Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Табиат бо зуҳуроти гуногуни худ, нисбат ба ҳаёти инсон, ки як замони муайянеро дар бар мегирад, рамзи ҷовидонист. Ин маъно дар чаҳор фасли он – баҳору тобистону тирамоҳу зимистон, баъзан бо ёрии воситаҳои тасвири бадеъӣ ва забонӣ, баъзан бе онҳо ҳам ифода шуданаш мумкин аст. Дар шеъри тавсифию тасвирии ҳар халқ вобаста ба муҳити табиияш ин ё он фасли сол бештар мавриди нигориш қарор мегирад. Албатта, дар ин ҳолат завқу таваҷҷуҳи шахсии ҳар шоир ҳам беаҳамият нест, ки ба чӣ фасле бештар дилбастагӣ дорад ва ё тасвири чӣ фасле манзури эҷодии ўро хубтар ифода карда метавонад. Ин чиз, бешубҳа, на танҳо ба чигунагии хосияти ин ё он фасли табиат, балки ба чигунагии авзои ҷамъият низ вобаста мебошад, ки шахси эҷодкор онро дар намои фаслҳои табиат ба забони тасвир бозгў мекунад. Дар куллияи эҷодиёти шоир, яъне шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ, шеъри ғиноии андешаҳои отифии тавсифию тасвирӣ, шеъри ғиноии ривоятӣ ва ё анвои дигар, агар аносири як фасли табиат ҳамчун маводи ёридиҳандаи тасвир бештар ба кор рафта бошад, дар шеъри ғиноии соф тавсифию тасвирӣ фасли дигари сол мақоми бештаре доштанаш мумкин аст. Ин на танҳо далели ба он фасл бисёртар таваҷҷуҳ доштани шоир, балки аломати домани тасвирро фарох нигоҳ доштани ў ҳам ҳаст, ки дар ҳар ҳолат аз ин сарчашмаи беинтиҳои аносири мусаввирӣ пурмаҳсулу пуртаъсир истифода мекунад. Айни ҳамин ҳолат дар эҷодиёти Лоиқ ба мушоҳида мерасад.
Дар аксари асарҳои таҳқиқотӣ оид ба анвои адабӣ, масалан дар тадқиқоти Г. Л. Абрамович [1, 259], Ф. М. Головенченко [5, 260], Г. Н. Поспелов [8, 105] таъкид мешавад, шеъри ғиноӣ асосан шеърест, ки андешаву эҳсосоти шахсиро бевосита ифода менамояд, ки комилан дуруст аст. Ҳоло мавриди таҳқиқ ашъори ғиноие қарор мегиранд, ки дар онҳо андешаву эҳсосоти шахсӣ, ки маҳсули ҳаёти ботинии шоир ва ё шахсиятҳои шеър мебошанд, мавқеъи таъинкунанда доранд. Ин ҳарфҳо чунин маъно мешаванд, ки маҳз чигунагии ҳамин андешаву эҳсосоти шахсӣ ва тарзи баёни онҳо чӣ навъ шакл гирифтани ин ё он шеъри ғиноиро таъин мекунанд.
Саҳифаи 7 то 7