Дар баҳси анъана ва навоварӣ, ки дар адабиётшиносии тоҷик дар солҳои 60 давом дошт, бештари мубоҳисачиён онро асосан аз масъалаи вазн, яъне арӯз иборат дониста, ибрози назар мекарданд. Масъалаи жанр як андоза аз назар дур монда, то ҳоло мавриди тадқиқи чуқуртаре қарор намегирад. Оид ба ин масъала танҳо дар баъзе маврид як-ду сухан гуфта мешаваду бас. Ҳол он ки масъалаи жанр дар шеъри муосири тоҷик бо вазн сахт пайваста аст ва ҳамин ки дар таркиби яке аз инҳо дигаргуние ба вуҷуд ояд он ба тағйироти соҳаи дигар ҳам сабаб мешавад.

  Масалан, чунин далели ки дар шеъри тоҷик баъзе аз жанрҳо, аз ҷумла, ба вазни хос суруда шудани рубоӣ, дубайтӣ ва бештар дар вазни мутақориб гуфтани достонҳои қаҳрамонӣ ба пайванди мустаҳками вазн бо жанр гувоҳ аст.

Дар адабиёти атиқа ҳам достонҳои қаҳрамонониро асосан дар вазни гекзаметр мегуфтанд. Дар шеъри классикии мо мутақориб дар сурудани достонҳои қаҳрамонӣ хеле серистифода буд ва аз он такрори бисёр якнавохту забонзад ба гӯш мерасид. Бинобар ҳамин ҳам, баъзан дар вазнҳои дигар гуфтани достонҳои қаҳрамонӣ кӯшиши навоварона дониста мешуд.

Вазни шеър аз мисраи аввал сурат гирад ҳам, барои муайян кардани вазн як байтро асос мегиранд. Ҳарчанд дар назми тоҷик чунин жанр – фард вуҷуд дорад, ки аз як мисраъ иборат аст, вале як мисраъ на ҳама вақт ҳамчун воҳиди шеър ба ҳисоб меравад. Дар наср ҳам бисёр ибора ва ҷумлаҳоро пайдо кардан мумкин аст, ки ба ягон вазни арӯз рост меоянд. Бо сабаби дар сатрҳои минбаъда бо як маром ба низоми муайян такрор нашудани пораҳои тараннумиашон онҳо назм шинохта намешаванд.

Масалан, дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ дар ҳикояи «Сайри Файзобод» чунин ҷумларо мехонем: «Дар гӯшаҳои пастхами роҳи пиёдагард, ки шимолашро киштзорҳо ва ҷанубашро мазорҳо иҳота карда буданд, ҳар гуна қиморбозиҳо ташкил ёфта буданд: ...» Агар андаке мулоҳиза кунем, мебинем, ки ибораи аввали ин ҷумла «Дар гӯшаҳои пас(т)хами роҳи пиёдагард» ба яке аз вазнҳои маъмули шеъри классикӣ, вазни музореъ рост меояд, ки нақшааш чунин аст:

— —V/— V — V/V— — V/— V—

Ин гуна ҷумла ва ё ибораҳои насриро, ки ба ягон вазни арӯзӣ мувофиқ меоянд, хеле бисёр пайдо кардан мумкин аст. Аммо онҳо бо он сабабе, ки қайд кардем, назм шинохта намешаванд. Албатта, ҷои сухан нест, ки мо дар айни ҳол танҳо дар бораи вазни шеър муҳокима меронем ва хосияти идрок ва ифодаи шоиронаро истисно кардаем, вагарна фақат вазн чизе нест, ки ҳар гуфтаи мавзунро шеър кунад.

Барои он ки мисраъ ҳамчун воҳиди шеър дарк шавад, бояд порчаҳои тараннумии мисраи аввал дар мисраъҳои баъдина ба такрор оянд. Мисраъҳое, ки дар вазнҳои хеле маъмули арӯз гуфта шуданд, баъзан дар алоҳидагӣ ҳам воҳиди комили шеър шинохта мешаванд.

Дар жанрҳои мазкур, ба мисли рубоӣ, дубайтӣ ва баъзан маснавӣ вазн бо жанр сахт пайваста буда, барои муайян кардани жанр нишонаи муайянкунанда шуда метавонад. Масалан, вақте ки мо шеъреро хонем, ки нақшаи вазни он чунин бошад:

— —V/V — V—/V— — /— —

— —V/V — V—/V— — /— —

ҳамон лаҳза пай мебарем, ки ин шеър рубоӣ хоҳад буд. Масалан, рубоии Лоиқ.

 

Якчанд дар ин ҷаҳон ҷавон бояд буд,

Як банд суруди ҷовидон бояд буд.

Як умр агар ҷаҳон ҷавонӣ надиҳад,

Як умр ҷавонии ҷаҳон бояд буд.

Ва ё ду байтро хонем, ки нақшаи вазнаш чунин аст:

V— — —/V — — —/V— —

V— — —/V — — —/V— —

Эҳтимол дорад, ки ин шеър дубайтӣ бошад. Масалан, дубайтии Аминҷон Шукӯҳӣ:

 

Хиромон гаштанатро ёд кардам,

Ба сар гул бастанатро ёд кардам.

Ба мисли хирмани гул дар лаби ҷӯ

Саҳар биншастанатро ёд кардам. –

 

ба ҳамин вазн гуфта шудааст. Дуруст аст, ки ин вазн ба мисли вазни рубоӣ, фақат хоси дубайтӣ нест ва дар ин вазн ба дигар жанрҳо ҳам фаровон шеър мегӯянд. Ногуфта намонад, ки дар вақтҳои охир дар вазни рубоӣ ҳам шеърҳое гуфтаанд, ки жанрашон фақат рубоӣ набуда, дигар аст. Масалан, шеърҳои Муъмин Қаноат «Дасти пир» ва Қутбӣ Киром «Бахткушо» дар вазни рубоӣ гуфта шуда, вале жанрашон рубоӣ нестанд.

Дар жанрҳое, ки вазнашон махсус аст, ба мисли рубоию дубайтӣ, вазн барои муайян кардани шакл андак бошад ҳам мавқеъ дорад. Вале, баръакси ин дар муайян кардани жанри шеър мавқеи қофия хеле бузург аст. Қофия дар назми тоҷик аломати асосии шакли жанрист.

Оё қофия чӣ хусусиятҳое дорад, ки онро аломати асосии шакли жанрӣ мегардонад?

Чунонки маълум аст, марбутии мисраъҳои шеър дар натиҷаи алоқаи маъноӣ ва пайванди наҳвӣ ба вуҷуд меояд, вале ин хусусият танҳо ба шеър хос нест, наср ҳам метавонад ҳамин гуна хусусият дошта бошад. Чунонки болотар қайд шуда буд, шеър аз наср бо такрори мураттаби порчаҳои тараннумӣ фарқ мекунад. Ҳамин порачаҳои тараннумӣ дар охир бо калимаҳои ҳамоҳанг тамом мешаванд, ки қофия ном доранд. Зарурати қофия ҳам дар шеър, ба мисли зарурати вазн аз ибтидо қатъӣ ва ногузир набудааст. Донишмандони қадим ва навин дар мавриди қофия ҳам, ба монанди он ки дар баҳси вазн ҷой дошт, фикрҳои мухталиф изҳор кардаанд. Ҳарчанд оид ба зарурати қофия дар шеър ақидаҳои ба ҳам зид мавҷуданд, аммо шеъри тоҷикӣ аз он даврае, ки мо онро ҳамчун навъи ҳунар мешиносем, яъне аз замони устод Рӯдакӣ то рӯзҳои мо асосан қофиядор будааст. Ҳамин далел аст, ки бисёртари донишмандони шеър ва шоирон бар чунин ақида буданд, ки онро ба Абӯалӣ Ибни Сино дар фанни шеър аз мантиқи китоби «Шифо» чунин баён кардааст: «Шеър сухане аст хаёлангез, ки ... назди аъро қофия ҳам дорад».

Ба қавли Ю. М. Лотман «Қофия сарҳади мисраъ аст»[1] ва ба ғайр аз ба охир расонидани мисраъ, бо ҳамоҳангии худ ба шеър ҷилваҳои тозаи маънӣ медиҳад. Пас, қофия дар шеър ҳам аҳамияти банду баст ва ҳам маъноӣ дорад. Вазифаи композитсионии қофияро дар шеър В. В. Маяковский дар мақолаи худ «Шеърро чӣ тавр бояд сохт» хеле хуб баён кардааст. Вай менависад: «Қофия шуморо ба мисраи пешина бармегардонад, маҷбур мекунад, ки онро ба ёд оред ва ҳамаи он мисраъҳоро, ки барои ифодаи як фикр омадаанд, ба ҳамдигар мепайвандад». Қофия ин вазифаи худро аз маснавӣ, ки қофиябандиаш (аа, бб) буда, дар миёни мисраъҳои ҳамқофия фосилаи бисёр нест, сар карда то пораҳое, ки миёни мисраъҳои ҳамқофия як ва ё якчанд мисраъ беқофия меоянд, адо мекунад.

Масалан, вақте ки мисраи аввали «Таронаи ишқ»-и Мирзо Турсунзодаро мехонем

 

Шоири беишқ мурғи бепар аст... –

 

ҳоло ба чӣ тарзи қофия омадани мисраъҳои баъдина маълум нест, вале мисраи дуюм

Беҳарорат моҳу бе ҷон пайкар аст. –

 

ҳам аз ҷиҳати зарбу оҳанг, инкишофи паиҳами маънӣ ва махсусан, қофиябандии калимаҳои бепар ва пайкар аз маснавӣ будани шакли шеър гувоҳӣ медиҳанд. Такрори мураттаби ин тарзи қофия дар байтҳои минбаъда маснавӣ будани жанри шеърро комилан собит мекунад:

 

Шоиронро ишқ ҳотам мекунад,

Сарбаланди рӯи олам мекунад. –

 

ва монанди ин.

Ин жанр дар назми классикии тоҷик дар сурудани достонҳои қаҳрамонӣ, ишқӣ, ирфонӣ, фалсафӣ ва монанди инҳо чӣ қадар бисёр истифода шуда бошад, дар сурудани шеърҳои хурди лирикӣ ҳамон қадар кам ба кор рафтааст. Дар назми классикӣ зери унвони маснавӣ маъмулан достонро дар назар доштан ҳам ба ин далел гувоҳ аст.

Оё ин жанр чӣ гуна хусусиятҳо дорад, ки вайро барои сурудани достонҳо мувофиқ мекунад?
Чунонки мулоҳиза мешавад, маснавӣ, яъне шеъре, ки аз байтҳои ҳамқофия сохта мешавад, на фақат кам мисраъҳои ҳамқофия дорад, балки таркибаш ҳам хеле сода аст. Одатан дар маснавӣ ҳар мисраи байт комилҳуқуқ буда, ба якдигар эҳтиёҷи маъноӣ ва ё наҳвӣ надорад. Вале ин нукта на ба он маънист, ки миёни ду мисраи як байт ҳеҷ пайванди шаклӣ ва ё тобеияти дигаре набошад. Дар бисёр маврид як мисраи байт ва одатан мисраи аввал дар ифодаи маънӣ асосӣ буда, бар мисраи дуюм бартарӣ дорад. Масалан, боз давоми ҳамон шеъри Мирзо Турсунзодаро гирем:

 

Мо, ки аз шерозиён кам нестем,

Дар саховат камбағал ҳам нестем,

 

Ҳар чӣ хоҳад ёр, инъомаш кунем,

Ҷону дилро садқаи номаш кунем.

 

Дар ин ду байт мисраъҳои аввал маънии асосиро ифода карданд, мисраъҳои дуюм бошанд, барои шарҳҳои мисраъҳои пешина омадаанд. Аввал маънии кулл баён мешавад ва баъд ҷузъи он омада, маънии аввалро тасдиқ мекунад ва пас аз ин ба дуруст будани чизе, ки дар мисраи аввал гуфта шуда буд, шакку шубҳае намемонад.

Ҳамаи байтҳои маснавӣ чунин хусусият надоранд ва барои ҳамин ҳам мисраъҳои маснавӣ нисбат ба дигар жанрҳо хеле комилҳуқуқ шинохта мешаванд. Ин барои ифодаи озодона ва бехалали андешаю эҳсосот бештар созиш мекунад. Худи ҳамин хосият барои шоири камқудрат хавфе пеш меорад, ки шеъраш аз меъёри содагӣ гузашта, ба авомона гуфтан расад ва ҳусни суханашро барбод диҳад. Шакли содаи маснавӣ барои он ки якнавохт ва дилбазан нашавад, маънии саршорро талаб дорад. Чунин ҳолатро, яъне аз файзи маънӣ бархурдор шудани ҳам мисраи маснавиро мо дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода пайдо карда метавонем. Ӯ дар маснавӣ мундариҷаи лирикиро бомаҳорат ва устодона гунҷоиш медиҳад. Аз шеърҳои дар солҳои охир гуфтаи ӯ «Шоиро», «Таронаи ишқ», «Савганд», «Роҳи мақбара», «Нонреза» ва як силсилаи дигар далели ин фикранд.

Чунонки мулоҳиза меравад, дар назми классикии тоҷик маснавӣ аз ҳама бисёртар дар вазнҳои ҳазаҷ ва мутақориб суруда шудааст. Дар замони муосир ин шартият аз миён бардошта шуда, шоирон ба ҳар вазни дилхоҳ маснавӣ мегӯянд. Тозаҷӯиҳо дар авзони арӯз ба таркиби маснавӣ ҳам таъсир гузошта ба андозае дигаргун кард. Акнун дар баъзе шеърҳо баробарҳуқуқии мисраъҳои байт ба дараҷае ночиз шуда, баръакс як ё ду мисраъ ва баъзан зиёдтар мисраъҳо барои мустаҳкамтар кардани маънӣ ва ё афзудани таъсири ҳиссию завқии он хидмат мекунанд. Аз ин сабаб ифодаи маънӣ ва ё ҳиссиёте, ки дар як байт ба охир мерасид, дар як байт тамом нашуда, ба байтҳои дигар мегузарад. Ин барои истифодаи маснавӣ боз ҳам озодӣ ва сабукиҳои композитсионӣ медиҳад. Масалан, дар чаҳор байти оғози «Савганд»-и Мирзо Турсунзода чунин ҳолат ҷой дорад:

 

Солҳои сол,

мегуфтанд мардум, ки:

ба мо

Бахту шодӣ мерасад

аз лайлатулқадр, –

аз қазо.

Дар шаби торик,

нурафшон

                     гузар хоҳад намуд,

Аввали шаб,

нисфи шаб

 майли сафар хоҳад намуд,

Шакли он гирд аст,

рӯяш мисли оташпорае,

То саҳар бедор хобӣ,

чун кунӣ наззорае,

Метавонӣ дид онро,

мақсадат иҷро шавад,

Ҳар чиро, ки даст гирӣ,

ҷо ба ҷо тилло шавад.

 

Ду мисраи аввали ин шеър фақат дар якҷоягӣ маъниро пурра ифода карда метавонанд. Яъне он баробарҳуқуқии мисраъҳои байти маснавӣ дар ин ҷо нест. Зиёда аз ин, ҳамаи мисраъҳои минбаъдаи ин пора барои ҳамаҷониба равшан кардани моҳияти як объект – лайлатулқадр хизмат мекунанд. Лайлатулқадр на фақат дар ҳамин як байт, балки дар шаш мисраи минбаъда ҳам тимсоли асосии маъникаш аст, ки образҳои дигар ба шарҳи он омадаанд. Маълум мешавад, ки ин шаш мисраи минбаъда ҳам бавосита ва ё бевосита бо байти аввал робита доранд. Мақсади ҳамаҷониба кушодани рамз-лайлатулқадр шоирро водор мекунад, ки мисраъҳо ба ҳадде ки мумкин аст, барои гунҷоиши маънӣ қобил шаванд, дар натиҷа, он баробарҳуқуқии муқаррарии мисраъҳо ночиз гашта, мисраъҳо на фақат дар дохили як байт кашол меёбанд, яъне давоми як мисраъ ба дигар мегузарад, зиёда аз ин, ифодаи маънӣ аз як байт ба байти дигар кашида мешавад, чунонки дар ду байти охири ҳамин пораи овардаамон аст.

Ин хусусият дар шеъри классикӣ нуқс дониста мешуд ва дар таҷрибаи эҷодии шоирони куҳан ками дар кам буд. Ин нуктаро Шамс Қайси Розӣ махсус қайд кардааст: «Устодони санъат гуфтанд, ки шеър чунон мебояд, ки ҳар байт ба нафси хеш мустақил бошад ва ҷуз дар таркиби маонӣ ва тансиқи сухан ба якдигар муҳтоҷ набошад... Ҳарчанд ин эҳтиёҷ ва тааллуқ бештар бувад, байт маъюбтар бошад»[2]. Акунун ки шоирон кӯшиш доранд, шеъри муосирро аз шартиятҳои нозарур озод кунанд ва ин чиз ки дар маснавӣ нисбат ба жанрҳои дигар қатъитар риоя карда мешуд, низ дигаргун гардид. Ин таҷриба дар навъҳои дигари шеъри тоҷик ҳам ба кор рафта, натиҷаҳои хуб додааст.

Дар ин навъ шеърҳо ва махсусан, дар маснавӣ, ҳангоме ки ифодаи маънӣ аз мисраъ ба мисраъ ва аз байт ба байт кашида мешавад, калимаҳои қофияшаванда он вазифаи худ – тамомияти маъноӣ додани мисраъро – камтар иҷро карда, бештар барои ифодаи барҷаста ва пуртаъсири маънӣ хизмат мекунанд. Чунончи дар пораи пештар оварда калимаҳои қофияшавандаи «оташпора» ва махсусан, «наззора» нисбат ба тамомият ва ягонагӣ бахшидан ба мисраъ барои бештар барҷаста ва пуртаъсир ифода кардани мазмун ба кор рафтаанд. Ин, бешубҳа, натиҷаи аз ҳудуди як мисраъ ё байт ба дарозо кашида шудани ифодаи маънию эҳсосот аст.

Баробари ин дигаргуниҳое, ки бисёртар ба таркиби жанри маснавӣ дароварда шуданд, он аз ҷиҳати шакли зоҳирӣ ҳам тағйир ёфт. Ин ба чанд навъ ба назар мерасад.

Як навъи тағйирот чунин аст, ки маснавӣ ба ягон жанри дигар омехта мешавад. Баъзан ин омезиши ду жанр аён ба чашм хӯрад, гоҳи дигар ин кор хеле бомаҳорат ба анҷом мерасад, ки аз як жанр ба дигар гузаштани шоир дар назар ноаёну бехалал аст. Ҳамин гуна омезиш дар шеъри «Хоҳари мушфиқ, Африқо!»-и Мирзо Турсунзода бомуваффақият амалӣ шуда аст. Бисту се байти аввали ин шеър, ки дар он аз гузаштаи пурфоҷиаи Африқо ва баъд аз дӯстии имрӯзаи ин қитъа бо мамлакатҳои дигар бо як лиризми пурэҳтирос ҳикоя карда мешавад, ба шакли маснавӣ (аа, бб) навишта шудааст. Пас аз байти бисту сеюм, ки саволу ҷавоби бевоситаи шоирро аз номи шахси дуюм ифода мекунад, дар дувоздаҳ мисраи минбаъда байтҳо ба ғайр аз қофияҳои маъмулашон қофияҳои дигар ҳам доранд:

 

а  Пурс акнун,

                      кист дорои Ватан?

б а Коҳира аз ҷой бархезад, ки: – Ман!

а   Кӣ кунад бо ғайр ҷанги сафшикан?

б а Алҷазоир хуни худ резад, ки: – Ман!

а   Кӣ дигар озод озод мегӯяд сухан?

б а Акра бар дил шавқ ангезад, ки: – Ман!

а   Кӣ муаттар кард боғи хештан?

б а Аз Конакрӣ бод бархезад, ки: – Ман!

а   Кӣ хӯрад захми паёпай дар бадан?

б а Конго хоки хоинон безад, ки: – Ман!

а   Кӣ адӯро пас кашонад дар кафан?

б а Оби Атлантик бистезад, ки: – Ман!

Чунонки ба назар мерасад, дар ин пора байтҳо бо калимаи «ман» ба охир расида, қофия баста мешаванд. Дар шеъри тоҷикӣ барои ба як маънӣ чанд бор қофия бастани як калима иҷозат дода намешавад. Бо ҳамин сабаб ҳар мисраи дуюми ин шаш байт бо калимаҳои бархезад, резад, ангезад, бархезад, безад, бистезад бо ҳам қофия баста мешаванд. Ин тарзи қофиябандии якдармиён муташаккилӣ ва мустаҳкамии байтҳоро афзуда, онҳоро ба ҳамдигар хеле сахт мепайвандад. Бо калимаи «ман» тамом шудани ҳар мисраи дуюми байт, ки вазифаи маъноии ҷавоб ва наҳвии мубтадоро дорад, талаб мекунад, ки мисраи аввали байт ҳам бо калимаи ҳамоҳанг ба охир расад. Ба ҳамин ваҷҳ мисраъҳои аввали ҳар байт бо калимаҳои ҳамқофияи ман – ватан, сафшикан, сухан, хештан, бадан, кафан тамом шуда, беихтиёр ба ғайр аз бо ман ҳамқофия шуданашон бо ҳамдигар боз якдармиён қофия мешаванд: ватан, сафшикан ва ба ҳамин зайл. Вале бояд қайд кард, ки дар ҳар мисраъ оҳанги ман – мубтадо аз мисраи дигар фарқ мекунад. Оҳанги онро мазмуни мисраи аввали байт ва махсусан, хабари пеш аз «ман» меомада, ки калимаи қофия аст, муайян мекунад. Аз ҳамин рӯ «ман»-и байти дуюмро, ки муборизаю хунрезии Алҷазоирро барои ватан тасдиқ мекунад, ба мисли «ман»-и байти аввал, ки он ҷавоби дорои ватан шудани Қоҳираро дар назар дошта, оҳанги хушнудона дорад, набояд ба як оҳанг хонд.

Дар мисраъҳои дигар ҳам, ки «ман» бо вазифаи радиф омадааст, ҳама ҷо як оҳанги хос дорад. Ин аломати барҷастаи он аст, ки радиф дар шеър ба ғайр аз вазифаи эстетикии худ, яъне хушоҳанг кардани шеър, таъмини ҳамоҳангии мисраъҳо, боз барои ифодаи ҷилваҳои маъноӣ ва лафзии калимаҳо ба кор меравад. Дар ин шеър ҷилваҳои нозуки оҳангии як калима боиси боигарии оҳангии байтҳо шуда, такрори як калимаро аз якнавохтию дилбазанӣ наҷот додааст.

Омезиши ғазал бо маснавӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода аз ин ҳам пештар дар шеъри «Ба В.И. Ленин» ҷой дорад. Оғози ин шеър 7 байт ғазал буда, баъд аз он 4 байт маснавӣ омадааст, ки ба ҳам омехта, як шакли рехта ва мустаҳкамро ба вуҷуд овардааст.

Болотар қайд шуда буд, ки байти маснавӣ тамомияти оҳангию наҳвӣ дорад ва ин хосият онро барои ифодаи маонӣ ва эҳсосоти гуногун бештар мувофиқ мекунад. Ин тамомият, аввалан, ба чигунагии қофияи мисраъҳо ва, сониян, аз миқдори мисраъҳои ҳамқофия вобаста аст. Агар як байти маснавӣ, чунонки мулоҳиза шуд, ин гуна хосият дошта бошад, вале пораи мусаллас, ки бо афзудани мисраъ ба байт ҳосил мешавад, на ҳама вақт чунин хусусиятро дорост. Мусаллас дар он шакле, ки дар шеъри классикии тоҷик истифода шудааст, яъне бо қофияи (ааа, бба, вва) ба ҷуз пораи аввали он дигар ҳама тамомияти оҳангию наҳвӣ дорад. Дигар шаклҳои мусаммат ҳам дорои ҳамин гуна хосиятанд. Азбаски дар банди аввали ин шеърҳо ҳамаи мисраъҳо ҳамқофияанд, онҳо аз ҷиҳати оҳанг ва наҳв нотамом ба назар мерасанд. Мисраъҳои охири бандҳои минбаъда бо қофияи банди аввал меоянд ва бо банде, ки дар дохили он ҳастанд, ҳамқофия нестанд. Ҳамин бо мисраъҳои дигари банд ҳамқофия набуданашон боиси он мешавад, ки онҳо, аз як ҷиҳат, бандро тамомияти оҳангию наҳвӣ диҳанд ва, аз ҷиҳати дигар, бандҳои дигари шеърро ба ҳам пайванданд.

Дар назми солҳои 60 аз ҳафт навъи мусаммат баъзе дар шакли пешина истифода шуда, қисме шакл дигар карданд. Мусаллас аз онҳоест, ки тағйири шакл карда, хусусиятҳои тоза пайдо намудааст.

Қариб тамоми эҷодиёти Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ ва Қутбӣ Киромро то аввали солҳои 70 аз назар гузаронида, муқаррар карда шуд, ки мусаллас дар эҷодиёти онҳо ба шаш навъ омадааст. Ҷолибтарини ин навъҳоро мавриди мулоҳиза қарор медиҳем.

Мусалласе, ки ҳамаи мисраъҳояш ҳамқофияанд (ааа, ббб, ввв), дар шеъри «Обшор»-и Муъмин Қаноат истифода шудааст. Чунонки қайд шуда буд, бандҳои ин навъи мусаллас тамомияти оҳангию наҳвӣ надорад. Ҳамин нотамомӣ ба ифодаи мундариҷаи шеър, ки аз ҳиссиёти пок ва азизу ширини муҳаббати бачагӣ иборат буда, худ ҳам ба андозае нотамому номуайян аст ва барои шоир ҳам чигунагии он ба хубӣ аён нест, хеле созгор омадааст.

 

Мерафту равнақи гулзор мешикаст,

Меомаду аз омадаш(?) хуммор мешикаст,

Лабташнагии ташнаи дидор мешикаст,

 

Он духтарак кӣ буд маро?

Балки хоҳарам?

Ё дар баҳори наврасӣ ӯ буд дилбарам?

Ё чун кабӯтари сафед(?) ӯ буд ҳампарам?

 

Ҳар кас, ки буд,

Ӯ маро(?) аз ҷон азиз буд,

Ҷонам зи ҷоми шарати ӯ рез-рез буд.

 

(Ногуфта намонад, ки ҳамин банди охир ба шакли байт омадааст, дигар ҳамаи бандҳо мусалласанд). Аз ҷиҳати дигар барои Муъмин Қаноат, ки шоири шеърҳои хушоҳанг аст, ҳамқофия овардани ҳама мисраъҳои банд ба завқи зебопарасти ӯ ҷавоб мегӯяд.

Дар шеъри «Оғози ишқ»-и Қутбӣ Киром мусаллас аз банди дуюм оғоз шудааст. Яъне қофияи он ба тарзи ааб, ввб, ггб... мебошад. Дар натиҷаи чунин қофиябандӣ пораҳои шеър тамомияти оҳангию наҳвӣ пайдо кардаанд:

 

Чу райҳон шабнам аз гесӯи мушкин рехт,

Нигоҳам бо нигоҳи духтари ҳамсоя омехт,

Дилам аз қайди танҳоӣ бадар омад.

 

Кушода сад забони хешро савсан,

Маро табрик мегуфту ҳазор аҳсан:

Баҳори ошиқон имдодгар омад.

 

Ба ин тарз истифода шудани мусаллас ба равияи услубии эҷодиёти Қутбӣ Киром созгор аст. Азбаски дар шеърҳои ӯ аҳамият ва мавқеи ҳусни мақтаъ - байти охир хеле калон аст, яъне хулоса ва ҷавҳари фикрашро дар мақтаи шеър мегӯяд, кӯшиш мекунад, ки ҳар банди шеър ҳам фикру эҳсосоти комил дошта, ифодаи он ҳам тамомияти оҳангию наҳвӣ пазирад.

Ҳамин гуна аз банди дуюм оғоз шудани шеърҳои мусаммат, яъне мураббаъ, мухаммас, мусаддас дар эҷодиёти дигар шоирони муосир ҳам мушоҳида мешавад.

Лоиқ ҳам «Бачагиям бекасу танҳо гузашт» ном шеъре дорад, ки жанраш мусалласи классикист. Ин шеърест, ки гузашти бачагиро бо як ғуссаи ширин ба ёд меорад, таассуф ва бебозгаштии он аз зимни ҳикояти шоир, аз образҳои дилнишини шеър бармеояд ва ба дилу ҷони хонанда меомезад. Ба образҳою таассуроти шоир гӯиё аз рӯҳия, аз кайфияти ғамангезу диловези ӯ резаборон меборад. Тасвирҳо тару тозаанд, таассурот ва таассуфе, ки аз бачагии гузарон дар шахси баркамол зуҳур мекунад, ҳикоятро ба ҳавои худ фаро гирифта, ба он самимияти бештаре медиҳад.

 

Бачагиям бекасу танҳо гузашт,

Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт,

Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт.

 

 

Дар сари санге ҳама рӯз интизор,

Мешумурдам турнаҳоро ҳар баҳор –

Бачагиям бо қатори турнаҳо як ҷо гузашт.

Ду мисраи аввали ҳар банди ин мусаллас бар вазни ҳазаҷи мусаддаси мақсур бошад, мисраи сеюмаш як рукн зиёдтар буда, бар вазни ҳазаҷи мусаммани мақсур аст. Ин тозаҷӯии муносиб бо талаби мундариҷаи шеър ба миён омадааст. Ғуссаи бачагии гузарон дар мисраи сеюми ҳар банд ба такрор садо медиҳад:

 

... Бачагиям бо умеди моҳии тилло гузашт,

... Бачагиям ханда бар лаб лаб-лаби дарё гузашт.

... Бачагӣ чун номае бар ёри бепарво гузашт.

... Ё мисоли шохнам аз дашти бопаҳно гузашт.

... Бехабар мондем, то дидем фарсахҳо гузашт,

... Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт.

 

Шоир дар ду мисраи аввали банд аз шайъе сухан ронда ва ё амалеро ҳикоят карда, дар мисраи сеюм гузаштани онҳоро таъкид менамояд. Оҳанги ин таъкид ҳар қадар бардавом бошад, бешубҳа, таъсираш ҳам ҳамон қадар амиқтар мешавад. Ба ҳамин мақсад шоир ин мисраъҳоро як рукн меафзояд ва ба матлабаш мерасад. Ҳамчун радиф омадани феъли «гузашт» ва дар ҳар банд такрор шудани он моро ҳамеша дар ҳалқаи таассуроти дилхоҳи шоир нигоҳ медорад.

 

Бачагӣ чун шохборон рехт, рехт.

Бачагӣ чун обшорон рехт, рехт,

Ё мисоли шохнам аз дашти бопаҳно гузашт.

 

Бачагӣ гӯё буду гӯё набуд,

Бачагӣ аз мо буду аз мо набуд,

Бехабар мондем, то дидем фарсахҳо гузашт.

Бачагӣ – гулгуни зарринёли ман,

Бачагӣ – гулгуни зарринболи ман –

Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт...

Ин намунаҳои беҳтарини шеърҳое, ки дар жанрҳои анъанавӣ гуфта шудаанд ва мо ин навъ шеърҳоро маҳз аз эҷодиёти шоирони нисбатан ҷавон ва тозаҷӯ овардем, ки гӯё аз жанрҳои анъанавӣ парҳез доранд, водор мекунанд, ки мо ақидаи худро оид ба тақдири жанрҳои анъанавӣ андаке тағйир диҳем. Онҳо на ҳама вақт ба ифодаи мазмуну мундариҷаи нав монеъ мешаванд, балки дар дасти шоири қудратманд ба ин бештар ёрӣ мекунанд. Дар эҷодиёти шоирони баркамоли мо Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, ки бештар ба жанрҳои анъанавӣ менависанд, намунаи ин гуна шеърҳои хуб бисёранд.

Яке аз шаклҳои маъмули назми муосир чаҳорпора аст. Баъзе тадқиқотчиён намунаи чаҳорпораи муосирро дар эҷодиёти шоирони асри Х пайдо кардаанд. Агар ин ҳақиқат дошта бошад, ин ҳам ҳақиқат аст, ки ин шакли жанрӣ то садаи бист ривоҷ нагирифта буд. Дар назми муосири тоҷик ривоҷу равнақ гирифтани ин шакли шеър, пеш аз ҳама, ба рӯ овардани назм ба мундариҷаи тоза ва, сониян, ба таъсири қавии назми рус вобаста аст. Аз шоирони муосир устод Лоҳутӣ махсусан, барои бисёр ба кор андохтан ва маъмул шудани он хизмати босазо кардааст.

Дар назми классикии тоҷик як навъи мусаммат ҳаст, ки аз чаҳор мисраъ иборат буда, мураббаъ ном дорад. Оё дар байни навъи шеъри классикӣ ва чаҳорпораи муосир чӣ монандӣ ва чӣ тафовут ҳаст?

Чаҳорпораи муосир аз мураббаи классикӣ бо чанд хусусияти бандубастии худ фарқ мекунад. Мураббаи классикӣ қофиябандии қатъӣ (аааа, ббба) чаҳорпораи муосир қофиябандиҳои гуногун дорад, аз қабили: якдармиён (абаб, вгвг), дудармиён (абба, вггв) ва боз қофиябандиҳое, ки ҳоло ном нагирифтаанд, монади: 1. (ааба, ввгв), 2. (абвб, гдед), 3. (аабб, ввгг).

Аксари чаҳорпораҳои муосир тамомияти оҳангию наҳвӣ доранд, вале бандҳои мураббаъ на ҳама вақт. Бандҳои мураббаъ ҳама симметрӣ - мутаносибанд, вале чаҳорпораи муосири дудармиён (абба, вггв), баръакс ассиметрӣ, номутаносиб аст.

Истифодаи чаҳорпораҳои дудармиён қофия, яъне номутаносиб бештар дар эҷодиёти Ғаффор Мирзо ба назар мерасад, ки, бешубҳа, аз таъсири назми рус аст.

Чаҳорпорае, ки қофиябандияш (ааба, ввгв) аст, дар шеъри муосири тоҷик аз назми рус гирифта шудааст. Ин наъи чаҳорпораро махсусан, Мирзо Турсунзода ва Аминҷон Шукӯҳӣ зиёда ба кор бурдаанд. Дар бораи жанри шеърҳои Аминҷон Шукӯҳӣ қайд кардан лозим аст, ки ӯ ба навъи шеърҳои серқофия бисёртар рағбат дорад. Ин тамоюли услубӣ аксари шеърҳои ӯро хушоҳангу гӯшнавоз карда, онҳоро ба суруду тарона наздик менамояд.

Дар назми муосири тоҷик навъҳои гуногуни чаҳорпора вохӯранд ҳам, онҳо асосан бо дигаргун кардани ҳамин се навъи асосӣ, ки чунин тартиби қофиябандӣ: 1) абаб; 2) абвб; 3) ааба доранд, ба вуҷуд оварда шудаанд. Масалан:

ааба

Зинда кардам дар замин ман шӯълаи хомӯшро,

Бо сухан дар ҷӯш овардам дили беҷӯшро.

Ман ба ҳар як тифли аз модар ба дунё омада

Боз кардам аз сари сидқу вафо оғӯшро (Мирзо Турсунзода).

 

абаб

Зард шуд барги дарахтон зард шуд,

Рафт тобистону омад тирамоҳ,

Сард шуд, оби каналҳо сард шуд

Лек месӯзад дилам аз он нигоҳ (Аминҷон Шукӯҳӣ).

                          

абвб

Ман он рӯдам ки оғози ман аз санг,

Вале анҷоми ман гул бошаду гул.

Ман он рӯдам, ки аз он одамизод,

Гузар созанд бо ихлос бепул (Лоиқ).

 

Дар эҷодиёти бисёре аз шоирон ҳоло ин навъи чаҳорпораҳо дар як шеър ба ҳам омехта мешаванд, ки бештар ба хотири озодонаю бехалал ва пурратар ифода кардани мазмуну мундариҷаанд. Ин таҷриба бештар дар эҷодиёти Муъмин Қаноат, Лоиқ, Қутбӣ Киром мавқеъ дорад.

Чаҳорпораҳои Мирзо Турсунзода ва Аминҷон Шукӯҳӣ бештар ба ҳамон тарзи қофиябандие, ки банди аввали шеър ба он сар шуда буд, ба охир расонида мешаванд.

Ба ғайр аз ин, дар назми муосир ба чаҳорпораҳо як байт афзуда (рефрен) – нақарот, як пораи шашмисрагӣ ҳосил кардаанд. Баъзан байте, ки пас аз чаҳорпора меояд ва бо қофияи маснавист (аа), пас аз чаҳорпора ба такрор меояд ва ин махсусан, дар шеърҳои васфӣ бештар ба назар омада, шеърро бо суруду тарона наздик мекунад. Дар мавридҳои дигар ҳам шоирон ба чаҳорпора байтҳои тоза афзудаанд. Вале имкони шаклҳои тоза сохтани чаҳорпораҳо бо ҳамин чанд навъи ин ҷо нишон дода маҳдуд намешавад. Намунаҳои дигари он ҳам вомехӯранд, ки қофиябандиашон ба ин тарз аст: аабб, вгвг. Дар ин ҷо ду чаҳорпора ба ҳам пайваста, як пораи ҳаштмисрагиро ба вуҷуд овардаанд. Ин навъҳо хеле фардӣ буда, дар эҷодиёти ҳамон шоири ин навъро ба корбурда ҳам аз як ё ду бор зиёдтар истифода нашудаанд.

Агар чаҳорпора дар назми классикӣ вуҷуд надошта, дар назми муосир ба ин мавқеи бузург соҳиб шуда бошад, сарнавишти навъи дигари шеъри тоҷик – ғазал баръакси чаҳорпора аст. Ҳоҷати исботу далел нест, ки ғазал дар эҷодиёти шоирони классик навъи асосӣ ва маъруфтарини шеър буд. Дар таърихи шеъри башарият кам жанри шеъриро пайдо кардан мумкин аст, ки ба ин дараҷа ривоҷ гирифта, серистифода бошад.

Дар назми солҳои аввали асри ХХ ғазал ба ҳамон дараҷаи пешинаи истифодааш набошад ҳам, ба ҳар ҳол, аз дигар навъҳои шеър бисёртар ба кор мерафт. Он асосан тағйири шакл накарда, вале аз ҷиҳати мавзӯъ ва ғоя дигар шуд. Хидмати Садриддин Айнӣ ва махсусан, Абдулқосим Лоҳутӣ барои ифодаи мундариҷаи ҳаёти нав дар қобил кардани ғазал бузург аст.

Дар солҳои шаст дар эҷодиёти бисёр аз шоироне, ки шеъри худро ба тасвири масъалаҳои муҳими замон гузошта, рӯҳи онро ифода кардан мехостанд, ғазал мавқеи пешинаи худро аз даст медиҳад. Баъзе навҷӯён ҳам бо суханҳои ниҳилистонаи худ аҳамияти мероси гузаштаро инкор карданӣ шуда, аксаран дар зери мафҳуми мероси гузашта ғазалро дар назар доштанд.

Хулласи калом, ғазал гоҳ мавриди ҳамлаи рӯирост ва гоҳ пардапӯшона қарор мегирифт. Бурҳоне, ки бар куҳна шудани ғазал меоварданд, гӯё ба ифодаи мазмуну мундариҷаи муосир созиш накардани он буд. Масалан, шоири Эрон Нодири Нодирпур, ки дар шеъри форсӣ яке аз навҷӯёни муваффақ аст, чунин менависад: «Мафоҳим ва эҳсосоти шоири имрӯз дар қолаби ғазалу қасида намегунҷад ва зуруфи дигаре металабад»[3]. Оё фақат ин гуфта метавонад далели қатъӣ бошад, ки ғазал дигар аз анвои шеъри форсу тоҷик дур андохта шавад? Агар не, пас чаро ғазал дар назми муосир мавқеи худро аз даст медиҳад?

Дар назми муосири тоҷик, алалхусус, дар аввали солҳои шаст бар зидди шеърҳои берангу ҳиссиёт, берӯҳу беобраз, ки аз маъниҳои баланду писандида орӣ буданд ва «шеърҳои умумӣ» номида мешуданд, мубориза сар шуд. Назария ва амалияи шеъри муосир ба воситае муҳтоҷ буд, ки онро барои инкори «шеърҳои умумӣ» ҳамчун раддия истифода кунад. Дар натиҷа, як навъи шеърҳое ба вуҷуд омаданд, ки номи на он қадар аниқ ва мувофиқи шеърҳои конкретиро гирифтанд. Худи мафҳуми шеърҳои конкретӣ ба хубӣ муайян набуд. Ин мафҳум баъзан ба маънои шеърҳои сужетнок, баъзан ба маънои шеърҳое, ки образҳои маҳсусу реалӣ доранд, истифода мешуд. Ана дар ҳамин вақт бисёр ғазалҳое, ки дар ҳақиқат ҳиссиёти тоза ва маънии бикре надошта, аз тавсифҳои обшуста ва гапҳои берӯҳу равон иборат буданд, ҳадафи ҳамлаи тозаҷӯёни шеър шуданд.

Яке аз хусусиятҳои асосии ғазали куҳна, ки ҳар як байти он маънои алоҳидаро ифода карда, аз ҳамин сабаб, баъзан, барои тасвири давомдор ва инкишофёбандаи як мазмуну мундариҷа имкон намедиҳад, боиси ҳамин умумигӯӣ дониста шуд. Шакли ғазал ҳам барои қонеъ кунонидани талаботи тоза аз шеър хеле душвориҳо пеш овард. Дар ҳамин асно чизи дигаре аз хотирҳо рафта буд: мундариҷаеро, ки дар шакли мавҷуда, дар айни ҳол, фарз кардем, дар ғазал ифода карда намешавад, дар шакле, ки мувофиқтар аст, бояд рехт. Пас, чаро мо онро маҳз ба қолаби ғазал рехтан мехоҳем? Онро маҳз дар шакли ғазал гуфтан зарурате надорад.

Мазмуну мундариҷае, ки бояд дар шакли мувофиқ рехта шавад, худ шаклашро муайян мекунад, вагарна бояд чунин пиндошт, ки тамоми маъно ва эҳсосоти шеърӣ аввал дар наср сурат гирифта, баъд ба қолаби шеър андохта мешавад. Ҳарчанд шоир баъзан аз мавзӯи шеъри ояндаи худ қайдҳои насрӣ мекунад ва мавқеи ин корро дар эҷодиёт тамоман аз эътибор соқит кардан дуруст нест, вале он афкору эҳсосоте, ки шоир онро наметавонад дар наср батамом ифода кунад, маҳз ҳамон мояи шеър аст. Ҳамин чиз, ки наметавонад дар наср ифода шавад, шакли мундариҷаро муайян мекунад. Агар мо ҳамин андешаҳоро ба эътибор гирем, даъвое, ки гӯё шакли ғазал бо қонунияти қатъии худ барои озодонаю бехалал ифода кардани мафоҳими шеърӣ монеъ мешудааст, беасос мегардад.

Баъзеҳо, аз ҷумла, Нодири Нодирпур фикре мегӯяд, ки барои шеъри нав мундариҷаи ғазалро ба истифода гирифта, шакли он дур андохта шавад: «Манзур аз ғазал як навъ сухани нарму диловез ва ошиқона аст. Инро мо метавонем имрӯз пайравӣ бикунем, на ин ки шакли хоси ғазалро»[4] – менависад ӯ. Ҳамин «сухани нарму диловез ва ошиқона» дар назми форсу тоҷик асосан дар шакли ғазал сурат гирифтааст ва оё эҳтиёҷе ҳаст, талаб пеш гузорем, ки ҳаминро дигар дар шакли ғазал набояд рехт.

Қудрати ҳамаи шоирон дар истифодаи анвои шеър ба як дараҷа нест ва аз ҳамин рӯ, ба шоире, ки метавонад манзури худро дар қолаби ғазал зебою дилнишин бирезад, ҳоҷате нест, ки маҳз шакли тозае биҷӯяд: «Ҳамаи навъҳо хубанд, ба ғайр аз дилгиркунандааш» – мегӯяд Волтер ва Белинский ба ин гуфтаҳо илова мекунад, ки: «Ҳамаи намудҳо хубанд, ба ғайр аз дилгиркунанда ва ноқисаш»[5]. Дар чунин соҳаи эҷоди бадеӣ, ҳамчун шеър, қонунияти қатъию беистисно наметавонад бошад ва боз махсусан, дар истифодаи навъи шеър, ки шоир соҳибихтиёр аст ва дар ин ҷабҳа барои эҷодкориҳои фардӣ имкони бисёр дорад. Бинобар ҳамин ҳам, ақидаҳое, ки оид ба ин масъала баён мешаванд, аксаран нисбиянд. Агар жанре дар эҷодиёти як шоир камистифода бошад, дар шоири дигар серистифодатар аст. Ба ғайр аз ин, хусусиятҳои истифодаи он ҳам фарқ дорад.

Ҳамчунин ғазал. Вай дар назми муосири тоҷик дар эҷодиёти як шоир бештар мақом дошта бошад, дар дигар камтар. Дар истифодаи он қонунияти умумие мушоҳида шавад ҳам, истифодаи фардии он дорои хусусиятҳои фарқнок ҳам ҳаст. Ҳамин тавр, агар ғазалҳои Аминҷон Шукӯҳӣ аксаран мазмунҳои ишқӣ ва дар солҳои охир оҳангҳои ишқӣ ва панду ахлоқӣ дошта, ба талаботи шакли ғазали классикӣ мувофиқат кунанд, ғазали Ғаффор Мирзо оҳанги гражданӣ дошта, ба шакли қатъии ғазали анъанавӣ рост намеояд. Чанд ғазале, ки Лоиқ суруда аст, асосан анъанавӣ бошад ҳам, мундариҷааш тозаву тар буда, такрору забонзад нест.

Дар назми муосир баъзе аломатҳои шаклии ғазал аз назари эътибор соқит шуда истодаанд. Масалан, байти тахаллус. Байти тахаллус дар ғазали қадим воситае буд, ки барои ба хонанда ошнову қарин ва маҳбубтар кардани шахсияти шоир хизмат дошт. Инчунин байти тахаллус боз оҳанге ба вуҷуд меовард, ки гӯё, шоир тамоми фикру эҳсосоташро бевосита ба хонанда баён мекарда бошад. Акнун ҳамаи байтҳои ғазал ин хусусияти байти тахаллусро доранд, яъне ҳамон ҳиссиёт, ҳамдилӣ дар саросари ғазал ҷойгузин аст. Ин маҳсули қаробат ва ошноии шахсияти шоир бо хонанда, бовари шоир ба роздорӣ ва ғамгусории ӯст.

Байти тахаллус дар ғазали классикӣ аксаран байти мақтаъ ҳам буд ва ҳоло ин байт дар ғазалҳои муосир маъникаштарин байт шуда истодааст. Он даъво ба шоҳбайт шудан дорад. Омадани тахаллус далели зоҳирии тамомияти ғазал буда, тамомияти маъноии онро ҳам ифода мекард. Бинобар ҳамин, ғазалро тамомияти маъноӣ надорад гуфтан, дуруст нест, ки В. Е. Холшевников менависад: «Ғазал дар натиҷаи инкишоф додани рубоӣ ба вуҷуд омада, аз рубоӣ бо он фарқ мекунад, ки тамомият надорад: қатори байтҳо ҳар қадар давом ёфтанаш мумкин аст»[6]. Қисмати аввали ин гуфтаҳо ҳам ба ҳақиқат рост намеояд, ки ғазал инкишофи рубоӣ дониста шудааст.

Агар рубоӣ эҷоди мардуми форсизабон буда, аз онҳо ба арабҳо гузашта бошад, ғазал баръакс. Он аз арабҳо ба шеъри мардуми форсизабон омада, ба таъсири адабиёти лафзӣ ва китобии ин миллатҳо монда, он қадар ба он омезиш ёфтааст, ки бегонагии он дигар заррае эҳсос намешавад. Пас, ғазал ва рубоӣ, ду навъи мустақили шеъри шарқ буда, дар шеъри ду халқ мустақилан арзи вуҷуд кардааст. Чунонки медонем, рубоӣ вазни хос дорад ва ин аломати асли рубоӣ онро аз навъҳои дигари шеър фарқ мекунонад. Ғазал вазни хос надорад ва дар вазнҳои бисёр суруда мешавад. Аз ҷиҳат мавзӯъ ҳам рубоӣ бо он хосияти минётурии худ, яъне камшумории мисраъҳо аз ғазал тафовут дошта, бештар барои ифодаи маъниҳои фалсафӣ, панду ҳикматомез мувофиқ гаштааст. Ба қофияи ин ду жанр мулоҳиза карда шавад, тафовути шаклии онро ҳам дарёфтан мумкин аст. Агар В. Е. Холшевников тамомияти рубоиро бо як байти ғазал муқоиса карданӣ бошад, нодуруст рафтор мекунад, зеро ду жанрро дар шакли комилашон муқоиса бояд кард, на ин ки комили якею ҷузъи дигареро. Ба як тарз будани оғози қофиябандии ин ду навъ тасодуф асту бас. Агар байти аввали ғазал ва рубоӣ ақаллан аз ҷиҳати тамомияти оҳангию навҳӣ муқоиса шавад, тафовути куллии онҳо аён ба назар менамояд. Рубоӣ танҳо дар шакли комили худ тамомияти интонатсионию синтаксисӣ ва маъноӣ дорад. Масалан:

 

Бо оби ҷабин кунем таъмири замин,

Бо ақл раво кунем тадбири замин.

 

Дар ин ҷо дар мисраи аввал мафҳуми асосие, ки бояд дар тамоми рубоӣ ташреҳ шавад, ифода шудааст. Мисраи дуюм аз рӯи тарзи ифода ва ҳам маънӣ мувозии мисраи якум аст. Мисраи сеюми рубоӣ одатан барои мустаҳкамтар вобаста кардани хулосаи аз мисраъҳои якум ва дуюм бармеомада, ки дар мисраи чаҳорум ҷамъбаст мешавад, хидмат мекунад.

Дар рӯи замин пой ниҳодан саҳл аст,

Ё тири замин шавем, ё зери замин!

 

Албатта, ин банду басти рубоиро қонунияти ягона ва раднопазир ҳисобидан наметавон, зеро рубоӣ аз ҷиҳати композитсия, банду баст хеле гуногун аст, ки ин ҷиҳати онро Раҷаб Амонов ҳам дар тадқиқоти худ «Лирикаи халқии тоҷик» қайд мекунад.

Байти матлаи ғазал ҳам тамомият надорад. Вай бо байти минбаъда пайваста, тамомият пайдо мекунад ва дигар ҳар байти минбаъдаи ғазал дар алоҳидагӣ тамомият дорад. Чунонки қайд шуда буд, яке аз хосиятҳои ғазали классикӣ он аст, ки аксари байтҳои он аз ҷиҳати маънӣ мустақиланд. Ҳамин хусусият ва боз қонунияти қатъӣ надоштани миқдори мисраъҳо дар ғазал боиси он шудааст, ки ғазалро шакли тамомият надошта пиндоранд. Вале ягонагӣ ва тамомияти ғазал бо қонуниятҳои хос ба даст оварда мешавад, ки онҳо бештар ба таркиби ғазал – калимаҳо, образҳо, ягонагии қофия, вазн ва рӯҳи ғазал тааллуқ доранд[7]. Ана, ба ҳамин ягонагӣ ва тамомият муваффақ шудан миқдори байтҳои ғазалро муайян мекунад. Аз ин рӯ, чунин тасаввуроте, ки ғазалро ба ҳар андоза кашол додан мумкин бошад, ислоҳ металабад.

Номуайян будани миқдори мисраъҳо дар як навъ чунин маъно надорад, ки онро ба ҳар андозаи номатлуб кашидан мумкин бошад, зеро чунонки маълум аст, шакли шеър ифодагари мундариҷа аст ва мундариҷаро хориҷ аз таносуб кашидан бар хилофи шеърият аст ва зуд ба зеҳн бармехӯрад. Миқдори мисраъҳо дар анвои шеъри тоҷикӣ ба ғайр аз чанд навъи башумор чун рубоӣ, дубайтӣ, байт, фард дигар ҳама ба қонунияти ифодаи матлуби мундариҷа муайян мешавад. Дар анвои дигари шеър миқдори мисраъҳои шеър ва ё банд муайян бошад ҳам, масалан, маснавӣ аз ду мисраъ, мураббаъ аз чаҳор, мухаммас аз панҷ мисраъ ва монанди ин, вале миқдори банд дар шеър ба ихтиёри шоир аст. Ихтиёрдории шоир дар ҳукми ифодаи матлуби мундариҷа аст. Аз ҳамин рӯ, агар ифодаи мундариҷа хориҷ аз таносуб кашида шавад ва ё дар дохили як ғазал, ки бо вуҷуди байтҳои маънан парокандаи худ, як томияти кулл ва ягона аст, байтҳое оварда шаванд, ки ба оҳанги умумии ғазал мувофиқат накунанд, завқи шеършинос ноҷоии онҳоро ба зудӣ хоҳад дарёфт.

Баъзан ягонагӣ ва тамомияти ғазал ба ёрии қонуниятҳое, ки баъзе аз онҳоро ба тариқи таҳлил нишон додан хеле мушкил буда, бештар ба завқ дарк кардан мумкин аст, ба даст оварда мешавад. Аз ин ҷиҳат ғазал, албатта, дар назари аввал ба он тамомияте, ки рубоӣ дорад, соҳиб нест. Тамомияти рубоӣ ҳам дар шакл ҳам дар маъно баралло бармало намоён аст. Ин ду жанри шеъри классик аз ҷумлаи жанрҳои устуворанд, ки аз ҷиҳати шакл ба он қадар дигаргунии бисёр дучор наомадаанд. Азбаски хосиятҳои шаклиашон хеле устувор аст, онҳо ба азму кӯшиши шоирони навҷӯй, ки талаботи қатъии анвои шеъри куҳанро ба инобат намегирифтанд, рост наомад ва дар эҷодиёти онҳо кам истифода шуд.

Бинобар ин, Муҳаммадҷон Шукуров дар аввали солҳои 60, дар яке аз мақолаҳои худ аз камии рубоисароӣ хеле таассуф баён карда навишта буд: «... мутаассифона рубоӣ барин намуди муҳими шеъри тоҷикӣ дар назми имрӯзаи мо рӯз то рӯз мавқеи худро аз даст дода истодааст. Ҳам шоирони куҳансол ва ҳам шоирони ҷавон онро қариб тамоман фаромӯш карданд»[8]. Вале дар охири солҳои шастум вазъият ба тамом тағйир ёфт. Рубоӣ дар шеъри муосир дар эҷодиёти Аминҷон Шукӯҳӣ, Лоиқ, Қутбӣ Киром ва махсусан, шоирони ҷавон серистифода шуд. Дар як маҷмӯаи «Соҳилҳо»-и Лоиқ 252 рубоии ӯ гирд оварда шудааст. Ҳамчунин дубайтӣ. Ин жанри шеъри тоҷик пас аз устод Абдулқосим Лоҳутӣ хеле кам ба кор бурда мешуд. Ногуфта намонад, ки дар аввали солҳои шастум Муҳаммадҷон Раҳимӣ ба ҳавои дубайтиҳои халқӣ китоби дубайтиҳо эҷод кард. Аз охири солҳои шастум дубайтӣ мавқеи аз даст додаи худро бозгардонида, серистифода мешавад, ки маҷмӯаи дубайтиҳои Аминҷон Шукӯҳӣ «Чормағз» ва китоби дубайтиҳои Лоиқ «Резаборон» маҳсули ҳамин давраанд.

Пас, дар бораи анвои шеър бояд ба чунин хулоса омад, ки умри онҳо ҳам аз қобилияти маъникашӣ, шакл дигар кардан, равияи эҷодӣ, майлу хоҳиш ва хосияти истеъдоди шоироне вобаста аст, ки дар он давр эҷод мекунанд. Дар ин сурат ҳам қонунияти объективӣ – талаботи замонро аз шеър ва ҷиҳатҳои субъективии масъала хусусият ва майлу хоҳиши шоирони алоҳидаро ба назари эътибор гирифтан зарур аст. Бисёр мешавад, ки шоире ба як навъи камистифодаи шеър аз нав умр мебахшад ва онро барои ифодаи мундариҷаи замонавӣ қобил мекунад ва он навъ ба ин восита ба қатори жанрҳои серистифода медарояд. Чунончи, дар охири солҳои 60 ва аввали 70 ҳамин гуна ҳолат тавассути эҷодиёти Аминҷон Шукӯҳӣ ва Лоиқ бо дубайтӣ ба рубоӣ рӯй дод.

Дар назми муосири тоҷик ҳоло бисёр аз анвои шеъри классикӣ, аз ҷумла, қасида, таркибанд, тарҷеъбанд ва монанди инҳо шакл дигар карда ё камтар истифода шаванд ҳам, батамом аз коргоҳи эҷодӣ дур андохта нашудаанд ва ба ин кор ҳоҷате ҳам нест. Чунонки мебинем, дар истифода будани анвои шеъри куҳан барои эҷоди навъҳои тозаи шеър монеъ намешаванд.

Болотар қайд шуда буд, ки яке аз навъҳои тозаи шеъри муосир, ки ҳоло бар ҳамаи дигар навъҳои шеър бартарӣ дорад, чаҳорпора аст. Чаҳорпора бо андаке дигаргунӣ дар эҷодиёти ҳамаи шоирони муосири тоҷик ба истифода рафта, баъзан аз он шаклҳои дигари тоза ҳам ихтироъ шудаанд, ки хеле фардӣ буда, дар эҷодиёти як шоир як-ду бор вомехӯранду бас. Онҳо барои ифодаи мундариҷае, ки маҳз бояд дар ҳамон шакл рехта шавад, арзи андом мекунанд ва аз ҳамин рӯ, то даме ки ба истифодаи умум медароянд, маҳз бо ҳамон шеър зинда буда, якто ва нотакроранд.

Шеърҳои «Шеъри ман»-и Мирзо Турсунзода ва «Баргҳои тиллоӣ»-и Аминҷон Шукӯҳӣ аз ин назар бо пораҳои тоза, ки ба мухаммас наздиканд, навишта шудаанд. Ҳар пораи ин ду шеър панҷмисраӣ буда, чаҳор мисраи онҳо қофия баста мешавад.

«Шеъри ман» - и Мирзо Турсунзода суҳбати хоса ва дилнишини шоир аст бо ашъори худ. Ӯ тарзи ифодаи суҳбати танҳо ба танҳоро ниҳоят моҳирона истифода мекунад ва дар натиҷа чунин тасаввурот пайдо мешавад, ки шоир фақат бо шеъри худ гуфтугузор дорад. Дар пораи аввал сифатҳое, ки шоир онҳоро ба шеъраш доданӣ мешавад, гӯё нисбат ба олами атроф ба ҳастии худи ӯ бештар тааллуқ доранд.

 

Шеъри ман,

Хуни ҷигар,-

ё пораи дил гӯямат,

Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гӯямат.

Ё хурӯҷи мавҷ дар домони соҳил гӯямат,

Роҳатат аз ҳад зиёду заҳматат з-он бештар,

Мухтасар сар то ба по савдои мушкил гӯямат.

 

Дуруст аст, ки мисраи «Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гӯямат» доираи фаро гирифтани шеърро васеътар карда, онро аз олами шахсии шоир берун меоварад ва ба олами дигарон мепайвандад. Шеър, ки шитоби корвон бошад, он танҳо барои будани худ нест. Дар ин мисраъҳо аҳамияти иҷтимоӣ ва ҳамзодии шеър бо ҳаёти ҷамъият ба воситаи бузургии шахсияти шоир, яъне ҳар як сухани шеър ба меъёри бузургии шоир андоза ва идрок мешавад. Самимияти ифода ва тарзи муколамаи шоир шеърро ба дил наздик мекунад ва махсусан:

 

Роҳатат аз ҳад зиёду заҳматат з-он бештар,

Мухтасар сар то ба по савдои мушкил гӯямат. –

 

гуфтани шоир дар хонанда ба азобу ранҷҳои эҷодии ӯ ҳамдардӣ мепарварад.

Оё сабаб чист, ки шоир дар ин шеър аз чаҳорпораҳои дар шеъри ӯ маъмул (масалан, ааба) ва ё аз мухаммаси анъанавӣ истифода накарда, бо қофиябандии тоза пораи шаклан нав сохтааст? Дар ин бора ба чунин андеша омадан мумкин аст: шоир дар пораи аввал шеъри худро ба ин ё он объекти дигар монанд карданӣ мешавад, бешубҳа, агар ин монандкунӣ бардавомтар бошад, сухан баобутобтар шуда, таъсираш ҳам меафзояд. Се мисраи аввал далели ин фикр аст. Дар бораи ба дигарҳо расидани он фикр ҳам намекунад. Агар ҳар банди ин шеър аз чаҳор мисраъ мебуд, шоир маҷбур мешуд, ки монандкуниро дар ду мисраъ ба охир расонад. Дар ин ҳолат пора ба дараҷае, ки пуртаъсиру ҳаяҷонангез аст, намешуд. Аз қофия озод омадани мисраи чаҳорум, ки аз ҷиҳати маъно ва ифода аз ҷодаи се мисраи пешина берун меравад, мисраи панҷумро ба пардаи дигари ритму оҳанг мегузаронад ва амиқтару тозатар дарк шудани сухани шоирро таъмин мекунад. Агар ин пора мухаммаси анъанавӣ мебуд, панҷ мисраъ ҳама қофиядор меомаданд, хушоҳангии аз ҳад зиёд хонандаро мафтун карда, ба таъсири худ медаровард ва шеър ба ҷои он ки тозаю амиқ идрок шавад, фақат ба сатҳи хаёл расида мегузашту тамом. Гардишҳои тарзи ифода дар мисраъҳои чаҳоруми ҳар банд барои зуд ва пуртаъсир расидани маъно мадад мекунанд:

 

Аз ту омад гар табассум дар лабе, таҳсин туро,

Рафт хоб аз чашми муштоқон шабе, таҳсин туро,

Зистӣ бо мақсаде, бо матлабе, таҳсин туро,

Гар нишастӣ соате дар суҳбати ёри азиз,

Шодмон кардӣ диле бо як гапе, таҳсин туро.

 

Гар даме хомӯш монӣ, шӯру исён мекунам,

Баҳрҳоро ман ба ҷӯш оварда, тӯфон мекунам,

Кӯҳро зеру забар аз зарби вулқон мекунам,

Гар ту ёбӣ лоиқи ҳусни нигорам як сухан,

Кишвари дилҳои мардумро гулистон мекунам.

 

Дар ин шеър ҳамаи такрорҳо ва радифҳо на фақат барои афзудани мусиқии шеър, балки бештар ҳамчун воситае барои амиқтар кардани таъсири ҳиссӣ ва маъноии он истифода шудаанд. Шоир барои содаю зудрас, баҳиссиёту пуртаъсир ифода кардани мазмун шакли нави пораро офарид, ки дар эҷодиёти ӯ на чун чизи бегона, балки ҳамчун маҳсули равияи эҷодии ӯ ба назар мерасад.

Чунонки қайд шуд, пораҳои шеъри «Баргҳои тиллоӣ»-и Аминҷон Шукӯҳӣ ҳам панҷмисраъгист.

 

Баргҳои сабз тиллоӣ шуданд,

Сурхрӯ гӯё, ки аз боӣ шуданд.

Лек аз сайри шамоли тирамоҳ

Зери по афтода ҳарҷоӣ шуданд,

Дар фироқи боғ савдоӣ шуданд.

Меваҳоро чида чун дурдонаҳо,

Марудмон бурданд сӯи хонаҳо,

Баргҳо монданд чун болу паре,

Баъди кӯчи булбулон аз лонаҳо,

Дур аз сарманзили ҷононаҳо.

Ин шеър аз чаҳор пора иборат аст. Ин шакл бо афзудани мисраъе бо чаҳорпораи дар шеъри Аминҷон Шукӯҳӣ маъмул (аа, ба) офарида шудааст. Ба се мисраи қофидор ҳамқофия омадани мисраи панҷум ҳам ба табиати шоирии Шукӯҳӣ, ки ба навъҳои серқофия рағбат дорад, созгор аст. Вале бо афзудани мисраъ таркиби чаҳорпора ба тамом дигаргун шудааст. Дар ин пораи «Баргҳои тиллоӣ» мисраи аввал бо қобилияти маъникашии худ бар тамоми дигар мисраъҳо бартарӣ дорад. Мисраъҳои якум бо дуюм ва чаҳорум бо панҷум мувозӣ буда, ҳама бевосита аз ин ё он ҷиҳат ба мисраи сеюм вобастаанд. Пораи дуюми шеър аллакай хусусиятҳои дигар дорад, ки онро аз пораи аввал фарқ мекунонад ва ба ҳамин восита ин пораи шеър аз шахшудагии шаклӣ наҷот меёбад. Дар натиҷаи ин дигарии хосиятҳои дохилӣ пора ба як навъи зиндаи таркиби бадеӣ мубаддал мешавад. Давраи аввали тазоди замонии шеър дар байти дуюм қатъиян шакл мегирад ва бандҳои сеюм ва чаҳорум ба бандҳои якум ва дуюм тазодӣ сохта мешаванд.

 

Боз фардо чун расад фасли баҳор,

Баргҳои тоза андар шохсор,

Боз ҳам гаҳвораҷунбонӣ кунанд,

Дар сари гулҳо қатор андар қатор

То шавад ҳар як ниҳоле сербор.

 

Боғҳо чун Ҳотами Тоӣ шаванд,

Меваҳои сабз тиллоӣ шаванд,

Дида инро баргҳо боз аз ғурур,

Худписанду маст аз боӣ шаванд.

Боз ҳам рӯзарду ҳарҷоӣ шаванд.

 

Ин тарзи банду басти шеър барои ифодаи давомоти батакрори ҳаёт мувофиқ омадааст. Ҳамин навъ бо вуҷуди дар шеъри дигари ӯ «Дар кӯчабоғи ишқ» такроран истифода шуданаш, аз ҷиҳати таркиб фарқнок буда, вазифаҳои дигари услубиро ба ҷо овардааст.

Навъҳои тоза, ки маҳсули эҷоди фардиянд, дар шеъри шоирони навҷӯ Муъмин Қаноат, Лоиқ, Қутбӣ Киром бештар ҷой доранд. Баъзан ин гуна навъҳои тоза дар натиҷаи тарҷума ва ё таъсири назми халқи дигар ба шеъри муосири тоҷик дохил шуда истодаанд. Масалан, сонетҳои Қутбӣ Киром, ки пас аз тарҷумаи сонетҳои Шекспир эҷод шуданд, катибаҳои Лоиқ ва баъзе шаклҳои ҳалқаии шоиронаи дигар, маҳсули ҳамин гуна равобити адабиянд, ки дар шеъри муосири тоҷик арзи андом кардаанд.

Жанр ва шаклҳои жанрие, ки дар ин ҷо мавриди мулоҳиза шуданд, баъзе моли шеъри классикии тоҷик, қисми дигар эҷоди шоирони муосир буданд. Ҳамон навъҳое, ки дар эҷоди шоирони куҳан набуданд ва дар назми муосир ба вуҷуд омаданд ва ин ҷо бо номи тоза муаррифӣ шуданд, аз пораҳое, ки ҳоло ба андеша гирифта мешаванд, фарқ мекунанд. Фарқи онҳо, пеш аз ҳама дар он аст, ки навъҳои шеърии пешина устувор буданд, яъне як тарзи қофиябандӣ, ки дар пораи аввал сурат мегирифт, дар ҳамаи пораҳо қатъиян риоя карда мешуд.

Аз аввали солҳои шаст дар назми тоҷик шеърҳое бар арсаи эҷод омаданд, ки на фақат қофиябандиашон тозааст, балки ҳамин як тарзи қофиябандӣ то охири шеър риоя нашуда, он дар ҳар пора ба ихтиёри шоир дигар мешавад. Баъзе аз тадқиқотчиёни шеъри муосир маҳз ҳамин гуна шеърҳоро шеъри нав номидаанд (масалан, Жола Бадеъ) ва баъзеи дигар ба чунин ном гирифтани ин эҷодкориҳо ақидаҳои мухталиф доранд (масалан, Шарифҷон Ҳусейнзода) ва аз ҳамин сабаб дар бисёр маврид ин гуна шеърҳо бо номҳои шеъри озод, арӯзи озод, шакли нав, шеъри сафед муаррифӣ мешаванд.

Ба назар чунин мерасад, ки истилоҳи шеъри озод хусусияти ин ашъорро бештар ва хубтар ифода мекунад. Шеъри сафед, яъне шеъри бевазну беқофия дар таҷрибаи эҷодии Абдулқосим Лоҳутӣ ба кор рафта, дар тарҷумаҳои ӯ истифода шуда буд. Вале он дар эҷодиёти шоирони дигар ривоҷ нагирифта, ба ҳамон тариқ дар зинаи аввали истифодаи худ монд.

Дар солҳои шастум шакли дигари шеъри сафед – шеъри озод аввал дар эҷодиёти Муъмин Қаноат ва баъдтар дар Лоиқ, Қутбӣ Киром, Бозор Собир ва дигар шоирони нисбатан ҷавон истифода шуд. Шеъри озоде, ки имрӯз дар назми муосир мавқеъ дорад, шеъри арӯз ва қофияи озод аст. Яъне он ба баъзе талабҳои арӯз ҷавоб дода, дар айни ҳол боз қонуниятҳои тоза ҳам дошта, ба шоир имкони озодӣ медиҳад, ки арӯзи анъанавӣ намедод. Хуллас, шеъри озоди муосири тоҷик вазн дорад ва ин вазн арӯз аст ва ин арӯз арӯзи озод аст, ки дар асоси баъзе қонуниятҳои арӯзи анъанавӣ сохта шуда, барои табиитар садо додан ва афзудани бори маънии шеър хидмат мекунад. Тартиби қофия ва пора низ дар ин гуна шеър ба тарзи тоза аст. Шеъри озод аз ҷиҳати қофия ва пора навъҳои бисёр дорад.

Дар қисме аз ин ашъор ҳисоби мисраъҳои як банд аз рӯи тасвири графикӣ аксаран ба як миқдоранд. Мисраъҳо қофия доранд, вале қофия ба як тартиб нест. Масалан, банд агар панҷ ё шашмисраъгӣ бошад, гоҳо ин мисраъҳо ҳама қофия баста мешаванд, гоҳо ду-сетои онҳо.

Аксаран қофияи мисраъҳо ба тасвири хаттӣ вобаста нест, яъне аз рӯи хат ба охир расидани мисраъ аломати бо қофия тамом шудани он набуда, мисраъҳо бештар, ҳамин ки аз ҷиҳати маънӣ тамомият ёфтанд, қофия баста мешаванд. Вале баъзан барои обутоб додани сухан, барои таъсири ҳиссию ҳаяҷонии шеър, барои хонандаро ҳамоно бо рӯҳи шеър фаро гирифтан мисраъҳо паиҳам бо қофия меоянд. Масалан, дар шеъри «Гули Бодом»-и Муъмин Қаноат қофиябандӣ ба ҳамин тартиб ва ба ҳамин мақсад аст. Пораи аввали ин шеър аз шаш мисраи графикӣ иборат аст, ки дар он, агар қофияи дохили мисраъҳоро ба ҳисоб нагирем, панҷ қофия омадааст, вагарна ҳафто мебошад.

Қонунияти асосии шаклдиҳандаи пора, яъне ифодаи пурра ва барҷастаи маъно барои шеърҳои озод умумӣ буда, бо воситаҳои гуногун ба даст оварда мешавад. Масалан, барои шеърҳои озоди Лоиқ, ягонагии тасвири графикӣ он қадар аҳамиятнок нест. Пораҳо дар шеъри озоди ӯ аз рӯи ба чӣ андоза ба ҳиссиёту пуртаъсир ифода кардани маъно шакл мегиранд. Барои мисол, пораи аввали шеъри «Нӯшбод» аз даҳ мисраъ иборат аст, ки қофиябандии ягона надорад. Объекти тасвир дар мисраи аввал баён шуда, дигар ҳамаи нуҳ мисраи ин пора барои ифодаи пурра ва барҷастаю ҳиссиётангези он оварда шудаанд: «Ба дастам ҷоми хайёмӣ» ва мисраъҳои минбаъда хосиятҳои ин ҷоми пуршаробро паиҳам зикр мекунанд. Ин хосиятҳо ҳамдигарро рад месозанд, ба ҳам зид ҳастанд ва шоир ҳам маҳз ҳамонҳоро интихоб карда, зикрро дарвом медиҳад, то бовар кунад, ки ҳушу ёд ва ҳиссиёти хонандаро ба тамом тасхир кардааст.

Барои тасхири ҳиссиёти хонанда ӯ аз ибороти муқоисавии ҳамоҳанг, калимаҳои мувозӣ ва аз тазодҳо бисёр истифода мекунад. Пора ҳамон вақт тамомият меёбад, ки шоир ба мақсади худ расад, яъне ӯ бовар кунад, ки ба ғайриодӣ, бузургӣ ва эъҷозкории ҷоми хайёмии ӯ дар хонанда ҳеҷ шубҳае боқӣ намондааст:

 

Ба дастам ҷоми хайёмӣ,

Лаболаб ҷоми гулфоме.

Дар ӯ ёди ниёгон аст, ҳам ашки бузургон аст,

Дар ӯ шаҳди замину шӯълаи хуршеди тобон аст.

Дар ӯ ҳам шӯълаи истораи афтода аз гардун,

Дар ӯ ҳам шӯълаи истораи хомӯши ёрон аст.

Дар ӯ ҳам гиряҳои хандаолуд аст,

Дар ӯ ҳам хандаҳои гиряолуд аст,

Дар ӯ ҳам гармии оташ,

Дар ӯ ҳам талхии дуд аст...

Дар ин шеър хосияти зотии лирика – ба гуфтаи худ бовар кунонидан хеле қувватнок аст. Тамоми воситаҳои шаклию маъноӣ барои тасхири ҳиссиёт ва тафаккур хизмат карда, ҳама мақсади бечунучаро бовар кунондани хонандаро доранд. Ба ҳамин мақсад дар хонанда чунин тасаввурот пайдо кунонида мешавад, ки шоир ба ифодаи андеша сар карда, гӯё намедонад, ки андешаҳо ӯро ба чӣ меоранд ва ба чӣ анҷом мепазиранд. Азбаски ин ҳолат ҳамчун зуҳур ва инкишофи табиии андешаҳо дарк карда мешавад, он бори дигар дурустӣ ва боварибахшии худро таъкид кардан мехоҳад. Дар натиҷа, шакли шеър, ки ба ифодаи ин андешаҳо мувофиқ мегардад, фардӣ ва ягона буда, танҳо барои ифодаи ҳамин андешаҳо мувофиқ меояд. Яъне, шакл дар шеъри озод сурати нотакрори мундариҷа мешавад.

Аз ҳамин сабаб, дар шеъри озод тафриқаи жанрӣ хеле ноҷиз буда, онро наметавон ба ғазал, қитъа, мусаммат ва монанди инҳо тақсим кард. Аз назари тафриқаи жанрӣ шеъри озод ва махсусан, шеърҳои Лоиқ ба ҳолату рӯҳияи инсон мувофиқат доранд. Ин ҳолат тафриқаи намудҳои адабиёти атиқаро ба хотир меорад, ки он барои ифодаи ҳар ҳолати рӯҳии инсон шаклҳои жанрии муайян, аз ҷумла, қасида, марсия, суруд ва монанди инҳоро истифода мекард. Шеърҳои «Нӯшбод», «Тарона», «Боз як рӯзам гузашт» ва як силсила шеърҳои дигари Лоиқ аз ҳамин қабил шеърҳоянд, ки банду баст, тарзи ифодаи онҳо маҳз аз чигунагии ҳолатҳои рӯҳии инсон вобаста аст. Бинобар ҳамин ҳам, аз ҷиҳати илмӣ ба жанрҳо тақсим кардани шеърҳои озод як андоза кӯшиши зӯракии беҳуда менамояд, чунки худи шеъри озод чунин ба назар мерасад, ки як навъи тозаи шеър аст.

Шеъри озод ба шоир имкон медиҳад, ки шоир баъзе шартиятҳои шахшудаи шеъри куҳанро сарфи назар карда, бофтро тоза, суханро ба обутоб, драматизмро шадидтар карда, таъсири шеърро биафзояд.

Ҷараёни тозае, ки дар шеъри муосир дар соҳаи арӯз ба амал омада буд, дар қофия, пораи шеър, жанр ва устухонбандӣ дигаргуниҳо ворид кард. Аз ҳамин сабаб, жанрҳои устувори шеъри классикӣ ғазал, маснавӣ, мухаммас ва дигар жанрҳо ба тағйиротҳо дучор омада, барои сохтани навъҳои тозаи шеър мусоидат карданд. Тарзу тариқ ва роҳҳои сохтани пораҳои тоза ба андозае гуногуну бисёр аст, ки агар ба онҳо тавсияи ягона дода шавад, мумкин аст, ки ғайри ихтиёру хоҳиш ба танг нишон додани ин ҷараён биёрад. Дар ин соҳа ҳам тағйири шакл кардани пораҳои анъанавӣ ва жанрҳо, ҳам ба вуҷуд омадани пораҳои нав ба нави фардӣ ва шаклҳои жанрӣ ба назар мерасад. Вале як чиз бебаҳс аст: баробари аз ягон воситаи анъанавӣ (қофия, банд, жанр ва ғайра) даст кашидан масъулияти шоир бештар меафзояд. Ӯ вазифадор аст, шакл, бофти шеъри худро чунон ба кор андозад, ки онҳо барои табиию бетакаллуф, сода ва дар айни ҳол амиқу пуртаъсир ифода кардани мафоҳими нави шоирона хидмат кунанд. Бешубҳа, ин чиз аз ҳама он ашъоре, ки ба истилоҳ анъанавиянд, низ талаб карда мешавад.

Соли 1972

 

[1]  Ю.М. Лотман. Анализ поэтичкского текста. Л.: Просвещение, 1972. –С. 92.

[2]  Шамсиддин Муҳаммад бинни Қайси Розӣ. Ал-муъҷам… Теҳрон, 1958. –С. 290.

[3]  Нодири Нодирпур. Шеъри ангур. Теҳрон. 158. –С. 13.

[4]  Нодири Нодирпур. Кӯҳна ва нав // Садои Шарқ, 1968, №2. – С. 141.

[5]  В.Г. Белинский. ПСС, т. ІX. М.: АН СССР, 1955. –С. 77.

[6] В.Е. Холшевников. Основы стиховедения. Изд-во ЛГУ, 1972, стр. 132.

[7]  Ниг.: И.С. Брагинский. Из истории персидской и таджикской литературы. М.: Наука, 1972. – С. 327.

[8] М. Шукуров. Анъана, халқият ва маҳорат. Душанбе: Нашрдавтоҷ., 1964, саҳ. 226.