Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Шеър кори дил аст. Дили солим ҳар дақиқа 70-80 маротиба мезанад. Аммо кори дили солим ҳам ба як тарз нест. Агар он ҳангоми осудагӣ дар як дақиқа чаҳор литр хунро кашида, бо даври калони гардиш ба рагҳо фиристад, дар ҳолати шадидтарини кораш метавонад дар як дақиқа чиҳил литр хунро ба рагҳо бифиристад. Асарҳое, ки аҳамияти калони маънавию ахлоқӣ доранд, маҳсули ҳамин гуна кори шадиди дил ҳастанд. Ва маҳз ҳамон асарҳо, ки барои онҳо дил бо ин қадар шиддат кор кардааст, дар рӯзгори маънавии мо мақоме дошта, зинда ва бо зиндагӣ буда метавонанд.
Мақсади зиндагии мо сохтани ҷамъияти навест, сохтани он аз сохтани инсони нав сар мешавад. Бунёдкори ҷамъияти нав бо сохтмони он ба камол мерасад.
Бо инкишофи ҷомеа мақоми ҳар шахс, саҳми шахсии ӯ дар зиндагии иҷтимоӣ муҳим мешавад. Ҷамъият ҳар қадар инкишоф ёбад, он рӯз то рӯз ҳамон қадар ба саҳми ҳар кас бештар вобаста мегардад, яъне саҳми ҳар фард дар кори ҷомеа меафзояд. Дар ин ҳолат талабот ба камолоти маънавию ахлоқии инсон аз муҳимтарин масъалаҳои ҷамъият ба ҳисоб меояд.
Дар адабиёт ҳеҷ мавзӯе нест, ки дар ҳалли он аз моҳияти маънавию ахлоқияш сарфи назар карда шавад. Агар мавзӯи асар ба монанди дарахти сершоху барг бошад, моҳияти маънавию ахлоқии он шабеҳи решаҳоест, ки дар зери замин баробари дарозиву бисёрии шохаҳо давида, ба замми он, боиси ҳастӣ ва сабзиши онҳо гаштааст. Амиқ рафтани решаҳо сабаби баланд шудани шохаҳост. Ҳамин тавр дар адабиёт ҳам. Адибе, ки дар ҷустуҷӯ ва тадқиқи масъалаҳои маънавию ахлоқӣ ҳар қадар амиқ меравад, оҳанги замонӣ ва иҷтимоии эҷодиёташ ҳамон қадар баландтар садо медиҳад. Оҳанги замонӣ ва иҷтимоӣ пайдо кардани асар бо чигунагии ҳалли масъалаҳои маънавию ахлоқӣ сахт вобаста аст. Маънавиёту ахлоқ бо вуҷуди аз сарчашмаҳои ҷовидонии ҳастии инсон об хӯрданашон чизҳои бо замон пайваста ва иҷтимоиянд. Бинобар ин, мафҳумҳое, ки мо имрӯз ба кор мебарем, ба монанди ахлоқи замон ва ахлоқи иҷтимоӣ мафҳумҳои комилан воқеӣ ҳастанд. Меъёри ягонаи баҳои мо ба фаъолияти инсони имрӯза меъёри маънавиёту ахлоқи умумибашарӣ мебошад.
Хонандагон асари бадеӣ, шеър ё достонеро хонда, ҳикмати ахлоқии онро барои худ кашф мекунанд ва ин чиз онҳоро хубтару беҳтар месозад, дар ташаккули инсонияшон ёрӣ мекунад. Дар шеъри ҳазорсолаи тоҷику форс тарғиби ахлоқи ҳамида анъанаи қавӣ дошт. Ҳамаи ҷиҳати фаъолияти инсон ба меъёри ахлоқи ҳамида санҷида мешуд. Асарҳои оламшумуле, аз қабили «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ офарида шуда буданд, ки ба табақоти гуногуни ҷамъият, ба мардуми синну солашон гуногун ахлоқи муносиб ва зебандаро дар зимни ҳикояҳои дилчасп, ҳикматҳои амиқ тарғиб мекарданд. Мавзӯъ ва мундариҷаи ин қабил асарҳо ҷиҳатҳои гуногуни маънавиёт ва ахлоқ буд. Ё тамоюли ирсоли масалро дар шеъри классик бигирем. Гуфтани ҳикмати образноке яке аз талаботи асосии он буд, ки тарбияи маънавиёт ва ахлоқро дар назар дошт.
Шеър ин ё он ҷиҳати зиндагӣ ва ё фаъолияти инсонро тасвиру ифода карда, онҳоро ба тарзи бадеӣ хулоса мекунад. Он қудрате дорад ба ниҳонхонаи дилу нияти инсон роҳ ҷуста, онро во намояд ва бо меъёри садоқат ба ахлоқи инсонӣ бисанҷад, ки ин кор аз дасти ҳеҷ додгустарие намеояд. Ва он ҳукму хулосаи бадеӣ ҳамеша ҳаққонист. Мисолҳояш шеъру достонҳои ба Шарқ ва имрӯзи мо бахшидаи устодон М. Турсунзода, М. Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, А.Шукӯҳӣ ва асарҳои шоирони дигаре, ки дар айни камолоти эҷодӣ мебошанд, ба монанди М. Қаноат, Лоиқ, Ғаффор Мирзо, Қутбӣ Киром, Гулчеҳра, Бозор Собир ва дигарон.
Ҷустуҷӯйҳои маънавию ахлоқӣ на фақат ба асарҳои замонӣ тааллуқ доранд, онҳо асарҳои таърихӣ ва таърихию инқилобиро низ фаро гирифтаанд. Ба ақидаи ман, яке аз сабабҳои дар замони ҳозира афзудани иштиёқ ба мавзӯъҳои таърих маҳсули маҳз ҳамин ҷустуҷӯйҳои маънавию ахлоқии адабиёт мебошад. Дар симои шахсиятҳои дурахшони гузашта арзишҳои инсонӣ – ахлоқи нек, ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, меҳру вафо, дӯстию рафоқат, ҷавонмардию саховат ва аз қабили онҳо бештар аз ҳама намудоранд. Адабиёт онҳоро маҳз бо ҳамин сифатҳояшон ба хизмати замони мо мекашад. Фазилатҳои онҳо олами фазилатҳои инсони замони моро бойтар, рангинтар, пурмаънотар мекунанд.
Ба қалам омадани достонҳои таърихии «Гавҳораи Сино»-и М. Қаноат ва «Исёни хирад»-и М. Миршакар маҳсули ҷустуҷӯҳои маънавию ахлоқии шеъри муосир буда, кӯшиши он мебошанд, ки ба ҳамин талаботи рӯзафзуни ахлоқии ҷамъият ҷавоб гӯянд. Аз рӯи сабки ҳамоса эҷод шудани ҳар дуи ин достон ҳам бесабаб нест, ҳарчанд дар ин ду достон маҳалли бештари фаъолият олами дил, ахлоқу маънавиёт аст, яъне зиддиятҳо, муборизаҳои маънавию ахлоқӣ нисбат ба ҳодисоту воқеоти олами хориҷ бисёртар ва муҳимтар ҳастанд.
Ибни Сино ва Носири Хусрав шахсиятҳои таърихие мебошанд, ки нақшашон дар маданияти маънавию ахлоқии инсоният бузург аст ва ин мавриди таҳқиқи достонҳо шуд. Тарзи воқеанигоронаи тасвир, яъне ҳамосӣ, вазифаи во намудани муборизаи ахлоқии қаҳрамононро ба ҷо оварда, гӯиё бори дигар таъкид мекунад, ки ин муборизаи онҳо бе бардорҳои лирикӣ ҳам бузург аст ва худ метавонад вазифаи муҳими тарбиявиро ба ҷо биёрад.
Ҷустуҷӯ ва муборизаи маънавию ахлоқӣ дар достони «Гаҳвораи Сино» махсусан, қавист. Фаъолияти тибби амалии Ибни Сино давоми таълимоти маънавию ахлоқии ӯ мешавад ва ё бараъкс, амалаш хайрияти таълимоташро ба инсоният собит мекунад. Зоҳиру ботини ҳаким аз ҳамин ду ҷиҳат мунаввар мешавад. М. Қаноат зимни тадқиқоти муборизаи неку бад, хираду ҷаҳолат ҳамеша зиддиятҳои иҷтимоӣ, зиддиятҳои табақотии ҷамъияти феодалиро дар назар дорад, ки ба ин восита мансубияти ахлоқи иҷтимоӣ, тафовути зотии ахлоқи халқро аз табақаҳои истисморгари ҳоким аён нишон медиҳад. Ибни Сино аз муборизаи худ бо шоҳ Султон Маҳмуди Ғазнавӣ чунин мегӯяд:
Вале шоҳ хоҳад аз он хокдон,
Барорад зи бун тухми деҳқон ба дон.
Надонад, ки як дона сад дон шудаст,
Ки як ҷони равшан дусад ҷон шудаст.
Ки ҳар ҷон, ки равшан шуд аз ин чароғ,
Сиёҳӣ нагирад зи дуди димоғ.
Ҳама амри ӯ зидди амри ман аст,
На танҳо ба ман, бо фанам душман аст.
Дар ин достон Султон Маҳмуд манбаи рӯ задани ахлоқи фосид, зӯрию тааддӣ, адолатношиносӣ, ғоратгарист, ки табақоти истилогар доштанд.
Адабиёт таърихро ба хизмати замон мерасонад ва ин тамоюл ҳоло дар тамоми адабиёти нав ба назар меояд. Яке аз хусусиятҳои ин тамоюл он аст, ки он ба шахсиятҳои бузурги маданию маънавии таърих рӯ меоварад. Дар ин ҷо як муқоисаи аҷиб кардан мумкин аст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ адабиёт бисёр бо аҷала қаҳрамонҳои таърихро ба саҳна кашид, онҳоро мавриди тадқиқу таҳқиқ қарор дод, дар мисоли қаҳрамониҳои онҳо ҳисси ватандӯстию ватанхоҳиро ба таҳрик овард. Инҳо асарҳои устодон: С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода буданд, ки аз корномаҳои Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигар қаҳрамонҳои таърих ҳикоя мекарданд. Ин қонеъ кунонидани эҳтиёҷи азими замон буд. Ҳоло адабиёт бештар шахсиятҳои бузурги маданию маънавӣ – олимон, шоирон, ҳакимон, санъатварони гузаштаро ба тасвир мекашад, ки онҳо тимсоли покии ахлоқ ва маънавиёти олӣ мебошанд. Ин гуна асарҳо, романҳои манзум, повесту достонҳо дар адабиётҳои рус (масалан, романи В. Орлов дар бораи Блок «Ҳумоюн», достони А. Вознесенский «Устоҳо»), назди Балтик (романи Ян Калнин «Райнис» ва достони Ояр Вациетис «Эйнштениада»), украин (достони лирикии Иван Драч дар бораи Шевченко), молдаван (повести Ион Друтсе дар бораи Лев Толстой «Бозгашт ба нуқтаи аввал»), Осиёи Миёна ва Қазоқистон (достонҳои М. Қаноат «Гаҳвораи Сино» ва М. Миршакар «Исёни хирад», романи Одил Ёқубов «Ганҷинаи Улуғбек», повести Анвар Олимҷонов «Тири Муҳаммад») ва бисёр дигарҳо ҳодисаи тасодуфӣ нестанд. Инҳо аломати сахт афзудани эҳтиёҷи маънавии ҷамъиятанд, ки адабиёт барои қонеъ кунонидани он ба таърих рӯ овардааст.
Сабақи таърих ахлоқию маънавист, бинобар ин ҳангоми ёфтани калид ба махзани таърих он ба эҳтиёҷоти муҳими рӯз мехӯрад. Ба ин маънӣ асарҳои Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, ки дар мавзӯи таърих ва таърихию инқилобӣ ҳастанд, ба муҳимтарин ниёзҳои замон ҷавоб мегӯянд. Аз ин ҷо на фақат муборизаи шахсиятҳои таърихӣ барои пирӯзии некӣ бар бадӣ, адолат бар разолат, хирад ба ҷаҳолат ва тарғиби ватандӯстӣ, халқпарварӣ, ҷавонмардӣ барин фазилатҳо барои ташаккули ахлоқи замон зарур ҳастанд, балки аз онҳо ба имрӯз риштаи пайванд ҳам кашидан мумкин аст. Ҳамчунонки ин корро Лоиқ дар силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома» ба ҷо оварда, ба воситаи ёд овардани сабақи таърих аз нигаҳбонии осоиш ва сулҳу амонии имрӯз сухан мегӯяд.
Гарчи Заҳҳок бувад баста ба кӯҳ,
Гарчи ақл аст кунун гетифурӯз.
Анқариб аст шавад тӯъмаи мор
Писари ҳаждаҳуми Кова ҳанӯз.
Коваи досгару чаккушсоз
Оҳанеро паи қатле нагудохт.
Лек то ҳаст ниҳеби Заҳҳок,
Ханҷару гурзи гарон хоҳад сохт!
Ин ҷо зуҳури башардӯстии воқеӣ ва фаъол аст. Дар замони пуртӯфон ва саросар мусаллаҳи мо бо иқдомоти патсифистӣ гуманизмро ҳимоя карда намешавад. Ҳамин тавр, замон ба арзишҳои инсонӣ ва мақулаҳои ахлоқӣ тобишҳои тоза ба тоза медиҳад ва шеърро ҳам зарур аст, ки ҳангоми таваҷҷуҳаш ба мавзӯъҳои ҷовидонии адабиёт – ҳаёту мамот, ишқу муҳаббат, рафоқату садоқат ва монанди инҳо ҷилваҳои нави онҳоро ифода намояд.
Таърих, забон ва маданият арзишҳоеанд, ки халқ дар давоми асрҳо ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз мекунад, гиромӣ медорад ва чигунагии муносибати ҳар насл ба онҳо аз дараҷаи камолоти маънавию ахлоқии он шаҳодат медиҳад. Муносибати дилсӯзона ба ин гуна арзишҳои инсонӣ аломати инкишоф ва камолоти ҷамъият аст. Маҳз бо ҳамин сабаб дар шеъри муосир ва махсусан, дар эҷодиёти М. Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Гулназар таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъҳо бештар шудааст. Онҳо гӯё дараҷаи маънавиёти қаҳрамони ғиноии худро ба воситаи чигунагии муносибаташ ба ин гуна арзишҳо месанҷанд. Дар ашъори Бозор Собир ин арзишҳо аксаран ҳаммаънои Ватан ба назар мерасанд, ки дар шеъри «Забони Ватан»-и ӯ мехонем:
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан...
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад ватандор аст ӯ,
То забондор аст бисёр аст ӯ.
Аз ин қабил ашъори ӯ, чун «Бухоро», «Шаҳри осӣ», «Теғи Сино» махсусан, шеъри «Муҷассамаи Айнӣ» пурмаънист. Бозор Собир устод Айниро маҳз чун меросдор ва эҳёгари илм, маданият ва таърихи бузурги халқи тоҷик, чун шахсияте ба тасвир кашидааст, ки ҳамаи он арзишҳои офаридаи халқро дар худ таҷассум кардааст. Услуби муҳташами шеър, лангари сухан, пурборӣ ва тасвирҳои серпаҳлу аҳамияти беандозаи пайдоиши Айниро дар таърихи навини халқ барҷаста нишон медиҳанд.
Ҷустуҷӯйҳои маънавию ахлоқӣ, албатта, на фақат дар мавзӯъҳои таърих ва ё дар муносибати қаҳрамони ғиноӣ ба арзишҳои инсонӣ, ки аз чандтои онҳо сухан рафт, зоҳир мешаванд, балки муҳити онҳо чун зиндагӣ беканор ва зуҳурашон низ гуногун мебошад.
Фарохтар кардан ва амиқтар бурдани эҳсосоти шаҳрвандӣ яке аз самтҳои асосист дар ҷустуҷӯйҳои маънавию ахлоқии шеъри муосир. Чанд сол пештар дар матбуоти тоҷик бо мақолаи Абдунабӣ Сатторов дар бораи рӯҳи граждании шеър мубоҳисае барпо гашта, дар ин бора фикрҳои бисёре гуфта шуда буданд. Вале, маълум аст, ки ин масъалаи муваққатии шеър нест (шеър умуман масъалаи муваққатӣ надорад), балки масъалаи доимӣ ва асосии шеър мебошад. Яке аз сабабҳои боз ҳам муҳимтар шудани ин масъала дар он аст, ки воситаҳои тарғиботии буржуазӣ ҳоло махсусан, бо тамоми қувва мекӯшанд, ки инсонро аз эҳсосоти шаҳрвандӣ аз фаъолиятмандии иҷтимоӣ рӯгардон кунанд ва ӯро дар ҳалқаи ҳиссиётҳои маҳдуди худӣ нигоҳ доранд. Ба ҳамин мақсад онҳо шахсони худхоҳу худбин, одамони дар яъсу ноумедӣ гирифтор ва ё фақат айшу ишратпарастонро қаҳрамони марказии адабиёту санъат мекунанд, ки диққати мардумро аз масъалаҳои муҳими ҷамъият дур баранд. Ин дар сурудани таассуроти ҷудогонаи ба ҷамъият беалоқа, ҳиссиётҳои нафсонӣ, бегонагии шоир аз мардум зоҳир мешавад.
Пурқувватии эҳсосоти шаҳрвандӣ аломати камолоти шеър аст. Вай аз он шаҳодат медиҳад, ки шеър ба фаъолияти иҷтимоӣ пайваста, ба масъалаҳое рӯй овардааст, ки дар маркази назари ҷомеа ҳастанд. Ба ин маънӣ кори шоирон Ғаффор Мирзо, Қутбӣ Киром, Мастон, Ҳалимшо, Сайдалӣ Маъмур шоистаи қайд кардан аст. Онҳо бештар ба мавзӯъҳое даст мезананд, ки дар онҳо нақши бунёдкории халқ, мақоми инсони эҷодкор, коргар, бинокор, роҳсоз, барҷаста ба назар мерасад.
Бешубҳа, мавзӯи асар ин ҳоло фақат як ҷиҳати масъала аст ва ҷиҳати муҳимтаринаш, ки онро дархӯри адабиёт мекунад, шеъри мавзӯъро кашф кардан аст. Вагарна ҳамаи мақсадҳои накӯ ва манфиатнок дар қолаби мисраъҳои низомнок амалӣ нашуда мемонад ва сафи ашъори каммазмунро афзуда, шавқи мардумро аз шеър мекоҳонад ва дар ин ҳолат ҳеҷ санаду бурҳоне, ки ин шеър ва ё достон ба мавзӯи иҷтимоӣ ва ё таассуроти шаҳрвандӣ бахшида шудааст, ёрӣ намекунад.
Шеъри оҳангҳои шаҳрвандӣ аз ҷиҳати санъат ва маҳорат бояд бисёр баланд бошад. Мутаассифона, баъзан чунин суханҳое ба гӯш мерасанд, ки ин ё он шеър ва ё достон аз назари шеърият баланд набошад ҳам, дар мавзӯи иҷтимоӣ гуфта шуда, оҳанги шаҳрвандӣ дорад ва аз ҳамин рӯ қобили қабул аст. Аммо ин чӣ тавр мешавад? Вақте ки шоир дар бораи таассуроти шахсӣ аз ишқу ошиқӣ ва монанди онҳо сухан мегӯяд, санъати баланд зарур мешудааст, вақте ки ӯ аз мавзӯе сухан мегӯяд, ки он барои тамоми халқ ва ҷомеа муҳим аст, аз маҳорат ва шеърияти олӣ қатъи назар кардан мумкин будааст. Магар бо муҳимии мавзӯъ талабот аз шеърияти асар баландтар нашуда, пасттар мешавад? Магар мо ҳақ дорем, ки гаронбаҳотарин эҳсоси инсони муосир – эҳсоси шаҳрвандии ӯро дар қолаби асарҳои нобадеъ, пастсифат манзури хонандагон кунем? Зарур аст, ки ба ин гуна суханҳои савдогарона хотима дода, аз аҳамияти асар ба адабиёт сухан гуфта шавад. Ҳар асари бадеӣ танҳо моли адабиёт буда, ба халқ ва ҷамъият хизмат карданаш мумкин аст.
Солҳои охир шоирони тоҷик дар ин мавзӯъ шеърҳои хуб гуфтанд. Махсусан, кӯшиши пайвастаи Қутбӣ Киром барои тадқиқи шоиронаи ҳаёти деҳот, онҳое, ки аз кӯҳстони бобоӣ кӯч баста, ба водиҳо фуромаданд ва хирманҳои пахтаро ҳамсари қуллаҳо карданд, назаррас аст. Дар силсилаи «Дафтари Яғноб»-и Қутбӣ Киром, ки саҳнаҳое аз кӯчидани яғонобиён ба Мирзочӯл ба тасвир меояд, аҳамияти бузурги иҷтимоии он пайдост ва тозагие, ки дар олами маъавию ахлоқии кӯҳистониён ба амал мепайвандад, ҳис карда мешавад. Аз ин силсила шеърҳои «Эҳсос», «Рӯҷӯи яғнобиписар», «Модар» ва «Холиқи гулбур» бо тозагии эҳсосот ва таассурот шоистаи таваҷҷуҳанд, ҳарчанд дар онҳо ҷо-ҷо ноҷӯрии лафзу маънӣ ба назар мерасад.
Масалан, шеъри бисёр мароқангези «Модар», ки аз дигар шудани гуфтору рафтор ва олами зани аз кӯҳ ба водӣ фуромада, ба як зарофати хоса сухан мегӯяд, андаке тафсилот ва ҷамъбасти фарохтаре мехоҳад. Аз ин шеърҳо «Холиқи гулбур» як саҳнаи бисёр муҳими ҳаёти деҳот, муборизаро барои ҳифзи сиҳат дар солҳои сиюм тасвир мекунад. Ин шеър мақсадро дар зимни тасвири меҳнати як нафар, мушкилиҳо, чӣ гуна ба мақсад ноил шудани вай хотирнишин ба қалам мекашад. Холиқи гулбур - таҷассуми характери халқӣ ба назар мерасад, дар ӯ ҳозирҷавобӣ, зарофатгӯӣ, дар мушкилтарин ҳолат чорасоз будан барин сифатҳо падидор аст. Ин шеър дарёфти Қутбӣ Киром аст. Шеъри «Холиқи гулбур» суҷетнок мебошад ва аз он иқтибоси хурд кардан мушкил аст. Масалан, яке аз саҳнаҳои кори гулбур чунин тасвир мешавад, ки ҳолати хавфнок ва пуртаҳлукаи ӯро тоза ва таъсирбахш ба қалам мекашад ва махсусан, байти охираш қиёси хубе дорад.
Хест Гулбур, лаби боме омад,
Нола андохт ба дигар тадбир.
Бо ду байте, ки барангезад рашк,
Сӯи ҳар хона равон кард ӯ тир:
... Сабзиназанак, аз шӯт бурою мана гир,
Бовар ту макун, дигар ба ҳарфи тақдир...
Айни хонандагӣ, авҷи овоз,
Ҳамчу як пардаи роз,
Ҳама дарҳо шуда боз,
Аз даре ханҷари буррон омад,
Аз даре шӯълаи сӯзони ғазаб,
Аз даре шубҳаю шак, тарсу гумон,
Аз даре чашми тамошойталаб.
Ба дами гарми сухан бархӯрда,
Ханҷар афтод зи каф, шӯъла нишаст.
Шубҳаю тарсу гумон об шуданд,
Гардани қуллаи мағрур шикаст.
Теғ дар дасти батоби духтур
Дод дар партави хуршед ҷило.
Остинҳо зада бар бигзаштанд
Ҳама аз аср ба асре гӯё.
Дар охирин маҷмӯаи шоир «Ҷонфидо», ки ин шеърҳо аз он буданд, ба ғайр аз инҳо дар қисмати «Ҷавлонгаҳи барқ» боз шеърҳои хуб чун «Коммунист Салимов», «Зинда бош, эй Одам», «Ман номабари шодӣ» ҳастанд, ки дар онҳо мавқеи назари шоир тоза, ҳиссиёташ пуртаъсир ва ифодааш тароватнок мебошад. Дар яке аз шеърҳои ин қисмати маҷмӯа – «Деҳқони пир» Қутбӣ Киром ба деҳқон муроҷиат карда, ту лаззати минбарнишинӣ, зинсаворӣ, умуман талхию ширинии зиндагиро чашидӣ ва ҳамчунин «ҳарфи сахти дӯстдорон»-ро шунидӣ мегӯяд. Акнун ҳарфи сахти дӯстдоронро шунидан ба худи Қутбӣ Киром ҳам лозим меояд. Сухан аз достони ӯ «Посбони мақбара» аст. Ҳарчанд ӯ дар оғози достон «аз нагбати ношоирон, касрати тироварон, даҳшати худбоварон» амон хостааст, аммо ӯ аз ҳарфи сахти дӯстдорон амон нахостааст, бинобар ин мо суханонамонро дар ин бора мегӯем.
Мавзӯи ин достон аз деҳот аст. Бачаи деҳотӣ Даврон ба хизмати ҳарбӣ меравад ва ӯ шарафёб мешавад, ки посбони мақбараи Ленин гардад, ки дар замони Шӯравӣ тимсоли номуси аҳли башар буд. Чӣ тавре ки мебинед, дар худи воқеа шеъри бузурги зиндагии он замон ҳаст ва шоир имкон дорад, ки муҳимтарин ҳодисаҳои замонро аз назари бачаи деҳотӣ бубинад, ба ҷодаи андешаву таҳқиқ бикашад. Шоир метавонад, ки аз пойгоҳи мақбараи Ленин дар бораи башарият бо вусъати ҷаҳонӣ сухан гӯяд. Аммо ӯ як олам майдачӯйдаҳоро, ки ба мақсади асосии достон ҳеҷ муносибате надоранд, аз додою бобои Даврон сар карда, то гапу гапчаҳои ҳамгузарҳо ҳикоя мекунад. Тасаввур кунед, ки шоир ба мақсади асосӣ – нишон додани Даврон дар пойгоҳи мақбара танҳо дар саҳифаи 61 достон мерасад ва достон пас аз 6 саҳифаи дигар тамом мешавад. Худи ҳамин таносуб аллакай шаҳодати он аст, ки устухонбандии достон нодуруст андешида шудааст, вай барои мақсадро барҷаста нишон додан хизмат накарда, онро дар зери воқеаҳои нозарур мононда аз назарҳо дур кардааст.
Ин достон сахттарин носозгории нияти шоир ва тарзи амалӣ кардани он мебошад. Қутбӣ Киром чунин як мавзӯи муҳимро пайдо кард, ки дар он бо тамоми ҳиссиёти пурҷӯши шаҳрвандӣ сухан гуфтанаш мумкин буд, аммо, мутаассифона, ба ин мақсад ноил нашуд. Шоири рус Роберт Рождественский дар айни ҳамин мавзӯъ достоне бо номи «210 қадам» гуфт. Акси садои 210 қадами посбоне, ки аз дарвозаи Кремл то остонаи мақбара меояд, то кайҳон, то таърих, то фардо, то дуртарин гӯшаи дунё мерасад. Ин достон писанди умум гашт ва бо Ҷоизаи давлатии ИҶШ қадр карда шуд.
Мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва махсусан, мавзӯъҳое, ба монанди сохтмон, бинокорӣ, ҳаёти коргарӣ, колхозӣ, яъне мавзӯъҳое, ки дар онҳо қувваи дигарсозии инсони бунёдкор бисёр ҳам барҷаста аст, бештар имкон медиҳанд, ки маънавиёт ва ахлоқи фаъол ҳаматарафа нишон дода шаванд. Ҳар сохтмон, ҳар бунёдкорӣ дар ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии инсони бинокори худ нақши назаррас гузошта, ӯро дар тобоварӣ ва судмандияш барои ҷамъият месанҷад. Аз ин рӯ, арсагоҳи кор арсагоҳи маънавиёт ва ахлоқ низ ҳаст.
Шоирон: Ғаффор Мирзо, Мастон, Ҳалимшо, Саидалӣ Маъмур, Ашӯр Сафар пайваста мекӯшанд, аз таассуроти ҳамин гуна диловарони арсагоҳи кор шеър гӯянд ва ё таассуроти худро аз кори онҳо бозгӯ кунанд. Шоирон: Мастон, Мавҷуда ва Камол Насрулло паз аз сафар ба сохтмони роҳи оҳани Байкалу Амур дар бораи роҳсозон силсилаи шеърҳо гуфтанд. Дар силсилаҳои онҳо пораҳо ва баъзан шерҳои хуб ҳам ҳастанд. Шоири ҷавон Камол Насрулло бештар кӯшиш кардааст, ки бевосита аз худи арсаи кор, аз роҳсозон, аз зиндагии онҳо шеър гӯяд. Мастон ҳам дар ду шеъраш «Нақшаи ленинӣ» ва «Ҷавонӣ» гармии кори роҳсозон, романтикаи ҷавонӣ ва бунёдкоронро нишон дода тавонистааст. Ӯ дар яке аз рубоиҳояш, ки дар бораи ин сохтмон аст, чунин мегӯяд:
Ин роҳ магар, ки пештар аз беша,
Ҳамчун раги худ ҳамегузашт аз дили мо. –
аммо, мутаассифона, дар аксари шеърҳои дигари чи шоирони баркамол ва чи ҷавон хуни гарми роҳсозон дар раги мисраъҳо ҷорӣ нест. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо дар паси ҷангал арсагоҳи кор, баҳодурони меҳнатро дида натавониста, ба сурудани ҷангалу дарёву теппа машғул шудаанд. Шоирон на таассуроти тозаашонро аз ин сохтмон, балки таассуроти пешинаи худро вобаста ба сохтмон сурудаанд, ки дар ин ҳолат кашфиёти тозаи бадеие кардан муҳол аст.
Сохтмони Норак, ки доимо мавқеи нигоҳи шоирони мо буд, мавзӯи ашъори бисёре шудааст. Пурра ба кор даромадани он воқеаи муҳиме дар зиндагии мост ва ба ин муносибат Лоиқ «Балладаи офтоби Норак»-ро гуфта, ин боргоҳи нур ва мардони нурофаринро бо суханҳои тоза ва образҳои тароватбахш ситоиш кард. Аммо дигаргунии бузурге, ки Норак дар ҷаҳони бунёдкорони худ ворид кард, аз деҳқон коргар ва аз коргар қаҳрамон сохт, дар назми солҳои охир ба андозаи кофӣ инъикос нашуд. Ин ҷараёни муҳими инсонсоз ба охир нарасида, дар онҳое, ки аз Норак ба Роғун кӯч бастанд, давом дорад. Шоирони моро ҳоло имкон ҳаст, ки ба он бунёдкорон рӯ биёранд ва дар мисоли сохтмон бунёди маънавиёт ва ахлоқи тозаи замонро ба тасвир бикашанд.
Ҳиссиёти ватанпарварӣ ва интернатсионалии инсони муосир қавист, бинои ахлоқии вай бар ин пояҳои бобақо устувор аст. Эҳсоси ватанпарварӣ дар шеъри солҳои охир асосан дар ҳифзи Ватан, посдории хотираи шаҳидони ҷанг, меҳнати мардуми ақибгоҳ дар он солҳо ба қалам кашида шуд. Шоирони насли ҷангии мо А. Қаҳҳорӣ. М. Фарҳат аз таассуроти бевосита ва зиндаи худ аз майдони ҷанг шеърҳо гуфтанд, ки ба эътибори ҳаққонияташон шоистаи таваҷҷуҳ ҳастанд. Қутбӣ Киром ба олами онҳое, ки дар ақибгоҳ корзор доштанд, чашм дӯхтааст. Ӯ дар ин ҷабҳа кӯшиши ҳамешагӣ дорад. Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Ҳабибулло Файзулло, Ҳақназар Ғоиб, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Ҷамолиддин Каримзода аз эҳсосоти бачаи замони ҷанг, аз падарон ва бародарон, аз ҷанговарони ҳамсоли шаҳиди худ шеъру силсилаҳо гуфтанд. Дар ин номгӯ он чиз муҳим аст, ки ҳама, аз шоирони калонсол то ҷавонтарин, мавзӯи дарднок ва муқаддас – ватанпарварии ҷанговаронро пеши назар доранд. Ин худ як аломати пурқувватии ҷараёни маънавию ахлоқист дар шеър. Ҳоло ин мавзӯъ эҳсосоти тозае мехоҳад. Пас аз асаре, ба монанди «Сурӯши Сталинград»-и Муъмин Қаноат, ки инсонро дар муҳити ҷанг бо назари фалсафӣ дида, бақои пояҳои инсонии ӯро дар лаҳзаҳои сахттарин нишон дода, ҳиссиёти ватанпарвариро дар зуҳури олияш – ҷоннисорӣ тасвир кардааст, дар ин мавзӯъ бе нигоҳи амиқи фалсафӣ ва шоирона тозагие ворид кардан душвор мебошад. Ин чиз дар баъзе шеърҳо ҳаст. Масалан, вақте ки қаҳрамони «Суруди хайрбод»-и Лоиқ дар охирин лаҳзаи ҷоннисориаш «Ҷомаи домодии манро ту пӯш, эй додарам!» мегӯяд, ин табу тоби олии ахлоқию маънавӣ, парвози дарднок ва баланди одамият аст.
Ва ё Бозор Собир дар шеъри «Сарбоз» маъюби ҷангро бо муҳаббати бадард тасвир карда, дар охир чунин менависад:
Асои раҳбараш аз роҳи шаҳр ӯро
Гумон кардам,
Ба роҳи безаволӣ раҳбарӣ мекард...
Дар ин раҳ буд ӯ якто,
Ба пои чӯбиаш мерафт пеш аз мо.
Ин нигоҳи тоза аст. Баъзе шеърҳои дар ин мавзӯъ гуфтаи Қутбӣ Киром, Ҳабибулло Файзулло, Гулназар аз ҳамин гуна тозагии нигоҳ баҳра бурдаанд.
Ақибгоҳ ба онҳое, ки фоҷиаи ҷангро дар ҷони худ ҳис кардаанд, мавзӯи тасвири як силсила шеърҳо мебошад. Аз онҳо шеъри «Раис»-и Муъмин Қаноат нигоҳи бисёр тоза ва амиқ дорад. Дар як шеъри на чандон калон пайвастагии майдонҳои ҷанг бо кор, ҳамқисмати сарбоз будани ҳар меҳнаткаш, рӯҳи бешикасти зани тоҷик, таҳаммул ва фидокории вай бо ҳиссиёти амиқ ва пуртаъсир тасвир шудааст. Дар он шеъри асили меҳнат бо шеъри қаҳрамонӣ бо ҳам омехтааст:
Шавҳарат бар ҷанг рафту дар сарат як умр монд,
Ҷои ӯ холӣ ба саҳро дар барат як умр монд.
Рафт аз рӯи замину монд бо бӯи Замин,
З-ин сабаб будию ҳастӣ ошиқи рӯи Замин...
...То зи користон бихезад аскаре аз лашкаре,
То даме бе соябони сар намонад модаре,
Ту чанористон намудӣ кӯчаҳоро, боғро,
Ту анористон намудӣ синаҳои доғро.
Ҳиссиёти ватандӯстӣ дар шеъри муосири тоҷик ҳамеша бо умумибашарӣ пайвастааст. Муҳимтарин рӯйдодҳои ҷаҳон шоиронро ба таҳрик меоварад, онҳо аз ҳаракатҳои инқилобӣ ва озодихоҳии халқҳои ҷаҳон пуштибонӣ мекунанд. Садое, ки аз ҳар гӯшаи Сайёра бармехезад, дар дили шоирони мо танин меандозад. Ба ғайр аз ин, дидани бевосита аз кишварҳои дуру наздик, ҳамсояву бегона онҳоро ба муайян кардани мавқеи назари худ ба олам ва ҳамбастагии қисмати халқҳою кишварҳо таҳрик мекунад. Аммо нигаристан дигар асту дидан дигар аст. Бисёр мешавад, ки менигаранду намебинанд ва ашъоре, ки пас аз саёҳати кишварҳо ба қалам меоянд, баъзан ҳамин гуна - сайёҳона ҳастанд, ки нигаристан доранду дидан надоранд. Вале дар беҳтарини ин навъ ашъор шоирони мо сайёҳи тамошогар не, шахси дилогоҳи бино ва андешаманд ҳастанд. Гулназар дар чанд шеъри худ таҳти унвони «Тахти Рустам», ки аз ҳаёти Афғонистони муосир мебошад, ҳамин гуна нигоҳи амиқ ва фардобин дорад.
Модарон дар ёди фарзандони гумноми худанд,
Дар Самангон
Тахти Рустам
Интизори Рустам аст...
Аз баландиҳои ин тахти баланд
Осиёну ёғиён бас сарнагун афтодаанд.
Душманони кеши мардиву ватанхоҳӣ басе
Ғарқа дар хуни дили худ
Вожгун афтодаанд.
Ҷустуҷӯҳои маънавию ахлоқӣ дар шеъри муосир дар замон ва самтҳои гуногун давом мекунад. Мавзӯъҳои таърих, таърихию инқилобӣ ва ҳозира аломати фарохии замони ҷустуҷӯҳо бошад, мавзӯъҳои байналмилалӣ аз вусъати маконии он низ шаҳодат медиҳад. Шеър ҳангоми ин ҷустуҷӯҳо ба масъалаҳои муҳими замон, тараққиёти босуръати илму фан, техника, дигар шудани расму анъанаҳо, зисту зиндагонӣ, муносибатҳои одамон бармехӯрад. Ҳама чиз дар назари шоирон ба зудӣ дигар шудан мегирад. Шеър аммо ба ҳиссиёти азалӣ, доимӣ, бобақо бештар такя дорад.
Ҷустуҷӯи арзишҳои азалӣ ва бобақои инсон шоиронро ба деҳа овард. Дар назми мо дар ин бобат як чизи аҷиб ба назар мерасад. Қариб ҳамаи шоирони муосири тоҷик аз деҳа бошанд ҳам, то ҳашт даҳ соли охир мавзӯи деҳ ва махсусан, деҳоти кӯҳистон дар шеъри мо он қадар мақоми калон надошт. Вай гоҳ-гоҳ чун маҳалли хотироти бачагона ба ёд мерасид ва ё шоирон ба он асосан чун ба хазинаи воситаҳои тасвир рӯ меоварданд, яъне тасвири деҳ ҷузъӣ, нопурра буд. Аз аввали солҳои 70-ум махсусан, дар эҷодиёти Лоиқ мавзӯи деҳ, олами деҳотиён, ташвишу тараддудҳои онҳо ё дар сурати қаҳрамони лирикӣ ва ё ҷудо аз ӯ бештар ба қалам омад. Баъдтар Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар низ ба деҳот рӯ оварданд. Деҳ ба ашъори Убайд Раҷаб, Ҳабибулло Файзулло, Ҳақназар Ғоиб, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ низ пурратар ворид гашт.
Дар ин гуфтаҳо ду чизро аз ҳам бояд фарқ кард. То солҳои 70 ва дар эҷодиёти шоирони дигар ҳам тасвири деҳ ба назар мерасид, аммо тасвирҳои ҷузъиро аз дарки мукаммали деҳ фарқ кардан зарур аст. Ҳоло сухан аз дарки мукаммали деҳ ва аз шоироне меравад, ки дар таассуроти шоиронаашон асари деҳот амиқ аст ва онҳо ба ҷаҳон бо чашми деҳотӣ менигаранд. Ҳангоме ки онҳо барои сутудани ахлоқи пок, ҷавонмардиву одамият, сидқу вафо, номусу шараф, ҳамдиливу ҳамдардӣ эҳтиёҷи сахт ҳис карданд, онҳо ба заминаи худ, ба деҳот, ба ҷое, ки хуб медонистанд, нигаристанд, то ин фазилатҳоро ба зудӣ пайдо кунанд. Онҳо деҳро чун маҳалли беолоиши ахлоқи покиза дарёфтанд, ки онро тарғиб бояд кард. Ва дар беҳтарин ашъори ин шоирон махсусан, Лоиқ, Гулрухсор, Убайд Раҷаб, Гулназар, ки деҳро мукаммалан эҳсос мекунанд, дарки бадеии ҳаёт ва маънавиёти деҳотиён ба амал мепайвандад.
Ин шоирон баъзан худро аз деҳ ҷудо гирифта, аз канор дар бораи он сухан гуфта тавонанд, Бозор Собир онро ҳамеша ё дар худ дорад, ё дар бари деҳ истода сухан мегӯяд, ҳалқаи аввале, ки ӯро печонидааст, ҳалқаи деҳ аст. Қаҳрамони ӯ дар андешаҳо, дар фаъолият, дар хаёлҳои ошиқонааш, хулоса, дар ҳама кор ва дар ҳама ҳангом деҳро бо худ ҳамроҳ дорад. Ин маъниро, масалан, дар шеърҳои «Ватан», «Фарзанди деҳқон», «Бачаҳои деҳотӣ», «Посира»-и Бозор Собир метавон дарёфт.
Тариқи зиндагӣ ва арзишҳои ахлоқӣ дар деҳот бобақотаранд. Аммо деҳ ҳам рӯз ба рӯз тағйир меёбад, талаботи деҳотиён дигаргун мешавад, баъзе чизҳо аз байн рафта, чизҳои дигаре ҷои онҳоро мегиранд. Ва шоироне, ки деҳот барояшон азиз аст, ҳар дигаргуниро тунд ва бо дард эҳсос мекунанд.
Масалан, Гулрухсор аз хароб шудани осиёби деҳ сахт мутаассир мешавад. Дар бисёр деҳаҳо дигар ба осиёб эҳтиёҷ нест, тараққиёти зиндагӣ онро нолозим кард. Аммо таассуфи Гулрухсор ҳам бесабаб нест: Агар мо аз хароб шудани осиёбе, ки моро чанд гоҳе нон додааст, таассуф нахӯрем, ба он бепарво бошем, ин аломати он аст, ки дар мо ҳисси шукргузорӣ, дилбастагӣ кам шудааст, мо беҳистар шудаем. Шоир аз ин чиз осуда буда наметавонад. Аммо дар ин кор ҳолати бараъкс ҳам воқеъ шуданаш мумкин аст, ки на ҳар ҳасрат ва на ҳар таассуф ба ҳамдилӣ ва ҳамдардӣ меарзад. На ҳар чизи азбайнраванда боиси таассуф аст ва ҳар шеъре, ки дар он аз нобуд шудани ин ё он чизи деҳ, масалан, омочу сипор, сандалӣ, ароба таассуф ҳаст, бояд ба андешаҳои маънавию ахлоқӣ водор кунад, вагарна шоирро ба қатори куҳнапарастон медарорад. Дар ҳолати аввал, чунонки дар «Осиёб»-и Гулрухсор ҳаст, он чизҳо ба рамзҳои пурғунҷоиши бадеӣ мубаддал мешаванд.
Мутаассифона, як силсила шоирони ҷавон ва ҳатто ҳамнасл аз шеъри деҳотии ин чанд тан шоир ба тақлид сар карданд ва кор ба ҷое расид, ки касе аз инҳо дар шеър номи деҳаашро гуфта бошад, тамоми шеърҳо пур аз номи деҳот шуд ва ё бачагиашро дар деҳа гум карда бошад, ҳама ба ҷустани бачагии худ дар деҳа, дар зову камар машғул шуданд. Ба ғайр аз ин, дар мавзӯъ майдагапӣ бисёр шуда, шоирон деҳаро фақат дар муҳити тангаш мебинанд ва кӯшиш намекунанд, ки дар он ҷаҳони фарохеро кушоянд, онро ба дунёи бузург пайванданд, муносибати мураккаб ва ба худ хоси онро бо олами пуртакопӯ ошкор созанд. Ин кор он вақт муяссар мешавад, ки онҳо ба деҳ фақат барои ҷустани бачагӣ, духтари ба шавҳар рафтаи ҳамсоя, ҳолпурсии модари худ (ҳарчанд ин амал аввалин шарти одамист), ё барои як дам дар канори деҳ нишаста ҳасрат кардан наомада, ба сӯи он чун шахси баркамоле, ки аз ҳама тундгардии замон огоҳ ҳаст, чун шахсе, ки аз деҳ на фақат чизе, ҳиссиёте, таассуроте мебарад, балки ба он бо омадани худ чизе ҳам меорад, биёянд. Деҳаро акнун дар бархурди ин ду чиз, чизе, ки аз деҳа мегиранд ва чизе, ки ба деҳа медиҳанд, кашф кардан даркор аст.
Касе, албатта, шак надорад, ки деҳаи имрӯзаи тоҷик деҳаи панҷоҳ сол пеш аз ин буда нест ва дар шеъри деҳоти мо таассуроти маҳз ҳамон касоне, ки ба деҳа дигаргунӣ, пешравӣ, тараққиёт меоваранд, яъне таассуроти шахси фаъол аз ҳаёти деҳа намерасад. Мутаассифона, шоирони мо аксаран дар деҳа танҳо чизҳои аз байн мерафтаро мебинанд, аммо дар он чизҳои тозаи замониро намебинанд. Онҳоро низ, албатта, бо моҳияти иҷтимоӣ ва ахлоқиашон бо чашми шоир дидан даркор аст.
Мавқеи маънавию ахлоқии шоир дар ашъори лирикӣ пеш аз ҳама дар симои қаҳрамони лирикии ӯ таъйин мешавад. Солҳои охир, ки солҳои ривоҷи лирика аст, ба мо зарур мебошад, мавқеи ин қаҳрамонро муайян кунем, ба олами ботинӣ ва маънавии ӯ биандешем. Афзудани мавқеи шахс дар ҷамъият мақоми ҳиссиёту таассуроти ӯро низ дар шеър боло мебарад. Инсони шеър акнун образи серпаҳлу, дар тазоҳурот ва кайфиятҳои гуногунаш, дар амали иҷтимоӣ ва маишӣ, дар шодӣ ва андӯҳ, мутафаккир ва мутаассир, хулоса, дар ҳаррангтарин ҳолатҳо ба тасвир меояд. Қаҳрамони лирикии шеъри солҳои ҳафтод ҷаҳони худро, берӯю риё пеши назари мо мекушояд, баду некашро пинҳон накарда, ба ҳукми хонанда пешниҳод мекунад. Вай ба ҳамдилии хонанда умед дорад ва бо бовар сухан мегӯяд, ки ин ба ибрози розҳояш самимият ва дилнишинӣ мебахшад.
Агар фазилатҳо ба қаҳрамони лирикии шоирон муштарак бошанд, аммо қаҳрамони лирикии ҳар шоири фардияти эҷодияш бақувват боз фазилатҳое дорад, ки онро бар дигарон фарқ мекунонад. Ин пеш аз ҳама ба табиати инсонӣ ва эҷодии шоир вобаста аст, ки дар қаҳрамони лирикӣ ифода мешавад. Симфонияи шеъри муосири тоҷик аз садоҳои гуногуни онҳо ба ҳам меояд.
Ман номабари шодӣ,
Барҳамзани андӯҳам. –
мегӯяд бо шӯру шааф Қутбӣ Киром.
То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст,
Сулҳу ҷангам бо тамоми Ҳурмузу Аҳриман аст. –
мегӯяд бо андешаву қатъият Лоиқ.
Зиндагӣ мехоҳаму дар ҳифзи номи зиндагӣ,
Қудрату мардонагии ман ба сад кас мерасад. –
бо бардошт мегӯяд Гулрухсор. Ҳамин тавр қаҳрамонҳои лирикии дигар ҳам дар пардаҳои гуногун бо андешаву оҳангҳои ҳархела садо баланд мекарданд. Қаҳрамони лирикӣ манзарест, ки шоир дар он симои маънавии ҳамзамони худро намоён мекунад. Ҳамзамонони моро масъалаҳои муҳими замон, мавқеи шахс дар ҷамъият, таърих ва имрӯз ба худ машғул медорад, ки дар қаҳрамони лирикӣ таҷассуми бадеии худро пайдо мекунад. Ҳамаи он чизе, ки дар ӯ ҳаст, аз дилу ҷони шоир мегузарад.
Шоири лирик дар сурати қаҳрамони лирикӣ идеали инсони худ, фаҳмиши худро аз инсон пешниҳод мекунад ва аз ҳамин назар таваҷҷуҳи хосаи ӯ ба худ асоснок буда метавонад. Як ақида дар солҳои охир, махсусан, паҳн шудааст, ки аз рӯи он ҳар кас қобили таваҷҷуҳ, ҳар кас инсони аҷиб мебошад. Тарафдорони ин ақида таъкид мекунанд, ҳар инсон, ки аҷиб ҳаст, пас ҳар тағйирот, ҳар дигаргуние, ки дар авзои ӯ рух медиҳад, бояд дар шеър ифода шавад, чунки ин тасвири ҳамаҷонибаи инсонро фароҳам меоварад. Ин ҳолат дар симои қаҳрамони лирикӣ бештар аён мешавад. Дар ин ҷо, аввалан, бояд қайд кард, ки ба мо қаҳрамони лирикии шоири асил мароқангез аст ва қимат дорад, қаҳрамонҳои лирикии косибони шеърбоф бо вуҷуди инсон буданашон қимату арзише надоранд. Чунки танҳо шоири асил дар қаҳрамони лирикӣ ҷаҳони худ ва ҳамзамонони худро ғунҷоиш дода метавонад. Баъдан, ҳар лаҳза дигар шудани инсонро, ки дар зиндагӣ воқеъ шуданаш мумкин аст, аломати тасвири ҳаматарафаи инсон донистан хатои маҳз аст. Дар ин ҳолатҳо сухан дар бораи ду чизи бо ҳам фарқнок меравад, дар бораи инсони воқеӣ ва образи бадеӣ. Инсони воқеӣ метавонад ҳар лаҳза дигар шавад, ақидаҳояш, орзую омолаш тағйир ёбад, мухолифи ҳамдигар шавад, аммо аз инсон образи бадеӣ сохтан, маънои онро дорад, ки вай ба як мантиқи муайян тобеъ мешавад, барои тарғиби мақсади аниқ хизмат мекунад, таҷассуми бадеии ғояҳои зарурӣ мешавад.
Ин гуфтаҳо ҳаргиз маънои онро надоранд, ки қаҳрамони лирикӣ агар як бор дар кадом ҳолат тасвир шуда бошад, пас ҳама вақт дар ҳамон ҳолат бояд нигошта шавад. Вай метавонад ва бояд дар шодиву андӯҳ, дар фикру дар амал, танҳову бо дигарон, хулоса, дар гунонгунтарин ҳолатҳо ва кайфиятҳо ба тасвир ояд, аммо ҷаҳони маънавию ахлоқии ӯ ҳамеша бояд мақсаднок бошад.
Қаҳрамони лирикии бисёр шеърҳои солҳои охир инсонро фақат аз рӯи «дардҳояш» мешиносад ва аксари онҳо дар ҳолати заруру нозарур дард доштани худро чун сифати олии худ ба забон меоранд. Бешубҳа, дард доштан, ҳамдарди дигарон будан аз сифатҳои хуби одамист, аммо сифат ва меъёри ягонаи одамият нест. Вақтҳои охир як силсила шоирон ва махсусан, ҷавонон «дард дорам» гӯён нола мекунанд, аммо чӣ будани худи дард маълум нест, яъне вай таҷассуми бадеии худро наёфтааст ё дардест бисёр ҳам шахсӣ, ки ба дарди касе намехӯрад, ё дардест аз бедардӣ. Дар ин ҷо суханони машҳури Горкий ба ёд мерасад: «Ба худ фурӯ наравед, балки ҷаҳонро дар хун ғунҷоиш диҳед... Шоир акси садои ҷаҳон аст, на фақат момодояи дили худ». Маълум мешавад, ки ҳоло ҳам ин суханонро ба хотир овардан ва таъкид кардан зарур будааст.
Садоқати суханҳои қаҳрамони лирикӣ аз чигунагии маънавиёти ӯ шаҳодат медиҳад. Ӯ ки дар лирика вазифаи тарбиятдиҳиро ба ҷо меорад, худаш бояд тарбиятдида бошад. Тарбият ба маънои васеаш маънавӣ, ахлоқӣ, илмӣ ва ғайра. Асосаш, албатта, маънавию ахлоқист. Хонанда он гоҳ ба вай бовар мекунад, аз ӯ тарбият мегирад. Мутаассифона, баъзан дар муҳокимаҳои қаҳрамони лирикӣ ақидаҳои ғалат, беэътиборӣ ба арзишҳои зиндагии халқ, таърих ва маданияти ӯ ҳис мешавад. Бисёртар боиси таассуф аст, ки ин чизҳо дар эҷодиёти шоирони баркамол, ки олами маънавию ахлоқиашон ташаккул ёфта, ба онҳо хонанда эътиқод дорад, ба зуҳур меояд. Масалан, шоир Ғаффор Мирзо дар «Достони миннатдорӣ» бо як беэътиноӣ таърихи чандасраи халқро ба хоби сакта мебарорад. Ӯ аз номи халқи тоҷик менависад:
Ёфтам! Аз чандасра хоби сакта хестам,
Хешро дидам миёни зодагони асри бист.
Хоби сакта рафта будам дар хазони куҳнагӣ,
Хестам: олам ҳама дар ҳукми наврӯзу навист.
Ғалати ин гапҳоро исбот кардан бисёр осон аст, аммо хонандаро нисбат ба ин чизи дигар ба ташвиш меандозад, ки шоир ба ҳарфи як бор гуфтааш содиқ нест. Вай шеъри пештараи Ғаффор Мирзо «Рӯшноӣ буд»-ро медонад, ки шоир дар он бараъкси инро навишта буд:
Маздаку Темурмалик, Восеъ...
Магар ин номҳо
Дар самои рӯзгори мо
Кавокиб нестанд?
Дар раҳи номус,
Ба роҳи ному нангу ифтихор,
Рӯшноии аҷоиб нестанд?
Рӯшноӣ буд,
Машъал буд, гулхан буд, буд,
Кавкаби пурнур моро кам набуд,
Рӯшноӣ буд.
Акнун хонанда дар ҳайрат мемонад, ки «хоби сакта» буд ва ё рӯшноӣ буд»? Ин масъалаи шахсӣ ё кайфияту таассуроти инсони алоҳида нест, ки имрӯз ин тавр буд, фардо дигар тавр шуд, гуфтан мумкин бошад. Дар ин ҷо мавриди сухан гаронбаҳотарин арзиши халқ – таърихи ӯст, ки қаҳрамони лирикӣ барои баҳо додан ба он бояд мавқеи ягонаи устувор дошта бошад. Бе ин мавқеъ вай вазифаи тарбиятдиҳиашро ба ҷо оварда наметавонад ва халқ – соҳиби таърих ба ин гуна беэътиноӣ бепарво буда наметавонад.
Қаҳрамони лирикӣ дар олами ишқу муҳаббат бо кайфиятҳои гуногунаш ба зуҳур меояд. Дар шеъри муосир аз камию харобии ашъори ошиқона гила карда намешавад. Вай бисёр аст ва дар беҳтарин намунаҳои он ҳиссиёти ошиқона дар пардаҳои гуногуни масрурию маҳзунӣ ба қалам омадааст.
Ишқ талаботи ҷовидонии инсон ва аз мавзӯъҳои абадии адабиёт аст, бинобар он вай ҳамеша дар шеър мавқеи калон дорад. Мардум ҳама аз давраи ҷавониву ошиқӣ мегузаранд ва дар он ба шеъри ошиқона ниёзи сахт пайдо мекунанд. Дар ин ҳангом ашъори ошиқона метавонад барои назокат, нармӣ, пурмаъноӣ ва зебоии олами ошиқон хизмат кунад. Шеъри ошиқонаи хуб воситаи хуби тарбияи зебоӣ ва ташаккули инсонии ҷавонон аст. Ишқияҳои беҳтарини панҷ-шаш соли охир ба қалами Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб тааллуқ доранд.
Шеъри ишқӣ бе тасвири саҳнаҳои ошиқона намешавад ва ҳаргиз касе аз тасвири онҳо манъ намекунад, тасвири зебо ва боназокати он ҳусни ашъори ошиқона аст, вале, муттаассифона, вақтҳои охир дар тасвири ин гуна саҳнаҳо баъзеҳо аз доираи назокат ва одоб берун мераванд.
Чунонки дар ин банд шоирае ба марди роҳ (роҳгузар) илтиҷо карда, чунин мегӯяд:
Бимон бо ман, диҳам дарси вафоро,
Ба сӯзи оташи дилҳои сӯзон.
Чӣ мехоҳӣ, чӣ мехоҳӣ бубахшам,
Нагӯ, ки ин ҳама баҳри ман осон!
Ва ё дар шеъри дигараш боз менависад:
Шарори оташи ишқ аст ҷисмам,
Бипарҳез, (?) то наафтӣ ту ба дастам.
Шубҳа нест, ки чунин «ибрози эҳсоси ошиқона» на фақат ба муаллифи маҷмӯаи «Шукрона», балки ба ҳеҷ шоири мард ҳам зебанда нест.
Тарзи тасвири назокат ва покии ҳиссиёти ошиқона дар ашъори Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноат ва аксари шеърҳои Лоиқ ва Бозор Собир, ки ба дил асари амиқ мегузоранд ва таассуроти моро аз муҳаббат зеботар мекунанд, шоистаи давом додан ҳастанд. Муҳаббати пок ва асил дар ашъори онҳост, на дари ин гуна мисраъҳои беназокат. «Сухани ишқ ҷуз ишорат нест» гуфтани шоири классик бесабаб намебошад.
Ба аҳамияти тарбияи маънавию ахлоқӣ доштани ҳаҷв ҳоҷати далелу бурҳон нест. Фақат ҳаминро ёд меорем, ки дар эҷодиёти шоире чун В. Маявковский, ки яке аз бузургтарин шоирони навовари садаи ХХ мебошад, ҳаҷв мавқеи муҳим дошт ва онро барои тарбияи инсони нав истифода мекард. Ҳаҷви Маяковский, ҳаҷви қавӣ, гротеск, сатира буда, бо тору пуди асарҳояш меомехт. Дар адабиёти халқҳои бародар имрӯз ҳам намунаи ҳаҷви қавӣ ҳаст, ки мисолаш эҷодиёти драматурги белорус Андрей Макаёнок ва шоири рус Андрей Вознесенский мебошад, ки бо сатираву гротеск омехтааст. Дар адабиёти мо дар ҳикояҳои Раҳим Ҷалил аломатҳои инро дидан мумкин аст.
Ҳаҷв дар назми солҳои охир он қадар пурқувват нест. Дар ин ҷода Бобо Ҳоҷӣ, Ашӯр Сафар, Наимҷон, Назирӣ, Мирзо Маҳмуд кор мекунанд. Намунаи хуби ҳаҷв дар таркиби асарҳои Ғаффор Мирзо ҳам ҳаст. Вай метавонад дар ин соҳа асарҳои хуб биофарад. Дар маҷмӯаи ба наздикӣ нашршудаи Бобо Ҳоҷӣ «Нони ҳалол» қисмате бо номи «Нимхандаҳо» ҳаст, ки ашъори ҳаҷвии шоирро дар бар гирифтааст. Ин қисмат, ба ростӣ, бо мароқ хонда мешавад. Дар он шеърҳои ҳаҷвии хуб «Ҳашари мушон», «Бабри тақлидкор», «Яке аз рӯзҳо» ва чанд шеъри дигар ҳастанд, ки бо андаке таҳрир боз хубтар мешаванд. Бобо Ҳоҷӣ истеъдоди бебаҳси ҳаҷвнигорӣ дорад. Назираҳояш ҳам ба шоирон бо зарофат гуфта шудаанд, махсусан, назирааш ба Қутбӣ Киром моҳирона аст.
Аммо доираи мавзӯи ҳаҷвияҳои шоир, аввалан, фарох нест ва, баъдан, гоҳо ҳаҷвияҳояш бидуни ҳаҷв навишта шуда, боиси хандаю тамасхур намешаванд. Масалан, тақрибан аз 50 шеъри қисмати «Нимхандаҳо» 6-тояш дар ҳаҷви мунаққид гуфта шудааст, ки ба имони комили ман дар зиндагии мо нисбат ба ин дигар мавзӯъҳои муҳимтари қобили ҳаҷв ҳастанд. Ба болокорӣ ин ҳаҷвияҳо худашон дар лафзу маънӣ ва услуб нуқсҳо доранд (ҳар чӣ бошад, Бобо Ҳоҷӣ дар ин жанр истеъдод дорад) ва аз он бояд беҳтар ва ҳамаҷониба истифода кунад, то хизмати ӯ дар пешрафти ин соҳаи назм хубтар ба назар ояд.
Ҷустуҷӯҳои маънавию ахлоқӣ дар шеъри замонии тоҷик бовусъат давом дорад. Ин ҷараён, ки сарчашмаи он дар зиндагии имрӯзии мост, то рафт амиқ ва қавитар мешавад, то ки ҷаҳони мураккаб ва боғановати ҳамзамононро ба чашми мо возеҳтар намоён карда, дар ташаккули маънавиёти инсони замон саҳми худро гузорад.
Соли 1980
[1] Маърӯза дар маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон