Умр агар вафо кунад, ишқи туро ғазал кунам

В-он бағали пури туро, кош, шабе бағал кунам.

Гарчи занад ба ҷони ман ҳаҷри ту неши ҷонгудоз,

Ҳар нафаси висолро рашки маҳи асал кунам.

Гар асалам намедиҳад ғунчаи навшукуфтае,

Беасалии умри худ дар лаби ту масал кунам.

Баски ба ҷуз санои ту нест маро дигар ҳунар,

Пешаи шоирии худ бо чӣ дигар бадал кунам?

Гар амалу вазифае гашт маро ба дӯш бор,

Лек фақат ба амри дил ман ба ҷаҳон амал кунам.

Гар азалам ба ин ҷабин васли туро рақам накард,

Ман, бахудо, ки аз ҷабин пок хати азал кунам.