Эй нағзтарин нағз, зи ту нағзтаре нест,

Нағзон ҳама нағзу зи ту нағзи дигаре нест.

Ин арзу саморо зи сару бар бизанам пай,

Нағзе  чу ту дар нуҳ фалаку баҳру баре нест.

Дар сабқати гулгунии гулҳои гулистон,

Гулгунаи нағзи ту ба гулҳои таре нест.

На гул, на шакар ҳаст ба монои лабонат,

Ширинии лабҳои ту ба гулшакаре нест.

Ин боғу чаман сабз фақат фасли баҳоранд,

Ҳамвора ба ҳар фасл чу ту сабзбаре нест.

Сабзам бикунӣ, чун ба канорам бидаройӣ,

Бинам ҳама сабз асту хазонро асаре нест.

Ҷойе, ки ҳама оламу одам ба масофанд,

Кӯйи ту биҳишт асту  сафоро хатаре нест.

Ай муслимаи ҷони ба савдо задаи ман,

Таслими ту шуд ҷону дигар раҳгузаре нест.

Ҷуз бар дари ту сар назанам бар дари дигар,

Чун ғайри дарат ҳеҷ даре нест, саре нест!

Даҳр арчи пур аз даъвати пайғомбарон аст,

Ҷуз ишқи туам дар ду ҷаҳон роҳбаре нест.

З-он ишқ ҳамон беҳ, ки лаб асло накушоям,

Зеро ки варо ҳеҷ ҳаде нест, маре нест.

Эй нағзтарин нағз, зи ту нағзтаре нест,

Нағзон ҳама нағзу зи ту нағзи дигаре нест.

                                               15.06.2023