Обҳо гаштанд хунин, хок з-оташ дар гудоз аст,

Гул нарӯяд з-оташу хун, оби раҳмат чорасоз аст.

Оштию раҳми гургон ҷуз вале гургоштӣ нест,

Мешҳоро инқироз аст, гургҳоро имтиёз аст.

Он, ки мелофад ба мардум з-оштӣ, аз меҳру аз ҳақ,

Барканӣ аз рӯ ниқобаш муҳрабозу ҳуққабоз аст.

На кабӯтар бо кабӯтар мекунад озод парвоз,

Ҳар кабӯтар пар кушояд, синааш дар чанги боз аст.

Ҷинси оҳу рафта аз дашт,

                              чашми чашма хоку хун гашт,

Чашмаю мижгони сабзаш тарту помоли гуроз аст.

Рӯзи майдон ошкоро медаридат гурги пешин,

Гурги акнун медарад хап, ҳар куҷое гар нуҳоз аст.

Кушта ҳаст, аммо кафан нест,

                                        кас вале бе мову ман нест,

Нест навбат баҳри мурдан,

                                        бар кафан навбат дароз аст.

Ин чӣ гурги мешмоно в-он чӣ меши гургмоно,

Раммаҳои гӯсфандон аз ду ҷониб турктоз аст.