Чӣ хатои даврон аст, ки туро забон дода,

Дили мо нишон дода, ба кафат синон дода.

Ту кунун занӣ ҳарчанд ба ситеза садҳо захм,

Дили хунчакон зинда, ки Худо-ш амон дода.

Нафасат ба ҳар хоке гулу реша хушконад,

Магарат зи чор айём нафаси хазон дода.

Ғами худ ба шодият надиҳам, ки медонам,

Ки ба ҳар кӣ ғам дода, диле армуғон дода.

Туву доди яздонӣ, ба ниҳоди шайтонӣ,

Самари ҳақ аст имон, ба ту ҳақ гумон дода.

Ва ҳамон ки парканда, ба заминат афканда,

Ба уруҷ шоҳинро дили парфишон дода.

Чӣ кунӣ ба он ҳақвар, ки ба адлу инсофаш

Ба ту остон дода, ба ман осмон дода.