Аз аввал муаллиф дар ин қайдҳо мақсад дошт, ки дар бораи маҳсули эҷодии шоирони тоҷик дар панҷ соли охир, ки дар байни ду анҷумани адибон гузаштааст, ақидаҳояшро баён кунад.

  Аммо хусусияти масъалаҳое, ки мавқеи андеша шуданд, водор ба он кард, ки ҳудуди замонии қайдҳоро васеътар гирифта, ҳар вақт ба замонҳои гузаштаи дур ва наздик низ муроҷиат карда шавад.

Муаллиф бисёр мехост, ки таваҷҷуҳи хонандагонро бештар ба ҳодиса ва номҳое ҷалб кунад, ки ба андозае барои адабиёти ин солҳои тоҷик нав буданд ва маҳз дар ҳамин панҷсолаи гузашта зуҳур карданд.

Масалан, ба паҳлуҳои тозаи истеъдоди шоирии Муъмин Қаноат, ки ӯ чун устоди мавзӯъҳои муҳими рӯз шинохта шуда буд ва дар ин давра иштиёқи қавие ба масъалаҳои таърих зоҳир кард ва нисбатеро дар байни таърих ва имрӯз дарёфта, бо маҳорати хосае оҳангҳои таърихро бо садоҳои рӯз ҷӯр сохт.

Муаллиф мехост дар бораи баъзе ҳодисаҳои шеър, ки дар солҳои охир ба вуқӯъ пайвастанд, масалан, дар бораи Гулрухсор, Бозор Собир, Гулназар, ки оғози шоириашон кайҳо сурат гирифта бошад ҳам истеъдодашон маҳз дар ҳамин солҳои охир вусъат ва махсусияти тозае пайдо кард, ботафсил сухан кунад. Мавзӯи мақола бештар ҳамин гуна андеша шуда буд. Вале кор ин тавр шуд, ки хусусиятҳои асосии шеъри солҳои охир муаллифро маҷбур карданд, ки чигунагии ин сифатҳоро дар ҷараёни адабӣ муайян бинамояд.

Ба муллиф ин пешсухан барои он зарур буд, ки сабаби баъзан дар бораи ин ё он шоир ва ё ҳодисаҳои адабӣ, ки дар ин мақола, бешубҳа, сазовори гуфтугӯи батафсил буданд, мухтасар сухан ва ё фақат ишорае карданашро шарҳ дода, аз хонандагон барои ин кор пештар маъзарате хоста бошад.

                                   

Мо ҳама дар асл шоирзодаем,

Дил ба ин меҳнат на аз худ додаем.

 

Шоирони тоҷик ҳангоме ки аз мушкилии шоир шинохта шудан сухан ба миён меоранд, ин байти Зуфархон Ҷавҳариро, ки бисёр ҳаққонист, фаровон иқтибос мекунанд. Дар ҳақиқат ҳеҷ санъате монанди шеър дар дили тоҷик ин қадар амиқ нанишастааст. Дар таърихи дуюнимҳазорсолаи халқ инкишофи илму маданият чунон сурат мегирифт, ки он ҳамеша бо назм, бо шеър алоқа дошт. Дар замоне ки устод Рӯдакӣ бунёди адабиёти тоҷикию форсиро мегузошт, ин пайвастагӣ қавӣ буд ва боз давом кард.

Дар он даврон ва баъд ҳам на фақат шоирон бо вазну қофия сари кор доштанд, балки олимони соҳаҳои гуногун – фалсафа, мантиқ, сарфу наҳв, таърих, тиб, табииёт, ҳисоб ва монанди инҳо худ ё шеър мегуфтанд, ё аз шеър истифода мекарданд. Онҳоро ба ин кор ду сабаб такон медод: аввалан, муҳаббати хосаи халқ ба шеър ва баъдан ақидаю таълимоти онҳо дар қолаби назм ба халқ зуд мерасид, имкони қабул ва дар хотир нишастанаш бештар мешуд. Аз ин ҷост, ки шеър бо халқи тоҷик дар ҳама ҷабҳаи зиндагӣ ва фаъолият ҳамроҳ буд, ин ба замми он адабиёти бузурги шифоҳие, ки дошт ва дорад ва шеър дар он дар мақоми аввал аст.

Ҳоло ҳам дар деҳаи тоҷик ҳар бачаро аз роҳ нигоҳ дошта хоҳиш кунед, ки байт (байт ба маънои шеър аст) хонад, бемалол даҳҳо ва садҳо байту рубоӣ мехонад, ки ҳар кадоме аз дигаре хубтар хоҳад буд. Акнун вазъияти шоири муосири тоҷик ва мушкилии аз тарафи халқ эътироф шудани ӯ равшан мешавад. Дар ҳақиқат дар он ҷое, ки ин қадар шеъри бузург ҳаст, шоир шудан осон нест, аммо шоири асил хушбахт аст, зеро шеъри ӯро мефаҳманд, қадр мекунанд. Халқи соҳибзавқ шеъри асилро ба зудӣ ва беиштибоҳ дармеёбад.

Ба замми ин забони шеъри имрӯзаи тоҷик аз забони шеъри Рӯдакӣ кам фарқ мекунад, яъне барои хонандаи имрӯз шеъри классик аз Рӯдакӣ сар карда то Донишу Ҳайрат фаҳмост. Шеъри он қадар бузургон дар забони халқ зиндааст ва дар зиндагии мо зиндагии фаъол дорад.

Дар ин ҳолат магар боиси тааҷҷуб нест, ки қариб ҳар сол бо вуҷуди чунин муошираи мушкил ва сангин ба шеъри мо як ё ду ҷавони соҳибистеъдод дохил мешавад ва на фақат аз ҷониби ҳамқаламону мунаққидон, шеършиносону мутахассисон, балки аз тарафи хонандагони сершумор шинохта ва эътироф мегардад. Ин гуна эътироф шудан аломати соҳиби истеъдоди асил будани шоир аст.

Барои он ки ба ин гуфтаҳо бовар кунем, кифоя аст ба «харитаи ашъор»-и солҳои 60-70-ум як назар андозем.

Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром ва Гулчеҳра Сулаймонова, ки ташаккули эҷодиашон ба аввали ин давра рост меояд. Сипас Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ, Ҳалимшо, Мавҷуда... Пас аз онҳо Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Ҳабибулло Файзулло ва ниҳоят Ҳақназар Ғоиб, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ дар «харитаи ашъор» арзи вуҷуд карданд. Ва инҳо дастовардҳои бебаҳс ва эътирофшудаи шеъри мо ҳастанд.

Ва дар ин ҷо боз бояд бигуфт, ки ин шоирон ба шеър замоне ворид мешуданд, ки дар он устодони машҳуре чун Мирзо Турсунзода ва Мирсаид Миршакар, Раҳимӣ ва Деҳотии нозуксухан, Боқӣ Раҳимзодаи маҳбуби мардум ва Шукӯҳии ҳассосу ишқиясаро дар айни эҷодкорӣ буданд. Аз байни шоирони ҷавони он солҳо, ки ба саҳнаи адабиёт мебаромаданд, Ғаффор Мирзо махсусан, азми ҷустуҷӯҳои навоваронае дошт.

Бо вуҷуди ҳамаи ин боигарии шеър ва ҳаррангии шоирон, дар байни хонандагон боз эҳтиёҷ ба шоирони тоза, овозҳои тоза буд, ки ба онҳо гӯш диҳанд, ба садои онҳо ҷавоб гӯянд.

Ин ҳодисаи дар назари аввал мухолифатнок, ботазодро чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст, ки баробари мавҷудияти чунин шоирони шинохта ва бузург боз ҳама вақт, паи ҳам, ҳатто метавон гуфт бо як андоза «осонӣ» шоирона тоза ба тозае арзи вуҷуд мекунанд.

Ба назарам сабаби бо як «осонӣ» шинохта шудани ин шоирон дар он аст, ки онҳо симои фардии худро доранд. Оғози онҳо ҳам ба ҳар тарз, ҳархела буд, онҳо дар бораи чизҳои дигар-дигар ва аз ҳам фарқнок шеър мегуфтанд, кӯшиш мекарданд, ки ҳамдигар ва устодонро низ такрор накунанд.

Агар Муъмин Қаноат чун шоире зуҳур карда бошад, ки эҳсоси иҷтимоияш пурқувват ва назараш хеле фарох буда, аз ҳар гуна тасвирҳои маишию хурду ночиз бегонагӣ ва парҳез мекунад, касе аз шоирони ҷавони минбаъда маҳз ба ин дастовардҳои ӯ дастдарозӣ накард.

Масалан, бигирем, Лоиқро. Бо вуҷуди он ки аз ҷиҳати амиқӣ, ҷиддият ва таърихият, ҷо-ҷо метавон ҳар ду ин шоирро бо ҳам муқоиса кард, аммо фазои шеъри ӯ аз шеъри Муъмин Қаноат дигар аст.

Ба назари ман таассуротро аз шеъри Муъмин Қаноат ба равшании бисёр баланд ва пурқуввати нурафкан монанд кардан мумкин аст, ки барои равшан намудани майдонҳои фароху вусъатнок ба кор меравад, шеъри Лоиқ бошад ба монанди чароғи дурахшонест, ки метавон дар ҳар гӯша, дар ҳар хона даргиронд.

Шеъри Муъмин Қаноат барои саҳнаҳои калон, минбарҳои баланд ва шунавандагони сершумор гуфта шуда, ҳамоҳанги ҳодисаҳои бузург мебошад ва метавонад аксаран ба лиҳози тамомияти байтҳояш дар саҳифаҳои рӯзнома ва ё плакатҳо иқтибос шавад. Масалан:

 

Мадад, эй парчами гулгун, фидои сурати досат!

Фидои чаккуши оташфишону доси алмосат!

Вале аз эҷодиёти Лоиқ бисёр кам мешавад, ки матнро пурра наоварда, аз он образи мукаммалеро ҷудо карда гирифтан мумкин бошад.

Ин аст мисоли яке аз ташбеҳҳои батафсили Лоиқ, ки дар шеъри «Симчӯбҳо» омада, ҳиссиёти амиқ ва самимонаи шоирро ба халқи бародари рус ифода кардааст. Тамоми тавсифу ташбеҳоти ин шеърро, ки шоир барои тасвир ва сутудани арчаи рус овардааст, ҳар қадар кӯшиш кунед ба тариқи комил ҷудо карда гирифтан бисёр мушкил аст: «Чун асое бар заифе, муттакое бар наҳифе, Чун мунодӣ аз миёни водиву саҳро» ва ғайра.

На, ҳоло аз ин мисраъҳо махсусияти ҷаҳоншиносии Лоиқро пай бурдан душвор мебошад. Фақат матни пурраи шеърро оварда, ки дар он сифатҳо то охир мукаммалан аён мешаванд, рӯҳияи шеърро дарёфтан мумкин аст. Дар натиҷа мазмуни он ҳам тақвият пайдо карда, боварибахш мегардад.

Ҳамин тариқа ҳар шоир бо фардияташ, нотакрории овозаш, вусъати назараш зуҳур мекунад. Ва ҳар яке шеваи тасвирсозии худро дорад.

Дар ҳамин ҷо ҳам як тазоди дигареро ошкор кардан мумкин аст.

Масалан, ин гуна тазодро. Қариб ҳамаи шоирони солҳои 60-70, ки ин ҷо зикрашон рафт, аз деҳотанд. Вале то ҳол дар мо шоири дар ҳақиқат «деҳотӣ» набуд.

Ин сухан ҳаргиз чунин маъно надорад, ки шоирони шаҳришудаи мо ибтидои деҳотии худро батамом фаромӯш карда бошанд. Бешубҳа, ин тавр нест. Бисёре аз онҳо бо майли тамом дар ашъори худ оҳанг ва суратҳои деҳотро истифода мекарданд. Масалан, ҳамчун маҷоз, ташбеҳу истиора ба кор мебастанд.

 

«Ба ҳукми як ниҳоли навбарам,

Пазмони хуршедам,

Парастори баҳоронам, ки механдад гули мақсуд», –

мегуфт дар яке аз шеърҳояш Ҳабибулло Файзулло.

Деҳро ба вазифаи фон, тарҳи ашъор, манзарае, ки ба кайфияти инсон созгор бошад, ба шеър водир мекарданд:

 

Ба мисли селаи кабки рав аз пайроҳаи деҳа,

Барои дарзабандию дарав якҷоя мерафтед.

Гирифта досҳои хеш бо хушнудию шӯхӣ,

Шумо баҳри ҳашар бар деҳаи ҳамсоя мерафтед.

 

менавишт Гулрухсор дар яке аз шеърҳояш. Дар ин ҳангом шоири дигаре Бозор Собир ба пайдо омад. Ва ҳаёти деҳот дар эҷодиёти ӯ на фақат чун тарҳ, чун воситаҳои тасвири бадеӣ ва кайфияти шоирона мавқеи шеър шуд.

Табиат дар шеърҳои ӯ чун узви ҷудонашавандаи ҳастии инсон намудор мешавад, балки аз ин ҳам бештар, шеър гуфтан, суруд хондан ин яке аз сифатҳои табиат аст, ки инсон азбар кардааст.

 

Хаёли деҳа бӯи деҳа дорад,

Ба пиндори мани фарзанди деҳқон.

Чу ёди кишту саҳро мекунам ман,

Хаёлам мешавад абри баҳорон.

 

... Давоми шир шири барги алафҳост,

Ҳиҷою ҳарфи ман дар шеъри озод.

Ғазалҳои маро дар шабдаравҳо,

Ману шаббодаҳо кардем эҷод.

 

Ин мисраъҳо аз шеъри «Фарзанди деҳқон»-анд, ки аз сарчашмаи ашъори ӯ хабар медиҳанд.

Ва моҳияти масъала дар он аст, ки ин арзаи ӯ фақат чун арза боқӣ намонда, тамоми эҷодиёти минбаъдаи шоир аз он дарак медиҳад, ки дар пеши назари мо шоире ташаккул меёбад, ки ҷаҳонбинии хос, диди шоиронаи маҳсуси мақсаднок дорад ва пайвастагии худро бо табиат ҳамеша бо тамоми ҷону дил ҳис мекунад.

Вале ба ӯ зарур аст, аз кайфиятҳои нохуш ва ҳасратомези камумқе, ки баъзан аз табиат ва ё аз зиндагӣ мебардорад, ҳар чӣ зудтар халос шавад. Табиат, ки ҳамеша асоси тозашавии ҳаёт ва зебоии зиндагист, барои кайфиятҳои амиқ бештар созворӣ мекунад. Мақсади куллии ҳунар талқини муҳаббати ҳаёт, пирӯзӣ ва қудрати инсон аст.

Хуллас, вақте ки ба адабиёт ҳар қадар шоирони хуб, вале гуногун бисёр дохил мешаванд, мо ҳаргиз чунин эҳсос намекунем, ки шоирон зиёд ва шеър такрору тақлид шуда бошад. Ҳиссиёти инсон бисёр ҳам беканор аст ва барои навохтани он барои ҳамаи навозандагон торҳои нонавохта пайдо мешаванд.

Тазоди дигар ба он тааллуқ дорад, ки танқиди адабӣ ҷараёни шеърро чӣ гуна ба мулоҳиза гирифта, ба чӣ хулоса омада буд.

Дар солҳои панҷоҳ, дар даврае, ки асарҳои М.Турсунзода, М.Миршакар, А.Деҳотӣ, Б.Раҳимзода, М.Раҳимӣ гувоҳи камолоти эҷодии онҳо буданд ва муҳимтарин муваффақиятҳои мундариҷа ва шакли шеъри муосири тоҷикро дар худ таҷассум менамуданд, танқиди адабӣ ривоҷи жанрҳои лирикӣ ва камистифодагии жанрҳои эпосро таъкид мекард. Ин дуруст ҳам буд, зеро ба назм як мавҷи калони лирикӣ дохил шуда, онро рӯз то рӯз бештар фаро мегирифт, ҳарчанд беҳтарин асарҳои он солҳо аксаран ба ин ё он навъи эпос тааллуқ доштанд. Ва он шоироне монанди М.Турсунзода ва М.Миршакар, ки муваффақияти эпос, достони эпикӣ бо номи онҳо вобаста буд, ҳама аз лирика сар карда, онро пайваста давом медоданд. Танқид дар миқёси умумииттифоқ ҳам ба ҷои дуюм гузаштани эпос ва дар сафи аввал омадани лирикаро қайд карда, сабаби онро дар афзудани мақоми шахс дар ҷамъият, қимати ҳаёти маънавӣ, рӯҳия ва таассуроти инсон маънидод мекард.

Дар танқиди тоҷик ҳоло ҳам ҳамин тавр аст. Вай инкишофи якзайл ва ба ҳар жанр сар даровардани лирикаро таъкид мекунад ва инро бо номи М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, А.Шукӯҳӣ, М. Қаноат ва шоироне, ки солҳои шасту ҳафтод худро ба хонанда шиносониданд, чун Қутбӣ, Лоиқ, Мастон, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва дигарон пайваста медонад. Ин ҳақиқати ҳол аст. Мавҷи ашъори лирикӣ рӯз то рӯз меафзояд, он на фақат чун шакли жанрӣ, балки чун сифати мундариҷа низ ҳар чи бисёртар зуҳур мекунад ба таркиби эпос, достон, повест, ҳикоя ворид мешавад.

Масалан, достони устод Мирзо Турсунзода «Ҷони Ширин»-ро таҳлил карда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мавзӯи бузурги дар ҳақиқат вусъати эпикӣ дошта, ба воситаи оҳангҳои самимонаи лирикӣ ифода шудааст. Ба ин шубҳа нест, вале оё фақат лирика ва лиризм вусъат меёбад? Биёед, ба намунаҳои беҳтарини шеъри даҳ-понздаҳ соли охир менигарем. Инҳо маҷмӯаи «Илҳом», силсилаи шеърҳои «Дастовез» ва достони «Аз Ганг то Кремл»- Мирзо Турсунзода, достонҳои «Варақҳои муҳаббат» ва «Исёни хирад»-и М. Миршакар, манзумаҳои «Эъҷози санъат» ва «Қиссаи кӯҳсор»-и Б. Раҳимзода, шеърҳои лирикӣ ва достонҳои «Достони оташ», «Китобҳои захмин», «Сурӯши Сталинград», «Тоҷикистон – исми ман», «Гаҳвораи Сино»-и Муъмин Қаноат, маҷмӯаҳои «Илҳом» ва «Чормағз»-и А.Шукӯҳӣ, аз «Сари сабз» то «Варақи санг» ҳашт маҷмӯаи ашъори Лоиқ, чанд маҷмӯаи ашъор ва достонҳои Қутбӣ Киром, маҷмӯаҳои Бозор Собир, Мастон, Гулрухсор, Гулназар, Саидалӣ мебошанд, ки намунаҳои хуби лирика ва эпоси солҳои шасту ҳафтодро дар худ ҷамъ овардаанд.

Агар ба ҳамин номгӯ зеҳн монем ҳам, дармеёбем, ки бо ривоҷи лирика инкишофи эпос суст нашудааст.

Дар солҳои шасту ҳафтод дар пеши назари мо як шоире, ки аз лирика сар карда буд ва ашъори баланд мегуфт – Муъмин Қаноат то достонсарои мумтоз, устоди эпос камол ёфт.

Дар вақташ бисёриҳо шеъри «Пири гулфурӯшон»-ро тавсиф карда, гумон доштанд, ки истеъдоди муаллифи он ба тарафи лирика инкишоф хоҳад ёфт.

 

Кӯҳи Варзобро чӣ даврон аст,

Гӯиё пири гулфурӯшон аст...

 

Шоири маъруфи муосири рус Ярослав Смеляков ва дигарон пас аз шиносо шудан бо эҷодиёти Муъмин Қаноат ояндаи ӯро чун шоири сирф лирик пешгӯӣ мекарданд.

Вале баъдтар паи ҳам достонҳои Қаноат ба қалам меомаданд. Аввал «Мавҷҳои Днепр», «Достони оташ», баъд «Китобҳои захмин», «Сурӯши Сталинград» эҷод шуданд. Танқиди адабӣ ин таҳаввулоти шоирро пай набурда, бо қувваи такони пештара танҳо дар бораи сифати лирикии истеъдоди ӯ батакрор сухан мегуфт, ҳол он ки аз «Сурӯши Сталинград» сар карда, дар пеши назари мо эпос, фоҷиаи қаҳрамонӣ қарор дошт.

Достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Гаҳвораи Сино» бо пуропурии мундариҷаи фалсафӣ, бо амиқии тафаккур ва тозагии назар, дар кушодани моҳияти инсонии қаҳрамонӣ – дар корзор ва дар зиндагӣ – дар назми муосир дастовардҳои ба назар намоёне ҳастанд.

Маншаи пурқуввати эпос дар эҷодиёти ин шоир, албатта, ба назми муосири тоҷик минбаъд бетаъсир намемонад.

Ҳодисаи дигар ҳам ба андеша водор мекунад.

Мирзо Турсунзода, ки ба мавзӯи Шарқ ва махсусан, озодии Ҳиндустон аз «Қиссаи Ҳиндустон» сар карда ашъори бисёр гуфтааст, дар ин солҳо ба эпос рӯ овард ва достони «Аз Ганг то Кремл»-ро эҷод кард.

Вай гӯё андешаҳои чандинсолаи худро ҷамъбаст карданӣ буд. Ғояи бузург – ба гӯшаҳои дурдаст ва дили мардуми гуногунмиллат ва гуногунмазҳаби олам роҳ ёфтани ғояҳои озодӣ, баробарию мардумсолорӣ – аз шоир тафаккури эпикиро дархост кард. Эпос ғоя ва ҳодисаро аз резавориҳо халос карда, дар бузургии холис ва камолоту инкишофи ҳамаҷонибааш инъикос мекунад. «Аз Ганг то Кремл» бо ҳамин меъёр эҷод шуд.

Дар достонҳои М. Миршакар ҳам ҳамин гуна сифатҳо ҳастанд. Ба ғайр аз ин дар ашъори М. Миршакар ҳамеша маншаи эпикӣ, ки дар таваҷҷуҳи ӯ ба ҳодисанокии шеър зоҳир мешавад, мавқеи муҳим дошт ва ин сифат дар солҳои шасту ҳафтод ривоҷ ёфт, ки кам нашуд.

Аз шоироне, ки мояи тафаккурашон лирикист, масалан, Қутбӣ Киром низ ба ҳодисанокии шеър таваҷҷуҳи хоса дорад ва ба ин сабаб ҷараёни эпикӣ дар ашъори ӯ доимо пурқувват аст. Шеърҳои «Коммунист Салимов», «Холиқи Гулбур», «Ҷуфт шуд кабки дарӣ», «Дар суҳбати фарзандон»-и Қутбӣ бо вуҷуди гуногунмавзӯӣ ва рӯҳу нафас ва оҳангҳои гуногун доштанашон бо асоси эпикии худ ба ҳамдигар қаробат доранд. Инҳо шеърҳое ҳастанд, ки таассуроти лирикӣ дар онҳо аз ҳодисаҳои моҳияти эпикӣ дошта сар задааст.

Дар ин гуна ашъор, ба назари ман, мундариҷаи эпикӣ дар шакли лирикӣ, дар қолаби таассуроти лирикӣ гуфта шудааст. Дар ин ҳолат зуд аз номувофиқатии шаклу мундариҷа сухан ба миён наоварда, (охир, инҳо шеърҳои хубанд ва агар хуб бошанд, бешубҳа, аз ҷиҳати шаклу мундариҷа мутаносиб ҳастанд), ҳамон восита, хусусиятҳоро ошкор кардан даркор аст, ки барои дар шакли лирикӣ гуфтани мундариҷаи эпикӣ имконият фароҳам овардаанд. Ин кор мураккаб ва душвортар аст.

Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки танқид фақат сар даровардани мавҷи лирикиро ба намудҳои дигар дидааст, дар асл, дар таҷрибаи адабӣ ҷараёни дигари на камтар пураҳамият – хусусияти эпикӣ, объективӣ пайдо кардани таассуроти лирикӣ низ давом дошт ва дорад. Ҳамин гуна хусусиятро дар эҷодиёти шоирони лирик Лоиқ, Бозор, Гулназар, Гулрухсор, Саидалӣ ҳам мушоҳида кардан мумкин аст.

Ин тамоюл дар натиҷаи олами фардии қаҳрамонро бо олами мураккаби пурҳодиса рӯ ба рӯ сохта, ангезиш додан, ки дар натиҷаи он олами қаҳрамони лирикӣ фарохтар, пургунҷоиштар, пурҳодисатар мешавад, ба вуқӯъ пайвастааст.

Шоирони лирик дар ҳудуди олами фардии худ пойбанд намонда, бештар ба олами дигарон сар фурӯ мебаранд, дар қолаби онҳо ҷой гирифта, таассуроту эҳсосоти онҳоро ба қалам меоранд.

Ин ҳолат сифати объективии лирикаро меафзояд, доираи таассурот ва тасвироти онро фарох месозад. Хато намешавад бигӯем, ки ин сифат дар лирикаи муосири тоҷик махсусан, дар солҳои шасту ҳафтод бараллоина бармало ба назар мерасад. Он на фақат дар шоирони навҷӯ, ба монанди Қаноат, Лоиқ, Қутбӣ, Бозор, Мастон, балки дар насли калонсоли шоирон, ки шеърашон ба истилоҳ анъанавист, чун Турсунзода, Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Шукӯҳӣ низ роҳ ёфта буд.

Масалан, дар шеъри «Модарам»-и Турсунзода тасвири батафсили шайъӣ ва образҳо заминаи объективии таассуротро мустаҳкам сохта, барои васеътар, амиқтар тасвир шудани таассуроти лирикӣ мувофиқат кардааст.

Тазод дар ин ҳодиса фақат дар танқид аст, ки баробари лирика ривоҷ гирифтани эпосро сари вақт пай набурда, сабаби онро ҳанӯз ба таври мӯътамад накушодааст. Фикр мекунам, ки он акнун ин корро мекунад.

Боз ба як масъалаи дигари ҳаёти адабиамон даст мезанем, ки хеле марғуб аст ва дар зимнаш тазоди дигаре дорад.

Дар солҳои шаст баробари инкишофи истеъдоди шоироне, ба монанди Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Қутбӣ Кром, Лоиқ, Мастон, ки онҳо дар нав кардани шаклу мундариҷаи шеър кӯшиши фаъол доштанд, ҳам дар байни шоирон ҳам дар танқид ақидае изҳор мешуд, ки бисёр шаклҳои анъанавӣ дигар ба дарди шеъри замон намехӯранд. Жанрҳои анъанавӣ, махсусан, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ мавриди ҳамла ва танқид буданд. Дар он гармии инкор ва навҷӯиҳо дар масъалаи жанр як чизи бисёр муҳим аз хотир рафта буд: мункирони ғазалу рубоию дубайтӣ фаромӯш карда буданд, ки дар адабиёт ҳеҷ жанри универсалӣ, умумие нест, ки тамоми гуногунӣ, ҳаррангӣ, бисёроҳангии мундариҷаи замонро ба танҳоӣ ифода карда тавонад. Як сабаби жанрҳои гуногун доштани адабиёт дар ҳамин аст, ки вай дар онҳо мундариҷаи мувофиқро ҷой диҳад. Бинобар ҳамин, албатта, масалан, аз рубоӣ ва дубайтӣ дархости ифодаи табу тоби публисистӣ ва ё ҳолати муфассали рӯҳӣ дуруст нест, чунки ин кор аз имкони дохилии ин жанрҳо берун аст. Барои ин жанрҳои дигар ҳастанд. Ногуфта намонад, ки дар он солҳо М.Шукуров аз кам истифода шудани рубоӣ бо таассуф сухан гуфт, вале ин садои шахси танҳое буд.

Дар солҳои ҳафтод вазъият кам-кам дигар мешуд. Паи ҳам китоб ва силсилаи ғазал, рубоӣ ва дубайтиҳои Шукӯҳӣ (силсилаи ғазалҳо, китоби рубоию дубайтӣ «Чормағз»), Лоиқ (силсилаи ғазалҳо ва китобҳои рубоӣ «Ҷомӣ Хайём» ва дубайтӣ «Резаборон»), Гулназар (силсилаи «Гулафшон») ва силсилаҳои дигарон ба вуҷуд омаданд. Қайд кардан даркор аст, ки ин се шоир намояндаи се насли шоирон мебошанд. Ва ин як навъ тасдиқи ворисияти анъанаҳо ҳам ҳаст.

Жанрҳои мазкур дар эҷодиёти М. Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва шоирони наслҳои минбаъда Қутбӣ Киром, Мастон, Убайд Раҷаб, Ҳақназар Ғоиб, Ҳабибулло Файзулло ҳам истифода шуданд.

Ин дигар на ҳодисаи ҷудогона, балки умумӣ буда, аз эҳёи жанрҳои анъанавӣ дарак медод. Ва комилан табиист, ки бо эҳё ин жанрҳо хусусиятҳои тоза мегирифтанд, чунки худи эҳё бе сифатҳои тоза ба амал намеояд. Эҳё – амали тозашавӣ, навшавист.

Ҳамин ҳолат бо ин жанрҳо ҳам рух дод. Масалан, ғазали солҳои ҳафтод, ҳаргиз ғазали солҳои чиҳилу панҷоҳ ва ҳатто шаст ҳам нест, вай аз ғазалҳои пешин на фақат бо таркиби сухан, низоми тасвирҳо, балки бо пуропурии мазмун, тобишҳои услубӣ ва мавзӯъ фарқ мекунад. Мазмунаш фалсафитар, рангу равғани услубияш баланд, тасвирҳояш серпаҳлуст.

Шоирон ин жанрҳои анъанавиро дар замоне бештар истифода мекунанд, ки шеъри мо ба ҳастӣ бо нигоҳи фалсафӣ менигарад, пурмаънӣ мешавад ва тасвирҳояш марказ меёбад, пурмазмунтар мегардад.

Хулоса, равшан шуд, ки анвои анъанавиро ба нобудӣ «маҳкум» кардан барвақт будааст. Онҳо эҳтимол дорад, ки ҳоло на ба як насли шоирон ба таври аъло хизмат хоҳанд кард.

Ман дар ин ҷо ба чанд ҳодисаи дар назар тазодноки шеърамон дахл кардам. Вале ҳақиқат он аст, ки ин тазодҳо маҳсули гуногунӣ, ғановат, пуррагӣ ва тундии ҷараёнҳое мебошанд, ки дар он амал мекунанд.

Ҳаққо ки ин тазодҳо маҳсули фаровонии шеъранд.

Соли 1980

 

[1] Асли ин мақола ба забони русӣ навишта шуда, дар рӯзномаи «Литературная газета» (Москва) ба чоп расидааст.