Ҳамчу ҷоми тиҳӣ аз май кӯча шомгаҳон холист,

Бешароб чӣ бошад ҷом, ҷоми кӯча ба ин ҳолест.

На суруд, на оҳанге, на садои дафу чанге,

На ғиреви сияҳмасте, к-ин чӣ майкаши муҳтолест.

На дуруд, на падруде, на ҷамоати масъуде,

Зиндагӣ магар аз ин шаҳр рахт баста дусад солест.

На канори хиёбон аст дар канори нигоре даст,

На лабе ба лабе пайваст, ишқро на пару болест.

Пар занад ба ҳаво мурғе, мезананд уқобонаш,

Сар кашад ба чаман сабза саршикаставу помолест.

Сатри шом дарад ногоҳ зарби сахти мусалсалҳо,

Дар ҳарос дили модар ларза дар тани атфолест.

Гоҳ номи ту «Озодӣ», гоҳ ном-т «Шаҳидон» аст,

На шаҳиду на озодӣ, ин чӣ кору чӣ аъмолест.

Кӯчаҳои Душанбешаҳр, пойтахти азизи ман,

Пойгоҳи ҳама баттол, дузду шабраву қаттолест.

Кӯча, ҳоли туро бинам, чун ту холиву ғамгинам,

Гар туро ғаму идборест, ку, касе, ки хушиқболест?!