Ман соли 1985 барои нашриёти «Советский писатель» дастнависи китоби мақолаҳои танқидиам «Навосозон» («Творцы созвучий»)-ро тайёр мекардам, ки дар мақолаҳои масъаланок ва чеҳраҳои адабии он дар бораи эҷодиёти Мирзо Турсунзода, Мирсаид Микршакар, Муъмин Қаноат, Аминҷон Шукӯҳӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром ва баъзеи дигарон сухан мерафт. Ҳангоми тайёр кардани дастнавис ман ба ҷои хотима ба он як мақола дар бораи онҳое навиштам, ки дар китоб аз эҷодиёташон камтар ва ё умуман сухан нарафта буд, вале бе таҳлили ашъори онҳо манзараи шеъри муосири тоҷик номукаммал менамуд. Инҳо шоирон Гулрухсор, Гулназар, Саидалӣ Маъур, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Зулфия Атоуллоева буданд. Ба наздикӣ қоғазҳои худро варақгардон карда, он мақоларо аз назар гузарондам ва ба хулоса омадам, ки ба хонандагони тоҷик пешниҳод кардани он, эҳтимол, беманфиат набошад. Асли ин мақола ба русӣ навишта шуда, аз ҷониби муаллиф ба тоҷикӣ баргардонида шудааст.

                                                                           Муаллиф

 Вақт бо суръат дар парвоз аст ва қариб шоире нест, ки ин суръати онро ситоиш ва ё накӯҳиш накарда бошад. Оё шоире ҳаст, ки ақаллан хаёлан ба ояндаҳои дур нарафта ва ё ба ҳодисаҳои таърихи куҳан рӯй наоварда, мақсад накарда бошад, ки ҳарфи худро дар бораи даври худ нагӯяд. Чеҳраи замон нотакрор аст ва тарҳе, ки он дирӯз дошт, имрӯз аллакай ба дасти таърих аст. Баъзе арзиш ва аломатҳое, ки пештар гӯё ҷовидона буданд, кайҳо ба ҳукми гузашта ва куҳнагианд. Муболиға намешавад, агар бигӯем, ки фақат ҳамон эҷодкор бо асарҳои худ ва ё бо як қисми онҳо ба рӯзи фардо ворид шуда метавонад, ки моҳияти маънавии рӯзгори худро ифода ва аз чизҳои беаҳамияти он сарфи назар карда, сабзиши ниҳоли некӣ ва одамиятро дар заминаи замони худ, ки фардо метавонад боз серҳосил шавад, тасвир карда бошад. Ӯро зарур аст, ки ҷавона задани бадӣ ва номардумии ояндаро низ дида тавонад. Эҷодиёти асил он аст, ки арзиши маънавӣ дорад ва адиб бо он дар дилу ҳастии ҳамзамонаш тухми «хирадмандӣ, накӯӣ, ҷовидонӣ» кишт мекунад. Агар он нукта ҳақиқат бошад, ки замон моро мефорад, он ҳам ҳақиқат аст, ки мо ҳам замони худро меофарем, яъне мо ҳам ҳамон қадар замонофарандаем. Ва шоиронанд, ки аз ҳама бештар барои оянда давронсозӣ мекунанд… Муаллифи ин китоб вазъияти шеъри тоҷикро дар давоми даҳ-бист соли охир ба мулоҳиза гирифта, ба чунин хулосаҳо омадааст.

Авзои шеъри ин давраи тоҷик, маро на фақат ба мулоҳизаҳои танқидӣ, балки худтанқидӣ низ мерасонад. Баъзе шеърҳоеро, ки шоирони мо солҳои ҳафтодум навиштаанд, бори дигар хонда, дармеёбем, ки баҳои ман ба онҳо дар мақолаҳо ва тақризҳо дар гармогармӣ ва бо ҷӯши ҷавонӣ гуфта шуда, баъзан лаҳни қотеъ дорад. Сабаби ин фақат дар он ҳам нест, ки ҳоло муаллифи китоб дигар ва ё аз ҷиҳати синну сол «ба камол расида, хирадманд» шудааст – фикр мекунам, ки чунин тайироти назар бо бисёр муҳаққиқони шеъри имрӯз дар кишварҳои дигар ҳам рух медиҳад. Худи муҳити тозаи ҷамъиятӣ моро водор мекунад, ки ба бисёр чизҳо дигаргунатар, ҷиддитар, тозатар, ҳассостар нигарем ва моҳияти таърихию иҷтимоии замонамонро амиқтар кашф кунем. Магар дар рӯзҳои мо, ки онҳоро эҳсоси бозсозӣ ва тозакориҳои некмаҳсул фаро гирифтааст, ин сатрҳои Ярослав Смеляков нисбат ба солҳои эҷод шудаашон тунду тезтар ва мувофиқи ҳаёту воқеият садо намедиҳанд.

 

Ман ҳам акнун ба шиддату тундӣ

Рафти таърих мекунам эҳсос.

 

Вақт, ки қотеътарин ва одилтарин довар аст, на фақат ба ҳодисаҳои таърих ва маҳсули меҳнати мардум, балки ба адабиёт ҳам баҳои дақиқу дуруст медиҳад. Аммо ин баҳо ҳам аз асари шавқу ҳавас холӣ нест: охир баҳоро ҳам одамон медиҳанд. Онро муаллифони таърихи адабиёт ва худи шоирон медиҳанд, ки эҷодкори ин таъриханд.

 

Дар замоне, ки замин бетакя аст,

Такядорӣ навбати ман омадаст.

Доварӣ дар бозии тифлони пир,

Ҳақгузорӣ навбати ман омадаст.

Такядору ҳақгузори ман, Ватан,

Довари оинадори ман, Ватан. –

 

навиштааст дар шеъри «Ватандор»-и худ Гулрухсор, ки аз имону боварии шахси эҷодкор ба ҳақ будани мароми худ ва Ватанаш сухан мегӯяд. Ҳоло ба ҳар эҷодкор чунин боварӣ, ки ба ақидаҳои ҷонии ӯ, ба таҷрибаи муборизаи шаҳрвандии ӯ асос ёфта бошад, ниҳоят зарур аст. Аммо он касе ба номи довари замони худ, яъне шоири асил, ҳақ пайдо мекунад, ки хизмати ӯро замон пазируфта бошад. Ин ном танҳо бо хизмат даст медиҳад. Дар ин ҷода шоирро фақат як восита, як силоҳ ҳаст, – сухани ҳақи ӯ, ки зодаи ҷустуҷӯ, дониши зиндагию маишати мардум, ҳампайвандӣ бо ташвишу дарду шодиҳои онҳо мебошад. Даврони мо даврони ҳамин гуна сухани шоир аст.

Ҳоло замони мушкилтарин ва беҳтарини кишвари мост. Имрӯз ба ҳама равшан аст, ки дигар навиштаҳои шеърмонанди қофиянок, беобуранг, такрорҳои шиорна мо, ки байни муқоваҳои рангин дар рафҳои дӯконҳои китоб чанг хӯрда хобидаанд, ба ҳеҷ кас лозим нестанд. Замоне расидааст, ки дили эҷодкор бо шиддати тамом бояд ба кор дарояд. Замоне расидааст, ки ҳамаи қувваҳои солими халқ ва ҷамъият дар ҳаёти моддӣ ва маънавии кишвар дигаргунии қатъӣ ворид кунад. Дар айни ин эҷодкорӣ, бо таъбири А. Твардовский «гапу гапбофиҳои хому беҳуда», суханҳои шеърнамое, ки роҳнамои дақиқи иҷтимоию ахлоқӣ надоранд ва ба масъалаҳои имрӯза ва ё фардоинаи зиндагии мардум дахл намекунанд, ҳарчанд ба мавзӯи ниҳоят зарури рӯз навишта шуда бошанд, фақат монеаи роҳ ҳастанду бас. Табиати шаҳрвандии шоир дар ҳампайвандиаш бо кору бор, эҳсосу андешаи мардум, бунёдкории ҳамзамонон ва ҳамватанон, ки шоир аз байни онҳо бархостааст ва ё қисматаш бо онҳо вобастааст, зоҳир мешавад:

 

Имрӯз маънии Ватан дар мағз-мағзи ман,

Бо решаҳои сабзу тар эҳсос мешавад.

Ҳар як ҳуҷайра дар танам алмос мешавад,

Ҳар як сухан ба васфи ӯ (?) шаҳбоз мешавад. –

 

менависад Қутбӣ Киром, яке аз шоироне, ки эҳсоси иҷтимоиаш шиддатнок мебошад. Оё ашъори шоирони мо, ки солҳои охир эҷод шудаанд, ҳама ба чунин дархост, талаби замон ҷавоб медиҳанд? Мутаассифона, на ҳамаашон.

Дар мақолаҳои дигари муаллиф нишон дода шудааст, ки анъанаи шеърҳои «умумӣ» дар солҳои шастум шикаста шуда, шоирони беҳтарин ба тасвир, ифодаи аниқ, ҳаққонии воқеияту эҳсосот ва саҳнаҳои ҳаётии рӯзгор рӯй оварданд. Вале иқрор бояд кард, ки дар ин ҷода кам шоирон ба ифодаи амиқ расидаанд, тасвири ҷараёни тозаи рӯҳию иҷтимоӣ дар зиндагии ҳамватанону ҳамзамонон на ба ҳамаи онҳо даст дод. Онҳое, ки дар назди худ вазифаҳои муҳими рӯзро гузошта, воситаҳои тозаи ифодаи андешаро дар таркиби суратофаринии ба мақсад ва зебо ҷуста, ин тозаҷӯии худро ба пояи анъанаҳои хуби назми классикӣ устувор мекарданд, кам буданд. Дар натиҷа онҳо аз анъана ҷудо шуда, ба навҷӯӣ намерасиданд. Дар ашъори онҳо оҳанги изтироби шаҳрвандӣ аз рӯйдодҳои манфии рӯзгор ва махсусан аз нуқси маънавии насли нав ками дар кам ба гӯш мерасид. Шеърҳое, ки ба ноҷӯрии маънавии ҷавонон, фарзандони деҳқонони дирӯза, ки дар давраи фаровонии моддӣ ва оромии ҷамъият шаҳрнишин шудаанд, назари дақиқ дошта бошанд, аҳён-аҳён ба қалам меомаданд. Истисно кам буд ва одатан ин гуна ашъор дар эҷодиёти насли ҷавон ба қалам меомад, масалан, шеъри «Ин шабу шабҳои дигар…»-и Камол Насрулло, ки ба ҷиҳати воқеӣ буданаш зуд ба забонҳои дигар тарҷума шуд. Сабаби интишори бисёр ёфтани ин шеър худ аз худ маълум аст:

 

Имшабу ҳар шаб дар ин ҷо

Навҷавонон менишинанд,

Бо гитору бо тарона

Навҷавонӣ мекунад дуд аз лабони серашон

Бо сигору бо тарона.

Навҷавонӣ мекунад дуд аз лабони серашон,

Дар садои хандаҳошон мекунад бо дард фарёд.

Навҷавониро ба мисли бӯса аз лабҳояшон

Мебарад бод

Навҷавонӣ дар харакҳо шишта бекор.

Навҷавонӣ дар гурӯҳе сахт бемор,

Сахт бемор асту дарди ӯ

Зи бедардист.

Имшабу ҳар шаб гурӯҳе навҷавонон

Навҷавониро таҳи по мекунанд,

Навҷавониро фидои мастиҳои кӯчагӣ,

Пойандози ҳавасҳо мекунанд.

Дар суроғи навҷавонӣ

Бигзарам ҳар шаб ман аз ин ҷо парешон,

Навҷавониҳои ононро бичинам

Аз замин чун резаи нон.

 

Ҳалли мавзӯъ дар ин шеър, бешубҳа, асаре аз шиор задан дорад, аммо, ба ҳар ҳол, мо дар он кашфи мавзӯъро, ки дар натиҷаи изтироби маҳз худи шахси шоир даст додааст, мебинем: охир шоир вақте ки ин шеърро менавишт, аз қаҳрамонҳои шеъраш ба синну сол фарқияти казоӣ надошт. Ҳар шоир на фақат аз насли Камол Насрулло, балки таҷрибакортар ҳам ба ин савияи ҳалли мавзӯи ниҳоят тунду тези рӯз кам мерасид.

Шубҳа нест, ки шоирони баркамол, аз қабили Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Убайд Раҷаб, Салимшо Ҳалимшо, Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур ва қисме аз ҷавонон дар беҳтарин асарҳои дар 7-8 соли охир навиштаашон ба тасвири дақиқ ва илҳомбахши дигаргуниҳои мураккаби зиндагии ҳамватанони ҳамзамонашон ноил шудаанд. Дар ин солҳо шоирҳои тоҷик ҳам хуб ва пурмаҳсул кор карданд: ба ин дар қатори номи машҳури Гулрухсор Сафиева боз номи шоирҳои таҷрибакор – Гулчеҳра Сулаймонова, Мавҷуда Ҳакимова, Озод Аминова ва нисбатан ҷавонтар Зулфия Атоуллоеваро ҳамроҳ бояд кард. Ман намехоҳам, ки дар ин ҷо аз рӯи ному мақом ба шарҳи мухтасари эҷодиёти ҳар шоир машғул шавам, аммо қайд мекунам, ки дастовардҳои шеъри имрӯзаи тоҷик танҳо бо навиштаҳои ҳамин номбаршудагон тамом нашуда, балки бештар аст ва баъзеи муаллифони ин асарҳо дар кишвар на фақат машҳуранд, балки мавриди муҳаббати хонандагон ҳам қарор гирифтаанд. Ин дар сарзамини мо, ки шеъри классикии ниҳоят бой дорад ва муҳаббати мардум ба он доимӣ, хос ва сахт санҷидакор аст, осон нест. Бесабаб нест, ки яке аз мақолаҳои муаллифи ин сатрҳо дар «Литературная газета» дар вақташ «Тазодҳои фаровонии шеър» ном дошт.

Дар солҳои охир номи шоирон ва шеърҳо фаровонтар шуданд, вале тазодҳои шодибахш, кашфиёти асил дар коргоҳи шоирии мо кам ба амал омаданд. Ба хулосае омадан, ки тамоман набуданд, дуруст нест ва ман ҳам ҳаргиз намехоҳам, ки аз он аломатҳои тозаи инкишоф, ки дар натиҷаи насими замони нав ба пайдо меоянд, сарфи назар кунам. Аз ҷумла, асарҳои тозаи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, намояндаи насли ҷанговар сазовори гуфтугӯи алоҳида аст. Дар солҳои охир ин шоири ветеран рӯҳи тоза гирифт: дар ашъоре, ки муҳтавои он аз дилу ҷони сарбози шоир гузаштааст, хотироти пурифтихор ва талху ғамангези ӯ бо воситаҳои тасвири рангобаранги шеъри тоҷик ба ҳам омехта, яклухт садо медиҳанд. «Ман»-и шоир дар ин шеърҳо амиқан шахсист, аммо дар дар айни ҳол, он ифодакунандаи тарҷумаи аҳволи як шахс нест, – дар чунин шеъре ба монанди «Олу» он расонидани овози насли худ мешавад ва, бо таъбири шоири ҷанговари рус, ба бешаи бурида мемонад, ки ягон-ягон дарахти комил дорад.

 

Дӯш дидам ба як канори боғ

Гули аз нав шукуфтаи олу.

Рангу бӯи паридааш мегуфт

Розҳои нагуфтаи олу.

Ба замин бо савол менигарист,

Буд хамида мисоли ман олу.

Тирҳои расида дар баданам,

Доҳои сиёҳ дар тани ӯ.

Зери шохи шикастааш поя,

Ба мисоли асобағалҳо буд.

Ҷунбишаш шакли роҳгардии ман

Бо асодаст сӯи талҳо буд.

Тани хам,

Шохаҳои ларзонаш

Нақши ҷисми ҳазор пораи ман,

Бори дигар шукуфтани олуст

Умри баргаштаи дубораи ман…

 

Шоир аз олу истиорае, ки ба таълимоти фалсафаи табииёт наздик аст, сохта, рӯҳи бешикасти рафиқони ҳамяроқи худро, ки ками онҳо то рӯзҳои мо ҷон ба саломат расидаанд, рӯҳи рафиқонеро, ки дард аз захмҳои куҳна ва фахр аз қудрати зиндагиофарин доранд, ситоиш мекунад.

Эҳтимол дар солҳои охир дар шеъри тоҷик кашфиётҳои амиқ ва аз мағзи дил берун омада аз он сабаб он қадар бисёр набуданд, ки ҳатто муаллифони боистеъдод бо ашё ва ҳодисаҳои ҳаёт, мавзӯъҳои масъулиятхоҳи зиндагӣ рӯй оварда, бо онҳо на ҳамеша «сахттарин пайванди ҷонӣ» (ҳамчунон, ки шоири рус Н. Рубцов ягонагии шоирро бо олам ин гуна муайян мекунад) доштанд. Магар ин, фақат ин гуна пайванд, асос ва моҳияти иҷтимоию маънавии эҷодиётро ташкил намекунад?!

Дар манзараи шоиронаи кишвар ба назар расидани холигоҳҳои берангу бор магар аз ин сабаб нест? Дар анҷумани охирин IX-уми нависандагони Тоҷикистон барҳақ гуфта шуда буд, ки дар назми муосири тоҷик то ҳол симои воқеӣ ва пурраи коргар офарида нашудааст. Дуруст аст, ки Тоҷикистон аз қадим кишвари деҳқонӣ буд ва имрӯз қаламкашони ҷодаи шеър асосан аз деҳот ҳастанд. Вале дар солҳои шасту ҳаштод дар республика, саноати вазнин ривоҷ кард, дар пойтахт, дар Ёвон, дар Норак сафи тавонои синфи коргари гуногунмиллат шакл гирифт, ки дар байни он деҳқонони дирӯза дӯш ба дӯш бо коргарони дигар, ки дар озмоишгоҳҳои меҳнати саноатӣ обутоб ёфтаанд, кор мекунанд. Дар ин шароит нишон додани тағйир ёфтани ҷаҳонбинии меҳнаткаши тоҷик, муносибати ӯ ба техника ва одамон магар на танҳо ба вазифаи иҷтимоию публисистӣ, балки алоқаи маънавии эҷодкорон дохил намешуд. Ин дигаргуниҳо, ки на ҳама вақт ба осонию бемалол мегузашт, - ба табақаи калони халқи тоҷик дахл кард, - аз ин рӯ шеъри мо, ки аз реша халқию мардумпарвар аст, ба дигаршавии маънавии одамон ва навшавии кишвар бештар бо нигоҳи амиқ бояд менигарист. Мутаассифона, ин ҳолат рух надод… Симои коргари тоҷик танҳо дар баъзе шеърҳои Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат (дар «Достони оташ»), Лоиқ ва Бозор, ки кайҳо ба қалам омадаанд, як рух намуду тамом. Ҳатто беҳтарин ашъор дар мавзӯи Норак ва Роун, ки марказҳои бунёдкорӣ ва рамзи тозагии кишвари мо шудаанд, назари сатҳӣ ва оҳанги шиор дошта, дар онҳо симои қолабӣ, беобуранг, баъзан намоишкорона ба чашм расида, дар кору бор ва қисмати қаҳрамонҳо эҳсоси ҳампайвандии эҷодкор набуд. Баъзе шоирони таҷрибакор ба таъбир «бахшида» ба коргарони Ёвону бунёдкорони Норак шеъру силсилаи ашъор гуфтанд, аммо онҳо бо сабаби «бахшида» шуданашон моҳияти ҳодисаҳоро аз дарун накушоданд. Дар ин қабил асарҳо, ки баъзеашон сифати баланди суханварӣ доштанд, аксаран таассуроти қаҳрамони лирикӣ, назари шоир ба воқеияти коргоҳи сохтмон ифода шуда, аммо нигоҳи онҳое, ки аз «дохил» ба он менигаристанд – нигоҳи худи коргарон ва бунёдкорон набуд. Тадқиқи сусти рӯҳию ахлоқии характерҳо аксаран ба афзудани мисраъҳои ноустувор, беқудрат, хушку холӣ, ки махсусияти эҷодкориро надошта, қолабию рӯякӣ ҳастанд, сабаб мешаванд. Дар қатори кӯшишҳое, ки барои бадеӣ тасвир кардани мавзӯи Норак шуда буд, манзумаи Мавҷуда Ҳакимова «Ба сӯи нур» ва махсусан як қатор шеърҳои Ҳабибулло Файзуллоро зикр кардан мумкин аст. Масалан, шоир дар манзумаи «Достони роҳ» ба тадқиқи мавзӯи пуршиддате наздик расидааст, ки имрӯз бисёр адибони мамлакатро ба изтироб меоварад (пеш аз ҳама дар ин ҷо повести В. Распутин «Хайрбод бо Матёра»-ро бояд ном бурд).

 

Дар соҳили Тутқавул расидем,

Пайроҳа ба зери об монда.

Бо қиссаву бо фасонаҳояш,

Чун тифлии ман ба хоб монда. –

 

мегӯяд шоир дар бораи кӯҳе, ки дар зери об мемонад. Шоир оҳангеро дарёфтааст, ки бо воқеияти ҳол мувофиқ аст. Ин оҳанги ғамангез, вале мардонагист. Дил ба диёр, ба чизе ки аз қадимулайём буд, месӯзад… аммо дигаргуниҳое, ки воқеъ мешаванд, ногузиранд.

Қутбӣ Киром, ки шоири услубаш бо бардору дурахшон буда, қаҳрамони лирикиаш овози худро бо садои ҳамзамонони меҳнатиаш, ҳатто бо садои онҳое ки таҷрибаи зиндагиашон аз ӯ фарқ дорад, меомезад, дар баъзе ашъоре, ки ба ин мавзӯъ навишта буд, барор дошт. Қутбӣ Киром, аз ҷумла дар бораи муҳоҷирони Яғноб – маҳалле, ки кӯҳҳои сар ба фалак онро аз дунёи фарох ҷудо карда, дар он ҷо дирӯз яке аз қабилаҳои қадимтарини тоҷикон мезист, ки на фақат шароити сахти табиӣ, балки як муҳити бенафаси иҷтимоӣ, муносибати ниҳоят пасти хоҷагӣ дошт, силсилаи ашъори қобили таваҷҷуҳ гуфт. Акнун яғнобиён Мирзочӯлро обод карда, пахтакор шуданд ва аз даврони сангии таърих якбора ба имрӯз ворид гаштанд. Муҳоҷиркунии онҳо кори бисёр мушкили ҷамъиятӣ ва демографӣ буд. Шоир амалу андешаи мардумеро, ки аз техника ва пахтакорӣ бехабар буданд, ба тасвир гирифта, ба ҷаҳони барояшон ношинос чӣ гуна дохил шудан ва бо маданияти нави зиндагӣ то чӣ андоза бо зиддиятҳо «пайванд» гирифтани онҳоро боварибахш ба қалам медиҳад:

 

Ин ҷо Ватани ман зи нахустин қадами хеш,

Ман дардшарики гули тар, майсаи навхез.

Ман нозкаши тармапару сели ҷафокор,

Ман нашъабари барқаму борони сафорез.

 

… Имрӯз аз ин қулла манам сар ба биёбон

Пайғомбари нагҳати гул, абри баҳорон.

То мартабаи чӯл ба ин қулла барорам,

Дасти ману домони пурафсонаи даврон.

Бо вуҷуд ин, натиҷаҳои фараҳбахш, «тазодҳои фаровони шеър», ба такрор қайд мекунем, ки дар эҷоди шоирони мо дар солҳои охир бисёр набуданд. Оҳанги тавсифу ситоиш, некбахтии сабуку бардурӯғ дар асарҳои ба мавзӯи рӯз бахшида шуда, бештар ва ҳатто то рафт баландтар садо медоданд. Як вазъияти ҳузновари дигарро ҳам қайд накардан мумкин нест, ки олами бадеии баъзе шоирони соҳибистеъдод ҳам маҳдудтар, бастатар мешуд. Ҳиссиёти олии муҳаббат, ки барои қаҳрамони асарҳои классикии мо баробари қисмат, сарчашмаи илҳом ва боиси азхудгузарӣ буд, дар шеърҳо ба ифшои розҳои маҳрамона, ҷо-ҷо ба фаҳш ҳам иваз шуд: рӯҳияи қаҳрамони лирикӣ дар ин қабил ашъор гӯё ба ахлоқи «табиӣ», «заминӣ» наздик гашт. Ворисияти анъана ва навҷӯиҳо дар баъзе шоирони таҷрибадор ҳам аз ду тараф суст мешуд: маънавиёти инсон – ҳикмати «Гулистон»-и Саъдӣ, машъали қаҳрамонии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, хусусияти гавҳари гаронбаҳои ашъори ошиқонаи Хайём, Ҳофиз ва умуман хазинаи заррини мероси маънавию ахлоқии осори классикӣ аз назари баъзе муаллифон хеле дур монд. Дар бораи навҷӯиҳо бошад аз мубоҳисаҳои дар атрофи таносуби шеър ва ахлоқ, ки дар матбуоти марказӣ дар солҳои ҳафтоду ҳаштод шуда буд, ба ёд овардан барҷост. Баъзеи шоир ва мунаққидони мубоҳисачӣ гуфтаи машҳури Пушкинро дар бораи як набудани ахлоқ ва шеър хеле яктарафа маънидод мекарданд. Гӯё ки доҳии шеъри рус шеърро ба категорияҳои ахлоқӣ муқобил гузошта бошад! Дар навиштаҳои баъзе тарафдорони ташбеҳу маҷозҳои беандоза ин гуна сифатҳои маънавиёти халқ аз қабили ростӣ, ҷавонмардӣ, ҳақиқатдӯстӣ, садоқат ва амри виҷдон аломати ҷаҳонбинии содалавҳонае менамуданд, ки гӯё онҳо ҷои худро дар шеър ба назари «кайҳонӣ» оламфарогиранда, «бераҳмона» ба зиндагӣ бояд бидиҳанд. Ин гуна талаби омирона дар амал ба тасвири қолабӣ, якҷиҳата ва соддалавҳонае расонд, ки ҳиссиёти нафсониро дар асос дошт… Ин гуна оҳангҳо, мутаассифона, дар навиштаҳои баъзе мунаққидони тоҷик ҳам ба гӯш мерасиданд, ки шоирони маъқулашонро бемулоҳиза бардор-бардор мекарданд, – ин муаллифон хатареро, ки ба шеър таҳдид дошт, хатареро, ки инъикоси аломатҳои хавфомезро дар муҳити ҷамъиятию ахлоқии республика ба худ дошт, намедиданд.

В.Белинкий дар вақташ навишта буд: «Шоири бузург, дар бораи шахси худ – «ман»-и худ сухан гуфта, дар бораи умум – дар бораи башарият сухан мегӯяд, зеро дар табиати ӯ ҳамаи он чизе, ки боиси ҳастии башарият аст, мавҷуд мебошад… Афзалияти мабдаи ботинӣ (субъективӣ) дар шоирони муқаррарӣ аломати маҳдудияти истеъдод аст. Дар онон субъективият маънои ифодаи шахсиятеро дорад, ки агар аз кулл ҷудо бошад, ҳамеша маҳдуд аст. Онҳо одатан дар бораи дардҳои ахлоқии худ доимо як чизро мегӯянд…»

Тангии чашмандози шоирона, назари ҷузъии лоқайдона ба ҷои ифодаи шахсияти фаъол «ман»-и шаҳрвандии лирикӣ, ки дар ашъори як гурӯҳ шоирон ҷой дошт, мутаассифона, дар вақташ аз тарафи мунаққидон ба танқид дучор наомад.

Дар айёми пойдоршавии назми советӣ В.Маяковский гуфта буд: «Чӣ бошад – ман агар ҳам раҳбару хизматгари халқам». Ин ақидаи ситоишгари бузурги Инқилоб дар рӯзҳои мо бисёр замонӣ садо медиҳад. Танқиди адабӣ бе таҳлили зуҳури иҷтимоию ахлоқии шахсият ё ба маҳдудият ё ба суханбофиҳои хушку холӣ мерасаду бас. Эҷодиёти шоире ҳам, ки кӯшиши офаридани симои қаҳрамони ҳақиқатан маънавӣ, чеҳраи аслии рӯзро намекунад, яъне монеаҳои роҳи ҳақиқат ва адолатро намебинад, зуд ё дер аз ҳаётбахшӣ маҳрум мешавад. Зеро дар сухани ин гуна шоир ба ганҷинаи шарафу мардонагӣ, ки халқ ва шеъри классикӣ офаридаанд, на танҳо садоқат нест, балки ҷустуҷӯй ҳам нест; касе ки ҳақиқати замони худро намебинад ва ё аз он сухан гуфтан намехоҳад, талаби ояндаро ҳис намекунад:

 

Лек, ҳамсолҳои ман, ҳоло

Ташнае об додаед магар?

Обёри кадом гулбоғед?

Кист мироби кишти боровар?

 

Раҳмат Назрӣ дар шеъри худ «Косаи об» ки дар он симои деҳқони мӯйсафеди хирадманд ва саховатмандро менигорад бо ин гуна савол, ки ҷавоби ҳаққониаш масъулият дорад, ба ҳамнаслонаш муроҷиат мекунад. Хуб аст, ки ин шоирон (бо вуҷуди ҳамаи камбудиҳои эҷодиашон), ки солҳои 70-ум дар қатори ҷавонон зикр мекарданд, ҳоло ба давраи камолот расидаанд – Гулрухсор, Гулназар, Саидалӣ Маъмур ва насле, ки аз паи онҳо равонанд – Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Зулфия Атоуллоева – мекӯшиданд ва имрӯз ҳам мекӯшанд, ки қаҳрамони худро пайдо кунанд. Қаҳрамоне, ки амалкунандаи саҳнаи зиндагӣ бошад. Онҳо дар байни ҳамзабонону ҳамзаминон ва ё мардуми қарнҳои қадим касонеро меҷӯянд, ки ибрати қудрат ва покизагии ахлоқ бошанд, то барои гуфтани ҳарфи хеш аз даври хеш такяи маънавӣ пайдо кунанд. Шоирони насли нав дар ин ҷустуҷӯи худ пеш аз ҳама ба ду табақаи мавзӯъ рӯй оварданд, ки ҳар кадом аз онҳо бевосита ё бавосита ба тарҷумаи аҳволашон муқоиса карда мешавад, вале бо вуҷуди ин, барои ҷамъбастҳои фарохи таърихию иҷтимоӣ бештар имконият медиҳад. Ин мавзӯъҳои ҷанги гузашта ва деҳаи зодгоҳ аст. Илова бар ин, одатан мавзӯи муҳорибаи бузург бо фашизм ва мавзӯи деҳот дар эҷодиёти ин шоирон бо ҳамдигар пайваста аст: дар хотираҳои бачагии онҳое, ки нисбатан калонсолтар ҳастанд, чеҳраи ҳамдиёрони аз ҷанг баргашта, чашмони амангези модарон ва беваҳо, меҳнати тоқатшикани занон, мӯсафедон ва бачаҳо дар заминҳои колхозӣ равшан боқӣ мондааст. Аз ин сабаб дар достони «Паи дарё»-и Гулназар масалан, ҳикоят аз забони шахсе, ки дар деҳоти замони ҳарб ба воя расидааст, аммо суханони муаллиф ҳам ки воқеияти ақибгоҳи ҷангро бо чашмони худ надидааст, камтар боварибахш нестанд, онҳо ҳақиқат ҳастанд, на ҳақиқатмонанд, онҳо манзараи ғаму андӯҳ ва худқурбонии халқро ба хотири ғалаба, ба хотири ҳаёт ва зиндагии оянда тасвир мекунанд. Дар шеъри «Осиёи куҳна» Гулназар менависад:

 

Ту хомӯшӣ. Чу марди солхӯрда

Ба дарди хештан месӯзӣ акнун.

Тамоми умр кам гаштиву аммо,

Намудӣ ризқи мардумро ту афзун.

Ба сони чархи гардун давр гаштӣ,

Ки саргардон набошад зодаи кӯҳ.

Ба зери осиёи зиндагонӣ

Мисоли дон набошад қисмати ӯ.

Ба оби сард дил бастиву як умр

Ба мардум гармии дунё бидодӣ.

Ба ин сангӣ ҳама хурду калонро

Дили гарму сари боло бидодӣ.

 

Дар ин шеър ҳам бешубҳа, (ҳамчунонки дар достони Гулрухсор «Шабдарав» ва дар силсилаҳои дигарон) ғусае аз даврони гузаштаи баччагӣ, деҳоти куҳан ҳаст ва он нукта умуман дуруст аст, ки дар шеъри ҷавонон на фақат ҷавонон – тозагиҳои ба деҳа воридшуда, симои деҳқони муосир қариб нишон дода намешавад. Бо вуҷуди ин, дар он тасвири таърихию шоирона, лирикию воқеӣ, ки ба эҷодиёти Гулназар ва ҳамнаслони ӯ тааллуқ дорад, ҷиҳатҳои баарзиш кам нест. Ин эҳсоси масъулияти қаҳрамон барои нигаҳдошт ва баланд бардоштани арзишҳои асосии ҳаёт – обу нон, қисмати сулҳ дар рӯи ҷаҳон, адолат дар муносибати байни мардум мебошад.

Баъзан дар ашъори ин силсилаи шоирон панду насиҳат – сифати ба ҷавонӣ на он қадар хос ба назар мерасад. Вале умуман гирем, дар асарҳои охирини намояндагони насли ҷавон «оҳиставу пайваста» дигаргунӣ дохил мешавад ва нотакрории шахсияти ҳамзамонро, ки бунёдкори зиндагист, тасдиқ мекунад.

Оҳанги писханди мақолаҳо баъзан (дар мақолаҳои обзории мунаққидони республикаҳои дигар ҳам ба гӯш мерасад) дар бораи аз ҳад бисёр рӯй овардани шоирон ба образи деҳқонони куҳна эҳтимол беасос ва беманфиат ҳам набошад. Баробари ин ба эътибор гирифтани чизи дигар ҳам муҳим аст: дар кишвари тоҷик, ки то даҳсолаҳои охир шаклҳои ҳаёти деҳот, «ҷаҳони хурд»-и ҷамъиятии он пойдории чандинасраи худро нигоҳ медошт, хокпошону заминкорони пир дар ҳақиқат таҷассуми ахлоқи меҳнаткаш, нигаҳдорандаи усулияти одоб мебошанд, ки баъзан ба ҷавонони муосир намерасад. Ин шахсон (бисёрашон иштирокчии ҷанг буданд) дар ҳақиқат шоистаи онанд, ки насли оянда дар бораашон аз мисраъҳои илҳомбахши шоирон чизе бихонад. Ба замми ин, агар муаллиф қаҳрамонони худро на аз рӯи шунид, балки воқеан донад ва симои ононро табииву дилнишин, ба тавре ки ба шоири лирик ва деҳқонсифати пухтакор Раҳмат Назрӣ даст медиҳад, тасвир карда тавонад:

 

Бар замини серсанги худ ҳанӯз

Хоку нурӣ оварад дар доманаш.

Санг мечинад вай аз домони кишт,

Остинаш барзада, бар доманаш…

 

Гар замини хурди пеши хонааш.

Хушку бешудгор монад як баҳор,

Дар хаёли соддаи хокии ӯ

Ними дунё монад аз кишту шиёр.

Ҳамчунонки мебинем, истиорае, ки дар он образи замини хурд бо рамзи кулли заминӣ мепайвандад, бо маънии томи сухан ҳаргиз безамина нест: дар ин ҷо образи хоку қисмат аз биниши амиқи фардӣ ва шахсии эҷодкор, аз ҳиссиёти ҳампайвандӣ ба тақдир ва кору бори ҳамдиёронаш бармеояд.

Ин гуна ҳампайвандӣ бо лоқайдии ғоявӣ ва бадеӣ зид буда, позаҳри муносибати беэҳтиётона ва нопухта бо сухан аст. Он ба шоир заминаи беҳтарини эҷодиёт – мавқеи шаҳрвандиро медиҳад. Афзудани мавқеи шаҳрвандиро мо дар як қатор асарҳои шоироне мебинем, ки ба давраи камол мерасанд. Ба Саидалӣ Маъмур, эҳтимол, мулоҳизакорӣ ва андешамандии деҳқонӣ нисбат ба дигар ҳамқаламони ҳамсолаш бештар хос буд, вале як андоза номушаххасӣ, номуайянии нигоҳаш ба ҷаҳон баъзан набудани назари мукаммал ва мақсаднок намегузоштанд, ки ин сифатҳои хуб бар манфиати шоир хизмат кунанд. Дар баъзе ашъори ӯ қаҳрамони лирикӣ, беташвишу ором буд, ки рӯи ҷаҳонро беғамона равшану мусаффо медид. Дар ин ҷо як ҳодисаро, ки дар коргоҳи шоирони тоҷик кам воқеъ мешавад, қайд кардан зарур аст: танқиде, ки ба унвони Саидалӣ ҳангоми муҳокимаи асарҳояш ва дар саҳифаҳои матбуот карда шуд, ба муаллиф мадад кард. Шеърҳое, ки Саидалӣ дар солҳои охир чоп кунонд, шаҳодати ба камолрасии шаҳрвандӣ ва ғановат пайдо кардани рангубори бадеии ӯст. Маълум мешавад, ки истеъдоди шоир ҳоло имконияти ба истифода нарафта доштааст. Шоир дар баъзе шеърҳои наваш лаҳзаҳои «дардноки» ҳаёти ҷамъиятро назаррасу зебо тарҳрезӣ карда, дар асоси эҳсосоти амиқи шахсиаш воқеиятро бо хаёлот омезиш дода, ба кушодани моҳияти иҷтимоии мавзӯъ расид.

Шоир аз манфиати халқ сухан мегӯяд, талошҳои ҷонии ӯро ҷонибдорӣ мекунад. Шоирро давру замон ба ниёзи худ меофарад ва сухани шоири асил ба эҳтиёҷи халқ ва даврон бармехӯрад. Ҳамчунонки Лоиқ гуфтааст:

 

Шоирӣ ҳам чун расадҷӯӣ бувад

Доимо ҷӯяд ситора дар Ватан.

То шиносад ахтари иқболи халқ

Баҳри нафъи худ намегӯяд сухан.

 

Шеъри муосири тоҷик, чун тамоми адабиёти кишвари мо, имрӯзҳо яке аз мураккабтарин ва масъулиятноктарин давраҳои худро аз сар мегузаронад. Ба он ки зодаи хоки куҳан, идомаи эҷоди классикони шеъри шарқ аст, ҳал кардани вазифаҳои бисёри иҷтимоию маънавӣ, ки аз зиндагии халқ ва ҷамъият бармеоянд, дар пешанд. Маҳз ана аз ҳамин сабаб, ба назари ман чунин мерасад, ки саҳифаҳои охири ин китоб танҳо оғози кори тозаи муҳаққиқи шеъри тоҷик аст. Корест, ки дар натиҷаи пайдоиши ашъори нави шоирони халқи ман ба ҷо оварда мешавад ва дар бораи сухане мебошад, ки барои рӯзи фардо зарур аст, дар бораи суханест, ки ҳамчун анъанаҳо ҳаётбахш буда, моломоли тозакориҳои асил мебошад ва онро устодони нави шеър бо тақозои зиндагӣ ба майдон меоранд.