Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Тадқиқи ташаккули мухтассоти анвои адабӣ – эпос, драма, лирика ва махсусан лирика, шеъри ғиноӣ, аз мураккабтарин масъалаҳои адабиётшиносист, ки дар марҳилаҳои охири инкишофи адабиёт бо сабаби ба ҳам даромехтани навъҳову жанрҳо боз ҳам мушкилтар шудааст. Барои иҷрои ин кор қаблан зарур аст, дасти кам, дар бораи он ки худ шеър чист, пайдоишаш чӣ гуна аст ва чӣ тавр ба ғиноию ҳамосӣ тақсимбандӣ гаштааст, мухтасаран маълумот дода шавад.
Қадимтарин назарияи пайдоиши моддию мантиқии шеър, ки ба мо маълум аст, ба файласуфи Юнон Арасту тааллуқ дорад, ки бештар аз 2000 сол муқаддам дар асари ў «Фанни шеър» баён шудааст. Ў асоси пайдоиши ҳунарро муҳокот ба зиндагӣ маънидод карда, навиштааст: «Шеъри ҳамосӣ ва фоҷиавӣ, ҳамчунин мазҳака ва мадҳия, қисмати бузурги авлетика ва кифаристика - кулли онон, умуман гирем, ҳунарҳои муҳокотӣ ҳастанд» [2, 40]. Дар ин тақсимбандии аввалини назарӣ, ки аз ҷониби донишманди ғарбӣ рўи кор омадааст, ба се навъи ҳунари шеър, яъне адабиёт ишора шудааст, ки аз рўи адабиётшиносии муосир онон адабиёти ҳамосӣ (фоҷиавӣ ҳам ба он дохил мешавад, зеро асли онҳо ягона буда, ҳар ду ҳам ба навъи услуби олӣ тааллуқ доранд. -А.Ҳ.), мазҳакию мадҳия, ғиноӣ ва ё бо таъбири ғарбӣ - лирикӣ ном гирифтаанд. Авлетика, ной ва кифара асбоби мусиқист, ки бо замзамаи онон ашъори ғиноӣ хонда мешуд ва он минбаъд дар замони эллинии инкишофи адабиёти Юнони бостон (дар асрҳои III ва нимаи аввали II то солшумории милодӣ) лирика номида шуд.
Арасту ҳарчанд дар «Фанни шеър» аз ҷинси лирикии адабиёт махсус бо ин ном сухан намеронад, аммо дар тақсимбандие, ки аз рўи тарзи муҳокот ба зиндагӣ мекунад, хусусиятҳоеро зикр менамояд, ки ба адабиёти лирикӣ тааллуқ мегиранд. Ў менависад: “Муҳокот ба як чиз ва маҳз ба як чиз ҳангоме имкон дорад, ки дар бораи ҳодисае, ҳамчун чизе аз худ ҷудо, ҳамчунон ки Ҳумер мекунад, ҳикоя карда шавад ва ё ба тарзе ки муқаллид ҳамчунон ки ҳаст, чеҳраи худро тағйир надода, бо худии худ мемонад ва ё ҳамаи ашхоси тасвиршавандаро ҳамчун муфрадони омил ва фаъол мунъакис менамояд» [2, 45]. Дар хусусияти дувуме, ки муайян шудааст, яъне тақлидгар ҳамчунон ки ҳаст, чеҳраи худро тағйир надода бо худии худ мемонад, асосан сифати адабиёти лирикӣ баён гаштааст, ки зиндагиро бо андешаи ҳиссиётманд ва таассуроти ҳаяҷонангез, ки аз он бармедорад, ба тасвир мекашад. Таърифи Арасту аз шеъре, ки баъдан номи лирикиро гирифтааст, имрўз ба назари мо хеле умумист, вале воқеияти адабии он замонро ифода кардааст. Ин маъниро адабиётшинос Г. Н. Поспелов дар таҳқиқоти хеш зери унвони «Лирика» дар боби «Гегел дар бораи фарқиятҳои эпос ва лирика» [14, 23-30] баён намудааст.
Назарияи аз муҳокоти ҳастӣ оғоз гирифтани ҳунар, аз ҷумла шеър, ки дар «Фанни шеър» -и Арасту баён гаштааст, дар илми шеъри шарқ низ доман густурдааст, ки натиҷаи тарҷума, тафсир ва таъсири асари зикршуда буда, дар рисолаҳои оид ба фанни шеър навиштаи Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Насираддини Тўсӣ ва дигарон акси возеҳи худро андохтааст. Дар таълифоти ин муҳаққиқон, ки бештар донишмандони мантиқӣ буданд, ба моҳияти шеър назари мантиқӣ ҷой дошта, дар баробари таъкиди лавозимоти шаклии он – вазну қофия ва саноеъи лафзию маънавӣ – дар бораи хусусияти муҳтаво, мавод, мафоҳими он низ изҳори ақида карда шуда бошад ҳам, бисёр куллӣ ба назар мерасад, ки бо муроҷиат ба чанде аз онҳо ин қазия равшан хоҳад шуд.
Абў Алӣ ибни Сино дар «Фанни шеър» чунин менависад: «Шеър сухане аст хаёлангез, ки аз суханоне мавзуну баробар сохта шуда ва назди арабҳо дорои қофия ҳам бошад… ва мухайялу шўрангез сухане аст, ки нафс ба он мутеъ шавад ва бе ҳеҷ гуна тааммулу андеша ва ихтиёр аз умуре шоду хурсанд шавад ё аз умури дигар гирифта ва андўҳгин гардад. Хулоса, инфиол ва таъсири нафсонӣ ва на аз рўйи фикр дар ў ҳосил шавад, хоҳ онро бовар кунад ё накунад» [12, 72-73.]. Ва дар идомаи андешаҳояш ў «шеър сухане аст хаёлангез» гуфтани худро чунон шарҳ медиҳад, ки он хусусияти тасвирии адабиётро ҳам дар бар мегирад. Ба замми ин ў боз дар бораи меъёри таносуби ҳақиқати бадеӣ бо ҳақиқати воқеӣ, яъне дар бораи ду тарзи тасвир, ки яке «намоиши дурўғи чизе ва ҳикоят аз он чӣ хеле ки ҳаст…бо ин ки ба дурўғ вонамуд шудааст» ва дигаре «тавсифи он дар шакле, ки воқеан ҳаст» [12, 72-73]. сухан ронда, ҷанбаи намоишӣ ва муҳокотии шеърро, ки бо вуҷуди аз ҳодисаву воқеоти олами моддӣ ибтидо гирифтан нусхаи холиси он набуда, хаёлоти бадеии муаллифро низ бо худ дорад, таъкид менамояд, ки ин нукта ҳаммаънои андешаҳои Арасту дар «Фанни шеър» аст.
Донишмандони фанни шеър, ки дар масъалаҳои хусусияти он андеша рондаанд, бештар ҷиҳатҳои шаклии онро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, вале мантиқиён оид ба яке аз сифатҳои аслии мавод, муҳтавои он, ки тахайюлист, низ таваҷҷўҳ зоҳир намудаанд, ки мо тасдиқи ин фикрро дар «Асос-ал-иқтибос» -и Хоҷа Насираддини Тўсӣ ҳам пайдо мекунем: «Моддаи шеър сухан аст ва сураташ ба наздики мутааххирон вазн ва қофия ва ба наздики мантиқиён – тахайюл» [16, 259].
Он равияи тадқиқи шеър, ки аз ҷониби донишмандони улуми адабӣ ба кор гирифта шуда буд, асосан ба баррасии саноеъи бадеӣ, анвои шеърӣ ва забони он машғул мешуд. Он низ, бешубҳа арзиши баланди таҳқиқотӣ дошт, зеро ба махсустарин ҷиҳатҳои шеър ҳамчун санъати нафиса дахл карда, зебоиҳои хосаи онро нишон медод. Барои дарёфти ин зебоӣ завқи салими бадеӣ зарур буд, ки маҳсули ин кор дар навбати худ ба тарбияи завқи зебошиносӣ мадад мекард.
Дар улуми адабӣ таълифот ва рисолаҳои Муҳаммад ибни Умар-ар-Родуёнӣ («Тарҷумон-ул-балоға»), Рашиди Ватвот («Ҳадоиқ-ус-сеҳр фӣ дақоиқ-уш-шеър»), Аҳмад бинни Умар ибни Алӣ Низомии Арўзии Самарқандӣ («Чаҳор мақола»), Шамсиддин Муҳаммад ибни Қайси Розӣ («Ал-мўъҷам фӣ маъойири ашъор-ил-Аҷам»), Амир Бурҳониддин Атоуллоҳ ибни Маҳмуди Ҳусайнӣ («Бадоеъ-ус-саноеъ») ва дигарон, ки дар ҳамин равия эҷод шудаанд, сифати тадқиқи сухан ва зебошиносӣ доранд. Аксари тазкираҳои замонҳои пешин ҳам ба замми дар бораи шуаро маълумоти гуногун доданашон аз ҳамин гуна сифатҳои таҳқиқоти суханшинсонаи шеър бархурдоранд, ки тазкираҳои «Лубоб-ул-албоб» -и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Тазкират-уш-шуаро» -и Давлатшоҳи Самарқандӣ аз ҷумлаи беҳтарини онҳоянд. Дар ҳамин асос Абдунабӣ Сатторзода, ки дар ин бора зери унвони «Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷик» тадқиқоти махсус анҷом додааст, комилан дуруст қайд мекунад, ки «мавзуи баҳси аксарияти улуми адабӣ забон ва муаммоҳои гуногуни он буда, ба адабиёт аз назари ҷиҳатҳои забонии он муносибат доранд ва поэтикаи форсӣ - тоҷикӣ ба мисли поэтикаи арабӣ, ҳиндӣ ва дигар халқҳои Шарқ дар аввал асли лингвистиро ба худ асос намуда будааст» [15, 33].
Дар таҳқиқоти арзишманди Худоӣ Шарифов, ки дар асоси омўхтан ва баррасии сарчашма ва таълифоти бисёри илмии қудамо оид ба насри форсӣ -тоҷикӣ эҷод шудааст, ҳангоми баҳс аз кутуби шеършиносӣ чунин нукта қайд мешавад, ки «… масоили санъати бадеӣ аз таҳқиқу шинохти қонуниятҳои шеърӣ ба махсусияти сабкии шеър, ба васоити муқаррар кардани сохтмони шеър табдил ёфтанд» [18, 225], ки ин ҳам аз ҷониби дигар дар асоси лингвистӣ қарор гирифтани фанни шеъри форсӣ - тоҷикиро таъкид менамояд.
Адабиётшиносони муосир сабаби ин равияро дар таълифоти пешиниён ба таври гуногун шарҳ додаанд. Аз ҷумла И. С. Брагинский менависад, ки «анъанаи ин гуна муносибат ба калом ибтидои худро аз замонҳои хеле қадим, аз эътиқоди қадимиён ба қудрати эҷодкоронаи калом (дар Авесто: «Мантра апента» каломи таъсирбахш, каломи муқаддас) мегирад» [7, 8; 8, 139]. Худоӣ Шарифов ҳам дар таҳқиқоти зикршуда ба чунин хулоса мерасад, ки дар гузашта, ҳатто дар асри Х мелодӣ «…эҷоди китоб на ҳамчун ҷараёни кори эҷодӣ, маънавию фикрӣ ва сирф ҳунарӣ, балки чун ваҳйи осмонӣ тасаввур мешавад» [18, 21]. Ин гуна ақида дар бораи ҷанбаи илоҳӣ доштани қудрати эҷоди бадеӣ дар асрҳои баъдӣ ҳам давом дошт. Муҳаққиқи адабиёти классикӣ Ш. Ҳусейнзода дар мақолаи хеш «Шеър ва шоирӣ аз назари Ҷомӣ» зимни баррасии ин масъала чунин хулоса мегирад, ки: «Аз нуқтаи назари ў каломи бадеӣ, истеъдод ва қобилияти шоирӣ аз неъматҳои қудрати илоҳӣ мебошанд» [17, 296]. Аллома Абдулҳусайни Зарринкўб, ки дар бораи таърихи такомули нақди адабӣ тадқиқоти арзишманде ба анҷом расонидааст, низ дар ин бора ақидаи ба ҳамин монандеро баён ва дар назди баъзе милал амри илҳомӣ ва қудсӣ доштани шеърро қайд карда, сабаби нақди маънию мазмун нашудани онро дар ҳамин мебинад ва нақди онҳоро асосан луғавию наҳвӣ ҳисобида, оғози нақди мазмуну маъниро чунин шарҳ медиҳад: «Аз вақте ки маънӣ ва мазмуни шеър ҷанбаи қудсӣ ва илҳомии худро аз даст дод, нақди мазмун ва маънӣ низ ривоҷ ёфт ва дар қатори нақди луғавӣ қарор гирифт» [11, 49].
Вале то расидан ба замони ривоҷи нақди мазмун ва маънӣ илми адабии форсӣ - тоҷикӣ, мутаассифона, дар инҳисори таҳқиқи асосан шаклӣ боқӣ монда, доманаи тадқиқи масъалаҳои аслӣ ва бунёдии шеърро густариш дода натавонист. Ҳол он ки решаи асосии ба ин ё он навъ ва жанри адабӣ тааллуқ гирифтани асарро хусусияти муҳтаво, тарзи тафаккур ва эҳсосот, таносуби олами шахсӣ ва шайъӣ, тариқи тасвир ва баёни таассурот таъин менамояд. Ин камбуд аз ҷониби муҳаққиқони имрўзини улуми адабии пешин қайд карда шудааст, ки аз ҷумла, дар асари мазкури Абдунабӣ Сатторзода мехонем: «Диққати онҳоро (донишмандони улуми адабии қуруни Х-ХУ –А.Ҳ.) асосан хусусиятҳои шаклии асарҳои бадеӣ ба худ ҷалб намудааст… Ин гуна муносибати яктарафа ба асарҳои бадеӣ боиси маҳдудияти назариёти адабии онҳо гардидааст» [15, 33]. Худоӣ Шарифов ҳам баъди таҳқиқи маводи фаровони илмии гузашта ба натиҷае мерасад, ки «…тасаввури хеле умумии хаёл далолат ба хаёли муҷаррад дошта, бо ин сабаб барои ў (манзур Амир Хусрави Деҳлавӣ – А.Ҳ.) ва дигар муаллифони замонаш масъалаи мазмун ҳамчун хосияти адабиёт дар мавқеи сонӣ ҷойгир мешавад»[18, 130].
Ин ҷо матраҳ шудани суоле, ки чаро ин ҳолат бо улуми адабии пешини форсӣ - тоҷикӣ рух додаст, комилан табиист ва ба он дар таълифоти мазкур ва суханҳои иқтибосшудаи Абдулҳусайни Зарринкўб, И. Брагинский, Худоӣ Шарифов, Ш. Ҳусейнзода, Абдунабӣ Сатторзода камобеш ҷавоб ҳам ҷой дорад. Ду муҳаққиқи аввал сабаби онро дар тасаввури пешиниён ҷанбаи қудсӣ доштани калом дар шеър ва аз ин рў фаротар аз наққодӣ будани он дониста, муҳаққиқи охир сабаби бештар ба таҳқиқи шаклӣ машғул шудани онҳоро кўшиши бунёд гузоштани «низоми нави афкори адабӣ ва эстетикии форсии тоҷикӣ» маънидод мекунад, ки ҳамаи ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд ва яқин аст, ки таҳқиқоти оянда дар ин мавзуъ боз ҷиҳатҳои дигари онро муайян хоҳанд намуд. Вале ҳоло яке аз сабабҳои асосии онро аз қавли Ибни Сино дар «Фанни шеър» мешавад дарёфт, ки дар фарқияти шеъри юнонӣ бо арабӣ, яъне ба фаҳмиши имрўзии мо дар фарқияти шеъри ғарбӣ аз шарқӣ мегўяд: «…онҳо (яъне юнониён ва арабҳо – А.Ҳ.) ба ду манзур шеър месуруданд: Яке он ки нафсро аз чизе мутаассир созанд ва онро барои феъле ва инфиоле омода кунанд. Дуввум, барои тааҷҷуб ва шигифтии танҳо, ки ҳар чизеро ташбеҳ мекарданд, то бар асари ҳамон ташбеҳ дар шигифт шаванд. Вале юнониён мехостанд бо гуфтор мардумро ба сўйи кирдоре барангезанд ва ё аз он боздоранд» [12, 83].
Гумони ғолиб меравад, ки яке аз хусусияти фарқкунандаи адабиёти бадеии шарқ, аз ҷумла, шеъри форсӣ -тоҷикӣ ва ҳамчунин улуми адабии он аз адабиёти ғарб ва илми он дар ҳамин нуктаи борикбинона қайд кардаи Ибни Синост, ки арабҳо шеърро «барои тааҷҷуб ва шигифтии танҳо» месуруданд, юнониён «мехостанд бо гуфтор мардумро ба сўйи кирдоре барангезанд ва ё аз он боздоранд». Решаи масъала ин ҷост, адабиёти шарқ, яъне арабӣ, ки форсӣ -тоҷикӣ дар роҳи камолот аз он таъсири муайяне бардоштааст, аз аввал рўй ба манзури «ҳунар барои ҳунар» ва адабиёти Юнон, ки ба ташаккул ва ривоҷи аксари адабиёти халқҳои ғарб таъсири чашмрас гузоштааст, ба манзури «ҳунар барои иҷтимоъ» рўй оварда будааст. Ҳарчанд чунин ба назар мерасад, ки Абў Алӣ ибни Сино дар ин мавзуъ ба шеваи хоси худ сахт қотеъона ҳукм мекунад, зеро мо дар намунаҳои барҷастаи адабиёти шарқ, масалан, дар осори Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва беҳтарини онҳое, ки дар қуруни баъдӣ эҷод кардаанд, майли «ҳунар барои иҷтимоъ»-ро низ пайдо мекунем, аммо агар дар маҷмуъ бигирем, бешубҳа, ҳақ ба ҷониби Ибни Синост, ки бештарини онҳо «барои тааҷҷуб ва шигифтии танҳо»-ст. Ва адабиёт чӣ гуна, илми он ҳам ҳамон гуна аст ва ин яке аз иллатҳои асосист, ки улуми адабии форсӣ - тоҷикӣ ғолибан ба таҳқиқи шаклӣ, саноеъи бадеӣ пардохта, ба тадқиқи муҳтаво ва маводи он камтар мароқ зоҳир намудааст.
Вале дар назар бояд дошт, ки дар таълифоти оид ба шеъру шоирӣ ва адабиёти қадим ҳам баъзе таъкидотро, ки ба пайванди шеъру адаб бо ҷомеа ишорат мекунанд, пайдо кардан мумкин аст. Худоӣ Шарифов дар «Назарияи наср» -и худ ҳангоми таҳқиқи «Муқаддима» -и «Шоҳнома»-и Абўмансурӣ баъд аз таъкиди ў, ки дониши қудамо «Шоҳнома» ном дорад ва он «ҳам ба гўшу ҳам ба кўшиш хуш ояд», ба натиҷае мерасад, ки «… муаллифи «Муқаддима» ба фаҳми моҳияти дарки адабии воқеият ва маънии иҷтимоии он хеле наздик аст» [18, 123].
Аз ҳамин қабил Амир Унсурмаолии Кайковус ҳам дар «Қобуснома»-и худ дар боби «Андар расми шоирӣ ва ойини он” менависад, ки «…шеър аз баҳри мардумон гўянд, на аз баҳри хеш» [1, 209], вале дар ин нукта ҳам муаллиф бештар ҷиҳати шаклӣ, саҳли мумтанеъӣ, возеҳӣ ва дорои саноеъи дилчасп будани шеърро дар назар дорад, то «мардумро хуш ояд». Ва дар ҷое ки дар бораи мадҳу мамдуҳ андеша меронад, гўшзад менамояд, ки ба қадри ҳоли мамдуҳ, яъне наздик ба воқеияти ҳоли ў сухан бояд гуфт. Ҳарчанд ин роҳнамоист, на андешае, ки дар натиҷаи таҳқиқоти маводи бадеъӣ ҳосил шудааст, вале бо вуҷуди ин дар муайян кардани назари донишманди қадим оид ба таносуби хаёлоти бадеъӣ ва воқеъият дар асари бадеӣ, ки яке аз масъалаҳои бунёдии адабиёт – чигунагии муҳтаворо дар назар дорад, хеле арзишманд аст.
Таносуби воқеъияти тасвиршаванда ва хаёлоти бадеъӣ бо он ки заминаи реалии шеърро барқарор карда, чигунагии муҳтаворо таъмин менамояд, низ баъзан мавриди назари адибони пешинамон қарор гирифтааст. Масалан Ш. Ҳусейнзода дар мақолаи зикршуда дар бораи мавқеъи Ҷомӣ оид ба мазмунҳои аз фаҳму идрок дур будаи баъзе шоирони шаклпараст изҳори ақида намуда, ин воқеъаи ибратбахшро меорад: «Боре Амиршайхам Суҳайлӣ, ки аз умарои султон Ҳусайн буда, завқи шеър дошт, дар як маҷлисе, ки Ҷомӣ низ ҳузур дошт, байти зеринро хонд:
Шаби ғам гирдбодаш оҳам аз ҷо бурд гардунро,
Фурў хўрд аждаҳои сели ашкам рубъи маскунро.
Ин байти ваҳмангез боиси эътирози сахти Ҷомӣ гардида ва Ҷомӣ пурсида будааст, ки «Шумо шеър мегўед, ё мардумро метарсонед?!» [17, 296]
Вале, мутаассифона, ин гуна равияи моҳиятҷўй, ки таҳлили муҳтаворо дар мадди аввал гузошта бошад, дар улуми адабии пешинаамон ба андозаи зарурӣ доман нагустурдааст, ки ин ба замми он сабабҳое, ки дар боло зикрашон рафт, сабаби айнии дигаре ҳам дошт, ки дар он даврон ба қадри кофӣ фароҳам набудани замина барои рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи фард бо ҷомеъа буд, ки нумувви маҷмуи улуми иҷтимоӣ, аз ҷумла улуми адабиро, ки яке аз шохаҳои он аст, таъмин менамуд. Назари фарох ва воқеъбинона ба адабиёт, ки паҳлуҳои иҷтимоӣ ва ҳунарии онро баробар ба таҳлил гирад, дараҷаи муайяни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва илми ҷомеъашиносиро талаб доштааст, ки бо сабаби ба андозаи зарурӣ тараққӣ надоштани ин муносибатҳо ва илми он улуми адабии қарнҳои миёнаи форсӣ - тоҷикӣ ҳам ғолибан хусусияти шаклӣ гир ифта, бар моҳияти муҳтавои адабиёт камтар аҳамият додааст.
Назарияи моддию мантиқии Арасту дар бораи пайдоиши адабиёт ва шохаи лирикии он - шеър, ки бар муҳокоти инсон ба зиндагӣ асос ёфта буд, баъдтар таълимоти зуҳури синкретии адабиётро бунёд гузошт, ки он дар асарҳои донишмандони ғарбӣ ва ба шакли комилтар дар таҳқиқоти олими рус А. Н. Веселовский “Поэтикаи таърихӣ”, дар боби аввали он “Синкретизми шеъри қадим ва оғози тақсимоти анвои шеър» [9, ???] ҷамъбаст шуд. Синкретизм - решапайвандии анвои санъатро аз синкретизми даврони ибтидоии зиндагӣ, ки навъҳои гуногуни шуури ҷамъиятӣ - асотир, ҷодуӣ, тасаввуроти мухталифи таърихиро истифода менамуд, бояд фарқ кард, зеро синкретизм ҳунари танҳо шеър, мусиқӣ ва рақсро дар бар гирифта, аз он ҳар се навъи эҷоди бадеӣ - асарҳои ҳамосӣ, ғиноӣ, драмматикӣ ва суруду рақсҳои маросимӣ пайдо шуда, пасон чун навъҳои ҷудогона ташаккул ёфтаанд.
Хуллас, дар эҷоди бадеъ се намуди калом - ҳамосӣ, ғиноӣ ва драмавӣ мавҷуданд, ки ба таъбири адабиётшиносии имрўзаи тоҷикӣ - се ҷинси адабӣ ном дорад, вале мо дар ин мақола онҳоро се навъи адабӣ ном хоҳем бурд, ки дар адабиётшиносии кишварҳои ҳамзабонамон Эрону Афғонистон ин истилоҳ истифода мешавад ва ба назари мо ҳам муносибтар мерасад.
Сифатҳои ҳамосӣ, ғиноӣ ва драматикӣ хусусияти муҳтавои ононро ифода мекунанд, зеро онҳо аз назари шакл метавонанд насрӣ ва назмӣ бошанд. Ҳоло мавриди таҳқиқи мо яке аз ин навъҳои адабӣ лирика мебошад, ки дар чигунагии он иҳотаи мабдаъи шахсӣ, андешаву эҳсосоти отифӣ, тасвиру тавсиф ва аносири олами шайъӣ аҳамияти аз ҳама бештаре дорад. Ин навъи шеър дар адабиётшиносии муосири тоҷик бештар ба номи ашъори лирикӣ ё ғиноӣ зикр мешавад.
Ҳамчунон ки маълум аст, решаи калимаи лирика аз номи асбоби тории мизробӣ - лира мебошад, ки дар зери навои он юнониёни бостон суруд мехонданд. Баъдтар дар замони эллинии инкишофи ҳунар он дар забони юнониён шакли “люрикэ” гирифта, мазмуни он навъи шеърро, ки ғайриҳамосӣ бошад, ифода мекард. Бо вуҷуди он ки унвони ин навъи шеър аз номи асбоби мусиқист ва пайванди онро бо мусиқӣ таъкид мекунад, аммо ташаккули он асосан ба муҳтавою мундариҷааш вобаста аст, зеро он яке аз анвои ҳунарест, ки ашёяш на зарби оҳангнок, балки сухан аст, ки расонандаи маъност.
Вале бо вуҷуди ин, бояд дар назар дошт, аксари муҳаққиқоне, ки оид ба шеъри ғиноӣ тадқиқот анҷом додаанд, аз пайванди аслии он бо мусиқӣ сухан гуфтаанд. Онҳо ин пайвандро на танҳо дар мавзунии дилнишин доштани шеъри ғиноӣ, ки решапайвандии онро бо зарби оҳангноки мусиқӣ тасбит менамояд, балки шакли мавзуни онро ифодаи зоҳирии махсусияти муҳтавои ғиноии он, ба қавли Н. Берковский «асбоби шеъри ғиноӣ» [6, 10 ] донистаанд. Аз ин бармеояд, ки ифодаи ягонагии мусиқӣ ва шеъри ғиноӣ, ки дувумӣ ҳунари каломист, на фақат дар шакли зоҳирии онҳо, яъне оҳангнокӣ, балки дар ботин – дар муҳтавои ғиноии онҳо нуҳуфтааст, ки шеъри ғиноӣ онро тавассути вожагон намоён месозад. Ҳамин вижагӣ сабаби нафосат, дилчаспӣ ва хушоҳангии ин навъи эҷоди бадеъӣ дар адабиёти халқҳои ҷаҳон шудааст.
Ин қазия дар таърихи шеъри беш аз ҳазорсолаи форсӣ - тоҷикӣ низ тасдиқи комили худро меёбад. Дар ин ҷо ҳоло бо як назари иҷмолӣ мебинем, ки қадимтарин ва серистеъмолтарин навъҳои шеъри мо чун дубайтӣ, рубоӣ ва ғазал бо савту оҳанг ва мусиқӣ пайванди аз ҳама бештаре дошта, аз маҳбубтарин анвои шеъри форсӣ - тоҷикианд. Ин анвоъ аз ҷумла, дубайтӣ ва рубоӣ дар эҷодиёти шифоҳии мардум ба мақоми аввалдараҷа доро бошанд, масалан, ба шеваҳои гуногун ва хоса «фалак» хонда шаванд, ғазал асоси маводи шеърии силсилаи «Шашмақом» -и оламшумул, мусиқии касбиро ташкил додааст. Онҳо дар баробари суруд буданашон намунаҳои олии эҷоди бадеӣ дар ин навъҳоянд.
Ин ҳолат, яъне навъи асоситарин ва зеботарин будани шеъри ғиноӣ қариб дар адабиёти ҳамаи халқҳо ба назар мерасад, ки ба асолати он далолат мекунад. В. Г. Белинский дар ин маврид менависад, ки: «Лирика ҳаёт ва рўҳи ҳама гуна шеър аст: лирика афзали шеър аст, шеъри шеър аст» [4, 14]. Ин навъи шеър маҳз барои ифода намудани муҳтавои ғиноӣ ба вуҷуд омада, то имрўз барои он муносибтарин боқӣ мондааст.
Муҳтавою мундариҷа ва маъное, ки ин навъ шеър, яъне шеъри ғиноӣ (лирикӣ) мерасонад, чӣ гуна аст ва тариқи ифодаи он аз шеъри ҳамосӣ (эпикӣ) бо чӣ хусусияте фарқ мекунад? Дар ин ҷо, аввал, махсус ба чигунагии муҳтаво, мундариҷаю маъно ва, сониян, ба услуби ифода ҷалби таваҷҷуҳ карда мешавад, зеро роҳи дурусти расидан ба мақсад -- таҳқиқи махсусияти на танҳо навъи ғиноии ашъор, балки тамоми анвои эҷоди бадеъист. Муҳтаво муайян мекунад, ки он дар чӣ навъ - эпос, лирика, драма, дар чӣ шакл - ҳамосӣ, лирикӣ, драмавӣ ва дар чӣ жанр - маснавӣ, ғазал, қасида, шеъри нав ва ғайра рехта шавад. Дар ин ҷо дар байни эпос, лирика, драма, ки анвои адабӣ ҳастанд, яъне исманд ва ҳамосӣ (эпикӣ), лирикӣ ва драмавӣ, ки хусусияти анвои адабиянд, яъне сифатанд, махсус фарқ гузошта шудааст, зеро онон метавонанд яке ба дигаре нисбат дошта бошанд. Масалан, эпос метавонад ба сифати лирикӣ ва лирика ба сифати эпикӣ зуҳур кунад, вале асоси муҳтаво бар кадом навъ, ки бошад, мансубияти навъии он низ аз ҳамон назар таъин мешавад.
Хусусияте, ки ашъори ғиноиро аз ҳамосӣ фарқ мекунонад, қабл аз ҳама дар муҳтавост. Аммо мазмунҳои гуногунро, ки дар як асар метавонад ба ҳам даромехта бошад, чӣ гуна ташхис бояд дод, ки ғиноист ё ҳамосӣ?
Ташхиси чигунагии муҳтаво дар таълимоти Гегел чунин омадааст, ки муҳтавои ҳамосӣ олами шайъӣ, ҳастӣ (объективӣ) ва муҳтавои ғиноӣ олами фардӣ, шахсӣ (субъективӣ)-ро ифода мекунад. Дар ин бора ў дар китоби «Эстетика» чунин менависад: «Муҳтавои он (лирика - А.Ҳ.) - тамоми олами шахсӣ, ҷаҳони ботинӣ, қалби андешаманд ва ҳассосест, ки ба амал нагузашта, худро дар сифати ҳаёти ботинӣ дар худ нигоҳ медорад ва аз ин рў худифшоии баёнии шахсиро ба сифати шакли ягона ва мақсади ниҳоии худ мепазирад»[10, 420]. Аз ин бармеояд, ки муҳтавои ашъори ғиноӣ ҷаҳони ботинӣ ва қалби андешаманду ҳассосе мебошад, ки худифшоиро ба ҷои амал мепазирад. Дар ҷои дигари асараш Гегел изофа мекунад, ки ба ин қалби андешаманди ҳассос худро дар «ҳастии воқеии худ» ҳам намудор кардан мухолиф нест. Ў менависад: «Умуман бигўем, дар ҳолате, ки шоир (шоири лирикӣ -А. Ҳ.) худро тасвир мекунад, шарт нест, ки фақат бо ҷаҳони ботинӣ маҳдуд бишавад -- ҳангоме ки шоир худро дар ҳастии шахсӣ ва воқеии худ нишон медиҳад, чун томияти зоҳирӣ ва дақиқ зуҳур карда метавонад» [10, 501]. Аз ин ва дигар навиштаҳои Гегел бармеояд, ки ў ҳарчанд барои барҷастатар нишон додани махсусияти шеъри ғиноӣ ва ҳамосӣ ҷиҳатҳои мутафовити онҳоро аз ҳад беш бо ҳам муқобил мегузорад, аммо дар шеъри ғиноӣ ҳам тасвири олами воқеӣ ва шайъиро тамоман рад намекунад. Назарияи муназзаму фалсафии Гегел, ки бар қонуни диалектикии ҳастӣ асос ёфтааст, дар таълимоти эстетикии ў низ пайдост. Ў, ки назарияи худро дар бораи шеъри ҳамосию ғиноӣ дар муқобилгузории ду мафҳуми асосии фалсафӣ -- объективият ва субъективият месозад, ҳангоми аз ҷониби субъект дарёфти ҷаҳони объективӣ нақши ҷаҳони объективиро дар субъект ба эътибор мегирад. Гегел нисбат ба Арасту бисёртар маводи бадеъиро дар даст дошт ва табиист, ки таълимоти ў дар бораи анвои адабӣ, дар айни ҳол эпос ва лирика, хеле мукаммал ва дақиқ ба назар мерасад.
Бо вуҷуди ин, ҳангоме ки Гегел назарияи ҳунари нафисаи худро меофарид, дар даҳсолаҳои аввали асри ХIХ, таҷрибаи бадеъӣ нисбат ба замони Арасту ғанӣ, фарқияти анвои адабӣ низ хеле назаррас гашта, эпос ва лирика ҳам махсусиятҳои бештаре пайдо карда буданд, ки аз назари муҳаққиқ набояд барканор мемонданд. Аммо Гегел ба таҷрибаи классикии ҳунари Юнони қадим бештар такя карда, аз таҷрибаи асри миёна, замони эҳё, классисизм, равшангарoӣ камтар истифода кардааст. Ин корро муҳаққиқони баъдина ба ҷо оварданд. В. Г. Белинский дар мақолаи машҳураш дар бораи таснифи адабиёт ба анвою шаклҳои адабӣ таҷрибаи бештари адабиро ба тааммуқ гирифта, назарияи Гегелро инкишоф медиҳад ва менависад, ки муҳтавои ашъори ғиноиро «худи субъект ва ҳамаи он чизе, ки аз ў мегузарад, ташкил медиҳад» [5, 45]. Дар ин ҷо, ҳамчунон ки мебинем, ба объект — ба ҳамаи он чизе, ки аз субъект мегузарад, низ аҳамияти зарурӣ дода шудааст.
Минбаъд дар таҳқиқи шеъри ғиноӣ ҳалли масъалаи субъект зарур мешуд, зеро дар адабиёти ғарбӣ ва русӣ махсусан аз солҳои 20-30-уми асри ХIХ равияи романтикӣ қавитар гашта, дар он мавқеи инсони замон аҳамияти бузург пайдо мекард. Ғояи шахс ва паҳлуҳои ҳаёти шахсият аз табу тоби инқилобӣ то фурў рафтан ба умқи ҳаёти худ, ки роҳи ягонаи такомули маънавӣ дониста мешуд, дар таълимоти маънавию ахлоқӣ, илмию фалсафӣ, иҷтимоию фарҳангӣ доман мегустурд. Амиқ сар фурў бурдан ба таҳқиқи ин масъала дар маҷоли ин кор нест, аммо ба таври иҷмолӣ қайд бояд кард, ки ҳарчанд романтизм дар адабиёти халқҳои гуногун шаклҳои мухталиф ва фарқиятҳои чашмгире дошт, дар масъалаи асосӣ — ғояи шахсият ба ҳамдигар монанд буд. Ин шахсият, ки оламро асосан аз рўи қонунияти метафизикӣ дарк карда, ҳодисаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқиву маънавиро новобаста аз робитаи байниҳамдигарӣ ва муборизаи доимии баҳамзидҳо мулоҳиза мекард, ба худ арзишҳои фавқушшахсият, арзишҳое, ки аз рўҳи мутлақ мерасанд, қоил буд. Аз ин рў, дар ин адабиёт ҳатто образи одамони кўчак дар уфуқҳои бузурги оламгир ба қалам меомад, пас чӣ ҷои сухан буд аз шахси шоир, ки нигаҳдорандаи ҷовидонатарин арзишҳои башарӣ шинохта мешуд. Бинобар, шеъри ғиноӣ ҳомили муҳимтарин ғоя, ғояи шахсият мешуд, ки дар сурати шахси шоир ба зуҳур меомад ва илми адабӣ ҳам ба таҳқиқаш кўшида, онро бо номҳое аз қабили “субъекти лирикӣ”, “ман” - и шоир, “персонажи лирикӣ”, “муаллиф” муаррифӣ мекард. Ин дар адабиёти ғарб буд, аммо дар шарқ ва аз ҷумла, дар адабиёти тоҷик, таҳқиқ асосан аз рўи саноеъи лафзию маънавӣ ва меъёрҳои шаклию жанрӣ ба ҷо оварда мешуд, ки барои ба даст овардани ҷамъбастҳои фарохи тадқиқӣ камтар имкон медод.
Олами инсон, шахсияти шоир дар адабиёти тоҷик, ки таҷрибаи чандинасраи классикии ифодаи онро дошт, вобаста ба рўҳияи ў гоҳе бо рангу равғани романтикӣ ва гоҳе бо ҳолу ҳавои реалистӣ ба тасвир меомад, бо авзои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеъа вобаста буд. Ин ҷараён дар адабиёти классикии тоҷик собиқаи дуру дарозе дошт. Масалан, қасидаи “Шикоят аз пирӣ” - и устод Рўдакӣ намунаи беҳтарини тасвири ботин ва ҳолати рўҳии инсонро, ки дар айни ҳол рўҳияи шахси шоир аст, ба мо мерасонад. Ин қасида достони даврони пирӣ - рўзгори ғамангези шоирест, ки замоне сарбаланду озодбахт буда, акнун аз наҳси кайвон (таваҷҷуҳ кунед, на аз бадкирдориҳои рақибон, балки аз наҳси кайвон) менолад, зеро шахсияти ў дар дастхуши одамиён нест, балки ҳисобаш танҳо бо қувваҳои осмонист. Аммо тасвирҳои устод дар ниҳояти маҳсусӣ ва табиатгароиянд, қисматаш бо осмон ва вуҷудаш бо замин пайванд гирифтааст. Шахсияти шоир дар байналҷонибайни ин ду муҳит офарида шудааст.
Аз ин бармеояд, ба навъи шеъри ғиноӣ на фақат ифодаи таассуроти фардӣ, ки танҳо дар ҷаҳони ботинии фардӣ ҳосил мешавад, балки ифодаи кулли таассуроте, ки аз олами воқеъ ва шайъӣ дар олами фардӣ пайдо мешавад, низ тааллуқ мегирад, ки ин маънӣ аз ҷониби В. Г. Белинский низ таъкид шудааст: «Ҳамаи кулл, ҳамаи ҷавҳар, ҳамаи ғоя, ҳамаи тафаккур – муҳаррикони асосии олам ва ҳаёт – метавонанд, ки муҳтавои ашъори ғиноиро ташкил бидиҳанд, фақат ба шарте ки кулл ба дастоварди асили муфрад мубаддал ва ба эҳсосоти ў дохил гашта, на ба як ё ягон ҷиҳат, балки ба кулли ҳастии ў тааллуқ гирифта бошад» [5, 45].
Андешаҳое, ки то ба ин ҷо баён шуданд, хусусияти шеъри ғиноиро муайян намуда, таъкид бар он мекунанд, ки асоси онро тариқи идроки шоир аз ҷаҳони шахсию воқеъӣ ва шайъӣ таъин хоҳад кард, агар ин идрок бо нақши куллии олам ва шахсияти шоир ба қалам омада, ҳамчун таҷрибаи шахсии ў ва ё муфраде, ки аз номи ў арзи ҳастӣ мекунад, шинохта шавад, ин навъ шеър ба ҷинси ғиноӣ мансубият пайдо менамояд.
Тадқиқи шеър дар улуми адабии пешинаи форсӣ - тоҷикӣ аз ин ҷиҳат – тариқи идроки шоир аз ҷаҳони шахсӣ, воқеӣ ва шайъӣ, ки мансубияти навъиишеърро таъин мекунад, анҷом дода нашуда, он асосан аз ҷиҳати саноеъи бадеъӣ ва хеле ба нудрат анвои шеър, яъне жанр сурат гирифтааст.
Вале баъзан донишмандони куҳан ҳам ҳангоми муайян кардани моҳияти шеър ва шоирӣ андешаҳое баён намудаанд, ки ба чигунагии мундариҷаи он дахл карда, хусусияти аслии кори шоирро нишон додаанд, ки то имрўз аҳамияти худро набохта, пурарзиш боқӣ мондаанд. Ин ақидаи Низомии Арўзии Самарқандӣ аз ҷумлаи онҳост: «Шоирӣ санъатест, ки шоир бад-он иттисоқи муқаддамоти мавҷуда кунад ва илтиъоми қиёсот мунтаҷеҳ бар он ваҷҳ, ки маънии хурдро бузург гардонад ва маънии бузургро хурд ва некўро дар хилъати зишт боз намояд ва зиштро дар сурати некў ҷилва кунад ва ба иҳом қувватҳои ғазабонӣ ва шаҳвониро барангезад, то бад-он иҳом тибоъро инқибозе ва инбисоте бувад ва умури аъзамро дар назми олам сабаб шавад» [13, 50].
Дар ин ҷо барои мо ду нукта муҳим аст. Аввал, он аст, ки муаллиф истиқлоли шоирро таъкид мекунад, ки ў бо ихтиёри худ метавонад «маънии хурдро бузург гардонад ва маънии бузургро хурд ва некўро дар хилъати зишт боз намояд ва зиштро дар сурати некў ҷилва кунад», ки ин яке аз сифатҳои аслии шеъри ғиноист, зеро дар он муҳимтар аз ҳама мақсаду мароми шоир, яъне зеҳнияти ўст дар гуфтани ин ё он шеър, вале дар шеъри ҳамосӣ бошад, ў ба ҳар ҳол, ба айнияти воқеаю ҳодиса ва шайъе, ки ба тасвир мегирад, муроот бояд бикунад. Дувум, он аст, муҳаққиқ қайд мекунад, ки «шоир… ба иҳом қувватҳои ғазабонӣ ва шаҳвониро барангезад, то бад-он иҳом тибоъро инқибозе ва инбисоте бувад ва умури аъзамро дар назми олам сабаб шавад», яъне шоир бо таъсири шеъри худ ва барангехтани қувваҳои нафсонӣ ва шаҳвонии гурўҳе, ки фаро гирифта, онро дар ҳолати ғамгинӣ ва ё шодмонӣ қарор медиҳад, кори бузургеро дар назми олам -- воқеъият ва зиндагӣ сабаб мешавад. Дар ин суханон ҳам таъсири шеър ба назми олам – ҷаҳони ҳастӣ ва ҳам асари шахсияти шоир ба олами иҷтимоъ баён карда шудааст, ки хеле муҳим мебошад, зеро он таъкид менамояд, ки шеър қудрати иҷтимоист, на танҳо ҳунарест барои ҳунар ва шахсияти шоир ҳам дар дигаргун сохтани ҷомеъа тавоноии зарурӣ дошта, масъул ҳам ҳаст.
Ин маънӣ баъд аз ҳафт қарн дар тадқиқоти зикргаштаи В. Г. Белинский оид ба тақсимбандии шеър ҳамчун яке аз сифатҳои асосии ашъори ғиноӣ таъкид шудааст: «Шайъ дар ин ҷо ба сари худ арзиш надорад, ҳама аз он вобаста аст, ки муфрад ба он чӣ аҳамияте медиҳад, ҳама аз он ҳолу ҳавое, он рўҳе вобастааст, ки шайъ бо он хаёлот ва эҳсосот фаро гирифта мешавад» [5, 45]. Агар дар таъин кардани шеъри ҳамосӣ чигунагии ҳолат ва шахсияти шоир аҳамият надошта бошад, дар шинохти шеъри ғиноӣ «… шахсияти шоир дар мавқеи аввал аст ва мо маҳз ба воситаи ў, ҳамаро қабул ва дарк менамоем» [5, 7].
Акнун мо пешорӯи масъалаи бебаҳси шеъри ғиноӣ қарор дорем, ки он «мавқеъи аввал» доштани шахсияти шоир дар ин гуна шеър аст, пас ҳама гуна таҳқиқот оид ба шеъри ғиноӣ шахси шоирро дар мадди аввал ба эътибор гирифта, бояд ба ҷо оварда шавад, зеро ин ё он тавр шакл пайдо кардани ин навъи шеър ба чӣ гуна ифода гаштани ҳамин мавқеъ вобаста аст. Ин мояи асосист, ки чӣ тавр сурат гирифтани шеърро муайян менамояд.
Аскар Ҳакимов
Институти забон,адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ
Китобнома