Пагоҳ офтобро нидо кунам,

Вале чӣ сон варо дар ин саро кунам,

Ки гӯшае барои офтоб нест,

Ба сад ҷаҳон агар сару садо кунам.

Ҳама ба соя з-офтоб даргурез,

Чӣ бо гурезагони безиё кунам.

Дуои ман, ки мустаҷоб мешавад,

Надонам ин замон киро дуо кунам.

Чу шарти сарварист донишу хирад,

Ба сарварони бехирад чико кунам.

Дар ин ҷаҳон, ки қарздори ман бувад,

Чӣ гуна боз қарзи худ адо кунам?!