Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

То фитад аз дарди ҳиҷрон дар дили як лола хун,
Мешавад хун сад дили ошиқ ба рӯйи лолагун.
Боду бороне, ки қасдаш барги туст, эй кош, зуд
Бигзарад аз ту, дарандозад маро аз беху бун.
Эй бӯйи гули ба об рафта,
Гул омадаву гулоб рафта.
Чун меҳри рухат ба об уфтод,
Ҳар қатра ба офтоб рафта.
Зулфат чӣ суол дошт бар рух,
К-аз ёди лабат ҷавоб рафта.
Гуфтам зи лабат савоб гирам,
Лаб ҷустаму аз рух об рафта.
То доғи дилам зад аз лабат рӯй,
Дидем, ки моҳтоб рафта.
Дигар на маҷоли ҳарфу ҳолест,
К-аз ҷумла хабар, хитоб рафта.
Азбас зи манат дар ин такопӯй
Мондаст гунаҳ, савоб рафта,
Як шаб сари ту ба синаам, кош,
Бедор шавам, ки хоб рафта.
Умр агар вафо кунад, ишқи туро ғазал кунам
В-он бағали пури туро, кош, шабе бағал кунам.
Гарчи занад ба ҷони ман ҳаҷри ту неши ҷонгудоз,
Ҳар нафаси висолро рашки маҳи асал кунам.
Ҷуз ишқ маро нест ба дунё рақами дил,
Баски қаламе нест маро ҷуз қалами дил.
Сад гуна алам тори сари халқи ҷаҳон аст,
Тори сари ман нест ба ҷуз як алами дил.
Чӣ хатои даврон аст, ки туро забон дода,
Дили мо нишон дода, ба кафат синон дода.
Ту кунун занӣ ҳарчанд ба ситеза садҳо захм,
Дили хунчакон зинда, ки Худо-ш амон дода.
Ин манам, к-аз хештан пур кардаам кошонаро
В-аз муҳаббат қасри Доро кардаам вайронаро.
Чун ҳақиқатҷӯйҳо ҳақро ба кизб омехтанд,
Дилгарон аз ину он рӯ бурдаам афсонаро.
Саҳифаи 17 то 21