Ҷуз ишқ маро нест ба дунё рақами дил,

Баски қаламе нест маро ҷуз қалами дил.

Сад гуна алам тори сари халқи ҷаҳон аст,

Тори сари ман нест ба ҷуз як алами дил.

Ҳаргиз ба касе ҷабру ҷафоро написандам,

Он ҳам написандам, накашад гар ситами дил.

Бисёр такопӯйи ҷаҳон кардаму бесуд,

Боре нарасидам чу ба имкони ками дил.

Аз хок ба афлок навоҳо бишунидам,

Дарёфтам инҳо ҳама аз зеру бами дил.

З-ин пеш маро гар ғами сад чуну чаро буд,

Озод зи ғамҳои дигар кард ғами дил.