Эй ки ҳар лаҳза диҳӣ умри гаронмоя ба бод,

Бод ҳаргиз надиҳад умри дигар, ёдат бод!

Ғами маънии вуҷудат шарафи инсонист,

Аз ҳамон рӯз, ки одам зи Банӣ Одам зод.

Шайх гӯяд, ғами фардои қиёмат бихӯрӣ,

Гӯям, имрӯзи Худо зистанат бояд шод!

Посухи вақт надодӣ ту агар, пас фардо

На Накиреву на Мункар расадат бар имдод.

 

Ин ҷаҳон аст маҳалли амалу шодонӣ,

Ту ҳамон пеша бикун, ҳар чӣ дигар бодо бод!

Нарасад гарчи ба фарёди ту фарёдрасе,

Ҳар чӣ фарёд ту тафсир бикун чун фари ёд.

Кори Рустам натавонад бикунад ҷуз Рустам,

Гарчи олам бишавад пур зи шабеҳони Шағод.*

Хусрав арчи ба дағо ком барад аз Ширин,

Ҷони Ширин ба абад васл бувад бо Фарҳод.

Шеваи мардиву ишқ аст, ки олам барҷост,

Зинда мебошу ҳамин маънии умрат мебод!

 

*бародари нотании Рустам, ки аз ҳасад бо макр ба роҳи Рустам чоҳ канда, ӯро ҳалок кард, аммо Рустам ҳам пеш аз ҳалокат тавонист ӯро ба марг расонад.

03.08.2023