Ин сарвари фарҳехта физики азим аст,

Дар шеъру адаб низ варо завқи салим аст.

Аз дониши таъриху забонаш сухане нест,

Донои ҳама илми навин асту қадим аст.

Дасташ ба мисоли дилу рӯяш, ки кушод аст,

Дарё диҳад ӯ қатраи моро, ки карим аст.

Яздон диҳадаш умри дарозу тани солим,

К-ӯро хираду илму амал нозу наим аст.

Дар рӯзи таваллуд ҳама ин ҳарф, ки гуфтем,

Чун оина соф асту аён асту самим аст.

Кам бошад аз ӯ ҳар қадараш васф, ки гӯем,

К-арзанда пури Қодиру Фарҳоди Раҳим аст.

                                                  22.04.2018