Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ҳамчунонки маълум аст, шеъри ғиноӣ асосан шеърест, ки андешаву эҳсосоти шахсиро бевосита ифода менамояд. Ин сифати шеъри ғиноӣ дар аксари асарҳои таҳқиқотӣ оид ба анвои адабӣ, масалан дар тадқиқоти олимони рус Г. Л. Абрамович [1, 259], Ф. М. Головенченко [4, 260], Г. Н. Поспелов [11, 105] ва ҳамчунин тадқиқотчиёни тоҷик, Х. Отахонова [10, 335], С. Табаров [15, 306], Р. Ҳодизода [17] таъкид мешавад, ки ҳақ мебошад. Бо вуҷуди дурустии ин ақида он фарогири тамоми анвои шеъри ғиноӣ нест, зеро дар он ҷаҳони айнӣ (объективӣ), шайъӣ ҳам ҳузур дорад. Шоири ғиноӣ ҳам дорои имкони беохир аст ва гуногунтарин андешаву эҳсосот, таассуротро вобаста ба муҳтавои интихобнамудааш ифода карда метавонад, ки нақши замон ва зиндагии иҷтимоиро дар худ дорад. Ин гуна хусусият доштани лирикаро Л. И. Тимофеев воқеъбинона чунин қайд мекунад: «Он (лирика- А. Ҳ.), ҳамчун умуман кулли адабиёт, зиндагиро бо тамоми гуногуншаклияш инъикос менамояд…» [16, 352].
Аммо ба ҳар ҳол, шоири ғиноӣ барои маърифати олам ғолибан ба ҷаҳони ботинии хеш рўй меорад ва онро вобаста ба он андешаву эҳсосоте, ки дар ӯ ҳангоми бо он муносибат кардан пайдо мешавад, маърифат мекунад. Ин ҷаҳони ботинии як шахс дар баробари он ҷаҳони воқеъӣ ва ботинии мардум, ки шоири ҳамосӣ дар ихтиёр дорад, хеле маҳдуд ба назар мерасад ва дар натиҷа чунин тасаввуроте пайдо шуданаш мумкин аст, ки шоири ғиноӣ барои ифода ва тасвири андешаву эҳсосот имкони камтаре дорад. Аммо ин тасаввур дуруст нест, зеро шеъри ғиноӣ ҳам ба монанди дигар анвои адабӣ навъи ҳунарест, ки зиндагиро ба таври таъмимӣ (типӣ) нишон медиҳад.
Дар шеъри ғиноӣ дар шуури муфради шеър олами шуур инъикос меёбад, ба он маъно, ки шуури фардиро, агар он шуури шахси эҷодкор бошад, шуури як нафар донистан дуруст набуда, шууре бояд донист, ки он шуури иҷтимоъро низ фаро мегирад. Зеро ҳамчунон ки Л. С. Выготский қайд мекунад, «…иҷтимоиро на фақат ҳамчун ҷамъиятӣ, ҳамчун мавҷуд будани одамони бисёр бояд фаҳмид. Иҷтимоӣ дар он ҷое ҳам, ки як нафар одам ва таассуроти шахсии ў ҳаст, ҷой дорад» [3, 314].
Ин фикр ба мо имкони комил медиҳад, ки ҳангоми тадқиқи ҳастии муфради шеър, шахсияти ғиноӣ ва ё шахси шоир дар партави шуури ў инъикоси шуури иҷтимоиро низ бубинем. Зеро шуури шоир ҳангоми эҷоди асар ё ба умқи ҳастии худи ў ё ба олами атроф руҷуъ мекунад ва аз он чизҳоеро пайдо намуда, барои тасвир ва ё ифодаи мақсади худ истифода мекунад, ки дар айни ҳол муносибат ва назари ўро ба он воқеъият низ равшан падидор месозад.
Иртиботи инсон бо ҷаҳон, ҳамчунон ки маълум аст, ба ду тариқ сурат мегирад – дарунгаро ва бурунгаро, ки аввалӣ инсонро ба олами дарун, рўҳу равон ва дуюмӣ ба олами берун, сўи иҷтимоъ мебарад. Равоншиноси бузурги муосир Лоуренс Э. Первин менависад, ки: “Дар ҳолати дарунгароӣ, ҷиҳатгирии аслии фард ба дарун ва ҷониби хештан аст... фарди бурунгаро ба берун, ба ҷаҳони хориҷ гаройиш дорад» [8, 174]. Шубҳае нест, ки тимсоли инсон дар адабиёт ва, аз ҷумла дар шеър ҳам, дар нишон додани ваҳдати ин ду амал, дар амиқ рафтан ба олами дарун, яъне дарёфтани фардияти худ ва иртиботи густарда доштан бо олами берун, яъне мавқеъ ёфтан дар иҷтимоъ ба зуҳур меояд.
Нигоҳи М. Қаноат ҳам дар ашъори ғиноияш бештар бурунгаро, то дарунгарост. Шахси шоир дар шеърҳои ў ба шайъ, ки мавриди тасвир, андеша, эҳсосот ва таассурот қарор мегирад, ворид гашта, ё аз забони худи он шайъ ва ё ҳамчун ровӣ аз забони шахси сеюм сухан мегўяд. Аммо дар ҳама ҳолат ин андеша ва эҳсосоту таассуроти худи шоир аст, ки аз он ҳодиса ва ё он шайъ бардоштааст. Бинобар ин, шеъри ў ҳарчанд ғиноист, бештар рў ба олами хориҷу шайъист, то рў ба олами даруну андешаҳои худтаҳлилӣ. Дар муфради шеъри ў он хоҳ шахсияти ғиноӣ, хоҳ шахси шоир ва хоҳ ровӣ бошад, ҳамон нигоҳи бурунгаро бартарӣ дорад, ки хосияти инсони иҷтимоъан фаъол аст. Сабаби дар эҷодиёти М. Қаноат ва дар ашъори ғиноияш ҳам афзалият доштани мавзуву муҳтавои иҷтимоӣ ҳам дар ҳамин аст, ки нигоҳи ў аксаран бар олами хориҷ, бар шайъу бар ҳодиса мебошад. Вай дар шеъри ғиноияш ҳам, агар бар олами дарун меравад, ба воситаи аносири олами хориҷ ба дарун меравад.
Дар эҷодиёти М. Қаноат ашъоре, ки дар онҳо муфрад ва ё шахсияти ғиноӣ бевосита аз олами дарун, аз эҳсосоту таассуроти худии худ суҳбат кунад, хеле ба нудрат ба чашм мерасад, вале, ба ҳар ҳол, ў ҳангоми муроҷиат ба шайъ, шахс ва ё ба ёд овардани ҳодисае, ки дар шеър тафсир мешавад, аз ангезаи ҷаҳони рўҳии хеш низ сухан мегўяд. Масалан, дар шеърҳои “Дури ноёб меёбад” (с. 1964), «Ману шабҳои бехобӣ» (с. 1966) ва «Суруди охирин» (с. 1971), ки сеюмӣ аз силсилаи «Созҳои Шероз» мебошад, ин андеша тасдиқ мешавад.
Мавриди баёни таассурот ва эҳсосоти ошиқонаи ҳар дуи ин шеър маҳбуба аст ва «ман» - и ғиноӣ, ки шахси шоир аст, розу ниёзи худро бо муроҷиат ба маҳбуба ифшо менамояд. Ҳарчанд шеъри «Ману шабҳои бехобӣ» бо чунин мисраъ оғоз мешавад: “Ба ёди мўи шабранги ту // Шабро то саҳар бурдам” [7, 118], ки гӯё бевосита ба маҳбуба муроҷиат мекарда бошад, аммо ҳангоми саропо хондани шеър маълум мешавад, ки ҳузури маҳбуба ҳамчун мавриди муроҷиат зарурат надорад, зеро шахсияти ғиноӣ хотироти ошиқонаи худро ба худ мегўяд. Бинобар ин, ҳамаи он ба ёд овардану маҳбубаву орзуҳои «ман» -и шоир арзи ҳоли дил кардан ба танҳоии худ аст.
Ки шояд дар лаби дарё
Туро ёбам тани танҳо
Бигўям бо лаби хомўш дар гўшат
Диламро – достонамро,
Супорам дар таҳи боли ту ҷонамро… [7, 118] -
Тасдиқи ин нукта дар охиртари шеър равшантар ба назар мерасад, ҳангоме ки «ман» -и шоир баъд аз мисраъҳои «Парӣ гаштӣ, Паридӣ, аз сарам рафтӣ» мегўяд, ки мехостам аз пуштат парвоз кунам:
Вале дидам:
Маро дар пой занҷир аст,
Садо бархост аз занҷири тиллоӣ:
Магар овози занҷир аст,
Ё овози тақдир аст?.. [7, 118]
Ин занҷир, ки ба шоир имкони аз паси маҳбубаи худ парвоз карданро намедиҳад, чист? Ва чаро ин занҷир тиллоӣ, яъне сахт арзишманд аст. Оё ин занҷирест, ки ишқи пешин бар пои ў андохтааст, занҷири хонавода? Он ҳар чӣ занҷире бошад, вале дақиқ аст, ки агар маҳбуба дар баробари ошиқ ҳузур медошту мухотаб қарор мегирифт, ин ҳарфҳо бар забони фарди ошиқ намерафт, танҳо ғоиб будани маҳбуба ва ба худ суҳбат кардани муфрад имкон медиҳад, ки ин суханҳо гуфта шаванд. Аз ин чунин бармеояд, ки дар шеъри ғиноӣ дар баъзе маврид муфради ғиноӣ, агарчи ба касе бо руҷуъ сухан мегўяд, аммо дар он ҳолат низ танҳо бо худ суҳбат карданаш мумкин аст. Дар ин гуна ашъор ў ҳарими дили худро барои худ мекушояд, гўё аз ёд мебарад, ки ба каси дигар муроҷиат мекард ва бо ҳамин маҳрамона ва гўё бехабарона рози дил карданаш бештар самимона қабул мешаваду дар дил менишинад. Марғубии ин шеър дар баробари тозаву тар, бо назокат хаёлпарастонаву ҳалимона буданаш дар ҳамон маҳрамонаву гўё нохудогоҳ рози дил кардани «ман» - и шоир ҳам ҳаст.
Шеъри «Суруди охирин» бо ангезаи рўҳии шахсияти ғиноӣ оғоз мешавад, ки аз ёдоварии хотироти ошиқии бештар хаёлпардозона, то вуқӯъгароёна сурат гирифтааст. Агарчи дар ин шеър ҳам шахсияти ғиноӣ ба маҳбуба муроҷиат карда, чунин мегӯяд:
Ба тундӣ хашми дарёям,
Ба тамкин сабри саҳроям,
Ба нармӣ чун дили ошиқ,
ба сахтӣ санги хороям,
Ба савдо рафта дунё чун Самарқанду Бухороям,
Макун дигар ту савдоям [7, 149].
Вале ҳузури маҳбуба ҷой надорад, бинобар он шахсияти ғиноӣ дар ин шеър ҳам хотироташро ба худ мегўяд, яъне будан ва ё набудани мухотаб аҳамият надорад. Ба замми ин чунин ба назар мерасад, ки ин маҳбуба рамзист, то воқеъӣ, зеро сухани шахсияти ғиноӣ, ки ошиқона ба забон меояд, дар бораи ў на чун дар бораи маҳбубае, ки ҷисман вуҷуд дорад, балки дар бораи маҳбубае мебошад, ки бештар тимсол аст. Аз ин рў, ин шеър ҳамчун розу ниёзи шахсияти ғиноӣ, ки ба шоир қаробат дорад, қабул мегардад. Ба шоир қаробат доштани шахсияти ғиноӣ дар ин шеър аз он ҷиҳат аст, ки шоир М. Қаноат воқеъан ба Шероз сафар дошт ва ин шеър ба ин санади тарҷумаиҳолӣ гўё пайванде дорад, аммо на бештар. Зеро андешаву таассуроте, ки шахсияти ғиноӣ ифода менамояд, асосан пештар дар ниҳоди ў вуҷуд дошта, ҳоло онро ба сабаби дил бурдани маҳбубаи тимсолиаш ба забон меорад. Ин на танҳо аз мазмуни байти аввали банди дуюми шеър бармеояд, ки мегўяд:
Ки дар савдои ту аз даст додам сусту сахтамро,
Ки Доро будаму аз даст додам тоҷу тахтамро [7, 149].
Ва дар забони банди саввуми шеър дар шоир пеш аз ин воқеъа вуҷуд доштани таассуроти баёншаванда равшан мушҳида мешавад, зеро феълҳояш дар замони гузаштаи ҳикоятӣ ҳастанд.
Туро бо зевари лафзи дарӣ парвоз медодам,
Сукути сарду урёни туро овоз медодам [7, 149].
Дар ин шеър шахсияти ғиноӣ шуури муаллифро иброз менамояд, зеро ҳарфҳое аз қабили «Ба савдо рафта дунё чун Самарқанду Бухороям, // Ки Доро будаму аз даст додам тоҷу тахтамро» ҳарфҳое ҳастанд, ки дар матни мафкураи М. Қаноат ҷой дошта, дар шеърҳои дигараш ҳам ба рангу бори дигар аксандозӣ кардаанд. Умуман, дар ин силсила ибрози шуури муаллиф бар санади тарҷумаиҳолӣ бартарӣ дорад. Аз ҳафт шеъре, ки силсилаи «Созҳои Шероз» -ро фароҳам овардааст, ҳамин шеъри «Суруди охирин» бештар дар атрофи андешаву таассуроти шахсияти ғиноӣ мечархад, шеърҳои дигари он бо муроҷиат ба дигарон ва ё шайъ гуфта шудаанд, ки ин ҳам бештар ба олами хориҷ таваҷҷуҳ доштани М. Қаноатро собит менамояд.
Силсилаи шеърҳои «Созҳои Шероз» соли 1971 навишта шудааст, вале бо мармузии худ дар матни шеъри тоҷики он айём, ки бештар сода буданд, гунҷоиш надошт. Аз ин рў, ҳамчунон ки худи М. Қаноат дар сўҳбаташ бо Р. Мусулмониён «Лузуми посухи шоирона ба ниёзҳои маънавии мардум дар Тоҷикистон» дар маҷаллаи эронии «Номаи порсӣ» қайд кардааст, он аз ҷониби нақди он замон сахт зери танқид қарор гирифт. М. Қаноат ба суоли Р. Мусулмониён «Баҳои Шумо ба интиқодҳои устод Табаруф чӣ гуна аст?..», аз ҷумла, чунин посух гуфтааст: «… дар соли 1350 (1972- А.Ҳ.) дар маҷлиси Раёсати Иттиҳодияи нависандагон силсилаи шеърҳои «Созҳои Шероз» -ро зери тозиёнаи танқид гирифт ва ба эронпарастӣ ва космополитизм (инкори арзишҳои миллӣ) муттаҳам кард ва устод М. Турсунзода ҳам ўро ҷонибдорӣ кард. Баъд аз ин Соҳиб Табаруф дар бораи ман чизе навишта бошад, муҳим набуд ва дар ёд надорам» [9, 242]. Ин танқид аз ҷониби С. Табаров ҳам шоҳиди он аст, ки на танҳо дар адабиёти бадеъӣ ва шуури адибон, балки дар нақд ҳам ҳамон якрангии мафкураи иҷтимоӣ ҳукфармо буд, ки танҳо дастоварди сохти шўравӣ дастовард асту қобили қабул ва дигар ҳама иртиҷоӣ. Вагарна, дар ин силсилаи шеърҳо на аломате аз эронпарастӣ ҳасту на аз космополитизм – инкори арзишҳои миллӣ. Баръакс, он чизе ки дар бораи Эрон гуфта шудааст, арзишҳои миллиест, ки моли муштараки ҳар дуи ин халқ – тоҷикону эрониён мебошад ва агар М. Қаноат аз онҳо ифтихор мекунад, ин ифтихори шоири тоҷик аст аз арзишҳои миллии халқи худ. Аммо ҳамин чиз ҳам дар маҳдудаи шуури иҷтимоии он замон гунҷоиш надошт. Дар давоми ин сўҳбат М. Қаноат ба суоли дигари Р. Мусулмониён, аз ҷумла, чунин мегўяд: «Инро ҳам бояд гуфт, ки он солҳо устод Табаруф монанди бештар мунаққидин ба бори замонӣ ва иҷтимоии адабиёт эътибор медоданд, на ба умқи он» [9, 242]. «Бори замонӣ ва иҷтимоӣ» ин ҳамон шуури якрангу сатҳист, вагарна бори замонӣ ва иҷтимоӣ ҳаргиз умқи адабиётро истисно намекунад, баръакс ҳамаи асарҳои олие, ки то имрўз зиндаанд, дар баробари амиқиашон бори замонӣ ва иҷтимоӣ ҳам доранд.
Вале ба ҳамаи онҳое, ки шуури иҷтимоиашон ин гуна якрангу сатҳист, ҳамеша ба тарзи намоишкорона аз манфиати шахсӣ боло донистани манфиати ҷамъиятӣ, рўҳияи ғолибият бар ғаму андўҳ, мафтунӣ аз воқеияти зиндагиашон хос аст, ки дар ҳар шеваю услуб, вале ба як мароми ғоявӣ ифода меёбад. Ҳарчанд шахси шоир, шахсияти ғиноӣ дар шеъри классикии ҳазорсолаи мо қариб ҳамеша бо ҷомеа ва замон муносибати шадид ва ноҷўр дошт, баъди Инқилоби Октябр сиёсати сахти ҳизбӣ ва манфиатҷўии ғоявӣ аз шеър имкон надод, ки бо вуҷуди дар ҷамъият ҷой доштани ихтилофи ҷомеа ва шахс, он анъанаи шеъри пешин давом ёбад. Шеър, ки аз воситаҳои тасвири шуарои классик истифода мекард, ин ҷиҳати дарки муносибати фардро бо ҷомеа тамом ба фаромўшӣ дод, зеро агар дар даҳсолаҳои аввали инқилоб ин хатари ҷон дошта бошад, баъд хатари таъқиби мафкуравию маъмурӣ дошт. Ин масъала чунон равшан аст, ки ҳеҷ ниёз ба далелу исботи иловагӣ надорад, дар ин бора бисёр навиштанду боз менависанд, вале як нуктаро бояд таъкид кард, ки ин аст: ба замми он сонсури давлатӣ, ки ба адабиёт буд, сонсури дигари бештар хафакунандае дар худи эҷодкор нишаста буд, ки ҳамеша бар ҳадди мумкину мамнўъ назорат мекард. Бинобар ин, бо вуҷуди шахсиятҳои гуногун будани шуаро, сифатҳо, қобилиятҳо, хулқу атвор табиати мухталиф ва ҳатто дониш ва таҷрибаи мутафовити рўзгор доштанашон, онҳо дар ҳадди гуфтани мумкину мамнўъ ба ҳамдигар монанд мешуданд. Дар асл масъала сари гуфтан ё нагуфтани дарду нуқси ҷомеа, танқиди замон ва замондорон нест, масъала сари озодона, бе фармудагӣ ва сохтакорӣ кушодани замири худ аст дар шеър.
Шеъри андешаҳои отифии худтаҳлилӣ дар солҳои баъдӣ дар эҷодиёти Мӯъмин Қаноат ягон-ягон дучор меояд, ки ғазалҳои “Бигирям” (с. 1993), “Лофи Ватан” (с. 1993), “Ватан” (с. 1996) аз ҷумлаи онҳо буда, махсусан ғазали аввалӣ ва охирӣ аз ҷиҳати кушодани замири шоир, ки дар солҳои фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ окандаи дарду ранҷ шуда буд, хеле пурбору пурмуҳтавост. Дар ин ғазалҳо дардҳои Ватан ҳамчун дарди шоир зуҳур мекунанд, аз ин рӯ онҳо сахт пуртаъсиранд, зеро ҳангоме ки дарди Ватан, ки як мафҳуми бузурги куллист, дарди як нафар мешавад, асари он ба маротиб меафзояд, албатта, ба шарте ки ҳунармандона гуфта шуда бошад, ки дар ин ду ғазал ҳамингунаанд.
Барои шоирони нимаи дуюми садаи бист, махсусан барои насле, ки баъди М. Қаноат ба адабиёт ворид шудааст, ҷаҳони ҳастӣ дигар ба ду тарафи ба ҳам муқобил -- неку бад, сиёҳу сафед, оливу паст ҷудо нашуда, он воқеъиятест, ки дар он ин сифатҳо ба ҳам омехтаанд ва онҳоро вобаста ба шароити таърихӣ ва зуҳури онҳо бояд диду муайян кард. Муфради ғиноии шеъри ин замон воқеъиятро бо назари иҷтимоию ахлоқӣ месанҷаду баҳо медиҳад, зеро барои шоир маҳз ҳамин воқеъият сарчашмае мебошад, ки ў аз он маводи эҷоди худро мегирад ва онро аз рўи матлабаш аз нав бозофаринӣ мекунад. Бинобар он, маҷмуъи ҳодисот ва таассуроти гуногун, ки дар ҷаҳони ҳастию маънавии инсон рух медиҳанд, арзишмандии отифиву шоирона пайдо менамоянд. Ҳамин тариқ, тамоми ҳодисоту ашьё, ки аз ҷониби шоир маърифат мешаванд, имкон пайдо мекунанд, ки мавриди шеър қарор бигиранд. Вале баробари ин шоир он воқеъаву ашёеро ба тасвир мегираду ифода менамояд, ки ба мароми эҷодии ў мутобиқ ва хусусияти таъмимӣ дошта, мафкураи иҷтимоиро ҳам баён намояд ва дар баробари ин фардияти худро ҳам аз даст надиҳад, зеро бунёди эҷодкори асил дар фардияти ўст.
Аз ин рў, бо вуҷуди дар солҳои шасту ҳафтод дар мавқеи ягонаи мафкуравӣ қарор доштани шуарои муосири тоҷик дар андешаҳо ва сирати муфради ғиноӣ махсусияти ҳаёти маънавии замон ва табақоти иҷтимоӣ ҳам каму беш инъикос мешуд. Дар андешаҳои муфради ғиноӣ кам - кам ҳамроҳ омадани ғаму шодӣ, хандаю нола, озодию маҳрумият нақш пайдо мекард, ки танҳо аломати аз нав зинда шудани назарияи фалсафии дуалистӣ набуд, ки дар шеъри классикии мо дар сурати муборизаи неку бад вуҷуд дошт. Ин ҷо яқин аст, ки эҳсоси дард, беморӣ, нуқси иҷтимоӣ аз ҷониби эҷодкорон, ки қисмати ҳассостарини ҷомеа ҳастанд, дар аввалҳо дақиқ набошад ҳам, ба таври умумӣ ва шуҳудӣ зуҳур мекард ва ифодаи худро дар нишон додани мубориза ва ҳамбастагии хайру шар меҷуст. Аз ин рӯ, ин ҳаргиз танҳо пайравӣ аз ин қабил осори пешиниён набуда, замина ва сабабҳои иҷтимоӣ ҳам дошт.
Он чиз ҳам аҷиб аст, ки шеъри муосири тоҷик дар нимаи дуюми аср барои аз нав зинда шудани ин мавзуъ аввалин таконро аз сонетҳои Шекспир гирифт, ки баъд аз тарҷумаҳои Қутбӣ Киром воқеъ шуд. Қутбӣ Киром, ки онҳоро ба тоҷикӣ баргардонд, чанд шеър дар он равия гуфта, сонет ном гузошт, ки онҳо агарчи аз сонет аз назари жанр - адади мисраъ ва тарзи қофиябандӣ фарқ доштанд, аммо тамоман беқаробат ҳам набуданд, ки ин номгузории шоирро қобили қабул мегардонданд. Асли масъала дар ин ҷо на дар шакли жанрӣ, балки дар навъи андешаҳои ҳиссиётангези шахсияти ғиноист, ки мояаш бар тазод аст, дақиқтараш андешаҳои мутазоди шахсияти ғиноӣ, ки зодаи ангезаҳои рўҳист, мавзўи шеърро ташкил мекунанд.
Шуд сари бесар, дили бедил насибам аз ҳаёт,
Хандаҳоям нола дорад, нолаҳоям хандае.
Ман чӣ мегўям, чӣ мепурсам, чӣ месозам ба худ,
Гўӣ (?) дар ин рўзгорон ҳам шаҳам, ҳам бандае [5, 30].
Ангезаи рўҳӣ, ки аз шоҳ ё банда будани шахсияти ғиноии шоир оғоз мешавад, андешаҳои мутазодро бор меоварад, зеро аз як сў шоҳ ва аз дигар сў банда ҳолатҳои бо ҳам зид доранд. Шахсияти ғиноӣ рўзе, ки байтҳояшро рўи коғаз кашида метавонад, худро шоҳ ва гоҳе, ки рўзҳояшро бесуд барбод медиҳад, худро банда мепиндорад, вале дар охир дармеёбад, ки на ин асту на он, ў касест, ки ин ҳар ду аст, яъне ду инсони мутазод дар як инсон, ду олами мухталиф дар як олам, яъне дар олами шоир аст:
Узр, ёрон, шоирам ман, на шаҳам, на бандае,
Хандаҳоям нола дорад, нолаҳоям хандае [5, 31].
Ҳарчанд ки ҳар лаҳза дигар шудани инсон дар ғазали “Кистам?” - и Қутбӣ Киром ҳосили ангезаи рўҳист ва тарзи ифодаи он бештар хитобию камтар маҳсусу тасвирист, он маҳаки андешаҳои худтаҳлилии шахсияти ғиноӣ қарор гирифта, барои ҷустуҷў дар олам ва таассуроти мухталифи инсон мадад мекунад. Ҳар лаҳза дигаршавии авзои шахсияти ғиноӣ аз рўи тазод сурат мегирад, ў худро лаҳзае пурасрор — ошкор, шарори оташ — баҳри беканор, шаҳбоз — кафтар ва монанди инҳо меангорад ва дар охир хулоса мекунад, ки:
Сисола роҳи умри ман тай шуд, надонам кистам?
Ҳар рўз ман дар аҳди худ сад бор дигар мешавам [6, 79].
Дар эҷодиёти Қутбӣ Киром шеърҳои ғиноии андешаҳои отифии худтаҳлилӣ камтар ба назар расанд ҳам ашъоре, ки дар асоси ангезаҳои отифӣ суруда шудаанд, ҷой доранд. Ин ангезаҳо ба сурати таассуроти мутазод арзи зуҳур мекунанд. Азбаски ин таассуроти мутазод бештар дар натиҷаи рўй овардан ба масъалаҳои иҷтимоӣ ба миён меояд, ба шеъри Қ. Киром хусусияти маърифатбахшӣ медиҳад. Ин далели он аст, ки ашёву ҳодисоти олами воқеъро фаро гирифтани шеъри Қ. Киром мушаххасан ва шеъри ғиноӣ умуман, нисбат ба он ки тасаввур мешавад, хеле фарохтар мебошад.
Дар ашъоре, ки дар онҳо муфради ғиноӣ камтар аз ҳақиқати воқеии зиндагӣ ва бештар аз зафарҳои даврон, адолати сохти иҷтимоӣ, гулгулшукуфӣ ва ҳамин гуна мавзўъҳо сухан мегуфт, вазифашиносии сиёсии ў муқаддам буд, зеро дар байни ҳақиқати зиндагӣ ва вазифаи сиёсӣ, ки қариб дар ҳамаи давру замонҳо шахси эҷодкор, мутассифона, ҷабран ба зимма мегирифт ва дар замони сотсиалистӣ ҳам ҳамин тавр буд, ноҷўрӣ вуҷуд дошт. Ин ноҷўрӣ дар нимаи дуюми қарни ХХ дар андешаҳои муфради шоироне, монанди Қутбӣ Киром, Лоиқ, Гулназар кам - кам зоҳир мешуда бошад, дар эҷодиёти Бозор Собир, ки нисбат ба дигарон аз вазифашиносии сотсиалистӣ озодтар буд, бисёртар ба назар мерасид. Бинобар ин, муфради ғиноӣ, ки дар ашъори Бозор Собир арзи вуҷуд мекард, маънии ҳастии худро дар тааллуқоти дигар медид, ки бештар дар дилбастагии ў ба арзишҳои маънавии миллӣ, ки дар деҳот боқӣ мондаанд, зоҳир мешуд. Пайванди Бозор Собир бо ҳаёти деҳ, ки аз деҳотӣ будани худи шоир бармеояд, боз ба иҷрои ҳамин мақсад, ки шеърашро аз кашидани вазифаи сиёсӣ озод кунад, хидмат мекард.
Агар, аз як тараф, дар ашъори ин солҳо муфради ғиноӣ, ки фикру зикраш, кўшишу ҳаракаташ барои амалӣ шудани дархостҳои иҷтимоии замон равона шудааст, мавқеи муҳим дошт, аз тарафи дигар, тимсоли инсоне ба зуҳур меомад, ки бештар паи баровардани ниёзҳои зиндагии фардии худ буда, муносибаташ бо иҷтимои замон аз рўи меъёрҳои дигар сурат мегирифт. Ў ба ҳар инсон, новобаста аз тааллуқоти иҷтимоияш, ҳамчун ҳалқаи пайванди силсилаи инсоният қимат қоил буд, озодии фардии ўро шарти асосии эътибори инсонияш медонист. Ин муфради ғиноӣ дар ҳар сурат зуҳур кунад, хоҳ дар сурати шахсияти ғиноӣ, шахси шоир, ровӣ ва ё чун мавзўъ тасвир шудан, озодии комили худро тақозо мекард ва бар зидди ҳама гуна маҳдудияти озодӣ ва ё камтарин зўроварӣ кардан ба шахсияти ў, хоҳ аз ҷониби сохти иҷтимоӣ бошад ва хоҳ аз ҷониби қонуниятҳои асосии низоми олам, садои эътирози худро ба гўш мерасонид.
Акнун инсон на фақат ҳамчун ифодакунандаи ин ё он мафкураи иҷтимоию сиёсӣ, балки ҳамчун гаронбаҳотарин офаридаи табиат, ки баъзан аз рангу бори мазҳабӣ ҳам орӣ набуд, шинохтаву тасвир карда мешуд. Ин ҳама аз он шаҳодат медод, ки дар шуури иҷтимоии солҳои ҳафтоду ҳаштод ва махсусан навадум зиддиятҳое вуҷуд дошт, ки барои аз байн рафтани ғояи қаблии инсони шўравӣ замина гузошта, барои давроне, ки асоси фаҳмиши тозаро дар мавриди муносибати инсону ҷомеа фароҳам меовард, роҳ мекушод. Яъне бунёди таълимоти муносибати инсони қаблӣ бо ҷомеъа тарак хўрда, барои эҷоди навин ҳоло замина фароҳам набуд. Дар ин даврон маъмулан дар адабиёт, дар шеър, ва махсусан дар шеъри ғиноӣ, ангезаҳои рўҳӣ, ки боиси андешаҳои худтаҳлилӣ ва сар фурў бурдан ба олами фардии худ мешуданд, мавқеъ пайдо мекунанд. В. Белинский зуҳури шахсиятро дар ин гуна айёми ҷомеа хеле дақиқ баён карда буд: “Ин ҳолати даргузари рўҳ аст, ки дар он барои инсон ҳама чизи кўҳна хароб шуда, вале нав ҳоло пайдо нест... Дар ҳолати ангезаи рўҳӣ инсон ба ду қисмат ҷудо шуда, яке аз он зиндагӣ ба сар мебарад, дигараш ўро назорат ва дар бораи ў ҳукм мекунад» [2, 253].
Муфради ғиноии шеъри Бозор Собир дар солҳои аввали эҷодиёташ, махсусан дар маҷмўаи “Пайванд” (с.1971), бештар андешаҳояшро дар ҳолати ангезаҳои рўҳӣ баён мекард, вале бо ин фарқ аз дигарон, ки ин ангезаҳо қариб ҳамеша бо табиат мепайвастанд ва ё маҳз табиат ба пайдоиши онон сабаб мешуд. Вай шеъри маромномааш “Орзуи зинда” -ро ҳам бо таъкиди маҳз ҳамин пайванд оғоз карда буд:
Кўдаки сангаму аз оғуши куҳсор кунун
Ҳамраҳи бўи баҳор,
Ҳамраҳи нолаи мурғони саҳар,
Ман ба овози дигар
Меравам сўи ту, эй шеъри Аҷам [12, 7].
Дар ин пора ба ду нукта бояд таваҷҷўҳ кард, ки дар он шоир аз “нолаи мурғони саҳар” сухан мегўяд ва оҳанги дард доштани шеваи шоирии худро гўшрас карда, ҳамчунин бо ибораи “ба овози дигар”, аз дигарон фарқ доштани лаҳни худро паём медиҳад, ки баъдҳо собит ҳам мешавад. Инҳо ҳама якҷоя такя ба табиат дошта, пайванди ҳамешагии муфради ғиноиро ба он ифода менамоянд. Ў пас аз ҳафт-ҳашт сол дар маҷмўаи сеюмаш “Гули хор” (с. 1978), ки як навъ мунтахаби аввали шеърҳояш буд, дар шеъри “Фарзанди деҳқон” реша дар деҳот ва табиат доштани худро чунин изҳор мекард:
Давоми шир-шири барги алафҳост
Ҳиҷою ҳарфи ман дар шеъри озод.
Ғазалҳои маро дар шабдаравҳо
Ману шаббодаҳо кардем эҷод [13, 11].
Ҳарчанд ҳангоми таҳқиқи ашъори шоир танҳо дар доираи гуфтаҳои ў фикр рондан, эҷодиёти ўро шомили танҳо ҳамон хусусиятҳое, ки ў худ номбар кардааст, иборат донистан кофӣ нест, аммо аз гўшзади ў тамоман қатъи назар кардан ҳам норавост. Ҳангоми бо ашъори Бозор Собир сари кор доштан ба эътибор бояд гирифт, ки таъкидоти ў яке аз ҷиҳатҳои муҳимтарини эҷодиёташро ифода мекунанд. Яке аз онҳо ин сарчашмаи шеър ва ба табиат пайванд будани андешаву эҳсосоти муфради ғиноии ўст.
Дар солҳои шасту ҳафтод на фақат Бозор Собир, балки шуарои дигаре ҳам ба табиат рўй оварда, ба ин тариқ барои тару тозагӣ ва маҳсусияти шеъри худ, ки аз он на фақат ақл, балки ҳисси панҷгонаи инсон ҳам кайфияте барад, истифода кардаанд. Ин ҷустуҷў буд, ки бар табиияти шеър афзуда, онро аз маснўият ва муҷаррадӣ наҷот медод. Аз ин рў муфради ғиноӣ дар эҷодиёти М. Турсунзода, А. Шукўҳӣ, М. Қаноат, Кутбӣ Киром, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор ва дигарон ба табиат бештар гароиш дошта, онҳо онро дар ибрози ҳиссиёт ва тассуроти хеш ба кор меандохтанд. Ин аз як ҷиҳат. Аз ҷиҳати дигар, пайдо шудани ин ҳолат ба вусъати инқилоби илмию техникӣ ҳам вобаста буд, ки ҳамчун тарзи махсуси вокуниш зуҳур карда, ёдовар мешуд, ки бо вуҷуди зиндагиро фаро гирифтани инқилоби илмию техникӣ пайванди инсон бо табиат аз он ҳам муҳимтар мебошад.
Дар айни ҳол моҳияти масъала дар чигунагӣ, дар махсусияти пайванди муфради ғиноии шеъри Бозор Собир бо табиат аст, ки ўро аз дигарон фарқ мекунонад, вагарна шеъри шоирони дигар ҳам аз табиат канда нест. Барои муфради ғиноии Бозор Собир табиат муҳитест, ки дар он инсон бо ҳиссиёти нозук, шавқу ҳаяҷони ҳамешагӣ, зебопарастӣ, одамият ба камол мерасад, табиат муҳити табиии камолоти ўст, ки аксаран на аз барои тавзеҳ ва дар сурати чиз ва ё манзарае нишон додани ҳиссиёту ҳаяҷони шоир, балки ҳамчун муҳите, ки муфради ғиноӣ дар он бо ҳиссиёту ҳаяҷон, бо шавқу таассуроти худ вуҷуд дорад, ба назар мерасад.
Аз андешаҳои худтаҳлилии отифии муфради ғиноии Б. Собир бармеояд, ки ҳамаи дарёфтаҳою гумкардаҳои ў аз табиат ҳастанд, яъне ў ҷузъи табиат аст ва аз ин рў муфради ғиноии ў ба табиат на танҳо чун манбаи воситаҳои тасвир барои баёни ҳиссиёту таассуроти худ муносибат мекунад, балки дар он бештар мавҷудияти комил, ҳастии ҳамарўзаи худро меҷўяд. Дар ин ҳамзистии табиӣ ў сангҳоро рафиқи баччагӣ мешиносад ва онҳоро ташхис карда, дар шеъри “Кўдакӣ ку?” сарашонро бо меҳр сила мекунад ва мегўяд:
Баҳорон бори дигар меравам ҳамроҳи кўдакҳо
Барои чўҷаҳои кабки хушрафтор.
Таги ҳар буттаро бо даст мекобам,
Сари ҳар сангро оҳиста мемолам
Зи шавқу шодии тифлонаам саршор [12, 17].
Дар муҳити муайяни табиӣ дарк кардани инсони воқеӣ, дар айни ҳол, шоир ва ё муфради ғиноӣ яке аз воситаҳои асосӣ буд, ки шеъри муосирро дар нимаи дуюми қарн, аз ҷумла дар эҷодиёти Бозор Собир ва шоирони ин насл, аз “умумӣ” шудан наҷот дод. Онҳо инсонро дар оғўши табиат медиданд. Ҳар ҳиссиёту таассуроте, ки дар ў пайдо мешуд, сарчашма, муҳит дошта, ҳар бор нотакрор ба қалам меомад, зеро тасвири воқеии табиат инсони воқеиро тақозо мекард. Ҳар инсони воқеӣ бо табиат, бо ҷамъият муносибат ва пайвастагии фардӣ дорад, ки бо рўҳиёт ва ҷаҳонбинии вай вобаста буда, тасвири онҳо шоирро ба нигориши гуногунҷиҳат ва ҳаматарафаи инсон мерасонад.
Дар ашъори солҳои шасти Бозор Собир муфради ғиноӣ, ки ба андешаҳои худтаҳлилии отифӣ меравад, чун инсони воқеӣ чеҳраи мушаххас дорад, аммо ҳанўз доираи муносибати вай бо ҷамъият маҳдуд аст. Вай бештар ба он машғул аст, ки хотироти бачагии худро боз орад ё аз меҳру муҳаббати ҷавонии худ, ҳамчунон ки дар шеърҳои «Ҷавонӣ», «Кудакӣ ку?», «Бачаҳои деҳотӣ» ва ғайра ҳаст, сухан гўяд.
Пайванди муфради ғиноӣ бо табиат, ки худро ҳамчун як ҷузъи он дарк мекунад ва ё ба воситаи табиат андешаҳои худро баён медорад, ба тарзу тариқ ва сабки эҷодии шоир сахт вобаста аст. Ва агар шоир табъан ғиноӣ бошад, табиат дар оинаи чашмони муфради ғиноӣ намудор мешавад ва гўшаҳои ниҳони замири муфрадро инъикос менамояд. Дар даҳсолаи аввали эҷодиёташ таассуроти Бозор Собир аз олам асосан ғиноӣ ба назар мерасад, қариб ҳамаи ашё, мавҷудот ва ҳодисот аз рўи таассурот ва андешаҳои отифии муфради ғиноӣ ва ё шахси шоир ба қалам кашида мешуд. Дар аксари ҳолат муфради ғиноӣ худи шоир буд, ки бештар ба худшиносӣ ва худифшоӣ мекўшид ва табиат ҳам барои амалӣ шудани ин мақсад созгорӣ мекард. Таассуроти шоир ҳамзоди авзои табиат буд, ки гоҳо рўҳпарвару босурур ва гоҳо ҳузновару малолангез ифода мегашт. Дар ин ашъор нақши андешаву эҳсосоти муфради ғиноӣ бар тасвири табиат бартаранд ва сабаби дар ин бахш баррасӣ шудани онҳо ҳам дар ҳамин аст, вагарна ашъоре, ки дар онҳо тасвири табиат бар андешаву эҳсосоти муфради ғиноӣ афзалият доранд, дар бахшҳои дигари ин рисола мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Муфради ғиноии Бозор Собир дар андешаҳои худтаҳлилиаш ҳам худро камтар ба ҷониби иҷтимоъ, балки бештар ба оғўши табиат бурда, ба он пайванд медиҳад. Ин маънӣ дар шеъри “Реша” -и ӯ, ки дар зимни табиат ва ҷузъиёти он гуфта шуда, номи шеър — “Реша” ҳам далели он аст, чунин баён гаштааст:
Чӣ гўям?
Дастомўзи худовандони фарҳангам,
Ва одат кардаам ман бар навозишҳо,
Ситоишҳо...
... Вале бо ин мани хушбахт,
Мане ҳам ҳаст,
Мани “ваҳшӣ”, мани “саҳроие” ҳам ҳаст,
Ки ўро мондаам дар пои минбарҳо... [13, 63].
Шахси шоир дар ин шеър банди ангезаҳои ҳиссӣ мебошад, дар ӯ ду инсон ба ҳам мубориза дорад: якум – “дастомӯзи худовандони фарҳанг” ва “одат карда... бар навозишҳо... ситоишҳо”, дуюм – “ваҳшӣ”, “саҳроӣ”, вале ҳамин дуюмӣ, ки ба садҳо чашмаи сероб наздик аст, решаи аввалист ва ӯро сабз медорад, ҳиссиёти болонишинӣ ва шўҳратхоҳии ўро қонеъ менамояд. Шоирро иззатталабии дуюмӣ он қадар хушоянд нест, баръакс ''мани ваҳшӣ ''-и ў мавриди нигоҳи хушбини ўст, зеро маълум мешавад, табардастоне ҳастанд, ки қасди дарахти шўҳрати шоирро доранд ва ў ба рағми онҳо мегўяд:
Табардастон, чӣ мегўед?
Бе ин решаи “ваҳшӣ”
Дарахти сарбаланди шўҳрати ман
ташна хоҳад монд,
Мани болонишин дар қуллаҳои
осмонбўси бузургӣ ташна
хоҳам мурд [13, 64].
Яке аз муҳимтарин фарқиятҳои шеъри андешаҳои отифии Бозор Собир аз ҳамсолонаш дар ҳамин аст, ки андешаҳои Бозор Собир бештар дар намои табиат, бо суратҳо, ҷузъиёти он маҳсус ба қалам омада, ҳискардаи эҳсоси панҷгонаи вай ҳастанд. Муфради ғиноии ў суханро муҷаррад нагуфта, қариб ҳамеша ҳискардагўст. Номи яке аз маҷмўаҳояш инро махсус таъкид ҳам мекунад, ки “Бо чамидан, бо чашидан...” аст. Дар шеъре ҳам, ки “Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан...” ном дорад, шахси шоир бунёди ҳастӣ ва пайванди худро бо Ватан дар ҳамин ҳисси панҷгона, яъне ҳисси комили худ мебинад.
Ман Ватанро аз қафои пода таҳсис кардаам,
Рўзу шаб бо панҷ ҳисси зотиам ҳис кардаам.
Бо забону чашму гўшу бо димоғу дасту по,
Бо чамидан, бо чашидан, бо шамидан, бо садо [14, 26].
Ва ё дар шеъри “Баданам аз қаламам нест ҷудо” низ маъниеро таъкид мекунад, ки шеъраш ҷамъкардаи лабу чашму забон ва дасту пои ўст, яъне маҳсус аст ва бофтаи муҳокимарониҳои зеҳнӣ нест.
Андешаҳои худтаҳлилии муфради ғиноӣ дар шеърҳои “Хонаи мўр”, “Ҳар саҳар аз хандаи хуршед”, “Такрор” ҳамин гуна аз табиат бармеоянд ва ё вобаста ба табиат иброз мешаванд, ки маъниҳои муҳими иҷтимоӣ доранд. Ба ин шеърҳо ҷузъиёти зиндагии шаҳрӣ ҳам дохил шуда, мақсадро ба тарзи тасвири тазоду муқобала барҷастатар ифода менамояд. Дар шеъри “Хонаи мўр”, ки асосан аз суратҳои зиндагии деҳ ва табиат ба ҳам омадааст, шахси шоир худро ба тугмаи садои дар, ки ҷузъи зиндагии шаҳрист, нисбат дода, мазмуни амиқи иҷтимоиро баён мекунад, ба ман ҳар қадар фишор биёранд, ман ҳамон қадар баландтар занг мезанам, яъне садо дармедиҳам, эътироз менамоям: “Ман тугмаи садоям // Дар пушти ин дари танг, // Ҳар қадр мефишоранд, // Он қадр мезанам занг” [14, 37]. Ва банди хотимаи шеър даъвоест ба зиндагӣ, ба назми дунё ва ҷомеа, дуруст аст, ки як андоза умумӣ, вале агар банди болотари онро ба ёд орем, маҳз ба ноҷўрии замони шоир муносибат доштани он собит мешавад. Бо панҷаи фишурда ба дунё омада, боз бо панҷаи фишурда намурда аз дунё рафтан маҷозест, ки маънии ҳамеша ба задани мушти ҷавобӣ омода будани ўро барои ҳамаи он беадолатиҳое, ки кашидааст, бисёр хуб ифода намудааст: “Бо панҷаи фишурда // Ман омадам ба дунё, // Бо панҷаи фишурда // Ман меравам намурда” [14, 38].
Ин оҳанги кинҷўии муфради ғиноӣ, дар айни ҳол худи шоир, аз давру замон, ки дар мақтаъи шеър ифода шудааст, дар охири солҳои ҳаштоду навад дар ашъори Бозор Собир боз ҳам пурқувваттар ба гўш мерасад. Ҳамчунон ки ба назар расид, дар шеъри “Хонаи мўр” шахси шоир инсони воқеъист, яъне фардию ҷолиб рух намуда, мафкураи як табақаи ҷамъиятро, ки воқеъан нобаробарии иҷтимоиро дар худ эҳсос мекард, ба тарзи таъмимӣ инъикос кардааст. Вале, мутаассифона, дар баъзе шеърҳояш боз ҳамон нуқси пештара дар мавриди эҷоди чеҳраи муфради ғиноӣ, ки мехоҳад бо ба ў нисбат додани сифатҳои фавқулбашарӣ ва ё ҳайратангез тимсоли инсони комил ва ҷомеъеро дар пеши назар таҷассум намояд, тарҳи фардияти худро аз даст дода, номарғуб мегардад. Масалан, ин камбуд, ки аз нисбат додани сифатҳои аз меъёр зиёд ва ғайритабиӣ ба муфради ғиноӣ рух додааст, боз дар шеъри “Ман худамро кушта-кушта...” ба назар мерасад. Муфради ғиноӣ дар ин шеър инсони ҷомеъ аст, ки дар банди якуму дуюм аз ҳастии иҷтимоӣ ва пайвандаш ба табиат сухан мегўяд, вале баъд ба муҳокимарониҳои зеҳнии пайдарҳам аз сохтану сўхтан, пардохтану бохтан, ҷабрфармоию ҷафокашиҳо бо овардани ному воқеаҳои бисёри таърихӣ машғул шуда, барои ҳастии худии худро изҳор кардан имкон намеёбад ва дар натиҷа сурати инсони умумиро гирифта, суханҳои маъмул мегўяд, ки мароқангезиаш аз байн меравад.
Дар ашъоре, ки муфради ғиноӣ андешаҳои муҳими иҷтимоӣ, таърихиашро дар заминаи ҳиссиёти шахсӣ, ҳамчун мавзўе, ки ранҷу азоб ва шодию нишотҳои зиндагии ўро ба ҳосил овардаанд, менигорад, ҳам шахсияташро амиқу пурмаънотар воменамояд ва ҳам андешаҳояшро ба ҳиссиёти тару тоза баён мекунад, ки шеърҳои “Тоҷикистон”, “Бухоро”, “Дар оғўши кўҳистон” маҳсули ҳамин шеваи дарёфти мавзўъ мебошанд. Масалан, дар шеъри “Бухоро” ҳам аз шахсияту воқеъаҳои бисёри таърихӣ ёд оварда мешаванд, аммо дар сухани муфради ғиноӣ, ки гармӣ ҳасту ў онҳоро ҳамчун як ҷузъи таърихи ҳастии худ ба забон меорад, ба дилу ҷон таъсир мегузорад.
Бухорои адабпарвар,
Нигоҳи гарми ман аз фарқи кўҳистон
Ба сўят чун Зарафшон рузу шаб ҷорист,
Ҳамехоҳам чу пайвандат,
Ду чашмам мисли руде тар кунад рўи заминатро,
Нагардад то парешон пас аз ин хоки барўмандат [14, 114].
Ҳамин тариқ, пайвастагии тимсоли муфради ғиноӣ ва шоир дар ашъори Бозор Собир, ҳамчунон ки умуман дар шеъри ғиноӣ ҳаст, бисёр нозук ва ба назар нонамоён мебошад. Ин махсусан боз дар ҳолатҳое ноаёнтар аст, ки тимсоли муфради ғиноӣ бештар айният пайдо карда бошад. Аммо дар шеъри Бозор Собир муфради ғиноӣ бештар зеҳният дорад, яъне ба худи шахси шоир пайванд мегирад, ки аломати аксаран дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштани шахсият ва олами худии шоир мебошад.
Аскар Ҳаким
Институти забон,адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ
Китобнома