Далели шоири иҷтимоӣ будан фақат дар мавзӯи иҷтимоӣ шеър гуфтан нест, балки шеъри иҷтимоъро гуфтан аст. Замонҳои тӯлонӣ дар шеър танҳо зикри мавзӯи иҷтимоъ буд, ки шеър надошт, яъне шоир ҳам надошт. Шеъри иҷтимоъро шоир мушаххасан дарк бояд кунад, ки дар он рӯҳи ӯ мавҷ занад, шахсияти ӯ акс андозад, дарди ӯ нола кунад. Агар ин тавр аст, онро наметавон бо ашъори шоири дигаре омехт, вале ашъоре, ки танҳо дар мавзӯи иҷтимоӣ ҳастанд ва нақши шахсияти шоирро надоранд, шоир ҳам надоранд. Шеър дардҳои офаринандаи худро бояд гӯяд ва танҳо ба шеваи ӯ гӯяд. Шоирӣ шеваи нотакрорист. Агар шоир аз дарду шодии худ сухан мегӯяд, бар ғаму шодии худ такя бояд кунад ва агар аз авзои каси дигаре мегӯяд, чунон ӯ бояд шавад, ки дар байни ӯ ва худ на фақат фосилае набинад, балки худ дарнаёбад, ки ӯ куҷосту худ куҷост. Ҳамчунон бо замон, зеро замон дар ӯст ва ӯ дар замон аст.

Дар шеър ғаму шодии замон ҷудо аз шоир асар надорад. Мо ғаму шодии шоирро ғаму шодии замон мешиносем, зеро мо ба шоир рӯй меоварем, ки замонро аз аҳволи дили ӯ дарёбем, на ба рӯзноманигор ва ё ба таърихнавис, ки танҳо бо ахбор аз авзои замон қаноат бикунем. Мо гӯши ҷон мекушоему садои дил шунидан мехоҳем.

Садои диле, ки дар ин се-чаҳор соли охир ба гӯш мерасад, пур аз дард аст.

 

Як мурғи хушпаём дар ин ошён намонд,

Тифли ҳуҷастапой дар ин остон намонд.

 

Ҷамъе ба дашту хайли азизон ба Рашт рафт,

Дар водии биҳишт ба ҷуз посбон намонд. –

 

мегӯяд Муъмин Қаноат бо ишора ба фоҷиаҳое, ки Вахшонзаминро фаро гирифта буд. Дар чанд шеъре, ки Муъмин Қаноат чоп кард, таассурот пуртаъсир, дарди фоҷиаҳо амиқу ҷонкоҳ, суратҳои шеър тару тоза буда, сухан асолат ва истеҳкоми қавӣ дорад. Ғазалҳои «Баро, эй Маҳдии охирзамон, аз маҳди сангинат». «Ҳар шаб аз ёди дилам шоҳи саворон бигзарад», «Ту лофи Ватан мезанӣ, тани ҷудои ман аст», «Дар пои ту бо чашми гули хор бигирям», «Даст намедиҳӣ ба мо, даст ба мо намерасад», «Ба сӯи колбади деҳаҳо салом, биё» ғазалҳое ҳастанд, моломоли дард, ки шоир аз замон мекашад.

Ӯ Диловаршоҳро, ки дар достони «Падар»-и худ ҳамчун тимсоли қаҳрамоне, ки ба хотири мардум мубориза мекарду дар ҷанги ба истилоҳ «босмачигарӣ» кушта шуд, бори дигар дар яке аз ин ғазалҳо ба ёд меорад:

 

Тан ба ин соҳил фитоду ҷон ба он соҳил гузашт,

Ӯ чу дарё меравад, сад рӯзгорон бигзарад.

Аз қафо тире, ки ӯ хӯрдаст, меояд зи пеш,

Мекушояд парда, даври пардадорон бигзарад.

 

Ва байти мақтаи ин ғазал ишорати шоирона аз беадолатиҳое, ки дар ҳаққи фарзандони Ватан дар он солҳо шуда буд, сухан гуфта, таъкид мекунад, ки тири ноҳақ ба парронандааш боз хоҳад гашт. Аз интиқоми ҳақ ва таърих ҷои гурез нест.

 

Аз қафо тире, ки ӯ хӯрдаст, меояд зи пеш,

Мекушояд парда, даври пардадорон бигзарад.

 

Сухани ин ғазалҳои Муъмин Қоноат тоза, услуб рехтаю қавист, вале, мутаасифона, қариб ҳар ғазале, ки вазнаш содаю одӣ набошад, аз лиҳози вазн хатоҳои сахт дорад, ки дар ин бора пасонтар сухан хоҳем гуфт.

Замон шоирро аз як сангар ба сангари дигар меандозад, вале сангар иваз кардан кори дардоварест, махсусан, агар сангар сангари маънавист, сангари шоирист.

Шоир дар мубориза бар зидди беадолатӣ, зулму истибдод, дурӯғу фиреб сангари ҷовидон дорад ва агар дарёбад, ки замоне сангари ӯ дар мавқеи дурусту ҳақ набуда, дарди ӯ сахту ҷонгазо бояд бошад.

Мо ҳоло назари шоирро ба гузашта ва имрӯз гуногун, ҳатто назари як шоирро ба як давра, ашхос, ҳодисаҳои мухталифи таърихӣ ба ҳам зид мебинем. Барои мо дар ҳар дуи ин ҳолат то чӣ андоза сидқӣ ва бадеъ будани назари шоир муҳим аст, ки хушбахтию бадбахтиро ба чӣ шодӣ ва дарде ба забон меорад, ки хонандаро ба худ ҳамдил сохта тавонад. Агар суханаш асар дорад, ҳақ бо ӯст:

 

Дили ман, эй дили бечораи ман,

Дили ғампарвару ғамхораи ман.

Туро сад пора хоҳад кард охир,

Ғами ин миллати садпораи ман! –

 

мегӯяд Лоиқ ва дар дили мо асар мегузорад – асар аз дард, асар аз фоҷиа. Таҳаммули чеҳра дигар кардани таърих ва замоне, ки шоир фарзанди он аст, кори саҳлу осон нест.

 

Чӣ садде роҳи оҳамро бигирад?

Чӣ дасте санги роҳамро бигирад?

Ту гар сарбори дӯшамро бигирӣ,

Чӣ кас бори гуноҳамро бигирад?!

 

Мо ин тааммули дарднокро бештар бояд бипазирем, нисбат ба он ки ифтихори бебунёд ва ё интиқоди бедардонаро қабул бикунем, зеро ҳам мавриди ифтихор ва ҳам мавриди интиқод замонест, ки шоир аз они худ мекунад ва ҳамчунон аз замони худ, пораи рӯзгори худ сухан мегӯяд ва, агар он замон барҳадар меравад, дарди он бояд ҷонкоҳ бошад ва, агар маҳсул меорад, ифтихораш суруровар. Банда мехоҳам ин гуна ҳиссиётро дар ин ду пора аз шеърҳои Лоиқ, ки ба як мавзӯъ бахшида шуда, ду назари мухталиф доранд, пайдо кунам, то дар ҳар ду маврид ҳам бар асолати ҳоли дили шоир бовар дошта бошам.

 

Матлаби фардост ҳар ҷое, ки бошад коммунист!

Дасти ҳақ болост ҳар ҷое, ки бошад коммунист.

Эй ки меҷӯӣ зи ҳикмат меҳвари дунё куҷост?

Меҳвари дунёст ҳар ҷое, ки бошад коммунист!

 

Мегуфт дар шеъри «Меҳвари дунё» Лоиқ ва дар шеъри дигаре, бо номи «Нома ба зиндон, ба Мақсуди Икром» мегӯяд:

 

Пайкари Ленин агар вожун шуд,

Ҷигари ворисаконаш хун шуд.

 

Дар ҳар дуи ин пора ба ман барои бовар кардан ба шоир суханоне, ки ин ҳолро бо ҳолати дили шоир собит карда бошанд, намерасанд, зеро онҳо аз асли ҳоли дили шоир ҷудоянд, ҳол он ки шеъри асил ҳоли дил аст.

Масалан, дар яке аз шеърҳое, ки «Ба деҳқони тоҷик» бахшида шудааст ва ҳамин гуна ном ҳам дорад, мехонем:

 

Насими бозсозӣ чун вазон гашт,

Ҳақиқат аз дигар бологузар шуд.

Расид аз мақдами он ҳақ ба ҳақдор,

Зи нав болонишин фазлу ҳунар шуд. –

 

мегӯяд яке аз шоирони кӯҳансоли мо Бобо Ҳоҷӣ. Шуарои ҷавонтарамон ҳам ба замон ин гуна хушбоварона менигаранд, ки номушаххас ва бебунёд аст. Аксари ашъоре, ки аз ин гуна мавзӯъ ва мазмун - ифтихор ва интиқод суҳбат мекунанд, ҳамин гуна нуқс доранд: ифтихорашон бе сурури рӯҳ ва интиқодашон бе дарди дил аст.

 

Насли номоварему навсозем,

Бо замон ҳамқадам, ҳамовозем.

Мо, ки созандагони давронем,

Бар замон «тарҳи нав дарандозем».

 

Рафт даври сукуту оромӣ,

Рафт даври карахтию хомӣ.

Пухта кард оташи замон моро,

Рафт даври суҷуди бадномӣ. –

 

мегӯяд Саидалӣ Маъмур дар шеъри «Насли давронсоз» ва дар ин гуна нигоҳаш Саидалӣ Маъмур танҳо нест, ин пораи шеър намунае аз ин нуқси умумист.

Дар айни ҳол, сухан на аз танқиди назари дугонаи шоир ба як мавзӯъ, шахс ё ҳодисаи таърихӣ меравад, зеро ҷои баҳс надорад, ки бо мурури замон нигоҳи шоир ба зиндагӣ ҳодисаву воқеаҳо ва ашхоси таърихӣ бо сабабҳои гуногун тағйир ёфтанаш мумкин аст. Ин, масалан, дар натиҷаи равшан шудани ҷиҳатҳои торики мавзӯъ, ки моҳияти дигаргуни онро падидор месозад ва ё умуман бар асари ба зиндагӣ ва он мавзӯъ тағйир ёфтани назари шоир ба амал меояд. Мисоли барҷастаи тағйири назарро дар «Шоҳнома» дар ҳолати баҳо додан ба амирии Султон Маҳмуд, шахсияти ӯ дар худи «Шоҳнома» ва дар «Ҳаҷв дар ҳаққи Султон Маҳмуд»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебинем. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар ин ҳаҷвия бо чӣ бузургие ба ночиз дидани асараш ва бо чӣ сарбаландие бар ношинохтагии қадраш меноладу мегиряд, ки дилро хун мекунад, аммо на бо гиряи ҳақирона, балки бо гиряи бадарду сарбаландона. Ифтихори шоир бо алам ва ғуссаи ҷонкоҳ садо медиҳад, ки ӯро садчандон баарҷтар мегардонад, истеҳзо ва ситезааш аз асли паст ва рафтори ношоистаи шоҳ шоирро на ҳақир мекунад, балки бар азамати ӯ меафзояд.

То «бозсозӣ» як қисмати бузурги шеъри моро офаринхонӣ ба давру замон ва қувваҳои пешбарандаи он ташкил мекард, ки заминаи ҳиссии шоирона надошт, баъди «бозсозӣ» ашъоре фаровон шуданд, ки аз нафринхонӣ ба гузашта ва офаринхонӣ ба «бозсозӣ» моломол буданд ва онҳо низ реша дар дил сабз накарда буданд.

Дарёфти моҳияти замон на осон корест, аз ин рӯ, ба шоироне, ки аз аввали бозсозӣ ба он офаринхонӣ мекарданд, ҳоло нукта гирифтан мушкил нест, он вақт ҳам осон буд, зеро онҳо шеър надоштанд, шеъри иҷтимоъро дарнаёфта буданд. Офарину нафрин хондан шиор задан аст, шеър гуфтан нест. Баъзе аз шоирон ба моҳияти онҳое, ки бозсозиро ба ҳаёҳуй, ба даромехтани гуноҳу савоб мерасонанд, пай бурданд, ки, аз ҷумла, Қутбӣ Киром бо кинояи дардомез гуфт:

 

Гардам аз ин бозсозӣ,

Айбҳоро мухтасар кард.

Муҳтарамро бесару по,

Муттаҳамро тоҷвар кард.

 

Ва ё дар шеъри «Шикаст» симои шахси ҳарису молпарастеро ба қалам мекашад, ки қурбонии каҷравиҳои замон аст.

 

Аждаҳои қолиаш ҳар нимашаб,

Ҷисми камхуни варо дам мекашад.

 

Айёми бозсозӣ ва истиқлол дар Тоҷикистон ба фоҷиаи ҷанги бародаркуш пайваст. Таърихи тоҷик ҳеҷ вақт ин қадар хунполо ва ҳар саҳифааш ин қадар хуншор набуд. Ҳоло марсияи дилҳои хуншор гуфтан дар пеш аст, аммо ашъоре, ки аз фоҷиаи мардум, хароб шудани кишвар, пулҳои шикастаи дарёҳо ва дилҳо гуфта мешаванд, дар китоби шеъри замон ҷой доранд. Бозор Собир фоҷиаи Вахшу Кӯлобро дар сурати пулҳои вайроншуда таъсирбахш ба қалам медиҳад.

 

Хунҳои гарм аз муҳаббати ҳамхунӣ(?) рехта,

Пулҳои хешу таборӣ

Дар обҳои чашми ятимон шикастаанд.

Кӯлобам аз миёна ба ғафлат ҷудо шуда,

Шояд, ки то ба рӯзи қиёмат ҷудо шуда.

Пулҳо намондаанд ба ғайр аз пули сирот,

Ҳайҳот, ҳайҳот!

 

Дар оби чашми ятимон шикастани пулҳо маҷозест, ки гунҷоиши маъноияш фарох аст. Шоирон барои пуртаъсир гуфтани фоҷиаи хунбор рамзу маҷозҳо, суратҳоеро, ки дар шеъри мо то имрӯз мазмунҳои дар хотир нишастаи анъанавӣ доштанд, дигаргун мекунанд. Масалан, агар сабза рамзи ҳаёт ва рӯиш, садоқат дар роҳи ёр ва монанди инҳо бошад, А. Муродӣ онро дар шеъри «Масти хун» ба нашъаманду хунмастон шабеҳ мебинад. Аз он чунин маънӣ бояд бардошт, сабзае, ки рамзи ҳаёту муҳаббат аст, агар ба хунмастӣ, ки ба хислати он тамоман мухолиф аст, хӯ гирифта бошад, пас чӣ ҳодисаи мудҳише дар зиндагӣ рух додааст. Рукнҳои асосии зиндагӣ асолати худро гум ва моҳияти комилан мухолиф пайдо кардаанд, ки ин худ фоҷиа аст.

 

Дар ҳавои гиряи борон

Сабзаҳо чун қотилони нашъаманди

маст мерақсанд,

Сабзаҳо имсол хунмастанд.

Ашъоре, ки дар бораи рӯзҳои мудҳиш ва хунбори халқ гуфта шудаанд, агар баъзе ин гуна суратҳои пуртаъсир ва пургунҷоиш доранд, чунонки дар ин шеъри Камол Насрулло ҳаст:

 

Ин сол дигар ҳаргиз нахоҳад гузашт,

Ин сол ақрабест, ки дар шиками худ

ақраби дигареро мепарварад. –

 

дастаи дигар бо ҳиссиёти шадиди дард, болои ҳам овардани ғуссаҳо, ранҷҳо, маҳрумиятҳо ба дил кора мекунанд. Ин ҳам аз Камол Насруллост:

 

Эй худованд, куҷоиву куҷо шуд ватани ман,

Узв дар узв ҷудо гашту ҷудо шуд бадани ман.

Дастам аз даст ҷудо, пой ҷудо гашта зи поям,

Як ҳаво дард бувад байни ману пираҳани ман.

 

Ва ё Ҳақназар Ғоиб хитоби дардолуд мекунад:

 

Эй қавми пароканда, дар ин дам ба ҳам оед,

Шуд хонаи мо хонаи мотам, ба ҳам оед,

Эй дар ғами миллатбудагони раҳи ғафлат,

Бо хотири чашмони пур аз нам ба ҳам оед.

 

Шоирон аз замони пурфоҷиа таассуроти мухталиф бармедоранд, агар яке бо дарду ниёиш сухан мегӯяд, дигаре бохашму маломат ҳарф мезанад, ки ҳар яке дар ҷои худ арҷ дорад. Масалан, Сиёвуш ба эҳсоси барошуфта менависад:

 

Эй қавм! Қавми гадоён бо такаббури шоҳӣ

В-эй подшоҳони гадотабъ

Қавми ошиқони узвҳои маҳрами хеш

Ва дӯстдорони ҳаромӣ,

Қавме, ки худро

Ҷуз чокари нафси хеш нашнохтаед

Ва бехудоиро ҷуз беҳаёӣ,

Бо шумо чӣ гуна метавон буд?!

 

Ҳарчанд шоир «бо шумо чӣ гуна метавон буд?!» мегӯяд, аммо дарди шоир ба он гувоҳ мешавад, ки аз шеър маънои «бе шумо чӣ гуна метавонам буд?!» бармеояд ва таъсири ғуссаи ӯро дучандон мекунад.

Гулназар дар торикшаб ба дунёи умед бо чашми сапеда менигарад ва бо «Азон»-и худ мардумро ба сӯи ошноӣ ва рӯшноӣ мехонад:

 

Эй офтоб, эй муаззини сафедриш,

Ту аз манораи кӯҳҳои Помир

Бархон азони рӯшноӣ,

То сар кашем бо дили рӯшан

Бо хутбаи вафою ошноӣ...

 

Дар истиораи «эй офтоб, эй муаззини сафедриш» як осмон умед аз нуру равшании фардо ҳаст.

Садои умед аз рӯзгори хуш, ки баъди шабони дарози сиёҳ ва зимистони яхбандии орзуҳо бояд бирасад, дар як силсила шеърҳои Гулрухсор низ шунида мешавад, аммо ин умед дар бероҳаҳо раҳгум задааст. Аз ин рӯ, сухан ҳам аз ин садои умед ба дард аст, ки ҷо дорад.

 

Дар сарам чатри барфу борон аст,

Дар танам ҷони хаста гирён аст.

Рӯзгорам

Шаби шабистон аст,

Навбаҳорам

Ҳама зимистон аст, –

Эй худо,

Кай баҳор меояд?!

 

Дар шеърҳои Раҳмат Назрӣ «Нур дар гӯр», «Чароғи кушта» муборизаи зулмот бо нур бо суханҳои тоза тасвир мешавад ва агар устухони сарсупурдагони фиребхӯрдаи озодӣ дар гӯр ҳам нур афшонад:

 

Сутхони шумо ба гӯр нур афшонад

Бо ёди чароғи мурдаи озодӣ. –

(Нур дар гӯр)

 

аммо умеди шоир ба зуд равшан шудани зулмот камтар аст. Аз як сӯ, чашмони ӯ ба торикӣ хӯ намегиранд, аз дигар сӯ, шаб равшан намешавад. Ин мушкил дар шеъри «Чароғи кушта»-и Р.Назрӣ пуртаъсир, бо образҳои нотакрору нав ба қалам меояд ва шоир хулоса мекунад:

 

Чашмҳоям хӯ намегирад ба торикӣ,

Дар намегирад чароғи мо ба наздикӣ.

 

Оғозе, ки анҷоми нек надорад, хоҳ орзу бошад, хоҳ воқеӣ ва хоҳ шахсӣ бошаду хоҳ ҷомеӣ дардовар аст, зеро аломати марги зиндагист ва ин маънӣ дар шеъри «Анҷоми оғоз»-и Гулрухсор шоирона ҷамъбаст мешавад:

 

Барф

Аз гардун ба ҳомун норасида

пир хоҳад шуд.

 

Таърихи халқ дар бурду бохтҳои зиндагии имрӯз нақш дорад, ки дар иҷтимоъ ва маънавиёти мардум равшан аст. Махсусан, баъд аз рахна пайдо кардани деворҳои сангин дар миёни халқҳои ҳамтаъриху ҳамфарҳанг масъалаи нақши таърих дар рӯзгори мо аҳамияти бештаре пайдо кард, зеро ин сабаб шуд, ки аҳли илму фарҳанг ба гӯшаҳои то ҳол вориднашудаи таърихи худ ворид шаванд ва аз он арзишҳое пайдо кунанд, ки то кунун аз онҳо сухан намегуфтанд ва ё каму ношунаво мегуфтанд. Ин масъала дар риштаҳои гуногуни илму фарҳанг – таърих, адабиёт, илоҳиёт, забон таҳқиқ мешавад, шоироне, ки ба арзишҳои маънавии таърихи халқамон ба назари тоза менигаранд, шеъри худро ба ҳавзаи ягонаи шеъри форсӣ наздик меоранд, зеро онон ба сарчашмаи ягона ва асил лаб мениҳанд, ки шоирони ҳамзабонашон аз он сероб мешаванд. Мо ин сарчашмаҷӯиро дар ҷустуҷӯҳои эҷодии М. Қаноат, Лоиқ, Қутбӣ Киром, Бозор Собир, Гулназар, Раҳмат Назрӣ, Доро Наҷот ва аз насли ҷавон дар Фарзона, Сиёвуш махсусан, бештар эҳсос мекунем, ки рисолати шоириашонро ба асолати шеъри форсӣ мепайвандад.

Андешаҳои Фарзона дар ин мавзӯъ нозук, ҷуръатмандона ва бо пирояи бадеӣ оростааст. Мо огоҳу ноогоҳ пайравии ғарб кардем, мутаассифона, баъзан асли худро кам гирифтем ва шефтаи зарқу барқи ғарбӣ шудем, ки шоир ҳушдор медиҳад:

 

Роҳи Афранг сипардиву ба ҷое нашудӣ,

Офтобат занад, ар мункири Ховар бошӣ!

 

Арзишҳои маънавӣ, ки дар тӯли таърих роҳбалади ҳақиқии халқ аст, ӯро аз гумроҳиҳо эмин медорад. Ва шоир ба ин ишора мекунад:

 

Қавме афтода дар ин кӯрараҳи шебистон,

Ба ҳақиқат нарасад солики бероҳбалад.

 

Арзишҳои маънавӣ моҳиятан умумибашариянд, зеро мояи онон аз накӯӣ, адлу ростӣ, дӯстдорию мардумпарварист. Аз ин рӯ, ҳоло дар зиндагии маънавии мо ҳам арзишҳои тоисломӣ, ки дар суратҳои ҷовидонаи он нуру хуршед, донаву замин ҷои бештар мегиранд, мавриди баррасии шоирона мегарданд.

Ин тамоюл дар ашъори Гулназар, Фарзона, Сиёвуш, Зиё Абдулло фаровонтар ба назар мерасад. Арзишҳои тоисломӣ на фақат ба мазмуну мундариҷаи ашъори ин шоирон меомезанд, балки дар шакли эҷодиёташон ҳам пайдо ҳастанд ё ин ки худи шоирон таъкид мекунанд, ки мо ба он таваҷҷуҳ кунем. Масалан, Гулназар шеърҳое ба номи «Хусравонӣ» чоп мекунад, ки аз ашъори суннатии вазну қофиядори имрӯзӣ тафовут доранд.

Кӯшиши шеърро ба аслаш расонидан, яъне азми дар шеър сухани тоза, маънии ҳиссиётомез, сурати ҷаззоб, ҳикмати амиқи хаёлангез гуфтан шоиронро гоҳе ба роҳи бевазну қофияи суннатӣ шеър сохтан равона мекунад, гоҳи дигар вомедорад, ки боз ба шаклҳои анъанавии ғазалу рубоӣ, қасидаву дубайтӣ рӯй оранд. Ё баъзан шоирон дар як вақт аз ин ду роҳ мераванд, то ин ки шеърро ба аслаш бирасонанд.

Дар ҳар ду ҳолат ҳам шеъри тоҷик ба ҳавзаи ягонаи фарҳангӣ, ки дар он шоирони ҳамзабони Эрону Афғонистон эҷод мекунанд, наздик мешавад. Дар асл шеъри тозаи бевазну қофияи суннатӣ дар солҳои шасту ҳафтод ҳам ҷой дошт, аммо шоироне, ки ҳоло дар солҳои навадум ба ин кор машғуланд, онро дар зинаи баландтари тасвиркорию маъниофаринӣ ва ҳисомезӣ ба иҷро мерасонанд.

Агар дар шеъри имрӯзаи тоҷик шеъри сафед, хусравонӣ, шеъргуна, шеъри нав, бо кадом истилоҳе, ки зикр шавад, интишор ва собиқаи камтаре дорад, дар шеъри шоирони форсизабони Эрону Афғонистон, махсусан, Эрон нумӯи бештар ва таърихи дарозтар дошта, намунаҳои писандида ҳам ба бор овардааст, ки мо онро дар эҷодиёти Нимо Юшиҷ, Аҳмади Шомлу, Ахавони Солис, Суҳроби Сипеҳрӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур ва чанди дигар мебинем.

Аз шуарои мо ба гуфтани ин навъи шеър агар Лоиқ, Бозор, Гулрухсор камобеш даст зананд, Гулназар, Фарзона, Камол Насрулло Сиёвуш дилбастагии бештаре зоҳир менамоянд. Алимуҳаммад Муродӣ шеърҳои минётурии вазндори бидуни қофия мегӯяд, ки хориҷ аз жанрҳои суннатист.

Шеърҳои охири Дорои Наҷот бештар сифати маънавӣ пайдо мекунанд, сухани шоир тоза, услубаш рехта мешавад. Шеърҳои «Қудсошён», «Шеъри гиря», «Дар ояҳо, дар мӯяҳо» аз ин сифатҳои хуб бархӯрдоранд ва пайғом медиҳанд, ки шоир ба роҳи тоза ва пурмаҳсуле ворид мешавад. Вале, мутаассифона, дар шеърҳои «Қудсошён», «Дар мулки Дориюш», «Дар ояҳо, дар мӯяҳо», ки дар асоси вазни суннатии арӯз гуфта шудаанд, нуқси вазн бисёр аст.

Султон Шоҳзодаи шодравон дар силсилаҳои охираш ба олам, ба гирду атроф, ба табиат, ба мардум бо нигоҳи ошиқона ва хаёлангез менигарист. Қаламаш рангин, суханаш пурмуҳаббат, тасвираш тароватнок буд. Шеърҳои «Пайки сафед», «Сафедорони хаёлӣ» аз дастовардҳои бадеии ӯ буданд.

 

Киштӣ канори бандари соҳил қарор кард,

Афканд борҳо,

Ин киштии сафед –

Пайки сафеди омада аз обҳои дур,

Аз мавҷзорҳо.

(«Пайки сафед»)

 

Шаклҳои суннатии шеър, масалан, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ ва чаҳорпора, ки охирӣ дар қарни бистум дар шеъри тоҷик фаровон истифода мешавад, дар шакли худ, дар тарзи қофиябандӣ, вазн ва фазои таассуроте, ки ба вуҷуд меорад, василаи фиребои шеър дорад. Оҳанге, ки аз суханони дар қолабҳо гуфта бармеояд, ҳарчанд ин суханон тоза, пурмаъною хаёлангез ва суратнок нестанд, ба мисли шеър ҷилва мекунанд.

Баъзе шоирони суннатгарои мо то ҳол ин фиреби шаклро мехӯранд ва гумон медоранд, ки вазну қофия ва оҳанге, ки аз он бармеояд, суханҳои одӣ, забонзад, обшустаро шеър мекарда бошад. Вале онҳое ки шеъри сафед, яъне бевазну қофияи маъмулӣ шеър мегӯянд, аз ин воситаҳои аввалияи шеър даст мекашанд. Онҳо инро аз ҳисоби суханҳои тоза, маъниҳои амиқ, суратҳои хаёломез бояд ҳосил кунанд, яъне кори онон мушкилтар аст, лек имкони фиреби шеър хӯрданашон камтар аст, зеро сухане, ки мегӯянд, агар шеър надошта бошад, ҳеҷ воситаи ёрирасоне ба монанди қофияву вазн нест, ки ба он сурати фиребои шеърро бидиҳад.

Аммо дар ин ҷо фиреби дигар хӯрдан мумкин аст, ки пушти ҳам овардани калимаҳои зебо, хушоҳанг ва як андоза паси парда ва мавҳумона сухан гуфтанро, ки ҳадафи маънавии асил ва амиқ надошта, ҷуз хаёлбофиҳои бемазмун чизе нест, шеър пиндоранд.

Шеъри сафед ва нав аз шеъри суннатӣ на фақат бо воситаҳои муайянкунандаи жанр – вазну қофия тафовут дорад, балки пеш аз ҳама бо маънии нав, нигоҳи хоси шоиронаи худ фарқ мекунад, ки он боиси услуби тозаи нигориш мешавад. Ҳарчанд ин гуна шеър ҳоло дар адабиёти мо бисёр нест, аммо аз он намунаҳое, ки дорем, махсусиятҳои шаклию маънавии онро иҷмолӣ бошад ҳам нишон додан мумкин аст. Ин ҷо маънии нав, нигоҳи хос, услуби тоза зикр шуд. Инро дар яке аз шеърҳои Гулназар, ки иқтибос шуд, мушоҳида мекунем:

 

Эй офтоб, эй муаззини сафедриш,

Ту аз манораи кӯҳҳои Помир

Бархон азони рӯшноӣ,

То саф кашем бо дили рӯшан

Бо хутбаи вафою ошноӣ...

 

Шоир аз Офтоб, ки дар шеъри мо рамзи гармӣ, муҳаббат, бахту саодат, рӯшноӣ ва монанди инҳост, маънии тозае кашф мекунад, ки дар ин шеър ба вафою ошноӣ хондани он аст. Офтобро ӯ ба муаззини сафедриш ташбеҳ мекунад ва аз муаззин ҳам маънии тоза бардошта, онро гӯяндаи азони рӯшноӣ ва хонандаи хутбаи вафою ошноӣ мебинад, ки нигоҳи хос аст.

Офтобро муаззин, кӯҳҳоро манора, азонро даъваткунандаи рӯшноии ошноӣ нигоштан аз тозагии назар дарак медиҳад. Ин пора аз шеъри суннатӣ фарқи куллӣ дошта, ба арӯзи суннатӣ мувофиқат накунад ҳам аз арӯз ба куллӣ хориҷ нест ва дар асоси вазни музореи мусаммани садр ва ибтидо – ахраб, арӯз ва зарб – маҳзуф, ҳашвайн – макфуф, ки афоилу тафоилаш чунин аст:

 

Мафъӯлу фоилоту мафоӣлу фоилун

— — V — V — VV — — V — V —

 

навишта шудааст. Шоир дар ҳар ҷо ки зарур медонад, тақтеъҳоро дигаргун, дарозу кӯтоҳ месозад, ҷой иваз мекунонад, вале тақтеи аввалро нигоҳ медорад. Аммо дар асоси ягон вазни арӯз гуфтани шеъри сафед қоида нест, балки истисност. Аксари он аз қоидаи арӯз хориҷ аст.

Муҳимтарин хусусияти шеъри сафед маъно ва нигоҳу сухани тозаи он аст. Масалан, дар мисраи Гулрухсор рӯзгори шоиронаи ӯ чун зани тоҷик хеле марғуб ифода мешавад: «Деги сиёҳ мешӯяму шеъри сафед мегӯям». Сурати деги сиёҳ дар ин ҷо сермаъност ва онро ҳар кас аз рӯи завқу салиқа ва таҷрибаи зиндагиаш дарк мекунад.

Дар шеъри сафед бо сурат (образ) сухан гуфтан, тасвиркорӣ мавқеи бузург дорад, фикр дар он суратнок ифода мешавад, шайъ ҳам зикр шавад, аз худ амали суратноке зоҳир мекунад.

Рукни дигари шеъри сафед ҳисомезист. Ҳисомезӣ, яъне ба ҷои ҳам омадани ҳисҳои чаҳоргонаи инсон, ба ҳам омехтани онон аст, аз ҷумлаи шунидани бӯ, садои ранг, сурати овоз, ки дар шеъри ҳазорсолаи форсӣ собиқа дошта, дар сабки ҳиндӣ ба яке аз хусусиятҳои муҳим мубаддал гашта буд. Мисоле аз Бедил:

 

Бар ҳар гуле дамидаст афсуни орзуе,

Бӯи шикастарангӣ, ранги шикастабӯӣ.

 

Ҳоло ин равияи ҳисомезӣ дар шеъри нави ҷаҳонӣ - фарангӣ, инглисӣ, амрикоӣ ва дигар халқҳо ривоҷ дорад, ки шеъри муосири форсӣ низ истисно нест. Муҳаққиқони шеъри имрӯзаи Эрон, аз ҷумла, Шафеии Кадканӣ қайд мекунад, ки ривоҷи дубораи ҳисомезӣ дар шеъри Эрон аз таъсири шеъри нави фарангист, ки дар эҷодиёти Суҳроби Сипеҳрӣ аз ҳама бештар ҳувайдост. (Ниг. Дуктур Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. Шоири оинаҳо. Теҳрон, 1362, саҳ. 44).

Дар асари иртиботи бештари фарҳангӣ дар миёни Эрону Тоҷикистон шуарои мо ба эҷодиёти шоирони имрӯзаи Эрон, аз ҷумла, ба ононе, ки шеъри нав, шеъри мансур мегӯянд, Аҳмади Шомлу, Суҳроби Сипеҳрӣ ва дигарон бештар ошноӣ пайдо карданд ва таҷрибаи ин навпардозон шоирони моро, ки ниёзи тозагӯиҳоро эҳсос мекарданд, такон дод. Ба замми ин, ба назари ман, ба нашр расидани осори шуарои классикии мо, махсусан, Мавлавӣ ва Бедил ба ҳуруфи сириллӣ, ки дар дастраси шоирон қарор гирифт, дарёи паҳновари шеърро вокушод ва барои ҷустуҷӯҳои ҷуръатмандонаи маънавӣ ва шаклию услубӣ қудрат бахшид. Зеро қудрат қудрат меофаринад ва дарёфти қудрати онон ба шуаро ҷасорати адабӣ эҳдо кард.

Шеъри мансур, ки дар эҷодиёти шуарои насли ҷавонтари мо мақом пайдо мекунад, аввалан, аз ниёзҳои дарунии онон сар мезанад, ки мехоҳанд шеърро аз куҳнагӣ, якнавохтӣ раҳо кунанд ва, баъдан, онон дар амалияи ин кор аз таҷрибаи шеъри муосири Эрон истифода мебаранд.

Маърифати фарохи шеър он аст, ки мо ин равияи тозаро, ки оғоз мешавад, ҳарчанд баъзе ҷиҳатҳои он мақбули мо набошад, саркӯб накунем, имкон диҳем, ки рушд кунад ва аз нуқсон озод шавад, зеро дар ин гуна муддати кӯтоҳ, бист-сӣ ё чиҳил – панҷоҳ сол, ба дараҷаи камол расидани навъи шеъре сахт душвор аст. Агар мо муҳаббат ба ғазал дошта, онро чун шакли комил ва дилнишини бадеӣ ба шеъри мансур ё нав муқобил гузошта, бартарии ғазалро собит карданӣ бошем, бояд фаромӯш накунем, ки ғазал таърихи чандинасра дорад ва роҳи дарози таҷрибаро тай кардааст. Ғазал то он ки дар дасти хоҷаи Ҳофиз ба дараҷаи олии такомули худ расад, роҳи панҷсадсоларо гузашт ва барои он ки сифати тозаи дигареро пайдо кунад, боз панҷсад соли дигар зарур шуд, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба дунё ояд. Навъҳои дигари шеъри классик низ ҳамин гуна таърихи тӯлонии камолот доранд. Бинобар ин, бо назардошти ин роҳи дароз ва бардавоми такомул ба шаклҳои тоза, ки зоҳир мешаванд, сабру таҳаммул бояд кард, то онҳо низ комил шаванд.

Шеъри нав ва мансур ҳам замони такомул ва ҳам Ҳофизу Иқболи худро мехоҳад.

Ҳоло даврони таваллуд ва туфулияти шеъри наву мансур аст, аз ин рӯ, хандаву гиряи кӯдаконаи он, хоҳ дар Эрон ва хоҳ дар Афғонистону Тоҷикистон ба ҳамдигар монанд аст. Бинобар ин, вақте ман мехонам, ки Суҳроби Сипеҳрӣ навишта «ҳарфҳоям, мисли як тикка чаман равшан буд» ва Камол Насрулло навишта, ки:

 

Рӯшноӣ мерехт

Шабҳо аз лабони модарам

Даме ки суруд мехонд. –

 

ин монандиро ҳосили як ҷустуҷӯ дармеёбам.

Ё манзумаи «Садои пои об»-и Сӯҳробро мехонам ва оҳанги онро дар Абулқодири Раҳим шоири ҷавони тоҷик, масалан, дар шеърҳои «Ошноӣ», «Ашк», «Гиря»-и ӯ мешавам.

 

Аҳли Кошонам,

Рӯзгорам бад нест.

Тикка ноне дорам, хурда ҳуше, сари нохун завқе.

 

... Ман мусулмонам,

Қиблаам як гули сурх.

Ҷонамозам чашма, мӯҳрам нур

Дашт саҷҷодаи ман. –

 

менависад С. Сипеҳрӣ ва дар шеърҳои «Ошноӣ», «Ашк»-и А. Раҳим мехонам:

 

Ниманоне дорам

Ва худое, ки ба як нон ба ҷаҳон овардам.

(«Ошноӣ»)

Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,

Ҷонамозам сари як санг шудаст.

Падарам фотеҳаро паст бихонад ба дили шаб,

Ки мабодо зи садои пое

Тарс рӯяд ва яке таб

В-аз дили таб бирасад гумшуда фарзанд

ба овои «Падар»!

(«Ашк»)

 

Шубҳае нест, ки дар ин ҳолат сухан аз монандии калимоту мисраъҳо набуда, сухан аз сарчашма, аз тариқи дарки ашё ва услуби нигориш аст, ки аз шеваи С. Сипеҳрӣ об хӯрдааст.

Дар яке аз шеърҳои пурэҳсос ва тароватноки Гулназар, «Зи кӣ пурсам?», ки ташбеҳу истиораҳои ҷозиб, сухани зинда ва сабзе дорад, чунин пора ҳаст.

Қасам ба нағмаи ройгони чир-чиракҳои айвонам,

Ки гармии нафасам

Барои ғунчаҳои пасини боғ ройгон аст.

Қасам ба нармии офтобии нахи мизон,

Ки ҷойгоҳаш дар сари мижгони ман худодод аст.

 

Вақте ман ба ройгонии нағмаи чир-чиракҳо ва ба шоир, ки гармии нафасашро ба ғунчаҳои паси боғ ба ройгон мебахшад, меандешам, хаёлам ба С. Сипеҳрӣ боз ба ҳамон «Садои пои об» меравад, ки мегӯяд:

 

Ман надидам ду санавбарро бо ҳам душман.

Ман надидам беде, сояашро бифурӯшад ба замин,

Ройгон мебахшад, норван шохаи худро ба калоғ.

 

Ман бар ин ду пора меандешам ва мебинам, ки дар пораи С. Сипеҳрӣ шоир аз амали бед ва норван, ки яке худро ба замин ва дигаре шохаи худро ба калоғ ройгон медиҳад, аз ҳамчун як кори табиӣ, бе ҳеҷ ситоишу қасам хӯрдан сухан мегӯяд, ки ҳикмат дорад. Ин касро ба дасткушодӣ, хайрандешӣ, бе тамаъ будан ташвиқ мекунад ва ташвиқаш бе насиҳат ва бе ташдид, балки табиӣ ва ба воситаи тасвир аст.

Вале вақте ман ба шоир Гулназар меандешам, ки ӯ нағмаи чир-чиракҳои айвонашро шунида, гӯё иборат мегирад ва ба ин нағма ва нахи мизон, ки ҷояш дар сари мижгони ӯ худодод аст, қасам мехӯрад, ки гармии нафасашро ба ғунчаҳои паси боғ ройгон мебахшад, ман ба ҳиммати шоир меандешам, ки чаро бед ва норвани С. Сипеҳрӣ ҳамин корро бе ҳеҷ қасаму таъкид мекунад, вале дар шеъри Гулназар – қаҳрамони лирикӣ, ки худи шоир аст, аз ин кор ба таъкид сухан мегӯяд ва гӯё мунтазир аст, ки шукргузори ӯ бошанд. С. Сипеҳрӣ ин корро на ба худ, балки ба беду норван нисбат дода, таъкиди хидмати объект (беду норван)-ро боз ҳам нонамоёнтар, ночизтар мекунад, ки ҳикматаш амиқтар шавад, яъне ҳамин дарахтоне, ки боровар нестанд ва эътибори баланд, масалан, монанди хурмо, себ, бодом надоранд, агар ин гуна бетамаъ некӣ кунанд, пас аз дарахтони дигар чӣ хайрҳои бузурги беғаразро чашмдор бояд буд. Пас, инсон, ки муътабартарин мавҷуди табиат аст, ба чӣ ҳиммати азиме қодир бояд бошад. Мутаассифона, ғайри чашмдошти Гулназар, шахси ӯ дар шеър ба дигар сурат ҷилвагар мешавад, ки ин натиҷаи таъсирбардории нодуруст аз С. Сипеҳрист. Эҳтимол, ман хеле борик рафта бошам, аммо чӣ метавон кард, ки ҳунари шоир дар борикресист ва ноқид ҳам дар борикравист. Давоми ин пора маҷозу истиораҳои тоза дорад, ки ягонагии инсонро бо табиат мусаввирона ба қалам медиҳад, ҳарчанд ба назари ман чунин мерасад, ки дар байни чашма ва санги хора суханҳое овардан мумкин буд, ки таносубашон қавитар бошад.

 

Манам адои пофишории духтаронаи чашма,

Ки панди ҳамраҳӣ медиҳад ба санги хораи бедил.

Манам фидои ормони сабзаи поиз,

Ки бӯи баҳорро чун умеди баҳор зинда медорад.

Сухан, ки обастани рӯиши донаҳои гандум аст,

Замони киштукори ман фаро омад.

 

Аз ин рӯ, вақте ки ман ин гуна монандиҳоро дар ҷустуҷӯҳои адабии шуарои Эрон ва Тоҷикистон мебинам, тифле ба назарам меояд, ки ҳоло замони чаҳорпояравиашро ба сар мебарад ва рӯзгоре мерасад, ки бар пои худ меистад, аз роҳи худ ва ба шеваи худ меравад. Ӯро аз пой набояд зад, то марди роҳ шавад.

Ин гуна ҳамоҳангиҳо на фақат дар ашъори мансуру нав, балки дар шеърҳои суннатӣ ҳам ба чашм мехӯранд, ки агар дар навиштаҳои шоирони камқудрат бӯи тақлид диҳанд, дар ашъори шуарои тавонманд натиҷаи авзои баҳаммонанди иҷтимоӣ ва рӯҳониро тааммул кардан аст. Ва агар ин тааммул шоирона ва амиқан шахсист, шеър тақлид нахоҳад шуд.

Шеъри суннатиро, махсусан, қасида, мухаммас, ғазал, рубоию дубайтиро тоза гуфтан, ба назари шахсии ман, сахт мушкил аст, зеро аксаран қувваи суннат бар қудрати навгӯӣ ғолиб меояд ва шоирро мағлуб мекунад. Шоир эҳтимол шеърашро бе душворӣ мегӯяд, вале дарнамеёбад, ки қувваи суннат ӯро ноогоҳ аз по дарафтонидааст.

Бинобар ин, дар аксари ашъори суннатӣ – қасида, мухаммас, ғазал, рубоию дубайтӣ шоирони мо пирӯз нестанд ва дар байни ин ашъор мисраъҳои тозаи шоирона аҳён-аҳён пайдо мешаванд ва аксар такроранду забонзад, тақлиданду нодилфиреб.

Бо вуҷуди ин, бо гуноҳи аз по дарафтодагии шоир намешавад, ки ба шаклҳои суннатӣ имкони зиндагӣ ва шояд аз нав зинда, эҳё ва дигаргун шудан надиҳем. Агар шоир бар шакл пирӯз нест, ин нуқси шоир аст, на гуноҳи шакл ва агар дар сад сол ҳам, масалан, як ғазали олӣ пайдо шавад, ин бурҳони он аст, ки ғазал ҳанӯз қобили зиндагист ва шоири худро мехоҳад. Баҳси суннатгароён ва тозасароён дароз аст ва банда ба он дода нашуда, ҳамин қадар ёд меорам, ки дар садаи бистуми шеъри форсию тоҷикӣ вуҷуди шоироне чун Лоҳутӣ, Шаҳриёр, Симини Беҳбаҳонӣ ва чанди дигар, ки ғазалҳои олӣ гуфтанд ва мегӯянд, исботи он аст, ки қолаби суннатӣ метавонад мазмуни тоза пайдо кунад.

Дар даҳаи охири асри бист шуарои тоҷик, аз ҷумла, М. Қаноат, Лоиқ, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб, Низом Қосим, У. Раҷаб, Салимшо Ҳалимшо, Ҷ. Каримзода, Ашӯр Сафар, Н. Ниёзӣ, С. Маъмур. М. Ғоиб, Ҳ. Шанбезода, Норинисо ба анвои суннатии шеър – қасидаву ғазал, рубоию дубайтӣ нисбат ба дигарон бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ба баъзеи ин шуаро саропо тоза гуфтани шеъри суннатӣ, масалан, ғазал муяссар шавад, баъзеи дигар дар як ғазал, байте ё мисрае тоза доранд, ки ин ҳам дастовард аст, вале дар аксари ин ашъор шуаро ба ин гуна дастовард ҳам ноил намешаванд. Аммо ақидаи банда ин аст, ки аз анвои бадеии суннатӣ махсусан, ғазал, ғазале, ки байтҳояш истиқлоли мазмун дорад, бештар ба дархости замони мо, ки замони тундрав ва динамик аст, созгор меояд, зеро дар як шеъри на чандон тӯлонӣ мазмунҳои гуногуне, ки ба ҳавои ягонаи таассурот фаро гирифта мешаванд, баён мегарданд ва ба талаботи гуногуни рӯҳонию маънавии инсон ҷавоб мегӯянд. Сабаби ба ин шакл рӯй овардани шуарои ғарб шояд дар ҳамин бошад, зеро дар як ғазале, ки байтҳояш аз ҷиҳати маънӣ соҳибистиқлоланд, мазмунҳои ошиқона, орифона, иҷтимоӣ, фалсафӣ, хулоса, ҳар мазмунеро, ки шоир мехоҳад бигӯяд, метавонад рақам бикунад. Ин шакли бисёр муносиб ва муъҷаз аст барои ифодаи мазмунҳои гуногун дар як шеър.

Дар радифи дастовардҳое, ки М. Қаноату Лоиқ, Гулназару Фарзона дар анвои шеъри суннатӣ – дар ғазалу рубоию дубайтӣ доранд, аз ин миён дар Лоиқу Гулназар мазмунҳои такрору забонзад ҳам ба назар мерасанд – шоирони дигар ҳам ҷо-ҷо байту мисраъҳои пурмаънои тоза ва рангин мегӯянд. Масалан, Салими Хатлонӣ фоҷиаи хунини ҷангҳои бародаркушро чунин ба дард ва суратнок менигорад:

 

Ин баҳори хун, ин шаб, лола-лола мерӯям,

Аз ғами дарун, аз таб, нола-нола мемӯям.

 

Дар ғазали шоири навқалам Баҳриддини Ҷӯё байти хотирнишине ҳаст, ки вазъи рӯзгор, махсусан, пойтахти моро шоирона баён мекунад:

 

Бо амри тасодуф буд ё қудрати яздонӣ

Гургони биёбонӣ гаштанд хиёбонӣ.

Низом Қосим фоҷиаи маънавии насли имрӯзаро, ки беалоқагӣ ба иҷтимоъ ва тиҳидарунист, бо заҳрханда нишонрас мегӯяд:

 

Хандаи гул зи мо намеояд,

Оҳи булбул зи мо намеояд.

Шиша гаштем аз шаробхӯрӣ,

Ғайри қул-қул зи мо намеояд.

 

Дар ин байти С. Маъмур қиёси дирӯзу имрӯз бо истиораҳои парастую занбӯр, ки яке тимсоли оромишу осудагӣ ва дигаре дарду шӯру ғавғост, тасвиркорона нигошта шудааст:

 

Дӣ гар ба кунҷи айвон буд лонаи парасту,

Имрӯз дар паси дар занбӯр лона дорад.

 

Аммо аксари ғазалҳои дигар тақлидиянд, асар аз дарди дили шоири замон надоранд, маънию тасвирҳо, маҷозу истиора, ташбеҳу талмеҳҳои шуарои гузаштаро такрор мекунанд ва бар иллати забонзадӣ ва беалоқагӣ бар рӯзгор дар дилу рӯҳи мо таъсир намегузоранд. Аз анбӯҳи ин гуна ғазалҳо танҳо ду-се мисол меорам, ки ин дарди умумро вонамоям.

 

Ёри шаккарлаби ман, хандаи ту бас бошад,

Ки ба бозори ҷаҳон нархи шакар паст шавад.

 

Вақте ин байтро мехонем садҳо байт аз шуарои гузашта ба хотир мерасад, аз ҷумла, Мавлои Рум мегӯяд: «Хабарат ҳаст, ки дар Миср шакар арзон шуд» ё «Ба шакарханда, буто, нархи шакар мешиканӣ» ва ё Хоҷу мегӯяд:

 

Агар моҳи ман писта хандон кунад,

Ба тунги шакар шаккар арзон кунад. –

ва ғайра ва ғайра. Масалан, то ҳол шуарои мо тимсолҳои Лайлию Маҷнунро ба ҳамон мазмуне, ки садҳо сол истифода шуда, таъсири нахустини худро аз даст додаанд, ба кор мебаранд.

 

Нест тӯфоне, ки Ҷайҳунам кунад,

Нест Лайлое, ки Маҷнунам кунад. –

 

менависад шоир Гулназар, ки яке аз раҳнавардони шеъри нав аст. Пас аз ин хулоса кардан мумкин аст, агар шоире, ки ҷиддан ва амалан мехоҳад таркибу услуби шеърашро тоза кунад, аз роҳи такрор рафта, дар ҳалқаи тимсолҳои куҳна мемонда бошад, пас шоироне, ки бештар суннатгаро ҳастанд, то чӣ андоза сахт дар банд ва дар зери таъсири суннатҳои қолабӣ ҳастанд. Ин побандиро мо дар ашъори бисёре аз шуаро мебинем. Ҳол он ки кайҳо дар асрҳои гузашта шуаро афсурдагии образҳои анъанавиро эҳсос карда буданд ва агар аз онҳо истифода кунанд, мекӯшиданд, ки ба онҳо мазмуни тоза диҳанд, онҳоро паҳлу гардонда, ҷилваи наве бахшанд. Зеро, масалан, аз ишқи Лайлӣ овораи дашту ҳомун шудани Маҷнун дигар ҳеҷ тозагӣ ва таъсир надорад. Аз ин рӯ, Махфӣ дар ин байт ба ин образ аз даричаи дигаре менигарад ва ба гирифторони савдо фарқ надоштани маҳалли буданро таъкид карда, ба азалияти ин ишқ ишора мекунад:

 

Бесабаб Маҷнун ватан дар гӯшаи вайрон надошт,

Бар гирифторон фазои хонаву берун якест.

 

Ва ё Туғрал дар асри ХХ ба иғроқ сухан гуфта, худро дар ишқ аз Маҷнун ҳазор баробар фидоитар мебинад, ки дар ин ҳам кӯшиши паҳлу гардонидани тимсоли Маҷнун ҳаст:

 

Агар дар хоб медидам баногоҳ талъати Лайлӣ,

Ҳазор анҷоми Маҷнунро ба як оғоз мекардам.

Аз ин рӯ, дар баробари ҷустуҷӯҳо, ки шуарои гузашта доштанд, имрӯз он тимсолҳо, аз ҷумла, Лайлию Маҷнунро ба ҳамон мазмуни қӯҳнаашон ба кор бурдан чизи тозае нагуфтан аст, ки дар ин байт аст:

 

Ғами ту оқибат аз шаҳр берун мекунад моро,

Чу Маҷнун раҳнамуни дашту ҳомун мекунад моро.

(Бобо Ҳоҷӣ)

 

Алҳол сухан аз шеърест, ки маҷозу истиора, яъне тасвир дорад, вале сурату мазмунаш обшустааст, аммо ғазалҳое низ фаровонанд, ки ақаллан ҳамин гуна сурати обшуста ҳам надошта, танҳо гапи урён ҳастанд:

 

Дар забони ман каломи зиндагӣ,

Дар дилам ҷӯшу мароми зиндагӣ.

Дар сарам фикру хаёли зиндагист,

Нестам аммо ғуломи зиндагӣ!

Дар миёни обу оташ пухтаам,

Ман набошам марди хоми зиндагӣ. –

 

ва ба ҳамин монанд гапҳои дигар, ки, мутаассифона, дар ғазали шуарои дигар низ фаровонанд.

Боиси таассуфи боз ҳам сахттар он аст, ки гапҳои урён ва пучу холӣ на фақат шаклҳои суннатӣ, балки наъвҳои ғайрисуннатиро ҳам пур кардаанд, ҳол он ки сухани тозаву суратнок тақозои шаклҳои ғайрисуннатӣ буда, моҳияти онон дар ҳамин зоҳир мешавад. Ин пораҳо чӣ аломате аз шеър доранд?

 

Ҷасорат мактаби олӣ надорад,

Ҷасорат нест тобеи назорат.

Назоратро намехоҳад ҷасорат,

Ҷасоратро ҳамекоҳад назорат.

Ҷасоратро наёмӯзад китобе,

Намеёбӣ варо аз ҳеҷ дӯкон.

Намегӯям ҷасорат моли қимат,

Намегӯям ҷасорат моли арзон.

 

Мутаассифона, дар ин мисраъҳо як сухани шоирона нест, ки онро шеър номем, баръакс гапҳои илҳоқие, ки ба ҳамдигар иртиботе надошта, барои кушодани моҳияти шоиронаи ҷасорат ҳеҷ дахле надоранд, пушти ҳам оварда шудаанд ва ин пораро ғайри чашмдошти шоир на ба шеъри ҷиддӣ, ки Зулфия Атоӣ ба Бозор Собир бахшидааст, балки ба нақиза монанд кардаанд. Вагарна чӣ тавр ҷиддӣ мешавад, гуфт, ки ҷасоратро аз ҳеҷ дӯкон намеёбӣ, ҷасорат моли қимат ҳам нест, ҷасорат моли арзон ҳам нест ва ба ҳамин услуб гапҳо, ки шеваи нақизагӯист.

Вакте ки ман аз шеъре пора, байт, мисраи диловезеро мехонам, бовар пайдо мекунам, ки шоири он қудрате дорад, ки ин гуна хуб гӯяд, пас чаро ӯ ба худ иҷоза медиҳад, ки аз зинаи фаро рафтааш на болотар равад, балки пасттар фурояд. Албатта, мо ҳама медонем, ки ҳамеша шеъри олӣ гуфтан сахт душвор аст, дар байни арзан курмак ҳам мешавад, аммо шоир, ки дар шеъре ба сатҳи зарурии такомул мерасад, аз он минбаъд паст набояд равад.

Масалан, дар яке аз ғазалҳои У. Раҷаб байти самимонае ҳаст:

 

Хушк буд чашми сарам, чашмаи обаш карданд,

Ҳар чӣ ободии дил буд, харобаш карданд. –

 

дар баробари ин байтҳои такрору ташбеҳоти афсурда, баёни нодилфиреби мазмунҳоеро мехонем, ки онро гузаштагон хеле дилнишину зебо гуфтаанд:

 

Рост гуфтам, ростгӯиро заволе ҳеҷ нест,

Ҷону дилро ростӣ бидҳад сафо дар ин макон. –

 

менависад У. Раҷаб ва ба ёди мо ин байти машҳури олӣ, бо ирсоли масали устодонааш мерасад:

 

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,

Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.

 

Мутаассифона, ин гуна нуқс на фақат дар ду-се шоире ҳаст, ки ин ҷо аз навиштаҳояшон интиқод кардем, балки онро бисёри дигарон ҳам доранд, ки банда аз рӯи мақоли мушт намунаи хирвор амал карда, суханро дар ин бора ба дарозо намекашам, вале таъкид мекунам, ки ҳарф на аз нуқси ҷузъӣ, балки аз равияи нодурусте меравад, ки мазмунҳои шоиронаи гузаштагонро имрӯз ба такрор, вале ношоирона бозгӯ мекунем ва ё гапҳои урёну берӯҳу равонро шеър мепиндорем. Дар ин гуна шеърҳо ҳамон фиребхӯрдагии шоир аз шакли суннатӣ ҷой дорад, ки банда пештар аз он суҳбат карда будам. Шеър, яъне зодаи ҳунар набудани ин гуна сатрҳоро бо ду қиёс мехоҳам дақиқтар собит кунам. Агар касе бо даъвои рақсидан ба саҳна боло шавад ва бе ҳеҷ гуна дастафшонию пойафшонии мавзуну зебо, ки дилу ҷонҳоро ба шӯру қиём оварад, фақат ин тарафу он тараф роҳ гардад, рақс, яъне ҳунар нахоҳад кард. Ва ё варзишгаре масофаи 100 метрро на дар тӯли 9-10 сония, балки дар ду-се дақиқа расад, ҳеҷ гуна ҳунар, дастбурде нахоҳад дошт. Барои шоир бо вазну қофия сухан гуфтан ҳамон роҳгардии одӣ бояд бошад, ки ҳар як инсони солим метавонад, ин ҷо ҳунаре нест. Шеър дар зинаҳои хеле баландтар аз вазну қофия ҷой дорад.

Вале ҷои таассуф аст, ки шуарои мо дар ҳамин зинаҳои поёни вазну қофия ҳам пеши по мехӯранд ва на танҳо ҷавонон, балки устодон ҳам. Сабабаш маълум аст, аммо он наметавонад боиси худсафедкунӣ бошад. Дар натиҷаи канда шудан аз хати ниёгон шуарои имрӯзаи мо ба асарҳои арӯзиёни қадим ошно нестанд, илми арӯзро хуб намедонанд ва танҳо савқи табииашон кифоят намекунад, ки вазнҳои мураккаби арӯзиро ба дурустӣ дарёбанд. Бинобар, ҳамин ки аз вазнҳои одию маъмули ҳазаҷу рамалу раҷаз ва ё мафоилуну фоилотуну мустафъилун берун мераванд, ба хатоҳои фоҳиш роҳ медиҳанд. Аммо агар савқи табиӣ барои шинохти авзони мураккаби арӯзӣ кифоят накунад, илмашро бояд омӯхт.

Мутаассифона, дар эҷодиёти аксарияти шуарои имрӯзаи мо аз авзони хеле гуногуни арӯзӣ фақат 10-12 вазн истифода мешаваду бас, ҳол он ки махсусан, ба шоири ғиноӣ, ки авзои мухталифи рӯҳиро ба қалам мекашад, донистан ва ба кор андохтани вазнҳои гуногун зарур аст, то ашъораш аз назари зарбу оҳанг якнавохту дилбазан набошад.

Шоирони бузург ин маъниро хуб дарёфтаанд, масалан, дар девони Шамси Табрезӣ бештар аз 60 вазни арӯз истифода шудааст.

Баҳси вазн дар шеър дуру дароз аст, банда ба он машғул нашуда, чанд нуктаи муҳимро хулосатан баён мекунам, ки ба таҷрибаи шеъри имрӯзаи мо ва махсусан, ба ин чаҳор панҷ соле, ки зери назари мост, сахт алоқаманд аст.

Шоири форсигӯ авзони суннатии арӯзро бояд фаро гирифта бошад. Ин гӯё нуктаи бебаҳс аст, аммо вақтҳои охир садоҳое низ ба гӯш мерасанд, ки дар замони озодиҳо, қолабшиканиҳои адабӣ ва гуфтани ашъори мансур, шеъри хориҷ аз вазну қофия донистани ин ду чиз зарур набошад ва боз махсусан, ки ҳатто донишмандони бостонӣ чун Шамс Қайси Розӣ шеърро бе вазну қофия ҳам шинохтаанд. Бале, онҳо шеърро бевазну қофия шинохтаанд, аммо нагуфтаанд, касеро, ки вазну қофияро намедонад, шоир мешиносанд. Шоирони машҳури форсигӯ, аз ҷумла, Нимои Юшиҷ, Аҳмади Шомлу ва чанди дигар, ки дар гуфтани шеъри арӯзи озод ва мансур чирадастанд, на аз надониста канор андохтани вазну қофияи суннатӣ, балки аз фаро гирифта фаро рафтан ба дастовардҳои бадеӣ ноил шуда, шеъри тоза бунёд карданд, ки дар кори шуарои тоҷик низ дарси таҷриба бояд бошад.

Имрӯз шоироне ки шеъри арӯзи озод мегӯянд, аз каму зиёд овардани пораҳои тараннумӣ, тақтеъҳо, пештар рафта, онҳоро дарозу кӯтоҳ карда, ба худ бештар озодӣ медиҳанд, ки дар натиҷа як вазн дар ҳар шеър сурати махсуси ба он шеър вобастаро мегирад. Ҳоло мақсади банда таҳлили ин равия нест, аммо таъкиди он аст, шоир, ҳамин ки дар як шеър вазнеро интихоб ва онро асоси вазни шеър муқаррар мекунад, ҳангоми гуфтани мисраи аз назари вазн комили он хато набояд кунад. Масалан, яке аз вазнҳои маъмулии арӯзи суннатӣ – музореи мусаммани садр ва ибтидо ахраб, арӯз ва зарб – маҳзуф, ҳашвайн – макфуф мебошад, ки афоилу тафоилаш ба ин зайл аст:

 

— — V         — V — V V — — V — V —

Мафъӯлу     фоилоту        мафоӣлу         фоилун

 

Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,

Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо.

 

Ин вазн дар шеъри суннатӣ ва арӯзи озод хеле фаровон истифода мешавад, агар дар асоси вазни шеър муқаррар гашт, шоир дар каму зиёд овардани тақтеъҳо, дарозу кӯтоҳ кардани онҳо ба худ ихтиёр медиҳад, аммо вақте ки мисраъҳои комил мегӯяд, дар ҳамин вазни асосӣ набояд ба хато роҳ диҳад. Ва агар шеър дар арӯзи суннатист, ҷои сухан нест, ки он дар саросари шеър бояд саҳеҳ бошад.

Мутаассифона, дар аксари ашъори суннатӣ ва наве, ки шуарои имрӯзаи мо дар ин вазн гуфтаанд, дар ҳиҷои ҳаштум, ки кӯтоҳ аст, ҳиҷои дароз оварда, вазнро хароб кардаанд. Ман фақат ду-се мисол аз устодон меорам.

Яке аз ғазалҳои охири М. Қаноат «Як мурғи хушпаём дар ин ошён намонд», ки қаблан зикраш рафт, дар ҳамин вазн гуфта шуда, аз шаш байт иборат аст, ки дар се мисрааш вазн хатост. Аввал хатои машҳурро меорам, ки қариб ҳама мекунанд:

 

Ҳар шаб дуой мебарам то водии талаб –

 

дар ин ҷо дар калимаи «мебарам» дар ҳиҷои охир, ки кӯтоҳ бояд бошад, ҳарфи «м» дар вазн намеғунҷад. Ман ин хаторо дар аксари шеърҳое, ки шуарои мо қаблан ва низ дар ин чаҳор – панҷ соли охир дар ин вазн навиштаанд, дидам, аз ҷумла дар шеърҳои Лоиқ, Қутбӣ Киром, Гулназар, Гулрухсор, С. Маъмур, Доро Наҷот, У. Раҷаб ва дигарон. Ин хато қариб аст, ки хатои оми шоирони тоҷик шавад, аммо дар шеъри шуарои Эрону Афғонистон ба ин хато дучор намеоем. Дар мисраъҳои:

 

Мо каҷ хиромидему раҳи ростон намонд. –

 

дар калимаи «хиромидему» ҳиҷои сеюм, ки «мӣ» аст, ёт дорад ва дароз аст, ки ба хато ба ҷои кӯтоҳ оварда шудааст.

Дар мисраи:

 

Гирдоби хун дар дили мо давр мезанад. –

 

Калимаи «хун» кашида, ба ҷои яку ним ҳиҷо оварда шудааст, ки дуруст нест, зеро ҳарфи «н» маъмулан кашида намешавад ва «хун» як ҳиҷои дароз аст, на якуним ҳиҷо.

Ду ғазали дигари М. Қаноат дар вазни муҷтаси мусаммани садр ибтидо ва ҳашвайн – махбун, арӯз ва зарб – маҳзуфи махбун мебошад, ки афоилу тафоилаш чунин аст.

 

V — V —      VV — —         V — V —        VV —

Мафоилун   фаилотун      мафоилун      фаилун

 

Ин аст байти матлаи ғазали аввали М. Қаноат:

 

Ба сӯи колбади деҳаҳо салом биё,

Ба хонаҳои даҳанвои мо калом биё.

 

Вале мисраи сеюм:

 

Деворҳо ба сӯи само лоба мекунанд.

 

аст, ки тамоман дар вазни дигар – музореи мусамман аст, ки ғазали пешин буд ва мисраи ҳафтум

 

Арвоҳи мо гадои фотеҳа бошанд кӯ ба кӯ

 

мебошад, ки дар ҳеҷ вазне нест. Дар ғазали дигари М. Қаноат, ки бо мисраи:

 

Ту лофи Ватан мезанӣ, тани ҷудои ман аст –

 

оғоз мешавад ва иборат аз чаҳор байт аст, дар чаҳор мисраъ – якум, панҷум, ҳафтум ва ҳаштум вазн хароб аст.

М. Қаноат аз китоби нахустинаш «Шарора» то китоби охиринаш «Аз бесутун то кунун», ки соли 1993 дар «Адиб» нашр шудааст, қариб дар ҳар шеъре, ки дар ин ду вазн навишта бошад, масалан, «Баҳор ва ҳусн», «Обшор», «Ёд» ва ғайра хатоҳои дурушт кардааст.

Дар ашъори Гулрухсор ҳам харобиҳои вазн кам нестанд. Солҳои охир онҳо, мутаассифона, бештар ва дағалтар мешаванд. Масалан, дар силсилаи шеърҳои «Дар китоби бодҳои сард» шеъри аввал, ки ба мисраъҳои

 

Дилам дигар барои ҳеҷ кас намесӯзад,

Ниҳоли сабзи танам,

Ба боғи пираҳанам

Зи ёди дастмоли ҳеҷ кас намеларзад.

 

оғоз мешавад, вазн дарҳам барҳам аст. Ҳамчунонки мебинед, мисраи аввал ва мисраъҳои дуюму сеюм дар вазнҳои гуногунанд. Дар саропои шеър ин омехтакорӣ ҳаст ва аз чаҳор мисраи комили он, ки, аз ҷумла

 

Низову фаҳшу риёе ниҳон нахоҳад монд

ё

Ба гӯри қотили худ машъале нахоҳад сӯхт –

 

ҳастанд, дармеёбем, ки ин ҳамон вазни муҷтаси мусаммани садр, ибтидо ва ҳашвайн – махбун, арӯз ва зарб – маҳзуфи махбун мебошад, ки шакли комили афоилу тафоилаш: Мафоилун фаилотун мафоилун фаилун ё фаълун аст. Дар шеъри «Одамшинос нестам, ман гулшиносам!» чандин вазн ба ҳам омехта, баъзе мисраъҳо умуман аз вазн берун ҳастанд, ки кас ба сарҳисобаш намеравад.

 

Дар ҳарами гуноҳи ман нақши фаришта,

Дар чамани савоби ман марзи накишта.

 

Муфтаилун мафоилун муфтаилун фаъ

 

Хоки маро кӯзагари кӯзашикаста,

Аз аламу аз ситаму ҳарза сиришта.

 

Муфтаилун муфтаилун муфтаилун фаъ

 

Бори ҳазор медиҳад санг тамосам,

Муфтаилун мафоилун муфтаилун фаъ

 

Одамшинос нестам – ман Гулшиносам!

 

Мустафъилун мафоилун мустафъилун фаъ

 

Дар шеъри «Барои несте, ки ҳаст» ва «Садри Зиё», ки дар ҳамон вазни музореъ аст, ки аз он суҳбат кардем, аммо дар онҳо ҳиҷои ҳаштум ки кӯтоҳ аст, дароз оварда шудааст.

Дар мавриди вазни музореи мусаммани садр ва ибтидо – ақраб, арӯз ва зарб – маҳзуф, ҳашвайн – макфуф.

— — V — V — V V — — V — V —

бояд қайд кард, ки дар баъзе шеърҳо ҳиҷои ҳаштум, ки кӯтоҳ аст, дар саросари шеър дароз оварда, вазне, ки дар арӯзи суннатӣ нест, ҳосил шудааст. Агар ин низом дар саросари шеър нигоҳ дошта шуда бошад, ҳарчанд ин гуна вазн нест, бенизомии вазнӣ пайдо намешавад ва зеҳни кас ба сакта барнамехӯрад.

Шеъри «Садбарги ёди ту»-и Гулрухсор дар ҳамин вазн гуфта шудааст:

 

Аз ман гузаштаӣ,

Вале бигзашта нагзарад

Бо марги ёди ту,

Вале сабзааст дар ҳаё,

Садбарги ёди ту.

 

Дар ин пора мисраъҳои шикаста ҳастанд, аммо асоси вазн ҳамон аст, ки гуфтам:

— — V — V — V — — — V — V —

Агар онро, фарзан, бо порчаҳои тараннумӣ бигӯем: Мафъӯлу фоилоту мафъӯлоту фоилун мешавад ва ё барои хушоҳангтар шуданаш ва ҳам барои он ки мисраъро дар ҳиҷои ҳаштум бештар мешикананд, бо афоилҳои: Мустафъилун мафоилун мустаъфилун фаал андоза кунем, муносибтар мешавад. Боз таъкид мекунам, ки ин гуна вазн нест ва ман ин афоилҳоро аз баҳрҳои гуногун ихтиёран овардам, ки танҳо савтиёти вазнии мисраъро ҳосил кунам.

Агар шоир ин вазнро дар саросари шеър нигоҳ дорад, онро ҳамчун вазни тозае шояд қабул кард ва эрод нагирифт ва агар аз бехабарӣ ба ҳам омезад, яъне дар мисрае дар ҳиҷои ҳаштум дароз ораду дар мисраи дигар кӯтоҳ номақбул аст, зеро ин ба ҷуз надонистани вазн чизи дигаре нест.

Ин харобкориҳои дағали вазнӣ буд. Баъзе шуаро, ки, мутаассифона, алифбои ниёкон ва бо он алифбо тарзи дурусти навишти калимаҳоро намедонанд, дар вазн хато мекунанд. Аксаран дар истифодаи калимаҳое, ки бо ӣ – дароз, ки дар хати ниёкон бо «ёт» навишта мешаванд, хато карда, онро ба ҷои ҳиҷои кӯтоҳ меоранд ва ё баръакс, калимаҳоеро, ки ӣ – дароз, «ёт» надоранд ба ҷои дароз меоранд.

Масалан, як силсилаи шеъри Ашӯр Сафар «Мо кӯри худу бинои мардум» ном дорад, ки як шеъраш ҳам ба ҳамин ном аст. Дар худи ном хатои вазн ҳаст, зеро калимаи бино, бо «ёт» навишта мешавад, ки ба маънои биниш, дидан буда, ҳиҷои дароз аст, на кӯтоҳ, агар «бӣ» кӯтоҳ хонда шавад, дар он ҳолат «бино» сохтмон аст, на биниш.

Хатои дигаре ки низ бисёр воқеъ мешавад, ҳиҷоеро ки «ёт» надорад, ба ҷои дароз истифода кардан аст. Масалан, дар ин байти Лоиқ:

 

Чу пушти панҷара, рафтӣ, яқин шуд,

Ки сими ту зи миси ман гарон аст. –

 

калимаи «миси» ки «ёт» надорад ва ҳиҷои аввалаш кӯтоҳ аст, ба ҷои дароз оварда шудааст.

Қисми дигари хатоҳо аз надонистани фарқи калимаҳое сар мезананд, ки «у» - «вов» навишта мешаванду тарзи гуногуни талаффуз доранд, ё баъзеашон дар алифбои сириллӣ бо «у» навишта шаванд ҳам дар навиштани ниёкон «вов» надоранд. Масалан, калимаи «хуш», ки дар алифбои ниёкон вов дорад, у-яш кӯтоҳаст, аз ин рӯ, «хуш», ки ҳиҷои баста аст, як ҳиҷои дароз аст, аммо «дур», ки ин ҳам «вов» дорад, у-яш дароз аст, аз ин рӯ, «дур» якуним ҳиҷост. Бинобар ин дар ин шеъри Гулрухсор:

 

Дунё ҳарами нур аст,

Хуршед гули сур аст.

Бар гушнаи адлу фазл,

Субҳонаи ман пур аст. –

 

«пур» бо «сур», ки «вов» дорад, ҳамвазн нест ва қофия ҳам намешавад, яъне хато ҳам дар вазн аст ҳам дар қофия.

Ё масалан, дар байти К. Насрулло:

 

Ашкҳое, ки ман аз дидаи худ мерезам,

Обҳоест, ки дар базми фараҳ хӯрдаам. –

 

дар калимаи «хӯрдаам» ҳиҷои аввал, ҳарчанд «вов» дорад, аммо кашида намешавад, ки онро шоир ба хато кашида якуним ҳиҷо кардааст.

Ё дар ғазали Бобо Ҳоҷӣ «Шарм медорам»:

 

Ман аз кирдори як тоифа мардум шарм медорам,

Ки худро кардаанд аз шарм маҳрум, шарм медорам.–

 

калимаҳои маҳрум, маъдум, бум (яъне чуғз) у-и дароз доранд, ки якуним ҳиҷо буда, дар вазн ҷо надоранд. Ба ғайр аз ин дар калимаи тоифа ҳам «и» ҳиҷои кӯтоҳ аст, ки шоир ба он нодуруст зада гузошта, ба ҷои дароз овардааст.

Суханро дар ин бора мухтасар мекунам, зеро бовар дорам, ҳамаи мо хуб медонем, ки шеър бояд хурдтарин нуқс ҳам надошта бошад, ҳол он ки харобии вазн айби хурд нест.

Ман аз нуқсҳои фаннии шеър, ки дар ин чаҳор – панҷ соли охир сахт ба чашм мехӯрданд, аз нуқси вазн махсус суҳбат кардам, вале, мутаассифона, шеъри мо дар услуб, асолат, балоғат ва таносуби сухан, захираи луғат, истифодаи санъатҳои маънавию лафзӣ низ норасоиҳо дорад, ки интиқоди онҳоро ба мавриди дигар вомегузорам.

Ашъоре, ки дар ин солҳо ба чоп расиданд, ба ман имкон доданд, ки дар бораи равандҳои иҷтимоӣ, маънавӣ, тасвиргароёна ва ашъори суннатию навпардозона мухтасаран сухан гӯям. Агар ман гоҳо аз шуаро сахттар интиқод карда бошам, танҳо ба хотири муҳаббатест, ки ба шеърашон дорам ва агар ин нуқсонро имрӯз ман ва ё каси дигаре нагӯяд, ин чунин маъно надорад, ки он нуқсҳо нестанд ва имрӯз ё фардо касе аз он интиқод нахоҳад кард. Ҳар шеър, ки ба умеди мондагорӣ навишта мешавад, интиқод ва истиқболаш ҳам ҷовидонист. Пас, он беҳтар нест, ки мо имрӯз нуқсҳои худро ба ҳамдигар бинамоем, то фардо, ки агар девони мо ба ояндагон бимонад, беайб ва ё ақаллан камайбтар бошад. Ҳоло агар ба худамон интиқод кунанд, фардо ба рӯҳи мо интиқод хоҳанд кард, пас, оё хубтар нест, ки имрӯз худ ҳамдигарро интиқод кунем, то фардоиён рӯҳи моро истиқбол кунанд.

Агар мо ба савобу гуноҳи ҳамдигар нарасем, агар қатраи худро барои пок ба дарёи ҷовидони шеър расонидан ба ҳамдигар мадад накунем, чӣ кори савобтари дигаре карданамон мумкин аст.

Ҳамчунонки Мирзо Бедил мегӯяд:

 

Дарёест қатрае, ки ба дарё расидааст,

Ҷуз мо каси дигар натавонад ба мо расид.

Соли 1996

 

[1] Маърӯза дар маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон