То фитад аз дарди ҳиҷрон дар дили як лола хун,

Мешавад хун сад дили ошиқ ба рӯйи лолагун.

Боду бороне, ки қасдаш барги туст, эй кош, зуд

Бигзарад аз ту, дарандозад маро аз беху бун.

Дар диёре, ки чинорон сарнагун афтодаанд,

Сарбаландият чӣ арзад, то бувад як сарнагун.

Қимати якдонагиҳо мекунад дурат зи ҷамъ,

Қатра чун гавҳар шавад, меафтад аз дарё бурун.

Ҷилваҳои ҳар ду олам нусхаи якдигаранд,

Меравад аз кӯза берун, он чӣ бошад дар дарун.

Ишқи Ширини маро бо макри Хусрав кор нест,

Тешаи Фарҳоди ман ҷӯ меканад дар Бесутун.