Ман бандаи он ёри париям, ба шумо чӣ,

Маъшуқапарасти ҷигариям, ба шумо чӣ?!

Гар даъвате аз ишқ надоред, ба ман чӣ,

Чун ман ба дилу ҷон хабариям, ба шумо чӣ?!

Ҷуз шоми сияҳ дар дилатон нест, ба ман чӣ,

Равшангари ҳар тирасариям, ба шумо чӣ?!

Аз рашку ҳасад сӯхта хушкед, ба ман чӣ,

Гар боғи пур аз бору бареям, ба шумо чӣ?!

Бадноми ду олам чу шумоед, ба ман чӣ,

Хушном ба сад баҳру бареям, ба шумо чӣ?!

Аз лавҳи замон номи шумо пок, ба ман чӣ,

Маҳбуби сад аҳди дигареям, ба шумо чӣ?!

Гар табъи шумо хушк бувад ҳамчу биёбон,

Ман чашмаи ҳарфи шакариям, ба шумо чӣ?!

Дар чоҳи зулумот, ки ғарқед, ба ман чӣ,

Гар Хизр кунад хушназариям, ба шумо чӣ?!

Нокарда тулуъ, арки шумо маҳви ғурубед,

Ман ҳамсари шамси саҳариям, ба шумо чӣ?!*

 

* Вақте ки ин шеър дар Фейсбук нашр шуд, шоир Ҷамшеди Орифиён дар шарҳи худ ба он ду байт афзуд, ки сахт муболиға аст, аммо, ба ҳар ҳол, ман  бо сипос онро дар ин ҷо меорам:

Туркӣ, арабӣ ҳар ду қашанг аст, валекин

Ман мухлиси ашъори дариям, ба шумо чӣ ?!

Дар шеъри дарӣ Аскари хушноми дигар нест,

Ман пайрави вологуҳариям, ба шумо чӣ?!

19.01.23