Ҳар сол гузаронидани курс-конференсияи адибони ҷавон анъанаи хубест. Дар он адибони ҷавон дар Иттифоқи нависандагони республика ҷамъ омада бо адибони пуртаҷриба вомехӯранд, навиштаҳои худро бо эҷоди дигарон муқоиса мекунанд, бисёриҳо дар ин роҳ раҳнаварди ҳақиқӣ ва ё раҳгузар будани худро мефаҳманд. Раҳгузарҳо мегузаранд, раҳнавардони ҳақиқӣ мемонанд.

  Агарчи ҳамаи имрӯз омадагон дар шеъру суханронӣ саодат наёбанд ҳам, аз дилбохтагии онон ба шеъру шоирӣ нафъе ба кори адабиёт мерасад. Ба туфайли онҳо нуфузи шеър дар миёни мардум бисёртар хоҳад шуд. Вале дар бораи тақдири шоир шудани ҳар яки онҳо, хубтар аз он наметавон гуфт, ки Блок фармудааст: «Шоирӣ касб не, шоирӣ – қисмат».

Дар як мақола дар бораи ҳамаи иштирокчиёни курс-конференсия сухан рондан имкон надорад. Ин ҷо сухан аз се нафари онҳо меравад. Ҳоло ин дӯстдорони шеър маҷмӯаҳои худро надоранд ва хонандагон бо навиштаҳои онҳо дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ошно гардидаанд. Онҳо ҳанӯз дар ҳунари шеър ҳам устухон шах накардаанд ва ин умедвор менамояд, ки ба онҳо маслиҳат дода, норасоӣ ва барорҳояшонро нишон додан бефоида намебошад.

Мо дараҷаи соҳибистеъдодию шеърдӯстии ҷавонро ба ҳисоб гирифта, меъёри талаботи худро муайян менамоем. Агар аз ӯ ҳар қадар бисёртар ва ҷиддитар талаб карда шавад, ин нишонаи он аст, ки мо ҳамон қадар ба истеъдоди ӯ бовар ва эҳтиром дорем.

Ҳоло ҳунари шеъри мо хеле боло рафтааст, маҳорати нигорандагони назм ба дараҷаи баланди фасоҳату балоғат расидааст. Бинобар ҳамин талабот аз шеърдӯстони ҷавон беш аз пеш афзун мешавад ва агар бо онҳо гузаште карда шавад, маҳз ба хотири ҷавонияшон аст.

Дил мехоҳад, ки гуфтугӯ дар бораи шеърҳори ҷавонон аз як масъалаи муҳими адабиёт оғоз шавад. Ин масъала сарчашмаҳои адабиёт аст.

Эҷодиёт ҳама вақт аз ду сарчашма сероб мешавад, ки яки он – зиндагӣ, дигаре – худи адабиёт.

Дар эҷодиёти шоирони пуртаҷриба ин ду сарчашма ба ҳам меомезад ва зиндагӣ аз шеъру шеър аз зиндагӣ баҳра мебардорад.

Шеърдӯстони ҷавон шеърҳои бисёре доранд, ки дар онҳо дар бораи худи зиндагӣ андеша мекунанд, неку бад, суду зиёни онро фаҳмиданӣ ва фаҳмонданӣ мешаванд. Камол Насрулло дар «Зиндагӣ», Раҳмат Назрӣ ҳам дар «Зиндагӣ» барин шеърҳои худ ҳамин гуна майл зоҳир кардаанд. Дар ин шеърҳо ба ғайр аз баъзе хусусиятҳои ҷудогона як ҷиҳати умумии муштараке ҳам ҳаст. Ин як андоза ба тафаккур майл доштани онҳост. Зиндагиро файласуфона ва шоирона ба қалам додан нияти хубест, вале таҷрибаи ками ҳаётӣ ва эҷодӣ ба ин шоирон имкон намедиҳад, ки онҳо ба зиндагӣ нигоҳи дар ҳақиқат амиқи файлсуфона ва зиндагишиносона андозанд. Дар натиҷа дар бунёди ин шеърҳо таҷрибаи ҳаётии худи ҳар як муаллиф қарор нагирифта, онҳо муҳокимарониҳои маҳз мешаванд. Камол Насрулло менависад:

 

Зиндагиро бояд ошиқ буд, аммо на чу Маҷнун.

Бар дили ӯ роҳ бояд ҷуст аз роҳи фаросат,

Аз раҳи ақлу заковат.

Одамӣ он гаҳ тавонад зиндагиро ром созад,

Хешро хушбахти ҳар айём созад.

Раҳмат Назрӣ менависад:

Хешро дар гирудори зиндагонӣ мекунем,

Бо талошу ранҷҳо хушбахт ё бадбахт худ.

 

Аз ноҷӯриҳо, халали даруниву таносуби сухани ин порчаҳоро сарфи назар карда, танҳо ба маънӣ ва мундариҷаи онҳо меандешем ва ба ҳамин хулоса меоем, ки ин гуфтаҳо аз дилу ҷони муаллифон нагузаштаанд, дар кӯраи ҳастии онҳо напухтаанд.

Шеърҳо дар бораи зиндагианд, аммо дар онҳо худи зиндагӣ нест. Даврони мо шеъри зиндагӣ мехоҳад. Шеъре, ки дар он зиндагӣ нест, бо тамоми хубию шевоияш чизе нест.

Охир, ҳамаи муаллифони ҷавони мо ба як тарз зиндагӣ надоранд, рӯзгори ҳар якеашон рангу бӯи хосе дорад, пас чаро мо аз шеърҳои онҳо ҳамин рангу бӯи хосаро андаке бошад ҳам, ҳис намекунем? Барои ин ки онҳо аз шеър ба сӯи зиндагӣ мераванд, ба ҷои он ки зиндагиашонро ба шеър ворид кунанд.

Хушбахтона, ин ҷавонон шеърҳое ҳам доранд, ки таассурот, мушоҳидаҳои худи онҳо дар заминаи тасвиру ифода қарор гирифтаанд. Масалан, шеъри «Роҳи сафед»-и Раҳмат Назрӣ, ба истиснои банди мақтааш шеъри самимии хубест. Ҳангоми мутолиаи ин шеър моро ҳамон таассурот ва меҳри самимонае, ки муаллиф бар падари ронандаи худ дорад, саропо фаро мегирад. Мо ба ин падар ба эҳтирому муҳаббат менигарем ва ба ташвишу хавотирии писари ӯ ба ҷон шарик мешавем.

 

... Падарам боз бо роҳи сафарӣ,

Бор дар мошини ту бори гарон,

Бор бар дӯши ту қарзи падарӣ...

 

Ин таассуроти самимӣ зодаи эҳсосоти худи муаллиф аст ва ҳақиқати ҳаётӣ дорад. Бинобар ҳамин ҳам ин шеър метавонад изҳори муҳаббати чандин писарони дигар ба падарони ронандаи худ бошад.

Камол Насрулло низ ба падари худ шеъре дорад. Вай дар ин шеъраш ҳам, ба мисли он ки дар шеърҳои дигараш ҳаст, кӯшиш дорад, ба мавзӯи тасвираш бо нигоҳи фарохе нигарад ва ба он таҷассуми бадеӣ бидиҳад.

Чашмҳои туст дар чашмони ман,

Дастҳои туст дар дастони ман.

Ман давоми умри зебои туам!

Боз дар ман зиндагиро дӯст дор.

Боз дар ман навҷавонӣ кун падар!

Солҳои ҷанг будӣ қаҳрамон

Боз дар ман қаҳрамонӣ кун падар!

 

Ин ба маънои хубаш пайванди наслҳост. Қаҳрамониву ҷавонмардӣ ба мо аз падарон мерос аст.

Мутаассифона, бисёр мешавад, ки ин ду муаллиф ба ҳар таассуроти худ маънии фалсафӣ бахшидан мехоҳанд, вале ба ғайр аз нокомӣ ба чизи дигаре намерасанд. Аз таассуроте, ки заминаи фалсафӣ надорад, маънии ба зоҳир андешамандона баровардан маҳсул намедиҳад.

Раҳмат Назрӣ раҳҷӯӣ ва раҳёбии мӯйсафеди нобиноеро тасвир карда, хулоса мебарорад:

 

... Гоҳ ёрони хеш нашносем,

Рӯзи равшан занем гаҳ раҳгум.

 

Ё дар шеъри «Коҳиш» ӯ таъбири чанд хобро баён карда, аз ҷумла, агар дар хоб парвоз кунӣ, ба кори неке сарвар мешавӣ, агар ба дарат ангушт зананд, меҳмон меояд, гӯён дар охир як ҷамъбасти файласуфона карданӣ мешавад:

 

Лек гоҳе он чи дар бедории худ дидаем,

Мо намеёбем не таъбиру не тадбири он.

 

Зимнан, ҳамин гуна муҳокимаҳо, аз қабили кӯр роҳашро меёбаду мо намеёбем, таъбири хобамонро медонему таъбири корамонро не, морбозро мор намегазаду одамонро заҳр мезананд, хешро ҳар қадар ҷустам боз нопайдо шудам, эй инсон, ту пурдарду бедардӣ, ҳам мардиву номардӣ ва ғайра, агар заминаи зарурии ҳаётӣ надошта бошанд, пурбору пурмаъно ҳам ба назар намеоянд.

Аз он чанд шеъре, ки Камол Насрулло таҳти унвони «Сатрҳои хунин» ба муҳокима пешниҳод кардааст, баъзеашон хубанд. Муаллиф дар ин шеърҳо эҳсосотеро, ки дар ӯ аз қаҳрамонҳои гвардиячиёни ҷавони шаҳри Краснодон ба вуҷуд меояд, ба қалам мекашад. Баъзан ин эҳсос пуртаъсир буда, касро фаро мегирад. Любов Шевсоваи қаҳрамон дар девори зиндон навиштааст: «Маро бубахшед, ба абадият бурданд». Ин суханон ба чӣ ҳақиқату ростӣ, ба чӣ бузургии маънавӣ ва ба чӣ дарду риққат гуфта шудаанд. Ва дар идомаи ин суханон Камол Насрулло дар тавсифи ӯ мегӯяд:

 

Ту хушбахтӣ!

Ту дар мо зиндагонӣ мекуниву шод ҳастӣ,

Ту дигар дар ҳама рӯи замин обод ҳастӣ.

Фақат моро ҳавас меояд аз ту,

Ту дар мо зиндатар аз мостӣ, Люба!

 

Ин суханони муаллиф ба оҳанги ҳаётдӯстона ва хуррамонаи худ хубанд.

Дар ин шеърҳо ва дар ашъори дигари Камол Насрулло ҳам як чизи номатлуб ба чашм мехӯрад, ки ин акси шеърҳои Лоиқ будани бисёр гуфтаҳои ӯст. Ин таъсир не, бадтар аз ин, тақлид аст. Масалан, шеърҳои «Раққоса», «Эй инсон», «Одамӣ», «Гаҳе дарёбам», «Инсон» ин ё он шеъри Лоиқро ба хотир меоранд. Баъзан шеъри Камол Насрулло аз назари мавзӯъ ва таассурот аз шеъри Лоиқ дигар аст, вале сурату суханҳо ва образҳояш аз Лоиқ аст. Ин чунон аён аст, ки ҳоҷат ба исботу далел ҳам нест ва шояд худи муаллифи ҷавон ҳам инро донад.

Манбаи омӯзишу таъсир на бояд як эҷодкор бошад, он ҳар чи бисёртар бошад, ҳамон қадар хуб аст. Масалан, дар назми муосири мо дар ҳунар ва маҳорати шеър равонию дилнишиниро аз Мирзо Турсунзода, таносуби суханро аз Боқӣ Раҳимзода, самимиятро аз Аминҷон Шукӯҳӣ, обутоби сабк ва драматизм ҳиссиётро аз Муъмин Қаноат, фарохии тафаккур ва робитанок овардани таассуроти мухталифро аз Лоиқ омӯхтан мумкин аст. Албатта, ҳар кас мефаҳмад, ки ин дастури ягонаи бегумон набуда, ҳамин тариқ як мулоҳиза аст. Ҳар эҷодкор дар омӯзиш ва майли худ соҳибихтиёр аст.

Муаллифи дигаре, ки навиштаҳояш таҳти назари мост, Нурмуҳаммад Ниёзист. Вай нисбат ба дигарон зиёдтар кӯшиш дорад, ки зиндагии худ, мардуми гирду канораш, таассуроти маҳз аз рӯзгор бардоштаашро ба шеъраш дарорад. Бунёди аксари шеърҳои вай аз зиндагист. Ӯ орзуҳои заминӣ дорад ва заминӣ сухан мегӯяд.

Вале ӯ норасоии дигаре дорад, ки ҳамин ҷузъиёт ва ҳодисаҳоеро, ки вай аз зиндагӣ ба шеъраш ворид мекунад, бисёр вақт ба дараҷаи шеър расонида, ё шеърияти ононро кашф карда наметавонад.

Дар боло ба самимияти шеър ишора рафт. Шояд бисёр муаллифон ва махсусан, онҳое, ки дар шеърҳояшон аз муҳаббати аввали худ, замони дилбарию дилсупориҳояшон ҳикоя мекунанд, гӯянд, ки мо ҳама он чиро ки навиштаем, аз самими дил навиштаем. Шояд ҳамин тавр ҳам аст. Аммо асоси масъала ин ҷост, ки самимияти инсонӣ аз самимият дар шеър фарқе дорад ва самимияти инсонӣ ҳоло самимияти шеър набуда, зинаи аввал бар самимияти ашъор аст.

Ба хушбахтӣ, аз навиштаҳои Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҳамин гуна самимияти шоирона ҳис мешавад:

 

Чаро охир набудам обшоре,

Ки дар оғӯши ту мерехтам ман.

Дили санги туро мекофтам ман!

Ба васфат шеъри нав мебофтам ман.

Чаро охир набудам обшоре!

Сухан дар шеър маводи асосист. Ҳар як калима бояд дар шеър бори маъниеро бар дӯш дошта, чунон омада бошад, ки онро иваз кардан, партофтан ҳеҷ имконпазир набошад. Завқи сухансанҷиро аз ҷавонӣ тарбия кардан зарур аст. Аз ин се эҷодкори ҷавон, ки шеърҳояшон мавриди гуфтугӯ шуд, сухани Камол Насрулло пухтатар ва мустаҳкамтар аст. Сухани Нурмуҳаммад Ниёзӣ тару тозатар бошад ҳам, ӯ баъзан пургӯй аст ва тариқи ифодааш ҳам баъзан чандон саҳеҳ нест. Раҳмат Назрӣ баъзан равону бенуқс сухан гӯяд, баъзан хатоҳои фоҳиш мекунад. Дар шеъри «Зиндагӣ»-аш ӯ менависад:

 

То бисӯзӣ хори саҳро, то фурӯзи гулхане,

Шомгоҳе сар ба оташсанг мебояд занӣ.

 

Мулоҳиза кунед: барои оташ ҳосил кардан сарро ба оташсанг задан лозим будааст. Аминам, ки аз ин кор ба ғайр аз ғуррӣ чизи дигаре ҳосил нахоҳад шуд. Ҳарчанд мо хуб мефаҳмем, шоир мехоҳад, ки ин сухани ӯ маҷозан фаҳмида шавад, аммо маҷоз ҳам ба ин шӯрӣ ва ё бенамакӣ набояд бошад.

Бо вуҷуди чунин норасоиҳо ин эҷодкорони ҷавон шеърҳои хуб ҳам доранд. Онҳо худро дар раҳи шеър меҷӯянд ва хуш рӯз, ки онҳо дар ин раҳ худро ёбанд. Яке аз онҳо мегӯяд:

 

Ҳамчу шеъри нонавишта будам аз рӯзи азал,

Хешро чун зарра-зарра ёфтам, иншо шудам.

 

Мо ҳам умед дорем, ки чанде аз иштирокчиёни ин машварати адибони ҷавон рӯзе ба марҳалаи рушду камоли сухандонӣ мерасанд.

Соли 1976