумкин аст, ифода менамояд: «Барқе ба пайкари само // Теғе заду гурехт, // Аз дидаҳои осмон // Ашки сафед рехт, // Аз ашки осмон // Рў шуста марғзор, // Хандида хокдон, // Шуд ғарқаи баҳор. // Ман дидам аввали баду // Хубии сониро» [1, 111].
Ин пораи нахусти шеър аст, ки дар он шоир аз воситаҳои сувари хаёл ҳамчун ташхиси барқу само, ташбеҳи борон ба ашки сафед, тибоқи аввалу сонӣ ва хубу бад истифода карда, як манзараи пурҳаракати баҳорро тасвир менамояд ва дар охир аз он «Ман дидам аввали баду // Хубии сониро» гўён, андешаи хулосавии худро баён мекунад. Ин шеър аз ҳамин гуна панҷ манзараи гуногуни баҳор ба ҳам омадааст, ки дар ҳар пораи он воқеъияти ашёвии гуногуни олами ҳастӣ ба тасвир омада бошад ҳам, ҳикояти ягонаи ғиноӣ аз манзараи баҳор ва таассуроти отифии шоир аст. Дар он барои нигориши фасли баҳор ташбеҳу тавсифҳои тару тозае истифода шудаанд, ки зодаи тахайюлоти бадеъии шоир маҳз аз ҳамон муҳитанд. Масалан, ғунчаи раъноро, ки кушода мешавад, ба чашми боз монанд кардан ва ба нахли навбар додани сифати арғуштравӣ ва ба бед парешонмўӣ, ки дар айни ҳол онҳоро ташхис ҳам мекунад, аз тозакориҳои шоиронаанд: «Чашмони бози ғунчаи // Раънои тозарўй, // Арғушти нахли навбару // Беди парешмўй» [1, 111].
Ҳамин тариқ, Қутбӣ Киром дар ин шеър мекўшад, ки ба воситаҳои бадеъии тасвир эҳсосоти худро, ки аз вуруди баҳор ба олами табиат дар ў ғалаён мекунад, бо шўру шааф ва табу тоби баланд баён намояд. Дар баробари ин барои амалӣ кардани ин манзур шоир аз воситаҳои фаннии шеър, масалан, аз шикастани мисраъҳо низ суд меҷўяд, ки дар баъзе ҳолатҳо дуруст, вале дар баъзе ҳолатҳои дигар нодуруст анҷом дода шуда, шеърро аз назари вазн нуқсондор мекунанд. Ҳамин ҳолат дар банди хотимавии шеър, ки тасвиру тавсифҳои тоза дошта, аз хулосаи фалсафӣ ҳам баҳравар аст, низ рух додааст: «Бо печу тоби бехудӣ (?) // Ҷўбори худсиришт // Дар тоза сафҳаи замин(?) // Ашъори нав навишт, // Он мисраъҳои ихчаму // Он байти обдор // Як даҳр маънии навин(?) // Бар дўш карда бор. // Ман хондаам мисраи(?) // «Зеҳ, эй ҷавонӣ (?)-ро» [1, 113]. Дар ин ҷо ҷорӣ шудани ҷўбори худбаамаломадаро дар сафҳаи замин ашъори нав менависад гуфтан нигоҳи тозаест ба ин манзара, ки дар натиҷаи истифодаи маҷоз ва ташбеҳу тавсифи нав сохтан ба даст омадааст. Ҳамчунин «Он мисраъҳои ихчаму // Он байти обдор //…Ман хондаам мисраи // «Зеҳ, эй ҷавонӣ» -ро» борвари андешаест, ки маънои фалсафаи зиндагӣ – бо ҳар баҳори нав тоза шудани на танҳо табиат, балки инсонро ҳам, ки як ҷузъи зотии табиат мебошад, дар бар дорад. Аммо ин дастовардҳоро, ҳамчунон ки дар пораҳои дигар ҳам ҳаст, нуқсони вазн лаккадор мекунад. Ин шеър дар асоси вазни музореъи мусаммани ахрабу макфуфу мақсур (маҳзуф) – мафъўлу фоилоту мафоӣлу фоилон, ки нақшааш чунин аст: -- -- У / -- У -- У / У -- -- У / -- У ~ навишта шудааст, аммо ҳиҷои ҳаштум, ки кўтоҳаст, дар мисраъҳое, ки дар матни боло аломати суол гузошта шудааст, дароз омада, сактадор аст ва зиёда аз ин дар сатри «Ман хондаам мисраи…» вазн тамоман вайрон аст, зеро дар ҳиҷои панҷум ба ҷои ҳиҷои кўтоҳ дароз ва дар ҳиҷои шашум ба ҷои ҳиҷои дароз кўтоҳ ва… оварда шудааст. Агар, фарзан, ба ҷои «ман хондаам» «мо хондаем» гуфта мешуд, ин нуқсҳо аз байн мерафт.
«Моҷарои баҳор» шеъре буд, ки ҳолати тасвираш пур аз шўру шааф, раъду садо, ҳаракату амал буда, дар рўзи баҳор сурат мегирифт ва ифодааш ҳам муносиби он иғроқу ғулувҳо дошт. Шеъри «Шаби Шамтуч», ки низ манзаравист, баръакс шаби ороми баҳорро ба тасвир гирифта, хусусияти дигари тасвиркории шоирро аён менамояд. Аммо дар ин ҷо ҳам сабки сухани шоир Қутбӣ Киром, ки бо бардошту муболиғанок аст, равшан ба мушоҳида меояд. Ин шеър дар навъи чаҳорпора гуфта шуда, ҳар қисми он як пораи шабро ба тасвир мегирад. Инак, ду қисмати аввали он:
Ранги рўз омехт бо хуни шафақ,
Сўхт дар оташ уфу(?)қи дурдаст.
Шом печида ба тори қуллаҳо,
Дар ба рўи дидаи офоқ баст.
Аз лаби гардун табассум дур шуд,
Мурд гўё рўз дар пеши назар.
Назди тобуташ сияҳ пўшидаанд,
Кўҳҳо хомўшу сокит сар ба сар [2, 145].
Боризтарин хусусияти шеъри тавсифию тасвирӣ ва манзаравии Қутбӣ Киром то ҳадди имкон ба ашёи олами ҳастӣ наздик будани он аст, зеро шоир мекўшад, ки ба тасвири мабҳас содиқ монда, ҷузъиёти онро ҳам ба айният мувофиқ нигориш кунад. Ў манзараро на дар тасаввур ва ботини худ месозад, балки ҳар тарҳи манзара дар ў таассуротеро ба вуҷуд меорад, ки инъикоси воқеъияти дар рў ба рўи ў қарордошта мебошад. Дуруст аст, ки ин таассурот бештар аз будаш зиёд, бо иғроқу ғулув баён мешавад, аммо заминааш дар воқеъияти мабҳаси тасвир аст. Масалан, дар ҳамон байти аввал «Ранги рўз омехт бо хуни шафақ, // Сўхт дар оташ уфу(?)қи дурдаст» тасвири хуби бо иғроқ баёншудааст, ҳарчанд ин байти машҳури классикиро ба хотир мерасонад, ки дар он ҳам аз домани пурхуни шафақ, яъне аз хуни шафақ ёд шудааст:
Шафақро лолагун дидам намози шом дар гардун,
Магар хуршедро кушта, ки дорад домани пурхун.
«Сўхт дар оташ уфу(?)қи дурдаст» ҳам маҷози муносибест, ки ба воситаи он намои уфуқ бо ранги алвонияш дарк карда мешавад. Ҳарф сода, вале рангин аст. Дар байти «Назди тобуташ сияҳ пўшидаанд // Кўҳҳо хомўшу сокит сар ба сар», ки аз ташбеҳу ташхис истифода карда, шомро тобути рўз хондааст, низ эҳсосе пайдо мешавад, ки ин тасвирҳо танҳо ба хотири тасвир набуда, дар зимн мафҳуми дигаре ҳам доранд, ки ба таассуроти шоир пайванд мегиранд. Вақте ки шоир:
Чуғз – он маддоҳи шаб карнай зада,
Васф мекард (?), васф ин шоми сияҳ [2, 145].
-- мегўяд, дарк мешавад, ки шоир ба ин шаби сиёҳ таваҷҷуҳу иртибот надорад, вагарна аз чуғз, ки рамзи вайронию харобист, ёд намеовард ва садои онро бо муболиға карнай задан намегуфт. Аз ин бармеояд, ҳар ҳолати шаб, ки тасвир мешавад, аёну ноаён ба рўҳу равони шоир таъсир гузошта, гўё як ҷузви ҳастии ў мегардад. Бинобар ин ў аз мавқеъияти манфии он сахт дар изтиробу озурда ва аз ҳолати мусбати он пурдилу шод мешавад. Ва чун бар муқобили «шоми сияҳ» ахтарон зуҳур мекунанд, ў бо бардошту табу тоб чунин мегўяд:
Бар хилофи шаб сипоҳи ахтарон,
Гўӣ аз ҳар мўрӣ (?) мегаштӣ падид.
Чир-чирак доду малах мезад манаҳ,
Кирмаки шабтоб ханҷар мекашид [2, 145].
Вагарна чир-чирак дод мезаду «кирмаки шабтоб ханҷар мекашид» гуфтан барои тасвири шаби торе, ки бо рух намудани ахтарон аз сиёҳиашон мекоҳад, хеле бештар ва шадидтар аз он аст, ки дар айни ҳол меъёри сухан тақозо дорад. Сабаби ин дар ду чиз аст, аввалан ҳолат бо рўҳия ва таассуроте, ки шоир мехоҳад баён кунад, сахт бастагӣ дорад ва сониян, ин яке аз мухтассоти сабки пуртабу тоб ва бардоштдори Қутбӣ Киром аст, ки дар ҳама ҳолат зуҳур мекунад. Аммо бо вуҷуди ин дар шеър аз шахсияти шоир қатъи назар карда шудааст, ў гўё дар бораи таассуроти шахсии худ чизе нагуфта, танҳо ба тасвири олами шаб, ҷузъиёти он ва лаҳза ба лаҳза дигар шудани намои он мепардозад, ки то бандҳои охир воқеъан ҳамин тавр ҳам ҳаст. Аз ҷумла, дар банди пеш аз мақтаъ ҳам ҳарф аз пора шудани «пироҳани шаб», хокистар шудани «абрҳои тира» ва «аз миёни кўҳҳои сарбаланд» «рўи пуранвори худ» -ро кушодани моҳ мебошад, ки аз осори зеҳният барӣ буда, танҳо кўшиши айнияти тасвирро бо худ доранд. Шоир мехоҳад, ба моҳияти аслии шайъ ва ҳолате, ки ба тасвир гирифтааст, андар равад, бинобар он аз ибрози эҳсосоти шахсияш худдорӣ мекунад. Ин ҳолат то мисраи хотимавии шеър давом меёбад. Баъд аз он ки моҳ рух менамояду сиёҳии шабро мезудояд, ин байтҳо меоянд:
Куртаи суф(?) кардӣ (?) дар бар боғҳо,
Тофт рўи қуллаҳо тарзи дигар.
Шаб зи тахти салтанат афтид, рафт…
Шоиро, бархез шуд вақти сафар [2, 145].
Ва ҳамин мисраи мақтаъ «Шоиро, бархез шуд вақти сафар» нишон медиҳад, ки бо вуҷуди ба айнияти ҳолати тасвир риоят кардан таъсири эҳсосот ва таассуроти зеҳнӣ дар он ҷой дошт. Он дар ташбеҳу тавсифҳои сахт ташдиднок, ки осори ошуфтагию изтироб доштанду барои тасвири шаб истифода мешуданд ва ҳамчунин аз ҳарфҳои болидарўҳонаи муаллиф пас аз рух намудани моҳ, ки сиёҳии шабро зудуд, ҳис мешуд. Пас, аз кулли шеър чунин маъно бармеояд, ки сиёҳии шаб рамзи монеъа ва садде ба сафари рўҳонии шоир ба олами нур -- шеър буда, анвори моҳ сиёҳиро аз байн бурд ва роҳро ба сўи нур кушод, яъне аз роҳи зулмат ба равшаноӣ намешавад расид. Ин аст фалсафае, ки дар зимни ин шеъри тавсифию тасвирӣ нуҳуфтааст.
Дигар аз навъҳои роиҷи шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ шеъре мебошад, ки ба тасвиру тавсифи зан, маҳбуба бахшида шудааст, зеро, ҳамчунон ки табиат сарчашмаи ҳамаи зебоиҳои табиист, зан ва махсусан маҳбуба, на танҳо фавқи ҳамаи ин ҳусну назокат, балки сарчашмаи ба вуҷудорандаи эҳсосоти наҷиби ошиқона ҳам мебошад, ки аз улвитарин ҳиссиётҳо буда, мабҳаси муҳаббатро дар чашми дилдода ба ноёбтарину муқоисанашавандатарин зебоиҳо, ки ҳатто фариштаву малак дорои онҳо нестанд, табдил медиҳад. Ва ҳеҷ мумкин набуд, шоире ҳамчун Қутбӣ Киром, ки фаввораи ҳиссиёт аст, дар ин бора шеър нагуфта бошад. Ҳарчанд дар ин ҳолат дар назар бояд дошт, ки эҳсосоти ҷўшон шоирро бештар ба ситоиши маҳбуба ва ибрози ҳиссиёти ошиқона вомедорад, то имкони тасвири айнии зан ва ё маҳбубаро бидиҳад, ва аз ин рӯ ин навъ шеър дар эҷодиёти шоир бештар ба назар мерасад. Аммо ҳоло манзур шеъри ғиноии тавсифию тасвириест, ки дар он айнияти тасвир бар ибрози зеҳнияти эҳсосот бартарӣ дошта, уфуқи хаёлоти мусаввирона ва қудрати қалами тасвиркории шоирро нишон дода тавонад. Аз ин ҷиҳат шеъри «Духтари яғнобӣ» аз силсилаи «Дафтари Яғноб» (с. 1975) ҷолиби таваҷҷуҳ аст, зеро дар он ҳам баёни ғалаёни эҳсосот ва ҳам тасвиру тавсифи айнӣ мавҷуд аст, албатта, дуюмӣ бар якумӣ бартарӣ дорад, ки шеърро ғиноии тавсифию тасвирӣ мекунад, на ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ.
Шеъри «Духтари яғнобӣ» бо ҳамон шўру ғалаёне, ки хоси сабки Қутбӣ Киром аст, бо муроҷиати фармонравоёна ба рассоми оламшумули итолиёвӣ Рафоэл, ки бештар расми Марями Модархудо ва Исои Масеҳро мекашид, оғоз мешавад, ки ўро аз кашидани тимсоли Марям боз дошта, ба тасвири духтари яғнобӣ бурданист:
Ист як дам, Рафаэло, бозист,
Нақши Марям зи дидагонат гир…
Як дам аз шарри римиён бигрез,
Бар Вағанзо биё, ба мо омез.
Бинишин зери сояи мижгон,
Нақши ин суғдидухтар аз дил рез… [2, 198-199].
Ин шеър аз 14 банди чаҳорпораӣ иборат аст, ки ба ҷуз банди аввалу охир – руҷуъву ҷамъбаст, дигар ҳама дар тавсиф ва тасвири духтари яғнобист, ки бо шефтагии тамом ва суварнигории ҳиссиётангез ба ҷо оварда шудааст, ки аз лиҳози гармию ҳарорат дар шеъри муосири тоҷик камтар назир дорад. Аммо ин гармию ҳарорат на ба воситаи ҳиссиёти шахсии шоир ифода гаштааст, балки дар зимни тавсифу тасвири бадеъ ҷой гирифтааст. Зеҳният дар ин шеър дар интихоби воситаҳои ба обутоби тасвиру тавсиф мақом дорад.
Ҳар банд, аз дувоздаҳбанди боқӣ, ба тарҳи пешинаи тимсоли суғдидухтар тарҳи тозае зам карда, симои ўро комилу дурахшон ва зинда ба назар намоён месозад. Дар он воситаҳои тасвир рамзу маҷоз ва ташбеҳу истиороти фаровон, ки бештар аз олами шайъӣ гирифта шудаанд, ба кор рафта, заминаи тасвирро пурбору маҳсус кардаанд. Аз ҷумла, «Тарҳи рўяш баҳор ангезад, Шўъла аз ҳар канор бархезад», «Лаби ў ҳамчу пушти гулмоҳӣ», «Абрувонаш чу хўшаи гандум», «Мавҷи рўд аст кокули чинаш», «шафақи субҳдам…рухсораш» ташбеҳу тавсифҳое ҳастанд, ки дар мисраи аввали ҳар банд барои муҷассам сохтани сурату андоми ин суғдидухтар меоянд ва дар мисраъҳои баъдинаи банд бо ташреҳ мукаммалтар карда мешаванд. Аз ин тавсифу ташбеҳҳо, махсусан ташбеҳи ин банд, ки ҳар ду тарафаш – ташбеҳкунандаю ташбеҳшаванда, яъне мушаббаҳ бо мушаббаҳун биҳ аз олами шайъиянд, муносибу хотирмонанд:
Абрувонаш чу хўшаи гандум
Гушнагонро умед мебахшад.
Нусхаашро ниҳон каш аз мардум,
То фалак доси худ бар ў назанад [2, 199].
Ин банд, агар нуқси қофияро, ки дар нораво қофия бастани «мебахшад» бо «назанад» мавҷуд аст, ба эътибор нагирем, тасвири тозае дорад, ки абрувони суғдидухтаронро, ки аксаран зарринмўй ҳастанд, ба хўшаи гандум ташбеҳи зебое карда, дар зимн ба шеъри Ҳофиз ҳам ба тариқи талмеҳ ишора менамояд:
Мазраъи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,
Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав [3, 238].
Ва Қутбӣ дар сабки худ набуд, агар дар чунин мавриди мувофиқ – тавсифи ҳусни суғдидухтар, ки ўро ҳамчун решаи нажодии худ ба сад дил дўст медораду ситоишу суварнигорӣ мекунад, ба ташбеҳу ғулўвви ҳайратангезе рўй наорад:
Пайкари оташи сафедашро
Дар дили мавҷаи Зарафшон каш.
Қуллаҳои баланду саркашро
Пеши пояш фитода яксон каш! [2, 200].
Дар мақтаъ даъвати дар оғози шеър кардаи шоир, ки Рафоэлро аз кашидани нақши Марям боздошта, ба тасвири суғдидухтар хонда буд, такрор гашта, дар байти охир ба ў чунин тавсия мешавад, ки «Аз қади суғдидухтарон имрўз // Орзую умеди худ меҷў». Ин хулоса чандмаъно ба назар мерасад, ки асилтаринаш ин аст: суғдидухтар на танҳо дар ҳусну малоҳат, балки дар иффату покизагӣ ва бегуноҳӣ ҳам беназиру беҳамто буда, аз Марями аз рўҳ Исои пайғамбар оварда камтар нест… Ибрози ҳиссиёту таассурот дар ин шеър аз лиҳози сабк хусусияти воқеъӣ, айнӣ, яъне ҷудоӣ аз зеҳниятро дорад, ки воқеъияти онро бештар ва таъсирашро амиқтар месозад, ҳарчанд хонанда ҳис мекунад, ки ҳамаи он таассурот ба шахси шоир тааллуқ мегирад. Аммо дар ҳеҷ ҷои шеър шоир аз худ бо ҷонишини «ман» ном намебарад, танҳо дар ду мисраъ – дар яке «То туро (Рафоэлро – А.Ҳ.) бар канори чашма барам» дар феъли «барам» бо бандакҷонишини «ам» ва дар мисраи «Бар Вағанзо биё, ба мо омез» бо ҷонишини «мо» аз ширкати худ дар он саҳнаи тасвиркорӣ ва ифшои розу ниёз, ки ин шеър дорад, ишора мекунад.
Дар ду шеъри дигаре, ки дар солҳои навади қарни гузашта навишта шудааст, «Зан» ва «Оғози ишқ», низ тавсифу тасвир ва ситоиши зан, ки моҳияти ҳастии ўро ба таври айнӣ нишон медиҳад, ҷой дорад. Шеъри «Зан», ки дар оғоз тавсифию тасвирист, дар охир андешавию ифодавӣ мешавад, вале дар қисмати аввал ҳам, бо вуҷуди тавсифию тасвирӣ буданаш, ки бештар ҳарфи оромона ва ботаанниро тақозо дорад, сабки сухани шоир бобардошту муболиғанок аст. Ў барои дар назар муҷассам сохтани намои ба назди чашма омадани зан аз воситаҳои сувари хаёл суд ҷуста, занро тимсоли зеботарини зебоиҳо месозад ва мегўяд:
Бар лаби чашма нур меояд,
Як зани мисли ҳур меояд.
Тоҷи давлат магар ба сар дорад?
Ин қадар боғурур меояд? [2, 56]
Ҳамчунон ки қайд шуда буд, бо ҳиссиёти баланду бардоштҳо сухан гуфтан яке аз махсусиятҳои сабки Қутбӣ Киром аст, аммо ҳар ҷое, ки сухан аз зан меравад, ин бардоштҳо ба қуллаи олияш расида, ба таассуроти ҷўшон бадал мегардад. Як худи зуҳури зан дар ӯ тўфони ишқу иштиёқро барангехта, шўру ҳаяҷони беқиёсро бедор мекунад, аммо дар баробари ҳар қадар ҳиссиётманд будани ин ишқ дар ҳеҷ ҷо заррае ҳам аз эътибори мавриди парастиш қарор гирифтани зан накоста, баръакс эътибори ў баландтар бардошта мешавад. Аз ин бармеояд, ишқи зан, ки онро Қутбӣ Киром табиию ошкоро бо ҳиссиёмандию таассуроти сўзон ба қалам меорад, на танҳо маҳсули эҳсосоти ошиқона, балки мавқеъи муайяни бошууронаи ўро низ оид ба ин мавзуъ ифода мекунад. Ин қазияро он чиз ҳам собит мекунад, ки дар ягон шеъри ба зан ё маҳбуба бахшидаи шоир гуноҳи ишқ ба гардани маҳбуба бор карда нашуда, шоир аз номуносибиии рафтори маҳбуба шиквае ба забон намеорад, зеро зан аз нигоҳи ў ҳамеша ҳақ ва болотар аз сарзанишу шикоят аст. Дар ин шеъри тасвирӣ ҳам ин маъно ифодаи мақбули худро ёфтааст. Зан, ки меояд, тамоми атрофро пур аз зебоиву латофат карда меояд ва шоир аз воситаҳои бадеъии тасвир, аз ҷумла, аз маҷозу ташбеҳу истиора ва муболиғаву ташхис истифода карда, атрофро аз омадани ў пурнур, бодро сармасти атри гесў, чашмаро лабрези акс ва кўҳдоманро аз бўи ў муаттар ба қалам медиҳад, ки эҳсосоти саршори ошиқонаи ўро низ ба мо мерасонанд. Мавқеъи санҷидашудаи шоир оид ба мақоми зан дар ду банди охири шеър хеле хуб инъинкос ёфтааст, ки дар ҳама ҳолат зан ва маҳбубаро болотар аз он медонад, ки бар ў нукта гирифтаву гуноҳе баста шавад:
Масту мағрури навҷавонию ҳусн,
Рўди пурҷўш назди ў ҷўе…
Заррае ҳам нигаҳ наандозад
Ҷониби шоири дуогўе.
Ҳар чӣ созад, варо наранҷонед,
Ҳар чӣ хоҳад, зи раҳ нагардонед.
В - арна ў рафта, мебарад бо худ
Чашмаву кўҳро, намедонед?! [2, 57].
Дар шеъри тавсифию тасвирии Қутбӣ Киром зан ва маҳбуба дар намоҳои гуногун ба қалам оварда шудаанд, ки эҳсосоти мухталифи шодии висол ва ранҷи фироқ, нозу адои меҳрубононаву беэътиноии назарбаландонаро ифода намудаанд, аммо ҳама дар ниҳоят ноаён то ба қуллаи баланди муҳаббату дўстдорӣ ва ситоишу парастиш мерасанд. Дар ҳамин ду банди иқтибосшуда ҳам дида мешавад, ки шоир аз беэътиноии зан заррае намеранҷад, балки даъват мекунад, имкон диҳед, ҳар чӣ хоҳад бикунад, вагарна ў ранҷида биравад, «чашмаву кўҳро», яъне сарчашмаву пойдории ҳастиро низ бо худ мебарад. Дар ин шеър, ҳарчанд воқеъа – омадани зан ва дигар аносири олами табиат-- боду чашмаву кўҳдоман, ки бо он иртибот мегиранд, дар замони ҳозира тасвир карда шуда, эҳсосоту таассурот бо шайъ ва ҳодисаи мушаххас тааллуқ доранд, аммо онҳо дар маҷмуъ барои гирифтани хулосаи умумӣ, ки барои ҳамаи замонҳост, замина муҳайё мекунанд. Ин, албатта, ҳамчунон ки қайд шуд, хулосаи фалсафӣ аз моҳияти муҳаббат ва мақоми зан аст, ки шоир онҳоро сарчашмаи ҳастӣ ва зиндагии башарият медонад.
Дар шеъри «Оғози ишқ» тамоми матлаби ошиқона ба воситаи сувари хаёл, тасвиру тавсиф баён гашта, оғози ишқ бо беҳтарин ва зеботарин зуҳуроти табиат муродиф дониста мешавад. Ин шеър, ки аз оғози лаҳзаи дилдодагии «ман» -и шоир суҳбат мекунад, сабки сухани орому батааннитар аз шеъри «Зан» дорад, зеро шоир меъёршиносӣ мекунад, то лофиву ҳангомачӣ ба назар наояд ва ҳиссиёту таассуроташро бештар дар зимни тасвир ҷой медиҳад. Ашёи тасвир ҳама аз олами зебо ва тару тозаи табиатанд, ки гесўи мушкини райҳон, шабнам, сад забони савсан, бунафша, чашми масти наргис аз ҷумлаи онҳо буда, бо ҳолати ошиқонаи шоир ҳамоҳанганд. Ин ба навъе низ таъкиди он аст, ки табиат бо тамоми ҳастии худ бо ҳаёти рўҳӣ, қалбии инсон пайванди решагӣ дорад. Бинобар ин «Чу райҳон шабнам аз гесўи мушкин рехт» ва нигоҳи ошиқ «бо нигоҳи духтари ҳамсоя омехт» … ашёи табиат – савсану бунафша ташхис мегарданду ба чунин амалҳо қодир мешаванд:
Кушода сад забони хешро савсан,
Маро табрик мегуфту басе аҳсан:
Баҳори ошиқон имдодгар омад.
Намуда кори гулҳои дигар тазмин,
Бунафша ғарқ мешуд дар табассумҳои ширин,
Насими шўх аз боғи дигар омад [2, 120].
Дар ин шеър олами воқеъ бо рўҳӣ, табиат бо инсон ба хотири оғози ишқ ба ҳам мепайванданд ва эҳсосоти ошиқона замон ва тамоми муҳити атрофро фаро мегирад. Ҳамин тариқ, дар ашъори ғиноии тасвирию тавсифӣ ва мазаравии Қутбӣ Киром, ки дар зимн мавзуи зан, маҳбуба ва ишқи ў қарор гирифта, зан ва муҳаббати ў меҳвари ҷаҳони ҳастӣ шинохта мешавад, на танҳо шахсияти шеър, агар ҳузур дошта бошад, балки тамоми аносири табиат ҳам фақат бо далели мавҷудияти худ нисбат ба ў бошууронаю бешуурона эҳсоси муҳаббату парастиш мепарваранд.
Аскар Ҳаким
Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ
Китобнома:
Библиография: